Хонандагони азиз! Баъд аз нашри чанд матлабе таҳти ин унвон аз шумо номаҳои зиёде мерасад. Мо, тасмим гирифтем, ки минбаъд нашру пахши ҳамчунин номаҳоро идома бидиҳем ва бо ин васила робита ва ҳамкории мову шумо боз ба марҳалаи сифатан беҳтар ворид бишвад. Ҳоло нахустин «Номаҳо аз навоҳӣ»-ро манзури шумо мегардонем.
Шикояти Ромитиҳо аз раисҳояшон
Салом бародар Муҳаммадиқбол!
Мехоҳам каме аз зулму ситами кормандони милитсия дар минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат бигуям. Милитсияи минтақаи Ромит дар деҳаи Тангаӣ аст. Ҳеҷ як аз деҳоти дуру наздик аз шарри милисаҳои ин отдел эмин нестанд. Ҷавононе, ки аз Русия ба Ватан меоянду худ аз машаққатҳои Русия ба ҷон расидаанд, боз ба чанголи ин гурӯҳи лошахури авбош меафтанд. Онҳоро ҳатман як, як ба отдел даъват мекунанд ва бо ҳар роҳ аз онҳо пул мегиранд ва аҷоиб саволу ҷавоб мекунанд: дар куҷо кор мекардӣ, чи кора будӣ ва мошинро аз кадом ҳисоб харидӣ ва аз ин қабил саволҳо. Аммо саволу таҳдидҳое, ки бо онҳо ҷавононро метарсонанд ин аст ки ту бо гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ кардаӣ, ту ин кардаӣ, ту он кардаӣ, дар бораи ту маълумот расидааст ва аз ҳамин гуна пурсишҳо. Водор мекунанд, ки худат ба забон ойӣ ва гуӣ, ки ёрдам кун ва онҳо ин ёрдамро бар ивази фалон пул мекунанд. Ва бо ин тариқа онҳоро гаштаву баргашта ба отдел даъват мекунанд, якто ба якто аз мардум пул мегиранд. Агар шахсе гуяд ман пул надорам началники отдел сейфи худро мекушояду мегуяд ман қарз медиҳам, ту аз ман қарздор мешавӣ. Масалан Давлат раиси ШВКД пешина сейфашро мекушод мегуфт 25 ҳазор сомонӣ ба ту медиҳам ва онро боз аз ту мегирифту мегуфт ман коратро ҳал мекунам ба ту то охири моҳ муҳлат пулро баргардон. Шахсе ҳеҷ гуноҳ надоштаро бо чунин роҳ қарздор мекард ва мегуфт як ҳафта пас коратро ҳал кардам ва ту қарзи маро тезтар баргардон. Масалан дар пеши ман сейфашро кушод аз шуъбаҳои бонкҳо дохилаш пул бештар буд ва манро 18 ҳазор доду гирифт. Боз гуфт пулро қап бо дастат ва ба ман деҳ. Бо ҳар роҳу воситае, ки метавонанд хуни мардуми моро макида истодаанд. Инҳо пуштибони қонун не, балки балои ҷони мо мардуми мазлуми Ромит ҳастанд. Ҳатто ба кори сохтмон низ инҳо ҳокиманд, ба тую маъракаҳо, ба ҷанозаву намози идайн болои сари мо ҳастанд. Аммо инҳо душмании ошкоро бо мардуми хоссатан Ромит ҳастанд.
Охир ин чи руз аст, ки ман фарзанди худамро таълими динӣ дода натавонам, бо худову паёмбар ошно насозам. Охир вазифаи падарии ман аст ва ман аз азоби Аллоҳ метарсам. Ин золимони хунхор модарону хоҳарони моро аз сатру ҳиҷоб, ки амри Худову Расул аст манъ мекунанд, аз таълимоти динӣ моро манъ мекунанд ва мардҳоро аз риш мондан ва олимҳоро аз мавъиза кардан ба куллӣ манъ карда истодаанд. Ба ҷуз суханони ин бесавод муфтӣ Саидмукаррам, ки аслан ба дини ислом ҳеҷ рабте надоранд. Ҳар рузи ҷумъа ба тамоми масҷидҳо тақсим мешаванд ва маҷбур мекунанд ба ҷои амри маъруф ва наҳйи мункар суханони пучу бемаънии ин режимро ба мардум бишунавонанд.
