Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№69

Ислоҳ нет

  Аз дасти қавми яъҷуҷу маъҷуҷи Эмомтапак ҳеҷ чизе дар кишвар обод намонд. Коре, ки ҳоло дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар доранд ба иҷро медароранд. Ниҳоду мақомоти давлатӣ кам буд, прокуратура, милиса, амният, налог, коррупсия, идораҳои барқу оташнишонӣ кам буд, ки акнун намояндагони ин қавми яъҷуҷу маъҷуҷ мисли муғулҳо ба ғасбу тасарруфи манобеъу маҳалли ризқи мардум ошкоро бе шармона дастдарозӣ ва таҷовуз карда истодаанд. Барои мисол яке, яке бозорҳои мардум дар навоҳиву шаҳрҳо тасарруф кард истодаанд. Ёдатон бошад бозори «Ином»-и Шаҳритусро Муҳиби «номард бошаму зинда бошам» чи гуна кашида гирифт. Ҳамин тавр бародари Муҳиб, Ҳасани раиси ферма сардастастаи ин дуздони ғосиб бозори Панҷшанбеи Хуҷандро ба зӯр гирифт. Ва,ҳоло аз Истаравшан-Уротеппа ҳам мардум доду вой мекунанд, ки намояндаи ин қавму уруғи  яъҷуҷу маъҷуҷҳо бозори шаҳрро тасарруф кардаву аммо ҳеҷ дар фикри ободиву тозагии он нестанд: 

                                  Истаравшан

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ устод Муҳаммадиқбол.

 Мо ҷавонони шаҳри Истаравшан бо шумо ҳамеша ҳастем ва барои несту нобуд  кардани ин ҳукумати золим мубориза мебарем. Дар Истаравшан пораву ришватхорӣ дар авҷ ва рӯирост аст. Дар бозори марказии шаҳр аз раисҳо то чекчинҳояш аз Данғара ҳастанд. Уротеппае, ки тамоми Тоҷикистонро аз молу ашё, чи хурданӣ ва чи пушиданӣ таъмин мекард, ҳоло дар дасти чор получи гушнамасти нокораи данғарагӣ афтодаву на аз бозор номеву на аз тиҷорат нишоне мондааст.

 Бар болои соҳибкорону деҳқонони бечора зулми бисёр доранд. Ҳатто пожарнийҳо ҳам дигар дар тақлиду пайрави аз онҳо савдогарони бозорро ҷонбарлаб кардаанд. Дар бозор аз сари ҳар як дӯкон пожарний 300-400 сомонӣ ҳар се моҳ мегиранд, рӯз намедиҳанд, ки бечораҳо кор кунанд. Бар болои ин зулм боз як зулми дигар, коргарони СЭС –санэпидемстансия меоянду ин надоред, вай надоред гуфта пул мекананд. Дар ҳоле, ки худи бозор куллан ба талаботи санитарӣ  ҷавобгӯ нест, ифлос аст, ҷуйҳояш пур аз ифлосиҳо. Дар ҳолати барфу борон боридан роҳ рафта намешавад. Ин ҳукумат куҷоро дида истодааст, намедонем.

 Боз дар бораи “паспортный стол-мизи шиносномадиҳӣ”

 Шахсе  агар паспорти дохилӣ гирифтанӣ бошад дар бонк пул супорида чек мегирад. Боз барои изи ангуштон 15сомонӣ мегирад. Агар дар ҳуҷҷатҳои хона камбуд бошад боз 50 сомонӣ ва баъди тайёр  шудани паспорт боз 10 сомонии дигар мегиранд. Ҳатто барои зоднома-метирка ришва талаб мекунанд. Агар номҳои саҳобагони киромро монданӣ бошӣ иҷозат нест мегуянд. Агар доверенност барои мошин даркор шуд, пули давлатиро месупорӣ боз 20 сомонӣ барои  бланка- як варақ мегиранду мегӯянд ин варақ қимат аст.

  Дар таваллудхона барои камбизоатон 50% тахфиф ҷорӣ шудааст. Аммо  ҳатман мегиранд. Ҳар се моҳ бояд хун супорӣ, аз ҳама ташхисҳо бояд гузарӣ. Фақат ба ширкати “Фароз” пул месупорию халос. Инҷо бошад ягон тахфиф нест. Бечора мардум бо як азоб пул меёбанд. Вале ин ҳама ташхисҳо барои чӣ? Баъди таваллуд 1500 сомонӣ бо баҳонаи ба ину он мегиранд.

  Дар ҷамоатҳо раисони маҳалла барои маълумотнома 10 сомонӣ мегиранд. Бо баҳонаи ободонии куча пул ҷамъ мекунанд, вале ягон натиҷа нест .

