ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\3

Ислоҳ нет

 ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

Contents
Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо «САҲА» дар баёнияаш аз 2 октябри соли 2015 бо изҳори ташвиш аз ҳабсу боздошти 13 узви ҳизби наҳзати исломӣ аз аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то замонат бидиҳад, ки муборизааш алайҳи “терроризм” ва “ифротгароӣ” дар чорчӯби қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар анҷом хоҳад шуд.” Комиссариати олии СММ дар масоили ҳуқуқи башар аз афзоиши хатари нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар паи манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва боздошти даҳҳо тан аз фаъолони ин ҳизб дар авоили моҳи сентябр изҳори нигаронӣ кард. Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи 2 октябр нашр шуд, таъкид шудааст, ки рӯзи 29 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро “созмони террористию бунёдгаро” эълом ва фаъоляти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кардааст. Гуфта мешавад, ин тасмим аз маъракаи тӯлонии фишор, таҳдиду тарс додан ва эҷоди монеа дар роҳи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ маншаъ мегирад.

(бахши саввум, давраи панҷум)

  Ҳамлаҳои бидуни вақфа ва мудовими расонаҳои расмӣ ва тохтутозҳои «фабрикаи ҷавоб», ки то пойи шоир Бозор Собирро ҳам ба компайни зидинаҳзатӣ кашида буд, дар матбуоти он рӯз бо номи  маъракаи «Антинаҳзат» ном бароварда буд. Тамоми гуруҳҳои фикрии кишварро ба ҷони ҲНИТ андохтанд. Вале, ин ҳама барои бастани ҲНИТ танҳо фазосозии маснуиву ҷаълӣ беш набуд. Аммо, ҲНИТро Раҳмонов, онгуна ки дар Пртоколи 32/20 дидем ба дасти мақомоти қудратӣ супорида буд. Аз инҷо буд, ки билофосила, баъд аз анҷоми нақшаи ба ном кудетои ҳоҷӣ Ҳалим мақомоти Тоҷикистон ба боздошт ва ҳабси аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуруъ кард. Дуруст аст, ки парванда алайҳи ҲНИТ то ин кудето ҳам омода шуда буд.    

Аммо ташкили ин кудето охирин шонсу охирин илоҷ ва охирин чораи ҳукумат барои маҳву маҳори ҲНИТ буд ва ҳукумат барои иҷрои ин ҳадаф «калаву пуст» зад.

    Акидан таъкид мекунем ки бастани ҲНИТ танҳо ва танҳо ба Раҳмонов муҳим ва зарур буд. Ин танҳо Раҳмонов буд, ки бо ҲНИТ хусумат ва ҳасодат дошт. Баъди омадани устод Муҳиддин Кабирӣ дар раъси ҲНИТ танаффур ва душмании Раҳмонов як бар ҳазор боло рафт.

   Аммо ба рағми муроди Раҳмонов ҳар қадр ки вай болои ҲНИТ фишор овард, ҳар қадр ки  хост онро камрангу беқувват ва заиф нишон диҳад, баракс мешуд. Шумори тарафдору ҷонибдорони ҲНИТ меафзуду меафзуд ва аксарияти мардум бар ин бовар буданд,ки танҳо ҲНИТ аст ки метавонад кишварро аз зери юғи ҳукумати оилавӣ-қабилаӣ раҳо кунад. Наҳзати исломии Тоҷикистон тарафдорӣ ва пуштибонии густардаи мардумро ба даст оварда буд. Ва,аз инҷо буд, ки ба ҲНИТ ҳамчун неруи наҷотбахш раъйу овози худро медоданд. ҲНИТ ба як воқеъияти қотеъ ва инкорнопазиру устувори ҷомеа бадал гашта имкон надошт, ки бо вай ҳисобу китоб карда нашавад. Ҳамин Абдулло Раҳнамо, ки ҳолоҳолоҳост роли ҳазордостони Раҳмоновро мебозад, дар он солҳо роҷеъ ба ҲНИТ мегуфт, ки «..имрӯз ҲНИТ яке аз унсурҳои собити низоми сиёсии Тоҷикистон аст ва ин ки дар бораи он мегӯянд, менависанд, таҳлил мекунанд, худ нишони ҷиддӣ гирифта шудани ин ҳизб аст» ва боз ҳам мегуфт, ки «Интихоботи соли 2010 нишон дод, ки истиқболи мардумии ин ҳизб қобили таваҷҷӯҳ аст»  ва беш аз чунин тафсиру таъвил мекард: «дар шароити мураккаби имрӯз будани ҲНИТ ҳамчун шарики мӯътадили давлат ва ҳамчун яке аз унсурҳои суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои давлатӣ ва амниятии кишвар мебошад. Агар ба ин масъала аз нигоҳи вазъи минтақа ва ҷаҳон, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ назар шавад, дар чунин марҳила ҳама гуна талош барои заиф сохтани ин ҳизб ба нафъи давлат ва кишвари мо нест. Ва хуб аст, ки пас аз авҷи овозаҳо дар бораи сарнавишти ҲНИТ, ахиран, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон А. Азимов изҳор дошт, ки дар назди давлат, чунин масъала, яъне масъалаи бастани ҲНИТ умуман матраҳ нест. Ин посух аз чунин манбаъи босалоҳият на фақат барои аъзои ҲНИТ, балки барои ҳамаи онҳое, ки ба субот ва амнияти ин кишвар арзиш қоиланд, хабари хубе буд.»

Қисматҳои суҳбати Абдулло Раҳнамо аз ҳамоише таҳти унвони “ҲНИТ, ҷомеа, ҳукумат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ” овардем, ки дар ҳафтаномаи «Миллат» мунташир шуда буд.  

