Дар воқеъ мардуми сарбаланди Исфара ва махсусан ҷамоати Чоркуҳ ва Сурх ва деҳаи Ворух нотарсу ҷасуранд. Албатта, ин бор аз Спитамен ҳам номае ба мо расидааст. Вале, хеле кам аст ва навоҳие ҳастанд, ки комилан сокитанд. Ин албатта, хуб нест. Мо, мардум аз тамоми навоҳиву рустову ҷамоат дар бораи амалҳои зишту зидимардумии ин режим ва раису раисчҳои вай дар маҳалҳо бояд бигуем ва нишон бидиҳем, ки барои андохтани тарҳи нав ва тағйирот дар зиндагӣ ҳамакаса ва бо ҳам ҳастем ва ҳамбаставу муттаҳидем.
Ҳар номае, ки шумо ба унвони «Ислоҳ» мефиистед як зарбаи сахту муҳкам ба сару сурати ин режими касиф аст. Аз ҳақу ҳуқуқҳои худ дифоъ кунед, ҳақу ҳуқуқҳои худро талаб кунед. Беш аз ин нагузоред, ки шуморо саворӣ кунанд ва худатону оилаву фарзанду падару модар ва дар умум миллатро хору залилу таҳқир кунанд:
Исфара
Ба номи Аллоҳи меҳрубон. Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.Ман яке аз мухлисони шабакаи «Ислоҳ.нет» мебошам. Аз ҷамоати деҳоти Сурх, аз маҳаллаи Масҷиди Сурхӣ ин номаро ба шумо мерасонам. Имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ маъракаи сарбозшикор рафта истодааст ва дар Сурх чи мегузарад, ман худ шоҳиди он ҳастам, ба раҳбарии раиси ҷамоат Сарвар Аҳмадов ва Баҳодур Ҷумъаев дар яке аз барномаҳоятон ҳардуи онҳоро зикр карда будед, Дар ҳамин мавсими сарбоз шикор дар маҳаллае, ки ман зиндагӣ мекунам, чанд нафар барои фарзанд ё наберааш боздошт шуд, рӯзҳоро дар боздоштгоҳҳо сипарӣ кард. Нафароне, ки боздошт шуданд аз ҳамин маҳалла:
1.Ниёзматов Одилҷон,
2.Носиров Абдумуталлиб,
3.Нусратов Ҳабибуллоҳ,
4.Самадов Аблулҳафиз ва боз афроди дигар.
Ҷурми онҳо чист, фақат сум надодан дар ин мавсим ба раис ва ноибаш. Ин ҳукумат бовар кунед аз ҳад гузаронда истодааст. Касе ба ҳардуи дуздони ҷамоъат сум медиҳад, ором ва бе мушкилӣ гашта истодааст. Чанд нафароне, ки Сарвар ва Баҳодур аз онҳо маблағҳои калон гирифтааст, онҳо чанд нафарӣ фарзандони ба синни сарбозӣ расида доранд.
1. Боирҷонов Ҳамидуллоҳ солона то 30.000 сомонӣ.
2. Лутфуллоев Сафиюллоҳ то 25, 000 сомонӣ,
3. Исломов Миршафе 15000 сомонӣ.
4. Раҳимов Маннон 30.000 сомонӣ.
Ин нафароне зикр кардаам фақат аз маҳаллаи Масҷиди Сурхӣ мебошанд. Ба монанди инҳо шояд садҳо нафари дигар бошад. Ин чи хел ҳукумат ва ҳукуматдорӣ? Аз пасвояшон, то охирин ҳама болои мардум зулм мекунанд. Сарвар ва Баҳодур касе сум надиҳад мефурӯшанд ба шестой отдели Исфара. Онҷо як инсони кали бисёр луси хира аст-Боқизода, ки номашро фаромуш кардам. Чандин нафарро даъват карда аз онҳо пурсидааст, ки шумо чи моликият ва чанд хона доред ва чанд гов, ҳатто мурғ доред ва дар Россия хона доред, гуфта пурсидааст.
