Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№126

Ислоҳ нет

    Ин маълум аст ки Раҳмонов ва ҳукумати вай ва чоплусону тамаллуқкорони вай аз Ислоҳ бисёр ҳам нороҳату безоранд. Бисёр ҳам бад мебинанд. Махсусан барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳоро»  зиёдтар бад мебинанд. Чунки «Номаҳо…» барои мардум навиштан ва ифшо карданро осон кард. Он чи, ки мебинанду мушоҳида мекунанду мехоҳанд бигуянд, хеле ҳам осону роҳат менависанду мефиристанд ва мебинанд, ки нашру пахш мешавад, боз ҳам ин корро идома медиҳанд:

               Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол.

Сипоси зиёд бар шумо, ки навиштаҳои маро ба чоп медиҳед. Вақте мехонед мефаҳмед, ки ман кӣ ҳастам. Чи бароятон мегуям?

Кадрҳои куҳна аз омадан ба саҳнаи сиёсат ва ҳукумат аз командаи Рустами герчик сахт хавотиранд. Чи тавре, ки яке аз собиқадорони ҳукумат гуфт, «Мо ку бо хуб як пастиву баландира дида омадем, ин гурӯҳи авбошу наркоман умуман дидагӣ нестан ҳичира. Инҳо хурда сер омадагиян, умуман раҳм надоран».

Бисёр ҷолиб гуфтааст. Ҳар нафаре, ки дар круги Рустам аст, ранги саги гушнаи даранда аст. Бародарон Мирзоевҳо пеш аз бо Рустам часпондан, калаву пуст ба тиҷорати наркотик машғул буданд. Баъдан Хуршед Мирзоев худашро ба Шоҳрух часпонду ба Рустам наздик шуд. Он сумҳоеро, ки аз тиҷорати калони героин ба даст оварданд, барои оне, ки аз дасташон нагирад, дар тиҷорат заданд. Мирзоевҳо медонанд, ки мақсадашон расидан ба нуқтаи асосӣ аст. Нуқтаи асосӣ ин кормушкаи оила аст. Яъне Ориёнбонк, ки дар ниҳодҳо тобеи он, чун Ориёниншуренс –ширкати бима-страховая компания, ки тамоми корхонаҳои калон дар он худро страховат кардагиянд. Талко ва дигар корхонаҳои бузурги давлатӣ мебошанд.

Шоҳрух Саидов дар хоб намедид ҳатто, ки Хуршед ба ин мартабаҳо мерасад. Ӯ фикр мекард, ки гузиданашро аз Шоҳрух мепурсад. Худашам Шоҳрух чанд бор гуфт, ки «онаи иёра б…ом миёришон аввалда, то ридана пурсида мекнан, ба мебинӣ ки кор тамоман дигар». Хуршед ба Муҳаммади бародари калониаш, ки роҳбари Авесто- групп аст, гуфтааст, ки «иқа сума мо да и к…изано задем, бояд сад баробар барорем сумомона». Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Мехоҳам чанд чизи дигарро бароятон бигуям.

 Эмомалӣ Раҳмонов Мансур Умаровро дар ҷои Иззатулло Шарипов, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия таъин карда ба вай амрҳои махсус дод. Дар зиндонҳо бо моддаҳои терроризм, экстремизм ва монанди инҳо нафарони  зиёд ҷамъ шуда буданд, ки бархе аз онҳо дар ҷангҳои Сурия ва дигар минтақаҳо иштирок карда, диду ақидаҳои чунини доштанд. Аксарияти онҳо дар тюрмаи Кирпичный, ки дар роҳи Душанбе- Ваҳдат аст, адои ҷазо мекарданд.

Дар зиндонҳои Хучанд, зиндони рақами 1, ки пеш дар Душанбе буд ва баъд ба назди Кирпичный кучонда шуд, низ ин гуна нафарҳо зиёд буданд. Ба Раҳмон ҳама вақт маълумотҳо мерасад, оиди нафарони гуё хатарнок. Мағзу эҳсоси уро бо чунин нафарони хатарнок пур мекунанд. Ҳамин тавр мебоист як чисткаи нимкола шуда   шумораи ин гуна нафарон кам карда мешуд.

 Нақшаи он ҳодисае, ки онро мақомот бунт номиданд ва дар он шайх Темуру дигар нафарони номдор, аз ҷумла эшони Қиёмиддини Ғозӣ кушта шуд, пурра дар назди худи Мансур Умаров тарҳрезӣ шуда буд. 

 Барои анҷоми ин кор нафарони иҷрокор лозим буд. Чун ҳар вақт мақомот ваъдаҳои дуруғ монанди «кора кнен,ҷавобтон метем, ё срокотона кам мекнем»-ро доданд. Ҳамин хел бо писари Гулмурод Ҳалимов, ки сардори ОМОНи МВД буду баъд бо ДОИШ пайваст ва бо Обиди бачаи Эмом Хуяк, бо Рустами фархорӣ, ки лақабаш Хаммер ва бо дигар нафароне, ки гапзану гапгузарон буданд,  пешниҳодҳо шуд. 