Ва, аммо  Прокуратураи генералӣ Ҳизби наҳзати исломиро тарроҳ ва пуштибону ҳодии ин кудето хонд ва аз Суди олии кишвар хост, ки фаъолияти онро манъ кунад. 

Мурофиаи додгоҳии ҲНИТ махфиёна ва дур аз чашми ҷомеаи кишвар доир шуд. Инро ҳам бояд бигуем, ки алайҳи ҲНИТ на танҳо Прокуратураи генералӣ, чанде дигар аз ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳам шикоят карданд.

   Додгоҳи олӣ 29 сентябр, ҳануз ду ҳафта аз кудетои ҳоҷӣ Ҳалим нагузашта буд, ки ҲНИТро баст ва бадтар аз ин террористӣ эълон кард.

 Бар алайҳи ҲНИТ ҳатто вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам шикоят кард ва намояндаи он аз додгоҳ хост ин ҳизб мамнуъ ва террористӣ шинохта шавад:

«Намояндаи Вазорати фарҳанг Сафаров Давлат аризаи Прокурори генералиро пурра дастгирй намуда, баён кард, ки роҳбарон ва аъзои ин ҳизб давоми панҷ соли охир даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористй зада, дар байни аҳолй, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон, амнияти миллй гардида, асосҳои сохти конститутсионй, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар гузоштааст. Роҳбарон ва аъзои фаъоли ин ҳизб дар аксар минтақаҳои кишвар фаъолият карда, барои нооромии авзои сиёсй ва барангехтани кинаю адовати миллй мусоидат намудаанд. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шавад.»

Бале, ин ҳамин Давлат Сафар аст, ки ҳоло муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон мебошад.   Аммо агар ҲНИТ тавассути васоити ахбори омма даст ба аъмоли ғайриқонунӣ зада буд, чаро як бор дар ин панҷ сол(!) –и мавриди назараш як бор огоҳинома ба ин ҳизб нафиристод. Ин ҳизб тайи он панҷ соле, ки Давлат Сафар дар назар дорад, дар кадом минтақа ва маҳалли Тоҷикистон бесуботиву ноамнӣ, ки боиси халалдор шудани ҳаёти осуда шудааст, ба вуҷуд овард? Ҳиҷ мисолу мадраке пешниҳод накардааст.

Намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон ба Додгоҳ протоколҳои гуё бо хоҳиши худ бастани шуъбаҳои ноҳиявӣ ва ихтиёран аз суфуфи ҲНИТ хориҷ шудани масъулин ва аъзои онро пешниҳод карда талаб намудааст, ки ҲНИТ баста шавад, зеро вай дигар ҳуқуқи ҳамчун ҳизби умумиҷумҳурӣ амал карданро надорад:

«Дар суд далелҳои зерин мавриди омӯзишу баррасй қарор дода шудаанд; протоколи ҷаласаи шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд аз 20 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ячейкаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд аз 18 майи соли 2015, протоколи маҷлиси Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ғончй аз 06 апрели соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Панҷакент аз 23 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, қарори ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, протокол оиди қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Мастҷоҳ аз 11 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 10 майи соли 2015, протоколи Маҷлиси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оиди қатъ намудани бахши ҳизб аз 07 майи соли 2015,…..» ва дар умум вазорати адлия ҳудуди 80 протоколро далел меоварад, ки бахшҳои ноҳиявӣ дигар амал намекунанд:

«Мувофиқи ҳуҷҷатҳои ба суд пешниҳодгардида қисмати зиёди аъзоёни ҲНИТ ихтиёран узвияти ҳизбро тарк намуда, тавассути баромадҳояшон дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Шабакаи чаҳонии Интернет амалҳои ғайриқонунии ҲНИТ-ро фош ва маҳкум намудаанд.

Далелҳои дар боло овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сохторҳои давлатӣ ба фаъолияти ҲНИТ ва шаҳрвандоне, ки ихтиёран ба ин ҳизб шомил гардида, баъдан ихтиёран аз узвияти ҳизб баромадаанд, дахолат накардаанд.

Суд муайян намуд, ки сабаби асосии ихтиёран хориҷ шудани шаҳрвандон аз ҲНИТ ва қатъ кардани фаъолияти бахшҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо он мебошад, ки роҳбарон ва аъзоёни фаъоли он ба ҷинояту амалҳои номатлуб даст зада, боиси коста шудани нуфузи ҲНИТ дар ҷомеа ва байни аъзоёни он гардидааст.

Доир ба масъалаи мазкур ба Вазорати адлия дар маҷмуъ, 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти ҲНИТ ворид гардидааст.

Ҳамчунин муқаррар карда шуд, ки гарчанде Вазорати адлия ба унвони роҳбарияти ҳизб огоҳиномаҳои хаттӣ оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонуниаш ирсол карда бошад ҳам, аммо Раёсати Олии ҲНИТ огоҳиномаҳои пешниҳодшударо баэътибор нагирифта, қарорҳо ва санадҳои дар боло зикргардидаро ғайриқонунӣ бе баррасӣ мондааст».

