Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №15

Ислоҳ нет

Дар шумораи навбатии «Номаҳо… ҳам» аз мушкилоти худи шумо гуфта мешавад, ки муаллифаш худи шумоед, хонанда ва бинандаи азиз. Барои онки аз вазъи воқеӣ ва ҳолу ҳавои кишвари азизамон бохабар бошед, барномаҳои «Ислоҳ» ва чуноне худ фаҳмидед «Номаҳо аз ноҳия»-ҳоро доимӣ ва бидуни вақфа мутолиа ва тамошо кунед. Вагарна ҳоло дар барои чор бародар ҳисорӣ, ки дар шумораи 8-и номаҳо рафта буд, намефаҳмед ва ё агар хоҳед бифаҳмед бояд онро аз Ютуб биёбеду тамошо кунед. Чаро ҳоҷӣ Абдулло неву махсуми Абдулло дар Панҷ одами хуб будаастро ҳам бифаҳмед, бояд номаҳои рақами 8 ро аз Ютуб тамошо кунед ва матни онро дар сайт хонед.

Аммо инҷо аз сокинон, ҳамватанонамон аз Хуҷанд, Истаравшан, Спитамен, аз навоҳии Бадахшон ва Хоруғ аз навоҳии Турсунзода, Шаҳринав даъват ба амал меоварем, ки сокит набошанд. Бинависанд. Ва, ҳоло боз номаҳоро пешкаш менамоем.

  Ҷайҳун ё Қумсангир

Ассалому алейкум кормандони «Ислоҳ», Аллоҳ аз шумо розӣ бошад.

Ман аз ноҳияиҶайҳун ҳастам ва бори аввал аст, ки бо шумо менависам ва каме ҳам тарс дорам. Тарс на аз шумо, балки аз коргарони амният, ки боз нафаҳманд.

Дар мавриди  Қумсангир ду мавзӯъро нашр кардед ҳардуяш рост аст

Дар Ҷайҳун проблема зиёд аст,

 1) ГАИ-ҳо  дар пости Қарадум истода аз ҳар як ронандаи воситаи нақлиёти боркаш 10 сомонӣ меситонанд ва баъд дарвозаро ба рӯи онҳо (шлагбаум) мекушоянд ба воситахои наклиёт. Дар он ҷо як шаҳрванди мулкӣ, бидуни либоси милсагӣ ҳам ҳамроҳашон аст шлагбаумро мекушояду маҳкам мекунад. Ӯ аз ронандагон 1 сомонӣ металабад, бар ивази кушодани шлагбаум.

2) Дар ноҳияи мо аз замони Шӯравӣ трубаҳои 20 хоб карда буданд, аз мавзеъи Қарадум сар карда то райони Ҷайҳун. Ҳамаи онҳоро хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов бо номи Раҳматулло, ки дар мавзеъи Қарадум тақрибан 12000 га замини фермерӣ дорад канда гирифта, як қисмашро ба худи мардум бо нархи 300-400 сомонӣ фурӯхта қисми дигарашро ба яғмо бурд. Ва каме аз онҳоро дар хирмани Қарадум мондааст барои чашми мардумро бастан.  Касе сари роҳашро гирифта наметавонист. Агар касе зид мебаромад амният ӯро бурда ҷавоби дандоншиканаш медод. Худатон фикр кунед вақте туро амният барад чӣ ҳодиса мешавад, дар дарун ту медонию амниятиҳою худованди якто.

Боз домоди Эмомалӣ Раҳмонов Зойир трубаҳои 500-и оҳанинро, ки дар замони Шӯравӣ аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ то ноҳияи Ҷайҳун барои водопровод кашида буданд, дар бари шоҳроҳ канда ба собик хитойбозори Қурғонтеппа бурд. Он трубаҳо 20 метрӣ дарозӣ доштанд. Касе гап зада натавонист. Ҳатто дар рости замини фермерии кадом деҳқоне вақте хуроки чошт мерасид, деҳқон ба коргарони Зойир аз тарс абед ҳам медод. Абед натеву рӯзатро бубин, ҳам ғоратат мекунанд ва боз бо ду дасти адаб бояд ба он дуздон хурок ҳам диҳи, агар ин корро накарди масрафат даҳ чанд мешавад,чунки ту хоин эълон мегардӣ ва ё пули калон дода мебарои ва ё барои чанд соле зиндонӣ мешавӣ.

