Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” № 24

Ислоҳ нет

Муаллифони ин бахши «Номаҳо…» на фақат аз масъулину маъмурини давлатӣ шикоят мекунанд, ҳамчунин аз ҳамватанҳои мо, ки муҳоҷирони кориамонро дар Русия истисмор карда болояшон ҷабру зулмро раво доранд, низ гуфтаанд. Як номае,ки аз Маскав дар ин маврид ба дасти мо расид, дар ин маврид ҳикоят мекунад, ки бовар дорам ҳеҷ касро бетараф намегузорад. Албатта дар ин барнома ончи аз Москав расида аст нашр намекунем як таҳқиқ мекунем ва вазъиятро пурра мефаҳмем ва пас аз он онро нашр менамоем.

Дар ин қисмат ҳамчунин як номае аз Хоруғ ба дасти мо расид, ки нишон медиҳад, ҳаводис дар онҷо хеле ҳам печида сурат гирифтааст ва на ҳама онҳое, ки гумон мерафт бо мардум ва тарафдори мардум буданд, дар ҳақиқат бо мардум будаанд. Шарҳи бештар намедиҳем ва даъват мекунем, ки худатон бихонеду қазоват кунед:

Хоруғ

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Ҳамавақт гуё ва тансиҳату офият бошед.

Ҳамин хоҳари бадахшоние, ки ба шумо нома навиштаасту нашраш кардед, ҳамаи гапҳояш сад фоиз рост аст. Чунки ман худам шоҳиди воқеа ҳастам. Ман апаи Ташрифмоҳро мешинохтам ва ҷиянаш Моҳиоламро низ. Беҳад духтари хушру буд Моҳиолам. Онҳо аз қишлоқи Сардеми ҷамоати Ванкалаи ноҳияи Шуғнон буданд. Мо худамон онҳоро чандин вақт кофтем, ҷустуҷу кардем лекин дарак наёфтем. Ман худам он вақт дар Душанбе зиндагӣ мекардам. Хонаам пеши горсад буд. Ва бисёр бедодигариҳои ин падарлаънатҳоро бо чашмонам  дидагиям. Иншоаллоҳ, парвардигор моро пирузӣ насиб кунаду ман шуморо меёбам ва гап мезанам, ки аз ҳамон солҳои 1992 сар карда дар миёни помириҳои ҳамшаҳриям «передател» ҳам буданд ва кӣ чи корхо кардагӣ. Ва ман худам ин одамҳоро ҷазо медиҳам, агарки зинда монанд ё ман худам зинда монам,насиб бошад.Барои ҳамин ман аз шумо илтимос кардам, ки бархе аз онҳо масалан ҳамин Толиб Айёмбековро ҳеҷ вақт қаҳрамони Бадахшон нагуед. Номи ӯро дар қатори бародарони шаҳиди мо Мамадбоқиру Ёдгор ва дигархо нагиред.

Вай, ки ҳоло ба ҳукми абад маҳкум шуд, дар ҳақиқат дар ҳодисаи Абдулло Назаров генерали амният даст дошт. Ӯ дар микрорайони Ниводак, дар раҳе, ки тарафи Ишкошим меравад, кушта шуд.Ин генерал аз Ишкошим бармегашт. Дар онҷо мошини духтари президентро бо сигарет қапида буданд. Ин мошин аз Афғонистон меомад. Толиб одами духтари Президент ва рафиқи хубу наздикаш буд. Вақте генерал ин мошинро маҳкам карда аз Ишкошим бармегашт, одамони Толиб пеши раҳашро гирифта генералро заданд. Вай зинда монд, ӯро больница бурданд ва дар онҷо ӯро духтурҳо «дабиват» карданд. Шофераш зинда монд, вайро бурданд дар отряди Хоруғ баҷо карданд. Агар хато накунам номаш ба фикрам Шавкат буд. Ӯ то ҳамин ҷанҷолҳо аниқ медонам дар отряд зиндагӣ мекард.