Ҳамин тавр Суди олии Тоҷикистон барои бори дуввум (бори аввал соли 1993) 29 сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИТро баст ва онро террористӣ эълон кард. Давлати Тоҷикистон аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ талаб кард, ки бо вай ҳамовозӣ ва ҳамраъйи кунанд. Аммо баракс, ҷомеаи байналмилалӣ ин кори ҳукуматро интиқод кард

Хабаргузории расмии Ховар ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистонро мунташир кард, ки он нусхаи иттиҳомоте буд, ки Прокуратураи  генералии Тоҷикистон нисбати ҲНИТ зада буд:

“Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Азизов Ш.О., бо котибии Искандарова М., иштироки прокурор Рауфов Ф.Х. намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримова Р.Б., Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев И.Ҷ., Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Д.Ш., Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Ҳ.3. ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Медиков М., Мирзиёев Х.И. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олӣ 29 сентябри соли 2015 парвандаи гражданиро аз рӯи аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгаро)-террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, пайдо намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизбро баррасӣ намуда,

 ҲАЛ КАРД

Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб қонеъ карда шавад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шавад.

Фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, ҳизб ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шавад.

Нашри рӯзномаи «Наҷот» қатъ карда шуда, Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон сомонаи расмӣ таҳти суроғаи http//www.nahzat/tj  ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии www.facebook.com чор адад саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Партия исламского возрождения Таджикистана», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва «Партия Исламского Возрождения Таджикистана», дар шабакаи иҷтимоии www.ok.ru панҷ саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии TJK», «ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ДАР Н.ҚУМСАНГИР» ва дар шабакаи иҷтимоии  www.twitter.com бо суроғаи https://twitter.com/nahzatti баста шуда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд.

Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст.

  Ва, як соли баъд аз иттихози ҳалномаи Суди олӣ ҳафтаномаи “Тоҷикистон”,дар як мусоҳибаи муфассал бо Азизов Шамс Одинаевич,  қозии додгоҳи парвандаи ҲНИТ мусоҳиба орост ,ки ҳоло як қисмате аз онро инҷо меоварем:

   “-Аз ҷониби  Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода шуд. Ин гурўҳҳо тибқи нақшаи тарҳрезишуда вазифадор гардида буданд, ки ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд. Ҳангоми баррасии ин парвандаи ҷиноӣ нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурўҳҳои ҷинояткор ба иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ, аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад 1 дарёфт шуданд. Тибқи нақшаи мазкур, бояд як гурўҳи 40 — нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри миллат, як гурўҳи 25 — нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурўҳи 30 — нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилӣ, як гурўҳи 25 — нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурўҳи 40 — нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Ин магар наметавонад асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардад?

Кабирӣ зимни суханрониаш  дар нишаст дар Варшава сабти садоеро пахш кард, ки ба собиқ ҷонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷалов тааллуқ дошт.  Айнан хабари сомонаи “Payom net”-ро, ки тааллуқ  ба  ҳизби  мамнуъ-ҲНИТ дорад, меорам: “Дар ин сабт, ки  байни  Абдуқаҳҳори Давлат, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Абдулазиз  Ҷалов сурат гирифтааст, Абдуқаҳҳори  Давлат  аз  муовини  раиси КДАМ мепурсад, оё ӯ ба ин ки ҲНИТ дар кудато (табадуллот  ред.) даст  дорад  бовар мекунад? Муовини  Ятимов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ чун як  шаҳрванд посух мегӯяд, ки  ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Ин суханро як шахси одӣ не, соҳибмансаби рутбаи баланд мегӯяд. Шояд мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ  дар  овардани  далелҳо  ба  сохтакорие  роҳ  доданд?

 — Аз як ҷониб нишондоди Абдулазиз Ҷалов наметавонад асос барои баровардани ҳукми суд гардад. Вале чун наҳзатиҳо ба ин сабт таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кардан мехоҳанд, мехостам ба он каме равшанӣ андозам. Бубинед, ки онҳо ҳатто муҳтавои сабтро низ таҳриф намуда мехоҳанд ба хостаҳои худ мувофиқ гардонанд. А. Ҷалов дар ҳеҷ куҷо нагуфтааст, ки “ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Балки дар посух ба саволи Абдуқаҳҳори Давлат  айнан чунин ҷавоб медиҳад: “ҳамчун муовини Раиси КДАМ ҶТ наметавонам посух гӯям, ман ҳоло баробари шумо шаҳрвандам ва ҳамчун шаҳрванд мегӯям, ки “намедонам” ”.Байни “намедонам” ва “ҲНИТ дар табаддулот даст надорад” тафовут аз замин то осмон аст. Ҳарчанд худи А.Ҷалов низ, ҳамчун собиқ корманди мақомоти амният ва собиқ муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҳуқуқи додани чунин ҷавобро надошт. Ҷалов худаш дар мурофиаи судӣ иштирок намуда буд ва ҳалномаи судӣ баъди аз кор рафтани ӯ,  пас аз чанд моҳ, қабул шуда буд. Илова бар ин, худи ӯ аз ҷониби Назарзода А. гаравгон гирифта шуда буд. Пас чи гуна ӯ “намедонистааст”. Ба чунин ҳодисаҳо аз ҳама ҷиҳат: сиёсӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра танҳо қонун баҳо медиҳад. Дар хулосаҳои судя ҳатто санаду нишондоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ наметавонад ягон нақше дошта бошад.  Такяи мо дар додани баҳои ҳуқуқӣ танҳо ба далелҳост. Қонунгузори дақиқан муайян кардааст, ки “Далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи КМҶ ҶТ мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд (моддаи 72 КМҶ ҶТ)». Мана чист далел? Боз чӣ гуна далелу исбот лозим…..

