Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи барномаи «Номаҳо..» дар Ислоҳ ин аст, ки хонанда ва муаллифони мо байни ҳам табодули назар ва андеша ва гоҳҳо мубоҳиса мекунанд. Агар муттасил мутолиа карда бошед, худ инро пай мебаред. Дар ин шумора ҳам як нафар аз муаллифони мо, ки дар яке аз «Номаҳо..»-и қаблӣ роҷеъ ба мавориди зиёди тақаллубкориҳои интихоботӣ навишта буд, ин бор низ онро идома додааст.
Мо, ба ин ҳама ғирому хиёнати Раҳмонов чашм пушидему уро то ба ин дараҷа расонидем, ки худро якумрӣ эълон кард ва гузашта аз ин писарашро ба ҷойи худаш оварданист. Вале ҳоло ба назар мерасад, ки вай на танҳо писарашро, балки мехоҳад ҳокимиятро ирсӣ ва сулолавӣ карда Тоҷикистонро подшоҳӣ ва хонаводаи худро аҳли салтанат эълон кунад. Аз Раҳмонов метавон бадтар аз инашро ҳам интизор дошт. Аммо ин мардуми тоҷик оқибат кори худро хоҳад кард. Мо ба ин бовар дорем:
Хатлон
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин навиштаи ман давоми номае аст, ки фиристодам ва нашр шуд. Хело хушҳолам, ки ончи навиштам нашр кардед ва инак идомаи моҷароро менависам.
Агар варақаҳои интихоботӣ ҳаққонӣ шумурда мешуд, Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби ӯ ҳизби ҳокимро ғолиб мебаромад. Аммо мутаассифона дар ягон интихоботҳои баргузор шуда мо баргаҳои овоздиҳиро аз рӯйи адолат насанҷидаем, аниқтараш намондаанд, ки дақиқ бисанҷем!.
Ҳизбе, ки набояд ба парламенти кишвар роҳ меёфт, бо нишон додани 02%- ҳаққи овози гирифта шуда, аз саҳнаи сиёсӣ берунаш мекарданд. Ин кор яке аз қонунҳои нонавиштае буд ва ҳоло ҳам ҳаст, ки маҷбурист ва мо масъулони участкаҳои интихоботӣ 02% ба ҳизби оппозитсионӣ ҳисобот пешниҳод мекардем. Шояд рӯзе мерасаду аз архивҳо овозҳои ҳаққонии аҳолӣ кашф мегардад. Албатта, ба шарте, ки онҳоро насӯзонида бошанд. Бо ҳамин ҳилла ҲНИТ аз Парламенти ҷумҳурӣ берун карда шуд.
Дар интихоботи порлумонии соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон боз як ҳизби оппозитсионии дигар пайдо карда буд, ки он ҲСДТ буд. Дар ин интихобот ҳама нигарониҳо аз ҳамин ҳизб буд ва маслиҳати пешакии аз Парламенти ҷумҳурӣ берун баровардани онро гирифта буданд. Яъне 02% ин ҳизбро ҳам мунтазир буд.
Хулоса, интихоботи навбатӣ ҳам гузашт ва 02%-ро ба ҲСДТ чун пештара ҳисобот додем. Варақаҳои интихоботиро бандубаст карда протоколҳоро то соати 12 -и шаб нашумурда, бурда ба маркази интихоботӣ расонидем. Ҳамин, ки ба маркази интихоботи ноҳия расидем, алакай дар он ҷо фоизи овозҳоро тақсимот карда, хулосаи интихоботро бароварда барои вилоят омода кардаанд.
Воқеан одам ин ҳолатро дида дар ҳайрат мемонад. Аксари масъулин, раисони участкаҳои интихоботӣ ва корманди амният ҳамагӣ сархушанд ва ” через х*й”
гап мезананд. Ягон кас ҳаққи савол додан надорад. Чизе гуфтанд бе чуну чаро иҷро мекунӣ.
