Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет” №22

Ислоҳ нет

Муаллифони шумораи навбатии «Номаҳо….» мисли ҳамеша нафароне ҳастанд, ки худашон шоҳиди мустақими ҳодиса ё рухдоданд ва ё инки аз манобеъи мувассақ маълумотҳоро ба даст овардаву пешкаши мову шумо кардаанд. Ҳоло, ки агар мутолиа мекунед, худ пай мебаред, ки муаллифони иҷтимоии мо ба фарқ аз фабрикантҳои «фабрикаи ҷавоб» ва ё «фермаи ҷавоб»-и беаслу насаб тавре ҳар чизе навиштаанд, бо факту рақам ва зикри сарчашмаву манбаъ аст ки ягон зарра шубҳае дар зеҳни хонанда бар воқеияти ин навиштаҳо боқӣ намегузорад. Бидуни кадом таҳқир, бидуни кадом иттиҳомзаниву террористу ифротӣ хондан менависанд ва аз руйдодҳо, ончуноне, ки ҳаст мегуянд. Мо, пешгуфтори муфассал намегуем. Мустақим ба навиштаҳои онҳо рӯ меоварем.

 Душанбе

Ман, як нафаре ҳастам, ки бо ин гуруҳ кам-кам равуо дорам. Бо гурӯҳи Тоҷиддин Пиров. Тоҷиддин Пировро шумо ҳоло хуб намешиносед. Вай бисёр одами ба гуфтаи русҳо «хитражёп»-муғамбир аст. «Тоҷиксодиротбонк»-ашро гирифта бошанд ҳам аммо «Бонки рушди Тоҷикистон»-аш кор карда истодааст, ҳамон бонке, ки Таҳминаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов, бале ҳамон клеопатра, чанд соли пеш ба чанд миллион доллар Пиров Тоҷиддинро маҷбур карда буд, ки бихарад. Хуллас, ҳоло ин бонки Пиров кор карда истодааст. Хеле аз маблағҳои «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба ин бонк гузаронида бизнеси худро чархонида истодааст. Ба наздики дар ин бора маводҳои зиёде дастрасатон мекунам. Аммо ҳар гоҳе вижабарномаҳои шумо дар бораи Пиров, Хушаков ва наздикони онҳо пахш мешавад, чанд борӣ тамошо мекунанд ин барномаҳои шуморо.

Ҷураҳои Пиров Тоҷиддин ҳар як барномаро тамошо мекунанд ва худоро шукр мегуфтаанд, ки «номи моро нагуфта истодааст». Аммо сахт дилҳура доранд, нигарону хавотиранд. Чанд бор шунидам, ки баъзеашон ба Пиров гуфтанд, ки «ягон илоҷи знуки Муҳаммадиқболро гирифтанро ёб». Онҳо бо тарсу ларз аз ин барнома то он барнома «ждат» мекунанд. Ранги сериалҳо. Номашон, ки набаромад хайру худоӣ ваъда мекардаанд, ки номамон нест. Бо инаш онашро прикол мекунад, ки «эҳтиёт кун бо гапу хаварат ай Европа наояд». Онҳо ҳам аз гапи даҳани мардум метарсанд, вале асосан аз он метарсанд, ки ҳаҷму ҳисоби маблағҳояшонро калағафс-яъне Эмомалӣ Раҳмонов мефаҳмаду маҷбур мекунад, ки ё тақсим кунанд ва ё мусодира ва ё ягонҷоро созад аз ҳисоби худаш яъне грузит мешаванд.

 “Фарҳод Камолов, муовини аввали СС.Ятимов, раиси КДАМ, аз Қули суфиён хешовандони модари Пиров аст. Генерал Камолов аз афроди наздики Эмомалӣ Раҳмонов аст ва яке аз номзадҳои асосӣ дар ҷойи СС.Ятимов мебошад. Вай аз   қабоили сарҳадӣ аст. Авлоди онҳоро ҳамин хел ном мебаранд. Бо Пиров Тоҷиддин аз як авлоданд.”