 Акнун худатон қазоват кунед. Магар аз ин далели муътамадтар пайдо кардан мумкин аст? Барои давлатҳое, ки ҷон канда ҲНИТ-ро ҷонибдорӣ мекунанд, боз кадом далелҳо лозиманд? Хусусан, барои кишваре мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хадамоти махсуси он, ки дастдориашон дар ташкилу анчом додани чандин амалҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ тасдиқи қонунии худро ёфт». «Тоҷикистон» 30.10.2017

     Ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон дар нисбати ҲНИТ на як санади ҳуқуқӣ, балки комилан сиёсӣ буд. Ин ҳалнома аз ягон ҷиҳат ба ҳалномаҳои дигари Суди Олӣ шабеҳ набуд. Барои таъйиди ин иддио аз арзёбиҳои  “Бунёди Бузургмеҳр”                       ( Buzurgmehr Foundation) ро роҷеъ ба ин ҳалнома чанд қисматеро иқтибос меоварем:

Дар қисми хулосавии Қарори судӣ навишта шудааст: “Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст”.

Истифодаи калимаи “ба тарафхо” маънои онро дорад, ки дар мурофиа ду тарафи муқобил иштирок доштанд. Вале чи хеле, ки мо аз омӯзиши Ҳалнома мебинем дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт. Дар асоси нишондоди шоҳидон ва маълумотҳо аз мақомоти қудратии Тоҷикистон аризаро Прокурори генералӣ санаи 25 сентябри соли 2015 ба Суди Олӣ равон кардааст. Баррасӣ ва Ҳалнома бошад, дар як рӯз анҷом дода шудааст – 29 сентябри соли 2015. 25 сентябри 2015 сол рӯзи ҷумъа мебошад. Рӯзҳои дигар, яъне 26 ва 27 сентябр рӯзҳои истироҳатӣ мебошад ва судҳо кор намекунанд.

Ҳамин тариқ барои баррасӣ ва қабули Ҳалнома аз рӯи аризаи Прокурори генерлӣ ба Суди Олӣ фақат ду рӯз 28 ва 29 монда буд. 29 сентябр мурофиаи судӣ оғоз шуд, яъне барои Ҳайати Суди олӣ фақат як рӯз барои омодасозии парванда, ирсоли хабарнома ва даъватҳои судӣ, омӯзиши аризаи прокурори генералӣ ва санҷидани пуррагии далелҳои пешниҳодшуда барои оғози мурофиаи судӣ, ирсоли нусхаи ариза ба намояндаи ҷавобгар, пурсидани ҷавобгар оид ба аризаи пешниҳодшуда ва ғайра амалҳоеро, ки қонугузорӣ дар моддаи 153 КМГ овардааст, кофӣ кардааст. Гузаронидани чунин амалҳои мурофиавӣ аз қабили омодасозии парванда, маҷлиси пешакии судӣ, таъини парванда ба муҳокимаи судӣ дар як рӯз ғайриимкон ва шубҳанок мебошад. Ҳол он, ки шаҳрвандони Тоҷикистон баррасии аризаҳои худро муддатҳои тулонӣ (се чор моҳ ва ҳатто солҳо интизор мешаванд).

Ба ғайр аз ин ба намояндагони ҲНИТ дар асоси муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонун нусхаи Ҳалномаи судӣ супорида нашудааст.Дар ҳар ҳолат бояд суд ба намояндагони ҲНИТ хабарнома равон мекард. Дар ҳоле, ки намояндагони Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳабс буданд ва он вақт суд метавонист ба онҳо имконияти ҳимояи ҳуқуқҳои ҲНИТ-ро диҳад, ё инки ба дигар намояндагони ҲНИТ, ки дар озодӣ буданд, хабарномаи фиристода шавад.

Ҳамин тариқ Суди Олии Тоҷикистон бар хилофи талаботҳои моддаҳои 115 -118 КМГ рафтор намуда ягон хабарнома ба тарафи муқобил, яъне намояндагони ташкилоти ҷаъмиятие, ки дар вақти баррасии парванда дар Тоҷикистон қонунӣ эътироф шуда буд, нафиристодааст. Ин амал боиси он гашт, ки намояндагони ҲНИТ дар баррасии парванда на фақат иштирок карда натавонистанд, балки имконияти овардани шикоят аз болои Ҳалномаро низ гум кардаанд. ҲНИТ дар бораи баррасии парванда умуман огоҳ набуд.

 Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 40 КМГ дар мурофиаи гражданӣ тарфҳо ин даъвогар ва ҷавобгар мебошанд. Мо медонем, ки даъворо Прокурори генралӣ кардааст ва ин ҳам дар Ҳалнома қайд карда шудааст вале дигар тараф ҲНИТ умуман напурсида шудааст ва ба ӯ сухан надодаанд. Ҳангоми омодасозии парвнда судя бояд амалҳоеро иҷро мекард, ки иштироки ҳатмии тарафҳоро тақозо мекунад: ҳалли масъалаҳо оид ба ҳайати шахсони иштирокчии парванда ва дигар иштирокчиёни мурофиа; пешниҳоди далелҳои зарурӣ аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда; тарафе ба судя оид ба талаб карда гирифтани далелҳое, ки ӯ наметавонад мустақилона, бе кӯмаки суд ба даст оварад, дархост пешниҳод менамояд; ба даъвогар ва судя дар шакли хаттӣ оид ба талаботи даъво норозигӣ пешниҳод мекунад ва -ғайра.

