Як «приём»-усули дигари «бара» кардани мардум дар байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, яъне ҳукуматҳои навоҳиву шаҳрҳо «муд» шуда истодааст. Ин ҳам бошад аз ҳисоби пули мардум «корҳои ободонӣ» кардан ва аз номи худ кушодани ин иншоотҳо аст. Аслан ин приём аз худи Раҳмонов ба инҳо омадааст. Мардум худашон пул ҷамъ карда синфхона, дорухона, беморхона ва ҳатто роҳҳо месозанд, аммо раиси ноҳия омада ҷаласааи тантанавӣ баргузор карда лентаи рамзии онро мебурад ва ё парда аз рӯйи лавҳи он мебардорад. Ва аз ҳисоби мардуми ин деҳа зиёфати хубе ҳам мехурад ва ба номи худаш дар ВАО сабташ ҳам мекунаду меравад. Тааҷҷубовараш ин аст бе ягон шарму изо мегуянд: «дар сохтмони ин иншоот ва ё бино ҳукумати ноҳия фалон миқдор пул дод». Аммо ҳама медонанд, ки ҳукумати ноҳия дар ин сохтмон ягон дирам сарф накардааст, аз буҷаи ноҳия он маблағе,ки мардуми минтақа онро сохтаандро ҳам списат карда дар кисаи худаш мезанад.
Номаҳои зиёде аз сартосари кишвар ба дасти мо мерасанд, ки бо яке аз онҳо барномаи навбатиро шуруъ мекунем.
Истаравшан
Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Истаравшан бароятон менависам, аз деҳаи Ниҷонӣ. Дар бораи мактаби нави деҳа гуфтаниам. Дар мактаби ин деҳа се синфхонаи ва як бинои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Ин синфхонаҳо дорои 50 ҷойи нишаст мебошад, ки 31 август ба истифода дода шуданд.
Расонаҳои расмӣ, аз ҷумла масъулони шуъбаи маорифи ноҳия гуфтанд, ки «Синфхонаҳои мазкур ба таври ҳашари дастаҷамъона аз ҷониби сокинони деҳа бунёд гардида, ҳамчун кабинетҳои фаннӣ ҷиҳозонида шудааст».
Инчунин, дар маҳаллаи Зартеппаи деҳоти «Ниҷонӣ» бинои нави таълимӣ аз 6 синфхона, китобхона ва 2 утоқи маъмурӣ бо дастгирии сокинони маҳаллаи мазкур бунёд карда шуда, имрӯз мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур алҳол ҳамчун филиали МТМУ №55 ба қайд гирифта шуда, дар ду баст имкони ғунҷоиши 360 ҷойи нишастро дорад.
Таҷҳизоти ин муассиса аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дастрас карда шуд.
Раиси шаҳри Истаравшан А.Маъмурзода дар ифтитоҳи иншооти мазкур иштирок карда, зимни суҳбат бо сокинони деҳаи Ниҷонӣ ва Зартеппа ифтитоҳи синфхонаҳо ва бинои нави муассисаи таълимиро шодбош гуфт.
Аммо устод Муҳаммадиқболи Садриддин ба шумо бояд руирост бигуям, ки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва шуъбаи маорифи ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар сохтмони ин синфхона ва бинои иловагӣ ягон кумак накардаанд. Ҳамааш аз пули мардум ва пули муаллимон ва пули муҳоҷирони кории ин деҳаҳо аст.
Аммо раиси шаҳр барои ин мардум, муаллимон ва муҳоҷирон ягон даҳан ташаккур нагуфт.
Ман ба ин мардум раҳмати калон гуфта аз онҳо пурсиданиам, ки барои чи як даҳан нагуфтед, ки вақте ҳамаашро худамон сохтем ту барои мо чи даркор, мо худамон бинои мактабамонро мекушоем. Ман ба Адҳам Маъмурзода хитоб карда гуфтаниам, ки чаро бояд ту омада бинои мактаби моро кушоӣ? Боз барои омадан ва зиёфат кардани ту муаллимҳо хароҷоти зиёдатӣ карданд.
Ту бо кадом ору номусу виҷдон шарм накарда қишлоқи мо омадӣ? Ба мактабамон як сомонӣ кӯмак накардӣ? Боз омада бешармона мактаб мекушоӣ? Бо кадом рӯйят ин корро кардӣ?
