Ончики дар номаи аввали ин нашри Номаҳо чоп мешавад фақат ба Хуҷанд марбут намешавад, агарчи аз вазъияти бемористони ин шаҳри бостонӣ ҳикоят мекунад.Вазъияти арсаи ҳифзи сиҳатӣ омма ва ё ҳамон тандурустӣ дар кишвар бисёр ҳам риққатовар аст.Арсаи тандурустӣ ҳам ба мулк ва моликияти хусусии Раҳмонов, оила ва ҳаммаҳалҳои вай бадал шудааст.Чандин сол аст, ки як ниҳоде бо номи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ амал мекунад,ки ин Хадамот гуё ниҳоди нозир аз болои фаъолияти бемористонҳо мебошад.Аммо ин Хадамот бадтар аз Агентии зидди коррупсис ва Палатаи ҳисоб амал мекунад ва ставкаи ҳайати комиссияи вай,ки ба бемористонҳо меояд бисёр ҳам баланд аст.Яъне акнун пораву ришват дар тамоми арсаҳои кори ҳукумат ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст:
Хуҷанд
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол ва мардуми азизи Тоҷикистон!
Ин нома аз тарафи якчанд нафар корманди беморхонаи вилоятии Суғд, шаҳри Хуҷанд ба шумо ирсол карда мешавда.Пас аз нашр шудани номае дар бораи сардухтури беморхона Фаррухҷон Мақсудович ва дасти рост ва гоҳ-гоҳ дасти чапаш, яъне ҷонишинаш Бахтиёр Ҷаҳонович дар беморхона чанд ҳодиса рух дод:
1.Сардухтур дар як “пятиминутка” -маҷлиси ҳарҳафтаина бо табибон гуфт, ки “ҳам хизмат мекуни инҷаба ҳам боз аз болот менавистиян, бузҳо” Фаррухчик (бо қавли беваатон) мардуми тоҷик мегуянд,ки “нафси бад балои ҷон” мардума камтар азоб диҳед, илоҳо ҳамаи ҳаромхуриатон заҳри баданатон шавад!
2. Аз шуъбаи вилоятии вазорати тандурустӣ якчанд нафарҳо омаданд ба беморхона ва бо табибон ва сардорони шуъбаҳо суҳбат карда ва пурсони он буданд, ки “раис пул мегиранд? Аз ҳама ҳайратовар он буд, ки аввал ному насабатро сабт мекунанд, пас гуфтаатро менависанд. Албатта аз тарс, ҳама якҷоя гуфтанд, ки не “доля” нест. Сабаб дар он аст ки Фаррухчик ба ҳама дар маҷлис гуфт “ман ҳоли қапам ҳамон буза дигар хел зер мекунам, умуман дигар ягонҷоба духтур шуда кор наметонад карда!”
Ақалан каме инсоф намуда саволҳоро бо тариқи “аноними” менамудед, ҳама пурра нақл менамуданд.Аммо шумоҳо ба монанди пешвоятон доляатонро мегиреду дигар парво надоред.
Аз руи суханҳои оимчаи Фаррухчик,ки дар беморхона кору фаъолият мекунад, барои 8уми Март хадамот ва раёсат “15 000$ пора гирифта ҳамон рузи омадашон.
ҳама корро ҳал карда рафтанд.
3. Аз Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ ба вилояти Суғд омаданд ва бо як духтyр ва як ҳамшира ҳамсуҳбат нашуда рост ба назди Фаррухҷон Мақсудович рафтанд.Ҳамчунон,ки худи вазир Ятимов “муғилчики ҳаромхур” аст кормандонаш ҳам ҳамон гунаанд. Бинобар гуфти Фаррухчик ҳамoн бегоҳӣ,пас аз баргаштани кормандони КДАМ ба меҳмонхонаи “Парламент”,ки тарабхонаи зебое ҳам дорад ва он ҷо ҷои муқимии Фаррухчик ҳам ҳаст вай маст мешавад ва боз забонашро дошта наметавонад ва ба дӯстҳояш,занҳои куча (фоҳишаҳо) ва ҳатто ба ҳар касе, ки нигоҳ мекунад баланд-баланд мегуяд: “Мана шикастани шудан питухчаҳо а КГБю Раёсат (*) (фалонама) хурдa натонистaн! Тахминчик любой время мана подержка мекунад!”