Суд низ бояд дар марҳилаи омодасозии парвандаи гражданӣ амалҳои муайянеро аз қабили: оид ба вақт ва маҳалли баррасии парвандаи шаҳрвандон ё ташкилотҳои ба натиҷаи он манфиатдорро огоҳ сохтан; масъалаҳои даъвати шоҳидонро ҳал кардан; экспертиза ва барои гузаронидани он коршиноси судиро таъин намудан, инчунин масъалаҳои ба мурофиа ҷалб намудани мутахассис ва тарҷумонро ҳал кардан; бо дархости тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо аз ташкилот ва шаҳрвандон далелҳоеро, ки тарафҳо ё намояндагони онҳо наметавонанд мустақилона ба даст оранд, талаб карда гирифтанро иҷро мекард. Вале таҳлили Ҳалномаи судӣ, мавҷуд набудани ягон шоҳид ва хулосаи экспертиза гувоҳи он аст, ки аз тарафи Суди Олӣ ин марҳилаи муҳими мурофиаи гражданӣ умуман гузаронида нашудааст. Ин ҳолатро низ боз муҳлати қабул, регистратсия, ба судя Азизов ирсол кардани баррасии ариза, омӯзиши ариза аз тарафи судя, навиштан ва ирсоли хабарномаҳои судӣ, омодасозии парванда, таъини санаи оғози муҳокимаи судӣ, ки дар якуним рӯз қисми рӯзи 25 сентябр ва 28 сентябри соли 2015 анҷом дода шудааст, исбот мекунад. Гузаронидани чунин миқдор амалҳои мурофиавӣ дар муддати кутоҳ гувоҳи дахолат ба фаъолияти Суди Олӣ мебошад.

Дар моддаи 4 КМГ оварда шудааст, ки ҳар шахси манфиатдор барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи худ, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад. Дар ҳолати таҳлилшаванда аъзоёни ҲНИТ аз ҳуқуқи ҳимояи манфиатҳои худ дар суд маҳрум карда шуда буданд. Дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт, огоҳ набуд ва адвокат низ аз тарафи суд ба ҷавобгар таъин карда нашуда буд.

Дар рафти мурофиаи судии мазкур ба тарафҳо ҳуқуқҳои баробар дода нашуда буд. Тарафи аризадиҳанда, Прокурори генералӣ, имконияти пешниҳоди даъво, далел ва дастгирии даъвои худро дар суд дошт. Тарафи муқобил ҲНИТ ин имкониятро надошт, ки бар хилофи талаоботи моддаи 13 КМГ мебошад: адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад. Намояндагони ташкилоти ҷамъмияти – ҲНИТ оиди пешниҳоди аризаи Прокурори генералӣ маълумот надоштанд, оиди вақти баррасии парванда огоҳ набуданд, имконияти иштирок ва пешниҳоди далелҳои худ, шоҳидон, таъини экспертизаҳо ва дигар амалиётҳои муқараргардидаи қонунро надоштанд.

Баъд аз қабули Ҳалнома ба намояндагони ҲНИТ нусхаи он супорида ва ҳатто ба тариқи почта ирсол карда нашудааст. Нусхаи Ҳалномаи мазкур баъди ду моҳ дар сомонаи расмии Суди Олӣ ҷой дода мешавад, ки аллакай имконияти шикоят карданро истисно мекунад. То ҳол низ ба тариқи расмӣ ягон намондаи ҲНИТ Ҳалномаи мазкурро гирифтагӣ нест.

Ҳамин тариқ дар рафти мурофиаи судӣ як қатор қонунвайронкуниҳо аз қабили вайрон кардани муҳлатҳои мурофиавии судӣ; ирсол накардани хабарнома ва даъватномаҳои судӣ; вайрон кардани муқарарроти мурофиавии судии гражданӣ мавриди омодасозии парванда; маҳрум кардан аз ҳуқуқи ҳимоя; огоҳ накардан оиди аризаи пешниҳодшуда ба Суд; маҳдуд кардани ҳуқуқи ҳимоя; роҳ надодан ба мурофиаи судӣ; вайрон кардани баробарии тарафҳо; маҳрумияти ҳуқуқ ба шиносоӣ бо ариза ва пешниҳоди далелҳо, дархостҳо ва шоҳидон; дастрас набудани Ҳалнома аз 29.09.2015 сол; вайрон кардани принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ҷинояткор эътироф намудани ашхос бе баррасии суди ҷиноятӣ, ҷой доштанд.

 Аризадиҳанда, Прокурори генералӣ ва Вазорати адлия, Хадамоти алоқа, Вазорати фарҳанг, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андоз барои тақвият бахшидани даъвои худ барои бастани ҲНИТ ва эстремистӣ –террористӣ эътироф намудани он делелҳои мухталифро ба суд пешниҳод кардаанд.

Мутобики талаботи қонугузории граждании Тоҷикистон (м. 200 КМГ) суд ҳалномаро танҳо бо он далелҳое асоснок менамояд, ки дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардидаанд. Вале дар қисми асоснокунии Ҳалномаи мазкур дида мешавад, ки он пурра нусхаи (копия) матни аризаи Прокурори генералӣ аст. Яъне, ки баръало рубардор кардани навиштаҷоти аризаро Судя Ашуров ҳамчун асосноккунии қарори худ қабул намудааст. Дар рафти мурофиаи судӣ ягон шоҳид ва ё мутахассис пурсида нашудааст, ягон экспертиза гузаронида нашудааст ва ба тарафи муқобил имконияти ҳимоя дода нашудааст. Агар ягон далели иловагӣ мухокима карда шуда бошад хам, он дар Ҳалномаи судӣ номбар карда нашудааст.

  Раиси ҲНИТ Муҳидин Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигаp аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ аз соли 2010 то инҷониб тавассути нашрияи асосии ҲНИТ рӯзномаи “Наҷот” ва дигар воситахои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар рӯҳияи бадбинию мухолифи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсиониpo дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намудаанд.