Як ду сухан дар бораи осоишгоҳ-санаторияи овозадори Ҳаватаги Истарвшан. Ин санатория ҳануз аз даврони СССР маълуму машҳур буд. Чунки инҷо оби маъдании ҳамном бо ин санаторияро дошт, ки хосияти зиёди шифоӣ ва табобатӣ дорад. Ин санатория чанд сол пеш ба дасти оилаи Раҳмонов, аниқтараш ба дасти Тахминаи духтараш гузашт.
Аз Ҳаватаг ҳозир ягон чиз намондааст. Ҳама чизҳояшро канда фурӯхтанду шикастанду ғорат карданд. Моҳи июни соли ҷорӣ ба сохтмони он сар карданд. Дар назди санатория се нафар замин ва хонаву дар доштанд. Он заминҳоро ҳам ба масоҳати бинои нави санатория илова карда онҳоро даруни забор гирифтанд. Он одамҳо чи кор карданд, куҷо рафтанд, хонаву дару заминашон чи шуд номаълум.
Дар назди ин санатория қисми ҳарбӣ воқеъ аст. Афсару сарбозои ин қисми ҳарбӣ ҳам чизу чораи ин осоишгоҳро дуздида фурӯхтанд. Боз аламовараш дар он аст ки ин сарбозҳо дар дашту заминҳо ду –се нафар пулдор мардикорӣ мекунанд. Аммо пули кори онҳоро командирҳо мегиранд. Сарбозҳо аз гушнагӣ пеши деҳқонҳо рафта тарбуз, харбуза, ангур ва нон талабида мехуранд.
Баъзе сарбозҳои пулдор пулро дода як моҳу ду моҳ рухсатӣ гирифта ба хонаҳояшон мераванд. Як кас намепусад, ки инҷо чи гап аст.
Санаторияи Ҳаватаг акнун ба моли шахсии духтари Раҳмонов табдил дода шуд, ки то ҳамин санаторяи мондагӣ буд, ки инро ҳам кашида гирифтанд.
Исфара
Асалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! .
Мо як гурӯҳ аз мухлисони шумо аз деҳаи Зумрадшоҳ, Мо роҳи Зумрадшоҳро мумфарш кардем. Аз сари деҳа то ба поёни деҳа. Ин беинсофҳои ҳаромхур пули ҷамъшудаи халқро гирифта квадрати асфалтро 60сомонӣ зада аз халқи Зумрадшоҳ 86 сомонӣ гирифтанд. Яке аз ин ҳаромхурҳо Олимов Қозӣ Мамадхуҷаев ва боз чор нафари дигар аз ҳамсинфонаш мебошанд.
Инҳо ҳама бузҳои қишлоқанд. Абдурабӣ гуфтанӣ шахс ба Олимов Қозӣ гуфтааст, ки ин маблағ зиёд буд. Чаро ту халқи Зумрадшоҳи худатро фиреб дода истодаӣ. Ин Қозӣ бошад аз мошинаш фуромада «ман ҳозир туя фалон мекунам» гуфта ҳақоратҳои безеб кард. Сонӣ ҳарду ҷанг шуданд. «ҳоли ист, мо туро аз таваллуд шудагиатам пушаймон мекунем» гуфта угрожат кардагӣ. Сонӣ бачаҳои халқи Зумрадшоҳ худашон корро сар карданд. Одамҳои Эмомтапак омада съёмка карда «раҳмат ба Ҷаноби олӣ» роҳҳои деҳа асфалт шуд, гуфта нишон доданд.
Боз ин халқи бечораи Зумрадшоҳ ин ҳаромхурҳоро ду, се рӯз зиёфат карданд. Как будто ин ҳамаро давлатамон карда бошад.
Э, халқи Зумрадшоҳ, бедор шавед. Ман худам ба чашмам дидам, ки медаветон. Ҳамин Олимов Қозӣ ягон сарукор кунад. ба ҷанозаашон ҳам наравед. Бедор шавед.
Халқи Зумрадшоҳ ҳамин қадар заҳмат кашид, ҳамин қадар мекунад. Охир мактаби 17-ро ҳам полни аз нав ремонт кардем. Бачаҳои Зумрадшоҳ аз муҳоҷират пул ҷамъ карда мактабро комилан таъмиру тармим кард.
30000сомониро аз байн дуздиданд. Ду синфхона монд таъмир нокарда. Бас будагист акнун. Халқи Зумрадшоҳ илтимос мекунам, ки бедор шавед.