Номаи дуввум аз Ромит
Салому алекум акои Муҳаммадиқболи Садриддин Чаро шумо дар бори Ромит камтар барнома доред ва дар бораи номардони мо гап мезанед? Дар Ромит ки хело зулму ситам зиёд шудааст, безор шудаем аз дасти раиси шаҳри Ваҳдат мардума аз пули хона капидаст, мегуяд кадоме хони нав кадагӣ аст пулша оварда тияд. Агар натияд 3000 хазор сомонӣ ҷарима месупорад ва боз мурда мурда пули бояд супорад онро ҳам месупорад. Раисаи идори Ҷамоати Ромит Мирзоева Хурсанд раиси Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳимро пуштибонӣ менамояд ва ва раиси Ваҳдат Исмоилзода ҳам раисаи моро пуштибонӣ менамояд ва ҳарду корашон пул канда хурдан аз мардуми ба як ҳолу зор зиндагӣ доштаи Ромити мо. Дар се раиси Ваҳдат ин Мирзоева Хурсанд хидмат кард ва иваз ҳам нашуд, медонед чаро? Чун гови ҷушои хубе буд барои се раис. Ҳар фармоне диҳанд тез иҷро мекунад, духтар лозим бошад мебарад барояшон ва мо шоҳиди ин амал ҳастем ва инҷо туҳмат нест.
Қабристони моро маҳкам кардаанд, пеш онҷоро мазори шаҳидон мегуфтанд. Хозир директори онҷо Рашидов Ҳамойдин он қабристонро махкам кардагӣ аст такрибан 16 говазн сар додааст ва онҷоро мамнуъгоҳ заповедник карда аст ва роҳи мардумро пурра маҳкам кардааст.
Аз рӯйи шикоятҳои мардум ба 120 делои ҷиноятӣ кушодагиянд дар пушташ генералҳои калони ВКД ва то ҷое медонем худи Рамазон Раҳимзода меистад ошкоро мегӯяд,ки дар пушти ма одамои калонаи, ҳама Ромит шикоят кунанд мада ягон гап намешавад бе фоида зур назанен. Далери Имомалӣ омад навор кад 10 сол зиндонӣ шуд, кадомет зиндон шудани боши шикоят кунен, то зиндонӣ шавен. Нишонии Ҳамоидин Рашидов дар Ҷамоати Ромит дохил мешавад аз Ромит 2км болотар аст он қишлоқ ва “Боғи Мирӣ” ёд мешавад.
Номаи модари Бадахшонӣ
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман як модареам беш аз 25 сол аст дар муҳоҷират қарор дорам. Ман зодаи Бадахшонаму сокини шаҳри Душанбе. Ин ҳукумати қотилу золим ва маҳалгароро аз рӯзи ба қудрат омаданаш хуб шинохтаам. Инҳо аз аввал маҳалгаро буданд ва то имрӯз ҳам маҳалгароянд.
Муҳаммадиқбол, ман аз рӯзи таъсиси барномаатон ҳамаи онҳоро тамошо кардаам ва инчунин барномаҳои марбут ба сессияи 16-уматонро низ бо мароқи зиёд тамошо кардам. Ба хулосае омадам ,ки ин суханҳо ва ҳарфҳоям дар ягон барноматон ба кор меоянд.