Воқеан ин амале, ки ман дар муддати 20 сол кардаам, бароям шармовар аст. Дар ибтидо фикр мекардем ин мардак дар андешаи ободии халқаш аст, Ватанро обод мекунад. Бигзор овозҳоро худаш гирифтан гирад. Аммо, мутаассифона, дар муддати 32-сол ягон пешравӣ барои некӯаҳволии халқаш накард. Танҳо оилаи худ ва хешони худу занашро ободиву пешрафт дод.
Вақте имрӯз мебинем дар ҳар як деҳае як хеш ё як ришта пайванди Азизмо ҳаст, барои ӯ истифода аз хатти махсуси қувваи барқ (красный линией) кашида шудааст. Барои чӯҷаҳои хеши зани Президент свет ҳаст, вале барои аҳолӣ қувваи барқ нест!.
Дар ҳамин Рамазони соли равон шоҳиди ноӯҳдабароии Ҳукумати сохтаи Эмомалӣ Раҳмонов шудем, ки якуним соат саҳарӣ ва якуним соат бегоҳӣ қувваи барқ доштему тамом. Намозҳои таровеҳ ва бомдодро бо лампаҳои хитоӣ хондем.
Дар охир ба дигар котибони комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ гуфтаниям, ки шумо ҳам он чиро, ки худ дидаед, аз ноадолатиҳои интихоботҳо нависед. Ҳар чи бештар чеҳраи ин Барзагови ҷуфтиро ошкортар кунед. Ҳадди ақал аз азоби виҷдонатон халос шавед.
Бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин суханҳоро аз забони яке аз котибони участкаҳои интихоботӣ навиштам. Аммо дар ҳама ҳодисаҳо худам бевосита иштирок кардаам. Дар охирон интихобот наблюдател аз тарафи ҳизби ҳоким будам ва ҳамаи ин сохтакориҳоро мушоҳида кардаам!.
Ҷайҳун(Қумсангир)
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман номи худро махфӣ медорам. Ин нома аз деҳаи Ҳаштуми ноҳияи Ҷайҳун аст. Аз мактаб безори ҷонамон кардаанд. Дар ин мақомот ягон одами боимон бошад ҳамин мактаби № 8-ро тафтиш кунад?. Қариб, ки ҳар рӯз пул металабанд: 30 сомонӣ барои ремонт, 25 сомонӣ барои китоб, 5 сомонӣ барои фонди мактаб ва аз ҳамин қабил баҳонаҳо. Эй мақомдорҳо раведу як бор тафтиш гузаронед. Бо ин суми ҷамъкардаашон метавонанд як мактаби нав бисозанд, аммо ин сумҳо куҷо мераванд номаълум.
Директори мо аз шашум посёлка мебошад.Як зани тақрибан 50 сола. Ин зан беҳад нафсаш бад аст. Ин Ҷаноб куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Охир мардум дар азобанд. Деҳқонҳо аз 50 то 60 ҳазор сомонӣ аз пиёз сухтанд. Тамоми Тоҷикистонро бо пиёз таъмин мекарданд. Аз пиёз, аз сабзӣ, аз тарбуз, хулоса аз ҳама ҷиҳат сухтанд деҳқонҳо. Обро барои деҳқон таъмин накардед, боз аз куҷо барои шумо сум диҳад? Аз ин тараф боз ба масҷид сум грузит кардаанд, меравӣ,бояд сум диҳӣ. Масҷид барои облава сарбоз мехарад. Ақалан ҳамин мактабро назора кунед. Дар ҳамин мактаби мо як сатил краска расход намекунанд. Ин қадар сумҳо куҷо мераванд дар мактаб? Магарам тарки ватан кунему биравем Русия?
Ба Қамариддини раиси маҳалла гуфтанием, ки ака худат куҷоро нигоҳ мекунӣ. Ҳар ҳафта раву назорат кун. Ба муаллиму муаллимаҳо гуфтанием, ки бас кунед сумталбиро. Вагарна ҳамаатонро ном ба ном дар Ислоҳ мебарорем, кадомат чанд фарзанд дорӣ, чи қадар сум аз бачаҳои мардум мегирӣ,суратҳоятонро ҳам чоп мекунем.