Ин беномусҳои гушнамеъда ҷои тарс надоранд. Участковийи қишлоқ ҳамаро угрожат мекунад: «ин хоная ба кадом пул сохтӣ, пула акучо ёфтосӣ». Кори ту чи ки ман пулро аз куҷо меёбам? Аз мағозаҳо бепул ҳар рӯз чиз мегирад. Фурӯшанда пулашро деҳ охир гуяд: «як бори дигар ҳамин гапата шунавам заната фалон мекунам» гуфта баромада меравад. Дар ин ҳол намедонем,ки чи хел мо инҷо зиндагӣ кунем?. Дар қишлоқи худамон мисли як нафари омада зиндагӣ мекунем, бузҳо бисёр шудаанд. Ҳар қадамат дар назорати ҳамин бузҳо. Охир инҷо давлат ва қонуну волоияти қонун ва адолат аслан вуҷуд надорад.
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Имшаб барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро тамошо кардам. Як корманди собиқи ҳукуматӣ гуфт, ку «ки бояд аз фурсат истифода барем ва Муҳиддин Кабирӣ бояд бо русҳо ё ки бо Толибҳо муносибат барқарор кунанд», аммо ман гуфтаниам, ки «ин гапша умуман нагирен, ки агар дар оянда ҳукумата ба дасти хутон гирен баъд бо мисли Раҳмонуф канизаки русҳо мешавен, ранги Эмомалӣ ба ягон гап мезанӣ Путина, Путин мега, ки вазифара ман гирифтум додумут худут натонистӣ бо чи гапмезанӣ, ва ҳамихел мисли Раҳмонов хизматгор мешавед барой, ки муттаҳам мешавен чунки қудрата гирифта додай».
Аз шумо хоҳиш ин корро накунед, ки мо безор шудаем аз муҳоҷират. Мехоҳем як давлати комиллан мустақил ва аз ҳеҷ ҳукумати дигаре мутаҳам набошему президенти ояндаамон озоду мустақил бошад. Мехоҳем, ки дар пеши падару модарамон бошему дар пеши зану фарзандомон. Бовар мекунед ё не, ман панҷ сол собиқаи кори дорам. Барои онки маош кам аст. Ман омадам дар Русия кор карда истодаам. Ман намехоҳам ки фарзандонамро дар Тоҷикистон луқмаи ҳаром диҳам. Маро дигар виҷдонам азоб медиҳад, ки боз кор кунаму пора гираму фарзандонамро хуронам. Ин коре, ки он ҳукуматӣ шуморо гуфтаасту пешниҳод кардааст, ба фикри ман, ӯ ягон агенти Путин аст. Илтимос бо Русия ҳамкорӣ накунед агар кардед ҳам мисли Раҳмонов арусак ва кукла нашаведу мардона давлати худамонро бояд худамон идора кунем на ягон хориҷӣ. Худо ҳамаи мову шуморо дар паноҳи худаш нигаҳбон бошанд. Ба номи Аллоҳе, ки ҷони ман дар дасташ ҳаст ин мардум ва кормандони мақомот 98% тарафдори шумоянд.
Маскав
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман дар шаҳри Маскав ҳастам. Шабу саҳар ба ватан бармегардам. Аммо қабл аз бозгашт ба ватан мехоҳам дар бораи як чиз ба шумо нома фиристам. Номаи ман ба як навори Абдулло Раҳнамо, ки таҳти унвони Тоҷик ва номус аст рабт дорад. Ин навори Раҳнаморо метавонанд дар инҷо тамошо кунанд: https://youtu.be/Wc98G7RR6ho?si=b-zyy1TCEWXJIYA.
Метавонед ин номаро ҷавоби як муҳоҷир ба Абдулло Раҳнамо номгузорӣ кунед. Ман баъди тамошои ин навор аз Раҳнамо пурсиданиям:
Чи қадар худат нангу номус дорӣ? Нангу номус гуфта тоғути Раҳмонов, ки зиёда аз 30 сол буҷети кишварро ғорат кард. Ва шарм надошта аз президенти кишвари бегона талаби китобу дафтар кард. Ҳаминро нангу номус мешуморед?
Шумо дар сатҳи президент нангу номус надоред, чи тавр дар сатҳи мардуми оддӣ аз нангу номус талаб мекунед.Дар ҳолате, ки дар санҷиши умумиҷаҳонӣ тасдиқ кардаанд, ки агар президент ё шахсе босавод ва боимон бошад. Шаҳрвандон низ босаводу боимон хоҳанд шуд.