Аз рӯзи аввале, ки ин хунхурон ба Душанбе даромаданд ба ҷуз аз қатлу куштор дуздиву ба гаравгирии мардҳо занҳоро ҳам медуздиданду мебурданд. Баъд аз онки онҳоро мебурданд на зиндаашонр меёфтанду на мурдаашонро. Аз кучаи (Бадахшон) Бадахшанский се зан гум шуд. Яке аз онҳо як зани калонсоле буд, ки ягон бор шавҳар нокарда умрашро ба ҷиянҳояш бахшида буд. Ин зан солҳои пеш дар ноҳияи Шуғнон, дар водии Ғунд дар ҷамоат кор мекард. Бисёр зани босаводу бомадният буд. Баъд аз онки ҷиянҳояш мактаби миёнаро хатм карданд ин зан дар Душанбе хона харид. онҳо пайи ҳам мактабро тамом карда ба шавҳар мебаромаданд. Ҷияни охирашро чунин қисмат насиб шуд, ки баъди шавҳар кардан ҷудо шуд. Ва ҳамроҳи амааш зиндагӣ мекард. Ин вақт буд, ки ҷанг сар шуд. Бояд як чизро бигуям. Вақте оппозитсия дар Душанбе буд шаҳр орому осуда буд .Вале бо омадани “Фронти халқӣ” зулм болои мардуми шаҳр, махсусан бадахшониву ғармиҳо сар шуд. Ман шоҳиди чандин ҷиноятҳо мудҳиши ин худобехабарҳо вақте ба Душанбе ворид шуданд будам. Паси ҳам бадахшониҳоро мебурдану мекуштанд. Хулосаи гап он шаб муаллима Тошбоева Ташрифмо ва ҷиянаш Тошбоева Моҳиолам ва як актриса театри ҷавонони Душанбе Тиллоева Садбаргро бурданду дигар то ба имрӯз на аз мурдаашону на аз зиндаашон хабаре нест. Ба ёдам омад, ки Моҳиолам чи қадар ҷавонзани хушруву хушқаду хушқомат буд. Ҳамроҳаш писари 1солаю 2 моҳа дошт. Баъди чанд сол ҳамон бачаяшро ба хешу табор доданд, аммо аз ин 3 зан ягон хабаре пайдо нашуд. Баъди чанд рӯз боз аз кучаи Пушкини шаҳр низ дар он солҳо як модари бадахшониро,ки зодаи ноҳияи Ванҷ буд гирифтанду бурданд. Ин зан ҳам чи қадар зани хушру буд. Вай зани хонашин ва кудаки хурд ҳам дошт, инҳо инқадар бе раҳм буданд,ки ба кудаки ширмак раҳм намекарданд.Хонаи ҳалол дошт. Шавҳараш дар як корхонаи коммуналӣ кор мекард. Номи шавҳараш Алидод буд. Ӯро ҳам дуздида бурданд, на мурдааш пайдо шуду на зиндааш. Аммо аз ин корҳо мешавад боз чандин ҳолату лаҳзаҳои дигарро ҳам ёдовар шуд. Вале фикр кунам барои баъд бигзорем…. Аммо пас аз сӣ сол боз ҳамон хуношомияшро ин режим дар Бадахшон анҷом дод ва ҳоло дар Душанбе ҳам ин душмании мақомотро ба мо мардуми Бадахшон дар мақомот дида мешавад ва бо чашми бад ва тавҳин менигаранд. Мегуфта бошед мо душман бошем ба инҳо.
Шикояти Сокинони Ҷаббор Расулов
Хоҳиши мо, муаллифони ин нома ин аст, ки як бор тадқиқотеро дар бораи ноҳияи Ҷаббор Расулов гузаронед. Шумо инҷо огоҳ мешавед, ки чи гуна Ҳасан Асадуллозода роҳи оҳани Пролетарск-Исфанаро канда фурӯхта ва замини ҳудуди онро ҳам ба савдо мондаанд.
Бо ин вуҷуд, ки тамоми мақомоти ноҳия аз ин ҷиноят бохабаранд, аммо ҳама хомӯшанд. Амниятиҳои тарсӯи фосиқ, началники милиса, ҳокими ноҳия, прокурори нохия ҳама хомӯшанд. Ин номардон фақат дар болои мардуми бечора зуранд, зӯрӣ меунанд. Инро ҳам мехоҳам илова кунам, то сарҳади қиргиз ин роҳро канда фурӯхтанд, боқимондаи роҳро қирғизҳо наомонданд,ки кананд. Он роҳе,ки қиргизҳо намонданд низ замини тоҷик мебошад. Дар бораи бозори Ашрофи ноҳияи Ҷаббор Расулов низ тадқиқот баред.
Замине, ки дар он бозори Ашроф сохта шуд, обӣ аст ва масоҳати он 7 гектар зиёдро дар бар мегирад. Ин замин тавассути ҳокими собиқи ноҳия Салимзода Комилҷон фурӯхта ва ба бозор табдил дода шуда буд. Ин бозор аз они Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов аст, соҳиби бозор ҳаминҳоянд. Гуё Салимзодаро инҳо –соҳибони бозор «кидат» кардаанд, чунки вай низ ҳақдор будаст, аммо ҳоло аз «доля» дар бозори Ашроф берунаш кардаанд. Ин замини зери роҳи оҳанро дар ҳар сотих 1500 доллар нарх гузоштаанд. Салимзода «сабзибадаст» лақаб дорад. Ӯ дар ҳақиқат сахт кидат шуд.