Ман чанд сол аст барномаҳои Ислоҳро пайгирӣ мекунам ва зиёд нафаронеро медонам, ки тамошо мекунанд. Дар оянда баъзе чизҳои дигар навишта ирсол хоҳам кард.
Шаҳритус
Салому алейкум бародари мубориз! Ман аз Шаҳритус нестам, аммо ба мардуми ин ноҳия дилам месузад ва гуфтаниам, ки аз папкадорҳо натарсед, балки ҳақу ҳуқуқи худатонро талаб кунед.
Бовар кунед, ки мардум ҳам тарсу, ҳам подхалиму ҳам буз шудагияд. Эй мардум, ин корҳоро накунед, балки сарҷамъ шавед. Асосан бузи идораҳои давлативу мақомоти ҳифзи ҳукуқ раисони маҳалла мебошанд.
Дар ноҳия роҳбарони идораҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаашон аз Колхозободи Чапаев ва Данғараю Фархоранд.Инҳо ҳамаашон ба мардум зулм мекунанд: чи идораи андозу чи кумитаи замин. Ва инҳо якҷо бо раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор соҳаҳои худро ба бизнес –манбаи даромад табдил додаанд.
Як қарори раиси нохия барои сертификат кардани хона ва участкаи назди ҳавлигӣ 3000 сомонӣ нарх дорад. Инро ҳама медонад, ки ин кор ба тавассути дастгоҳ, яъне Манучеҳри кал сурат мегирад. Вай «доля»-ро мегирад ва сипас сертификат мегиред. Дар бораи падари Манучеҳри кал баъдан маълумот мефиристам.
Раиси ноҳия, заминсоз ва раиси МБТИ «доля»-и худашро мегирад ва дар умум аз 8 то 12 ҳазор сомонӣ барои як сертификати хона масраф мекунӣ.
Идораи молия маоши муаллимонро дар вақташ намегузаронад. Сардори раёсати молия то «доля»-ашро аз бухгалтерони мактабҳо нагирад, намегузаронад.
Дар масъалаи таъминоти неруи барқ. Дар ноҳия ду линия-красний ва обичный амал мекунад.
Красный линия барои идораҳои давлативу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бемристонҳо дода мешава ва одамони сумдор ба идораи Барқи тоҷик «доля» дода ба хонаашон кашидагианд. Аммо ар линияи обичный ва деҳаҳо дар як рӯз 8 соат барқ медиҳанд.
Военкомат ба як бизнеси пурдаромад табдил шудааст: салдатбизнес.
Дар ҷамоат нақшаро тақсим карда медиҳанд. Коргарони ҷамоат ва раисони маҳаллаҳо даъватшудагонро ба военкомат ба тариқи облава меоранд. Военком доляшро мегираду ҷавоб медиҳад. Баъд мегуяд, ки ин «салдати овардагит негодный буромад» ва бо ҳамин худашро сафед мекунад. Бечора коргари ҷамоат ва раиси маҳалла боз мераванд салдаткобӣ! Раисони хоҷагии деҳқонӣ дар азобанд. Пахтаро озод фурӯхта наметавонанд. Бояд ба пахтазаводи ҳоҷӣ Раҳматуллои бародари зани Эмомалӣ Раҳмонов, Азизмои газетхонак супоранд. Завод ба нархи арзон ҳисоб мекунад ва дар вақташ сумашро пардохт намекунад!