Фарҳоди каллакаҷала мегӯянд ӯро. Як корманди оперативии одӣ буд. Падараш Воҳид Камол аст. Хешу таборонаш аз Сангтӯдаанд. Худи Воҳид Камолов одами хуб буд. Дар давраи шӯравӣ дар Селхозхимия буд, ки ҳамаи техникаҳо дар ихтиёраш буд. Раҳмонов омада илтимос мекардааст, ки барои ман техника деҳ. Воҳид Камолу Сафар Ғаюру Рамазони Каромат (райпо) се -чорто одамҳои ба обрӯи Данғара дар замони шӯравӣ буданд. Пулдор буданд. Ҳозир дар Данғара Ислом аст. Исломи бачаи Нуриддини тракторист қариб, ки кор намеравад. Кораш арақу бевабозӣ аст. Як муовин дорад- як лох корро ҳамон мебарад. Исломро дар ҷойи кор ёфта намешавад. Умеди додараш-прокурори Сино ҳам ҳамин хел. Як меояд худашро нишон медиҳад, дигар нопадид. Дискотека ба дискотека гардӣ аст кораш.

“Подполковник Умед домоди додари Убайдуллоев шуд. Чанд духтарро изнасиловат карда ва яке аз онҳоро аз 7ум этаж партофтагӣ аст. Чанд убийства дорад. Лекин кор карда гаштаст. Ин делоҳояшон ҳаст дар бойгонӣ маҳфуз аст.”

Аммо ин «одамҳо»-и Пиров Тоҷиддин сахт тарсидагианд. Як чизи дигарро мехоҳам бароятон гуям, ки ҳозир хеле аз онҳое, ки дар мақомот кор мекунанд, дар чашми якдигараш хок шапида кор карда истодаанд. Дар хотиратон бошад вақти барҳамхурии Союз корпартоӣ, дилхунукӣ дар кор зиёд шуда буд. Ҳозир айнан ҳамин ҳолат аст. Дар ҳукумат ҳам ба якдигар зиданд, худашон ба худашон мешинанду мегуянд, ки вазъият ҳамин хел аст. Ҳамон сағирае, ки оварданд-Абдуллоҳи Шамсиддин ҳар чизе медонист, гуфт вале хеле зиёд маҷбур карданд, ки чизе намедонадро ҳам бигуяд. Гирду атроф аз усулу шеваи кори инҳо безор шудагианд, аз системаи кориашон дилхунук шудагианд.

  “Ҷамолиддин Нуралиев касал аст, микроинфаркт гирифт. Шумо ҳақиқатро гуфтед. Занашро бо дигар кас қапидагианд. Ин нафари дигар аст. Шаҳбозам неву он афғонҳо ҳам не. Номаш Абдуҷаббор. Аз ҳамаҷо сураш карданд. Дар дастгоҳ кор мекард. Ҳоло сардори Раёсат дар Кумитаи сармоягузорӣ мондаанд. Ҷамолиддин Нуралиев  дар хонааш меқапад. Ҳозир Ҷамолиддин эркагӣ дорад. Инҳо баракс зорааш доранд. Озода бахшиш пурсидааст. Ҷамолиддинро инҳо хар гардонидаанд. Ҷолиб инҷо аст ки боз худашон мебароянду мелақанд.”

Агар не инҳоро касе намепурсад. Кормандони худашон мелақанд. Вагарна ҷураҳои Пиров аз куҷо мефаҳманд. Ман ин ҳамаро дар суҳбатҳои ҷураҳои Тоҷиддин Пиров шунидам. Онҳо байни ҳам гап зада ба ҳоли «калағафс» яъне Раҳмонов механданд.”

Як нафарашон гуфт, ки раиси Каромат бачааш Суҳроб ном дорад. Вай нақл кардааст, ки «отаи ма бо Рустам нардбозӣ мекунад. Рустам мебураду механдад. Каромат мегуяд, ки «чи механдӣ, к… да куни отат». Ин гапҳоро аз забони Суҳроби писараш шунида нақл карданд.