Салимзода Комилҷон ба наздикӣ бо се -чор нафар аз «круг»-и худаш, ки онҳо ҷавонанд Узбекистон дамгирӣ меравад. Бинобар маълумоти ба мо расида таҳти таъқиби КГБ қарор доштааст. Салимзода Комилҷон бо ҳамон ҷавонҳо ба як сауна мераванд. Онҳоро бо як «скритий камера» ба навор мегиранд. Салимзода Комилҷон бо ин ҷавонҳо дар ҳолати алоқаи амали қавми Лут ба навор афтодааст. Ҳоло ин навор дар дасти яке аз баландмақомони ноҳия мебошад. Ба эҳтимоли зиёд ин сабт дар дасти сардори КГБ-и ноҳия аст. Аз рӯйи баъзе маълумоти дигар ин навор ё дар дасти прокурор ва ё сардори милиса аст ва мегуянд, ки сабаби аз ҳақи бозори Ашроф маҳрум шуданаш ҳам ҳамин будааст. Бе шубҳа ин як «подстава» аст
Салимзода Комилҷонро қоқоқоқ ба зер кашиданд ва гуфта мешавад ин корро ҳамон домоди пасво, ки гуё «кришааш» будааст, анҷом додааст. Аммо ман дар як чиз ҳайронам. Раҳмонов хуб медонад, ки бархе аз зердастонаш мисли Салимзода Комилҷон ҳамин гуна касалӣ доранд аммо боз ба онҳо мансаб медиҳад. Ба гумони ғолиб махсӯс инҳоро мегузорад ва бо шантаж ва иръоб корашон мефармад ва боз дастҳо пеши бар итоат мекунанд пешвояшонро. Бовар кунед як даҳшат аст ин амалкардҳои мақомоти пешво бо домодҳояш. Илтимос масалаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро бинед, хело ҷиноятҳои ҷолиб ва аҷиберо инҷо метавонед пайдо намоед. Аз раиси ШВКД ва КДАМ ,Прокуратураи ноҳияи мо.
Нома аз Фархор ислоҳи як маълумоти нашр шуда дар “Ислоҳ”
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!
Тули 20 сол аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераваму меоям. Не рӯйи модар, не падар, не бародаронамро ба серӣ дидаам. Аммо ман дар мавриди азобу кулфати муҳоҷирати меҳнатӣ гуфтанӣ нестам. Инҷо мехостам дар як маврид ба шумо маълумот расонам.
Вақте ман барномаи таҳлилии Шумо дар мавриди Фархорро тамошо кардам, дар онҷо каме аз тарафи шумо иштибоҳҳоро ошкор намудам. Ин албатта ба хости шумо набуд. Дар мавриди он коркунони хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор, ки 26.08.2018 дар сарҳад паронида шуданд, гуфтаниам. Чанд рӯз пеш аз руй додани ин ҳодиса чандин сар говҳои фермаи Ятимов С.С, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз тарафи қочоқбарони афғон дуздида мешавад. Барои он ки С.С. Ятимов аз афғонҳо героин гирифта буду чанд сад ҳазор доллар пули онҳоро надода буд ва додан ҳам намехост. Он афғонҳо гуфта буданд, ки агар кадоме сари бародари С.С Ятимовро бурида ба мо биёрад мо ба у 100 ҳазор доллар медиҳем. Вақте ки Абдумумин Ятимов бародари С.С. Ятимов аз ин кор бохабар мешавад ҳамчун раиси хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор барои аз марги худ гурехтан нақша мекашад. Саидов Амрохон ҳамон ронандаи автомашинаи Нива, ки паронида шуд, муовини раиси хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор буд
Вай аз руи шаклу сурат ва ҳатто тамғаву ранги мошинаш, ки аз як тарафи як ташкилоти Олмон ба онҳо дода буданд, ба раисаш монанд буд. Барои ин ки ба афғонҳо хабари маргашро расонанд, рӯзи 26.08.2018 ба ҳамаи коргарони хоҷагии ҷангал, ки 15нафаранд фармон медиҳад, ки барои ҷамъ кардани хасу хошок ба сарҳад раванд. Вақти хуроки нисфирузӣ мешавад ,Амрохон Саидов барои шиками коргарҳояшро сер кардан як дег ош ва нону қанд меораду якҷоя мехуранд. Баъд аз ин раиси хоҷагии ҷангал ба муовинаш, ки Амрохон Саидов аст, занг зада мегуяд Давлат ва Сафарро гирифта бо худ ба назди соҳил рав ва бин, ки ҳафтаи дигар метавонем аз онҷо хасу хошок ҷамъ кунем ё не.