Писари Гулмурод Ҳалим бо як нафар, ки номаш Руҳулло буд ва бо Обиди бачаи Эмом Хуяк дар як барак меистод, розӣ шуданд. Аммо чи ваъдаҳо ба онҳо шуд, рости гап то ҳол маълум нест. Рӯзе, ки он ҳодиса иттифоқ меафтад, баъди намози таробеҳ мебароянду ба тарафи Шайх Темуру Махсуми Саттору Қиёмиддини Ғозӣ ва дигарҳо медаванд. Писари Гулмурод Ҳалим бо ҳамроҳии Руҳулло ва боз чанд нафари дигар бо онҳо ҳамроҳ мешаванд. Дар ин ҳолат Муқим Табаров, ки дар филми «Беҳуда хорам мекунӣ» бозӣ кардааст ва он вақт барои ҷинояте адои ҷазо мекард, Зайд Саидро гирифта мегурезонад ба тарафи фермаи зиндон. Рустами фархорӣ бошад гурехта дар болои крыша баҷо мешавад. Дар тюрма бетартибиҳо зиёд мешавад, утоқи кории сардори зиндонро оташ мезананд, мардуми даркориро мекушанд. Мақомот интизори занг аз дарун буд ва то занг мақомот ҳуҷум накарданд. Маслиҳат чунин буд, ки «одамҳои даркорӣ»-ро занг мезананду мақомот штурм мекунад. Писари Гулмурод занг зада мегуяд, ки «тамом, мо корро кардем, дроен мора, фақат зарар нарасонен, маслиҳат ҳаму маслиҳати худмон». Вай тупой ай куҷо медонист, ки барои онҳо штурм мешавад. Мақомот даромада аввал иҷрокунандагони асосиро куштанд. Ҳамчунин нафарони зиёдеро, ки дар руйхати мақомот қарор дошт, убрат карданд. Ними тюрмаро ток монданду шиканҷа карданд, ки чунин гуеду чунон гӯед. Муқим Табаровро, ки пешакӣ гуфта буданд,  ягон гап шуд сразу Зайд Саидро гурезон тарафи ферма, баъди ин кораш Муқимро озод карданд. Боз чанд нафари дигарро ҳам барои иҷро озод карданду сабуки доданд.

  Рустами фархориро рост ба тюрмаи Хуҷанд этап карданд. Мансур Умаров баъди анҷоми амалиёт рост ба Раҳмонов доклад карду гуфт, ки анҷом додем. Раҳмонов гуфт: «о иқа одам мурд ку»? Мансур гуфт, ки «Ҷаноби Олӣ дигар роҳ набд. Бояд мо ҳодисаро ҷангу даъво байни ду группа дар зиндон нишон медодем. Дигар хел намешуд». Қиёмиддини Гозиро бо Махсуми Саттору Шайх Темур убрат карданд. Сабаби убрати Қиёмиддини Ғозиву Махсуми Саттор маълум. Раҳмонов қасами  нобудии ҳама аъзоёни болоии ҲНИТ-ро барвақт, ҳануз дар соли 1999 хурда буд. Вай ба Ислом Каримов ваъда карда буд, ки онҳоро маҳви физикӣ хоҳад кард. Аммо бо шайх Темур чи мушкил дошт, ҳама ҳайрон шуд. 

Ин ҳолатро барои он гуфтам бародар, ки баъди додани ҳукми зиндон ба аъзои гурӯҳи қатли Шуҳрати муовини Ҳасани Ориёнбонк, онҳоро ба зиндон мебаранд ва баъди оне, ки онҳо аз карантинаи зиндон баромада дохили зиндон медароянд, бо ҳамин хел сценария мекушандашон. Аллакай тайёрӣ дидагианд.

   Айни замон Юсуф Раҳмон бо собиқ Прокурори Генералӣ Бобоҷон Бобохонов часпонду баъзеҳо хайрон шуданд. Аҷиб замонае шудаст. Пештар Раҳмонов ягон касро мегирифту антипартийный мекард, дигарҳо ҷуръат намекарданд, ки бо у салом кунанд. Ин Юсуф Раҳмон бошад, рост оварда дар бари худаш шинондаш. Ин як маъно дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон даврат рафта истодааст! Чунки Бобоҷон Бобохоновро гуруҳи Ҳасан Асадуллозода ва Нусратулло Абдуллоеву Шерхон Салимзода дар назди президент сиёҳ карда буданд ва Раҳмонов ҳам хеле бо лаҳни дурушт уро аз кор ҷавоб дода буд.

 Аммо ҳоло Юсуф Раҳмон Бобоҷон Бобохоновро ба кабинеташ зиёд даъват карда оиди худи Эмомалӣ Раҳмонов ва наздиконаш ва дигар нафарон маълумот ҷамъ меоварад:

«Иш чи хел буд, уш чи хел буд. Барои чи иша гирифту уша не». Яъне хушру, пурра маълумоти хубу заруриро ҷамъоварӣ кард. Бачаи Бобохоновро прокурори як ноҳия таъин кард.

  Он нафароне, ки пештар дар Прокуратураи Генералӣ дар вазифаҳои хуб кор мекарданд, аз онҳо Юсуф Раҳмон барои вазифаҳои гуногун пулҳои калон гирифта буд, аммо онҳо аз кор гирифта шуданд. Аз болои онҳо тавассути мактубҳои анонимый-анонимка, ба Президент маълумот ирсол мекунанд оиди корҳои пинҳонии Юсуф Раҳмон.