Душанбе
Ассалом алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Худо нигаҳбонат! Ба тамоми муборизон муваффақият хоҳонам.
Хонандаи доими шабакаи Ислоҳ. нет мебошам. Имруз мақолаи хело пурмазмун ва дарднокро хондам, ки аз тарафи як шахси бо илму фарҳанг ва ватандуст нависонда шудааст. Хостам ба он бародари муаллиф изҳори миннатдорӣ кунам ва ба он бародар Худо умри дароз ва тани сиҳат ато фармояд.
Ин номаро хондам.Калимаи Ватанро хело ба маънои аслиаш шарҳу тавзеҳ карда фаҳмондааст, ки агар ҳар шаҳрванд як зарае муҳаббат ба Ватан дорад ва ба ояндаи ин миллат умед дошта бошад, вақти мутолеаи он ашк аз чашмонаш мерезад ва муҳаббат ба Ватан зиёд мегардад. Ман як шаҳрванди ин кишварам ва ба қадри имкон соҳиби илм мебошам. Яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистонро тақрибан 14 сол пеш хатм кардам ва собиқаи кории зиёда аз даҳсола дар давлат дорам. Ин нома, ки навишта шудааст, шоҳидӣ медиҳам, ки як ҳарфаш хато нест.
Чунки ман дар раҳбарияти корхонаи давлатӣ фаъолияти корӣ дорам ва аз дилу ниятҳои нопокашон хуб огоҳам. Дар тӯли 10 соли фаъолияти кориям ман аҳамият дода истодаам. Агар ҳамин даҳсоларо ба ду марҳила тақсим кунем 5 соли аввал хубтар буд!. Аз ин бар меояд, ки сохтори давлатӣ рӯз то рӯз бад шуда истодааст.
Масалан ман баъди хатми донишгоҳ хостам кор кунам. Рафтам ба назди роҳбари он вақтаи як корхонаи давлатӣ, дар қабулгоҳ истодам ва аз котибаш пурсидам, ки ман барои кор омадам, чи кор кунам. Гуфт камтар истед. Ҳозир роҳбар худаш аз дохил мебинад. Кор надошта бошад ҳатман қабул мекунад. 3-4 дақиқа истодам. Котибашро занг зад ва пурсид, ки барои чи омадааст? Гуфт барои кор кардан. Гуфт бигуяш дарояд. Даромадам мисли одам қабул карду боз суол кард, ки чи мехоҳед? Худамро шинос кардам ва гуфтам мехоҳам кор кунам. Баъдан 4 суолам дод. Ман сетоашро ҷавоб додам вале яктоашро хато кардам. Яъне дуруст ҷавоб дода натавонистам. Худи он роҳбар ҷавоб дод ва таъкид кард, ки дар давоми фаъолияти корият боз омуз ва аз теория ба амалӣ гузар. Ва бо ҳамин маро гуфт рафта дар шуъбаи кадр ариза кунед ва ҳамин тавр дар кор қабулам кард. Мақсад аз ин гуфтаҳо ин аст, ки дар замонаи ҳозира барои кор мехоҳӣ назди роҳбар дароӣ котиб иҷозат намедиҳад, бо мақсади он, ки ягончи пора бидиҳӣ. Раис бошад намехоҳад мушкилиро фаҳмад ва роҳ нишон диҳад ё ҳал кунад, тамоман қабулат намекунад.
Агар ягон муроҷиат кунӣ, баръакс роҳбар ба худат мушкил эҷод мекунад. Ба ҳамин дуюмбора дигар наздаш намеравӣ ва мақсади роҳбарони ҳозираҳам ин аст. Мушкилиро мисли пешвояшон намехоҳанд бидонанду бишнаванд. Ба ҳамин худро пешвои ҳамон корхона меҳисобанду асосгузор. Набошад он корхона таърихаш аз соли таваллуди ҳамон раис калон мебошад. Барои ҳамин муроҷиати ман ба тамоми мардуми тоҷик чи хурд ва бузург, донову нодон, марду зан ин аст, ки ҳар чизе медонед дар бораи ин ба ном роҳбарон бигуед ва ошкор кунед. Инҳо як бандиту террорист ва душманони миллати тоҷик мебошанд. Як зарра меҳру муҳаббат ба Тоҷикистон надоранд. Мақсадашон он аст, ки зуд бидузданду ғорат намоянд ва бой шаванду баъд рафта дар дигар ҷой зиндагӣ кунанд. Ман ин хулосаро аз кору рафтори ҳамин ҳукумати ҳозира ва роҳбари давлат фаҳмидам.