Каромат Рамазон муовини раиси «Тоҷикматлубот» рафиқи наздики Эмомалӣ Раҳмонов аст. Як вақт вақти арӯсбозиҳояшон Президент ба вай доруи «возбудител»-и сахт медиҳад, Вақти алоқаи ҷинсӣ бо арӯс дилаш мекафад ва дар ҷояш мемурад. Инро ҳам як рафиқи Пиров Тоҷиддин дар ҳамон сӯҳбат ҳикоят кард. Инро ҳам бигӯям, ки дар он сӯҳбати ҷураҳо Пиров Тоҷиддин хеле хушҳол буд, ки дар соли гузаша Бонки рушди Тоҷикистон нишондоди хуб доштааст, кам ҳам бошад «прибил» овардааст.

Кулоб

Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтавори «Пайк» боз чоплуссиро сар кард, агарчи бо як тасдиқи зимнӣ эътироф карда, мардумро бегуноҳ зиндонӣ доранд. Вай менависад, ки Прокурори генералӣ боз рафтори ҷавонмардона кард. Шояд хонандаҳо дар хотир дошта бошанд, ки сармуҳаррири ҳафтавори «Пайк» дар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон, дар тобистони соли гузашта ба собиқ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ёдрас карда буд, ки бисёре аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои андак гуноҳ ба ҷавонон парвандаҳои ҷиноятӣ кушода дафтари аъмолашонро мӯҳри судӣ зада, ҳаёташонро ба самти манфӣ дигар мекунанд. Баъди доғи судӣ гирифтан, дигар ҷавонон наметавонанд соҳиби вазифа шаванду барои давлат хизмати софдилона кунанд.

Ҳамин дирӯз аз як корманди прокуратура шунидем, ки Прокурори генералии ҷумҳурӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба ҳама кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ ҳушдор додааст, ки «бо андак гуноҳ делои ҷиноятӣ накушоянд ва номи мардумро доғдор накунанд. Вазифаи органҳои ҳифзи ҳуқуқ пешгирии чиноят аст, на инки мардумро ба маҳбас шинондану доғи судӣ гузоштан.» 

Инчунин ҳамин корманд гуфт: «Прокурори генералӣ аз зумраи он масъулинест, ки тамаъҷӯиву ғараз барояш тамоман бегона аст. Дасту дили пок дорад.»

Аз ин хабар хеле хушамон омаду онро пешкаши хонанда гардонидем. Андеша дорем, ки чунин рафтори ҷавонмардонаи як вазир дили мардумро ба зиндагӣ ва ҳукумат гарм мегардонад.

Ин бори дуюм аст, ки «Пайк» аз аъмоли ҷавонмардонаи Прокурори Генералӣ мавод ба нашр мерасонад.

Фархор

Ман зодаи Фархор ҳастам. Дар Фархор ҳар чизе буду ҳар чизе ҳаст фурӯхта истодаанд. На куҳаш монду на дашташ. Шираи каварак ва пистаи норасидаро хомохом чида афғонҳо бурда истодаанд. Ин якум мушкилоти ноҳияи мо аст.

Дуюм, дар ноҳия як заводи пахта амал мекард ва чанд соли пеш дар бараш як фабрикаи нав сохта шуда буд. Барои ин коргоҳ таҷҳизотро аз Италия оварданд, аммо кор накарда маҳкамаш карданд. Муддати чор сол аст ки дигар кор намекунад. Аз Неъмати Ҷурахон буд. Баъди маргаш комилан маҳкамаш карданд.

Сеюм мушкилии мо ин аст ки мо бидуни дастгирии ҳукумати ноҳия масъалаи мактабамонро  бо пули худамон хал када истодаем ,то инки синфхонаҳо бирасад, насл бесавод намонад, чоплус нашавад. Яслии деҳаро як бадбахт 12 сол зиëд шуд фурӯхт. Ок яслиро ҳозир хонаи истиқоматӣ кардаанд, барои кудакҳо ҷой нест. Деҳа майдони варзишӣ ҳам надорад. Ҷавонҳо аз варзиш маҳруманд ва  вақти холии худро намедонанд, ки дар куҷо гузаронанд.