  Обиди бачаи Эмом Хуякро бошад аз срокаш кам кардану «дар тюрма хуру гард гуфтанд». Зоир бедарак, ки кушандаи шогирдаш ва кидаткардагиаш дар тюрма ҳам гапзан аст. Яъне Обид.

                                Челябинск
  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мардум аз навоҳии кишвар, аз ғаму дарди худ шикоят кунанд, аммо дар ин нома ман аз уламои дин шикоят мекунам. Аз уламои дин дар Тоҷикистон, Афғонистон ва ҳатто дар тамоми дунё. Ва хусусан аз онҳое, ки зидди муборизин ва мухолифини мо, мардуми Тоҷик ҳарф мезананд ва ин ҷавонмардонро ба куфр муттаҳам ва талош мекунанд, ки эътиқоди мардум аз онҳо канда бишавад. Ҳоло дар инҷо аз бародар Муҳаммади Ансорӣ ва якчандтои дигар чизе намегуям.

  Хитоб дар инҷо ба ҳамон олимони динӣ ба мисли Искандари маданӣ ва ҳамақидагони дигари ӯ аст. Ба ту гуфтаниям эй Искандари маданӣ! Ту бадбахт аз ин ҳизбиҳову муборизин чи бад дидаӣ, ки ин қадар ҳукм ба куфр мекунӣ? Онҳоро, чи кори куфрашонро дидаӣ охир?
Агар рӯзе шавад, ки ҳукумат тағйир хурад, ки ин ша’а Аллоҳ тағйир хоҳад ёфт, шояд ин мухолифон ба ту ҳам иҷозаи зиндагӣ дар ватанро диҳанд. Аммо ба туи курнамак ҳайф аст! Мо мардуми одӣ туро дар ватан ором намегузорем. Манзур аз ин не, ки туро мекушем. Не, мо қотил нестем. Ба мисли худат рафтор мекунем. Ҳар куҷо, ки ҳарф мезанӣ, суханҳои худатро бар зидди суханҳои дигарат истифода бурда ҳукми худатро ҳам мебарорем. Ва дар ҳар куҷо, ки туро дидем фишорат меорем ва масхараат мекунем. Ту ки обуруй надорӣ. Боз обруятро ду тини пучак мекунем. Чи гунае, ки ту имрӯз ин мухолифонро мекунӣ. Ин буд хитоби якчанд ҷавонмарди тоҷик ба ту.    

 Ҳозир як ҳарфи худатро мисол меорем, айнан гуфтаи худат аст: эй Искандари маданӣ, хуб гуш кун! Ту як навори бародар Муҳаммадиқболи Садриддинро гирифта мисол овардӣ, ки дар он навор мегуяд, Сарқонун ягон мушкил надорад вале ту уро ҳукм ба куфру муртаду мушрику дигару дигар чизҳо кардӣ. Аммо дар инҷо ман ба ту мегӯям, ки агар ту Сарқонунро куфр медонӣ, пас ҳамин Ютубро ҳам истифода набар, ки агар мисли гуфтаи худат гирем худат ҳам ҳукм ба куфр мешавӣ.

Ин ба гуфтаи худат аст. Мо аз руи ягон китобе нагуфта истодаем. Барои мисол дар Сарқонун, кӣ меъёру қонун ҷойгир мекунад? Албатта инсон! Аммо дар зери программаи  Ютуб, кӣ қавонин ҷойгир мекунад? Дар инҷо ҳам инсон! Яъне он нафароне, ки программаи Ютубро сохтаанд. Ҳоло онҳо насронӣ, яҳудӣ ё мусалмон ҳастанд,мо намедонем, аммо инсонанд ва ин инсонҳо баъзе аз қавонинро ҷойгир кардаанд, дар программаи Ютуб,ки дигар инсонҳо, ки онро истифода мебаранд, маҷбуранд ҳамон қавонини Ютубро истифода кунанд ва дар шабака фаъол бошанд. Масалан агар дар ҳамин Ютуб навор карда напартоӣ ё ин ки лайк намонӣ, ё ин ки маблағи интернетро пардохт накунӣ, ё подписатсия накунӣ ё тугмаҳое, ки имрӯз сенсорӣ ҳастанд, пахш накунӣ ва эфир накунӣ то ин ки эфират ба дигар мардум рафта нарасад ва дигар чизҳо ҳастанд, ки инсонҳо зери программаи Ютуб ҷойгир карданд. Агар инҳоро истифода мебаред, пас ту ҳам зери ин ҳукм дохил мешавӣ, эй Искандари маданӣ. Ҳоло шояд барои худат далел оварӣ, ки «э ин Ютуб як ҷисми  беҷон аст». Пас, бигу оё Сарқонун ҷон дорад? Аблаҳ! Хуб гуш кун! Агар ба Ютуб баъзе корҳоятро пеш барӣ замони ҳозира, ки илм пеш рафтааст, пас бо Сарқонун як давлатро пеш мебарӣ! Агар боз ҳам қабул накардӣ ва ин суханҳо таъсират накарданд, пас ту ҳам Ютубро дигар истифода набар. Ютуб ҳам дар дохили худ баъзе қавонини худро дорад, ки ту маҷбур мешавӣ он қавонини Ютубро ба ҷо биёрӣ ва корҳоятро пеш барӣ, пас ту ҳам кофир шудӣ. Чунки инсонҳо он қавонинро дар Ютуб ҷой доданд ва ту истифода бурдӣ.
Ҳоло ин яке аз мисолҳо буд. Боз ба мисли ҳамин дигар мисолҳоят меорем. Масалан,ту эй Искандари маданӣ дар дилхоҳ давлат ҳам бошӣ бояд ронандагии мошинро ҳам накун. Чунки қавонин ва қоидаи ҳаракат дар роҳро ҳам инсонҳо навиштаанд ва агар ту дар мошин рафта дар чароғак истӣ ба мисли гуфтаи худат боз ҳам даст ба куфр задӣ. Чунки инсонҳое, ки қавонин навишта карданд, ту қонуни онҳоро итоат кардӣ ва қофир шудӣ. Ва боз дигар мисолат меорам. Аз ин пас дар кадом давлате, ки набошӣ, дар ҳамонҷо бимон ва дигар ба ягон давлати дигар сафар накун. Агар сафар кардӣ, боз маҷбур мешавӣ тавассути гумрук бигузарӣ ва дар паспорти ту печати контрол мезананд ва ин қонунро, ки инсонҳо эҷод кардаанд ва дар гумрук ба иҷро гузоштаанд бояд иҷро кунӣ ва ту боз даст ба куфр мезанӣ, чунки қавонини инсонро ба ҷо меоварӣ ва итоат мекунӣ.