   Мо обро худамон ба мошинҳо мехарем. Кормандони водоканал сари аҳолӣ 120 сомонӣ солона ҷамъ мекунанд. Кормандони барқ ҳар моҳ пул ҷамъ мекунанд. Агар пул надошта бошӣ барқро аз симчуб мебуранд.

   Бо ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои муазам дар 32 сол ба ин ҳол расидаем. Миннатдории худро ба он кас мерасонем, ки ин қадар кӯдакон бе падар, занҳо бе шавҳар, модарон бе фарзанд шуда истодаанд, дуздиву ғорат ва ришватхурӣ ва муҳоҷир шудан бисёр шуда истодааст. 

   Мардуми зиёди Истаравшан баъди баромадҳои чоплусон барномаҳои шуморо тамошо мекардагӣ шуданд. Агар пештар як қисм тамошо мекард, баъди суханрониҳои дуруғини онҳо ҳама тамошо мекунанд. Охир чихел инҳо шарм нокарда дурӯғ гап мезананд мо намедонем.

                                Зафаробод

   Бародар Муҳаммадиқбол салом!

 Аз истиқоматкунандагони Зафарободам. Барномаҳои «Минбари муҳоҷир» -ро тамошо мекунам. Аз Зафаробод нафарҳое баромад карданд, ки ҳамаи гапҳояшон дуруғ аст, гапи рост назаданд. Яке аз онҳо ҳамон Соқиев Гулаҳмад аст.

 Вай як алкаши дузд аст. Хонааш дар шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев дар лаби канал, дар пеши остановкаи дуввум ҷойгир мебошад. Гулаҳмад пеш муаллим ва як шахси қашшоқ буд. Дар ҷамоати шаҳракаи Ҳамид Алиев ба кор даромад. Ба кор даромаду дуздиро сар кард. Помош-ёриҳои башардустонаи меомадаро медуздад ва мефурушад. Дар ҷое, ки Гулаҳмад зиндагӣ мекунад, на барои хонаҳо ва на барои обёрии заминҳо об нест.

 Порсол аз Арабистон ба шаҳраки Ҳамид Алиев чанд адад насос барои скваж  омад. Аммо насосҳоро ба мардуми пулдор фурухтанд. 7 адад насос буд, ки танҳо яктоашро дар назди мактаби №5, ки як чоҳи об-скваж аз давраи Союз монда буд,шинониданд. Яъне барои халқ. Аммо онро ҳам ба директори мактаб фурухтанд. Вай ба халқ обро пулакӣ медод.

 Ду -се бор аз халқ пул барои об пул ҷамъ намуданд. Нисфи пулро дуздиданду дар нисфаш лулаҳои пластамссӣ хариданд. Боз барои хати ин лулаҳо аз мардум пул ҷамъ карданд. Вале халқро маҷбур карданд, ки хати лулаҳоро дастӣ биканнад. Хуллас, дастӣ канонида лулаҳро хобониданду гуфтанд дар ҳар се хона як крани обрезӣ мешинонему оби нушокӣ меоварем. Оварданд. Аммо об ҳамагӣ як моҳ омад ва он ҳам соатбаъй. Об дигар нест шуд.

 Раиси дигар ба ҷамоат омад. Вай ҳам айнан ҳамин корро такрор кард Об меоврем, шланг мехарем гуфта аз мардум пул гирифт. Ва аз ҳамон чоҳи пеши мактаби №5, ки скважаж аз помош буд, об оварданд. Аммо вай ҳам хушкид.

Ҳоло бошад одамҳои пулдор дар ҳавлиҳояшон 50-60 метр кофта минискваж насб карда истодаанд

 Аз даври союз як обанбор монда буд, ки он ду қатор трубаи об меомад ба маҳалла. Онро канда трубаҳои оҳаниашро ҳукуматиҳо гирифта фурухтанд.

Боз ду  қатор трубаи дигар аз ҳамон тарафи Зафаробод то совхози собиқи Дустӣ ба мардум об медод. Онро ҳам канда фурухтанд.

Баъзе аз ин чоплусҳо, ки дар барномаҳои онлайнӣ суҳбат карданд, дуруғ гуфта истодаанд, ки дар Зафаробод танқисии об вуҷуд надорад. Аммо канали дуввуми Зафаробод се сол мешавад, ки хушк аст.

Об несту заминҳо хушк. Аммо меоянду маҷбурӣ налоги замин мегиранд. Ва налогро ҳам ҳамчун замини обӣ мегиранд. Агар худат скваж занӣ ҳам да налог алоҳида пул месупорӣ, ба экология алоҳида. Боз ба светавой алоҳида пул медиҳӣ.Ҳатто агар дар ҳавлиат мини скваж занӣ аз вай ҳам ҳамин пулҳоро мегиранд. Баъд мемонан зани скваж ҳато дар хонаат барои зиндаги мини мезани аз вайхам пул мегиранд.