Инҷо боз дар бораи як масъалаи дигар менависам. Дар бораи чанд нафар кормандони ГАИ, ки ҳамагӣ аз як авлоданд: Нодирзода Бегиҷон, Нодирзода Файзалӣ, Нодирзода Бобоҷон ва Нодирзода Беҳрӯз. Инҳо як авлоди ҳаромхуранд, ки дар ГАИ-и ноҳияи Шаҳритус кор мекунанд. Мардуми бечораро бисёр ғам медиҳанд. Аз як хонавода чор нафар дар як ниҳоди ВКД кор мекунанд. Рӯирост туҳмат мекунанд, ки ту дар радар ғалтидӣ ва боз ягон баҳонаи дигар карда суми мардумро кашида мегиранд. Мардуми узбекро пех ва ғармиҳоро бошад, вовчик гуфта таҳқир мекунанд. Худашонро араб, аз авлоди пайғамбар мегиранд, вале аниқ, ки онҳо ҷугиянд. Чунки тамоми рафтору кирдорашон мисли ҷугиҳо аст.
Мегуянд, ки мо дар боло криша дорем, мо пул дорем медиҳем, «любой гапзанта фалон мекунем».
Бегиҷон Нодирзодаашро як ҳин Помир роҳӣ карданд. Худаш гуфт, ки «ма сад ҳазор сомонӣ додам мара аз он ҷо озод карданд .Боз ҳаштод ҳазор сомонии дигар додам дар Қабодиëн вастанавит кардам». Баъди Қабодиëн боз Шаҳритус омад. Ҳозир бо пулро дод, дар ноҳияи Дустӣ корро давом дода истодааст. Началник ГАИ шуд. Як акаи инҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ калабур буд. Ҳоло ҳам дар розиск аст. Аз сарҳади Айвоҷ шабона мегузаронанд, як моҳ меистад. Ба амният ва прокуратураи Шаҳритус доляро медиҳанд, боз мегардад меравад Русия. Инҳо ба тариқи қочоқ аз Афғонистон наркотик мегузаронанд. Боз як одам аз шаҳри Кулоб омад тарбузхар буд. Инҳо дасту поҳои ӯро баста заданаш, чанд рӯз дар кома афтод. Пулро додану худашонро хариданд. Бовар кунед, ин ҳукумат ва қонунҳои ҳукумат ҳозир ба як бозичаи кудакона мубаддал шудааст.
Кори ин ГАИ-ҳо ҳақикасхурӣ аст. Агар документҳои мошинаш 100% бошад, боз ягон ҷойи мошинро баҳона карда ҳатман пул мекананд. Боз махсусан мо-узбкҳоро зиёд ғам медиҳанд. Инҳо тамоман одобу ахлоқи инсонӣ надоранд.
Инро алоҳида кунед афғонҳоро маҷбур доранд то бар зидди шумо гап зананд дар Душанбе !
Афғонҳоро маҷбур карда истодаан, ки бар зидди Шумо гап зананд. Як рафиқ дорам аз Афғонистон. Дар Душанбе дар подземкаи Садбарг телефон соз мекунад.
Ин бародари афғон гуфт, ки вайро маҷбур карданд, ки Муҳаммадиқбол ва Салмонро гапҳои қабеҳ занад. Вай ба ман гуфт, ки Шумо аз тани ман аз онҳо бахшиш пурс. Ва гуфт ман чора надорам. Маро мегуянд ту ба онҳо ҳарчи метавонӣ аз занҳояшон ë аз худашон туҳмат кун.
Бародар номаи маро дар номаҳо ҷойгир кун, то чоплусҳо фаҳманд, ки мо онҳоро бовар надорем ва Салмонро гуй зиқ нашавад. Ман вақташ шавад Салмонро пеши ҳамон афғон мебарам. Намурему зинда бошем, ин корро мекунам.
Конибодом
Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!
Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин дар Номаҳо аз ноҳияҳо № 68 шумо камтар иштибох кардед. Нома аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро нома аз Конибодом гуфтед. Манзури ман деҳаи наздисарҳадии Овчиқалъача ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Яъне ин нома аз деҳаи Овчиқалъачаи Ғафуров аст. Ҳоло аз дехаи Овчиқалъача бароятон менависам, то кулли мардуми бошарафи Тоҷикистон огоҳ шавад ва ягон натиҷаи мусбате бароямон пайдо гардад.
