Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№120                                      

Ислоҳ нет

     Дар моҳҳои ахир мақомоти интизомӣ ва амниятии ҳукумати Раҳмонов болои мардуми Кулоб чи дасиса ва тавтиаҳоеро оварданианд.Тибқи хабарҳои расида ҳатто дар воҳидҳои низомии мустақар дар Кулоб ва навоҳии атрофи он шумори сарбозу афсарҳоро зиёд карда истодаанд.Аммо гуфта мешавад,ки ҳамаи ин корҳо зери сари аъзои Оила ва ихтилофоти пешомада дар дохили худи онҳо аст.Мо,ҳар маълумоте дар ин бора ба дастамон мерасад,оҷилан пешкаш менамоем,чи тавассути «Минбари муҳоҷир»,чи дар матлабҳои алоҳида ва чӣ дар «Номаҳо аз ноҳияҳо».Мо,ҳамватанони азиз,чи кулобӣ ва чи ғармӣ,чи помирӣ ва чӣ хуҷандӣ,ин бор бояд сахт ҳушёр бошем ва нагузорем,ки боз бозичаи дасти ин тоифаи зиддимиллату зиддидину оинамон бишавем.                                    

                                           Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз шаҳри Кулоб бароятон нома мефиристам. Ҳозир дар ҳақиқат бо Кулоб чи мушкилие доранд.ВКД шумораи зиёди нафаронро дастгир карда бар сари онҳо таркиши мошини раиси ҲХДТ ва чанд ҳодисаи дигарро бор карда истодааст.Ҳамин гуна овозаҳо ҳам ҳаст,ки дар ин қазияи пойи Абдуҷаббори Зардиевро ҳам кашонида истодаанд.Рости гап ман ин номарди Зардиевро нағз намебинам,вале Зардиев ба ин корҳо тамоман қуш набояд бошад.

Вале ҳозир вазъияти Кулоб мисли бочкаи пур аз порох карда шуда аст.Амнияти Кӯлоб бо фармони бевоситаи Раҳмонов ва Ятимов,ки аз китобҳои исломӣ, махсусан аз Қуръони Карим аллергия доранд дар хобгоҳҳои донишҷӯён аз ҷониби амнияти Кӯлоб рейдҳо гузаронида истодаанд. Махсусан чашмашонро дар хобгоҳи коллеҷи тиббӣ кардаанд.Дар рейди аввал беш аз 12 Қуръон мусодира карданд.Ва донишҷуҳои соҳиби он китобҳоро ҳоло пурсупос карда истодаанд: китобро аз кӣ гирифтӣ,ба ту кӣ дод,бо ифротӣ дар алоқаӣ,чаро Қуръон мехонӣ,гуфта  донишҷуҳоро азият карда истодаанд.Баъзеяшон бо пулҳои калон озод шуданд.

 Дар Кӯлоб то ҳол рейдҳо зидди сатру ҳиҷоб, риш ва Қуръонхонҳо дар авҷи аъло аст.Гапгап ҳаст,ки ин рейдҳоро дар дигар муассисаҳои таълимӣ,аз ҷумла донишгоҳҳо ҳам ҳамин шабурузҳо гузарониданианд.

Як корманди амният гуфт,ки ҳадафи ин рейдҳо ҷо додани тарс дар дили кӯлобиҳо аз тарафи Раҳмонов ва Ятимов аст.Гуё кулобиҳо қасди хестан бар зидди Раҳмоновро доштаанд.

Аммо як маълумоти дигар ин аст ки Юсуф Раҳмонов,Прокурори генерал ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов дар чанд рузи ахир ду бор бо Ғаффор Седой дар зиндон мулоқот кардааст.Ин мулоқот танҳобатанҳо сурат гирифтааст ва гуё Юсуф Раҳмон ба Ғаффор Седой пешниҳод карда бошад,ки бар ивази афви Президент дар сурати ноором шудани Кулоб ва ба митинг бархостани кулобиҳо тарафи ҳукуматро бигирад.