Чорум, масъалае, ки мехоҳем дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» гап занед, ин аст ки ин лаънатии СС.Ятимов, гуё ҷое дигар наёфтааст, ки дар лаби деҳа фермаи калон сохта заминҳои мардумро ба зӯри кашида гирифт, то барои говҳои фермааш алаф ва хошок тайёр кунад. Сахт зулм кард ба мардуми деҳа. Чунки мардум аз ин заминҳо барои гову молашон алафу беда мегирифтанд.

Панҷум мушкилии мо ин ба таъмини қувваи барқ дахл дорад. Свети моро ҳар гоҳ бихоҳанд медиҳанд ҳар гоҳ нахоҳанд қатъ мекунанд. Ҳамин чанд рӯзи ахир ҳам моро ҳар рӯз ба мудддати се соат, чор соат аз барқ маҳрум мекунанд. Ва ниҳоят дар бораи налог. Имсол налога боз сахттар карданд. Аз хона, аз замини наздиҳавлигӣ, аз туалет…боз бо нархи баланд.

 “Бародар, мо барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Пештар аз тариқи телефон медидам, ҳозир, чанд вақт шуд, ки дар телевизори хонаам мебинам. Тамошо мекунему боз дар бораи барномаҳоятон дар байни худ гап мезанем, таҳлил мекунем. Мо, худамон шоҳиди бевоситаи хеле аз ҳодисаҳое ҳастем, ки дар барномаҳоятон мегуед.”

Дар мавриди муҳоҷирҳо ҳаминро гуфтаниам, ки ин Ҷаноб ҳеҷ дар фикри мардум нест. Вақте дид, ки барои қабули афғонҳои гуреза созмонҳову давлатҳо пул медиҳанд, даррав чанд хаймаву палатка зада, бошишгоҳҳо сохта чанде аз оилаҳои онҳоро қабул кард. Аммо на барои онҳо шароит муҳайё кард, балки хеле аз онҳоро пеш кард. Пули хориҷиҳоро гирифт, «помош»-ҳоро гирифт.

Аммо, мову шумо хуб медонем, ки ин Ҷаноби каллағафс мардуми тоҷикро зиёдтар муҳоҷир карда истодааст, то инки аз берун сум ворид кунанд ва вай кайфу сафо карда гардад.
То ҳамин имрӯз ягон хабару гузорише нашунидаму нахондам, ки Тоҷикистон ягон қисмати қарзҳояшро пардохта бошаду ҳаҷми қарзаш кам шуда бошад. Бародарам домулло шумо шунидед? Ман нашунидам. Баръакс боз қарзу боз қарз. Ин ҳама қарзҳоро кӣ мепардозад? Аммо ин чопикҳову гаврикҳояш як бор дар бораи ин масъала гап намезананд.

Бародар,обод бошед!

 Ёвон

Салом, бародар! Номаи шикоятӣ аз Ёвон. Дар бемористонҳои Ёвон умуман адолат вуҷуд надорад. Инҷо беморхона неву ба бозор ва ба бизнес табдил шудааст, гӯем хато намекунем. Як моҳ пештар кори мо ба роддом-зоишгоҳ афтод. Дар беморхонаи калон ду адад дастгоҳи кислород мавҷуд аст. Агар бепул бошӣ кудакат мемирад, агар пулдор бошӣ, ягон сомонӣ бидиҳӣ намемирад.

“Агар худо нахоста навзодат таги косилород бошаду ягон одами сумдор омаду барои кудакаш кислород зарур бошад, кудакатро аз даст медиҳӣ. Чунки барои инҳо фақат пул лозим аст на ҷони одамҳо. Бизнесменҳои роддоми Ёвон Ҷурабеков, Соҷида ва боз чанд каси дигар. Дар инҷо хеле бисёранд хунхӯрҳо. Номҳояшонро намедонам. Бовар кунед, ки раҳму шафқат тамоман дар инҳо вуҷуд надорад. Як зан дар лестнитсаи зоишгоҳ таваллуд кардааст. Маҷбур карданд, ки 400 сомонӣ диҳад. Чунки ин лесстнитса ба беморхона дохил мешавад, бояд пулро супорӣ пулро насупору рӯзатро бин. Аз беназоратӣ бисёр навзодҳо мемуранд. Ягон кас парво надорад. Самий главний пул бошад. Як зани дигарро дарди бача мегирад. Мегуяд пешоб дорам. Мегуянд, ки бирав ба туалет пешоб кун….Инҷо воқеан ҳам даҳшат аст, забонам намегаардад. Сантитаркаҳояш аз врачҳояш бадтар аст.”