Рузи таксистҳои Зафаробод ҳам сиёҳ аст. Путевка дорад, надорад, фарқаш нест, ГАИ ҳатман пул мегирад. Боз литснзия ҷудо пул мегирад. Дар ҳамон шаҳраки Ҳамид Алиев ГАИҳо як буз доранд, номаш Зафар аз Уротеппа аст. Боз нафаре аз литсензия номаш Саноат, ки Сашка лақабаш мондаанд. Сашка аз Айнӣ аст. Дар Зафаробод зиндагӣ мекунад. Мегӯӣ, ки як гадои куча аст. Ҳар вақт мегузарӣ ӯ дар трасса аст. Манъ мекунад 20 сомонӣ ва 40 сомонӣ мегирад.

  Боз як коргари ГАИ номаш Обод. Узбек аст. Ин ҳам доди таксистҳоро ба фалак баровардааст.

Директори мактаби №5 муаллими физкултура аст. Аслан савод надорад. Вай дар барномаи пахши мустақими шумо гап зада буд. Аз хешони Гулаҳмад Соқиев.

Бовар кунед, ки ягон чизи ҷамъиятӣ намонд, ҳамаро фурухтанд. Клуби баҳорӣ, 5 магазини давлатӣ, амбори совхоз, боғчаи бачагонаро фурухтанд. Боғчаро як пулдор гирифту қиморхона сохт.

Фермаи калонро аввал говҳояшро, сипас бинову заминҳояшро фурухтанд. Гаражи совхозро фурухтанд, дорухонаҳоро фурухтанд, баняи аз союз мондаро фурухтанд. Ҳар сол мардумро фиреб мекунанд, ки замини наздиҳавлигӣ медиҳем ва пул ҷамъ мекунанд, аммо боз мардумро фиреб медиҳанд. Аз худи ҳукумати Зафаробод  сар карда то ҷамоат тамоми кормандонаш порахуранд. Мо дар як давлате зиндагӣ дорем, ки порагирӣ дигар як кори одӣ ва муқаррарӣ шуда аст.

Гулмаҳмад се фарзанд дорад. Баъди чанд муддати кор дар ҷамоат  як хонаи бо дабдаба сохт- ду этажа. Як духтари бева дорад. Духтарашро бачаи акои худ Гулаҳмад сар дод. Аммо сабабгораш худи Гулаҳмад шуд.

Як руз духтараш бо шавҳараш ба хонаи Гулаҳмад меҳмонӣ меоянд. Гулаҳмад, ки маст шуда буд тарафи духтараш мегуяд, ки имшаб ту меҳмони додоят ҳастӣ, ҳаминҷо мемонӣ. Шавҳараш гуфтааст, ки духтари шумо аст, аммо зани ман, мо бегоҳ меравем ба хонаи худ. Ҳамроҳи ман омад, ҳамроҳи ман меравад.

 Домоду хусур ҷанг мешаванд ва ҳамдигарро дашном мекунанд.

Гулмаҳмад ба тарафи духтараш мегуяд агар духтари ман бошӣ ,имшаб ҳамроҳи шавҳарат намеравӣ. Шавҳараш мегуяд, ки агар бо ман наравад 3 талоқ,ман рафтам.

 Ин Гулаҳмади алкаш, ки дар барномаи шумо баромад карда фақат гапҳои дуруғ гуфт, ана ҳамин хел одам аст.

  Дар он шаҳракаи Ҳамид Алиев ҳамагӣ се остановка-истгоҳ мавҷуд аст. Истгоҳи аввал Кунсун хола ном дорад вале дуи дигараш бе ном аст. Як истгоҳ дар назди хонаи ҳамин алкаши Гулаҳмад воқеъ аст. Остановкаи сеюмиро  7 -8 сол пеш як бача ба номи Ҳақдод бунёд кард. Ва Ҳақдод онро ба номи худаш гузошт. Ҳақдод ин истгоҳро бо сементблок сохт. Афсус, ки ҳоло дар ватан нестем. Вагарна ҳамин Гулаҳмад Соқиевро то мурғи хонааш сурат гирифта ба Ислоҳ  мефиристодам.

Шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев ду ном дорад: якеаш ҳамин Ҳамид Алиев дуюмуш 40-солагии Тоҷикистон.

  Роҳҳо шаҳрак асфалтпӯш буданд. Онро дар вақти союз сохта буданд. То Эмомтапак презилент шудан 7 бор аз болояш аз нав асфалт рехтанд. Баъди Эмоматапак ҳамин 7 қабат рехту хароб шуд ва ҳоло ҳмон қабати он боқӣ мондааст. Ба ҷои онки асфали нав бирезанд ҳамон қабатҳоро меканданд, то ки ружду ҳамвор  бишавад. Ҳоло агар боз Раҳмонов Зафаробод омаданӣ шавад, инҳо боз аз мардум пул ҷамъ мекунанд

Дар шаҳрак як ошхонаи давлатӣ, артел-коргоҳи дузандагӣ, чойхона ва идора мавҷуд буд, ки ҳамаи ин биноҳоро фурухтан. Ин биноҳоро Майрами гурсухта насохта буд, ки ҳоло Эмомтапак бигираду фурушад.

