Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №78

Ислоҳ нет

   Як вижагии барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ин аст, ки шароит барои муҳокима ва баррасии мавзуъро ба худи муаллифон во гузоштааст. Дӯстони тамошобин ва ҳаводорони барномаҳои “Ислоҳ” ниқоб аз рухи онҳое мекашанд, ки маълум аст бо дастури мақомот вориди барномаи онлайнии мо дар «Минбари муҳоҷир» шуда воқеиятҳои зиндагиро воруна ва чапа нишон доданӣ мешаванд. Мо хуб медонем, ки онҳо ночоранд, маҷбурӣ оварда мешаванд ва маҷбурӣ бо мо гап мезананд. Аммо, магар пеши раҳ ва даҳани мардумро мешавад гирифт? Бубинед, ки як нафар бародари ванҷӣ дар бораи нафаре, ки дар «Минбари муҳоҷир» ширкат карду дуруғ гуфт, чиҳо менависад. Аз ин ҷиҳат барномаи «Номаҳо…» ба як навъ бозрасу муфаттиш-аудит ва ревизори чоплусон ва маъмурину масъулини дуруғгӯ табдил шудааст.  

                                             Ванҷ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.                   

Ман як нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Ванҷ. Тақрибан 2-сол мешавад, ки барномаҳои Шуморо мебинам. Дар ин муддат хело чизҳоро дар бораи ин оилаи хуношом фаҳмидам. Худованд Шуморо нигаҳбон бошад ва ҳарчи зудтар пирузиро насиби ҳамаамон гардонад, то ин бачаи Майрами гурсухтаро дохили зиндони «Кирпични» кунем. Омин. Рӯзи 27.09.2023 дар барномаи «Минбари муҳоҷир»№ 212  муовини раиси ноҳияи Ванҷ Фурқати Ҳукумат бо лақаби ҷавони беномус бо Шумо ҳамсуҳбат шуда хеле дуруғҳои шохдор ҳам гуфт.                               

 Бале ҷавони беномус. Вай ин лақабро ҳануз аз замони раиси бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Ванҷ буданаш гирифта буд. Ман суҳбати шуморо бо ҷавони беномус чанд бор такрор гуш карда таҳлил намудам. Акнун мехоҳам дар бораи дуруғҳои гуфтааш ба Шумо маълумот диҳам. Дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ пурсидед. Дуруғ гуфт, чунки танҳо аз ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев, ки тақрибан 15 ё 16 ҳазор аҳолӣ дорад, муҳоҷирон бештар аз он аст ки ин бадбахт гуфт.               

  Дар бораи камбизоатҳо тамоман як дуруғи шохдор гуфт. Бовар кунед, аксарияти аҳолии моро камбизоатон ташкил медиҳанд.   

  Дар бори облава руяшро сиёҳ кард. Бо язнаҳои амниятиаш падарони муҳоҷиронро пеш аз фармони “даъват ба хизмати ҳарбӣ” баромадан ҳамарӯза ба шуъбаи КДАМ фарёд карда «писаронатонро биоред, ватанро муҳофизат кунанд» гуфта безор аз ҷон карда буданд. Бечора муҳоҷирон падарам аз зулм наҷот ёбад гуфта аз Русия омада худро дар ихтиёри комиссариати ҳарбӣ гузоштанд. Ба занталоқ қасам хурд, ки аз пагоҳ сар карда ягон касро ба хизмат ҷалб намекунад, аммо мардуми Ванҷ ҳама шоҳиди бурида шудани никоҳаш шуд. Боз шарм надошта бо занаш якҷо зиндагӣ дорад. (хай беномусда фарқаш чи охир). Дар бораи аъзоёни ҳизби халқии демократӣ. Кормандони идораю муассисаҳоро маҷбурӣ аъзои ин ҳизб карданд.  Одам то аъзо нашавад дар ягон ҷо ба кор қабул намешавад.

  Дар масъалаи барқ ҳам дуруғ гуфт. Бале, дар маркази ноҳия барқ ҳаст. Аммо як километр аз марказ боло ё поёнтар барқ хомуш аст.

  Солҳои 90-ум тамоми вазифаҳо дар дасти шумо буд гуфт. Оё фаромуш кардааст, ки падари худаш Шарипов Ҳукумат бо лақаби Ҳукумати почарин яке аз мухолифон буд ва то Созишномаи сулҳ бар зидди ин ҳукумат ҷанг ҳам карда буд. Сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияро намешиносам гуфт. Ба Аллоҳ қасам дуруғ гуфт. Ҳама амниятиҳоро мешиносад ва бузашон ҳам ҳаст.100% бовар дорам, ки ҳангоми бо Шумо суҳбат карданаш сагҳои амният аз ҷумла, сардорашон, ки аз руи шунидаам аз Фархор мебошад, дар наздаш буданд.

 Сардори милитсия дар наздаш набуд. Ному насабашро гуфт. Аммо ному насаби язнаашро нагуфт чун ӯ дар наздаш буд.                 