Ягон инсони имондор инхел рафтору муносибат намекунад. Рузи ҷавоб додан то ба ин духтурҳову полшуякҳо пул надиҳӣ кудакро намедиҳанд. Фақақт «ставка»-и враче, ки дар пеши зоянда меистаад 400 сомонӣ болотар аст. Беморхона,ки меравӣ касалиатро намепурсанд, мегуянд, ки дар хона чи дорӣ, мошини чи хелӣ дорӣ, замин ҳаст, чорво ҳаст, чанд хона дорӣ. Бовар кунед касалӣ умуман муҳим нест, ки чи асту чанд сола асту бори чандум таваллуд мекунад, чи мушкил дорад?

Агар ҳамаи чизҳои дар боло гуфта шударо дошта бошӣ муомилаи соз мекунанд, агар надошта бошӣ вой бар ҳолат.

Дархости мо аз ин ҳукумати золим ин аст ки каме ба ҳоли мардум раҳм кунед. Вазорати тандурустӣ наход то ба ин ҳолат расидани вазъ шумо назорат ва дахолат накунед.  Охир як рӯз мемиред. Дар назди Аллоҳ чӣ ҷавоб медиҳед?То абад дар ин дунё намемонед.

Бародари азиз ҳоло дар бораи милиса, ГАИ, РАЙЗАГС  ва паспортний стол маълумот ҷамъ карда истодаем, ҳамаро пурра бо ному насаб ва шакли ҷиноятҳояшон ҳатаман  рӯзҳои наздик ба «Ислоҳ» равон мекунам.

Душанбе

Ман номи худро шартан «Телех» мегузорам. Ва чанд ҳодисаро қисса мекунам.Соли 2017 ҷашни Ваҳдати миллиро аз Бадахшон сар кард ва дар Хуҷанд ба анҷом расонд. Як вақт ҳамон шахсе, ки ҳисобу китоб таёр мекард маст шуд ва гуфт: «расходи ҳами солада 1 бор Душанбера месохтем». Ҳоло акнун фикр кунед, ки чанд сум расход мекунад. Ва ин ҷашнҳо ягон фоида дорад? Ин ҳама ҷашнҳои бодабдаба танҳо барои кайфу сафои худаш. Қасам ба Худо Роғун мерафтем аз хурсандӣ мемурданд. Мегуфтанд, ки3 -4 моҳа маошҳоямонро нагирифта будем, пеш аз омадани шумо медиҳанд, ки мабодо гапу чап нашавад.

 “Ман аз сабру тоқати ҳамин мардумамон, аз тарсу ҳароси онҳо ҳайрон мешавам. Тоҷирони мо мурғ шудагианд. Ягон бор ҳамин магазинчиҳои мо шикоят намекунанд. Як бародарам магазин дошт. Аз дасти ҳамин ҷугиҳо маҳкам кард. Намояндаи 15 мақомот медарояд. Наход барои магазини хурока экология ҳам кордор шавад? Аз экология медарояд ҳуҷҷат мепурсад. Ин кор соли 2019 рӯй дода буд. Беш аз 1000 магазинро налог маҳкам кард. Аз налог медаромаданд ва ҳар як магазини шаҳрро аз 1000то 8000 сомонӣ ҷарима мекарданд, то ки магазинҳои маҳкам кардаашонро «покрыват» кунанд. Касе як даҳан эътироз намекард, Ранги мурғ хап мекунанду мешинанд.”