Идораи андози Зафаробод мисли гадо аст. Дар роҳ ҳамроҳи ГАИ меистад ва мошинҳои грузавойро манъ крада мепусад, ки ин борро аз куҷо овардӣ, аз кадом хоҷагии деҳқонӣ? Вақте шофер ба онҳо аз куҷо оварданро мегуяд, даррав дафтарашро мебинад, ки он хоҷагӣ қарздор ҳаст ё нест. Агар қарздор бошад, дигар мошинро далше рафтан намемонад, то хоҷагӣ омада қарзро пардохт накунад

  Ман бо боварии комил мегуям, ки 80% ноҳияи Зафаробод камбизоат ҳаст. Буз он қадар бисёр шудааст, ки гап зада наметавонӣ?

Чанд соли пеш як мусафеди узбек дар бораи Эмоматапак дар даруни масҷид чи гапҳое задааст. Аз масҷид мебарояд у ба хонааш меравад. Дар дами дарвоза ӯро амният меқападу мебарад. Номи ин мусафед Абдусаттор буд. Ӯро бурда чунон задаанд, ки мусафеди 70 соларо меоваранд дар пеши дарвозааш, аз ҷое, ки қапида бурда буданд, дар ҳамон пеши дарвоза бечора мусафед ҷон дод, мурд бинед. Ин мусафед чор фарзанд дошт. Яктоаш Абдусалом ном дошт. Ягон кас ба додашон нарасид, балки ҳатто шикоят ҳам нкарданд. Тарсиданд, чунки узбезабон ҳастанд.

  Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев 8 уним ҳазор аҳолӣ  дорад. Дар ду-се соли охир дар инҷо 3 дузди ҷавон пайдо шуд. Ин дуздҳо аз кучаи Соқиев Гулаҳмаданд. Ятоаш Восровудӣ, номаш Тоҷиддин дувумаш Баҳодур, ки Баха мегуяндаш. Дар зимистон дашт ба дашт гашта кабель медуздиданд. Кабелҳое, ки мардуми камбағал хонаҳояшонро дар банк кредит гузошта гирифта буданд ва скваж зада буданд. То ки об гиранду заминҳояшонро коранд ва аз гушнагӣ намуранд. Вале ин дуздҳо ҳамин кабелҳоро,симҳои барқи скважҳоро дуздиданд. Вақте ин дуздҳоро қапиданд, тамоми халқ аз ин дуздҳо огоҳ шуд. Ин дуздҳоро милиса  буз сохта сар доданд ва инҳо чандин камбағалро хонахароб карданд. Ин ҳоли кутоҳ ва мухтасар аз миллион дарди мардуми Зафаароб буд. Ҳар чоплусе баромад ва таъриф кард  бояд донед вазъияти воқеъии Зафарободи сухтаи моро.

                           Риштон(Фарғона)

 Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман барномаҳои шуморо пайваста тамошо мекунам. Ман соли 2018 дар Хуҷанд донишҷу шудам. 2 сол хондам. Онҷо коррупсия дар авҷи аъло аст. Ҳоло ҳам бачаҳо аз Сухи Фарғона онҷо мехонанд. Дар як сессия то 1500-2000 сомонӣ мегиранд. Дар ХГУ-Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мехондам.

 Декани мо Рабиев ва муовинаш Азамов буданд. Рабиевро идораи коррупсия қапид. Ҳоло дар зиндон аст. Ректор Раҳимов буд, ки вай як секретар дошт бо номи Фаридун. Руирост пул мегиранд. Пул надиҳӣ ҳатто аз кредитний ҳам меғалтонанд.

Як чизро дар гузаргоҳи марзии Патар ва Равот мехоҳам бигӯям.

  Бародароне, ки дар ин гузаргоҳ дар паси компютер мешинанд (барои паспорт) саломат бошанд. Бисёр муомилаи хуб доранд. Аммо гумрук ва гигиена, ки бо онҳо бояд фақат договор мекардем. Дар даҳонаш омадагӣ пулро талаб мекунад Таможни то 200сомонӣ гигиенаш боша то 50 сомониро мегиранд. Аммо ягон ҳуҷҷат намедиҳанд. Номи он ҳуҷҷатро мутаассифона фаромуш кардам. Аммо дар вақти баргашт онро мепурсанд ва ту бояд мегирифтӣ гуфта боз пулатро мегиранд. Дар ҳоле, ки вақти ворид шудан намедиҳанд. Аҳволи нафароне, ки бо мошин ин гузаргоҳро мегузаранд хеле бад аст. Вазъи сарҳадбонҳоро, ки дар дарвоза меистанд, мебинӣ, раҳмат меояд. Мегуӣ, ки аз гушнагӣ мурда истодаанд. Такрор шавад ҳам мегуям, ки бачаҳое,ки дар назорати паспорт мешинанд, муомилаашон чи бо узбекҳо ва чи бо тоҷикҳо хуб аст.