3) Масъалаи облава. Толиб писари раҳматии Аъзамҷон аз деҳаи Тарғоқ, дар комиссариати харби шартномавӣ кор мекунад, лекин мардумро аз ҷонашон сер кардааст.Ҷавононе, ки дар Русия ҳастанд падару модарашонро метарсонад. Ҳатто чанд падарро бурда дар комиссариати ҳарбӣ чанд соатӣ нигоҳ дошт,ба гарав гирифт гӯем,хато намекунем. Аз онҳо 5000 рубл ё 1000 сомонӣ ситонид. Он ҷавонҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд бо онҳо ё бо волидонашон маслиҳат карда делоҳояшонро аз комиссариат дуздида дар хонааш пинҳон мекунад, то анҷоми  нақшаи даъват ва аз онҳо 1000-2000 сомонӣ меситонад. Шоҳиди он ҳастам, ки чанд ҷавоне, ки пулаш дода буданд онҳоро фурӯхту ба хонаҳои онҳо дигар ҳамкоронашро равон карда худаш наомад. Боз писари акаи худашро фурӯхт, вақте акааш ба наздаш омад ба 3 зан талоқ қасам хурд, ки намедонад. Акааш рафта пул дод, ки ҳамин бузро ба ман ошкор кунед, аз комиссариат ба ӯ гуфтанд, ки додари худат Толиб писаратро фурӯхт.

Ман ҳайронам, ки амният, прокуратура, милитсия, коррупсия куҷоро нигоҳ мекунад? Агар дар Ҷайҳун як шохи дарахти халқи оддӣ ҷунбад онҳо хабар меёбанд, вале ин коргарони ҷамоат, муаллимҳо, комиссариати ҳарбӣ, духтурҳо, ҳукуматиҳо, горсвет, гаиҳо, Раҳматулло, Зойир ва ғайраҳо чунон бар сари мардум зулму ситами рӯирост карда истодаанд, аммо онҳо инҳоро гӯйё намебинанд. Аниқ мебинанду огоҳанд вале дар ин ҳама ҷиноятҳо ҳам шарик ва дар долияҳо ҳамроҳу ҳақхуранд.

Як чизи дигарро мехоҳам дар охири ин гуфтаҳо қайд кунед. Эй мардони Қумсангир илтимос занҳоятонро нагузоред ба дари ягон корхона раванд. Шоҳиди чандин аз ин ҳодисаҳо будам, ки коргарони мақомот бо занҳои муҳтоҷ ба дари корхонаҳояшон меомадагӣ чи корҳои носазо ва ҳароме анҷом додаанду бечораҳо шавҳарҳояшон бе хабаранд.