Ҳар касе, ки ба манфиати мардум, давлат ва ояндаи ин миллат кор мекунад ва гап мезанад ва чизе менависад, кушта ё зиндонӣ мешавад. Ва ё агар он шахс каме ҳушёру зирак бошад худаш аз сарзамини Тоҷикистон гурехта меравад. Аз собиқаи кории дар ин давлат ман ба хулосае омадам, ки шахс мутахассиси кадом соҳаи муҳими давлатӣ бошад вале дузду, фиребгар набошад дар ин сохтори ҳозираи давлатӣ як моҳ ҳам кор карда наметавонад. Худи муҳити ҳамон давлат ва корхона водор мекунад, ки он шахс ба ҳамин гуна корҳои пасту разил даст бизананд. Набошад аксари шахсон дар асл намехоҳанд ин корро анҷом диҳанд вале мафкураашон ҳаминхел шудааст, ки кори давлат бе ин ҳама пеш намеравад. Дар ҳоле, ки давлатҳои пешрафтаи дунё мубориза бар зидди ин корҳо: фасоду дуздӣ бурда истодаанд.
Бародар суханро дар ҳаминҷо нуқта мегузорам. Навиштаам қабули қобил бошад дар барномаи «Номаҳо…» нашраш бикунед.
Як чизи дигареро дар бораи сафари Раҳмонов ба Италия гуфтаниям. Ин диктатор инҷо ҳам беақлиашро намоиш дод.
Наход як президент биравад дарахтро интересоват кунад. Мардум имрузҳо дар чи ҳолу аҳвол гирифтор аст ин диктатор бошад дар байни дарахтон сурат гирифта гаштааст. Дар бари Папаи Рим бо духтарашу домодаш сурат гирифтааст. Хуб нигоҳ кунед мебинед, ки духтари Эмомалӣ Раҳмонов худашро дар дасти Папаи Рим часпонда истодааст. Мегӯӣ, ки Эмомалӣ духтарашро ба Поми Рум дода бошад. Ин Эмомалӣ нангу номус надорад. Вазъияташ безеб шавад, ҳар кор мекунад. Вагарна духтараш сафир дар Бритониёи Кабир аст на дар Италия ва на дар Вотикан. Инҷо омадану овардани вай ба чи муносибат аст? Домодаш чӣ? Ягон масъулияти давлатӣ, надорад… Фақат барои селфи ва худнамоӣ.
Кулоб
Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин! ВАллоҳи қасам инҳо Кулобро бо фасод моломол карданд. Тамоми кучаҳои Кулоб валангор аст. Аммо пулгирӣ аз мардум дар авҷ аст. Тамоми таксистҳои Кулоб- Душанбе, Кулоб- Муминобод, Кулоб –Восеъ, Кулоб -Шурободро бузи дасти худашон кардаанд. Мебини, ки таксистанд, ду моҳ пас формаи милиса дар тан «абача чо менӣ» мегуянд. Сӣ ҳазор сомонӣ додаму ба кор дармадам. Шояд мепурсӣ, ки «хондай маълумот дорӣ?» Ака ҳамон китобчаи ҳарбиро ҳам харидам, хизмат кардагӣ нестам. Ин аст шармандагии мардуми Кулоб,
Ва баъдан ин коргарони ҳукумат дар утоқи коришон боз душ доранд. Худам бо чашмам мебинам, ки кадом духтареро хоханд зино мекунанд, прямо дар болои мизи кориашон ва баняҳои замонавӣ доранд. ВАллоҳи қасам бачаҳову духтароне, ки аз сини шонздаҳ боло дар мақомоти ҳарбӣ медароянд, маслан курсантҳо аз даруни ҳамон бачаҳо нақл карданд, ки «ака шоҳидам,ки калонои мо духтарои мардума дар утоқи кориашон дароварда лублич мекунанд». Духтаре,ки падараш шонздаҳ сол калонаш кард, мақомоти ҳарбӣ лублич карда аз тамоми ҷойҳояшон лаззат мебаранд, ё инки дар ақибшон мерасанд. Баъде, ки онҳо расиданашон он духтарҳоро боз мо дар пешу ақибшон мерасем. Аммо вақте беҳаёи бад мешаванд, мо ҷои муносиб ёфта онҳоро мерасем.