Вай гоҳ-гоҳ аз отряд мебаромад. Дар наздикии дарвозаи отряд як кафе буд, Онҷо меомаду арақ мезад ва боз отряд медаромад. Кор намекард. Шояд дар ҳамон дохили отряд кор мекард, лекин под наблюдений буд. Мумкин ба унвони шоҳид нигоҳаш медоранд. Вақте ҳамон генералро куштанд, инҳо войска дароварданд, ҷанг шуд. Баъд боз перемирия ба воситаи нафарони аълоҳазрат Оғохон карданд. Аз ҷумла Ёдгор Файзов. Баъди он Толибу Мунаввар Шанбиев, Ёдгор ва Синеглаз рафтанд Баҳористон.Х удораҳматии шаҳид Муҳаммадбоқир нахост, отказ кард, гуфт ҳеҷ вақт пешашон намеравам. Аз ҳамон вақт бузии Толиб сар шуда буд. Бори дуюм ҳамин Толиб ва одамҳои дар боло номашон зикр шуда даромаданд кабинети раиси онвақти вилоят Шодихон Ҷамшедов ва ӯро заданду маҷбур карданд, ки ӯ ба вазирҳо занг зад ва инҳо бо телефон ҳақораташон карданд.

Боз войска дароварданд вале инҳоро ягон чи накарданд. Аммо нападениро ба  худораҳматӣ карданд. Вай ҳамроҳи инҳо набуд ва кори инҳорро нодуруст шуморид.

Баъд перезиденти ноодам омад Хоруғ ва маҷлис гузаронида Шодӣ Ҷамшедро ҳақорат карда, ҳақорат карда аз вазифааш гирифт .

Хулоса, Толиб ин дафъа ҳам бузиаш кард. Маҳмадбокқир тоқа монд бо мардуми Бархоруғ. Толиб чанд бор бо одамҳояш пеши Маҳмадбоқир омад ва ҷанҷол бардошт, ки постҳоро дур кунад ва одамҳоро аз митинг ҷавоб диҳад. Дар рӯзи куштанаш одамҳои Толиб дар пости микрорайони Бойни бачаҳои худораҳматии Маҳмадбоқирро заданд. Онҳо занг заданд ба худораҳматӣ, ки командир моро заданд ва гуфтанд, ки постаро бардоред. Ин вақт худораҳматӣ омад пеши бачаҳо. Инҳо савори Пикап бо формаи сиёҳ ва пинҳоншуда дар даруни маскаҳо дар пеши ошхонайи шаурма ӯро шаҳид карданд. Гапҳо хеле бисёр аст. Ман худам аз Хоруғи боло, яъне Бархоруғ.

Хулоса, Толиб буз шуда буд, инро тамоми Бадахшон медонад. Вале ҳам Толиб ва ҳам дигарҳояшро истифода карда оқибат дар зиндонашон андохтанд. Аммо ёду корномаи Маҳмадбоқири шаҳид ва дигар шаҳидони бегуноҳу ғаюри Бадахшон дар дили мардуми Бадахшон ва Тоҷикистон то ҷовидон хоҳанд монд.