Барои исботи ин далели пешниҳод намудаи худ Прокуратураи генералӣ ба суд ягон маводеро пешниҳод накардааст ва ягон мавод низ дар рафти мурофиаи судӣ таҳти муҳокима қарор нагирифтааст. Ҳатто хулосаҳои экспертизаҳои дахлдори судӣ дар Ҳалнома оварда нашудаанд. Маълум нест, ки сухан дар бораи кадом хабару маколаҳои барангезандаи кинаю адовати миллию динӣ меравад. Агар ин мақолаҳо дар рӯзномаи «Наҷот» паҳн карда шуда бошанд, пас чаро прокуратура онҳоро ба суд бо хулосаи экспертиза пешниҳод накард?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои барангехтани бадбинию мухолифат нисбати сиёсати иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангии ҳукумат пешбинӣ нашудааст. Чаро прокуратура инро асоси эътирофи экстремистӣ ва террористӣ номиду Суди Олӣ онро қабул кард?

  Прокуратураи генералӣ ҳодисаҳои рӯзҳои 4-12 сентябри соли 2015-умро, ки тафтишоти онҳо нав сар шуда буд, мансуб ба фаъолияти ҲНИТ шумурда, ҳамчун яке аз далелҳои қатъ намудани фаъолияти ҳизб шудааст.

Аз тарафи Суди Олӣ ва судя Ашуров ҳамчун далел қабул кардан ва исботшуда ҳисобидани иштироки ҲНИТ дар ҳодисаҳои сентябрии соли 2015 ҳангоме, ки парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ин ҳодисаҳо ҳоло дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ аст, ғайриқонунӣ ва беасос мебошад. Дар ин ҳолат принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ нисбати аъзоёни РО ҲНИТ, ки дар тафтишот қарор доштанд вайрон карда шудааст. 

  Дар ҳалнома гуфта мшавад: «ҲНИТ бар хилофи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлат ва ҳукумат амал намудааст».

Ин далел умуман қобили қабул ва таҳлил ҳам нест. Ягон ҳизби сиёсӣ ва ё ташкилот вазифадор нест, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати кишварро дастгирӣ кунанд ва дар сурати дастгирӣ накардан ин ҳамчун асос барои эътирофи экстремистӣ ва террористӣ шавад.

  16-уми сентябри соли 2015 13 нафар аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ тавассути КДАМ  боздошт шуданд.  

  Моҳи июни соли 2016 пушти дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе додрас Сатторзода А,ки он замон муовини раиси Додгоҳи олии кишвар буд, ҳукми ноодилона ва сангини аъзои боздоштшудаи ин ҳизбро эълон кард. Бо ҳукми ӯ, аз ҷумла муовинони раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳукми абад, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Қиёмиддин Аввазов, Абдуқаҳҳори Давлат ба 28 соли зиндон, Зарафо Раҳмонӣ, ки дар ҷараёни мурофиа ба зидди аъзои дигари раёсати ҲНИТ баёнот дода буд, ба 2 сол ва дигарон аз 14 то 26 солӣ равонаи зиндон шуданд. Ҷараёни тафтиши парвандаи аъзои ҲНИТ ба таври махфӣ сурат гирифт ва ҳамчуноне медонем дар рафти он шоҳидон ва боздоштшудаҳо мавриди фишору шиканҷаи фаровони мақомоти кишвар қарор гирифтанд. Мақомот сабаби боздошт ва зиндонӣ кардани аъзои аршади ҲНИТ-ро чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё ин ҳизб ва раҳбаронаш дар ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, ки 4-уми сентябри соли 2015 сурат гирифт ва даҳҳо нафар кушта шуд, даст доранд. Аммо борҳо раҳбарияти ҲНИТ ва худи боздоштшудаҳо иттиҳоми мақомотро рад карда, онро барои дур кардани ин ҳизб аз саҳнаи сиёсии кишвар ва зиндонӣ кардани аъзои он номида буданд.

Ва, аммо созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои ҳуқуқибашарӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки зиндониёни сиёсии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзи Исканадаров ва дигар фаъолони сиёсиро фавран озод кунанд, аммо ин дархостҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.

 Аммо вокунишҳо ҳам дар дохили кишвар  ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ роҷеъ ба боздошт ва ҳукми Додгоҳи Олӣ дар нисбати ҲНИТ ва 13 нафар аз аъзои Раёсати олии бисёр ҳам шадиду сахт буд. Ҳеҷ касе бовар намекард, ки ҲНИТ дар ин кудето даст дошта бошад. Раҳматулло Зоиров,роҳбари пешини ҲСДТ ва аз ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар дар як мусоҳибаааш дар сеюми феврали соли 2016 дар ин бора чунин изҳори назар кардааст:

 “Ман мехоҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ин масъала баҳо диҳам. Аввал ин ки ҳукумат аз ҳизби наҳзат тарс дошт ва илова ба ин ҳам ҳукумат ва ҳам ҲНИТ ба иштибоҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ доданд. Вазорати адлия ҳизбро ғайриқонунӣ эълон кард дар ҳоле ки ин вазорат чунин салоҳият надорад. Онҳо метавонистанд ба ин ҳизб огоҳӣ диҳанд ва баъди даҳ рӯзи огоҳӣ ба суд пешниҳод кунанд. Яъне адолати судиро Вазорати адлия ба дӯши худ гирифт, ки ин ғайриқонунӣ аст. Аз тарафи дигар, ҲНИТ ҳам ба якчанд иштибоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ дод. Ин ҳизб набояд масъалаи ба Тоҷикистон баргаштан ва ё барнагаштани Муҳиддин Кабириро аз хориҷ баррасӣ мекард. Вақте ки Шӯрои сиёсӣ тавсия медиҳад, ки раиси ҳизб ба Тоҷикистон барнагардад, алакай суол ба миён меояд, ки раёсати ҳизб ба дӯши кӣ гузошта хоҳад шуд? Дар ин ҳолат Вазорати адлия имкон пайдо мекунад, ки аз ҲНИТ талаб кунад, анҷуман баргузор намуда ва раиси ҳизбро интихоб кунад.