  Дар бораи корхонаҳои саноатӣ ва шумораашон гуфт. Аммо кор накарданашонро аз чи бошад нагуфт. Бовар кунед аксарияти ин корхонаҳо моҳҳост кор накардаанд.  Аз ҷавонони ҳамин сол мактабро хатм намуда 20 нафар ба хизмат рафт гуфтанаш дуруғи калонтарин буд. Чун призивникҳо аксарият муҳоҷирон буданд, ки падарам аз зулми сагҳои амният ва комиссарият наҷот ёбад гуфта аз Русия омада буданд. Чандин падарони дигарро забонхаташонро гирифтанд, дар даъвати баҳори соли 2024 писаронашон бояд ҳозир шаванд.     

Дар бораи камбудиҳои Ванҷ пурсидед, гапро тов доду ҷавоб надод.

 Акнун ман аз камбудиҳо мегуям. Ҳама ҷо коррупсия ва ҳаромхурӣ, надоштани беморхонаи ба талабот ҷавобгу, паст будани таълиму тарбия дар мактабҳо. Пурра куҳнаву фарсуда будани биноҳои мактабҳо, камбудии рафънашавандаи барқ, ифлос будани кучаҳо. Паст будани маош ва нафақа, набудани оби ошомидании тоза. Бовар кунед аз баҳор то тирамоҳ мардуми мо оби лойолуд менушанд.

 Дар бори нафақа ҳам дуруғ гуфт. Нафақа бо 20 соли корӣ дар совхозу колхозҳо 250 то 290 сомонӣ. Мардуми ҷамоати Язгулом ва деҳаи Бунайи ҷамоати Ҷовидон умуман аз нафақа маҳруманд. Чун ҳануз дар замони СССР идораҳои совхозҳои ин минтақаҳо оташ гирифта ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кор кардани мардум, аз ҷумла китобҳои фармони раисони совхоз оиди ба кор таъин ва озод кардани кормандон ва ведомостҳои музди меҳнати кормандон сухта нобуд шудаанд. Бинобар ин ба мардум “ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дар совхоз кор кардани шумо вуҷуд надорад” гуфта нафақа намебароранд. Яъне бо шакле Язгуломиҳоро наказат доранд ва хело наказат ҳам кардаанду карда истодаанд. Ман худам Язгуломӣ нестам, боз нагуянд аз Язгулом аст. Воҳима карда гуфт, ки ман тайёрам ба мардуми камбизоат аз маошам кумак кунам. Як мошини шалақ дорад аз сабаби баланд будани нархи сузишворӣ мошинро ба куча бароварда наметавонад, пиёда ба кор рафта меояд бечора.            

 Дар охир худашро ҳамчун одами бо имону бо виҷдон гуфта таъриф кард. Охир Фурқатҷон, ту агар имону виҷдон медошти бузи амният намешудӣ ё амниятиҳо язнаи ту мешаванд?!  Ту агар виҷдону имон медошти лақабатро “ҷавони беномус” намемонданд. Ту агар имону виҷдон медоштӣ, пас аз онки қасам хурдӣ ва занат се талоқ шуд, дигар бо у зиндагӣ намекардӣ.

                 Ҷиргатол-Лахш

Салому алейкум ва раҳматулоҳи ва баракатуҳу устод Муҳаммадиқбол!

Ному насабамро намегирам, чунки ҳоло дар системаи Раҳмонов фаъолият мекунам.  Аз оҳу нолаи мардуми Ҷиргатол мегуям. Мардуми Ҷиргатол мардумаш пештар хеле мусулмон буд ва муллоҳои зиёд дошт. Касеро ҷин мезад ё касал мешуд аввалан ба хости Аллоҳ шифо меёфтанд, баъдан сабаб ҳамон муллоҳо буднд, ки мардумро мехонданд ва дарс медоданд.

 Дар Ҷиргатол дар деҳаи Карчин як буз ҳаст бо номи Дилшод. Номи писараш Шамшод. Дилшод раиси маҳаллаи Карчин аст. Вай бузи хеле калони мақомот аст. Ангишти масҷидро шабошаб медуздад. Як муллои калони қасидахон буд, ки хонааш дар поёни канал ҷойгир шуда буд. Номи он муллоро намегуям. Ҳамон муллоро ба КГБ фурухт. Ӯро бурда до того заданд, ки бечора қариб буд аз ислом рӯ гардонад.

Аммо Аллоҳ ба домулло қувват дод, сабру тоқат кард. Лекин пас аз зарбу шиканҷаи мақомот ҳоло бо асо мегардад. Магар ин ҷиноят нест? Дилшод хуб гуш кун!  Шербачаҳои дар роҳи ҳақ бисёранд. Бас кун бузиатро.

Агар як ҷавонро дар чойхонаи Карчин бинад, ки дар сафи намоз аст, дар ҳол хабар медиҳад. Мардуми Карчин ҳамааш туро медонанд, ки ту бузи КГБ ва МВД ҳастӣ. Умедворам одам мешавӣ.

    Қаландаршо яке аз авлодони генерал Шоҳ аст. Бале ҳамон Шоҳи ҳойитӣ. Қаландаршо соли тавалудаш 1998. Оиладор. Соҳиби як фарзанд. Дар ноҳия дар отдел кор мекунад.