                                                Қубодиён

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!Ба худо қасам ман бо шумо ифтихор мекунам.Худи ҳозир даҳкаса шуморо тамошо дорем.Модарам ҳам ҳар барномаатонро мебинад.Куло

  Ман аз Қабодиён менависам.Ин раиси ҷамоат Нодиров Волид дар ҷони ҳама задааст.Як ду руз пештар дар қишлоқ бачаҳо бо мошинашон мегаштанд,манъ ва таҳдид мекунаду дуғ мезанад,ки ҳозир занг мезанам «миян мебрдорант».

 Раиси ҷамоат Нодиров Волид 10карта дошт.Пули 10 нафарро мегирифт.Боз ҳамаи аъзои хонаводаи Додарбеги кумитаи маҳалро навиштагӣ буд. 

 Хатиби мо мулло Саидаҳмад аст.Дар деҳа мулло бисёр аст.Аммо аз тарси ин хатиб Саидаҳмад пеши ягон мулло хонда наметавонӣ.Фақат пеши ман биёед мегуяд.Аз тарси вай ҳама муллоҳо ҷуръат намекунанд.Барои хононидани як кудак панҷоҳ сомонӣ мегирад.

Мо мардуми Ғарм дар Қабодиён,совхози Тоҷикистон,қишлоқи Ғарм ҳамаамон барномаҳои шуморо тамошо мекунем.Вале ҳама дар хонаҳояшон тамошо мекунанд.Дар берун гап намезананд,метарсанд.Зану мард тамошо мекунанд,аммо метарсанд,ки дар бораи барномаҳо гап зананд.

Ин Нодиров Волид кораш фақат ғариву зинокорӣ.Вай боз мегуфтааст,ки ман фақат узбекҳову ванҷиҳоро фалон мекунам.Фақат наша мезанад.Лоф задаст,ки дар як сезони облава на кам аз 100 ҳазор сомонӣ кор мекардааст.Боз гуфтааст,ки ҳозир облава бизнеси асосӣ аст,чунки дигар замин намонд,ки бифурушад.

Вай худашро одами ҳоҷӣ Раҳматуллои сабзибадасти додараруси Эмомалӣ Раҳмонов мегирад.Гуфтааст,ки ман ин вазифаро харидаам ва то вақте ҳоҷӣ Раҳматулло ҳаст ман дар ин вазифаам ва любой кор кунам,касе фалонамро хурда наметавонад.

Боз худаш ҳоҷӣ Раҳматуллоро сабзибадаст мегуяд ва мегуфтааст,ки «охи савзира чкор мекнӣ,мара файрод кун ман худам корта буд мекнум, бат ай пушти аспоб катагӣ мекнем»

Барои облава меояд руирост мегуяд,ки 10000 сомонӣ медиҳӣ ё бачаатро аз Маскав меорем.Бародаронаш дар қишлоқ он қадар аз худ рафтагианд,ки бо мошинҳои беномер мегарданд.

                                                         Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол.Ман аз Душанбе бароятон менависам.Дируз 26.02.2024 кормандони милиса бо амният ба мебельный фабрикаи шаҳри Душанбе бо чор нақлиёти Старекс даромада қариб 60 нафар кормандони ин корхонаро (мебелчиҳоро) барои риш доштанашон бурда, ришҳояшонро тарошида, боз аз ҳар кадомеаш пул гирифта, баъдан огоҳии охирон дода ҷавоб доданд. 

                                                     Ғафуров

 Бародар Муҳаммадиқбол! Ноҳияи Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд бо сардории Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода шабуруз барои омадани Эмомтапак ба вилояти Суғд омодагӣ дида истодаанд. Дар нақша аст ки Эмомтапак бояд дар Наврӯз ба Суғд сафари корӣ анҷом диҳад. Аз ҳоло маблағғундорӣ аз соҳибкорон сар шудааст. Кормандони колхози Ҷумъаеви ноҳияи Ғафуров низ дар ташвиш мебошанд. Чунки ба ин колхоз ҳам қадами наҳсашро мегузорад.Мо,ба воситаи канали Ислоҳ эълон мекунем,ки касе ба омадани Эмомтапак ба вилояти Суғд розӣ нестМо,дар ин моҳи Навруз руза мегирем.Намехоҳем,ки ин пири фартути пиёниска омада рузаҳои моро хароб кунад.