Аллоҳ шоҳид, ки ман ин гапро ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ куҷо нагуфта будам. Якум бунтро дар аппарат-Дастгоҳи иҷроия ман кардагӣ будам. 28 нафар одами достойний маслиҳат кардему

барои музди меҳнат аризаи корпартоӣ  навиштем. Соли 2016 музди меҳнатмонро 2 моҳ 2100 сомонӣ карданд. Баъдан дар миёнаи аризакардагиҳо буз партофтанд ва боз аз нав музди меҳнатамонро буриданд. Гуфтан бо менависанд. «Ин бор сарлашкаршона бқапем, баъд мефаҳманд, ки бунт кардан чи оқибат дорад». Мо ҳам  амниятро «тишина ловит кардем». ва ҳеҷ коре дигар накардем. Аммо ман дигар аз онҷо рафтам. Барои ҳамин шумо фикр накунед, ки ҳамаи онҳое, ки дар «боло» кор мекунанд, розиву зиндагии хуб доранд. Ин тавр нест. Хелеҳоро чандин сол мешавад, ки умедвор карда гаштаанд, аммо умри одам запчасти мошин нест, ки раведу харед ва иваз кунед. Кам нестанд, ки тарк карданду рафтанд…
Ҳамон солҳо аз болои як нафар аз муаллимони Донишгоҳи миллӣ ба дастгоҳ шикоят омада буд. Ин нафар Эмомалӣ Насриддинзода доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ  ва декани факултети ҳуқуқшиносӣ буд. Аввал ҷонишин буд. Баъди даргузашти Одинаев ӯро декан монда буданд. Тағои зӯр дорад. Барои он навишта буданд, ки бисёр ҳам фосиқ ва бадахлоқ будаст. Ҳар рӯз як донишҷӯро мерасидааст. Руирост мегуфтааст, ки «кати ма ҳамхобагӣ накни хориҷ мекнм, агар кни зачёт, экзаменда ёрдам метм». Як донишҷӯро маҷбурӣ мерасад, таҷовуз мекунад. Духтар хат менависаду худашро дор мекашад ва ҳама ҳодисаро ҳикоят мекунад. Ман менависад, ки аз дасти ҳамин одам худкушӣ кардам. Ӯро бурданд. Аммо баъди 2 соат пас омад ва дар курсиаш нишаст ва бо ҳамон карру фар ин кирдорашро идома дод.Ҳоло бошад Эмомалӣ Насриддинзода ёрдамчии Президент оид ба робита ба ҷомеа аст, ӯ аз  Данғара буда барои ӯ ҳама ҷиноят иҷозат аст. Ман ҳайрон мешавам, ки дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов ҷинояткор аз вазифа барканор не балке боз мақоми болотаре мегирад.

Чанд сол аст дар Русия ҳастам. Тоҷик аз дасти ин харкала дар инҷо қадр надорад. Ҳамин тоҷик будан дар инҷо худаш як «статя» аст. Узбеку қирғиз қадраш аз тоҷик даҳҳо бор боло аст. Қирғиз бо як регистратсия чи коре форадаш мекунад. Ман паспорти русӣ дошта бошам ҳам чени онҳо нестам. Ба ростӣ диламонро гирифтааст. Офарини одамҳое, ки 15-20 сол мешавад муҳоҷиранд.

“Бародар, бо ин вуҷуд тоҷикҳои мо, онҳое, ки депорту видворений шудаанд боз талош мекунанд, ки баргарданд. Номи одам чи аст ки дар Тоҷикистон ном ивазкуни бзнес шудааст: 2000 сомонӣ медиҳӣ ягон номи нав мегириву аз нав ба Русия меоӣ.Хело кори сердаромад аст ,аммо онҳое якбор патент гирифтагӣ бошанд ва запрет шуда бошанд номашонро ҳам иваз кунад инҷо фоида надорад ва тез пай ангуштонашон мебарояд ва ин кор ҷиноят маҳсуб мешавад.”