Ва ончи ки мо имрӯз мебинем дар Тоҷикистон, ки онро президенти беору бенангу беномус идора дорад. Ва аз он ҳам бадтар ту барин тамаллуқкорони бенангу беномус соҳиби вазифа шуда ҷавононро ба беномусиву тамалуқкорӣ ташвиқкарда истодаед.
Ва туи бахтбаргашта агар дар байни онҳо ягон боимону бовиҷдонро бинӣ, аз онҳо сарзаниш ва ба мақомотҳои дахлдори ғуломсифати мисли худат хабар мерасонӣ. То инки зери фишор қарораш диҳанд. Як бор ба худат бингар ба кӣ табдил шудаи ? Дар шахсияти худат киро мебинӣ ?
Аввало Аллоҳ шуморо ба роҳи рост ҳидоят намояд. Вале агар аз роҳи бади худ намегардед ҳаволаатонро ба Аллоҳ менамоям,ки худаш шуморо саришта кунад омин.
Душанбе ХАП-(Хадамоти амнияти президент)
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон одамеам, ки ба тариқи бачаҳои УУР номаам рафт ва саргузаштамро қисса кардам.
Сайидҷаъфар Усмонзодаро аз байн бардошта Раҳмонов ва бо як тир чанд нишон заданӣ ҳаст. Баъди дар курсӣ нишастани писараш бояд гирди атрофи худаш ҳам аз мақом раванд.
Сайидҷаъфар Усмонзода бо СС Ятимов хешу таборӣ доранд ва бояд пеш аз отставкаи калон бо ягон гуноҳ СС Ятимовро аз қудрат дур кунанд ва дар ҷояш одами наздики писараш биёяд. Баъди нашри навори номаи ман Шоҳрух онро ба Рустам расонд ва Рустам ба Раҳмонов расонд, Шоҳрух дар пеши Рустам зону зада гиря кард, ки «ин гапҳо ҳамаш дуруғ аст». Аммо Рустам ба Раҳмонов номаи маро оварду нишон дод.
Ин хабар омада ба ман низ расид.
Аммо ман парвое надорам. Чун касе надорам, ки аз даст диҳам. Онҳо чунин поступкае карданд, ки ку бинанд аз байни хадамоти Х. А. П –Хадамоти амнияти президент ягон ҷунбише ҳаст, ягон бачаҳои мо худашро нороҳат ҳис мекунад? Аммо ҳеҷ чизро нафаҳмиданд. Усати (Мурод) худаш ҳам ҳайрон шуду бо руи турш аз пеши Раҳмонов баромад. Усати гуфтааст, ки ин одамро ман дар 1 рӯз меёбам.
Лекин инро фаромуш насозед, ки моро чунин таълим додаанд, ки то мурданатон касеро намеёбед. Вазъияти калон боз ҳам бадтар шуд. Баъди шунидани он нома гуфтааст, ки дар 32 соли кориам чунин нороҳатиро надида будам. Медонед барои чӣ? Чунки ҳар номаи шуморо ҷойҳое, ки ба В. В. Путин алоқаманд ҳаст ба Путин мерасад ва Раҳмонов гуфтааст, ки боз қаҳри Путин болои ман бисёр мешавад.
Раҳмонов чунин гуфтааст: «Мурод ин худаш чи гап аст? Аз дохили Хадамот ин гапҳо баромадесай, да чикорҳо машғулӣ? Мехоҳӣ, ки боқимондаи умрамонро бо гурезагӣ ё дар пушти панҷара гузаронем? Ё Хадамотатро тоза кун ё худам чораашро ба дасти дигар одам диҳам?»
Мурод чунин ҷавоб додааст: «Узри зиёд Ҷаноб. Худам ҳамаро ҷобаҷо мекунам». Онҳо фикр мекунанд дар пешашон кадоме бошад, ки хабарҳоро мебарорад. Ман ҳамон одам ҳастам? Э, аблаҳҳо, ман ҳам набошам аммо гапҳои шумо хуб ба ман мерасад. Ба шумо бовариашон нест дигар. Дар Хадамоти амнияти президент 248 нафар кор мекунад. Усати (Мурод)ҳамон одамҳоеро, ки аз қафои Шоҳрух барои «слежка» монда буд, онҳоро истинтоқ кард, аммо ҳеҷ чизе нафаҳмид, ки кӣ он номаро ба шумо равон кардааст.