Аз худо шарм намекунад,ақалан аз бандаҳои худо шарм кунад.Наход дар моҳи Рамазон биёву боз дастурхон кушоиву ош ташкил кунӣ.

                                                  Рудакӣ

Салом бародар! Аллоҳ аз шумо розӣ бошад.Мо савдогарони Чортеппа ба шумо нома навишта будем.Он номаи мо дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№92» нашр шуд.Қаҳрамони он барнома Кабиров Насруллоҳ буд,кришааш Кабиров Шамсуллоҳ буд.Баъди нашри барнома Кабиров Насруллоҳро ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе перевод карданд.Ҳоло вай дар онҷо кор мекунад ва мо ҳам аз шарри Кабиров халос шудем.Вале агар ин ҳаромхурони нав боз ғам диҳанд ё аз мо пора талаб намоянд мо ба шумо менависем ва расмҳояшонра равон мекунем.Ман бо яке аз коргарони идораи налоги ноҳияи Рудакӣ суҳбат кардам.Гуфт кришаи Кабиров Шамсуллоҳ Бузмакови қотил аст.Чунки фарзандаш дар тарбияи Кабиров Шамсуллоҳ мебошад.

  Шумо дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» о дар бораи Вализода Ҷаббор гуфта будед, кличкааш Ҷаббори Асфальт. Ин золим Уголовники Коммунизм аст. Мо тоҷиронро безор кардааст: «мойка мебиё мошинша мешуван пул наметия ай авто запчаст масло ё запчаст мегира сумша мега рав ай сартарошхона гир.Ман гап мезанумша, агар натия ҷоша махкам мекунум».

  Ҳамаро тарсонида гирифтааст.Боз мегуяд,ки ман як худам нестам,шеф мунтазири дасти мо аст мо бояд дасти пур равем ба отдел.

  Боз дар Айнӣ  2 точкаи арақхурӣ ҳаст,ки одами худашро дорад,ки ҷанг мекобад ва зуд ба Вализода Ҷаббор занг мезанад,тамом кор ҳал.Ба наздикӣ як ҷанг ташкил карданд.Ду нафар арақро заданд.Одами Ҷаббор гуфт: «очаи ҳамата фалон мекунум». Ин одам номаш Сунат мебошад.Ин Сунат одами Ҷабборро чаҳор шапалоқи обдор зад.Пагоҳи субҳи содиқ Вализода Асфальт ба хонаи Сунат омада уро ба отдел бурда 3 ҳазор сомониашро гирифтанд ва баъд ҷавоб додад.

                                           Душанбе

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як хонандаи доимии барномаҳои   «Ислоҳ. нет» мебошам.Имрӯз вориди сайти Ислоҳ. нет шудам ва мақолаи  “Дуздӣ ҳеҷ гоҳ пинҳон намемонад –ро хондам. Ҳар чизе,ки дар онҷо навишта шудааст  дуруст мебошад.Ман як корманди соҳаи барқ мебошам ва дуруст ва дақиқ буданашро тасдиқ мекунам.Ман ҳамчун як шаҳрванд хостам як фикрамро бинависам,агар қобили қабул бошад нашраш бикунед ва агар на Худо аз шумо розӣ бошад.Сараввал мехостам суханро аз ном Эмомалӣ Раҳмонови дузд шуруъ намоям.

  Дузд ба ин маъно, ки ба мисли ин шахс касе ин миллатро ғорат накардааст. Ин дузд медуздад ва боз қарздорат мекунад ва боз дуздияшро ба сари ҷабрдидаҳо вогузор мекунад.Бояд бигуям,ки Тоҷикистон тамоми шароитро дорад,ки чаҳор фасли сол мардум бо неруи барқ таъмин бошанд.

 Ба ҳама маълум мебошад,ки қувваи барқро дар нерӯгоҳҳо истеҳсол мекунад.

