Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №17

Ислоҳ нет

Ман намедонам, ки нашру пахши номаҳои пур аз шикояту пур аз ҳолатҳои ғамангези зиндагии шумо,то куҷо барои тағйири вазъу шароити худи шумо мусоидат мекунад, барои шумо зиён мерасонад ва ё фоида меоварад?Аммо, ба як чиз мутмаинам, ки онро ҳатман масъулини зидахл мутолиа мекунанд ва дар пайи тафтишу таҳқиқи он мешаванд, ҳатто бидуни онки ба соҳиби нома суҳбат кунанд ва аз вазъу ҳолаш бипурсанд.Чизи дигар ин аст ки бо нашру пахш, ҳадди ақал дили худи Шумо холӣ мешавад. Барои сабукии қалби шумо ва барои онки ҳатман бетаъсир нахоҳад буд, ба ин қарор расидаем, ки чопи «Номаҳо…»-ро ҳам доимӣ бикунем ва идома бидиҳем. Моро зарур аст ва мебояд бо ҳам барои ҳуқуқҳои аз дастрафта ва ҳамарӯза поймолмешудаи худ мубориза кунем. Ва шурӯъ кунем аз нашри ин нома, ки оби чашми инсонро шашқатор мекунад.

 Ваҳдат

Ман як муҳоҷир аз шаҳри Ваҳдат ҳастам. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ин номаи маро бихонед то мардум бидонад. Мо дар оила 4 фарзанд мебошем: 2-то писар ва 2-то духтар. Фарзанди калонӣ ҳастам. Тирамоҳи соли 2022 ба шаҳри Маскав барои кор кардан омадам. Як солу шаш моҳ шуд маро бо як духтар фотиҳа карданд. Аз сабабе, ки падарам танҳо наметавонад маро оиладор кунад, ман худам коркунӣ омадам. Зиндагиамон хело вазнинбуд дар ватан.Бародарам низ дар Тоҷикистон кор мекард. 4 феврал аз амният ба хонаамон омаданд ва падарамро тарсонданд, ки писарат бо телефон бо Муҳаммадиқбол суҳбат мекунад. Ҳол ин ки ман бори аввал ба шумо ин номаро нависта истодаам. Падарамро гуфтанд писарҳоятро фардо гирифта ба амният биё. Падарам ба ман занг зада вазъиятро фаҳмонд. Ман ба падарам гуфтам ин золимҳо дуруғ мегуянд. Барои хизмати ҳарбӣ гуфта истодаанд. Фардо субҳи барвакт падарам бо додарам ба амнияти шаҳри Ваҳдат рафтанд. Падарамро як ҳафта маҳкам карданд. Додарамро дар моҳи феврал, ки ҳоло мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ набуд аз духтур гузаронда шиносномаашро амният гирифту то ҳол надодааст. Хулоса додарамро аз духтур гузаронданд ва ба падарам таъкид карданд, ки писари калониатро низ гирифта биёр. Падарам мегуяд ӯро биёрам ман худам танҳо чи хел зиндагиро пеш мебарам. Онҳо ҳақорату дашномҳои зиёд мекунанд падарамро. Падарам маро гуфт, биё. Ман намедонам, ки бо инҳо чи кор бикунем? Ман ҳоло 21-сола. Касали сактаи дил шудам, қариб мемурдам. Аз фикри зиёд намедонем чи кор кунем. Ба ягонҷо гапамон намегузарад. Хоҳиш мекунам, ки ин номаро барнома кунед, ки вақти хизмати ҳарбӣ сар нашуда одамҳои камбағалро рӯз намедиҳанд. Ҳамсояамон 6 писар дорад. Вале аз ӯ, ки ҳақ мегиранд, писарҳои вай дар ҳама мавсим озодона гашту гузор мекунанд. Ҳама мусиббат бар сари мо камбағалҳои бе соҳиби ин мулку ватан аст.

  Ҳисор

“Дар деҳаҳои Ҳисор кормандони военкомат, ҳамроҳи амниятиҳо ва кормандони милитсия дарназди дарвозаи масҷидҳо рост истода ба мадуми намозгузор иҷозаи даромадан масҷидро надоданд. Барои хондани таровеҳ мардум ҳама ба хонаҳояшон ноумед ва ғамгин рафтанд. Сабаби ин корашон он будааст, ки бояд падару модарҳо фарзандонашонро ба хизмат фиристанд.”