Боз бачаҳои Хадамоти мо ин ҳолатро дида дилшикаста шуда истодаанд. Шоҳрух бошад дар ҷунбиш даромадааст ва ҳар қадамашро бо эҳтиёт монда истодааст ва ҳамаи он пули дуздидашударо чунон тоза карда истодааст, ки как будто он пулҳо соҳибаш Шоҳрух нест. Баъди дидани навори он нома Шоҳрух да ҳуҷраи кориаш чунон зад, ки да пояш рост намеистод. Виски ва алафи тари нави наша ва ба ҳолате омад, ки гиря кард. Дар пешаш 2 одами наздикаш буд. Ба онҳо гуфтааст он одам, кӣ бошад, ки тамоми сирҳои ману Рустамро медонад ва он одамҳо, кӣ бошанд аз қафои ман ҳастанд ва он пулҳое, ки якнима кардам ҳеҷ кас дарак надошт, чи хел фаҳмидан? Ва боз гуфтааст агар ҳозир барояму видео кунаму гуям, ки шоми 18 апрел ҳамааш дуруғ аст, яке он одам пешам биёяд медонам, ки Х. А. П вуҷуд дорад, онҳо ба ҳама кор қодиранд. Агар ояд ман аниқ бе ному нишон нест мешавам, мисли муовини Ҳасан Асадуллозода. Ин буд гапҳои худи Шоҳрух.
Бале, Шоҳрух рост гуфт, ки бо дастгирии мо кормандони Х. А. П муовини Ҳасан Асадуллозодаро бе ному нишон бардоштанд. Хулоса, ки Шоҳрух ҳозир полности тар кадагӣ аст. Шоҳрух ту хоҳӣ нахоҳӣ баъди нишастани Рустам ё бо ягон гуноҳ пушти панҷара ё мисли муовини Ҳасан Асадуллозода Шуҳрат Исматулоев ғайб мезанӣ. Чунки сирҳои бачаи калонро бисёртар ту медонӣ.
Калон ба фикрам мехоҳад, ки полности Х. А. П (СБП)- ро тоза кунад ё ҷойҳоямонро иваз мекунанд, ё мо то ба қудрат расидани бачааш тақсим мешавем.
Калон боз Озодаро даъват кард. Пурсидааст, ки омадӣ аз Рустам шикоят кардӣ, аммо рафта ин гапҳоро боз ба кӣ гуфтӣ? Фақат росташро гуй. Баъди рафтани Озода усатиро фарёд кард. Аммо баъди баромадани усати аз пеши калон фармони пинҳонӣ дод ба бачаҳои Х. А. П назоратро болои С С.Ятимов ва Р Рамазон ҷиддитар дидан гиранд. Чунки вақтамон рафта истодааст. Намедонам барои чи бошад Калон дар утоқи кориаш бо писараш во хурд дар Қасри миллат. Аммо нафаҳмидам чи гуфтааст.
Исмоилро дар Хадамоти мо «младший Пабло Эскобар» мегуянд. Ҳозир вай корҳое карда истодааст, ки дар ақли одамизод рост намеояд. Духтарҳои ҷавонро нашъаманд карда истодааст.
Як навораш ҳаст ки чи хел бо як духтари 15- солаи ванҷӣ бо шакли ғайри маъмулӣ зино мекунад. Он духтар бениҳоят зебо ва қоматбаланд буд. Номаш З. аз маркази Ванҷ. Номи ин духтарро нагуед хубтар аст, чун намехохам ягон фалокате бо худаш кунад. Исмоил қариб ҳар шаб бо як духтар зино мекунад ва ба онҳо 2000 доллар ё 3000 доллар, бисёри бисёр то 6000 доллар медиҳад. Дар Қурған як намуди «дору»,ки кристалл ном дорад-ҳаби экстазӣ савдояшро тоб дода истодааст. Ин корро ҳам ба воситаи баригаҳояш ва ҳам бо ёрии милисаҳо карда истодааст. Доруро медиҳанд, баригаҳо мефурушанд. Баъди чанд вақте он одамро дастгир када результат мекунанд.
Сардори ОВД-и Ҷиргатол яке аз хешу таборҳои Рамазон Раҳимзода аст. Ин вазифаро як ҷураи Пинвинг аз Пингвинг хостааст. Ҳоло бошад байни онҳо рақобат ба вуҷуд омадааст.