Пенза

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Чанд сол аст ки дар шаҳри Пензаи Русия кору зиндагӣ мекунам. Ман, яке аз онҳое ҳастам, ки ҳанӯз дар рӯзҳои оғози кори ширкати «IRS» дар инҷо кор мекардам. Мо, бо навбат менишастем ва аз ронандаҳо пул мегирифтем. Баъдан, мо чанд нафарро бо гумони онки ҳамаи пулҳоро ба хазина намесупоридаем аз кор ронданд. Аммо ин дуруғ буд. Камераҳои назоратӣ амал мекунанд ва ҳар як қадаму ҳар як ваҷаби амалиёту ҳаракати коргарон ва ҳар як мошине, ки аз инҷо рад мешударо сабт мекунанд. Дар инҷо ҳам ба ҷои мо ва ба ҷои боқии бачаҳо «бачаҳакои боло»-ро оварданд. «Бегона»-ҳоро берун карданд. Ман чи гуфтаниам? Ин ширкат як ширкати дузд аст. Барои ҳамин бояд ин ширкат комилан аз байн бурда ва масъулону таъсисдиҳандагони он барои ғорати мардум ва халқи Тоҷикистон, ки инак 12 сол мешавад идома дорад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд ва мусодираи амволи он ва бепул намудани ин роҳ бояд дар зудтарин фурсат анҷом дода шавад. Чаро мо бояд дар роҳи дохили ватани худамон пул супорем? Ва, бадтар аз ин пули месупоридаи моро Раҳмонов бо домодаш мехуранд. Аз ҳисоби маблағҳои мусодирашудаи ин ширкат ва дигар пулҳои тули ин солҳо ҷамъовардаашон бояд як  фонде бо номи «Фонди рушди маорифи Тоҷикистон» ташкил дода шавад. Даромади ба даст овардаи ин ширкат дар соли 2022-ро ҳамчун маоши сенздаҳум ба муаллимон ва омӯзгорон бояд тақсим карда шавад. Аз ҳисоби пулҳои солҳои пеш  ба даст овардаи ин ширкат бояд мактабҳои нави замонавӣ дар саросари кишвар сохта шавад. Тамоми даромаду пулҳои то ин муддат аз мардум ғораткрадаи ин ширкатро аз моликони он бозпас гирифта аз ҳисоби онҳо китобҳои дарсӣ чоп карда ва ройгон ба талабаҳо тақсим карда шавад. Ба хонандаҳои мактабҳои Тоҷикистон сарулибоси мактабӣ харида дода шавад. Чунки ин ширкат садҳо миллион доллари мардумро ва ё беш аз як миллиард доллари миллатро ин ҳама солҳо ғорат кардааст…

Вахш 

Ростӣ, ин нома хеле пештар ба дасти «Ислоҳ.нет» расида буд. Вале,то чанд вақт нигоҳ доштем, то ин маълумотҳо тасдиқ бишаванд. Акнун зарур донистем,ки нашр бишавад. Абдуллоев Хайрулло- писари Убайд- палвон аз совхози «Туркманистон»  мардуми минтақаро хело азият дода ва зарари зиёде расонидааст. Вай бузи совхоз аст.

Абдуллоев Хайрулло тахминан дар солҳи 1998-2000 ба ҷиноёте даст мезад, ки онро рэкетирҳо анҷом медоданд. Тамоми мардуми минтақа медонанд. Дар он солҳо кори ин одам угрожат ва шантаж кардану тарсонидани мардум буд ва бо ин тариқа пул ба даст меовард. Вай он солҳо дуздӣ ҳам мекард. Дар роҳҳои мошинагарди самти Бохтар-Қурғонтеппаи пешина ҳар саҳарӣ барвақт мерафт ва мардуме, ки аз хона сӯи бозор барои хариди маводи мавриди ниёзи худ мерафт, онҳоро тарс медоду угрожат мекарду аз онҳо пулу молашонро мегирифт. Агар пул надоштанд, велосипедҳои онҳоро мегирифт. Дар он солҳо як зани равғанфурӯшро фиреб карда мегуяд. ки ман як маслабойка дорам. Биё, бароят равғани арзонтар медиҳам, онро бигиру фурӯш. Зан ҳамроҳи вай меравад. Аммо онҷо меравад,ки як фермаи вайронае асту аз маслабойка хабару нишоне нест. Хайрулло аввал ин занро таҷовуз мекунад ва сипас корди худро зери манаҳи ин зан монда мегуяд, чи пулу моле,ки дорӣ бароварда ба ман деҳ. Зан чанд сомоние, ки дошт, ангуштариву гарданбандии тиллоии худро бароварда ба Хайрулло медиҳад. Хайрулло ҳам занро таҷовуз мекунад ва ҳам ҳарчи пулу ашёи қимате, ки дошт ба зӯрӣ мегирад. Ҳамон вақт он зан ба милиса муроҷиат мекунад. Милиса нисбати Хайрулло парванда мекушояд. Хайрулло пинҳон мешавад. Ӯро пулиси ноҳияи таҳти пайгард эълон мекунад. Милисаи минтақаи мо он солҳо нафаре бо номи Намоз буд ва аз ин ҳама моҷаро ба хубӣ огоҳ аст. Хайрулло гурехта ба Самараи Русия меравад. Дар шаҳри Самара ба худ номи дигар мегирад ва мешавад Рустам. Аммо онкорҳеро, ки дар совхози Туркманистон анҷом медод дар Самара ҳам идома медиҳад. Яъне рэкет! Муҳоҷирони тоҷикро тарс дода пулҳояшонро мегирад. Ин корро чанд сол идома медиҳад, уҳоҷирҳо ҳам дигар безор мешаванду ба мақомоти дахлдори Самара шикоят мекунанд. Маълум мешавад,ки аксарияти шикояткардаҳо занҳо будаанд. Ниҳоят пулиси Самара «Рустам»-и рэкетро дастгир мекунад ва маълум мешавад,вай қаллобӣ ҳам мекардаасту рэкетчигӣ ҳам ва мунтаҳо барои 6 сол маҳкум ба зиндон мешавад.