Дар ин вақт С.С.Ятимови касиф чанд коргари амниятро ба ҷои ходиса равон мекунад.
Вақте ки онҳо ба мошин савор мешаванд, ҳамон Сафархон Раҳмонове, ки гуё афғонҳо ӯро надиданд, ӯ гурехт аз ҷои ходиса, ин яке аз хешони наздики С.С. Ятимов мебошад, ки то ҳол зиндаа аст. Каме ба савор шудани мошин дер мекунад. Ба ҷои ӯ шахси дигаре мехост, нишинад. Ин касиф ӯро мегуяд ту аз мошин фаро ва рафта намози пешинатро хон, ман бо инҳо меравам. Инҳо бо мошн ба назди дарёи Панҷ меоянд. Аз ин нақша ин касифи золим хабардор буд. Ба инҳо роҳҳоро нишон медиҳад ва ҳамаи чиз дар инҷо хотима меёбад.
Ин коркунони амният, ки бо фармони Ятимов омада буданд баромада аввал як тир дар китфи чапи Амрохон Саидов мезананд. Вай аз мошин мегурезад. Чанд метр мегурезад,ки дар паси ҳарду пояш мезананд. Вай меафтад. Омада ӯро аз пушташ мепаронанд. Ин шахсе, ки дар пеши мошин нишаста буд дар ҷояш ҷон медиҳад. Ин нафар як тракторист буд, ки ӯ аслан бояд намерафт. Аз сабабе, ки Амрохон Саидов бо коргаронаш муомилаи инсонӣ дошт, доим барои шиками сери онҳо ҳаракат мекард. Вай ҳам ҳамон рӯз мераваду мегуяд, раисҷон ман бо шумо меравам.
Акнун гап дар бораи ин шахси сеюм меравад, ки чи гуна зинда монд. Вай ҳеҷ вақт кушта намешуд. Он рӯз ин яке аз ҷинояткорони асосии он воқеа мебошад. Барои вай дар ивази ин кораш ба унвони яке аз хешони наздики Ятимов дар шаҳри Душанбе хона харида додаанд. Ҳоло ӯ аз Фархор дур аст ва рӯзи марги худро интизор мебошад.
Ба афғонҳо хабари қалбакӣ расондаанд, ки гуё мо Абдулмумин Ятимовро куштем. Инҷо онҳо боз як спектакл ташкил карданд. Дар вақти ҷаноза ду чархболро ба ҳаво хезонданду як -ду бор ба соҳили дарё тир паронданду ба мардум гуфтанд, ки ана мо афғонҳое, ки дар ин кор даст доштанд, куштем. Ба номи Аллоҳ қасам ягон афғон дар инҷо ягон коре накарда ва ягон касро напаронида буд. Ин ҳама як сафсатаи кормандони амният буду тамом.
Абдумумин Ятимов, раиси Идораи хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор ва бародари СС.Ятимов не суми об, не свет, не налоги замин медиҳад. Маблағи барқи хонаҳову фермаҳояшро намедиҳад. Як қиёмат корхонаву бемористон дорад дар Фархор. Мардуми бечора мурда-мурда аз тани вай пули свет медиҳанд. Болои мардум сахт зулм мекунад. Ҳар касе барои пардохти налогу об зураш намерасад ва ё пахта намекорад, хона ба хонаи онҳо гашта, дар заминатон пахта накиштед, суми пахтаро супоред гуфта таҳдид мекунанд.