Ва дар ҳамин ҷо мо як таъғирот ворид кардем!

«Эй Абӯ Муҳаммад мадани ту дар як барномаи ютубиат гуфти, ки Муслима Аҳмади шавҳараш даюс шуд ва онҳоро ҳукм ба куфр карди зеро дар ютуб баромад мекард ва суолу ҷавоби дини мекард аммо худат дар телеграммаат дар пахши мустаъқим бо занон гап мезанию суолу ҷавоб мекуни яъне онҳо ҳам кофир шудан? Шавҳарҳояшон даюс шуд? Ва худат боиси даёсати онҳо шуди магар?»
Мо наворҳои бо занон гап заданатро дорем агар имконаш бошад тими техникии Ислоҳ дар барнома ҷойгираш кунанд!

Ҳоло дар инҷо боз ба як нафари дигар мехоҳам хитоб кунам, ки номаш эшони Саид Муҳаммади Ғозӣ ҳаст ва номи каналаш «Андешкадаи мисбоҳ».

Ӯ инсонҳоро ба кадом мазҳаб даъват мекунад, мо намедонем ва мазҳаби худаш ҳам чист намедонем, аммо фақат шиъаҳоро таъриф мекунад. Мардум эҳтиёт кунед, фиреби ӯро нахуред, то ин, ки мазҳаби худатонро гум накунед. Хуллас, шикояти мо ин аст ки ӯ вақте Исроил болои мардуми Фаластин ҳуҷум кард, мегуфт ки онҳое худашонро мухолиф мегӯянд ва мубориз мегӯянд чаро дар қазияи Фаластин хомушанд. Ва Украинаро мисол овард, ки дар масъалаи Украина онҳо гап мезаданд ва Шарофиддин Гадоевро мисол овард, ки онҳо ҳатто намоянда равон карданд ба Украина, аммо имрӯз дар қазияи Фаластин хомушанд. Ва ҳатто Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мисол оварда хеле танқид мекард ва паст мезад ва масхара ҳам мекард ва мегуфт худашонро номҳо гузоштанд, якеаш барномаи Ҳақу ботил ташкил кардааст дигариаш Ислоҳ. Воқеан ҳамин гапро гуфт. Як бор Ислоҳ гуфт ва як бори дигар боз Ислоҳ гуфта масхара кард.

Танҳо худашонро ҳақ мегуянд аммо барои Фаластин хомушанд, ҳарф намезананд. Аммо пеш аз моҳи рамазони соли 2024 Раҳмонов ҳамроҳи уламои динии Тоҷикистон маҷлис кард. Дар он ҷо нисбати падари ин хело бадгӯӣ кард. Акнун  Эшони Саид Муҳаммад Ғозӣ метавонӣ ба Раҳмонов як ҷавоб гардонӣ. Чи оё метарсӣ? Дар масъалаи Фаластин нисбати мухолифон забонат дароз буд. Аммо дар қазияи падари худат чаро Раҳмоновро бе посух мемонӣ. Тарс чизи зур аст, ҳамин хел не? Барои ҳамин курпаатро чени пойҳоят дароз кун ва ба давлати Эрон ҳам онқадар сахт дил набанд. Эрон ҳам як навъ диктатурӣ аст. Ҳар вақт метавонанд туро ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Хубаш ба хотири гузаштаат ба ягон давлати дигар бирав. Чунки мардум дар бораи бастагони пешинаат суханҳои хуб мегуянд.