 Ҳамин сол моҳи феврал хонаи хешу табор рафтем. Дар вақти гаштан ман намедонам у таможни буд ё погран аммо яқин кулобӣ буд моро «узбако бдроен» гуфта хандид.

Бо вай ҷангҷол кардем, гурехт. Хиёл кард,ки мо ҳам ранги чоплусҳои худашон, чи коре бо мо кунанд, хап меистем.

Хуб, ин қадар ҳам босавод нестем хонданро ба пул тамом кунӣ чи мешавӣ? Ман як бародари шумо аз Сух ҳастам ва аз вақте шаҳид Умаралӣ Қувватов, ки ба тариқи Зело баромада буд аз он вақт бо бародарони мухолиф ҳастам. Ҳар коре аз дастам биёя,  ёрдам хоҳам кард. Ҳамавақт дар дуо ҳастам.

 Дар ҳақи ман ва бародари муҳоҷир дуогу бошед, бародар Муҳаммадиқбол
                                               Исфара

    Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.

Аҳмадов Сарвар Обидович соли 1989 ба дунё омадааст. Падари Аҳмадов Сарвар дар ҳукумат раиси танзим шуда кор мекард, ки Сарвар баъди хатми мактаб ба филиали хуҷандии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дохил мешавад. Падари Сарвар ҳатто аз онҳое, ки ба ҳаҷ мераванд пул меситонид. Дар ин пул ситонидан раиси ноҳияи Исфара ҷонишинҳо ва якчанд кас шарик ҳастанд. 

Мисол? 

Аз ҳар ҷамоат бояд ба ҳаҷҷи фарзӣ 15 нафар раванд, аммо ба ҷои 15 нафар одам 12 нафар ва ҳатто 9 нафар мегиранд. Нафарҳое ҳастанд, ки 5 сол дар навбат истодаанд. Ва бояд ҳамин нафарон бираванд. Аммо, агар шумо 200$ ба раисони ҷамотаҳо медиҳед, бенавбат ва дар ҳол визаи ҳаҷҷи фарзиро мегиред. Ин корро раисони ҳамаи ҷамоатҳо мекунанд

Вақте падари Аҳмадов Сарвар дар ҳукумати Исфара кор мекард, Сарвар дар ин вақт донишҷӯй буд. Соли 2012 хатм намуд ва корро дар ҳукумат шурӯъ кард. Як ё ду сол ҳамроҳи падар рафта меомад. Падараш ба пенсия баромад. Боз як ё ду сол   дар ҳукумати Исфара кор кард ва ва баъдан раиси ҷамоати Сурх таъин шуд. Баъд ғорати мардумро шурӯъ кард. Мардуми Сурх меҳнатдӯст ҳастанд ва бисёре аз онҳо бо тиҷорат машғуланд.

Пулгириро бо роҳи шартнома аз савдогарон шурӯъ мекунад.

Агар Шумо 2000 рубл диҳед ман аз облава халос мекунам мегӯяд. Вақте хеле аз савдогарони Сурх бо тамоми хонавода ба Русия кӯч бастанд, дигар коргарони ҷамоат зулмро ба мардуми камбизоат шурӯъ намуданд.

Мисол?

Барои гирифтани билети ҳарбӣ бояд ба маблағи 20. 000 сомонӣ диҳед. Аммо дар   Исфара ҳар ҷамоатҳо ҳар хел ставка доранд. Кадоме бо военкоми Исфара наздиктар бошад ставкааш камтар мешавад. Ростӣ мо мардум аз ин сиёсати аблаҳонаи ҳукумат хаста шудаем. 

Светкуши ҳаст.

Зулм ҳаст.

Фишор ҳаст.

Порахурӣ ҳаст.

Бузҳо ҳаст.

Аз тамоми деҳаҳои ноҳияи Исфара эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки аз занҳои буз эҳтиёт шаванд. Ҳозир дар тамоми ҷамоатҳо занҳо буз шудаанд.