Гуфтанд, ки «то фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ роҳӣ накунед, таровеҳ иҷозат нест. Фарзандонатон хоҳ дар ватан бошанд, хоҳ дар Русия фарқ надорад. Вагарна ҳам масҷидҳоятонро маҳкам мекунем ва ҳам он падарҳоеро, ки бачаҳояшон ба синни даъват расидаанд, ба ҷавобгарӣ мекашем. Барои онки фарзандони худро мегрезонанд».

Дар деҳаи бағалак ҳамин кор шуд. Мардум хеле зиқу ноумеду руҳафтодааянд аз ин корҳои мақомот.

Охир ин президенти номусулмон имрӯзҳо дар Амрико гаштааст. Шикояти мардум нисбати ин беимон хеле зиёд аст. Зулмро бас намекунад, Сагҳояш кор крада истодаанд. Аммо ин мақомдорҳои омада аз зикри ному насаби худ парҳез кардаанд. Таҳдид кардаанд, ки «чи кор дорен ба фамиляву номи мо, форма дорем муаррифӣ кардем, аз амният, аз военкомат, аз милитсия дигар гапа зиëд накунед, ҳар деҳа аз 30 то 60 салдат ната ҳуй намекнем масҷидора. Плани деҳаи бағалак 60 салдатай, деҳаи шумо калонай. Тезтар 60 то салдат ҷамъ кунед, масҷиди деҳатона ҳуй мекунем, вагарна маҳкам мемонад».

Мастчоҳи куҳӣ

   “Салом бародари Муҳаммадиқбол! Дар оғози калом мехоҳам ба шумо арзи сипос кунам, ки тани танҳо ба ҳарфи дарди ҳама гӯш медиҳед ва дарду доғи ин миллати ҷафокашидаро бозгӯ мекунед. Худованд аз шумо розӣ бошад. Агарчи медонем ва мебинем, ки ин ҳукумат аслан парвои мардум надорад ва арзу шикоятҳои халқро намепурсад, боз ҳам ба шумо муроҷиат мекунем.”

Ман аз Куҳистони Мастчоям, як ҷавоне, ки падарамро дар 6 солагӣ аз даст додам.

Он чоплусҳое, ки мегуянд пешвояшон ятим парвар ва ғамхор мебошад, рӯяшонро сиёҳ мекунанд. Ман аз кудакӣ то ба ҳол ба азобу машаққат калон шуда истодаам. Манро  соли 2011 ба мактаб- интернати ноҳия бурданд ва тули 6 соли умрам аз он мактаб интернат гузашт ва директори ин мактаб Салимов Сафар Ҷумъаевич буд.

Аз ҳамон вақт фаҳмидам, ки ин одам як чопики аввалин дараҷа аст. Салимов С .Ҷ дар ин интернат чи бадбахтиҳое ба сари мо хонандагон овардааст, ки ба забон оварда намешавад ва ба ақли одам рост намеояд. Айни ҳол ин одам мудири маорифи ноҳия мебошад. Ин одам лесаки прокурору амнияту дигар мақомотҳо мебошад. Ба дараҷае одами паст аст ки бо оилааш дар ин мактаб зиндагӣ мекард ва аз ҳақи ин ятимон оилаашро мехӯронд.
Писарашро тамоман аз ятимон  ҷудо мекард ва ҳарчи одамони хайрхоҳ ба инҷо хайр мекарданд ба манфиати шахсияш истифода мекард
5 фарзанд дорад:- 1 писару 4 духтар.
Боре, соли 2011 ё 12 буд раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба ноҳияи мо ташриф оварданд ва ба хонандагони ин мактаб туҳфаҳо тақдим намуданд: аз ҷумла сару либос ва дигар лавозимоти дарсӣ хайр карданд. Баъди рафтани намояндагони ҳизб мо ятимон дигар аз он лавозимот чизеро надидем. Он рӯз ба мо аз тарафи намояндагони ҳизб зиёфате ороста шуда буд. Дар ҳақиқат ба кулли ятимон як рӯзи бузурге буд.

Салимов Сафар интернатро ба ҷои роҳати амниятиҳову коргарони прокуратураи ноҳия табдил карда буд. Ба онҳо бо тамоми қоидааш хизмат мекард.