Дар аввал аз кормандони ҷамоат шуруъ мекунам. Дар ҷамоат Баҳодур дар мизи ҳарбӣ кор мекунад. Бо даъвати ҷавонон ба хизмат машғул аст. Чанд сол пеш ба ҷамоат омада буд, рафту андому сару либосаш мисли гадоҳову талбандаҳо буд. Ҳозир бошад бо мошинаи Лексуси сафед рақами давлати 5000-02 мегардад.
Ду бор суд шудааст. Ду доғи судӣ дорад, лекин боз дар ҷамоат кор мекунад. Кушиш кардам, ки маълум созам ӯро кӣ кришават мекунад, мушаххас кунам, лекин дақиқ карда натавонистам. Аммо ба эҳтимоли зиёд кришааш Генерал Абдураҳим Раҳимов прокурори вилояти Хатлон бошад. Лекин дақиқ гуфта наметавонам.
Абдураҳим Раҳимов аз деҳаи мо -аз Овчиқалъача аст. Зеро вай фақат бо ифтихор аз кадом прокурор гап мезанад. Пештар шестёркаи додари Раҳимов буд. Ин Баҳодурро ҳама ба номаш нею ба лақабаш ном мегиранд.
Лақабаш Кур аст, чунки як чашмаш нобино ва дар ҷояш пластмасса мондагианд.
Худаш аз Данғара аст. Ҳамдеҳаи раиси ноҳияи Б.Ғафуров Салимзода Нусратулло мебошад. Язнааш Иброҳим ном дорад. Опел дорад, рақами қайди давлатии мошинааш 20-30. Вай як бесаводи дигар. Ин ҳам нештатный, корманди ҷамоату военкомат аст, кораш бузӣ кардан, тарсондан, пули мардумро гирифтан аст.
Иброҳим бо Насими участковый ҳамеша якҷоя мегардад, дар доля ҳаст. Корашон шикори даъватшавандаҳо. Ин Баҳодури кур беҳади беҳад бесавод аст, то он дараҷа, ки ҳатто мегуянд, номашро нависта наметавонад. Бе ҳақорат гап намезанад. Фақат дашному таҳдид. Бе иҷоза, бе далел ба хонаҳои одамҳо даромада меравад, таҳдид мекунад: «бачат чида хизмат намеравад, фарёд кун аз Россия биёяд, хизмат равад» мегуяду доля талаб мекунад.
Мардум, ки мурғ шудагиан бароварда 3000-5000-10000сомонӣ бароварда медиҳанд. Боз як хелҳояшон ҳар моҳ «доля» дода мегарданд, то фарзандашонро ба аскарӣ фарёд накунанд. Лекин чанд нафарашро бо вуҷуди «доля» додан гирифта бурданд. Инҳо дузди номард ҳастанд. Бо ин зулми мекардагиаш ягон рӯз як чашми бинояш ҳам кур мешавад.
Чи қадар заминҳои деҳаро ҳуҷҷат карда фурӯхт. Дар ин кор сардори милисаи Бобоҷон Ғафуров шарик буд. Ному насабашро аниқ карда натавонистам, шояд иваз шуда бошад.
Дар деҳа ҳамчун подшоҳ мегардад, ягон касро признават намекунад, фақат аз амниятиҳо метарсад. Чанд бор аз «бачаякои амният» шата ҳам хурдагӣ аст.
Талаби мо сокинон ҳамин аст , ки ин золими бесавод аз вазифа гирифта шавад.
Дар ҷамоати мо пора ва долягирӣ ба дараҷааш расидааст:
Справка аз 10 сомонӣ сар мешавад. Як метирка-зоднома 200сомонӣ. Мунзифа гуфтанӣ зан котиба аст. Ба забон намегуяду дар калькулятор менависад:- ҳақи хизмат чи қадар шуданашро ва барои справка дигар дигар маълумотҳо пулашро зуд ҳисоб карда любой намуд справкаро бароварда медиҳад. Барно гуфтанӣ зан низ дар ин ҷамоат кор мекунад.