Шаш соли зиндонро поин мебарад ба озодӣ мебарояд вале ислоҳ нашудаву боз ҳамон корҳои пешинаашро идома медиҳад. Боз муҳоҷиронро «вимогат»  мекунад. Савори мошинҳои сиёҳшиша вориди бозорҳои Самара шуда бо силоҳ занҳои тоҷику узбеки бозорнишинро угрожат карда тарсонида пулу ангуштариву гардандбанду ҳалқаҳои тиллои онҳоро кашида мегирифт. Хуллас ин корҳоро чанд соли дигар идома дод. Акнун ба тарабхонаҳо ва дискоклуби тоҷикҳову узбекҳо медаромаду онҳоро ҳам таҳдид карда пул меситонд. Боз зам аз болояш аризаҳои шикоятӣ ба пулиси Самара зиёд ворид мешавад. Дигарбора Хайруллоҳи Рустамшуда аз тарафи пулиси Самара дастгир карда мешавад. Ин навбат суд ӯро барои 8 сол аз озодӣ маҳрум мекунад. Дар зонаи краснийи маҳбаси Самара будааст. Красний зона-ин зиндони бузҳо аст ва ҳоло Хайруллоҳ ба бузи пулис табдил шудааст. Ҳамин тавр 6 соли дигари умрашро дар зиндон сипарӣ карда ду сол  қабл аз анҷоми муҳлат дар пайи афв дар соли 2015 озод мешавад. Аммо ӯро аз зиндон барои пожизнений-умрбод аз Русия депортатсия карданд. Баъди бозгашт аз Русия дар манзили падарияш-Убайд-полвон зиндагӣ мекунад. Дар ягонҷо кор намекунад. Дар урфият мегуянд, ки иллат равад одат не. Пас аз як соли бозгашташ аз нав ба ҳамон корҳои пешини худ оҳиста-оҳиста шуруъ мекунад. Боз ҳам ба мардумозорӣ ва тарс додан сар мекунад. Дар деҳа чандин ҷавонро «подстава» карда ба зиндон фиристод. Баъди ин ҳама корҳояш дигар бо «ҷосусӣ» ва «буз»-иаш мардуми минтақаро метарсонаду пулу мошинҳои онҳоро мегираду саворӣ мекунад ва касе ба ӯ ҷуръати гапзанӣ надорад. Маъракаҳои чанде аз ҳамдеҳаҳоямонро камера карда ба мақомот супорид ва бо милисаҳо пули аз ин «ҷарима» ба даст овардаро як ҳиссашро мегирад. Барои бузиаш милисаҳо «холӣ» намемондаш.