 Вай ҳар зане, ки аз шавҳараш мебарояд,дарҳол аз қафояш мешавад. Агар духтар не гуяд, Қаландаршо сраза ягон гуноҳашро мековад ва уро таҳдид мекунад, духтар маҷбур розӣ мешавад ба ҳамхоба шудан. Яке аз ин духтарҳо номаш Орзугул. Пеш дар беморхонаи ноҳия кор мекард. Аммо ҳозир намедонам кор мекунад ё не?  Ҷолибии қиссаро гуш кунед. Зани Қаландаршо ҳамсинфи худаш аст. Номи акаи зани Қаландаршо Юсуф  мебошад. Зани Қаландаршо бо як ҳамкори худи Қаландаршо соз мегирад ва дар як утоқи ҷои хоби ҳамкори Қаландаршо бо у ҳамхоба мешавад. Бинед, ки зино кардӣ, занатро зино мекунанд. Он мард,ки зани ин Қаландаршоро зино кард, бисёри вакт бо Қаландаршо якҷо мегаштанд.

 Дар як туй шиштем. Ҳамон ҷурааш бангро мезанаду мегуяд, ки ман зани ӯро ҳамин хел кардам. Ин гапро яке аз наздикони он мард ба ман расонд. Акнун замонаш расид, ки ба шумо гуям. Агар дар ягон деҳа туй шавад дар ҳол Қаландаршо хабар меёбад ва шаҳро занг зада мегуяд, нест ягон ташкилӣ? Шаҳи бечора ноилоҷ майлаш мегуяд ва баъди туй шаб дар хонаи туйдор мераванду арақу бангу чарс мезананду бо ҳамроҳашон як ҳофизи дигарам доранд. Он ҳофиз живой мехонаду онҳо ташкилӣ банг зада дам мегиранд. Э,мардум чаро ин қадар беномус шудаед?  Дар хонаатон даромада истодаанд, чаро хапед?

  Дар Ҷиргатол дар 24 соат ҳамагӣ 8 соат свет медиҳанд. 4 соат рӯз 4 соат шаб. Вале дар хонаи раиси Ҷиргатол, хонаи Қаландаршо ва участковий ҳамавақт свет ҳаст.

 Боз як шикояти дигар аз кумитаи замин. Кумитаи замин деҳқононро маҷбур мекунад, ки дар заминатон картошка шинонед. Мегуянд, ки фармони лаънаткардаи Аллоҳ аст. Мардуми Ҷиргатол1 сол ё 2 сол картошка мешинонад, заминро бояд дам бидиҳанд. Бояд1 сол ё 2 соли дигар беда ё ба лафзи ҷиргатолиҳо рушқа кишт куннад, ё 1сол дам диҳанд. Аммо ин ҳаромхурони кумитаи замин бо кумаки бузҳояш яке аз онҳо Дилшоди карчинӣ аст фахманд, ки дар фалон замин фалонӣ рушка ё беда кишта аст дарҳол рафта соҳиби заминро фарёд мекунанд.  Мегуянд, ки ту фармони Пешоби миллати моро рад кардӣ, ту хоини миллат ҳастӣ,  чаро дар заминат картошка накардӣ гуфта шантаж карда пулҳои калон мекананд. Халқро маҷбур мекунанд, ки заминҳои аз қувват мондаро кишт кунанд, албатта бар зарари худ. Чунки ҳосили дуруст намедиҳад.

Мактабҳои Ҷиргатол ҳоли хуб надоранд.
Дар ҳама мактабҳои ноҳияи Ҷиргатол сару либоси мактабиро маҷбурӣ ба талабагон доданд. Формаи духтарона аз 150 сомонӣ сар мешава то 200 сомонӣ. Писаронааш бошад аз 200 то 250 сомонӣ. Ба замми онки ин либосҳоро маҷбурӣ мефурушанд, боз пули обуна мегиранд. Аммо дар он газета фақат сурати ҳамин модарбахато рафтаи Раҳмонов аст .Як хел талабаҳо сум оварда наметавонанд, надоранд. Дар чунин ҳолат роҳбарони синфро маҷбур мекунанд ва аз маошҳояшон минус мекунанд. Як гап занӣ сраза директорҳо ба КГБ хабар медиҳанд, ана баъд тамом, мурдӣ. Меоянду ягон говатро мегиранду мераванд. Сумашро мегиранду баъд раҳоят мекунанд. Ин ҳолат дар дигар мактабҳо низ ҳаст.

  Мактаби дар Қалъа, мактаби Майдунтерак, мактаби худи ноҳия ҳам дар чунин вазъият қарор доранд. Охир ин чи ҳол аст? Мактаби бечораи Ҷиргатолро дар ҳоли худаш гузоред.

  Тоқати мардум тоқ шуда истодааст. Валлоҳӣ, биллоҳӣ ждат доранд, ки кай ягон марди ҳақиқӣ муборизаро дар роҳи ҳақ сар мекунад, ки мо ҳам бихезем.

 80% бачаҳои Ҷиргатолро Қаландаршо бангӣ карда истоааст. Боз худаш номардона якто- якто меқапонадашон. Бангро аз Душанбе ана ҳамон марде, ки бо занаш ҳамхоба шуд меорад ва ин Қаландаршо мегирад ва ба баригаҳояш медиҳад. Онҳо савдо мекуннад. Ва мехаридагиҳоро якто- якто мебарад маҳкам мекунад, сум меканад.

  Дар рубаруи Амонатбонки Ҷиргатол як магазин ҳаст бо номи Ваҳдат. Дарунаш медароӣ долони ростакӣ дорад. Тавассути долон дар тарафи рост 2- 3 кабинет ҳаст. Дар яке аз он кабинетҳо зани Қаландаршо бо дусташ ин амали бадро анҷом додааст.