Прокуратураи ноҳия  як хобгоҳи вайронае дошт, ки ягон таҷҳизот надошт. Онҳо ҳар гоҳе мехостанд айшу ишрат кунанд, Салимов Сафаррро фармон медоданд то ҳамоми мактаб-интернатро омода созанд. Ин коргарҳо инҳо буданд: Азизмурод Сабурӣ, аз Айнӣ, Абдуллоев Сангалӣ аз Варзоб, Сорбон муовини прокурор аз Айнӣ, Фируз амниятӣ.
Хуллас, чанд тани дигар буданд. Ба қавле Салимов Папарозаашон буд, гуем ҳам хато намекунем.
Ва ин занҳо бо ин мақомотиҳо айшу ишрат мекарданд:
Домуллоева Гулбаҳор аз Айнӣ, Вазирова Гулҷаҳон, муовини ҳозираи раиси ноҳия (ин зан мухолиф ва зидди ҳиҷоб аст. Чандин бор худам шоҳид будам.

Дар як ҷамъомад як духтарро ба хотири руймол доштанаш сарзаниш кард ва аз стипендия маҳрум карда аз зали маҷлисгоҳ бароварда пеш кард ва ба дигар духтарон амр кард,ки сару вазъашона хушру кунанд ва дар сафҳои пеш нишинанд то намояндаи президент меояд шояд ба онҳо ягон дастгирӣ кунад)
Миракова Манижа дар интернат омӯзгор буд ва дар ҳукумат ҳам кор мекард.
Миракова Саломат дар интернат ҳамшира аст.
Дар давраи мудири маорифиаш ҳам ба фурӯхтани квотаҳои президентӣ, аттестат, компютер, китобҳои дарсӣ  ва дигар корҳои бад машғул мебошад ва аз директориаш то ба мудир шуданаш дар Чоруқдарон- тарафи Хуҷанд ва Хуросон хона харидааст. Як ҳамшаҳрӣ ва хеши Азизмурод Сабуриро, ки Қаноатшо ном дошт, бе ягон маълумот дар интернат муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва суруд монда буд. Ин нафар чанд нафар хонандагони синфҳои болоиро барои ҳамҷинсгароӣ даъват карда боз бо хешаш Азизмурод метарсонд, ки хешу таборашонро суд мекунанд ва овозае дар байни хонандагон паҳн шуда буд, ки худи Салимов ҳам ба як чанд хонандаи калон ҳамин бадахлоқиҳоро мекардаст. Бовар кунед, ки амнияти ноҳия як инсони бениҳоят беимони худобехабар аст.

Ӯро барои сум кор кардан ба ноҳия овардаанд. Ҳар рӯзи ҷумъа дар деҳоте, ки аз масоили динӣ ва сиёсат бохабар ҳастанд рейдҳо мегузаронад. Ба дарсҳои муаллимон ворид шуда аз сари духтарон руймоли онҳоро талаб мекунад, ки то омӯзгор рафта гирад. Мудири маорифи ноҳия низ рафта бо омӯзгорон вохуриҳо анҷом дода мегуяд, ки дар 6 рӯзи дарсӣ рафтани намози панҷгона манъ аст. Дар сурати ба намоз рафтан ва дастгир шудан ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин барнома ба ман имкон медиҳад ба Салимов.С паёмамро расонам, ки агар ту мудири маориф бошию арусак ва бозичаи дасти амният набошӣ, чаро иҷозат медиҳӣ амният рафта ба муассисаи таълимӣ ворид шавад ба руҳияи муаллиму хонанда таъсири манфӣ расонад. Чаро дар фикри дарс ва сифати он дар муассисаҳо нестеду дар фикри онед, ки хонандагони кадом муассиса ба масҷид мераванд, руймол ба сар мекунанд.