Чандин бор аз номи мақомот гап зада аз мардум пул ҷамъ кардааст. Мардумро фақат аз номи мақомот метарсонад. Ба мардуми деҳа ҳамеша мегӯяд «ба қарибӣ якчанд нафари дигарро мебаранду маҳкам мекунанд.» Яъне худро одами мақомот ҷилва медиҳад ва гуё, ки мақомот бо вай маслиҳат мекунанд. Аз номи амнияту милиса одамҳоро метарсонад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки борҳо ба корҳои шахсии одамон дахолат мекунад ва онҳоро ба шуъбаи милиса мебаранд. Ҳатто талабаҳои мактабро аз дарс бароварда ба хонааш меоварад ва кор мефармояд. Ҳатто директори мактабро чумо кардааст. Ҳар коре, ки бихоҳад, анҷом медиҳад. Директори мактаби №38 як инсони хуб ва содиқ дар кораш буд. Самимона хизмат мекард. Аз рӯзе, ки Хайрулло рафту омад бо мактабро сар кард, ӯро тарсонду воҳимаи зиёде карду туҳматаш зад, то инки тарки вазифа кунад. Он директор аз дасти ҳамин буз ночор ба Русия муҳоҷир шуда рафт. Ӯро ба додани аттестати қалбакӣ тӯҳмат ва угрожат кард. Билохира тарки ватан кард он директор. То полшӯҳои мактабро угрожат кард, онҳо ҳам корро бас карданд. Ба ҷои онҳо зани бародари худашро дар мактаб полшӯяк монд.

Соли 2021 тақрибан дар моҳи январ дар пеши баняи совхоз соатҳои 22:00 –и шаб як нафарро ба кадом коре муттаҳам карда ва аз ӯ 25000 сомонӣ мегирад ва дар назди рафиқонаш бо кибру ҳавобаландӣ ва лабони пур аз ханда лоф мезанад, ки «иш тамом нашида дигари пул миёя». Мардуми минтақа бохабаранд, ки дар хонаи чанд касҳо пинҳонӣ камера монда корҳои маҳрамонаи онҳоро ба навор бардоштааст. Аз номи хусурони худ ва милисаву амният гап мезанад. Мегуяд, ки хусурони ман аз Балҷувонанд, дар Душанбе, дар давлат,дар назди Эмомаливу Рустаму Озода кор мекунанд .Вазифаҳои хуб  доранд.

Яке аз бузҳои дигари совхози Туркманистон ин писари муллои қишлоқи Навобод аст. Назриев Талъат дар ягон ҷо кор намекунад. Соҳиби зану фарзанд мебошад. Соли таваллудаш 1978. Ӯро мақомот барои пул гирифтан аз баъзе нафарон бо иттиҳоми заминфурӯшӣ дастгир карданд. Аз ду кас пул гирифтааст,ки замини наздиҳавлигӣ гирифта медиҳад.Аз якеаш 50000 сомонӣ ва аз дигарӣ 7000$. То ҳоло инҳоро фиреб карда истодааст, ки «ман барои шумо замин медиҳам”. Масъулони совхоз ӯро бо ин амали коррупсионӣ муттаҳам кардаанд. Ҳозир вай бузи мақомот шудааст. Мардум аз дасти инҳо тарки ватан карда истодаанд. Хоҳиши мо ин аст ки мақомот чораи ин се касро бубинад. Аз дасти инҳо на ягон маъракаи дуруст баргузор карда метавонем ва на як туй ва ягон чорабинии дигар. Худи ҳамин Назриев Талъат аз сагу пишаки қишлоқ қарздор аст. 4 сол шуд,ки пули пахтачинҳои қишлоқро намедиҳад. Аз пули мардум дар бозор ҳар рӯз бо занаш сихкабобу табака мехурад. Аз корхонаҳои пахта наздики 300 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Инҳо 3 нафаранд, ки мардумро азият медиҳанд. Якеаш Абдуллоев Хайруллоҳ, дигариаш Шомуродов Садод, раиси маҳалла ва нафари саввум Назриев Талъат. Умеди онро дорем агар адолат дар кишвар вуҷуд дошта бошад ин золимонро аз сари мо бардоранд, охир ин чӣ рӯзи сиёҳ аст!