                                    Фархор

   Ассалому алайкум бародар Муҳамадиқбол. Ман як омузгор аз ноҳияи Фархор, ҷамоати Ғайрат, учаскаи Биступанҷсолагӣ. Аз шумо хоҳиш мекунам ин номаи маро ба гӯши роҳбарони мақомоти золими Раҳмонов расонед. Дар участкаи мо беш аз се ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар замистон роҳҳои мо тамоман ҷазир ба мисли ҳавзи моҳӣ мешава. Як ҳоҷӣ аз ноҳияи Масковски-Ҳамадонӣ худо раҳмат кунад падару модарашро,ки таъмири роҳи моро аз ҳисоби худаш, ҳамчун хайру садақа сар кард. Аммо ин ҳаромхурҳо омада70.000 ҷаримааш карданд, ки чаро иҷозат нагирифтааст.Ин ҳоҷӣ партофту раф. Роҳи мо ба ҳамон ҳоли зораш монд.

  Раиси ҷамоати мо Саид аст, ки Саиди сияҳ мегуянд. Номи раиси участка бошад Салом. Хешу табораш ӯро махсуми Салом мегуянд. Вале мардум Салом шайтонаш ном мебаранд. Бузи тайёр аст.  

Як нафари дигаре ҳаст бо исму насаби Ибодов Сайбурҳон, ки дар деҳаи Некманзар ҷамоати деҳоти Ғайрат зиндагӣ мекунад. Аз дасти Ибодов Сайбурҳон мардум ҳеҷ рузи хушро надида истодааст. 2 сол пеш аз мардум 200 сомонӣ ҷамъ кард. Гуфт баъди ду моҳ  ба шумо об мебарорам, аммо ҳоло ҳам ин корро накард.

  Писари вай Дилшод дар кумитаи замин кор мекунад. Пули налогро мо ҳар сол ва саривақт медиҳем. Лек мо ба ноҳия рафтем, гуфтанд, ки 800 сомонӣ қарздор ҳастед. Мо намедонем, ки чи кор кунем?

Боз як кори бадаш дар ин аст ки кадом помош меояд байни худашон тақсим мекунад. Мебинад ,и ягон одами ҷанҷолӣ бошад каме аз он помош медиҳаду даҳонашро хап медоронад.

 Писари 2юми Ибодов Сайбурҳон Шералӣ ном дорад. Уро бо дуздӣ қапида аз кор озодаш карданд. Ҳатто сиденияи самолëтро дуздида ба хонааш овардааст.  

Писари севвуминаш худотарс аст.

  Писари 4умаш Орзу, дар суди Ёвон кор мекунад. Дар Ёвон ҳар куҷо «живой музика» ҳаст дар онҷо уро мешиносанд. Қиссаи зангириаш ҷолиб аст. Падараш Раиси маҳалла аз Ибодов Сайбурҳон қарздор мешавад. Сайбурҳон тарафи раиси маҳалла мегуяд ҳамон набераатро ба писари ман Орзу медиҳӣ ман қарзҳоятро мебахшам, агар надиҳӣ ман туро ба суд медиҳам .Он раиси маҳала дигар илоҷ намеëбад, мераваду ба писараш мегуяд, Сайбурҳон духтаратро ба писари ман бидеҳ мегуяд. Писари раиси маҳалла мегуяд отаҷон шумо калонед, шумо чизе, ки гуед ва ҳамин тавр ҳам мешавад.

Аз дасти ин ҳаромхур дар Некманзар ягон писар намондааст. Писарони маҳалларо бузӣ карда ба як облавачӣ месупорад.

   Номи ин облавачӣ Мирзошариф. Ин Мирзошариф хонабахона мераваду рушод мегуяд 3 ҳазор сомонӣ медиҳӣ писаратро хизмат намебарем. Вале мо як шарт дорем, бачаат аз хона намебарояд, агар баромаду қапида бурданд, мо ҷавоб намедиҳем. Шахсан худамро ҳамин тавр карданд.3 ҳазор сомониро додам. Аммо боз як группаи дигари облава омаданд ва аз осиëби ҷоямон қапидан бурданд.

Ман дар осиëб кор мекардам. Як буз дар ЗАГС кор мекунад, номаш Зуҳур мебошад. Ин муаллими Зуҳур омад осиёбу гуфт додар кор мекунӣ? Ман бале гуфтам. Вай баромад аз байн 5 дақиқа нагузашт, ки 4 нафар даромада маро қапида бурданд. Дар ҷамоат дидам, ки муаллим Зуҳур бо Мирзошарви онҷо нишастаанд.   Боз бешармона ба ман гуфт: «мо тьра нагуфтем, ки ай хона набро, хай бромади ҳичи гап не, мерай 2 сол тайтай-попо мекни бо миëой».