  Иншоаллоҳ митинг аз ҳамин Ҷиргатол сар мешавад, камаш мондааст.

   Мо мардуми Ҷиргатол ҳамаамон шуморо тамошо мекунем ва дида истодаем, ки ҳақро гуфта истодаед.

  Боз як ҳолати дигареро мегуям. Агар ягон кас зан гирад аз ҷамоат справкаро дар 25- 30 сомонӣ мегирӣ. Бояд бепул бошад. Боз баъди ҷамоат мегуянд, ки рав назди Раиси ноҳия ва аз онҷо иҷозатномаатро гир, ки дар он иҷозатнома соати туй ва аз  кай то кай ва чанд нафар бояд фарёд кунӣ навишта мешавад. Барои инаш боз аз ҳамон туйдор 250 то 300 сомонӣ талаб мекунанд. Надиҳӣ, иҷозат намедиҳанд.Охир ин чӣ танзим шуд ва чи зулм аст болои мо намедонем. Бовар кунед ин ҳукуматдории Раҳмонов як бало аст, дигар гап намеёбам гуям дар ин ҳама мусибатҳое болои мо овардаанд.

                        Зафаробод

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳм ва баракатуҳу. Бародар, умедворам хубед! Як чанд фикру мулоҳиза ва саволу пешниҳодҳо дорам. Аз фикрҳо сар кунем.

 Баъди ҳар як барномаи «Минбари муҳоҷир» тарафдорони ҳукумати сохтаи Тоҷикистон ночор аз пушти бартараф кардани камбудӣ мешаванд. Ба мисоли таъмири варзишгоҳи ноҳияи Зафаробод, ки бо айби ҳукумати ин ноҳия ва дастгирӣ накардани тими футболи “Равшан”-и Зафаробод баъди 2 соли ташкил шуданаш аз байн рафт. Вақте, ки командаи футболи «Равшан»-и Зафаробод ба лигаи олии Тоҷикистон баромад, (ин тим бо сарпарастии як ҷавонмарди зафарободӣ Хурсандмурод Ҷумъаев ташкил шуда буд) ҳукумати ноҳия ваъда дода буд, ки варзишгоҳи чанд сари сол валангор хобидаро таъмир ва тимро дастгирии молӣ мекунанд, лекин ваъдахилофӣ карданд. Ва аҳволи варзишгоҳро ба шумо бародар Салим нишон дод. Ва ҳоли ҳозир боварӣ дорам, ки бо сабаби расонаӣ кардани «Минбари муҳоҷир» ин варзишгоҳ таъмир шудаистодааст. Вақте шумо ин гуруҳи тарафдорон-чоплусонро қасам медиҳед, то росташро гуянд, онҳо каме ҳам бошад ошуфта мешаванд. зуд аз қуръону ҳадис мисол меоранд, ки: “Ту худат медонӣ, ки қасам чанд намуд мешаваду талоқро ба забон овардан дуруст нест”. Ба фикрам инҷо Шурои уламои тарсу ва муллоҳои дарборӣ, “ёрдам”-и худро расонида истодаанд. Боварӣ дорам баъди барномаи № 216-и «Минбари муҳоҷир» ҳамон посбонхонаро ҳам аз пушти мактаби №19-и ноҳияи Шаҳристон “нест” ва ба хок яксон мекунанд ё ба посбонгоҳ (қаравулхона) бар мегардонанд. Ва як бори дигар ҳама, аз ҷумла мардуми муҳоҷир ва озодандешон шоҳиди ҳақиқат шуданд, ки“Ислоҳ” тавонист генерал Рашид Дустум (Собиров Ҳамроҳқул ба Дустум монанд будааст) ро дар соати 12-и  шаб маҷбур созад то ними мактабро чарх занад.

 Ба мулоҳиза ва ақида мегузарем: Ба ақидаи банда тарс ҷои бесаводиро ишғол карда ва шахси донишмандро ҳам бесавод мебаровардаст. Мақсад аз ин чист? Мисол вақте савол медиҳем ба чоплусон, ки ҳамин пешвоятон бесавод аст, ё чаро дар чанд мансаб нишаста аст? Аз тарс худро бесавод вонамуд карда ҷавоб медиҳанд, ки Раҳмонов ва оилааш арзандааст.  Яъне худро бесавод меҳисобанд. (мухолифонро не) Дар ҳақиқат ҳукумати сохта ҳеҷ вақт дар мансабҳои болоӣ ба мухолифони худ ҷои кор намедиҳад. Ва тарафдоронашро ба чени як кирмаки пилла қадр намекунад. Ммсол оварданам аз пилла дар он аст, ки дар  вақти ҷараёни кори  кирмаки пилла  барқро медиҳанд ва лимит бардошта мешавад, (апрел -май) ва ин бо шарофати “пилла” аст.

  Ба савол гузарем: Ба тарафдорони Раҳмонов савол диҳед, падарат қазо кард, чи мекунӣ акнун, зиндагиат чи тавр мегузарад? Сад дар сад боварӣ дорам, ки ҷавоб мегардонанд: “Хайр тақдир ҳамин аст, ҳамин қадар умр доштааст, зиндагӣ давом дорад, Аллоҳ ба шахси зинда ризқашро мерасонад”. Лекин, вақте савол диҳӣ, ки зиндагӣ бе Раҳмоновро чи хел мебинӣ? 100 дар 100 ҷавоб медиҳанд, ки нее мо мехоҳем, ки 100 соли дигар дар сарамон соябон  бошад (астағфируллоҳ).