Восеъ

Ҳабибова Ҳерка, собиқ раисаи ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев айни замон раиси кумитаи занони ноҳияи Восеъ аст. Дар вақти раиси ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев буданаш бо ҳамроҳи Худоёрзода Алихон, муовини раиси ноҳия оид ба замин ҳамкорӣ карда заминҳои деҳаи Охҷарро, ки дар назди деҳаи Чуқурак аст мефурӯшанд ва барои худаш ва апааш ҳам замин мегирад. Ин Ҳерка савод надошт. Барои раиси ҷамоат шуданаш ба ӯ мефармоянд, ки ду муллоро яктарафа мекунӣ ва баъд дар курсӣ мешинӣ. Ҳерка ин фармоишро иҷро мекунад ва раиси ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев таъин мешавад. Ин ду мулло яке бо номи Махсуми Маҳмадӣ ва дуввумӣ Мулло Дилшод мебошанд. Мулло Дилшодро подстава мекунад. Ҳерка бо зани додараш маслиҳат мекунад ва мулло Дилшодро дуохонӣ даъват мекунанд. Аз байн чи қадар вақт мегузараду зани додараш таваллуд мекунад. Ҳерка мегуяд «ту бгу гулаки мулло Дилшодай ма ёрдамат мекунм». Овоза мекунанд, ки мулло Дилшод зани додарашро «расидаст». Мулло Дилшодро мебаранду маҳкам мекунанд. Доруяш мезананд, сумашро мегиранду халосаш мекунанд. Ба хонааш бармегардаду аммо пас аз ин туҳмат бо дарди он аз дунё мегузарад. Пеш аз маргаш мегӯяд ин кори ман набуд маро Ҳерка подстава кард. Ҳерка баъд махсуми Маҳмадиро ғам медиҳад, чун устоди Мулло Дилшод буд. Махсуми Маҳмадӣ ҳам аз дунё мегузарад ва пеш аз маргаш Ҳеркаро дуъои сахт мекунад. Ин Ҳерка акаи Мулло Дилшод Назарро ҳам ғам медиҳад. Назар дашномаш мекунад, Назарро ба милиса медиҳад. Назарро мебаранд. Назар, ки пеш дар Қурбон Мирзоалиев, раиси собиқи вилояти Кулоб ва собиқ депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон бухгалтер буд, Мирзоалиев ӯро халос мекунад ва мегӯяд, ки ман дафъаш мекунам ӯро, Хуллас Мирзоалиев Қурбон ӯро аз раиси ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев гирифта ба ҷояш наберааш Мирзоалиев Сайалӣ бачаи Сафарро раиси ҷамоат монд. Ногуфта намонем, ки Мирзоалиев Қурбон худашро шахматисти хуб медонад ва ӯ акахони Эмомалӣ Раҳмонов ҳам ҳаст. Ҳеркаро барои ҳеркагияш Мирзоалиев Қурбон ҷазои сахт медиҳад, ки ӯ ҳатто маҷбур ба фурӯхтани ҳамаи молу амволаш мешавад ва аз деҳа рафтанӣ мешавад. Ин Ҳерка як бача дорад бо номи Шаҳбоз, худашро рэкети деҳа мегирад. Вай дар лаби ҳавзи Селбур як зал дорад. Бачаҳои ҷавонро ҷамъ кардааст. Худашонро рэкетҳои Крупский мегиранд. Ягон кас тарафшон ягон гап гуяд ҳамакаса мезананд. Ба наздики Мирзоалиев Қурбон, ки шахматист аст бо ташкили як саҳна Шаҳбозро ба дом меафтонад. Дар қишлоқ помирӣ, ки дар Камаз кор мекунад як духтарро «гап» медиҳад.