Боз хитоби дигар ба тамоми олимони дини исломӣ дунё, алалхусус ба уламои Афғонистон, онҳое, ки бо ин Искандари мадании бадбахт мувофиқ ҳастанд ва дилхоҳ шахсиятҳо ва мардумонро ҳатто ба куфр муттаҳам мекунанд. Магар шуморо Худованд танҳо барои такфир кардану фатво додан офаридааст? Фардо пеши худованд чи ҷавоб мегуед? Мегуед, ки худованд моро бубахш! Мо танҳо зурамон ба такфир кардану ба фатво додан мерасид? Барои чи амал намекунед? Мардумро ку бо куфр муттаҳам карда метавонед? Мегуед аввал ба демократия кофир шавед, баъд мусалмон шавед. Аммо шумо чаро аз ҷоятон хеста амал намекунед? Чаро аз ҷоятон хеста аз паси сохтани як ҳукумати исломӣ нашудед, то ин ки мардуми мусалмон зери як ҳукумати  исломии воқеӣ имруз зиндагӣ мекард. Агар дар дилхоҳ давлати ҷаҳон як ҳукумати исломии воқеӣ бошад, дониста бошед, ки аз тамоми мардуми мусалмони дунё омада зери сояи ҳамон ҳукумат зиндагӣ мекарданд ва безор будан аз ҳамин  диктатуриву тоғутии имруза. Фақат ҳукм ба куфр кардан ягон чизро тағйир намедиҳад, амал кардан даркор!
Дар баъзеҳояш ҳайронам. Якеаш дигарашро ҳукм ба куфр мекунад ва дигараш инашро ҳукм ба куфр мекунад. Охир дар дунё оё ду дини ислом аст? Охир ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассалам дуто дини исломро паҳн карда буд, ки мо аз яктои дигараш бехабар мондем?.

  Як олими дин худаш олим аст боз дигар олими динро, ки ӯ ҳам олим аст, ҳукм ба куфр мекунад. Боз ҳамавақт яҳуду насороро гунаҳгор мекунанд, ки онҳо душмани мусалмонҳо ҳастанд. Охир агар яҳуду насоро душман бошанд, онҳо душмании худро мекунанд. Аммо чаро уламои дини исломи кушиш намекунанд барои  пешравии мусалмонон, барои зиндагии хуби мусалмонон? Чаро як ҳукумате намесозанд, ки мусалмонон орому осуда зиндагӣ кунанд? Ҳадди ақал биёед дар ҳамин масъалаи такфир кардани якдигаратон яҳуду насороро гунаҳгор накунед. Барои он ки на ту олими дине, ки такфир мекунӣ яҳуду насороро қабул дорӣ, на он, ки ту такфир кардаӣ, олими дигареро, ки он ҳам яҳуду насороро қабул надорад. Пас, мардак барин гуфтан даркор аст ки дар ҳамин масъалаи такфир кардани олимони дин ба якдигарашон яҳуду насоро гунаҳгор нестанд, балки бемаданиятии худи ҳамон олимон аст, ки худашон ба ин чизҳо роҳ медиҳанд.
Ва як хитоб дигар мекунам ба уламои динӣ дар масъалаи ҷанг дар дилхоҳ давлати мусалмонӣ. Вақте, ки дар яке аз давлатҳои мусалмоннишини дунё ҷанг аст, масалан ба монанди Фаластин муҳтарам олимони динӣ хоҳиш мекунем аз шумо, ки вақти фатво додан аввал як каме дуртар андеша кунед, баъд фатво диҳед ва ё, ки ягон чизи дигар бигуед. Аз мардум вақте талаб ва ё даъват мекунед ва ё дилхоҳ нафарро муттаҳам ба хомушӣ  мекунед як кам фикр карда баъд садо бароред.
Ман барои шумо як мисол меорам то ин, ки барои ҳама фаҳмо бошад. Масалан, мисол меорем Арабистони саудиро. Муҳтарам уламои дини Тоҷики Афғонистонии арабӣ.Пеш аз онки дар Арабистони саудӣ ҷанг шавад ва ё дилхоҳ давлати дигар ба Саудӣ ҳамла кунад, шумо аз ҳозир бояд даъват ба ҳукуматдорони Арабистони саудӣ кунед, ки биё мо мусалмонон якҷоя шавем ба мардуми одӣ не, ба ҳукуматдорон. Зеро мардуми одӣ заиф ҳастанд. Ва ба ҳукуматдорони Саудӣ бигуед, ки фардо, ки ҷанг сар шуд дар Саудӣ  баъд уламои динӣ сар накунед, ки мусалмон бародари мусалмон ҳастем, нолакуниро сар накунед, рафта ба Саудӣ ёрӣ расондан даркору дигару дигар. Хуб, маълум аст ки қиблаи тамоми мусалмонони дунё дар Саудӣ аст. Аммо аз ҳозир хомуш наистед. Хеста барои як шаҳрванди дилхоҳ давлати дунё рафтан ба Саудиро осон кунед. Масалан вақте ки ҷанг шуд.