Исмоили Пингвинг ҳам ба касалӣ гирифтор аст, касалии ВИЧ СПИД. Хеле зиёд духтарҳоро касалӣ карда истодааст. Ин хабар ҳам расид, ки Исмоили Пингвинг лути ҳам будааст, аз ҷумла яке аз «рафиқонаш» ҳамон одаме аст ки вазифаи сардори ОВД-и Ҷиргатолро хостааст.
Байни мо ва Хадамоти амнияти президенти РФ гоҳо суҳбатҳо мешавад. Ба гуфтаи яке аз мақомдорони амнияти Путин, Путин агарчи дар наздикшавии Чин бо Тоҷикистон сукут мекунад, аммо дар асл сахт норозӣ аст. Хитой мехоҳад ҷойи Русияро дар Осиёи Марказӣ бигирад. Ҳозир ин кишварҳоро қарз дода қарз дода аз худаш муттаҳам карда истодааст. Бинобар маълумотҳои аз кормандони Халамоти амнияти Президенти Русия ба мо расида ҳозир байни Хитой ва Тоҷикистон боз масъалаи додани заминҳои дигар (территория) аз ВМКБ гуфтушунид рафта истодааст. Хитой боз ҳамон қадаре, ки гирифта буд, ҳамон қадар бештар талаб карда истодааст. В.В.Путин ин гуфтааст, ки «Мы сражаемся за кусок земли, а Рахмону плевать, он сумасшедшим стал».
Ин корманди Хадамоти амнияти Путин гуфт, ки «Скоро для Рахмона подарочная сюрприз будить». Аммо мо дигар нафаҳмидем, ки ин чи сюрприз бошад.
Албатта, ҳамаи ин гапҳоро мо вазифадорем, ки нарезонида ва начаконида ба калон расонем. Ин гапҳоро ба Калон расониданд ва ҳоло настроение Калон боз ҳам харобтар шуд. Озода Раҳмон баъди нашри номаи ахир оиди жалоб кардан ба Калон аз Рустам хело нигарон аст. Озода гуфтааст ҳатто дигар ба падарам ва коргаронаш боварӣ намондааст: «оли Рустам фаҳмад чи гап мешида бошад»?. Маслиҳати ман ба ту -Агар Рустам фаҳмад, не уже фаҳмид, метавонӣ қафоятро сахт мухофизат намоӣ. Чунки қудрат ҷои апаву додару хоҳарӣ надорад. Инро фаромуш накун. Дигар на Шаҳбозат кор меояд на дигарат ва кам -кам доруи кристаллро бизан. Ин оилаи шумо ҳамаро наркоман карда истодааст. Ҳоли писаратро хуб медонӣ. Чун дигар вақти насиҳат нест. Медонам, ҳозир вақти қудратро додан аст. Аммо кӣ медонад чи гап мешавад .Калон бо оилааш ин системаи давлатдориро мисли сепочка кардагӣ аст. Ба фикрам сепочка гуфтанамро нафаҳмидед. Аммо ҳар касе дар система аст ё идораи давлатдории Ҷанобро медонад, мефаҳмад. Калон бояд 11 то 13 ба Ғарм биравад. Фармон аст ягон паша пар назанад. Ин ҳам тарс аст, ҳатто фармон аст ки ҳамон даҳмардаҳое,ки бо дар куҳҳо мегарданд, аз боло ба поён наоянд, то калон омада рафтанаш. Раиси Рашт Идиева Зарина рӯзу шаб хоб надорад. Мегуӣ пешаш азроил меомада бошад.
Ин суратро ҳам бигиред. Ин акс аз ҳамон рӯзу шаби 18.04.2024 аст. Дар он рӯз шаб бачаҳо точка ба точка карданд: Рустам бо Шоҳрух чи кор кард?Пеш аз омадани вай ду духтари ноболиғро оварда буданд. Болои панҷара (ришотка) 200 метр боло об аст. Баъди об байни дара дачаи Калон аст. Инҷоҳоро худат хуб мешиносӣ Шоҳрух.
Бори дигар мегуям, ки бас кун. Ҳамон наворҳое,ки дар дасти СС Ятимов ҳаст, ягон рӯз дар сайтҳои худатон мебарояд. Сиру асрори шуморо худатон ифшо мекунед. Шоҳрух коре ба ронандаи СС.Ятимов ва ҷиянашг Сино дар Фархор кардӣ аҷоиб буд вале интизори ҷавоб ҳам бош!