Боз ҳамон суханҳои куҳна, ки “ман ё…и Таҳминаи Раҳмон” ва дар охир ба як дусташ мегуяд, ки “ошноҷон ман тамомaн лахлах, имруз мул шуд.Ҳамаш а пушти нервия братҷон, наход,ки барои як статя а ман 30 ҳазор доллар гирад.” Вақте суол мекунанд, ки кӣ гирифт?” Мегуяд, ки “кали Алихоноф, бутун ҳароми будас, вобше савдо,инсонгария немдонат.”
4. Намояндагони ВКД ба беморхона наомадаанд аммо аз руи гуфтаҳои Бахтиёр Ҷаҳонович,пас аз нашр дар сомонаи Ислоҳ, тамоман ба “як помидор” табдил ёфт. Ҳар шаб,ба гуфти мардуми Хуҷанд “мурданнак мезанад Шоҳонара” ва дар суҳбат бо дустонаш дар вақти мастиаш мегуяд, ки “ман худам қариб 40 ҳазор доллар дода ҷонама халос кадам аз ҳамааш. Калонба непавезло ганда сахт зер кадан вая!”
Дар давом боз мегуяд, ки “ҳамин якта ПОМИРСКИЙ БУРАТИНО (яне сардори ВКД дар вилояти Суғд Навҷувонов) мондагӣ ҳамонам доля гуфта гаштаас, а манy раиc.”
Аз рӯи гуфтаҳои Бахтиёр ҳоло дар кофтукоби маблағ ҳастанд. Албатта, ки ин маблағ аз кормандони беморхона гирифта мешавад. Фаррух Мақсудович гуфтааст, ки “Баха (Бахтиёр Ҷаҳонович) мне пох* чхел мехоҳӣ аз ҳама пула ёв! Тезтар ҳамаша доляша дода тинҷ кунем, ки Тахминчик тел кад. Бля вай канда метияд аниқ
Дар маҷлис бо ҷонишинҳояш мегуяд, ки «Помирский Буратино хочет 20 000 $, блин ягонташ сомония намедонад, ай буваш буромда доллар гуфтагӣ».
Муҳтарам Вазири номуҳтарам, омада будед ба беморхона ва бо як ваҳму воҳима гуфтед,ки бояд табибон ва кадрҳои саводдорро эҳтиёт кунем! Аммо чи гуна мешавад? Оё медонед, ки аз рузе, ки ин “галупчико” дар сари вазифаанд 60%и табибони босавод ва бомаҳорат аз кор рафт. Сабаб «нафси бади сардухтур ва пешкачаш Бахтиёр». Ҳоло маҷбур карда истодаанд, ки аз ҳама шуъбаҳо ва аз ҳар як табиб, ҳамшира,қаловур ва санитарка маблағ ҷамъ карда шавад ва ҳатман ба рузи 15уми март дода шавад, вагарна “ставкаҳояшонро” ‘не ҳиссаи кориро аз даст медиҳанд!. Табибон бояд 4000 сомонӣ, ҳамшираҳо 1500 сомонӣ, санитаркаҳо 500 сомонӣ ва дигарон 100 сомонӣ. Боз сардорони шуъбаҳо 8000 сомонӣ ва соҳибони клиникаҳои шахсӣ дар беморхона 15 000 сомонӣ супоранд! Агар ин маблағҳоро ҷамъ кунӣ тамоми масраф барои пораи додаашро таъмин мекунад ва бa 3 маротиб зиёд маблағ кор мекунад. Ба гуфти Фаррух “ман ҳаминхе мекунам, ки пушаймон шуда дига юрaк намунад ягонташ.”
Раиси вилояти Раҷаббой Аҳмадзода-муҳтарам Қофлонбой ба гуфти Фаррухҷон Мақсудович ва дустонаш (қофлони қош), шумо тамоми айба намедонид мӣ? ё шумо ягон чумоми? ё шумоя полний рост харидагими? Сабаби додани чунин саволҳо дар он аст ки дар назди шумо зиёда аз 100 адад аризаи ҳаромкориҳои Фаррух ва муовинаш Бахтиёр танҳо дар 5 моҳи охир ҷамъ шудаст. Фаррух дар назди дустонаш боз мегуяд,ки ” Қофлони қош безор кард (заи**т) кад, наход,ки нафсам ҳаминхе бошад?Ҷалаб қариб 2-3 рузба якбор занг зада, вай кучукчаша (шофёрашро) мефиристонад, медароду мегут,ки мана Калон фиристонд,подаркая те!”.Ин ҳақиқат дорад, барои он ки тамоми кормандони беморхона ва баъзан ҳатто онҳое, ки муолиҷа мегиранд ҳамин ҳолатро дида ва медонанд.