Кормандони ВКД аз муҳоҷирон  бо шантаж пул кор мекунанд

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Шумо дар бораи зулми амният болои муҳоҷирон ва гирифтани имзои онҳо дар барномаатон гуфтед. Бале шумо комилан дуруст қайд кардед. Се рӯз пеш бо як бародар, ки дар Руссия дукон дорад ва бо мо ҳамкорӣ мекунад, вохурдам. Мо дар Русия як тиҷорати хурд дорем. Вазъияти Русия рӯз ба рӯз бад шуда истодааст. Он бародар пештар коргари мақомот буд. Ҳозир дар Русия омада ба мисли мо як тиҷорати хурд ба роҳ мондааст. Ӯ ба ман гуфт дирӯз аз Тоҷикистон занг заданду гуфтанд, ки Дар Одноклассники друзя дорӣ. Сурати ҷанобро хуг дар руяш монда публикатсия кардаӣ. Ё ба мо ягон сомонӣ медиҳӣ ё мо дело мекушоемат. Гуфт, худам, ки корманди собиқи мақомот будам «кашидаму сар додам». Дар Тоҷикистон як «таға» доштам. Номерҳояшонро роҳӣ кардам. Баъди чанд вақт пас занг заданд ва бахшиш  пурсиданд. Мақсадашон танҳо пул кор кардан буд. Ба ман гуфт, ки агар ба ту ҳам яке занг заданд «каш сартешона, ҳичи гуфта наметона, ягон кор ай дастшон намебиёя. Мақсадашон фақат пул кор кунияй». Ҳамин маслиҳатро чанд рӯз пеш дод ба ман. Инчунин он муҳоҷироне дар Русия ҳастанд бояд донанд,ки феълан мақомот дар Тоҷикистон вазъашон хело бад шуда истодааст. Ягона роҳи пул кор куни муҳоҷиронро медонанд. Бояд бо ҳар роҳу восита ва ҳелаю туҳмат ва шантаж муҳоҷиронро маҷбур кунанд барояшон пул фиристанд. Муҳоҷирон набояд сода бошанду ҳарчи мегуянд барояшон фиристанд. Як нома аризаи пушаймонӣ бароят мефиристанд,ки ному насабтро навиштагиянд ва танҳо имзо мону фирист. Дар он аз номи ту ба Вазири дохила Рамазон Раҳимзода  менависанд,ки ман ин гуноҳро анҷом додам ва бо мухолифон якҷо будам ва барномаҳои онҳоро тамошо мекардам ва пушаймон шудаму дигар ин корро намекунам маро бахшед. Онро вақте фиристодед баъдан мегуянд акунун баргардед як месанҷанд шуморо ва боз равед. Агар гуед наметавонам омада мегуянд 50 ҳазор рубл фиристед пас. Якбор мефиристед пас аз се моз занг мезананд биёед боз мегуед наметавонам. Боз 50 ҳазор ва ё 100 ҳазор фиристед. Ҳаминхел шумо барояшон як гови ҷушо мешаведу доим барояшон бояд пул фиристед ва онҳо зиндагони кунанду шумо мурда мурда кор кунед ғулом барин барои Русҳо ва милисаҳои худамон.

Панҷ

Дар барномаи пешинаатон роҷеъ ба ноҳияи Панҷ як иштибоҳе ҷой дошт. Онҷо дар ҷойи махсуми Абдулло ҳоҷӣ Абдулло сифат шудааст, ки комилан баракс аст.

Ба ҷоий Махсуми Абдулло ҳоҷӣ Абдулло бояд бигуед. Махсуми Абдуло мағозаи стройматериал надорад, хоҷагии деҳқонӣ дорад. Одами ҳалолкор ва рост аст. Мо мардуми деҳа бисёр нону намакашро хурдаем. Ба ҳеҷ каси мо хиёнат накардааст .

Шоҳиён Зариф, раиси ноҳия аст. Бачаи хурдиаш дар деҳаи Имом -машраб бо ҷурми дуздӣ дастгир шуд. Гусфанддуздӣ. Дар сари китфаш гусфандро бардошта дуздиданӣ мешавад. Милитсия «по фактам» ва «на место преступление» дастгираш карду ҳуҷҷат сохту ҳамон соат ба Қурғонтепа равонаш кард, писари раисро. Раис пеши кадом вазир рафта гапзанон ва бачаашро озод кард.

Зане, ки мудири маорифи Панч буд Мавҷуда ном дошт. Ӯро Асомиддинзода Шарофиддини мудири маориф бо ҷурми камомади 90 тонна ангишт муттаҳам кард. Ҷияни худаш корманди коррупсия буд. Ба ҷиянаш супорид. Дар ҳақиқат, дуруст. Он зан савод надошт. Лекин ба гуфти Асомиддинзода Шарофиддин ин зан бо шумо дар алоқа будааст. Аммо  ин ҳамааш нақшаи ҳамин Асомиддинзода Шарофидин буд. Асомиддинзода Шарофиддин як инсони бисёр дарунсиёҳ аст.