Мутаассифона вазъу ҳоли Кулоб ҳоло ҳамин аст.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Як маълумоти ҷолибро бароятон мефиристам. Рузи 29 апрели соли ҷорӣ бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳукумат ҷаласа баргузор шуд. Як дусти хубам дар он иштирок дошт ва барои ман чунин гуфт, ки
дар он ҷаласа настроениҳои Раҳмонов бисёр бад буд, ғазаболуду қаҳр карда ба назар мерасид. Гуё, ки ҳозир аз вазифа мегирифта бошандаш. Масъалаи барнагаштани муҳоҷиронро аз Русия ба таври пинҳонӣ баррасӣ карда аст. Вай гуфтааст, ки«любым путём роҳи омадани муҳоҷирон аз Русияро бастан лозим аст. Гуфтааст, ки роҳи рафтани муҳоҷиронро аз Тоҷикистон ба Русия срочно ёфтан даркор».
Аз рузе, ки ҳодисаи Крокус дар Москва рух дод Путин ба Раҳмонов гуфтааст, ки ду талоқат додам, дигар дар чашмҳоям натобӣ. Чандин бор ба Путин илтимос ва илтиҷо кардааст, ки «як бор мара қабул кунад», аммо Путин уро қабул накардааст. Раҳмонов ба воситаи Лукашенко гуфтааст, ки қабул кунад, нашудааст, боз ба воситаи Гурбангулӣ Бердимухаммедов гуфтааст, боз Путин розӣ нашудааст. Охирон ба воситаи Шавкат Мирзиёев илтимос кардааст, боз Путин не гуфтааст. (Путин чанд шарт ба Раҳмонов гузоштааст, аз ҷумла шомилшавӣ ба ЕврАзЕС). Аммо агар Раҳмонов ин шартҳоро розӣ шавад, оилааш аз даромади бузург маҳрум мегардад.
Ин, ки гуё Путин даъваташ карду рузи 9 уми май дар руяш пусти хук кашида ва фаттаи сафеди арусиро пушида назди Путин омад, чизеро иваз накардааст.
Аз руи маълумотҳои махфӣ Путин ба Раҳмонов гуфтааст, ки «Послушай Рахмонов,ты меня одурачил. Всегда говорил что Исламская партия это наша угроза, они не навидят русских, они терористи, они убийци, их надо закрыть и уничтожить всех, я тебе верил. По этому объявил Исламскую партию террористами, противозаконно дал указание депортировать Изата Амона, Карамата Шарипова, всех кого ты захотел, твоих опозиционеров я тебе отдал незаконно. Теперь, только что я понял что ты сам терорист и твой власть террористическая. Это ты сделал всех таджиков террористами, чтобы не потерять свой власть ты продаеш даже свою мать. Я тебе не Ислам Каримов, я тебя уничтожу!»
Раҳмонов пас аз дидору мулоқоташ бо Путин рузи 9 май дар рӯзи ҷашни пирузӣ бар Олмон дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар Маскав ҳам сахт норозӣ ва хашмолуду пур аз ғазаб аст. Байни вай ва Путин чи мушкилии сахт пеш омадагӣ аст.
Бохтар
Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Фақат барои тамошои шумо ба Ютуб медароям.
Ман дар ватан ҳастам. Ба каналҳои шумо подписатса кардагиям. Ба ҳама видеоҳоятон ҳамеша лайк мемонам.