Э,вазирони хоин, мо кормандони беморхона чи гуноҳ дорем!? Шумо сагҳоятонро равон кардед аз барои тафтишоту ислоҳот, аммо воқеият ин аст ки кори шумо фақат барои порагирӣ аст. Чи судест аз он сагҳои шумо, ки омаданду рафтанд? Боз ҳамон ҳаромхурӣ Лек ин бор дучанд гаштааст нафси Фаррух ва саги бовафояш Бахтиёр!
Мардуми бошарафи Тоҷикистон!Замоне расад, ки мо муттаҳид шуда бар зидди ин золимони ҳаромхур бархезем! Аллоҳи меҳрабон барои мо мардум шуҷоат ва ҷуръатро насиб гардонад то тавонем инҳоро аз сари қудрат дур созем!
Конибодом
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мехостам аз тағйиротҳои баъд аз нашри номаҳои 118 ва 120 ба вуқуъ пайваста нависам.Ва низ аз як мавзуъе,ки онро дар ҳеҷ кадом аз 28 номаи аз Конибодом ирсол шуда, нагуфтаанд, бигуям.Ҳоло соат 7:54 саҳар ва санаи 14 март аст ки ин номаро навишта истодаам.Бо сари ҳушёр, заряди гушиам 60%.
Умедворам шумо ин навиштаро дар сайти мардумии Ислоҳ ҷой медиҳе ва бидуни тағйирот нашр мекунед.Аз чи сабаб бошад,ки ҳоло дар Конибодом амниятиҳои ҷавону ноозмудаеро ба кор гирифта истодаанд.Масалан соли таваллуди якеаш 2004 аст.Мо мардум намедонем ин ҳукуматдорҳо ба монанди Буратино –Абдулло Навҷувонов,сардори Раёсати вазорати дохилӣ дар вилояти Суғд куҷоро нигоҳ доранд.Номҳои ин бачаҳако Далер ва дигариаш Некрузи Ниндзя мебошад.Ниндзя ба хонаҳои бесоҳиб медарояд.Қаблан дар бораи ӯ ба шумо навишта будам,аммо шумо намедонам барои чи нашр накардед.Ба ҳар ҳол боз ҳам аз тағйиротҳо менависам.
Бояд ин амниятиҳо аз ҷониби мистер Буратинои Навҷувонови ғайрисуғдӣ тафтиш шавад.Вагарна мо ба Ислоҳ ин амниятиҳоро бо автографияву биографияҳояш навишта равону роҳӣ мекунем.
Бародар Муҳаммадиқбол, бовар кунед баъди нашри номаҳои қаблӣ, номаҳои № 117 ва 118 аз Конибодом, ҳатто ҳамон погранзаставаи бачаҳакои боло фоида гирифтанд.Фоидаи онҳо ин аст ки ба онҳо бачахакои боло аз Душнбе омада барқи безлимитро пайвастанд. Албатта, ин пушида нест,ки фарзандони мардум дар Конибодому Исфара дар марзҳо тоқа ва танҳо меистанд.Аксарияташон лоғар, маълум,ки нону гушт намехӯранд.Аскарони Исфараро қиргизҳои гражданский мезананд аммо ин генералу майорҳои Раҳмонов фақат тамошо мекунанд ва иҷозат намедиҳанд,ки аскаҳо худро ҳимоя кунанд.
Акнун мегузарем ба ҳамон темаи дар ҳеҷ нома бозгӯ нашуда.Бовар кунед, виҷдонам тоқат накард,ки ман хомуш нишинам.
Тақрибан 14 сол пеш дар Қарақчиқуми Конибодом садои азон аз масҷид меомад. Аммо ҳоло онҷо ба облавагоҳи бачаҳакои Раҳмонов табдил ёфтааст.
Ҳоло на садои азон асту на касоне,ки ӯро қабул дорад.Чунки мардум 68% дар Сургут ва Тюмен қарор доранд.Албатта мардуми Қарақчиқум номаҳоро мебинанд, аммо ҳамроҳии худро ягон хел нишон намедиҳанд. “Ба Худо имон оред ва дар мубориза саҳми худатонро гузоред мардуми Қарақчиқум”!
Ҳоло бошад амниятиҳо назди мактабҳои деҳа иҷрои плани гузоштаанд.Некрузи Ниндзя хеле тезчашм аст.Аз ҳамин лиҳоз мардум бояд аз ӯ дур бошад.Вай вазифаро аз генералаш дар Душанбе харида аст.Ҳоло бояд пулҳои додаашро аз мардум двойной карда бигирад.