Бори дигар илтимос. Махсуми Абдулло неву ҳоҷӣ Абдулло аст. Албатта, ин хатоии манбаъ аст. Вале  ислоҳ бишавад хуб аст, то мардум фаҳманд. Чунки Ҳоҷӣ Абдулло аз деҳаи Первомай аст. Соҳибкор-наркобизнес. Ин Абдуло тақрибан солҳои 2007 то 2010 дар деҳаи Шахмат стройматериал дошт. Фурӯшандааш кали Ҳалим буд, то ҳозир ҳам ҳаст. Як партияи наркотикаш аз Афғонистон меояд. Халтахои семент перепутат мешаванд. Савдои оптом бо нархи тақрибан 40 то 45 сомонӣ фурухта мешаванд. Наркотик рафт. Кофту коб кард ёфта натавонист. Аз байн чанд моҳ гузашт. Бародарашро бо наркотика дастгир карданд. Муфлис шуданд. Боз аз байн чанд сол гузашт. Дар пеши идораи пажарка стройматериал кушод. Як писар дорад. Бо Юлдуз, як узбекдухтар зино мекард. Бачаҳои деҳаи Шахмат қапидану сахт заданаш, кор ба милиса расид.  Абдулло барои онки обруяш нарезад корро хап доронд.

2.) Махсуми Абдулло бошад деҳқон аст. Писари махсуми Асомиддин. Одами поквиҷдон аст.  Фарзандонаш аз кӯдакӣ ҳофизи кулли Қуръон. Се писаранд. Ҳар кадомеаш ба ҳар масҷид вобаста карда шудаанд .Мардум дар покии махсуми Абдулло тан додагианд. Барои мисол агар нархи пахта ҳар килояш 80 дирам муқаррар шуда боад ӯ 1 сомонӣ мегирад.

  3.) Ҳаким -командир дар воқеъ сарбозҳоро аз субҳ то шом дар заводаш кор мефармояд. Заводаш дар поёни маркази таълимии Халқаёр ҷойгир аст.

Ҳакимро барои барномаи шумо даъват карданд. Шуморо дар назди камера сияҳ кард. Амният чунон заданд ӯро, як дасташ маиб шуд. Фишорбаланди ғамаш дод. Вай дар солҳои ҷанг аз кони тиллои Шугнов хеле зиёд тилло гирифтааст. Як линга тиллои ӯро ду сарбоз ба зӯр мебардошт. Вай мисли кӯрмуш бисёр ҷамъ кардагӣ аст. Аммо нишон намедиҳад.

4.) Давлатшоҳ директори мактаби 11-и деҳаи Шахмат. Одами босавод, илми диниву дунявӣ дорад. Сахт зирак аст. Шогирди Асомиддинзода Шарофиддини мудири маориф аст. Тамоми корҳои Шарофиддин ва «алик-малик»-ҳои вайро хуб медонад. Мардуми деҳаи Шахмат ба 35.000 сомонӣ дар мактаб камера насб намуданд. Ба 27000 сомонӣ ҳоҷатхона барои занҳо сохтанд. Барои синфҳои як то чор ва аз чор то даҳ ҷудо, ҷудо сохтанд ва аз он ҷумла барои муаллимаҳо. Аммо ҳамаи ин хароҷотро аз ҳисоби мактаб «списат» карда ба кисаашон заданд. Гуё аз ҳисоби шуъбаи маориф сохта шуда бошанд. Дар ин кор ҳатмани ҳатман Асомиддинзода Шарофиддин ёрдамаш карданду пулҳоро якҷо обу лой карданд.