 Дувум, чанд нафар аз аъзои ҳизб ба Истанбул рафтанд ва эълон карданд, ки дар онҷо нишасти Шӯрои сиёсии ҳизбро баргузор карданд, ки ин амали ғайриқонунӣ аст. Барои он ки ягон ҳизб дар қаламрави кишвари дигар ҳаққи баргузор кардани Шӯрои сиёсиро надорад. Ин ҳақро натанҳо ҲНИТ, балки ҲСДТ ва ҳизби демократ ва ҳеч ҳизби дигар надорад.

Севум ин ки вақте ҳизби наҳзат эълон кард, анҷумани худро баргузор мекунад, вазорати адлия иҷоза надод, вале ҲНИТ намояндаҳои худро сафарбар кард, ки инро қонунҳои Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд. Ва мебоист ҲНИТ анҷумани худро ба вақти дигар мегузошт ва як созиш.

  Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба масъалаи ҳизби террористӣ эълон шудани ҲНИТ нигоҳ кунем то кунун дар ҳеч куҷо ва дар ҳеч санад исботи худро наёфтааст. Ва агар инро бо назардошти ҳаводиси моҳи сентябр ба ошӯби Абдуҳалим Назарзода вобаста карда ҳизби террористӣ гуфта шудааст, то ҳол тафтишоти пешакӣ ба анҷом нарасидааст, аз ҷониби Додгоҳи олӣ ҲНИТ ҳамчун ҳизби терористӣ эълон карда шудааст, ин аз рӯи қонун нест, ин супориши сиёсӣ аст.

 Дар мавриди Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадор гуфтаниам, ки вай аз нигоҳи сиёсӣ ба ҲНИТ ҳеч иртибот надошт ва шахси сиёсӣ ҳам набуд, бештар тоҷир буд. Назарзода бо Муҳиддин Кабирӣ робитаи хусусӣ доштанд инро ман эътироф мекунам, вале иртиботи Назарзода бо ҲНИТ аслан ҷой надошт.”

Ва, аммо роҳбарони КДАМ ва вазорати дохила,ки дастандаркорон ва иҷрочиёни бозии кудетои ҳоҷӣ Ҳалим ва масъули боздошту зиндонисозии аъзои Раёсати олӣ ва ниҳоят бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ мебошанд, талош мекарданд, ки ин амали ҷинояткоронаи худро тавҷеҳ кунанд.   

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳодисаҳои сентябри соли 2015-и  кишварро “ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ” унвон карда мегуяд, ки“Назарзодаҳо, кабириҳо абзори бозиҳои геополитикӣ ҳастанд” Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳаводиси моҳи сентябр дар Тоҷикистонро “ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ” хондааст. Дар як матлаби Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зери номи “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)”, ки “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон декабр 17, 2015 нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ҳодисаҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистон “ғайричашмдошт набуд”.Ба навиштаи Саидмӯъмин Ятимов, бозигарони геополитикӣ мушкилоти ба гуфтаи ӯ, “мансуб ба рафторҳои хиёнаткоронаи баъзе аз гурӯҳ ва афрод”-ро падидаи манфии зуҳуроти сирф миллӣ нишон доданӣ мешаванд. Ба бовари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, давлатҳои мушаххас дар ин самт, бо роҳу василаҳои гуногун манфиати хешро амалӣ месозанд.  Ӯ дар ҳодисаҳои моҳи сентябр, ки бештар бо номи “ошӯби генерал Назарзода” маъруф аст, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистонро “бозича” унвон мекунад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ пас аз мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ гуфт, ки ӯву ҳизбаш дар ошӯби Назарзода даст надоранд. Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумла гуфта буд, ки “ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем.”

Устод Кабирӣ чанде пеш дар як суҳбати ихтисосӣ бо «Ислоҳ» аз он рӯзгорон ёдовар шуда гуфт, ки вай аз ҷумла бо Ятимов суҳбат кард ва Ятимов гуфт, ки тасмим дар бораи баста шудани ҲНИТ гирифта шудааст ва беҳтар ин аст ки худашон довталабона ва бо дастони худ барҳамдиҳии худро эълон ва иҷро кунанд. Аммо гуфт устод Кабирӣ, ки онҳо розӣ ба гирифтани ин ном ва лаккаи нанг нашуданд.

Аммо ҳамчуноне гуфтем, мақомоти қудратӣ талош мекарданд, ки бастани ҲНИТ-ро кори дуруст ҷилва диҳанд. Тибқи як навиштаи «Озодӣ» Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро аз маблағгузорон ва раҳбарони асосии ҳамлаҳои рӯзи чоруми сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат донистааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 14 декабри соли 2015  ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро “аз сармоягузорон ва раҳбарони асосии” ҳамлаҳои Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои кишвар донистааст. Генерал Раҳимзода, ки дар ин бора рӯзи душанбе бо мардуми ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон суҳбат мекард, гуфтааст, пахши ин ҳамлаҳо ва боздошту безараргардонии омилонаш танҳо бо кумаки сокинон дар муҳлати кӯтоҳтарин анҷом ёфт: “Мардум дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, тарафи ҳукумати Тоҷикистонро гирифтанд, ки ин ҳодисаҳо дар мӯҳлати 10-12 рӯз ба анҷом расида, гурӯҳҳои террористӣ безарар гардонда шуданд.”