Ман аз ягон кас ҷойи тарс надорам, ғайр аз Парвардигор! Қиссаи ман беғусса не. Қиссаро нақл мекунам, гуш кунеду пешкаши мардум кунед! Ман пешрафти канали шуморо намехоҳам дигар! Ман мехоҳам, ки шумо ҳарчи зудтар ба вазифаи аслии худ машғул шавед. Ман як ҷавони ятими бе падару модар ҳастам. Аз кудакӣ ятим мондаам. Аз давраи кудакӣ меҳнат мекунам. Барои бародару хоҳароне, ки дар масъулияти ман мондаанд, кор мекунам. Вақте 18 сола шудам,маро ба хизмати ҳарбӣ бурдан, ба он нигоҳ накарда, ки бародари ман оиладор ва дар дигар мамлакат зиндагонӣ мекард.
Дар хизмат дар байни ҳамхизматҳо ягона нафари ҷаҳондида ва гармиву сардии рузгорро чашида ба фикрам ман будам. Чунки бар иллати ятим будан барвақт калон шуда будам. Аз сабабе, ки ман дар шаҳр калон шуда будам рафиқони зиёде аз шаҳри рус доштам. Ба мо дар хизмат як ноутбук оварданд, барои афсарон.Лекин ягон афсару сарбоз сарфам намерафт компютерро. Ман дар ҳайрат мондам ва аз ҳамон вақт фаҳмидам, ки ин вазифаю рутбаҳо ҳамааш дуруғ буда аст. Ман аз хизмати ҳарбӣ 3 медалу 5 ифтихорнома дорам. Ин ҷоизаҳоро барои донишу маҳорати худ касб кардаам. Дар чанд задухурдҳо иштирок карда тайёрии баланди ҷангӣ дорам.
Пас аз адои хизмат омадам каме кор карда бо кӯмаки хешу табор хоҳарамро хонадор кардам, на ба кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон. Баъдан аз паси худам шудам , хонаамро таъмир кардаму худам низ хонадор шудам. Аз туй як моҳ нагузашта маро амният фарёд каданд. Дар он ҷо як ҷураи русзабони ман ба лайки видеоҳои исломӣ муттаҳам шуда дар амният маҳкам буд.
Дар он ҷо саволу ҷавоби зиёде шуд. Аз ман чанд чизҳоро пурсиданду ҳуҷҷатҳоямро гирифта ба риши ман замечание дода маро чавоб доданд. Маро дар онҷо тарсонданӣ буданд. Вале ман аз ин барзаговҳо наметарсам. Ман бачае, ки худам ба пои худам хестаму ба ҳар қуллае, ки расидам аввалан ба хости Парвардигор ва баъдан ба кушишу заҳмати худам расидаам. Барои ҳамин дар суҳбат бо кормандони амният ягон мушкилот надоштам! Маро аз амниятиҳо пеш 7 нафар коргари Агентӣ шикаст дода натавонист. Ман дар маҳалла ҳурмату эҳтиром дорам. Намехоҳам маро ҳамчун буз ё кунлесак шиносанд. Ҳамчунин амниятиҳо ҳам натавонистанд обу руйи маро яксон кунанд. Алҳамдуллилоҳ, шукри Парвардигор, ки мард мондам барои ҳама ёру рафиқонам. Баъдан аз амният ба хона омадаму ба ҳазору як фикр фуру рафтам. Баъдан дар ёдам зад, ки ин ҷураамро ман ба Ислом даъват карда будам ва ин ҷураам зери азобу шиканҷа ҳама гапҳоро барои амниятиҳо гуфтааст!