Кулоб

Бояд дар бораи як-ду кори ҳамин директори бесавод боз гап занам. Гуфтам, ки ба ҷуз аз директорӣ ӯ боз раиси маҳалла ҳам ҳаст. Ӯро акаи Саид мегуянд, дар мактаби 18 муаллим аст. Аммо дастгоҳи чоп-компютер надорад. Агар ягон сокини деҳа аризае бинависад бе муҳри раиси маҳалла қабул намекунанд. Аммо директор ин асбоби печат карданро дорад. Аз дасти ҳамин падару писар дар деҳа ягон кас раиси маҳалла намешавад. Чунки инҳо дар ҳар кор фукашонро мехалонанд. Ин директор то соли гузашта ҳам директор буд ва ҳам раиси маҳалла. Баъди гирифтани печат даромади раиси маҳалларо дид. Чунки бе печати раиси маҳалла дар ягонҷо, ки корат меафтад, суд, прокуратура, раиси шаҳр ё ҳар ҷойи дигар касе намепурсад. Директор аз ҳар печат 10 сомонӣ мегирад. Дар ҳоле  раиси асосии маҳалла дар деҳа акаи Саид аст. Дар ҳамон мактаб муаллим шуда кор мекунад. Одами хуб аст. Ҳаромхӯр нест. Аммо ин Даврони директори мактаб аз фурсат ва директориаш истифода бурда аз ҳар печат 10 сомонӣ мегирад. Деҳа 520 хоҷагӣ дорад. Эҳтиёҷманд ва проблема хеле зиёд аст. Масалан барои алимент, барои замини наздиҳавлигӣ, барои шаҳодатномаи таваллуд, барои ақди никоҳ, барои сохтани ягон дукон, ариза даркор аст. Барои ҳар кадоме аз онҳо даҳ сомонӣ мегирад. Яъне хуласи гап ҳар моҳ 5000 ҳазор сомонӣ тоза кор мекунад.

Ман чор кудаки мактабхон дорам, аз пулсупорӣ девона шудам. Кудакҳо меоянд барои таъмир, барои тапак, барои ҳезум, барои ангишт, барои журнал, барои китоб ,барои либоси муаллим, пул мепурсанд. Ҳаррӯз Даврони директор дари хона меояд. Бо ҳамроҳии ҳамон муаллими шогирдаш. Онаш камтар савод дорад. Муаллими Шариф. Аммо инаш ягон майда савод  надорад. Ҳатто карат каратро намедонад. Аммо ҳамроҳи муаллим Шариф мардуми деҳаро ғорат карда гаштаанд. Баъди дарс ин ду нафар ҳаррӯз аз пайи пулҷамъкунӣ мешаванд:

«пули мусор, пули об, пули подачар, пули шифер…» безорамон карданд. Мардум пул ҷамъоварӣ карда аз умқи сад метр об бароварданд. Аммо инҳо пули об ҷмъ мекунанд. Таъмири нассос мегуянд. Аз ҳар оила 50 сомонӣ. Агар дар оила даҳ кас зиндагӣ кунад ду сомонӣ сари касӣ. Ин моҳонаи пули об аст. Заминҳоро гирифта бо падараш пахта кишт мекунад. Мардумро фанду фиреб мекуннад, пули чобуқ, ягона, чеканка, ҳеҷ чиз намедиҳад. Фақат пая медиҳанду тамом. Занҳои бечора то бегоҳ дар гармии ҳаво дар заминҳои Даврон чобуқ мекунанд, пахта мечинанд. Дар деҳа дар вақти Союз як ҳавзи 5 гектара буд. Инро ҳам гирифта ҳавзи моҳипарварӣ карданд. Андоз намесупоранд. Чунки ҳавз дар ҳисоби як фермаи замони шуравӣ буд. Он фермаи гов феълан дигар вуҷуд надорад. Ба ҳамин хотир андоз намесупоранд. Он ҳавз дар вақташ ҷойи обхури гову моли ҳамон ферма буд. Он ҳавз 2 гектар аст ва се гектари дигараш замини обӣ мебошад. Онҷо гандум кишт мекунад ва мегуяд, то вақте падарам ҳаст, қонун қоидаи ин деҳаро ману падарам мебарорем. Падарашро Одина Шариповски мегуянд. Ҳозир дар донишгоҳи Кулоб омӯзгор аст.