 Дар Арабистон як инсон вақте ки ба зиёрати хонаи Каъба бо ин қадар мушкилӣ меравад бо виза гирифтану хулас хело мушкилиҳоро тай мекунад, пас чигуна дар вақти ҷанг ба Саудӣ рафта ёрӣ расонад? Ҳар касе, ки ҳамин чизро фаҳмид, пас қазияи Фаластин ҳам чунин аст. Ва беҳуда дигар давлатҳои мусалмониро муттаҳам накунед. Манзурам мардуми одии мусалмон аст, на онки аз ҳукуматҳои диктатурии давлатҳои мусалмонон.
Ва дар охир ба уламое, ки нисбати мухолифони Тоҷикистон бадгӯӣ мекунанд ва онҳоро ҳукм ба куфру дигару дигар мекунанд, гуфтаниям, ки мо дар инҷо ба шумо мегӯем, ки шумо чени ними инҳо хизмат накардаед. Аз шумо дида ҳазорҳо маротиба хизмати бештар кардаанд ва мекунанд. Масалан шумо уламоҳо хомушед, аммо инҳо зидди диктатура гап мезананд. Шумо шабҳо хобед инҳо дар ғами миллати Тоҷикистон бедоранд. Шумо истирдод намешавед ва ё дуздида намешавед, инҳо ҳар чанд вақте яктоаш истирдод ва ё  дуздида ва ё кушта мешаванд. Барои ҳамин хизмат карда наметавонед ҳади ақал хомуш нишинед. Ва он нафарон ва ё уламое, ки бо мухолифини Тоҷикистон ҳамфикр нестед, шумо дониста бошед, ки мухолифони тоҷик ҳамаи чораҳоро дида ва андешидаанд ва ба хулосае омаданд, ки феълан мо барои Тоҷикистон ва мардуми Тоҷик ва дини мубини ислом ҳамин қадар хизмат карда метавонем.

Ва касоне, ки думболи як ҳукумати исломӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, ё ин ки мехоҳанд як ҳукумати исломӣ дар Тоҷикистон бошад, дар ин ҷо манзурам ҳамон  уламои динанд, ба шумо як савол медиҳам ва ин савол ба онҳое дахл дорад, ки Толибонро қабул доранд, шумо рафта якбор аз Толибон пурсед ва Толибонро бигуед, ки биё мо модоме Афғонистонро дар даст гирифтем, мо уламоҳо дар ихтиёратон тарафдориатон мекунем аммо Афғонистонро гирифтем, пас биё ҳоло як давлати дигарро мезанем ва мардумашро мусалмон мекунем. Чунки яке аз корҳои пайғамбар паҳн кардани мусулмонӣ ва паҳн кардани дини ислом буд. Биёед, масалан ба давлати Чин меҷангем ва мардумашро мусалмон мекунем. Баъд аз давлати Чин боз ба Русия, Амрико, Аврупо ҳамла  карда мардумашонро мусалмон мекунем. Баъд ҳамон Толибон худашон як ҷавоби хеле хуб медиҳанд ба шумо. Баъд мегӯянд охир шумо девона ва равонӣ ҳастед чӣ?

 Давлатҳои Чин, Амрико Русия ҳамаи инҳо бомбаи атомиву дигар яроқ силоҳҳои ҷангӣ доранду зури мо ба онҳо намерасад, 4 бомби атомӣ мепартоянд, дигар тамом-: на ба  ҳукумати исломӣ ва на ба ҳукумати демократӣ мерасем. Ба ҳукумати диктатурӣ мерасем.

 Ин буд барои ҳамон уламои динӣ, ки хостори ҳукумати исломӣ ҳастанду аммо коре намекунанд. Мухолифини Тоҷик бо дигар роҳ мехоҳанд барои беҳбудии мардум коре кунанд, аммо инҳо монеа мешаванд.  

                               Исфара

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Ман ин қадар гапдон ҳам нестам. Вале мехоҳам  камтар дарди диламро гуям. Ман аз Чоркӯҳ, ки бо қирғиз ҳамсояем. Байнамон як девор. Аммо дар қирғиз свет ҳаст дар мо нест. Аз девор он тараф свет дорад дар ин тараф нест. Ин як шармандагӣ аст бахудо. Дирӯз шаҳри Исфара рафтам. Хостам ҷойнамоз харам. Тамоми дӯконҳои ҷойнамозфуруши маҳкам, печат зада манъ кардааст. Астағфируллоҳ, тавба! Дузду бузу бузғолаҳо номашон Аюбов Сулаймон, бузи пеши пеш Аббосов Фирӯз, муаллим Сафаров Урмон -вакили маҳаллаи Сомониён тамоми одамҳоро фурӯхта дуруғу рост туҳмат карда се ҳазор то панҷ ҳазор сомонӣ гирифта сар дода истодаанд. Вақте, ки хонаҳои мардум сӯхт ва ба мардуми ин минтака кӯмак омад Аюбов Сулаймон аввал бо авлоди худ тақсим кард. Хеле камашро ба миқдори ночиз ба хона сухтагиҳо дод. Сафаров Урмон тамоми ҳизбиҳоро фурухт. Дар хонаҳои мардуми Сух як сузан намонд. Ниму нимкора сохтанд. Тамоми долларҳои кумакшудаи дигар давлатҳоро хурд. Ин ҳаромхурҳо мактаб сохта истодаанд. Подвал ва якум этаж буд шуд аммо дуюм этажро қирғизҳо манъ карданд. Инҳо мисли қурути турш шудагӣ гирифта корро дошта шиштаанд. Қирғиз шин гуяд мешинанд, хез гуяд мехезанд. Мо дар чунин вазъияту ҳол хомӯш шинем Ворух, Хоҷаи аъло ва Сомониёнро медиҳанд. Мо бояд хомӯш набошем. Аз ҳамаатон хоҳиш мекунам ҳамин номаи манро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Бояд мардум фаҳманд.  