  О, ношукрӣ сару руят “тухм”!. Вай кундаи хушк аст, ки меистад?

Пешниҳод! Пешниҳод ҳам ба тарафдорони Раҳмонов ва ҳам ба озодандешон ва мухолифон! Пешниҳод дар бораи ман -манӣ. Ба мисоли“номи ман Исҳоқов  Аюб”. Ношукри сару руят тухм! Охир ҳамин ҳам бесаводиашро маълум мекунад (ба ҷои он ки гуяд ному насаби ман Исҳоқов Аюб, мегуяд номи ман Исоқов Аюб- гуфти мардуми Ёвон, охир г-ро хурдӣ?) Даҳ бор такрор мекунад.

  Дар барномаи гузашта ( №215) 2-3 дақиқа такрор ба такрор таъкид кардед, ки ман нагуед, агар фаҳмед, ки шахсан банда   ( худро дар назар доштед) куҷое сухани ман манро гуям, ислоҳам кунед, лекин боз як бародари мухолиф аз ман гуфтан бефара нашуд. Дар вақти донишҷуӣ як устод доштем, ки дар бораи ман -манӣ як мисол оварда буд. Асли манӣ чист, ки ман манӣ мекунӣ? Бародар агар мо ҳам, ки ман манӣ кунем, дар он вақт аз чоплусон ва Раҳмонову вазиронаш чи фарқ дорем?

 Мо ҳамагон тими Ислоҳем! Агар куҷое ноҷо ё хато бошад, он вақт “ислоҳам” кунед!  Боқӣ дар амони Аллоҳ. Ҳа, ногуфта намонад номи вай Исоқов Аюб!

 Инро ҳам бигуям, ки ман ҳамаи барномаҳои шуморо мебинам. Он домуллое, ки аз Дустӣ баромада гуфт, ки ҳиҷоб мумкин ҳаст дар мактабҳо ва бо акаи Салмон баҳс карда буд ва шумо бо чанд оятҳои Қуръони карим ба у мисол оварда будед, маълум, ки дуруғ гуфт.

   Ман як ҳамсинф доштам ҳамеша бо ҳиҷоб ба мактаб меомад . Вале мутаассифона ӯро муаллимаҳо маҷбур мекарданд, ки ҳиҷобатро каш

  Он ҳамсинфам гиря карда мегуфт беҳтараш маро аз мактаб пеш кунед вале нагӯед, ки ҳиҷобатро каш.

  Маҷбур мекарданаш, бечора духтар аз гиря чашмонаш сурх мешуд, болои парта пури об мешуд. Вале вай  гирякунон  танҳо сатрашро мекашиду руймолашро не. Бечора духтарро бисёр ғам медоданд аз барои ҳиҷобаш. Баъд он бисёри вақт ба дарс намеомад аз дасти муаллимаҳо. Мепурсиданаш, ки барои чи ба дарс наомадӣ, маҷбур дурӯғ мегуфт, ки бемор будам. Хуллас, як бало карда то синфи 9 хонд ва аз мактаб баромад.

Нафари дигаре, ки дар пахши мустақим бо шумо суҳбат кард Шералиев Сабур, сардори шуъбаи шуғли аҳолӣ буд. Шумо аз вай пурсидед, ки дар Зафаробод чанд литсей ҳаст, ҷавоб дод. Боз шумо савол додоед, ки чи хел таомҳо барои хонандаҳо медиҳед. Вай гуфт дар як ҳафта 2 бор ош, 2 бор гречка ва макарон медиҳем гуфт.

Дуруғ мегуяд. Худам як сол дар литсей 41 хондам, ягон бор гречка надидаам ва нахурдаам. Танҳо рӯзҳои ид ош мекарданд ва он ҳам ба номаш, касе успет кард мехурд

  Хуроки ҳаррӯза: 1рӯз макарон ва1рӯз приловка.

                                                Ҳисор

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини шаҳри Ҳисор мебошам. Айни ҳол дар муҳочират ҳастам. Аз шумо хоҳиши онро дорам то суханони маро дар барномаи номаҳо гузоред. Ман дар бораи набудани барқ ва зулм дар яке аз ҷамоатҳои шаҳри Ҳисор мегуям. Дар мо лимити сахт ҷорӣ шудааст. Ҳамин рӯз, зани акаам, ки ҳомила буд, падарам ӯро ба зоишгоҳ бурд. Аммо барқ нест.

  Бародар дар ҷамоати деҳоти Хонақои кӯҳи ҳатто роҳи дурусти мошингард нест. Ҳатто дар маркази шаҳр, дар беморхонаи гӯшу гулу ва бинӣ, ки ҳаррӯз 100 одам муроҷиат мекунад лимит аст. Ман 22 сола. Аз сабаби хуб набудани вазъи оилавиамон донишгоҳи миллииро дар курси 4 партофтам. Сабаб дар он буд, ки аз ман барои кори дипломӣ ва хатм 2000 сомонӣ талаб карданд. Дар ҳолате, ки ман буҷавӣ таҳсил мекардам. Баъд аз омаданам чанд маротиба раиси ҷамоати Хонақоҳи кӯҳӣ бо комиссариати ҳарбӣ ва раиси деҳа ба хона омаданд барои хидмати сарбозӣ. Ҳатто падарамро таҳдид карданд, агар 7000 нархи як сарбозро надиҳӣ тюрмаат мекунем. Имоми масҷид аз тамоми одамон пул ҷамъ кард, то суми як сарбозро диҳад. Боз мегуянд, ки дар Тоҷикистон озодӣ аст.