Донишҷуён мегуянд посредники ректор ва студентҳо аст. Писараш директори мактаби 18 мебошад. Ҳоли зори моро мақомот мефаҳмида бошанду ба додамон мерасанд ва ё ҳаминхел давом мекарда бошад?

Ҳисор

Салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бародар. Оиди  барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо ” #8 нома аз Ҳисор мехоҳам чанд маълумоти дигар бирасонам. Маълумот оид ба 4 бародар Саидовҳо. (Самеъ, Латиф, Рустам ва Разоқ).

1- ум, Саидов Самеъ, ки дар ноҳия ӯро бо лақаб Самеъи пес мешиносанд, бисёр як шахси бад ва яке аз собиқ аъзои ФХТ    ( Фронт халқии Тоҷикистон) дар солҳои 1992-1997 мебошад. Бисёр шахсонеро бо роҳи зӯрӣ қарздор кардаву соҳиби хонаву боигариашон гаштааст. Аз рӯи нақлҳое, ки шунида будам, дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки аъзои ФХТ буд, бисёр мардуми ғармитаборро аз зери тир ва дами теғ гузаронидааст.

2-юм, Саидов Латиф. Чи хеле, ки дар барномаи #8 гуфта шуд, Латиф як карьер дорад ва кареи ӯ дар деҳаи Қалъаи Ҳисор дар лаби дарёи Чангоб ҷой гирифтааст. Ва ӯ ҳам собиқ аъзои ФХТ-и Ҳисор буд.

  3-юм, Саидов Раззоқ. Раззоқ чанд иншоот дорад. Яке аз иншоотҳои ӯ ресторан- боғи зимистона бо номи “Шаршара” мебошад.Даромад ба ин боғ пулакӣ аст.масалан шаҳу арус бар ивази 300 сомонӣ метавонанд вориди он шаванд.

Соли 2021 яке аз духтарони Раҳмонов даъвои гирифтан Шарашара ( боғи зимистона) –ро кард ва гирифт. Овоза шуд, ки Раззоқ инфаркт гузаронд, яъне ҳукумате, ки тарафдораш аст ба ӯ лой шакид.

  4-ум, Саидов Рустам, бо лақаб Рустам -командир. Яке аз командирони ФХТ дар ноҳияи Ҳисор буд. Ва баъди ҷанги шаҳрвандӣ ӯ дар Ҳисор як военний част (қисми ҳарби)-ро сарварӣ мекард. Замини  қисми ҳарбӣ дар гузашта манзили ҳаммом буд. Ӯро аз ҳисоби давлат, аз пули ману шумо ба қисми ҳарбӣ табдил доданд. Вале пас аз чанд сол ин  қисми ҳарбӣ-ро  ба дачаи шахсӣ табдил дод, яъне аз баланси давлатӣ бароварда ба баланси шахсӣ даровард. Дар вақти қисми ҳарбӣ буданаш ин иншоот дорои майдони футбол  ва машқгоҳи ҳарбӣ, казарма,( ҷои хобгоҳи афсарон,) сохта шуда буд. Ҳоли ҳозир ин дача дорои ҳавзи шиноварӣ (басейн) майдони сунъии футбол, боғи мевагӣ иборат аст. Боғ аз ҳисоби чанд гектар замини корами  обии собиқ  колхози Карл Маркс (ҳозир ба номи Юсупов) само захмат шудааст. Дар наздикии ҳамин дачаи Рустам, аниқтараш болотар аз дача мардум хишти хом мерехтанд то музде барои зиндагӣ ба даст меоварданд. Лекин Рустам роҳи онҳоро мумфарш карду роҳро ба дача рост кард, ҳозир онҷо дигар мардум аз бероҳӣ аз хиштрезӣ ҳам монданд. Дар асл хиштрезии мардум ҳам ба худашон фоида меовард, ҳам ба давлат. Яъне онҳо хокро аз ҳисоби лое, ки  каналҳо тоза карда мепартофтанд, онро коркард карда хишт мерехтанд. Боз як аҷоибии ин кор дар он аст, ки ҳам карери Латиф ,ҳам Шаршараи  Раззоқ ва дачаи Рустам- командир дар секунҷагӣ ҷой гирифтааст ва ба якдигар  наздиканд. Ана ҳамин буд маълумот оиди 4 бародарон Саидовҳо.