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идома сокинонро ба ҳамкорӣ бо мақомоти интизомӣ даъват карда ва бештар аз ҳузури шаҳрвандони кишвар дар майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки барои иштирок дар ин ҷангҳо беш аз 600 нафар рафта, ҳудуди 50 тани онҳо бо изҳори таассуф ба кишвар баргаштаанд ва бо хонаводаҳояшон ба сар мебаранд.

Ба дунболи бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ ва ҳабсҳои тулонии аъзои Раёсати олии он, аз ҷумла муҷозоти ҳабси абад ба ду муовини раиси ҲНИТ созмонҳои байналмилалӣ вокунишҳои сахту сангинеро аз худ нишон дода ин амали ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум карданд. Дар ин қисмати ин матлаб чанде аз ин баёния ва изҳори назарҳои созмони ҷаҳонии дифоъ аз ҳукуқи башар ва давлатҳоро, ки он замон расонаҳо мунташир карда буданд, аз сарчашмаҳои бози интернетӣ пешкаш мекунем, то манзара ва ҳавлу ҳоли он рӯзҳои ҲНИТ ва роҳи нимасраи пурталотуми он рушантар бишавад:  Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён Девид Кайе ҳукми зиндони тӯлонии раҳбарони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро маҳкум кард. Девид Кайе рӯзи 7 июни соли 2016 дар баёнияаш гуфт:  “ҳукми шадиди раҳбарони мухолифин афзоиши беҳадди маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Вай гуфтааст, ки “эъмоли чунин чораҳои тунду худсарона алайҳи мухолифон ва раҳбарони мазҳабӣ натанҳо қобили қабул нест, балки хатарнок ҳам ҳаст, чунки танҳо ба тундравтар шудани онҳое, ки берун аз арсаи баҳсҳои ҷамъиятӣ мемонанд, оварда мерасонад.”

 Ҳолгер Грин – сафири Олмон дар Душанбе, рӯзи чоршанбе 8 июни сли 2016  дар ҳамоиши “Нақши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ” гуфт,  ки мақомоти тоҷик гумонбарон ба ифротгароиро асосан ба зиндон кашида, барои аз ин роҳ баргардондани онҳо аз шеваҳои дигар истифода намекунанд, “Магар ба ҷуз аз боздошту зиндонӣ кардани афроди гумонбар ба ифротгароӣ роҳи дигар вуҷуд надорад?” суол кард сафири Олмон дар Душанбе.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо «САҲА» дар баёнияаш аз 2 октябри соли 2015 бо изҳори ташвиш аз ҳабсу боздошти 13 узви ҳизби наҳзати исломӣ аз аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то замонат бидиҳад, ки муборизааш алайҳи “терроризм” ва “ифротгароӣ” дар чорчӯби қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар анҷом хоҳад шуд.” 

Комиссариати олии СММ дар масоили ҳуқуқи башар аз афзоиши хатари нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар паи манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва боздошти даҳҳо тан аз фаъолони ин ҳизб дар авоили моҳи сентябр изҳори нигаронӣ кард. Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи 2 октябр нашр шуд, таъкид шудааст, ки рӯзи 29 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро “созмони террористию бунёдгаро” эълом ва фаъоляти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кардааст. Гуфта мешавад, ин тасмим аз маъракаи тӯлонии фишор, таҳдиду тарс додан ва эҷоди монеа дар роҳи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ маншаъ мегирад.

Ҳамчунин, ин ниҳоди СММ аз боздошти 13 узви аршади ҲНИТ бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва дастгир шудани Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи афроди боздоштшудани ин ҳизб ба гумони “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” ибрози ташвиш кардааст.

СММ аз Тоҷикистон даъват кардааст: ҳама тадбирҳо алайҳи “терроризм” ва “ифрогароӣ”-ро дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар роҳандозӣ карда, ҳуқуқи шарвандонро ба озодии баёну виҷдон, ҳамоишҳои сулҳомез, ширкат дар тадбири ҷамъиятӣ ва усулҳои ғайритабъидӣ эҳтиром гузоранд. Дар изҳорот таъкид мешавад, ки шароити боздошт ва қонунияти он бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом шавад”.  

Рӯзи 1 октябр Иттиҳодияи Аврупо низ бо пахши як баёния гуфтааст, созмони террористӣ эълом шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати ин кишвар маҳдудияти бештарро болои озодии баён ва бисёрандешӣ ҷорӣ мекунад. Ба гуфтаи Майя Косянчич, сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо, ин тамоюл баъди интихоботи парлумонии моҳи марти имсол мушоҳида мешавад. Вай мегӯяд, ҳама қарор дар мавриди манъи рақобати сиёсии ҳизби сиёсӣ бояд мавриди баррасии ҳуқуқии озоду боз қарор бигирад. Рӯзи 29 сентябр Freedom House ё Хонаи Озодӣ, як созмони мудофеи озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар аз боздошти фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар саросари ин кишвар интиқод кард. Дар баёнияи ин созмон таъкид шудааст: “Ҳукумати Тоҷикистон аллакай раҳбарони  аршади ҲНИТ-ро зиндонӣ карда, раиси ин ҳизбро маҷбур ба ҳиҷрат кардааст. Созмони террористӣ унвон шудани он 40 ҳазор тан аз аъзои онро дар саросари кишвар бо таҳдиди ҳабс рӯбарӯ хоҳад кард”.

Сафорати Амрико дар баёнияи худ дар рӯзи 30 сентябр аз “маҳдуд шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ” ва “таъқиби мухолифон” дар Тоҷикистон ибрози ташвиш кард.

Поёни бахши саввуми давраи панҷум, ин давра идома дорад….

Share This Article