Инро гуфтаниям мо масчоӣ ҳастем, динамонро, имону виҷдонамонро мисли шумо фурухтагӣ нестем. Чаро дар деҳоти болооби Зарафшон моҳҳо дарс баргузор намешавад? Дар баъзе деҳот мактаб ҳам  нест, чаро онҷо барои назорат намеравед, барои назорати сифати дониш неву назорат болои руймолу намоз рафтани омӯзгору хонанда  меравед? Мактаб маконест дар онҷо илму дониш бояд омузанд. Мактабҳо макони сарбозшикори военкомат, амнияту дигар мақомоти дузд шудааст. Чаро муаллим, фарроши мактаб ва дигар кормандон, ки бо маоши ночиз кор мекунанд бо тарси аз кор гирифтан фарзандонашонро ба хизмат мебаранд, аммо масалан чаро бачаи мудири маориф намеравад? Агар арусак, гумошта, хушомадгуи дигар мақомот ҳам бошӣ соҳаи маорифро аз дигар соҳаҳо ҷудо кун!
Чун сухан дар бораи военком рафт чизҳои ҷолиб пеши назар меояд, ки бояд онҳоро гуфт: ба даҳони коргарони военком дар деҳоти болооби Зарафшон чочак додаанд, ки аз тарс чуръати рафтан надоранд. Чанд деҳаи атрофи ноҳияро ба  ҳадде зери фишор қарор дода фарзандонашона ба хизмат мебаранд. Хизмат барои ҳама аст. Пас ҳамаро бо як чашм бубинед. Акнун дар ноҳияи мо ҳам сезони сумкорунӣ сар шуд. Баҳору тирамоҳ кисаи началник милисаи Мастчоҳ  ва военкомати ноҳия пур мешавад. Онҳо аз волидони ҷавононе, ки дар Федератсияи Русия ҳастанд фишор овардаву тарс дода аз онҳо маблағ мегиранд.
Дар ноҳияамон байни ду деҳа баҳсу ҷангаст барои як чарогоҳ, ки мақомоти ноҳия қариб 100 ҳо ҳазор сомонӣ пора хӯрдаанд. То ҳол байни он ду деҳа ҷанг аст. Дар асл чарогоҳ аз дигар деҳа аст сум гирифта ба дигар деҳа додаанд. Дар ин кор бовар дорам ҳамон тарҷумони пешво ҳам даст дошта метавонад.

Ворух

“Зулму шиканҷа ва зино аз тарафи коргарони ШКД-Ворух, аз тарафи кормандони амнияти Ворух, ҳатто аз тарафи хизматчиёни қӯшунҳои сарҳадӣ (асосан аз ҷониби командирҳои қӯшунҳои сарҳади)-рӯз аз рӯз бештар ба назар мерасад. Вақте ки фармон дар бораи даъват ба имзо мерасад, ба гуфти худи онҳо «худо дод», басар карданд лозим. Қариб панҷоҳ ё шаст фоизи даъватшавандагонро пешакӣ пулашро мегиранд. Яъне ту ба ман нарасу ман ба ту. Ана чил фоизи боқимонда кист- мардуми камбағал.”

Домулло ва раисони маҳаллаҳоро ба ҷонашон сер мекунанд. Ба ҳар маҳалла се ё чор нафарӣ вобаста мекунанд. Пайдо шуд, ҷонат халос, нашуд бе ягон муболиға маблағашро месупорӣ, роҳи дигаре надорӣ.

Як сокини Ворух соли таваллудаш 2004 Шаропов Шоҳруххон бо тариқи облава ба даст меафтад. Шаропов Шоҳруххон фарзанди Шаропов Суҳайлиддин, ки дар яке аз ҷангҳои байни тоҷику қирғиз аз тири снайпери қирғиз ба ҳалокат расида буд. Шоҳруххон фарзанди калони ин ҷавонмарди Ворух аст. Илтимосу илтиҷо мекунад, ки «маро сар диҳед, падарамро куштанд, дар хона хоҳару бародарони хурдсол дорам, ман онҳоро нигаҳбонӣ карданам лозим то ки гурусна намонанд».

Ягон хел ба инобат нагирифтанд. Охир100ҳ-рубл гирифта ҷавобаш доданд.

Боз ба ин сағира, ки падарро аз даст дода буд, миннат гузоштаанд, ки ин ҳурмати падари шаҳидгаштаат, набошад бо ин маблағ ҷавоб намедодем. Ана ин буд меваи облава ё даъват ба хизмати Тоҷикистони биҳиштосо. Қасам ба виҷдонам тамоми структураҳои давлатӣ барои пул кор кардан ба Ворух меоянд ду чашмашон ба кисаи халқ. Аммо баҳона як гап: «мо барои муҳофизати шумо омадем». Дар асл бошад мисли жук мехуранду афзоиш мекунанд. Дар воқеъ Шоҳруххон ҳозир дар муҳоҷират дар ғами модару хоҳару додаракони хурдсолаш барои пайдо кардани як луқма нон заҳмат мекашад.