                                          Айнӣ

 Салом, домулло Муҳаммадиқбол! Аз қишлоқи Рарзи шарифи ноҳияи Айнӣ менависам.  Мардуми Рарзи шариф барномаҳои шуморо гӯш ва тамошо мекунанд ва интизори барномаҳои наватон ҳастанд.

Ман дар бораи ГЭС-и деҳа дар манзили Осиёи мир Ҳофиз навишта будам. Ин ГЭС ро надуздидаанд ва на фурӯхтаанд. Лекин онро сохтем гуфта  ҳисобот доданд. Ин нотарсиро бинед!  Пули давлатро гириву ё ки пули кумаки хориҷаро гириву ГЭС сохтам гуфта ҳисобот диҳӣ ва боз дар телевизиони марказӣ нишон доданд, ки дар ноҳияи Айнӣ, қишлоқи Рарз боз як неругоҳи калонтарин ба истифода дода шуд. Шарм бидоред, аз ҳисоботҳои бардуруғ. Канӣ, бифаҳмем, ин хизмати хирсонаро кӣ ба души худ гирифтааст ва бо дастгирии кӣ? Кист ин марди ( шайтон) бишносед ӯро! Ин марди Ҳотам дар   чашми мардуми Рарзи шариф хок пошида гаштааст. Пули ГЭС-ро гирифта як таҳкурсии тахминан як ба як сохту гуфт марҳамат, мардуми қишлоқ. Ман даҳани калонҳои ин деҳаро маҳкам кардам!

  Канӣ ҳукумат, канӣ органҳои дохила, канӣ прокурор, канӣ бехатарӣ? Чаро намепурсед, ки ГЭС сохта шуд ё не?

Чаро ҳисоботи дуруғ додӣ бо ин Бобои баксро муҳтарами номӯҳтарам Сангинов Абдулаҳад, собиқ раиси хоҷагии Рарз ва собиқ раиси ҷамоати Рарз дастгирӣ мекард.

  Чойхонаи қишлоқи Рарзи шарифро қулф зада маҳкам кардааст. Як бор ҳукумат ва раиси ҷамоати Рарз бипурсед, ки бо кадом сабаб чойхонаро қулф мекардааст? Мусофирон чи кор бикунанд? Хати Оби шафит то ба охир нарасид, ГЭС нашуд, инҳоро кӣ мепурсад, ё ки Бобои бакс аз осмон чакидааст? Аз қонун ва давлат натарсидед, каме аз Аллох битарсед! Эй мардуми Рарзи шариф!  Шумо аз пушт гап назанед, баромада аз ҳукумат талаб бикунед!  Бас аст фиребу найранг.  

 Агар ислоҳ нашавед давом дорад, интизор бимонед. Огоҳӣ ба мактаби № 3-и Рарзи шариф. Муҳтарам директори мактаб!  Шумо бояд дар мактаб кадрҳоро иваз бикунед. Ҳамон муаллимони бе интизомро аз мактаб сурашон бикунед ва муаллимони бо виҷдонро монед, кор бикунанд. Мактаб ҷои зинокориву майнушӣ нест.  Интизори тағйирот ақалан дар мактаб ҳастем.

                                Исфара

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара. Дар як вазифаи давлатӣ адои хидмат мекардам ва аъзои ҲХДТам феълан, бекор.

 Ҳамаи он барномаҳое, ки аз тариқи шабакаи Ислоҳ пахш мешавад, пайгирӣ мекунам ва барояш интизорӣ мекашам. Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» таҳти рақами 54  ҳар чизе ба шумо  расонида шуда буд воқеъият аст. Ман худ шоҳиди ҳар чизе дар он зикр намудед ҳастам. Онҳое, ки номашон зикр шуд раиси ҷамоъат Аҳмадов Сарвар Обидович ва ҷонишини раис Ҷумаев Баҳодурҷон Сафарович , дар таҳлука афтоданд. Дар байни коргарони ҷамоъат  гумонҳо бо якдигар пайдо шудааст.

Боз ман ҳам аз дуздии навбатии Раиси Ҷамоъат Сарвар ва Баҳодур.

 Соли 2022 дар моҳи июл ва август  мардуми маҳаллаи Навободи ҷамоъати Сурх  тақрибан 1 -то 1,5 км роҳи дохили маҳалларо асфалт карданд, аз ҳисоби мардум  бо маблағҷамкунии маҷбурӣ ва «барои ободӣ».Ва нафаре ба номи Каримов Мусо  бо лақаби (кали Шариф) ба ҳар роҳ аз сокинон сум мегирифт. Мегуфт мошин дорӣ, бояд сум диҳӣ, касе рад мекард  ба Сарвар бузӣ мекард. Дар охир ба ман маълум нест чанд ҳазор $ ҷамъоварӣ карда шуд. Ин маҳалла  бизнесменҳои зиёд дорад. Роҳ асфалтпуш шуд. Аммо чи қадар суми боқимонда аз кисаи мардум ба киссаи раиси ҷамоъат ва ноибаш рафт ба ман маълум нест. Ба гуфтаи кали Шариф  на камтар аз 15000 $ суми боқимонда. Дуздӣ аз Пешвояшон сар карда то раисони ҷамоъатҳо ба авҷ расидааст.