Ман хонадор шудагӣ, нав 2 моҳ зиндагӣ карда роҳ ба суи ҳиҷрат пеша кардам. Оилаам ҳомила буд дар он вақт. Баъдан амниятиҳо маро кофту ков карда 2-3 маротиба ба хонаам омаданд. Вале ман алакай дар ҳиҷрат, дар шаҳри Маскав будам. Ман соҳиби писар шудам. Алҳамдуллилоҳ! Аммо афсус ягон бор дар оғуш нагирифтам.Сад афсус! Дар Тоҷикистон ягон кадри боақли ҷаҳондида нест. Ҳамин қадар ҷавонони ҷаҳондидаю бомаданият, хушгуфтору худотарс бекор аммо як подаи гов соҳиби вазифа ва соҳиби мансаб. Бовар кунед, ки инҳо ягон майда мувофиқи вазифаҳои худ нестанд.
Хоҳиши ман ин аст, ки дар оянда, ки оппозитсия ба сари қудрат меояд ба кадрҳои худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Ман бовар дорам, ки он рӯзҳоро ба наздикӣ хоҳем дид. Чунки инҳо бо Худо ситеза карда истодаанд. Ин ша’а Аллоҳ худо мезанадашон.
Ман агар дар назди инҳо ҷинояткорам вале дар назди Аллоҳ аҷри бисёр дорам. Чунки як нафарро аз роҳи нодуруст ба Ислом гардонидам.
Бубинед, ки ман як нафари ғайридинро мусулмон кардам дар назди инҳо ҷинояткор ва гунаҳкор ҳисоб меёбам. Инҳо рӯйирост бар муқобили амру наҳйи парвардигор мавзеъгирӣ карда истодаанд.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаро мефиристам, аммо коре кун, ки муаллиф ва фиристандаро нафаҳманд. Кураторҳои амнияташ бисёр ҳам хафгиранд, шуруъ мекунанд ба тафтишу ҷустуҷу.
Ман корманди собиқи фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ҳастам. Феълан нафақахурам ва дар хориҷа бо аҳли оила ва наберагонам зиндагонӣ карда истодаам. Ман дар бораи он гуфтаниам, ки чи тавр Раҳмонов бо «бачаҳояш» фурудгоҳро ғорат карда истодаанд.
Баъди барканории Рустам Холиқов Исмати дулик бо шайкаи дузду ғоратгараш аз ЖД вокзал ба раёсати фурудгоҳ таъин шуд ва вай ҳамаруза фурудгоҳро муфлису қарздор карда истодааст. Аз чанд сол аст, ки хадамот дар фурудгоҳ се тақсим мебошад. Дар борт питанияи фурудгоҳ Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия ва шавҳари Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов раис мебошад. Дар ҷои сузишвории фурудгоҳ ҷияни Азизмоҳ Комил ном дорад, роҳбар аст, яъне тамоми маводи сухти онро идора мекунад. Аслан вай одами Ҳасани бародарзани Раҳмонов аст. Дар авианавигатсия Лоиқ одами Рустами гунгак мудирият мекунад.
Аз рӯзи омадани Исмати дулик бо муовинаш Аҳлиддин Меликов ба фурудгоҳ на коргар монду на мутахассис. Ҳама баромада ба хориҷа рафт.
Дулик бо шайкаи дузду ғоратгараш ба ғорат ва муфлис созии фурудгоҳ шуруъ кард. Меликов ва хешу табори гушнааш ба вазифаҳои равғанӣ ҷо шуданд. Дар вақти пандемия моҳонаи коргаронро якунимсол надод. Он сол дар як замини калон барои қабулу хобу истироҳати президентҳо ба сохтмони 7 резиденсия сар карданд. Яктоашро писари Асадулло Ғулом сар кард. Дуюмашро ЖД вокзал. Сеюмашро бошад бар уҳдаи фурудгоҳ гузоштанд. Дигарҳояшро ҳам ҳамин тариқ бори гардани бизнесменҳо ва муассисаҳо карданд.