Барои ҳамин мардум бояд огоҳ бошад ва фарзандони худро аз ин афрод дур нигаҳ дорад, аз ин гургҳои шӯъбачаи ҳифзи ҳуқуқи ҷамоат.Чунки фармонро худи Раҳмонов ба инҳо медиҳад то ин ки инҳо мардумро азобу зулму шиканҷа карда пул кор кунанд.Бовар кунед ӯ аз як нафар нархи як Айфон- 15 промакси 1-терабайтаро мегирад.
Акнун каме дар бораи таърихи Конибодом ва Қарақчиқум ҳикоят кунам.
Конибодом аз калимаи Кандибодом аст. Канд ба забони суғдӣ шаҳр мешавад.
То омадани русҳо ба Осиёи миёна ҷои Сирдарёи имрӯза шаҳраке буд байни Хуҷанду Қуқанду Фарғона ба номи Қарақчиқум.Аммо руссҳо мардуми онҷоро кӯчониданд ва деҳаҳои имрӯзаи Қарақчиқум, Лоҳутӣ ва Маҳрам мардуми ана ҳамон шаҳраки куҳна мебошад.Онҷо аз Самарқанд ва дигар шаҳрҳои суғднишин мардумро русҳо оварданд бо сад маҷбуру иҷбор. Мардуми мо таърихи худро медонанд,аммо ман хостам инро пешкаши мардуми ҳақҷу кунам.
Мегузарем ба ГАИ-ҳои роҳи Конибодом – Хуҷанд.
Дар ин роҳ якумин гаишник,дар даромади шаҳри Конибодом аст.Дигараш дар Қистақуз ва охиринаш дар Ғафуров ва баъдан назди роҳи Атуш бозор.
Бо истифода аз фурсат мехостам шикояти мардуми ҷабрдидаро аз болои як мошенники коррупсионер расонам.Номи ин одам Сайфулло мебошад.Вай баъди аз Русия депорт шуданаш подработка карда мегашт.Ба хонаҳо дару тиреза мешинонд.Вай мардуми Конибодомро фиреб дода бо пулҳои мардум ба Русия зада рафт. Аксарияти мардум шикоят доранд аз сатҳу сифати кори ӯ.Ҳоло зимистон аст ва дару тирезаҳои вай шинонида шикастанду рехтанду хароб шуданд.Ҳамон 5 нафар дар Хистеварз аз пушти паст будани сифати тирезаи пластикӣ кушта шуданд. Чунки онҳо буғи хонаро сад фоиз филтратсия намекунанд.
Ноҳияи мо гарчанде хурд ва назди марзӣ мебошад, аммо маълумоти ҷинояти зиёд ёфт мешавад,ки аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ содир шудааст.
Бародар Муҳаммад иқбол, агар аҳамият дода боши дар оғози нома ман бо ҳарфҳои хуш шурӯъ кардам, аммо дар охир дидӣ, ки ин мардум алам, дард ва шиканҷа зиёд дорад.
Имонам манро намонд.ки хомуш нишинам ва гап назанам.Ман аз дастам кори меомадагиро кардам, навиштам.Таваккал ба худо.Дар паноҳи худо бошӣ. Агар нашр мекардӣ хеле хуб мешуд бародар.Чунки мо мехоҳем саҳар ва бегоҳ садои зебо ва гушнавози азонро дар ин моҳи мубораки Рамазон бишнавем.
Исфара
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ бародари ҳақ гуй Муҳаммадиқбол! Бародар ман аз Чоркуҳ ҳастам.Каме бошад ҳам дар бораи домулло Абдурақиб маълумот доданиам.Ин шахс як инсоне аст ки илми кофӣ ва саводи исломии хуб дорад ва 30 пора Қуръонро аз худ кардааст.Аммо ин илме,ки Худо ба у додааст аз барои Худо масраф намекунад.Танҳо барои худнамоӣ ва ба манфиати худ масраф мекунад.
Хело инсони мутакаббиру айбҷу ва аз ин ҳама бадтар бузи амният ҳаст.Хато накунам 30 сол пеш дар масҷид моҳи рамазон буд,ки дар вақти таровеҳ хатми Қуръон мекардем.Дар маҳаллаи мо бародарон Қорӣ Рашод ва қорӣ Қуддус ва боз як қорӣ Шамсӣ ва Абдурақиб низ хатм мегузарониданд.Аз ҳамон вақт ин Абдурақибро ҳама чашми дидан надоштанд. Дигар қориҳоро ҳама дусташон медоштанд ва эҳтиром мекарданд.Дар як шаби хатми Қуръон вақте қорӣ Қуддус қироат мекарданд Абдурақиб дар кисаи худ таҷҳизоти запс мекардагиро гузошта запс кардааст.Баъд аз салом додан Абдурақиб аз ҷояш хесту намоз хато шуд. Қорӣ Қуддус оятҳои Қуръонро хато хонд.Бояд аз сари нав хонем гуфта қорӣ Қуддусро шарманда мекардагӣ шуд.Аммо Худованд нахост,ки шарманда шаванд.Аҳли маҳалла ба ғазаб омада Абдурақиб ва падарашро,ки он вақтҳо зинда буд ҳама каса зада аз масҷид пеш карданд.Лекин ба ин мунофиқ дарс нашуд боз ҳамон худнамоиашро давом дода мегашт.Абдурақиб як ака ва як уко дорад, ки номаш Абдувакил аст.Ба Абдувакил духтари Шаропов Мухторро келин мекунанд.