1) Нерӯгоҳи Обӣ,

2) Нерӯгоҳи аловӣ,

3) Нерӯгоҳи Атомӣ,

4) Нерӯгоҳи Офтобӣ

5) Нерӯгоҳи Шамолӣ

Ин 5 намуди нерӯгоҳро мешавад дар Тоҷикитсон сохт.Аз фоидаи неругоҳи обӣ мешавад бақияро сохт.

Дар як моҳи ноябр Барқи тоҷик $1.9 млн неруи барқ фурӯхтааст. Дар 3- моҳ $7.2 млн неруи барқ фурӯхта бошад дар охири 2023 сол чи қадар бошад? Ин маълумот ро ягон бор раиси  Барқи тоҷик намедиҳад. Танҳо мегуяд,ки ширкат ин қадар қарздор мебошаду мардум суми барқро пардохт намекунад ва ин сабаб мешавад, ки нархи қувваи барқ баланд гардад ва он бақияе,ки шумо қайд кардед дар суратҳисобҳои муштариҳо ғайр аз шаҳри Душанбе навишта мешавад,маълумоти комилан дуруғ аст.Шаҳрвандон метваонанд,ки Барқи тоҷикро ба ин дуруғгуӣ ба суд кашанд.Акнун савол инҷо аст ки чаро дар шаҳри Душанбе наменависанд?

Барои онки расид, яъне квитансия тақсим мекунанд ва дар он ҳамааш нишон дода шудааст ва дар дигар шаҳрҳову ноҳияҳои ин чиз нест ва он кори одӣ мебошад Барои кормандони фуруши барқ мегуянд,ки хайр, ҳамин хел шудааст.Пеши компютер бирав дурусташ мекунанд.Вақте пеши онҳо  меравӣ мегуянд,ки «бра ҳисобкунакша проверка кун».Боз ҳисобкунакатро камбудиашро меоранду барзиед қарздорат мекунанд.Муштарӣ ба хулосае меояд,ки хап нишинад беҳтар мебошад ва он чизе назоратчи мегуяд гап -гапи ҳамон аст.Дар як маҳалла ин корро бо ду -се нафар мекунанд ва он муштариҳо ба ҳаммалаҳояшон ҳодисаро нақл мекунанд. Дигарҳояш мегуянд ки хубтараш хап кунем беҳтар. 

2) Нерӯгоҳи аловӣ ин ба воситаи газ, ангишт ва торф бунёд ба истифода дода мешавад. Аз ин намуди сузишворӣ дар Тоҷикистон ангиштсанг фаровон мебошад, ки метавонанд дар тамоми шаҳрҳои калони Тоҷикистон бисозанд.Мардуми онҷо дар фасли сармо бо оби гарму қувваи барқ доимӣ таъмин карда мешаванд.

3) Нерӯгоҳи офтобиро ҳам мешавад дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон сохта ва ба истифода дод. Ин неругоҳро набояд аз тарафи худи муштариҳо бисозанд. Ширкати «Барқи тоҷик» бояд аз ҳисоби фоидаи неругоҳи барқи  обӣ бисозад ва  мардумро таъмин намояд.Агар суми барқи фурухташуда ба ҳисобҳои оффшорӣ наравад имкони сад дар сад ба даст меояд.

4 ) чаҳорум ин нерӯгоҳи шамолӣ мебошад,ки дар як чанд ноҳияҳо имкони сохтан дорад.То 2  фоизи мардуми точикро метавонад бо барқ таъмин бикунад.Агар дар   давоми 33 соли истиқлол Раҳмонов маблағҳои Барқи Тоҷикро намедуздид, аз ҳар як хонаводаи Тоҷик як марду як зан ба ҳайси муҳандисӣ ин соҳа кор мекард ва на инки имрӯзҳо дар ба дару хок бар сар ба давлатҳои дигар коркобӣ яъне дворникӣ, курйерӣ ва разнарабочигӣ мекарданд.