                                                 Шаҳринав

  Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Дар бораи як муаллими дустдоштаи худам аз Шаҳринав мехоҳам бароятон бинависам. Барои чи муаллими дустдоштаам гуфтам? Барои он ки он муаллим на самом деле муаллими дустдоштаи на ман, балки 60/70% хонандаҳои он мактаб буд. Яъне мактаби№10-и ба номи А.С.Макаренкои ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати Боғистон номи аввалааш Садвинсовхоз! Ин муаллими дустдоштаи мо аз фанни англисӣ ба мо дарс медод. Хело ҳам муаллими бо муомила ва бо савод ҳам буд! Аммо зз рузе, ки «повышений» рафт, яъне ба маориф ва баъдан ба ҳукумати ноҳия гузашт, хело ҳам бераҳм шуд! Дар ҳамон ҷамоат ягон метр замин намонд, ки вай аз худ накунад. Ин муаллим Ғаниев Абдуманон ғайри заминҳое, ки дар Шаҳринав фурухт боз дар ҷамоати худамон ҳам ҳамаро ба савдо зад. Муаллим ба мисли ҳамон ҷанобашон 7 ё 8 духтар дорад,ягон писар надорад! Хело духтарбоз ҳам ҳаст! Дар ҷамоати Боғистон як чойхона доштем, ки дар назди мактаб воқеъ буд. Онро ба хок яксон карда ҳамаи чубу тахтаву шиферҳояшро фурухта замини онро холӣ карда гирдашро забор гирифта ва ҳоло ба фуруш мондааст! Дар назди масҷиди калон замини заправка буд. Баъде, ки заправка дигар кор накард, заминро дар ҳисоби масҷид гузаронда онҷо кам -кам помидору бодирингу зелен мекориданд. Он заминро ҳам гирифт. Азбаски дар он замин сохтмони хона мумкин нест, ба духтару домодаш он заминро ҳмчун замин барои сохтмони магазин ва корхонаи дузандагӣ оформит карда дод. Аммо духтараш дар онҷо аз тарафи раҳ як магазинча сохту аммо дар дарун бошад, хонаи зист бунёд кард. Дар назди дарвозаи бемористон як заминчае буд. Вақте ҷамоатҳоло обод буду он бемористон мошинҳои «скорый» дошт, онҷо меистоданд! Он заминро ҳам гирифта як хонаи ду этажа сохта ба Амонатбанк ба иҷора додааст. Ва ба гуши мо мардум расид, ки ба як духтари дигараш ки дар Шаҳринав ба шавҳар додааст ба у барои истиқомат подарка кардааст!

Ман барои чи ин маълумотро ба «Ислоҳ» равон кардам? Бигзор муаллим Ғаниев хуб фикр карда ин корҳояшро бас кунад. Барои онки ин  муаллим ба мисли Ҷаноб бесавод нест, ки аз вай ёд гираду ҳамаро забт карда гирад!  Муаллим нагз медонад, ки дар ҷамоати Боғистон оилаҳое ҳастанд, ки дар як ҳавлии 6 ё 8 сотихӣ 4ё 5 келин зиндагӣ мекунанд! Агар  ин қадар қудрату тавоноӣ имруз пайдо карда бошад, бигзор фикри чунин оилаҳоро ҳам кунад ва ба онҳо ягон порча замин ҷудо карда диҳад!  Дар ҳоле,ки вай раиси Кумитаи замин нест. Аммо дар ҳамин ҷамоат калон шудааст. Яъне баъди президент шудани Раҳмонов ба ин ҷамоат наомадааст, ки ранги Раҳмонов барои 7духтараш ҳамаро забт карда гирад! Аз ҳоли ҳамаи мардуми ин ҷамоат бохабар аст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Фикр мекунам, ки барои ҳоло кофӣ аст. Ман медонам муаллим ислоҳшаванда аст! Агар бинем, не ислоҳ намешавад, дар бораи духтарбозиҳояш бо муаллимаҳои шавҳардор ҳам як ду ҷумлача менависем!

   Дар охир гуфтаниям, ки мардуми Шаҳринав хап нашинед. Бас аст ғуломи раису вазиру ҷазир шудан! Нависед дар ноҳияи Шаҳринав хело зулми бисёр мекунанд, хусусан милисаҳо! Аз началникҳояшон сар карда то як қаравули даҳони дарвозаи отдел! Ягон майда фикри калону хурд намекунанд. Бо нафароне,ки аз падару модарҳояшон калон аст як муомилаҳое мекунанд, ки дар вақти ғуломдорӣ   ба ғуломҳои худ ин тавр рафтор намекарданд!  

 Як чизи дигарро фаромуш кардам нависам, ки дар ҷамоати мо боз як ду замини дигарро ба як бародари узбекзабон ба номи Турдӣ фурухт. Турдӣ худаш местний, аз ҳамон ҷамоъат аст! Вай се писари наркобизнес дорад, ки дар Русия бо хариду фуруши героин машғуланд! Турдӣ дар як ҷамоъати мо ғайр аз замини аз падараш монда боз 5 хонаи заминӣ ва як хонаи сексия ва боз ду замини дигар барои магазин гирифта аст. Як заминаш ҷои заправка буд Ғаниев ба у фурухт ва онҷо ҳамчун магазин кор карда истодааст!