Духтари ҳоҷӣ Сайдаҳмад, ки номи ҳоҷигиро ҳаром кардааст. Духтараш, ки бероҳа асту ҳатто худи Шаҳбоз ҳам ӯро истифода мебарад, помирӣ ӯро гап медиҳад, баъд Шаҳбоз ҳаво мегирад ва ҳамон помириро бо бачаҳои қишлоқ, ки номашон пеши мо маҳфуз аст, дар ҳолати такрори воқеа расонаӣ хоҳад шуд, дар бағожи мошин мисли гӯсфанд бор карда мебаранду то мурдан мезананд. Сипас  ӯро бурда дар лаби сангоб мепартоянд. Шаҳбоз помириро мезанаду ба хориҷи кишвар ба шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб гӯё барои истироҳат меравад, чун ин ҳамааш тарҳрезишуда буд, ҳангоми баргаштанаш ӯро боздошт ва ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ӯро дар шуъбаи милисаи Восеъ маҳкам мекунанд. Ва аз онҳо маблағи калон талаб мекунанд. Ҳерка ҳамаи пулҳои ҷамъкардааш, пулҳои аз ҳисоби заминфуруширо бурда медиҳад, писарашро озод мекунад. Мо ба ҷавонҳои деҳа гуфтанием, ки ба чунин корҳое, ки шаъну шарафи падару модаратонро паст мекунад, олуда нашавед ва аз чунин нафароне, ки худашонро рэкет мегиранд, дурӣ ҷуед.

Мегузарем ба Худоёрзода Алихон муовини раиси Восеъ оид ба соҳаи кишварзӣ. Ин муовини раси аз соли 2018 ба ин тараф кораш фақат заминфурӯшӣ аст. Дар ҳар ҷамоате, ки барои мардум бояд замин ҷудо шавад вай мераваду онро пулакӣ мекунад.То ин вақтҳо касе ба ӯ кордор набуд, чун ӯ дар коррупсия кришаи вазнин дошт. Аммо ҳамин сол ӯро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд. Пеш аз дастгир шудан ба кормандони коррупсия зӯрӣ ҳам кардааст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Маълумот оиди ҷамоат, мактаб наркобаронҳо ва бисёр ашхосҳои дигаре, ки  дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ ҷиноятҳои вазнин содир кардаандро дар оянда бароятон мефиристем. Мо натиҷаҳои хуби барномаҳо ва мақолаҳои нашр мешударо бо чашмонамон дида истодаем. Бовар кунед хело хушҳол мешавем,ки бо навиштан чи қадар золимон аз мақомҳояшон гирифта мешаванд.

Конибодом

Дар Бораи Паспортный Столи Шаҳри Конибодом Вилояти Суғд якто видео кунед “Ислоҳ”. Вазъият бе ниҳоят безеб Конибодомба. Мо дардамона киба гуем намедонем.

Ҳамаш аз худ рафтаги бечораи одамҳо базӯр базӯр пул меёвад ай бонк қарз гирифта паспорт карда Россия мерафтагӣ мешавад, ки вай ришвахурҳо ҳаромхурҳо ҳарфи паспорта бар қастона бошад ё бе саводона бошад хато менависанд. Ана баъд сар мешавад нағмаҳои пул кор кунияшон. Охир  бечораҳои камбағалҳо аз нав маҷбур шуда аз Амонатбонк чек канда месупоранд лично ман худам ҳаминхели шудаги як ҳарфа паспортмаба хато навистаги, барои як ҳарф аз нав 1500 ҳазору панҷсад сомонӣ супорида чекашро бурда додам, то паспортама аз нав кунад. Охир инҷо кор нест чихел зиндагони кардана намедонем акнун боз як  моҳ интизор шавам. Ман кор доштам  бояд як моҳ пеш ба Россия мерафтам. Акнун ман бояд як моҳи дигар ба хотири хатои онҳо боз дар Конибодом интизор шинам ва моҳи июн агар боз хато накунад паспортама мегираму меравам. Охир ба хатои шумо мо чаро ҷавоб диҳем? Наход дар ин бахш одамҳои босаводро ба кор намонед, ки ҳарфҳоро хонда ва навиштан тавонад.

Share This Article