Тоҷикистон имконияти зиёди истеҳсолу тавлиди неруи барқро дорад.Метавонад беҳтарин сармоягузорҳоро ҷалб бикунад,заводу фабрикаҳо кушояд.Аммо бо айби дуздиҳои Эмомалӣ Раҳмонов касе хоҳиши кор ва сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро надорад.                                              

                                                           Ваҳдат

  Салом устод Муҳаммадиқбол!Ин номаи тулонии маро чоп кунед.

Ман аз деҳайи Лақайбегии ҷамоати Карим  Исмоили шаҳри Ваҳдат мебошам.Боз як бори дигар хотиррасон мекунам,киЛақайбегӣ маънояш ин нест ки инҷо ҳама лақайҳоянд.Аммо мутаассифона дар деҳаи Лақайбегӣ ҷинояту ҷинояткорӣ беҳад бисёр аст. Намедонам аз дуздҳои деҳа нависам ё аз бузҳои деҳа. Сар мекунам аз як бузи деҳа.Номи ин буз Набиев Сафаралӣ мебошад.Лақабаш девонаи Сафаралӣ,бачаи раҳмати бобои Ғулом соли тавалудаш 1998. Як камтар одами содда феълак ҳам ҳаст.Хуллас,ин буз бо кормандони ҷамоат кор мекунад,салдат мефурӯшад .Ин буз бачаи акаи Асомиддин Солеҳов Ризоро фурухт ба облава ва боз як ҷавони дигари деҳа, ки номаш Равшан мебошад,уро низ ба облава фурухт.Бо Равшан ҳардуяш дусти ҷонӣ буданд.Ҳангоме байнашон ҷангу нофаҳмӣ мешавад Сафаралӣ уро мефурушад ба облава.Ҳатто як грилаш бихаранд фикрашро нокарда бачаҳои деҳаро мефурушад

   Як руз як дустам нақл кард,ки дар идораи ҷамоат будем.Як корманди ҷамоат омада гуфташ,ки ҳа Сафаралӣ дигар занг намезанӣ?

    Ҳангоме номаро навишта ба шумо равон карданӣ будам як дустам гуфт,ки чи инро роҳӣ кунӣ,чи не бе ин ҳам ҳама медонанд,ки буз аст.

 Акнун аз ҷиноятҳои як дузди деҳаи Лақайбегӣ мегуям.Ин дузд Саъдуллоев Умед мебошад.Лақабаш Умеди кафгир.Ин дузд телефонҳои дастии сокинони деҳаро медуздад.Мардум бо  хотири падар ва тағоияш ба суд намедиҳанд.Ин дузд як арус дошт.Уро фотиҳа кард.Аммо дар ин байн фотиҳаашон килет шуд.Духтарро ба дигар кас доданд.Ин дузд рафта оғилҳои хонаи ин духтарро алов сар медиҳад. Мардум ҳама шоҳид буданд,ки оғилҳои хонаи Маҳмадулло сухта буд. Ҳамин Умеди дузд сузонда буд.Ин дузд як руз аз хонаи худашон ҳам пули калон медуздад ва хонаро алов мезанад.Гуё хона дар гирифту пулҳо сухт.Талабаи мактаб аст. Синфи 11таҳсил мекунад.Дар тамоми кор бангу арақу сигарет ҳаст ва боз чандин талабаҳои мактабро ранги худаш носкашу сигареткаш кардаст.Худо бигирад ин Раҳмонов уҳукуматашро бо ин давлати ташкилкардааш,ки ҳатто талабаҳои мактаб бангиву ҳангӣ шудаанд

 Дар барномаи “номаҳо аз ноҳияҳо № 83”  дар бораи буйи бади заводи мусуркаи деҳаи Холмуродӣ навишта будам ба Эмомалӣ Раҳмонов муроҷиат ҳам карда будам.Аммо резултат надода буд.Ҳоло ҳам вазъият дигар нашудааст.Бовар дорем ин одам касе ҳаст,ки кришааш яке аз аъзои Оила мебошад.

Устод ин масъаларо дар барномаи Минбари муҳоҷир ҳам бардоред.Шояд ягон мақомот мешунаваду тафтиш мекунад.