Дар бораи 12-нафар даюс ва як нафар коргари ШКД

Ман қариб 15-сол мешавад дар муҳоҷирати меҳнатӣ кору фаъолият мекунам. Шоҳиди як сӯҳбати шахси ба таври худаш ба обру гаштам. Масофа байни ман ва онҳо як метр- яъне дар ошхона чунин нақл мекард: «Фарзандам ба балоғат расидааст. Ворух ба нияти келин кардан рафтам. Ҳамаи дӯстон ҷаъм шудем, чун анъана ош ташкил кардем. Яке аз дӯстонам дӯсташ- коргари шуъбаи корҳои дохиларо даъват кардааст. Афсус ному фамилияашро нагуфт. Ошро хурдаму сӯҳбат оғоз шуд. Ба ҷои он, ки ман чанд муддати тӯлонӣ бо дӯстонам якдигарро надида будему ҳолпурсӣ кунем ҳама якдилона суханҳои шахси ба мо бегонаро гуш мекарданду халос.  Аз рӯи нақлаш дар Ворух ягон занак ё ягон духтари дуруст намондааст, касеро, ки маъқул карданд, ба ҳар баҳона ба ҷои корашон даъват мекунанд, чи хоҳанд мекунанд. Ва ҳамин тавр гапи бисёре гуфта халқи Ворухро ба як хас баробар кардааст. Ин 12-нафар даюс ягон ҳарф нагуфтаанд. Ман, ки ин бачаҳоро мешинохтаму онҳо манро тоқат накардам. Хурокамро то охир нахурдам. Фақат як савол додам, бачаҳо ягон хел ҷавоб надоданд. Хомӯш истоду не гуфт. Худ ба худ гуфтам шумо 12-нафар дар қатори даюсҳо меистед. Аз ошхона берун шудам. То имрӯз алам мекунад. Баъзе мавридҳо чашмамро об мегирад, наздам ҳеҷ кас набошад, оби чашмам ба ман итоат намекунад. Акнун дӯстони азиз ба ман гӯед, ки ман то ба кай гиря мекунаму кай ба ватан бармегардам.

Фархор  

    “Салому алейкум! Бовар кунед, беҳад хушҳол шудам. Барнома дар бораи Фархорро тамошо кардем. Он чизе, ки дар дили як ҷавони 20 то 25 солаи фархорӣ буд, гуфтед.”

 Мо аз шумо як хоҳиши дигар дорем. 

Тобистони гузашта дар Фархор 30 то 40 ҷавони 25 сола поёнро қапида 8 -9 солӣ зиндон карданд. Баъзеашонро аз Русия ва дигаронашонро аз дохили Ватан доштанд. Ҳамаи инҳоро аз пушти Шайх Муҳаммади М дастгир карданд. Бо вай саволу ҷавоб мекарданд. Мо, аз шумо хоҳиш мекунем,ки ба бачаҳои Фархор ба Мадрасаи Тоҷикистон дохил нашаванд, ки бо ҳар роҳу восита «подставит» карда мешинонанд.

Ва боз ба додари Мансур Умаров, сардори Идораи зиндонҳо Фаридуни пантера бирасонед, ки ӯ дар он дискотекае, ки дар Фархор боз кардааст, ҷавононро ба роҳи бад бурда истодааст. Маҳз дар ҳамин дискотека чандин духтари Фархор духтариашонро аз даст доданд. Дар ин дискотека чанд бор кордчакашӣ карданд.

Ба Мансур Умаров гуфтанием, ки додарашро насиҳат кунад, ки як рӯзе мешавад, ки бо дискотекааш чапагардонаш мекунем. Ёдатон наравад, ки ба хонаашон даромада  аз сейфи калони хона автомати Калашников, пистолети 9 мм Макаров ва пулу тиллоҳояшонро дуздиданд.