                                   Конибодом

Ассалому алейкум устоди азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Қаблан чанд нома навишта фиристодам, аммо нашр накардед. Ин севвумин бор аст ки менависам. Мехоҳам ба унвони як бародари Шумо аз тағйироте, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутии Конибодом баъди нашри номаҳои охирини  №123 ва №124 ба вуқӯъ пайвастаро ба Шумо ва ба мардуми азизи Тоҷик маълумот диҳам. Баъдан ба таври русуми қабули номаҳои қаблӣ аз ҷониби мақомот ва ана ҳамон бузу дуздҳое, ки дар номаҳои қаблӣ  бозгӯ шударо хоҳам навишт. 

Ҳоло дар Конибодом рейдҳои сахт рафта истодааст. Мисле, ки комендантский час эълон шудаст ва аз ҳамин сабаб амниятиҳои газанда куча ба куча шабҳои торики бесвет мегарданд. Мо мардум ба дод омадем аз дасти инҳо. Ҳоло инҳо тамоми бузҳояшонро активация кардаанд. Номи яке аз амниятиҳои милисаи бузи палиду нопоке, ки ман метавонам инчо дар борааш нависам номаш Некруз аст. Байни мардуми ҷабрдида лақаби Ниндзяро дорад. Чандин духтарони Лоҳути ва Ҷаҳонзебро беиффат гардонидааст. Зодаи Панҷакент мебошад. Вай як нағмае дорад. Ба хонаҳои одамон даромада онҷоро соҳибӣ мекунад. Яъне дар хонаҳое, ки соҳибаш дар Русия  аст. Вақте барқ хомӯш мешавад вай шурӯъ мекунад ва ба хонаҳои холии мардум медарояд. Хеле орангутан аст. Чандин мошин дорад. Рузҳои аввал, ки ба Конибодом омад ҳеҷ мошин надошт, ҳатто як опели шалақ ҳам надошт. Ҳоло бошад ҷавонҳоро облава дорад. Сари як бачаи 18 – 27 сола то 12000 сомонӣ мегирад. Мардуми бечораи Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеб ба дод омадаанд ва ба самти Русия ру ба фирор оварда истодаанд.

 Тақрибан 1200 нафар бачаро облава ва пул гирифтааст.

Ба хонаҳои мардум медарояд ва баъди баромаданаш бо махсус техника отпечаткаҳояшро пок мекунад. Ва аз ҳамин сабаб мо мардуми Конбодом худро дар амн ва бехатар  ҳис намекунем.

Бовар кунед бародар ман боварии комил дорам ки ингуна корҳо ҳатто дар Афғонистон сурат намегирад. Аммо фақат дар Тоҷистони соҳибистиқлол ин гуна корҳо дида мешавад.  

Аз ҳамон деҳаи Ғайрати Хоҷапанҷӣ. Қадпасти буз аст. Ба бачаҳакои боло мардумро мефурушад ва пулҳоро ба генералаш медиҳад.

Байни бузҳояш бо фахр гуфтааст, ки: ” Ҳамин мардуми суғд ганда соддача будас- а, аз тарса якдигариша бузӣ мекунад, ман ҳозир ганда пул кор карсодам. Зоро Буратино мана перевод накунад, аз сугд дигар вилоятба. Дар бори ман кимки Ислоҳба навистаст, ҳа вай ман пула вақташба медиҳам манба ягонта говсавори  мақомот гап зада наметонад.”

 Мақомот бо махсус мошинҳои тонировка дар дари деҳаҳои Ҷаҳонзеб, Лоҳутӣ, Маҳрам ва Санҷидзор мегарданд. Гоҳо ниндзя ба мошин мешинад ва  бачаҳоро мебарад. 

Мо мардуми шаҳри Конибодом ҳамагон хоҳиш мекунем аз Эмомалӣ Раҳмонови диктатор ва Азизмоҳ Раҳмоноваи газетхонак, ки ин нафарро аз вазифааш  аз райони мо несту дафну озод кунад!

Мо намедонем чаро ҷаноби Тухтасуноғлу ва Навҷувонови Буратино чашмонашро ба ин гуна махлуқоти ҳифзи ҳуқуқ мепушад. Мо мардуми Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеби Конибодом бо эҳтиром хоҳиши ҷонкоҳ мекунем аз ягон инсоне, ки тавони ин Некрузи ниндзяро аз ҷамоати мо гирифтан дорад. Вагарна қасам ба тамоми азамати ин олам, ки мо боз аз ин ҳам бештар ва сахттар ба Ислоҳ менависем. Махсусан роҷеъ ба Тухтасуноғлу, Буратино ва Қофлончики бегонапараст. 

 Мегузарем ба коррупсионери собиқ главврач Ҳусейн Самиев.

Вай баъди нашри номаҳои 99 ва 101 дар байни кругаш гуфтааст:

“Вай Ютуба дидитон мӣ, мана аля-кадом ришчадори изоркалта навестас, ҳа вай гап задан мегирад, ман пулама додаги адресашба, мана а кор намегирад ягонташ ҳозир дефитсит кадр Тоҷикистонанда”. 

Ва бо истифода аз фурсат мехоҳам номи яке аз дигар коррупсионерро,ки мардумро кидат карда ба Русия рафтаро инҷо ифшо карда ба бачаҳакои бодоварда командаи фас диҳам. Номи вай Фарҳод Раҳматов аст. Ҳоло дар кадом шаҳри Русия аст. Вай бо пулҳои мардум онҷо гурехт. Пеш як туйхона дошт. Аммо онҷо як рустои бачаҳакои  Раҳмонов буд ва ӯ бузи онҳо буд, мошинаш мерс аст.