Ҳамин зани сабукпо ҳамроҳи милисаю амният рейди сатр мегузаронад.
Ба чи ҳол омада расидем. Аз раису кормандони ҷамот сар карда, то вазиру пешво ҳама дузду ғоратгару золиму проституткаву дигару дигар.
Ҷиликул
Салому алайкум бародари азиз! Ин номаро, мо як гурӯҳ ҷавонон аз деҳаи Миравойи Ҷиликул, ҳозира Дустӣ менависем. Мехоҳем дар бораи чанд золим ва чанд буз маълумот бидиҳем. То бо ин васила аз зулм ва бузии онҳо халос бишавем. Ин бузҳо инҳоянд:
Тошматов Қобил, Тошматов Умед, ки ҳарду амакбачаанд ва дар як фирмаи русӣ дар Москва кору фаъолият мекунанд. Зиëда 50-60 нафар рабочик доранд. Ин золимони хунхур ҳар моҳе аз ҳар як рабочики азобдида 5 то 7 ҳазор рубли русӣ мегиранд. Аллоҳ хоратон кунад, пуле, ки мегиранд дар картаи дигар одамон мегузаронанд.
Ин золимҳо рабочикҳои бечораро «переработка» гуфта мебароранду то соатҳои 10 то 11 шаб кор мефармоянд. Падари Тошматов Қобил Муҳриддин ном дорад. Ана ҳамин Муҳриддин падари худаш Фатҳуддинро фанд карда дар гушҳояш лапша овехта рӯзи мурдаи бародари Фатҳуддин дар масҷид тобутро намонд, ки бардоранд, ки ин додари ман аз ман қарздор аст. БародарашТошматов Шобудин буд. Ман гуфтаниам, ки ин пулҳое, ки ҳар моҳ аз ин рабочикҳои мазлум бо фанду фиреб мегиред як рӯзе мешавад, ки ранги бобоҳоятон тобутҳоятонро намемонед, ки бардоранд. Худатон сари худатонро мехуред.
Оғоз мекунем аз бузҳои орангутангашон Сайдов Зинатулло, Тошматов Амин ва Абдуллоев Маҳмараҷабанд. Ин бузҳо чи гапу коре дар даруни стройка мешавад, зуд сурат мегиранд ва ба Тошматов Умед ё Тошматов Қобил равон мекунанд. Аз ҳама лаънатиашон Умед аст. Тошматов Амин бачаи амаки ҳаминҳо аст. Чанд моҳ пеш 80 ҳазор рублашро Умед гирифт, ки ту 1 сол шуд кор мекунӣ, ягон сум надодаӣ. Ин Амин қаҳр карда кор намебарояд. Баъд Қобил Умедро ҳар гап мегуяд, ки Амин дар вақти дар қишлоқ буданаш кору бори хонаро мекард. Баъд Умед зангаш мезанад ва мегуяд, ки биë кор баро, пулҳоятро медиҳам. Ва ҳоло кор карда гаштааст. Ҳар моҳа пулҳои болои мардум доля бастаашонро дар картаи Тошматов Амин ва Абдуллоев Маҳмараҷаб мегузаронанд.
Тошматов Умед ва Тошматов Қобил шогирдони Қурбонов Сайдҷаъфаранд. Ман намедонам, ки ин ака аз ҳамин намуд шогирд хабар дорад ё не? Инҳо ҷудо кор мекунанду Сайдҷаъфар ҷудо. Наход як бор гапашон назада бошад, ки мардумро зулм накунед. Шумо дар як сол ҳафт ҳазор бигир, албатта, ин тавсияи ман аст. Кадоме аз он бригада аст Умед ва Қобил ҳамон бузҳо, ман шунидам, ки аз қафои рабочикҳо мегарданд. Рабочики бечора кор мекунад мегуяд перекур кунад, ҳоло пушташро дар замин намонда бузҳо сураташон мегиранд.