  Сарвар  боз мегуфтаст давр дар даст аст, бояд даврро биронем, «ин раиси ба мана мероси падар». Чи хеле медонед падараш раиси ҷамоат буд солҳои 2000 ум. Боз мегуфтааст, ки маро ҳеҷ касе аз раисӣ гирифта наметавонад: «ҳамааш аз ман доляша мегирад ,расми манро бинад дуқат шуда салом медиҳад, ҳатто ҳукумат иваз шавад ҳам ман Раис боқӣ хоҳам монд». Вақто Сарвар раис шуд ранги пешвояш  ҳеҷ чиз надошт. Ранги гадо буд, пошнаҳои туфлиҳояш яктарафаш хурда шуда  буд. Имруз  бошад аз ҳисоби дуздӣ тинҷ шудааст.

Баъди нашри ин нома Сарвар бояд ба ҷавобгарӣ кашида  шавад. Дар барномаи «Минбари муҳоҷир» №217 ранги Сарвар як раиси ҷамоъати дуздро дидам ба номи Қаҳрамон аз Шаҳристон. Ин ҳама раисони пасво якхел буданд.

 Каримов Мусо ё Кал Шариф  қаблан дар Русия мент буд. Ба ҳамагон маълум  аст, ки бо ҳамкорӣ ё бевосита ба дасти вай чанд нафар бизнесменҳои қишлоқ  ба қатл расонида  шуд.2 нафар ака ва додар ба номҳои Ашурмуҳаммадов Орифҷон ва Ашурмуҳаммадов Амонуллоҳ  бо таври ваҳшиёна дар манзили зисташон  дар шаҳри Москва  дар моҳи ююни  соли 2005 кушта шуданд. Чанд нафари дигар бо туҳмат зиндон шуданд. Ҷинояти дигари Кал Шариф ин аст ки аз Тоҷикистон ба Русия меваҳои хушк интиқол медиҳад ба роҳи Оҳан ва дар дохили вагонҳо героинҳои домоди  пешворо ба ҷо карда бурда ба нафарони маълум мерасонад.  Солҳои пеш 3 нафари дигар бор интиқол медод ба Русия:

  1.Ҷураев Ҷура, 2. Додохонов Абдураҳим ва 3. Сафаров Камолиддин. Ҳар сеи ин нафарро бо ҳар баҳона  аз ин кор берун  ва ин бизнесро аз худ кард. Гоҳо  борҳои онҳоро аз вагон медуздид дар роҳҳои Қазоқистон ё дар дохили вагон гера ҳаст гуфта  хабар мекард. Дар охир онҳо қарздор шудаву маҷбур аз ин кор берун шуданд. Баъди барномаҳои шумо ман хеле чизҳоро фаҳмидам. Дар ҳукумати имрӯза ба  монанди  Сарвар  кам нестанд. Ин мақомоти фасодзадаи пасво  чи кор мекунад барои Миллат? Ҳеҷ гоҳ дар дарду ғами миллмт ҳамроҳ нест. Гуфтаниҳои зиёд дорам дар оянда навишта хоҳам кард.

  Ва, дар охир як чизро гуфтаниям. Аллоҳ маро мебахшида бошад, ки аъзои ҲХДТ ҳастам.

 Ин суолро аз ягон муллои буз бипурсӣ, ба амният мерасонад. Барои ҳамин аз шумо пурсидам. Аммо мо дар ҳудуди ҷамоъат мардуми зиёд тарафдори шумо ҳастем.

                                Деваштич

  Ассалому алейкум муҳтарам устоди азиз! Номаи маро аз оғоз то анҷомаш бихонед.

  Ман сокини ноҳияи Деваштич, ҷамоати Ваҳдат, деҳаи Қалъаи Дӯст ҳастам. Гуфтаниям, ки раиси ноҳияи Деваштич хоини миллат аст. Заминҳои мардумро фурухта истодааст.

   Замнҳои қади роҳи асосии назди беморхонаи ҷамоати Ваҳдатро фурухтӣ ба сокини деҳаи Чуянгарон кам набуд? Болои беморхона, роҳи деҳаи Қалъаи Мирзобойро ба сокини деҳаи Қалъаи Мирзобой фурухтӣ кам набуд? Сойи Басмандаро барои карер фурухтӣ кам набуд. Замини ҷамоатро, ки идораи ҷамоат дар он воқеъ буд, нисфашро барои сокини деҳаи Шоҳон, ки ба қавле тағоияш вазир аст, фурухтӣ кам набуд? Нисфашро ба сокини деҳаи Қалъи Мирзобой фурухтӣ, кам набуд? Оё ту фикр мекунӣ ҳеҷ кас намефаҳмад. Ба тамоми мардум мерасонам. Пешвоят хабар ёбаду огоҳ шавад аз туи палид. Ин қадар бад нафси ту. Поёни деҳаи Чуянгаронро ба тамом фурухтӣ ба сокини деҳаи Чуянгарон кам набуд?