 Ман ҳамчун суғдӣ аз нишони Спитамене, ки ба Навҷувонов дод, норозӣ ҳастам, чунки ӯ вазъияти моро ба чунин ҳол оварда расонидааст. 

Ҳоло дар маркази шаҳр пурра тамоми активҳоро бачаҳакои Раҳмонов тафтиш карда истодаанд. 30% мардумро инҳо буз кардагианд. 40% дар Русия боқӣ 30% дигараш дар муборизаанд. 

Ва дар охир як паём  ба мардуми Хуҷанд дорам:

“Бародарон маҳалгароӣ накунед, шаҳри-гуиву қишлоқи-гуиро як су монед ва дар мубориза як бошед. Ба худо имон оред, Конибодом ва Исфараро дар мубориза дастгирӣ кунед ва ба Ислоҳ аз амалҳои анҷом додаи Қурбонови Қурбоққа ва Зувайдзодаи бедин нависед,то ки Суғди мо аз ин махлуқот озод шавад! “

 Бародар Муҳаммад Иқбол,илтимос бе иваз пурра ва комил нашр кунед.  

                                    ТУРСУНЗОДА
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародар чи гуфтаниям? Ман рости гап шарм медорам, ки дар ингуна шароити бад зиндагӣ дорам ва барои ояндаи фарзандонам дар хавотирам. Дар ҷамоати Қаратоғ, деҳаи Зарнисор шахсе, ки маълумоти олӣ надорад дар вазорати корҳои дохилӣ кор мекунад Сафаров Ҳазрат. Вай дар оилаи камбағал калон шуд. Номи падараш Сафаров Тағоймурод, муаллими суруд дар мактаби 34 кор мекард. Ин Ҳазрат  Сафаров солҳои пеш то 2012 дар Русия кор мекард. Бо бародаронаш хушру кор мекард, пулу моли зиёд кор кард. Ба ёрдами Обидов Тошмурод корманди собиқи МВД солҳои союз ба кор даромад.
Хато накунам соли 2013 дар вазорати дохилӣ шаҳри Регар соли 2015 дар БДА ба кор даромад, бо ёрдами Обидов Тошмурод дар ҳудуди ноҳия бо мошини шахсии худ дар даст радар беҳад бераҳм буд. Шахси тоҷикбадбин дар шаҳри Регар 4 квартира дошт. Дар Душанбе ҳам чанд квартира дошт. Соле, ки наврӯзи ҷумҳуриявӣ шуда буд, соли 2016 наврузи калон дар Регар шуда буд. Ин бачаи Марями гурсухта   сари саҳар омада буд. Ҳамон вақт амният мавҷи безеб меёбанду мекованд дар квартираи ҳазрат меёбанд. Ин ҳазрат ҷосуси Русия будааст.
Ба гуфти мардум ин асбоб бо банкоматҳо тааллуқ дорад, дигаре дигарчи мегуянд. Ҳазратро қапида сокашро сахт меҷафанд. Тамоми молу ҳолашро фурухта дар муддати 5 моҳ халос мешавад. Баъди баромадан дар афташ ранг надошт. Пеши чандин муллоҳои калон бурда дуохонӣ карданд. Тамоми хонаву дар ва квартираҳо аз даст рафт. Ба гуфти наздиконаш аз чунин апарат 3-то доштааст. Яктоаш дар Регар ва дуи дигариаш дар Душанбе будааст. Хулласи гап як бало карда халос шуд. Худатон фикр кунед, ки дар чунин ҷурмеки ҷосуси дигар давлат ҷурми одӣ нест. Ингунаҳоро хоин гуфтан дуруст аст. Бо пули беҳад калон халос шуд. Дар назди мо, дар дукони Тошмурод мегуяд, ки пулат бошад, Ҷаноб омада ду даста салом мекунад. Вале агар дар кор бошад як хел амниятӣ фалон ҷояшро медиҳад гуфта механдидан бо Тошмурод. Ин Тошмурод гуё бо гуфти худаш бо Муроди телех шинос аст. Замини Муродро истифода мебарам мегуяд. Ин Тошмурод бузи пеши бозор аст.
Дар байн чанд сол гузашт. Ин ҳазрат ду сол шуд, ки боз корманди МВД дар Регар аст. Ман ҳайрон ҳастам, ки чи хел як ҷосус боз вазифа гирифта кор карда истодааст. Тоҷикистон соҳиб дорад ё не? Вазири корҳои дохилӣ, ин муғул куҷоро нигоҳ меунад? Ба инҳо пул диҳӣ занҳояшонро медиҳанд, барои як каме пул пешвояшонро  мефурушанд.

Ps: Дар охир ҳангомеки мо кормандони “Ислоҳ” аз шахсияти Сафаров Ҳазрат ҷӯё шудему пурсидем бале воқеан чунин корманд ҳаст ва боз ба наздикӣ тавассути як нафари наздик ба оила 15000 (понздаҳ ҳазор доллар) пора додааст,то дубора дар БДА дар мақоми роҳбарӣ кунанда ба кор шурӯъ мекардааст. Агар ба ин мақом таъин гашт ҳатман номи шахси посредникро дар барномаҳои оянда хоҳем гуфт!

Share This Article