Ва ҳамон боғи зимистона бо номи “Шаршара” -ро яке аз дорандагони қайчии сеҳрнок , подшоҳи олам, асосгузори ҷанги шаҳрвандӣ, асосгузори 3 миллион муҳоҷир Раҳмонов кушодааст.

Боз як маълумоте буд, ки автовокзали Душанбе, ҳозира Asian express ба  Рустам- командир марбут аст. (Дар мавриди Рустам Саидов раиси Холдингии “Конт групп” ҳам ба мо маълумотҳои ҷолибе расидааст,ки рӯяш кор дорем ва ҳатман тақдиматон менамоем.

Оилаи Саидовҳо дар шаҳри Ҳисор, маҳаллаи Белайдуз, зиндагӣ мекунанд. Рустам- командир, агар хато накунам 2-3 сол пеш бо оилаи Раҳмонов  хешовандӣ пайдо кард, онҳо қудо шуданд. Ва пеш аз тӯй  мардуми Белайдуз, аниқтараш нафароне,ки дар кӯчаи Амиршоев зиндагӣ мекунанд, маҷбуран «хоҳишмандона» талаб кард, ки роҳи сари кӯчаро ( яъне пеши хонаҳояшонро) асфалт ё семент  кунанд. То,ки назди оилаи Раҳмонов изокаш нашаванд. Ва ҳар як хонавода аз 2000 сомонӣ боло масраф карданд, барои ин ободонии  “маҷбурӣ”.

  Душанбе бо Ҷаноби “бе” олӣ

Оилаи Раҳмонов ин ҳамон “Ҷаноби олист”. Як қисса бароятон мегуям, онро  дар «Номаҳо…» дарҷ намоед.

Як сайёҳе аз ИМА(АМРИКО) ҳар сол вақти таътил, ба давлатҳои Аврупо ва мамолики араб, Тайланд, Ҳиндустон, Хитой қисса кӯтоҳ ба мамлакатҳое, ки соҳаи туризм дар онҷойҳо пеш рафтаву ҷойҳои тамошобоб доранд, сафар  мекард. Боре  дар Ютуб дар бораи мамлакати афсонавие бо номи Тоҷикистон рӯ ба рӯ меояд. Ва ролику филмҳои силсилавӣ  тамошо мекунад. Дар рафти тамошо кардан аз YOUTUBE ҳамаҷо расму суратҳо ҷалб мекунад, аниқтараш суратҳои Президент. Баъд ба  Тоҷикистон меояд ва дар рафти сайр дар кӯчаҳои Душанбе ва ҷойҳои тамошобоб хиёл мекунад, ки дар ҳақиқат ба як мамлакати афсонавӣ омадааст. Ҳама ҷо парку боғҳо, шаршараву ҳотелҳои 5 ситорагӣ, ошёнаҳои қоматбаланд, автобусҳои 2 ошёна, китобхонаи калонтарин, парчами баландтарин, хулоса мардум ҳама розӣ, Боз кам-кам забони форсиро ҳам медонистааст, бо мардум сӯҳбат мекунад, ҳама розӣ, ВАО-(Воситаи ахбори омма) РАДИО, ТВ, рузномаҳо, “блогерҳо” ҳама дар бораи “ободонӣ”, “тинҷӣ” с (ш)улҳу  с(ш)убот “ мегуянду таърифу тавсифи 1 нафар, он ҳам бошад Э. Раҳмонов. Дар рафти як сайр бо марде ҳамсӯҳбат мешавад. Ва он нафар аз сайёҳи амрикоӣ мепурсад:

-Шумо дар ҳақиқат аз Амрико мебошед? Сайёҳ дар ҷавоб –Ҳа мегуяд.