Ҳамон вақт ин Мухтори нокас раиси ҷамоат буд,ки ҳамаро фурухт ва Абдурақиб посредник буд барои заминфурушӣ.Агар замин даркор шавад ба Абдурақиб пулро медиҳӣ.Вай ҳақи худашро гирифта боқии пулро ба Мухтор мерасонд ва на ҳама пулдодагиҳо соҳиби замин мешуданд.Бисёриҳоро фиреб мекард,ки то имруз аз қафояш медаванд.
Абдурақибро Мухтор имоми масҷидамон монд,ки ҳама чашми дидан надоштанд. Абдурақиб ҳамон вақтҳо ба бовари бисёр шахсон даромада,ҳаҷ мебарам гуфта пул ҷамъ кард,аммо набурд.Дар байни ин шахсон як духтар, духтари муаллим Нусратовро низ фиреб дода аввал ба занӣ гирифт ва ба ҳаҷ мебарам гуфта аз ин духтар сумашро гирифта фиреб кард.Дар байн чанд сол гузашт.Ҳоло ҳам ин шахсони фиребхӯрда баъзеяшон бо роҳи шиносбозӣ аз Абдурақиб пулашонро гирифтанд.Боқимондаҳо то ҳол аз қафои Абдурақиб давида гаштаанд.Аммо ҳеҷ кор кардан наметавонанд.Баъзеяшонро таҳдид (угрожат) карда тарсонд,ки аз пулҳояшон умедашонро канданд.
Дар Чоркуҳи мо ду масҷиди ҷомеъ ҳаст ки Абдурақиб гоҳ дар ин масҷид ва гоҳ дар масҷиди дигар имомхатибӣ мекунад.
Ҳар вақт Абдурақиб имомхатибӣ мекунад бисёрии мардум ба он масҷид намераванду ба дигар масҷид мераванд.Хулосаи гап ин Абдурақиб як мунофиқи нокас ва бузи амният аст.
Бародараш Абдувакил ба монанди худаш як инсони мутакаббир ва вай низ бузи амният ҳаст.Имрузҳо дар Арабистони Саудӣ умр ба сар мебарад.Далел барои буз буданаш ин аст ки ҳамроҳи ин Абдувакил бисёр бачаҳо дар Арабистон ва дар дигар кишварҳои исломӣ таҳсили динӣ гирифтанд.Аммо ҳамаи он бачаҳои таҳсилдидаро,ки ба Чоркуҳ омаданд, қапида бо туҳмату шиканҷа 8 солу 10 сол аз озодӣ маҳрум карданд.Баъзеяшонро шиканҷаву азоб дода ҷаримаҳои калон карданд Аммо аҷиб ин аст ки Абдувакил то ҳол дар Арабистон фаъолият дорад. Ҳар вақт бихоҳад Тоҷикистон бемалол омада меравад ва амният ба ӯ аҳамият намедиҳад.Агар у буз набошад пас чаро уро низ монанди дигар муллобачаҳо аз озодӣ маҳрум накарданд?