                                                          Исфара

Салом бародар Муҳаммадиқбол!Боз нома аз Чоркуҳ.Моро чанд руз боз ба шуъбаи амният ва милиса даъват карда телефонҳоямонро гирифта ту бо ину он робита дорӣ,нома менависӣ гуфта тафтиш карда аз баъзеҳо сум гирифта чавоб доданд.Аммо як чизро бояд бигуям,ки ҳамин телефоне,ки ба шумо менависам чанд руз дар дасташон буд,ҳеҷ чиз наёфтанд,чунки саводу дониш надоранд.Фақат айфону телефонҳои бақувватро гирифта гум шуд гуфта надода истодаанд.Якум мошенники Чоркуҳ ин Фурқати рижий аст

Як чойхонаи майдаҳаки аз СССР монда воқеъ дар сари бозорро як мард аз гузари поин харида буд.Ин Фурқати рижий бо зурӣ гирифта ба муаллими Маҷид фурухт.Ин бечора соҳибмулк дарун дарун шикоят карда гаштааст.Мегуяд наход ин одам ин қадар золим бошад.Шабуруз дуо карда истодааст.

Ана бинед модараш муаллима Басохон касал,аз Русия овард.Ба ин зан эҳтиром дорам.Бигузор худо шифо диҳад. 

 Аз рузе,ки Лайс раиси ҷамоат шуд аз дасти ин як гуруҳи золимон мардуми қишлоқ руз надорад.2 моҳ ин ҷониб аз пеши беморхонаи Найман то Сари бозор ду тарафи роҳ ин касро пеши дарвозаатро бетон кун, каси дигарро деворатро нав кун гуфта мардумро дар азобу азият қарор додаанд.

Ин золимон аз аввал дар байни худ як бизнес доранд.Ин сохтмонҳоро бо маслиҳати Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода нархгузорӣ ва тақсим карда ба худу хешовандонашон тақсим карда буданд.Ҳозир ин биноҳову иншоотро ба пули калон фурухта истодаанд.Мисол боқи 5 гекториро бояд бародари қайнитои Лайс месохт.Ҳозир ба 10.000 доллар ба Аҳрори буз фурухт.

 Охир заминро гирифтӣ бояд худат истифода барӣ ё бо мардикорҳо ниҳол шинонӣ. Барои чи аз ҳар бригадаи совхоз одамҳоро бе музд кор мефармоӣ?

Дар Чоркух як маҳаллае ҳаст бо номи Холисон.Бачаҳои онҷо хеле сарватманданд.Аммо тарсу.Вақте Мухтор раиси ҷамоат буд мисли хар савор шуда сум мегирифт.Ҳозир ҷиянаш Лайс мисли саг часпидааст: барои ин кор сум бидеҳ,барои он кор сум бидеҳ гуфта ҳамаро безор кардааст.Як руз як шиносам аз ҳамин маҳалла дар бозор маро диду писханда заду гуфт раис безорам кард.Дар ҷавоб гуфтам ба ҳамааш худатон гунаҳкор ҳастед.Аз аввал бояд намедодед, акнун илоҷ надорӣ.Ё мард бошӣ дигар надеҳ гуфтам.Бо сари хам аз пешам рафт.

 Ҳаммоме,ки ба Баҳоваддинов Аҳлиддин тааллуқ дошт Хуршеди Қилич дар Русия   бо маблағи 55 ҳазор$ мехарад баъд ба100$ҳазор ба муаллими Маҷид фурухт.

                                              Шаҳринав

  Ассалому алейкум,устод Муҳаммадиқболи Садриддин!Ман аз Шаҳринав ҳастам,барномаҳои шуморо ҳамеша тамошо мекунам.Гуфтам,ки барои барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» чанд ҳикояти воқеӣ ва таъсирбахшро бифиристам.