Ва, ҳоло нома аз деҳаи Ориёни ноҳияи Фархор. Мо мардум аз зулми СС.Ятимов ва додару хешутаборонаш безор шудаем. Дар деҳаи Ориён ягон замини обӣ намондааст, ҳамаро фурӯхтанд, бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ. Заминҳои президентӣ, хирманҷоҳо, автобазаҳо, ҳатто заминҳои пахтакориро фӯрухтанду фурӯхта истодаанд. Аммо вақте мардум барои ҳуҷҷати заминҳо мераванд, мегуянд, ки ҳоло иҷозат додагӣ нестанд. Аммо дар ин ҷойҳо одамон хонаҳои беҳтарину пурхарҷтарин сохта тӯли 4-5 сол аст ки дар ин заминҳо,ки гуфтем хонаҳо рост кардаанд, зиндагӣ доранд. Рости гап маъулм нест, ки сарнавишти ин хонаҳо чи хоҳад шуд. Дар мактаи рақами 15-и деҳаи Ориён коргоҳи дузандагӣ оварда насб карданд ва дар онҷо сарулибоси низомӣ барои амният, идораи оташнишонӣ, милитсия медухтанд. Барои ин кор аз хидмати қисми ҳарбии ноҳия, яъне сарбозони бечораро оварданд ва бепул кор фармуданд. Мо аз ҳамин ноҳия ҳастем. Ҳар рӯз кори сангини сарбозҳоро медидем. Аммо ҳамаи инҳо ба фоидаи СС.Ятимов кор мекунанд. Мо ба бачаҳое, ки дар амният, милиса ва оташнишонӣ аз деҳаи Ориён ба кор даромадаанд, хитоб мекунем, ки кори худтонро кунеду маошатонро гирифта зиндагониатонро пеш баред, бачаҳои деҳаро «подставит» накунед, ба мардум ситамро равон набинед. Як рӯз ин Ятимов аз бйн меравад ва шумо дар таги лагади мардум хоҳед монд.

Бояд як чизи дигарро барои шумо бигем, ки дар яке аз барномаҳои пешина дар бораи Раҳмон Одинаев , раиси ҷамоат гуфта будед. Ин одам шарики ҷиноятҳои СС.Ятимов дар заминфурӯшӣ аст. Баъди ном ва ҷиноятҳои ӯро, ки дар «Ислоҳ» гуфтед, ӯро аз кор гирифтанд.Чанд вақт пас раиси маҳаллаи деҳаи Шафтолубоғ монданд. Боз чанд вақт пас буд, ки ӯро «обратно» оваранду раси ҷамоат монданд. Аҷоиб инки ӯро худи КГБ барои пора ва заминфурӯшӣ дастгир карда буд. Вале аз навв оварданду раиси ҷамоат монданд.

Барои он ки вай дар асл буз ва саги СС.Ятимов мебошад. Ин раиси ҷамоат чандин ҷавонро бо роҳи фиреб ба аскарӣ фиристод, ки баъди адои хизмат замин медиҳад.

Аммо ба ягон нафаари онҳо замин надодааст. То ҳоло бачаҳоро ба военкомат мефӯршад ва сипас барои онки ба падару модари онҳо худро ширин кунад ба онҳо мегӯяд,ки метавонад бачаашонро халос кунад, вале бар ивази 5 ё 6 000 сомонӣ. Ва ё инки бо ягон бало гирифтор мекунаду сипас мегуяд, ки роҳи халосӣ, рафтан ба хизмати аскарӣ аст ва ҳамин тавр ҷавонҳоро бо фиребу найранг аскарӣ мефиристад.

Ин раиси Раҳмон Одинаев беҳад одами паст аст. Вақте мардум барои гирифтани замини саҳмашон мераванд, дар кумитаи замин мегуяд, ки саҳмияи шуморо медиҳем,ба шарте, ки шумо заминро холӣ нагузоред. Ҳарчизе мехоҳед кишт кунед, муҳим замин холӣ намонад. Аммо ин раис одамҳоро, ки дар заминҳояшон пахта намекоранд омада пул талаб мекунад, ки ту дар заминат пахта накоридаӣ. Аз 150 сомонӣ сар мешавад. Мегуяд, ки заминҳои шумо ҳамчун замини кишти пахта ҳуҷҷат шудагӣ аст ва мо маҷбурем ин пулро аз шумо гирифта ба «боло» бидиҳем.