Аммо Абдумумин Ятимов дар заминҳояш пахта намекорад. Фақат маккаву шоливу гандум кишт мекунад. Ягон кас ба тарафи вай намегуяд, ки ту чаро пахта накиштӣ ва ё пули пахтаро супор ба давлат. Дар ҳамон территория мардум аз дасти вай безор шудагианд. Обро намемонад, ки мардум баҳузур истифода кунад. Заминҳояшро об диҳад. Мардумро соатакӣ об медиҳад
Касе успет кард, об дод, боқимонда меистад боз то ин навбат. Навбатро ҳам Абдумумин Ятимов маълум мекунад. Обро дар заминҳои худаш бебаркаш мемонад. Дар саргаҳи об сари одамҳои худашро мемонад. Ягон кас равад барои об бародари СС.Ятимов Абдулмумин онҳоро белшапак мекунад.
Шикояти Айнигиҳо аз Сухангӯйи Президент А. Шарифзода
Салом алекум устод Муҳаммадиқболи Садриддин, дар бораи мафияи Абдуфаттоҳ Шарифзода сухангӯйи Раисҷумҳур,ки нохияи Айниро таи даст када гирфтагӣ чаро якбор сухан намекунед ? Фикр накунед ноҳияи Айнӣ ҳолаш аз дигар ноҳияҳои кишвар беҳтар аст ва мардумонаш осуда зиндагонӣ доранд.
Абдуфаттоҳ Шарифзода бародараш Муллоғиёс Шарифзодаро депутати нохияи Айнӣ гузоштааст.
Хешашон Муқим Муродзодаро раиси нохияи Айнӣ гузошта аст.
Носирзода Наврӯз ёрдамчии Раиси Нохияи Айнӣ
Абдуваҳоб Шарифзодаро раиси кумитаи ҷавонон
Носиров Насим подполковник зам нач ШВКД Айнӣ
Абдуғани Қобилов раиси бахши фарханги Ноҳияи Айнӣ
Мубориз шуъбаи маориф вазифаи баланд кор мекунад ба қариби раиси маорифи Ноҳияи Айнӣ мондани шуданд, ки гап чапи халк бисер шуд ҳоло аз гузоштанаш сарфи назар кардааст вале гуфтааст,ки ман ҳатман ин вазифаро мегирам. Ин хама номҳои мақомдороне номҳояшонро зикр намудем ҳамаашон хеш таборони Абдуфаттоҳ Шарифзода ва аз дехаи Сангистон мебошанд.
Боз як муовини раиси ноҳия ин бародари собик раиси Ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам бародараш Раҳматзода Суҳроб мебошад, ки аслан саводе надорад. Ҳатто дар маҷлисҳо маърӯзаҳоро аз рӯйи варақ хонда наметавонад, куҷо расад ба навиштани он маърӯзаҳо. Бовар кунед бо як азоб гап мезанад пора хури хело хавфнок ҳаст. Ана ин ҳама як ноҳияи калони кишварро ба дод овардагиаянд. Тендеру гарантҳои давлативу хориҷиро ин мафияи Абдуфаттоҳ Шарифзода дар Ноҳия пурра зери назорати қатъии худ кардаанд ва аз ҷумла азони худ кунии замин фурӯшӣ ва бисёр соҳаҳои ҳаётан муҳимми Ноҳияи Айниро ва хело корҳои ноҷо мекунанд ин мафия. Ягон аризаи мардум ба Президент намерасад чунки Абдуфаттоҳ Шарифзода намегузорад ба ҷойи дахл дор рафта расад.
Диққат диҳед ба ин ду факт ва далели радношаванда:
- Шаҳрулло Боев раиси молияи Ноҳияи Айнӣ, як сол мешавад Раиси молияи Ноҳия шуданшро 10 хазор $ ба Абдуфаттоҳ Шарифзода дод то инки вазири Молияро бо илтимос гӯяд ин одами моро дар ин вазифа таъин намоед. Шаҳрулло Боев аз худи маркази Ноҳияи Айнӣ мебошанд вале бе пул вазифаро намешавад дар тамоми Тоҷикистон соҳиб шудан, чунки Абдуфатоҳ Шарифзода ҳаст шеф ва ҷияну хешу табор ё мафияаш.