 Ҳикояти аввал: Як кас ба номи Умар солҳои пеш дар Шаҳринав тавалдуд шуда будааст.То 3 солагиаш дар ватан зиндагӣ карда сипас ба Русия кучида рафтааст.Ҳозир дар Русия бисёр ҳам шахси калон ва призденти 1x bеt аст.Падараш ду зан доштааст.Якеаш модари Умар ва дигариаш модари як духтар.Инҳо чанд сол ҳамдигарашонро намебинанд.Ва ин духтар Русия мераваду касали сахт мешавад.Ва кофта кофта сайти Умарро меёбаду худашро шинос мекунад ва Умар ҳам мешиносад ва хабаргирӣ меравад ва дар бораи зодгоҳаш-Шаҳринав мепурсад.Маълумоти хубу бадро мешунавад.Ва ин Умар дар ҳисоби оилааш 1 миллион рубл ё як миллион доллар мегузаронад.Ва чанде пас Шаҳринав меояд ва мебинд,ки вазъият безеб:роҳҳо кафидагӣ,пасту баланд,пури чуқурӣ. Ва полний трасаи Шаҳринавро аз сар то охир 16 сантиметр семент мекунад.Вале 25 фура сементро ҳукумати Раҳмонов медуздад.

 Ва Умар ҳисобу китоб мекунад,ки 25 фура семент гум шуда аст ва қаҳраш меояду рост ба Рустами Эмомалӣ мебарояд. Аммо ягон фоидааш накард,чунки  ягон чорае дида нашуд ва на дуздро ба додгоҳ кашиданд.Фоидааш ҳам намекунад,барои онки худи Рустам дузд аст.

Ҳикояти дуввум: дар бораи як донишҷуи толибилм.

   Як бачаи закӣ ва бо илм буд ва сараш ранги компьютер кор мекард.Аллоҳ қобилияти аъло дода буд.Ва дар илму саводаш муаллимҳо тан дода буданд.Аз ин сабаб яку якбора бо илмаш ба курси сеюм гузарониданд.Вай чанд моҳ мехонаду баъд маслиҳат мекунанд,ки агар инро накушем ин олими зур мешавад ва дар пайи нест кардани ин бача мешавад

  Аз ин бача хоҳиш мекунад,ки як мурдаро ҷарроҳӣ кунад ва вай розӣ мешавад,ба хотири практика. Ва як одами солиму зиндаро медароранд аммо ин бача намедонист,ки ин ҳушёр аст.Ин бача худ ва ҳама ашёро барои ҷарроҳӣ омода мекунад ва дар вакти ҷарроҳӣ мурда   аз ҷояш мехезад ва аз гулуяш мегирад. Он донишҷу сахт метарсаду баъди як ҳафта мемурад.

 Баъд наздиконаш дар ҳама ҷо шикоят карданд,аммо фоидашон накард. Аммо,ҳама,аксарият бар ин назаранд,ки дар қафои ин кор ҳукумати Раҳмонов аст.

 Ҳикояти сеюм

  Як руз ба як таксӣ шишта тарафи Душанбе мерафтам, Дар таксӣ 2 зан ва бо таксист- 3 мард будем.Таксист гуфт,ки ки масоили динро мефаҳмад.Мо сокит будем.Аммо як ҳамсафари мо,ки зан буд шуруъ кард: -ман 5 вақт намоз мехонам ҳама писаронам қуръонхонанд,боз ба бачаҳои ҳамсоя ёд медиҳад.Ман дар пеши фалонӣ хондагиям гуфта ягон ним соат ҳикоя кард.Зан сода будааст.Аммо он таксист риш дошту бо имон метофт.Вале яке бинем,ки мошинро рост ба отдел ҳай кард.Козёли отдел будааст.Ба мо гуфт,ки шоҳид мегузаред.Аммо ҳеҷ кас ба гардан нагирифт.Аммо он занро се руз дар отдел маҳкам карда хеле ҷаримаи калон карданд.

Бовар кунед,ки аҷаб давру замоне шудааст,ки ҳеҷ сарфаҳмаш намеравӣ.