Ин марди тоҷик мегӯяд, ки -Амрикоро бисёр таъриф мекунанд ва мегӯянд, ки моҳонаи кораш ҳам баланд меистад, ин рост аст? Ва чи қадар аст дар як моҳ? Сайёҳ дар ҷавоб мегӯяд, ки дуруст. Моҳонаи аз ҳама паст 2500$. Масалан худи ман 5000$ маош мегирам, 3000$ -ашро сарф мекунам бемалол мерасад. Боз саёҳат мекунем, 2000$ -аш куҷо мешавад намедонам. Ин тоҷик мегӯяд ягон ҷои тааҷҷубовар не. Мисол мо 1500сомонӣ маош мегирем, қариб- 4000 сомонӣ масраф дорем дар як моҳ. Лекин 2500 сомонӣ аз куҷо мегирем, худамон ҳайрон. Сайёҳ дар ҳайрат монда, мегуяд-Чи хел охир? Ин ба ягон ҳисобу китоби математикӣ рост намеояд. Баъд хулоса мебарорад, ки дар ҳақиқат ӯ ба як мамлакати “афсонавӣ “ омадааст.

Баъд сайёҳи амрикоӣ марди тоҷикро аз пешравиҳо мепурсад:

-Мистер ба шумо савол мумкин ?

Ҳа, савол мумкин. Лекин калимаи Мистер-ро нафаҳмидам, чи маъно дорад?

Мистер ин “ҷаноб”  мешавад.

Марди тоҷик аз тарс – Эээ  “ҷаноб” нагуед, “ҷаноб” дар мо яктост. Сайёҳ мепурсад-кӣ аст ӯ? Марди тоҷик ба сурати калоне, ки дар марказ дар рамкаи рекламавӣ зада шуда буд, ишора кард.

Марди тоҷик, биноҳои баландошёнаеро нишон дода аз сайёҳ дар бораи пешравӣ суъол мекунад. Оё дар шумо ҳам ингуна ободӣ ҳаст? Сайёҳ дар ҷавоб -албатта ҳаст, биноҳои мо қариб, ки бо технологияи SMART HOUSE (умный дом) муҷаҳҳаз карда шудааст. Смартҳавзаш боз чи?  Гӯён савол медиҳад. SMARTHOUSE яъне, ки ба забони шумо хонаи интелектуалӣ, содда карда гӯем хонаи боақл. Мисол: чароғҳо (барқ) бо садо, овоз хомӯш ва гиронда мешавад. Хуллас ҳамааш бо технологияи навин. Марди тоҷик нимхандаву нимҷиддӣ карда : Эээ ин система дар мо 30 сол боз дар деҳаву ноҳияҳо ба кор бурда мешавад. Бачам ҳамин ҳам пешравӣ шуд? Мо 30 сол зиёд шуд, ҳамин хел зиндагӣ мекунем. Хонаҳои мо хомушкунаки  чароғ ( выключатель)дорад, аниқтараш дар деҳаҳо ва як қисми ноҳияҳо мо дар зимистон, монанди шумо доду вой карда садову овоз баланд намекунем. Худаш меояд , худаш хомӯш мешавад.

Сайёҳ боз дар ҳайрат – OH my God,  гӯён садо баланд мекунад. Боз ҳамон хулосаи дар боло карда шуда-” мамлакати афсонавӣ … давом дорад.

https://youtu.be/Kh91X9EA2pY

Сабаби ин филми тасвириро равон карданам, ана ҳамон барномаи имрӯза, ки барои дуздони “Барқи тоҷик” ба мисоли насосҳое, ки кормандони барқ дар сарашон 1000квт бор мекунанд, намешавад, ки ҳамон насосҳоро ҳам суд кунем?

Share This Article