Дар деҳаи Шафтолубоғ бунгоҳи тиббӣ вуҷуд надорад. Як соҳибкори хайрхоҳ, ки корхонаи мурғпарварӣ дорад, хост бунгоҳи тибби бисозад. Дар поёни масҷиди деҳа як миқдор замини холӣ ҳаст. Қарор шуд, ки дар ҳаминҷо бунгоҳи тибби хоҳанд сохт ва аснодро ҳам омода карданд. Аммо муллои масҷид розӣ нашуд. Дили раиси ҷамоат Раҳмон Одинаевро ёфт ва ҳардуяшон сохтмони биноро «отменит» карданд. Аммо ҳоло ҳамин заминро муллои деҳа ба фурӯш мондааст. Ҳамон муллое, ки даъво дошт, ин замин аз они масҷид аст. Биёбу бигир!

Ба худо қасам ин раиси Раҳмон Одинаев  саги СС.Ятимов беҳад ба мардум ҷамоати мо зулм   карда истодаст. Бачаҳо барои зангирӣ меоянд аз Русия. Барои коғази ЗАГС ё коғази танзим ба ҷамоат мераванд. Раиси Раҳмон аз шаҳбачаҳо сум талаб мекунад. Боз мегуяд мефорад, ки рӯзи туйят танзим хонаатон наояд, ғаматон надиҳад, ана ҳамин қадар пул барору бидеҳ. Ошкоро мегуяд 300 то 500- 800- 1000 ҳам мегирад. Барои як справкаи ҷои истиқомат ва ё ойилавӣ мерави боз пул бидеҳ мегуяд. Ин раиси ҷамоат Раҳмон Одинаев шаҳбачаҳо ё падарҳоро бурда маҳкам мекунад. Бо милисаҳо меояд ва мегуяд бачаатро бигу, ки дар повестка имзо кунад, ки ман бо хоҳиши худам ба хизмат меравам. Он гоҳ мо шуморо сар медиҳем.

Меояд дар хона рӯзи туй ва мешинад ошро мебардоранд мехурад, боз мегуяд шурбо бошад биёред. Агар шурбо бардоштанд аз ҳамон даруни хона ба танзим  СМС менависад, биё ки ду дег аст. Танзим меояду сраза навис- навис мекунад. Баъд мебарояд пеши соҳиби туй ва худашро одами хуб мегираду мегуяд « ака хай ягон сум бте да бтмшон ғамтон натан браван».

  “Субҳон Сайдалиев раиси пешинаи маҳалла буд. Ҳозир дар ҷои вай Ҷумахонро мондагиянд. Соатҳои 11 ба 12 шаб мебарояд қишлоқ давр мезанад. Ин Ҷумахон ба СС.Ятимов хешутаборӣ дорад. Пеш раиси ҷамоат буд, давлени зад, корро бас кард. Дар вақти раиси ҷамоат буданаш ними хирманҷоро ба номи худаш кард ва антена барои мобилӣ установка кард, ки ба саломати мардум зарари калон дорад.”

Кудакхо алакай нобино шуда истодаанд, муйсафеду кампирҳоро давлени зада истодааст. Дар деҳа айни ҳол дуто ҳамин хел антенаҳо ҳаст. То вақте ки ин антеннаҳо набуданд ин хел касалиҳо набуданд. Аз вақте ки ин антеннаҳоро оварданд кудакҳо нобино ва черепной давлени пиру кампирҳоро зада истодааст. Барои инҳо ҳар моҳ ширкатҳои мобилӣ солярка ва пул медиҳанд. Аммо инҳо соляркаҳор мефурӯшанд, движокҳоро гирён намекунанд. Ҳар вақте свет шуд,кор мекунанд.

Аз военкомати Фархор ҳоло хона ба хона гашта истодаанд. Вақте онҳо ба хонаҳо барои повестка додан медароянд Абдумумин Ятимови бародари СС.Ятимов занг зада мегӯяд, ки «брен ягон канбғала повиска бтен и ҷияни маҳай, нарасенш». Охир хизмат тоқа барои камбағалҳояй»? Бародари Мансур Умаров ҳамон фаридуни пантера ҳам занг зада айни ин гапҳои Абдумумин Ятимовро ба кормандони военкомат мезанад.