Ҳикояти чаҳорум

 Боз як воқеаро нақл карданиям.Як ҷураам таксист буд.Дар мошинаш як духтар мешинаду мегуяд,ки ҳай кун,аммо одам нагир,пули се нафари дигарро ҳам ман медиҳам.Ҷураам розӣ мешавад.Баъд дар наздикии адресаш омада духтар худашро голий карда худро ба ҷиннигӣ мезанад ва доду фарёд мекунад.Ин вақт милиса омада таксистро меқапад ва 1000 туҳмат мезанад.

Вай духтар бо милисаҳо будааст.Чанд нафар таксистро ҳамин хел фиреб карда бо милиса пулҳояшро кашида гирифтаанд.Хуласи гап ҷураам чандин ҳазорро дода гиребони худро аз туҳмати ногаҳон халос карду мошинашро фурухту Русия рафт.Ҳоло он ҷураам,ки барои раҳоӣ аввал қарз ҳам гирифта баъди фурухтани мошин аз қарз халос шуда буд,лақаби таксистро гирифт.Мошини опел -караван дошт.Ҳозир дар муҳоҷират аст.Гуфт,ки таксисти дар Душанбе бад набуд,аммо ин бадбахтиҳо намондан,ки кор кунад.

                                             Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!Албатта,ман номамро ифшо намекунам.Муҳим номи ман ва ҷойи кори ман нест.Муҳим инки вазъият чи гуна аст.

 Дар «боло» фаҳмиданд,ки Ҳасан Асадуллозода коргардон ва заказчики қатли Шуҳрат Исматуллозода аст.Ҳозир Озода Раҳмон Ҳасани Ориёнбонк,тағои худро тамоман қабул накарда истодааст.Ва,роҳ ҳам намедиҳад,ки назди Раҳмонов дарояд.

   Ба Ҳасан сахт нафрат пайдо кардаанд.Ду вариантро кор карда истодаанд.Яке Ҳасанро аз роҳбарии Ориёнбонк гирифтанӣ ва дар ҷояш Зарина Раҳмонова келини Бег Сабурро оварданианд ва дуввуми суратҳисобҳои неругоҳи Роғунро ҳам аз он гирифта ба Душанбе-сити доданианд.

 Аммо инки Ҷамолиддини шавҳари Озода дар хориҷа гуфта овоза  кардаанд,сиҳат надорад.Ҷамолиддин дар озодӣ аст.Як руз пас дар назди ресторани Фрегат,ки дар назди озера мебошад як толори варзишӣ мавҷуд аст,ки дар онҷо машқ мекунад. Дар бари меҳмонхонаи Хаят як меҳмонхонаи нав сохта истодааст,ки корҳои сохтмони он бо суръат идома дорад.Аммо гуё ин меҳмонхонаро барои Рустам сохта истода будааст.Гапгап ҳаст,ки аз дасташ кашида гирифтаанд.

Куштори Шуҳрат Исматуллоев ҳам барои кулобиҳо зарбаи сахт шудааст.Тафтишоти ин қазия дар байни мақомоти Прокуратура,ВКД ва амният кашокашҳоро бор овардааст.

 Озода аз атрофиёни Рустам сахт хавотир аст.Ба окруженияи Рустам эътимод надорад.Озода нисбати ҳар кадомаш бо диққат контрол карда истоадааст.Озода, ки аз саломатии падараш хуб огоҳ аст, сахт хавотир аз омадани Рустам аст. У медонад,ки Рустам тамоми корҳояшро бо кругаш маслиҳат мекунад.Яъне фикри шахсӣ надорад. 

Озода хуб медонад, ки обруи Рустамро кругаш резонда истодаанд.Чунки «чи коре,ки форашон кадестан. Базеҳошон монанди Хуршеди Мирзоев кушиш доранд, ки влиянияи Ҳасани Ориёнбонк, Шамсулло, Зоир ва ҳатто худи Озодара кам кунанд дар Рустам. Агар чунин шавад, тамом, Рустам як кукла мешавад.Ҳози бо базе короша Озода, Ҳасан, Шамсулло ва Азизмо корректироват мекнан, неки вақте иёра гуш накна, ҳама калиди корҳо дар дасти круги Рустам мешава».

Share This Article