 Ин Турдӣ дар вақти ҷангҳо боевик ҳам буд! Хело тоҷикро кушта буд! Гурехта рафт, дар розыск буд! Вақте камтар тинҷӣ шуд, через кадом посредник ба кадом генерали калони ҳаромхур пул дода ҳамчун пешина, гуё ҳеҷ гап нашудааст, спокойно зиндагӣ дорад!                           

                                      Новгород

   Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Ман чанд сол аст ки дар инҷо ҳастам. Дар хонаи як мақоми баланд, генерали пешини вазорафти мудофиаи Русия хизмат мекунам.Ин генрал дар бораи Тоҷикистон хеле зиёд медонад. Дар вақташ дар погранвойскаи Русия дар ноҳияи Масковский  хизмат карда будаст. Мегуяд ҳоло сарҳади Тоҷикисто як магистрали бузурги тронзити героин шудааст ва онро худи Раҳмонов назорат бо аъзои оилааш мекунад. Вай як гапи аҷоиб зад. Гуфт Раҳмонов мехоҳад дигарҳоро фиреб кунад, ки сарҳади вайро мезананд. Чанд вақт пештар як хабар чоп шуд,ки се нафар аз аъзои  Ансоруллоҳ вориди хоки Тоҷикистон шудаанд. Гуфт ин дуруғи маҳз аст. Ба гуфтаи ин генерали бознишаста аз ин гуна дуруғҳои Раҳмонов мақомоти Русия огоҳанд.

Вай барои ман як гапи аҷоиб гуфт. Гуфт он қадар силоҳу муҳиммоти ҷангиро,ки ин се нафар гуё аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаронидаанд, мешавад бо Камаз даровард. Ҳеҷ гоҳ се нафар, ҳатто агар супермен ҳам бошанд, ин қадар силоҳро дароварда наметавонанд.

  Вай гуфт, ки як фикр кун,ки чи хел се нафар яроқу аслиҳаи чени як Камаз борро даровардаанду сарҳадчиҳои тоҷик бохабар нашудаанд?

Бо 500 кг маводу таҷҳизоти тиббӣ, ҳарбӣ,тиру туфанг, капсулаву чени як аптека доруворӣ, норинҷаку микросхема ва ҳазоруяк майда чуйда ва боз як пачкаи саддолларӣ вориди Тоҷикистон шуда,намедонистаанд,ки дар он кӯҳҳо чӣ ҳадаф доранд? 500 кг зиёдтар борро 3 нафар чӣ гуна ҳамл кардаанд? Терминатор бошанд ҳам наметавононистанд.

Вай гуфт, ки аксҳои чопшудаи он се гуё террористро дида ба дуруғ будани ин ҳодиса саддарсад итминон ҳосил кардааст. Агар террористро ҳангоми даргирӣ кушанд, дастонаш чаро дар силоҳаш нест? Чаро дар ягонҷои навор, дар гирду бари мурдагон, ҳатто1дона гилза нест? Охир инҳо муқобилият нишон дода, то охирин тири тирдонҳояшон шояд истодагарӣ кардаанд?  Чаро ҷавшан (бронжелетҳояшон) размери танашон нест? Барои инсоне, ки интиҳорист ё ба мақсади куштану мурдан вориди сарҳад мешавад, дигар долларҳои амрикоӣ чӣ лозим дорад? Ё мансабдорони фосидро хариданӣ буданд, ё зангирӣ омада буданд? Чи гуна, зуд ҳаминки ин 3 танро куштанд, шахсияташонро, дар шест секунд муайян ва ҳатто кӯлобию ғармию суғдӣ буданашонро аниқ маълум карданд?

 Агар инҳо 500 килро дар чанд рӯз оврда бошанд пас ин  сарҳадбони №1 СС. Ятимов чи кор мекардааст? Маълум аст ки дар як маротиба ин қадр маводу таҷҳизотро ҳатто аспу хар бардошта оварда наметавонад, чи расад ба се ҷавон?Ин се нафар чи гуна тавонистаанд, ки онро ҳамл кунанду оваранд ва боз амбор кунанд, аммо касе нафаҳмад. Ба ин дуруғ кӣ бовар мекунад. Боз ин аҳмақи Раҳмон аз минбари ҷаласа ин дуруғро ба ҳама эълон карда истодааст,ки Ансоруллоҳ ворид шуд ва қасд дошт,ки дар чанд ҷое аз кишвар амалҳои террористӣ анҷом диҳад.

Хулоса , ин генерали бознишаста гуфт,ки ҳукумати шумо ва худи Раҳмонов бо эҷоди ин гуна дуруғҳо ва овоза кардани он халқи тоҷикро тарсонида истодааст.

Ман хостам, ки ҳамин гуфтаҳои ин генералро ба шумо бирасонам.

Share This Article