Дар мактаби№16 деҳаи Ориён директор Алишер, бачаи муаллим Шарифов аст. Шарифов одами босавод ва беҳтарин буд. Ҳоло агар зинда буд Алишери писарашро намебахшид. Мо то ҳоло намедонем, ки Алишери директори мактаби 16 чи кора аст. Як дам бо амниятиҳо аст, як дам бо облавачиҳо, як дам бо милисаҳо. Хуллас як бузи тайёр. Боз ба Абдумумини додари Ятимов бузӣ мекунад. Чанд бачаҳои деҳаро ба облава фурӯхт. Боз пули майдони вазиширо ҳам вай мегирад. Кепкара чуқр медоза, наморника мекаша, пас -паси деволо салдат шикор мекнад.Талабаҳои мактаб ай и директшон чи илм, чи ибрат мегиранд намедонем дига,ай деҳаи Шафтолубоғ шарикаш номш Ғоиб додари Субҳон Сайдалиев мебошад, дар хонааш руйрост арақ мефурӯшад.

Дар бунгоҳи тиббии деҳаи Ориён доктор Ҳақназаров Субҳон кор мекунад. Агар худо нахоста ба ӯ корафтода шаведу ҳамон ҳолат пул надошта бошед, муред, ки тарафатон нигоҳ намекунад. Даромадан ба бунгоҳ 110 сомонӣ нарх дорад. Яъне ин ҳоло ташхису назначений нокарда, ҳамту барои даромадан 10 сомонӣ медиҳед. Як кудакро мебарӣ дар як дақиқа мебинад ё намебинад, ҳамин тавр даҳонӣ мегуяд, ки ину он кун, тамом 10-20 сомонӣ мегирад. Форад ё нафорад медиҳӣ. Агар ягон касро ба кор гирад 5000 сомонӣ ним ставкааш аст. Ҳам дар хонааш ва ҳам дар бунгоҳ дорухона дорад. Ин ду дорухона дар ягонҷо қайд нашудааст. Вале доруҳояш хеле гарон аст. Ба шахсони касал ҳам доруву дармонашро чанд баробар қиммат нарх мондааст. Бунгоҳи тиббиро оилавӣ кардааст. Аз ҳама ҷолиб ин аст ки вай бузи Ятимов мебошад. Дар деҳа ҳар коре бишавад ба СС.Ятимов «доклад» мекунад. Барои онки СС.Ятимов замини ҳотаашро барои сохтмони биное гирифт ва баъдан аз заминҳои додари Маҳмадсаид Убайдуллоев гирифту дод. Ҳамонҷо гандум кишт мекунад. Бобоев Зулқамар, сардухтури поликлиникаи ноҳияи Фархор «кришават»-аш мекунад ва доктор Ҳақназаров Субҳон аз маоши коргаронаш аз занҳо то 20 сомонӣ ва аз мардҳо то 30 сомонӣ медорад. Боз агар ягон ид шавад аз 50 то 70 сомонӣ мегардонад ва ба Бобоев Зулқамар мебарад то «знук» ашро бигирад.

Баъде, ки нома дар бораи Фархор дар канали «Ислоҳ» нашр шуд аз ҳар як деҳаи Фархор яккасӣ-дукасиро қапида бурданду маҳкам карданд. Нохунҳояшонро кашиданд, дар панҷаҳояшон нохун намонд. На дар по на дар даст. Баъзеашонро ба ток пайваст карданд. Баъзеашонро пул гирифта озод карданд. Баъзеашонро ҳукм доданд. Аммо қасам ба азамати Аллоҳ, инҳо ягонтоашон гуноҳ надоштанд. Соф бачаҳои беҳтарину беҳтаринро «подстава» карда бурда маҳкам карданд. Кору бори бачаҳои Фархорро бачаи Фаридуни Пантера «ҳал» мекунад. Чизи дигар ин аст ки ҳоло дар Фархор аз магазин дида ҷойи пиво ва арақфурӯшӣ зиёд шудааст. Ин яке аз проектҳои СС.Ятимов ва Мансур Умаров ҳаст ба хотири ҷавононро комилан майнӯш ва аз ҳама дур кунонидан аст. Аммо инҳо ҳаргиз муваффақ намешаванд. Мо ҳаргиз ором нахоҳем нишаст ва ҳамеша бо “Ислоҳ” ҳастему ҳама ҳодисоти Фархорро менависему пайгирӣ мекунем. Ҳарчи қадаре КДАМ  зулм кунад, мо таслим нахоҳем шуд!

Share This Article