Дар вақти сохтмони резиденсия тамоми коргарҳои фурудгоҳ кор мекарданд, мисли ғулом. Чи мутахассиси сохтмон ва чи дигар коргарҳои фурудгоҳ номнавис шуда ба навбат мерафтанд, ки дар ҳаёташон кори сохтмон накардаанд. Маълум шуд, ки резиденсия, ки фурудгоҳ барои омадани президентҳо дар нишасти сарони ШОС месозад, барои сарвазири Арманистон будааст. Раҳмонов ҳар рӯз омада аз рафти сохтмон хабар мегирифт. Гуё ин ҳафт қароргоҳро давлат месохта бошад. Аммо он аз ҷайби коргарҳои одӣ ва бизнесмеҳо буд. Резидентсия барои сарвазири Арманистонро аз маоши кормандони фурудгоҳ сохтанд, боқиашро бошад аз ҳисоби бизнесменҳо ва муассисаҳо. Ҳаминашро медонам, ки кормандони фурудгоҳ бемаош кор мекардан, аз тарси он ки боз аз кор наронанд. Ҳамчунин бо умеди ин ваъда, ки сохтмони резидентсия тамом шавад, маошатонро мегиред. Лек ваъдаҳои пучу бемаънӣ буд.
Дар ин сохтумон хешу таборҳои Меликов Аҳлиддин ва худаш аз ҳисоби масолеҳ ва асбобу таҷҳизоти сохтмонӣ миллионҳо кор карданд ва соҳиби мошину хонаҳои бодабдаба шуданд, дуздӣ дар авҷи аълояш буд. Аммо барои коргарон маош набуд. Вале Дулик дар Варзоб аз ҳисоби коргарони одӣ ва маошашон дача созиро сар кард. Боз ҳамон коргарҳоро ҳаррӯз бо автобусҳои фурудгоҳ ба Варзобу Колхозобод мисли ғулом кор мебурд: бе маош гушнаву ташна дар хона ва корхонаҳои Дулик кор мекарданд, ба умеди фардои хуб. Лек мардум фиреб хурд.
Агар шумо ёд доред,як корманди амният худро паронд ва дигариаш дар хона аз ҳисоби нодориву ночорӣ худро овехт. Се коргари бехатарӣ дар даруни мошини боркаш дар терминал худро овехт. Хуни ин се нафар коргари фурудгоҳ дар гардани Раҳмонов, Исмати дулик ва Аҳлиддин мебошад. Аммо ин касифҳо мурдаҳоро гунаҳгор карданд ва то ҳол маоши коргарон дода намешавад.
Қолинзаводи Исмати дулик, ки дар расми ифтитоҳаш Раҳмонов иштирок кард ва он дар пеши фирмаи «Мармарӣ»-и Рустам қарор дорад, аз киса ва меҳнати коргарони фурудгоҳ сохта шуд. Аммо дар телевизор нишон доданд, ки он аз тарафи соҳибкори муваффақ сохта шуд. Онро Раҳмонов бо писари Исмати дулик-«соҳибкори муваффақ» кушод. Вале то ҳол ин корхона кор намекунад.
Дар вақти гендиректор будани Рустам Холиқов коргарҳои фурудгоҳ танқисӣ намекашиданд. Маош 5 ҳазор сомонӣ буд. Рустам Холиқов кордон буд ва дар бари у мутахассисони профессионал кору фаъолият мекарданд. Ҳозир бошад дар тамоми ҷойҳои калидӣ ва ҳаётӣ одамҳои худашро ҷо кардааст, ки на роҳи корро медонанд ва чизи дигарро.
Бародар Муҳаммадиқбол! Рости гапро гуям маро нависанда кардед. Ҳоло инашро нашр кунед,боз давом медиҳам. Ҷиноятҳои Исмати дулик ва Меликов хеле зиёд аст. Шумо ба хонандаҳо бигуед, ки мисли онки дар бораи Шералӣ Кабир, Асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон мақолаҳои зиёд чоп намудед, дар бораи фурудгоҳ ва Исмати дулик ҳам силсилабарномаро мунтазир бошанд.
Ин Рустами дулик ҳамсинфи Азизмои зани Раҳмонов ва рафиқи Ҳасан Асадуллозода мебошад. Солҳои пеш бо Ҳасан Асадуллозода дар нефтебазаи Қурған кор мекарданд. Дулик як Москвичи 412-и шалақ дошт. Ҳозир самолёти шахсӣ ва корхонаҳои зиёд дорад.