Дустӣ
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳраки Гаравутии ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дустӣ бароятон менависам.Боз ҳам аз ҷиноятҳои ин хешутаборбозон Хизмат ва Файзалӣ гуфтаниам.Дар номаи якумам навишта будам,ки як чанд муассисаву корхонаҳоро ин шахсон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ шахсӣ карданд.Дар аввал шахсӣ карда фурухтанӣ буданд.Лекин ҳеҷ кас нахарид. Барои онки фаҳмиданд, агар харанд фардо дарди сарашон мешавад.Барои онки он муассисаҳо ҳамааш дар қайди давлатанд ва ин кор номумкин аст.Чунки агар ягон ҳукумати ҷиддӣ биёяд ин ҳамаро мепурсад. Аммо ҳоло ҳиҷ кас ҳам напурсид ва ҳамон тавре,ки буд,монд.Кадом руз аз сабаби бе таъмир буданашон ин биноҳо хоб чаппа мешаванд. Инҷо гап ҳам дар бораи Хонаи маданият (дом култура)ва ҳам кинотеатр меравад,ки 1000 ҷои нишаст дошт.Ҳоло инҷо ягон чи нест.Ҳамаашро фурухтанд, мондагиаш дар дарун пусида истодааст.Ба фикри онҳо акнун ин ҳама шахсӣ шудааст.Инҷо ҳам мағозаи мебелний,ҳам олами кудакон ва ҳам гастроному китобхона вуҷуд дошт ва низ пекарний-нонвойхона ҳам кор мекард.Ҳамаи ин биноҳоро гирифтанду шахсӣ карданд.Аммо кор фармуда наметавонанд,биноҳо хароб шуда истодаанд.Агар инҳо дар фикри ободиву кор мешуданд ин биноҳоро таъмир ва обод мекарданд.Инҳо боз дар маркази шаҳрак воқеъ ҳатанд.Мутаассифона бисёр чизҳо ҳаст, ки акс гирифтанаш хатарнок аст.Яъне боз боғчаҳои кудакона ва летний клубу контораҳои шаҳрак ва совхоз,боз якто пекарнияи дигар ҳаст,ки ҳамаи инҳо (самозахват) шудаанд.Дар оянда насиб акси ҳамаи номбар кардагиҳоямро ба шумо ирсол мекунам.Дар бари Хонаи Маданият (Дом Культура) як замин дида мешавад.Инҷо ҳама ҷо гулу гулзор буд,ҳоло нест.Вале аз пушти ин заминчае,ки метобад боғи чанору арчаҳои калон -калон буд.Ҳамаи онҳоро буриданду фурухтанд.Замин холӣ монд,тақрибан дар масоҳати 40×70 метр бошад чанд замини хона-участкаи наздиҳавлигӣ карданду фурухтанд.Се -чор ҷои хона шуду дар охири замин гуфт отдели милиса соз мекунам.Ҳоло он ки отдели милиса дорем. Милисаҳоро кор фармуд. Милисаҳо одамоне, ки ба наздикии ин милисаҳо мегузаштанд қапида кор мефармуданд.Вақте ки сохтмони фундаменти ба гуфти худашон отдели милиса тамом шуд,ҳама дид,ки нақшаи фундамент ба хона монанд шуд на ба милисахона ва яке сохтмон манъ шуд.
Милисаҳо ҳам дигар чанд вақт гум буданд.Як вақт ҳамроҳ бо як чанд коргари ношинос пайдо шуданду хостанд,сохтмонро идома диҳанд.Давоми он бошад аз участкаи Хонаи Маданият то мактаби миёнаи рақами 27 яъне замини мактаб ҳаст ва дар бари майдони варзишии ҳамин мактаб ин ҳам давоми боғи чанору арчаҳои баланд буд инҳоро ҳам нобуд карда буданд гирди майдони варзишиву ин заминро аз ҳисоби шаҳрвандони шаҳрак пул ҷамъ карда маҳкам карданӣ буданд.Ҷавонони шаҳрак ва трубаҳои оҳанинро зада тайёрӣ ба мондагиаш буданд,ки Хизмат бо одамҳояш омада канда корашро давом доданӣ шуд,ки халқи мо хест ва як митингча шуд. Хизмат гуфт ки ма дар инҷо мактаб месозам.Халқ ҳам аҳмақ нест,ку!Гуфтанд агар он қадар бунёдкор ҳастӣ мактаби будагиро обод кун! Муҳим ин ки намондемаш,ки корашро давом диҳад.Ба ҳамон дамаш гирифтагӣ !
Дар тарафи рости мактаби миёнаи рақами 27 толори варзишии зимистона ҷойгир аст ва ошёнаи дуюми онҷо ҷои суруд ва мусиқӣ буд.То замони ҷанги шаҳрвандӣ ягон кас сохтмони инҷоро аҳамият намедод.Як директор дорад,ки аз соли 96 то ҳол кор мебарад.Як вақт гуфтанаш,ки як одам ин қадар сол дар як вазифа номумкин аст.Намедонам шухӣ буд, ё ки ҷиддӣ буд,ки гуфтааст,то ҷаноби олӣ аз кор наравад ман ҳам намеравам.Лекин боз чизе ҳам фикр карда яке додарашро, яке бачаашро, ҳозир бошад хоҳарашро директор мондагӣ аммо дар асл худаш корро мебарад.