Ин Умед рӯзҳои якшанбе коргарҳояшро дам медодаст. Ба баъзе аз коргарҳояш мегуфтааст, ки номатро дар ведомост менависам, ки ту дар кор ҳастӣ. Аммо дар асл он рӯзро рӯзи дамгирӣ додагӣ аст. Пули ҳамонрӯзаи коргарашро худаш мегирад. Агар мабодо коргар пагоҳирӯзӣ ба кор 10дақиқа дер ояд, то соати 11-12-и шаб кор мефармояд.
Як ҳодисаи руйдодаро нақлатон мекунам. Якум Самад бачаи акаи Асҳобиддин, дуюм Рустам бачаи Назар, сеюм Умед, бародараш, писари акаи Сайризвон. Инҳоро барои переработка мемонад. Мегуяд, ки аз 7 ë 8ум ошёна то 20 тоза кунед. Инҳо то соати 9 -и шаб истода кор карданд. Саҳар боз сари кор омаданд. Умед гуфт, ки шумо чаро буд накардед? Ин бечораҳо гуфтанд, ки магар мо то саҳар онҷо меистодем? Умед гуфт, ки шумо имрӯз то бегоҳк ор мекунед, аммо ман шуморо дар кор наменависам. Инҳо қаҳр карданду корро партофта рафтанд. Инҷо боз чанд одами дигар ҳам аз дигар қишлоқ буд. Онҳо ҳам партофта рафтанд.Боз чанд каси дигар аз дасти инҳо корро партофта рафтанианд.
Як нафар гуфт, ки инҳо пули кори Тошматов Аминро надодаанд. Фандаш кардаанд, ки соатҳои кориатро зиёд менависем, пулатро мегирӣ.
Умеди калағафс аз Ризвонов Абдурашид 80 ҳазор гирифтааст. Модари Абдурашид дар беморхона, дар столи ҷарроҳии касалии саратон хоб буд. Ҳатто риоя ва андешаи онро накарда дар ҳамон ҳоли мусибат маоши Абдурашидро гирифт. Вақте Абдурашид гуфт пуламро бидеҳ, ман аз бонк 25 ҳазор қарздорам, Умед гушаш накарда гирифт. Аллоҳ раҳмату мағфират кунад модари Абдурашид аз олам чашм пушид.
Аз раиси деҳа хоҳиш мекунам, ки бо ин харомхурҳо гап занед, ки ин қадар зулм накунанд.
Ман ҳайронам, ки дар қишлоқ чи тавр бо руи ҳамин одамҳо нигоҳ мекарда бошанд? Шарматон намебиëяд? Қобил худат ба ҳаминҳо бародари калон мешавӣ, барои чи насиҳаташон намекунӣ? Пагоҳ дар мурдаву зинда ҳамин қишлоқиҳоян дар барамон.
Қобил кушиш кун, ки ҳамеша дуои халқи мазлумро гирӣ, ки шифо ëбӣ аз ҳамон касали пусте, ки дорӣ. Тамоми Тоҷикистонро гаштӣ, то Помир рафтӣ, ки шифо биёбӣ, нашуд. Шояд як мазлум дуоят кунад, ки ту шифо ëбӣ. Аммо ин коре шумо карда истодаед аз ин вазъу ҳолатон ҳам бадтар мешавед. Қасам ба азамати Аллоҳ, ки хору залил мешавед ва мепусед.
Боз шумо золимҳо дар маҷлисҳо мегуед, ки «и кору бора, и гапора дар берун гап назанен». Вақте ки зулмро мебинанд чи тавр хомуш меистанд. Ҳеҷ туҳмате дар ин навиштаам накардаам ва метавонед ҳар касеро,ки бовар доред аз ӯ пурсед ба ҳама навиштаҳоям ҷавоб медиҳам пеши Аллоҳ ва виҷдони инсониям.