  Ҳамин сол барои зиёрати Каъба рафтан ба Ҳаҷ аз ҳоҷиҳо 25000 сомонӣ ришва гирифтӣ, кам набуд? Мард аз майдон аст, эй кормандони амният! Шумо ин суханони маро мешунавед? Мард бошед, раиси ноҳияро бароред ба барномаи онлайнии Ислоҳ ру ба руи Устоди ман! Агар ин суханони ман дуруғ бошад, исбот кунад. Ман ҳам медароям. Ман медонам аз дасти шумон палидҳо ҳеҷ коре ғайр аз порахурӣ коре намеояд . 

 Имоми деҳаи мо имоми военкомати ҷамоати Ваҳдат аст. Оё ту диплом дорӣ, ё бародаронат дипломи туянд?

    Ин имом дар ҳар қишлоқ чоплуси худашро дорад, ки ҳама маълумотҳоро мерасонанд. Бар ивази 5000 сомонӣ дар як призив як ҷавонро ба комиссариат даъват намекунад. Вале боз призиви нав шавад боз 5000 сомонӣ талаб мекунад. Надодӣ, фарзандатро мебарад ва аз номи дигар ноҳия гусел мекунад.

  Коргарони ҷамоати Ваҳдат ҳар қадаматон зери назорат аст. Аз ҳар шаҳодатномаи таваллуд 75 сомонӣ мегиред ва аз ҳар справка 10 сомонӣ мегиред. Ман ба гуфтану навиштан шуруъ кардам, ҳамаатонро фош месозам. Тими “Ислоҳ” дар Деваштич фаолияти худро оғоз кард ва интизор бошед!

  Аввал аз раиси ноҳия сар кардам. Мебинед дафъаи навбатӣ аз коргарони ҷамоат ва раиси ҷамоат хоҳам гуфт.

   Байни ману шумо фарқ хеле калон аст, эй чоплусҳо.  Шумо бо пешвои худ шикоят кардан наметавонед. Вале ман ба бародар Муҳаммадиқбол шикоят карда метавонам. Ана ин аст бо мардум будан ва фарқи байни ману шумо. 

                                    Ворух

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Агар огоҳ шуда бошед, чанд рӯз пеш раиси хонасухтаи деҳаи Ворух Меҳринисо Раҳматова як нома дар фейсбук чоп карда ба ҷавонони Исфара ва кишвар насиҳатҳои зиде кард. Ва онро бо Фарҳад Мирраҳматов ба тамоми группаҳо тақсим карда истодаанд. Дар бораи номаи ин раиси чизе намегуям. Бигзор ҳар кас худаш хонаду баҳо диҳад. Аммо худи ҳамин Фарҳад 2 фарзанди хизматнокарда дорад. Бачаҳояш дар Новосибирск. Аммо худаш бачаҳои мардуми камбағалро ба амният хабаркашӣ мекунад то амният оилаҳои онҳоро дастгир кунад. Мегуянд, ки дар мудатти кутоҳтарин агар бачаатро аз Русия наовардӣ туро ҳамчун хоини Ватан статья зада аз озодӣ маҳрум ва хонаатро ба давлат мегузаронем. Фарҳад ҳамроҳи амният ва начальник милиция доим ҳамроҳ нишаста картабозӣ мекунанд, албатта, бозӣ бо пули калон….
  Ин хабар ҳамин имрӯз расид, Бояд санҷид. Як одами камбағал ва бемор, ки дар маҳаллаи Кучаи Боло зиндагӣ мекарду ду писар дорад ва якеаш аз паи ризқи оила ба Русия омада кор карда оиларо пеш мебурд. Моҳи май падари беморашро милиция бурда мегуяд, ки агар фарзандат наояд хафа нашав ва боз чи қадар угрожат мекунад. Фарҳад ин гапро фаҳмида ба хонаи ин бечора рафта мегуяд хоҳӣ ки бачаатро халос кунам 100 ҳазори русӣ медиҳӣ, ман фарзанди туро халос мекунам. Ҳамин хел 100 ҳазор қарз карда ба Фарҳад медиҳад. Аммо боз мохи октябр милисаҳо ба хонаи ин одам меоянду мегуянд то ҳол фарзандат наомадааст. Агар ба нағзӣ наояд ба у статьяи 307 мезанем. Ин одам ба хонаи Фарҳадро рафта мегуяд, ки пулро гирифтӣ, чаро боз милисаҳо ба хонаам омаданд? Фарҳад мегуяд, ки ман ҳамон вакт бачаатро озод кардам, ку, боз чи мехоҳӣ? Ман то охири умр ваъда накардам. Ман ҳамон вақт корамро иҷро кардам. Дигар ба хонаи ман наё, ки проблемаат мешавад.

 Фарзандони Фарҳад инҳоянд, ки дар Новосибирск мебошанд:
1. Мирраҳматов Баҳманёр
2. Мирраҳматов Нуралӣ
Инҳо хизмат намекунанд ва касе ҳам аз инхо намепурсад, аммо фарзандони дигарон ба маҷбури ба хизмат бурда мешаванд.  Агар адолат ҳаст чаро инҳоро даъват намекунед? Фарҳад гуфтааст: “ ман раиси ноҳия ва военкамата задагӣ, медонам бо кӣ кор кунам ва чихел кор кунам”

Share This Article