Ростӣ,бародар Муҳаммадиқбол гапу кори зиёдеро шоҳидаму шунидааму дидаам. Оҳиста-оҳиста гуфтан мегирам. Ҳоло нисбати як одами наздики Эмомалӣ Раҳмонов гап мезанам, ки инҷо чи тавр одамҳоро мекушанд. Хуштомани як духтари Эмомалӣ аз Ғарм буд. Ӯро дар роҳи Душанбе-Хуҷанд бо дулан пахш карданд. Шоҳиди зиндаи ҳикояти ҳамон одам будам, ки ба ман худаш нақл кард. Мегуфт,ки одамкушӣ барои мо мисли як мурчаро пахш кардан аст. Тамоми охранаҳои президент одам мекушанд. Вақте президент мефаҳмид, меомад суи мо мегуфт «бисер ай ҳад нагзаронен». Тамом, ҳамин қадар мегуфт. Хулоса, вақте қудои Эмомалӣ,ҳамон зани ғармӣ,ки номаш аз ёдам рафт, ҳамон сол хонаи Эмомалӣ омадаву як мошини пачкаи 0 99 барои келинаш меоварад ва дар пеши Эмомалӣ   мегӯяд: «бигир ира, и ай ма дар ть падарка». Аммо келинаш намегирад. Калиди мошинро дар болои багажи мошин мепартояд ва ба тарафи охранаҳои Эмомалӣ  мегуяд: «кадомеда даркорай мошина бигира».Ва баромада аз хона меравад. Баъди он рӯз Эмомалӣ гуфт он одам,маро фармон дод,ки «брен ба авари бкушенш,ма худам фармон додам». Дар роҳи Душанбе- Хуҷанд ин занро тавассути Дулан куштемаш.

Ҷайҳун -Қумсангир  

Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо сокинони ноҳияи Ҷайҳун-Қумсангири пешина ҳастем, ки мехоҳем аз тариқи «Ислоҳ.ТВ» шикояти мардумро аз болои эшони Абдуррашид ва писараш Ёрмаҳмад ба самъи мардуми кишвар бирасонем.

Бовар кунед, ки ин эшон ва писараш аҳолии моро безор аз ҷонашон кардаанд.

“Ба мардум об намедиҳанд. Мардум ҳатто ҳам оби хурданӣ надоранд. Сари об мераваду мегуяд: «ман обгирро  фалон мекунам». Мо гуфтем агар надиҳӣ рафта ба раиси ноҳия шикоят мекунем. Гуфт ман раиси ноҳияатонро задагӣ, куҷое шикоят мекунед кардан гиред:- «ман дар ин ноҳия лубойша задагиям».Мегуяд, ки ин ҷуйборҳо аз мананд, турбаҳоро ман мондагӣ. Аммо дар асл ҷуйборҳо ва турбаҳо аз давраи Союз мондагӣ.”

Эшон беҳад одами аблаҳ аст. 3000 сар гуспанд дорад. Бо гуспандҳояш мардуми Чорум далинро безор кардааст. Як одам меравад то чор дона хор- як дарза янтоқ барои аловӣ бидаравад чархи аробаҳояро бо пистолет зада мекафонад.

Эшони Абдуррашид раиси ноҳия ва раиси вилоятро писанд намекунад, чунки вай бо президент хуб будааст. Барои Раҳмонов ҳар моҳ чанд сар гуспанд мебарад. Дилхоҳ раиси ноҳия ё прокурор, ки нав шуд, ду- се гусфанд мебарад ва бо ҳамин чашму даҳони онҳоро мебандад. Дигар мардумро чи хеле форад истифода мебараду дар хонааҳояш бе пул ва зуракӣ кор мефармояд. Мардуми Оби гармиро маҷбурӣ мебарад. Агар гапашро нагиранд, лат мекунад. Як мисоли мушаххас меоварем. Вақте агар мардум чи калонсолу чи ҷавон дар ягон ҷо шиштагӣ бошанду эшони Абдуррашид меояд, бахудо мисле, ки облава бошад аз 14 сола то калонсолҳо баробари дидани мошини эшони Абдуррашид мегурезанд. Зеро эшон оҳоро маҷбурӣ кор мефармояд, мегурезанд, ки ба дасти эшон мабодо наафтанд.

Share This Article