Акнун ба қисми дигари шаҳрак мегузарем.Дар канори шаҳраки Гаравутӣ гаражи тракторҳо воқеъ буд.Ҳоло аз гараж нишоне нест.Дар он ҷо Панҷшанбе бозор ҳаст. То бозор шудан ҳамаи техникаҳо нобуд шуда буданд.Баъдтар ба деворҳои сехҳо даст заданд.Акаву додаракон аз куҷо одам оварда ҳамаи хиштҳои пухтаро канда дона -дона дар мошинҳо бор карда бурданд.Ҳеҷ чиз намонд.Ғайр аз шифери тораш ва сутунҳои бетониаш. Онҷойҳоро партофтанд.Аввал як сокини шаҳрак ба номи Амиралӣ онҷоро гирифта обод карданӣ шуд.Гуфт бозор месозад.Аммо инҳо хабардор шуданду омада аз дасти акаи Амиралӣ гирифтанд ва худашон машғул ба бозорсозӣ шуданд.Аммо дар сохтумон ноланд,яъне (0).Чунки ҳамон хел монданд ба фермаи говҳо.Савдогарҳо меоянду мешинанду савдо мекунанд.Аммо хеле вазъияти бад дорад.Дар борон кули об ҷамъ мешавад, баъди борон лойқа мешавад.Дар гармӣ бошад месузӣ.Ҳеҷ намефаҳмӣ, ки ин ҳаромхурҳо боз ба ҳамин пули ҳаром чи хел зиндагӣ мекарда бошанд.Бародар Муҳаммадиқбол,ман агар навистан гирам ҷинояту корҳои инҳоро дар компютерам ҷой намемонад! Азбаски бузҳо дар шаҳрак бисёранд аксҳои даркориро мушкил ҳаст гирифтан.Дар номаи дигарам дар бораи бузҳо менависам.
Буз гуфтаму дар ёдам милисаҳои шаҳраки Гаравути омаданд.Милисаҳои мо аз куҷое меоянд.Албата аз ҷои мо нестанд,мо намешиносем ва шинохтанӣ ҳам нестем.Як чиз моро ҳайрон мекунад,ки харобу лоғар ва қариб,ки пои луч меоянд ба монанди хомушак,баъди 5-6 моҳ ва як сол ҳам фарбеҳ мешаванд ва ҳам бо мерседесу мошинҳои гаронбаҳо мегарданд.Аз чи бошад? Ё ки мо бисёр ҳам мардуми бо таҳаммул ва сағерапарвар ва ё сахт тарсуем?
Дар охир ба раиси ҷамоат гуфтаниам,ки ту кай заминҳои мардумро тақсим мекунӣ?Охир қарори заминҳои одамҳо барвақт баромада буд,ку?Аз давраи раиса Зиёда буд.Ҳамаатон меоеду ин тарафу он тараф медавед.Гуё шумо кор мекунед лекин резултат нест.Охир баъди Зиёда шумо чорум раиси ҷамоат ҳастед,барои чи тақсим намекунед?Ё ки шумо фақат ташкил кардани гуштину маъракаҳои зарароваро метавонед,то таърифатон кунанд!
Бубинед,ки корро то куҷо кашонидагианд.Духтарҳоро бо ҷавонҳо мусобиқаи гуштӣ ташкил мекунанд ва ин мусобиқа бо иштироки раиси ҷамоат ва раиси ноҳия баргузор мешавад.
Тоҷикобод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!Нома аз ноҳияи Тоҷикобод фиристода мешавад.Ман як муҳоҷирам,аммо ҳоло дар ватан қарор дорам.Дар ноҳияи Тоҷикобод як деҳаи калон ҳаст,ки мактаби рақами 2 дар он ҷо ҷойгир мебошад.Саҳнаи ин мактаб хурд аст.Дар ин мактаб 800 талаба мехонад.Мактаб боғ дошт.Дар давраи шӯравӣ мо талабагон дар боғи ин мактаб меҳнат кардаем. Аммо ин боғро бо ном Давлатбеков Хайриддин,ки аз ҳамин деҳа аст фурӯхта ва пулро дар киса зад!Ва аз сари нав ба номи мактаб замин гирифт ва ин заминро ҳам аз худ карда ҳоло дар он ба писарони худ хона сохта истодааст.Ин чоплуси Давлатбеков Хайриддин дар дастгоҳи ноҳия кор мекард ва аз фурсат истифода бурда боз як оби халқиро ҳам шахсӣ карда гирифт,ки ин аз давраи Шӯравӣ аз халқ буд.Ҳоло ин номард обро маҳкам карда ба мардум об намедиҳад.Мегӯяд агар ҳама пул надиҳанд ба ҳеҷ кас об намедиҳад.Халқ безор аз ин номард шудааст.Рӯзе хонаашро дар сараш чапа карда ӯро берун аз деҳа хоҳем кард. Хайриддини лесаки алтур рӯзе мемирӣ ва халқ туро дафн хоҳад кард.