2. Беҳрӯз Қосимов инкас раииси МБТИ Ноҳияи Айнӣ буданд ва чи иншоот, чи чизе дар ноҳия ҳаст агар раиси Нохия маблағ гирифтани бошад яке аз посредникошон ин Беҳрӯз Қосимов мебошад. Беҳрӯз Қосимов хело маккор ва ҳеладон аст ва аз дасташон ду раиси суд бо чурми пора ба даст афтиданд ва барканору зиндонӣ шуданд. Аммо Беҳрӯз Қосимов ба гуфти русҳо “сухой” ё хушк аз аз об мебарояд. Ҳарду Судҳоро бо дасти Беҳрӯз Қосимов зиндонӣ кардаанд. Нахуст раиси суди собиқи Айнӣ Икром ном дошт маблағро Беҳруз Қосимов бурд ба Ӯ ва дастгир шуд. Дуюм раиси Суди Турсунзода Шараф мебошад инро ҳам бо дасти ҳамин Беҳрӯз Қосимов пора кабул кардан дастгир ва зиндонӣ намуданд. Мо хуб медонем махинатсияҳои Бехрӯз Қосимовро дар ноҳияи Айнӣ бовар кунед ҳама иншоотхоро дар Ноҳияи Айнӣ фурӯхта ба номи дигар нафарҳои худаш ва фарзандонаш кардагӣ ва Раиси ноҳия через хамин маблағ мегирад дар хама ҳолат ҳама кор буд кунӣ тавассути ҳамин Беҳрӯз Қосимов шахси бовариноки Абдуфаттоҳ Шарифзода ва раиси ноҳия аст. Бовар дорем боз ҳам ӯро Абдуфаттоҳ Шарифзода ҳимоят мекунаду ӯ аз об хушк дар меояд.
Сокинони Ноҳияи Айнӣ аз сиёсати ҳукумати Ҷумҳурӣ норозиянд:
Мардуми Ноҳия дигар аслан ноумед шудаанд аз шикоят кардан ва дарди худро ба мақомотҳои маҳаллӣ ва Ҷумҳурӣ навиштанро. Ноҳия дар ихтиёрашон ва дастгоҳи Раёсатҷумҳурӣ дар ихтиёрашон , магар аз ин ду болотаре вуҷуд дорад дар кишвар? Дар нохия чи кадре бошад, чи раиси ҷамоате бошад пурра хамааш аз они худашон аст. Ҳар сохибкоре аз Ноҳияи Айнӣ ягон иншоотро дуруст кунад рафта сурат мегиранд чоплусҳои бисер доранд, ки дар шабакаи фейсбук сурат гирифта мегузоранду фақат таъриф кунӣ аз раиси ноҳия ин амали ободкориро анҷом доданду он амалӣ хайрро анҷом додаанд. Дар ҳоле хамаашро Аллоҳ шоҳид аст сохибкорҳову пули халқи бечораи Россия рафтаги мебошад. Мо медонем ин номаи мо ба “Ислоҳ”ро ҳам Абдуфаттоҳ Шарифзода пешво ва мақомотро гипноз мекунаду мегӯяд ин туҳматҳои мухолифин мебашанд. Агар пешво ва дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ инсоф дошта бошанд марҳамат комиссия аз марказ ташкил карда биёянд. Аммо Абдуфаттоҳ Шарифзода ва ҳеҷ нафар аз мақомоти ноҳияи Айниро,ки мафияи Шарифзодаанд дар он комиссия ҳамроҳ нокарда огоҳ нокарда омада санҷанду бубинанд. Мо Айнигиҳо сад дар сад медонем ин корро намекунанд ва аз ин хотир аст диламон аз ин ҳукумат ва пешво сахт хунук шудааст. Боварамон кунед мардуми Ноҳия аз мақомот сахт дилмонда ва сад дар сад дар рӯзҳои сахт бо пешво ва мақомоташ нестанд. Ин ҳақиқатест хоҳед бовар кунед, нахоҳед Абдуфаттоҳ Шарифзодаро бо мафияаш бовар карда шинед!
Мо ба наздикӣ таҳқиқоти дигари худро дар мавриди ҳама он моликиятҳои Абдуфаттоҳ Шарифзода ва мафияаш дар Ноҳияи Айнӣ доранд ва боз бо кадом амалҳо машғуланд ба “Ислоҳ” мефиристем, то мардум бештар огоҳ шаванд. Мо хуб фаҳмидем,ки ҷуз “Ислоҳ” дигар ҳеҷ даре барои шикоят кардан надорем.