Дар ноҳияи Тоҷикобод як деҳаи калонтарин аст,ки Фатҳобод ном дорад.Аз ин деҳа як корманд ба номи Исроилов Сиҷоуддин бо лақаби (кавш дузак ) раиси ноҳияи Тоҷикобод буд.Баъдан муовини вазири кишоварзӣ ҳам шуда буд.Ин Даҷол ҳамаро аз они худ кардааст.Дар деҳаи мо аз давраи Шӯравӣ як сохтмони нотамом боқӣ монда буд,ки бояд беморхона мешуд.Аммо ин касофат ин иморатро бо зиёда аз 3 гектор заминаш гирифта дар он барои писараш хона сохт.Ва боз 4-5 гектар замини дигари дар деҳаро ҳам гирифт.Ҳамчунин дар худи район чанд адад иморат ва заминҳоро гирифт.Ва дар кӯҳ ҳам заминҳои обиро зиёда аз 8 гектар аз худ кардааст.Барои ҷиянҳояш зиёда аз 6 гектар замини обӣ додааст.Дар Данғара беш аз 160 гектар замин дорад.Ҳамаи муҷоҳидини ноҳияро ӯ нобуд кард.Ба ғайр аз ин,ҳамаи помошҳои меомада ба сағирахона ва мактабҳоро мегирифт.Латокҳои деҳаро,ки барои ҷӯйбори зери мазор буд,онҳоро ҳам гирифт.
Дар як Ид бо микрофон гуфт хондаам барои худам хондаам ва чи коре хоҳам мекунам.Вай 3 писар ва як духтар дорад.Духтараш зани яке аз наздикони СС.Ятимов мебошад.Писарони калони машғул ба бизнес ҳастанд.Писари хурдиашро раиси деҳа монда буд.Як чанд иншоотҳо ва пули халқро хӯрда ба Русия фирор кардааст.Мегӯянд кавшдузак ба писараш гуфтааст,ки рав аз ватан, чунки Эмомалӣ ба наздики аз байн меравад,ӯро несту нобуд мекунанд, чунки хуни халқро хӯрдааст.Халқро ман медонам.Як руз ин девонаи пёнискаро нобуд мекунанд.Ман пир шудам.Имрӯз пагоҳ мемирам,шуморо ёрӣ карда наметавонам. Ҳоло ҷиянаш муло Бурҳониддинро имоми масҷид мондааст,ки халқ аз ӯ безор шудааст.Мо гуфтанием,ки кавшдузак пир шудаӣ.Агар мурдӣ аз мо ҷаноза интизор набош.Ҳатто дар қабристони деҳа мо туро роҳ намедиҳем.
Ҳамадонӣ
Салом домулло Муҳаммадиқбол!Мехоҳам аз ноҳияи Ҳамадонӣ як,ду маълумотро бароятон ирсол кунам.Ва аз ин «ободкориҳо»-и “пешво” дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед.Гап дар бораи мактаби № 29-и деҳаи Сафедоби ин ноҳия меравад.Ин раиси ноҳия ва мудири маориф куҷоро нигоҳ мекунанд?Ин ҳоли зори мактабу варзишгоҳи талабагон,туалету кателнии мактабро бинед,ки дар чи ҳолат қарор доранд.
Муовинони раиси қишлоқи мо сари ҳар хонае дуюм бор мешавад даромада аз мардум маҷбурӣ 50 сомони пул ҷамъ карда роҳи деҳаи Сафедоб ба суи совхози Турдиро таъмир доранд.Ин халқи камбағал аз куҷо меёбад охир?Мо роҳу мактабро,ки таъмир кунем,давлату ҳукумат барои мо чи лозим охир.
Аз боми туалети мактаб дар зимистон об мечакад.Ин туалету кателнии мактаб 40 сол мешавад,ки дар ҳамин ҳолат қарор дорад.Барои чи масъулон ин мактабро таъмир намекунанд.Тирезаҳои мактаб шикастаасту таъмир намекунанд. Варзишгоҳи талабагон шикастаю ба нестӣ рафтааст.Боз меистанду Пешвояшонро таъриф мекунанд ва боз мегуянд,ки Тоҷикистон ба пеш.
Илтимос,ин номаи маро нашр намоед,то ки ба гуши кари роҳбарон расад!.