Зафаробод
Салом акаи Мухаммадикбол! Барномаи «Минбари муҳоҷир» №199-ро тамошо доштам, ки як шахс аз Зафоробод баромад кард. Абдулмуъмин.
Ин шахсро ман мешиносам,. Пштар қорӣ буд. Ӯро қорӣ -мошенник мегуфтанд. Ë Муъмин- домуллои мошенник.
Овози хуби қоригӣ дорад, аммо бисëр фиребгар аст. Худашро донандаи дин мегирад, аммо кайҳо аз боварии мардуми минтақаи мо баромадааст.
Барои шумо ҳам дуруғ гуфт, ки аз маркази ноҳия мешавам. Аммо аз Меҳнатобод аст. Ба гуфти мардуми мо аз 24-аст. Хонааш дар назди варзишгоҳ мебошад. Дар масҷиди варзишгоҳ қоригӣ ва пешнамозӣ мекард. Хеле мутакаббир аст ва бузӣ ҳам мекунад. Бисëр касонро ба участковый ва амнияти ноҳия хабаркаши карда, ҳолашонро ба танг овардааст ва ҳоло ҳам мекунад.
Ин як гуреза аз тарафои ҷануб аст. Инҷо омад, яъне нохия, дид мардуми Яғноб дар дин мустаҳкаман ва каме бошад ҳам вес доранд дар инҷо, яъне аҳл ҳастанд, худашро яғнобӣ гирифт. Аммо бисëр мардуми Яғнобро фиреб кардагӣ аст ва мардуми Яғноб ҳам аз у безор ҳастанд. Дигар ба маъракаҳояшон даъваташ намекунанд. Аз боварии онҳо баромадагӣ аст. Қории бе тақво аст.
Мардуми Яғноб ва дигарҳо, ки аз мошенникии вай бохабар шуданд, бо ӯ дигар тамосро канда карданд. Ҳоло бошад вай бо бузиву хабаррасонӣ машғул аст (яъне боз зиëдтар кард). Мардумро ба тамоми мақомоти ноҳия мефурӯшад. Бо мақомот риштаи сахти ҳамкорӣ дорад.
Боз дар ҳамон барнома як дуруғ гуфт. Гуфт ба мардум ҳукумат барои скваж кандан ëрӣ медихад, ки ин гап дуруғи маҳз мебошад. Мардум то ба 25 000$ доллар скваж мекананд, албатта, қисман бо маблағи худ ва қисман бо маблағи кредит. На бо ëрии ҳукумат.
Инчунин ин қорӣ Абдулмуъмин дар вақташ ба занҳои мардум ва духтарони онҳо бо чашми баду зишти худ нигоҳи зинокорӣ меандохт. Чи тавре ки гуфтам, қории бетақво аст ва мардуми мо ӯро хуб шинохтанд.
Ҳукумат ҳама вақт аз афроде истифода мебарад, ки ӯ каме обуруй дошта бошад. Аммо охир мо медонем ин Абдулмуъмин кӣ аст ва чи хислатҳо дорад.
Бародар Муҳаммадиқбол. Ин буд маълумоте, ки ман доштам барои шумо ва муборизаи мо бо ин чоплусон. Ман хеле шуд бо мушкилоти зиндагӣ аз барномаҳоятон қафо мондаам. Аммо ҳоло аз яксар тамошо карда рафта истодаам. Ба ин хотир ҳоло дар барномаи 199 Минбар расидам ва боз давом медиҳам диданро ва боз давом медиҳам навиштанро.
Ман ҳоло дар Зафаробод қарор дорам ва шуморо интизорам!
Ин мард худашро деҳқон таъриф кард. Мумкин аст нав деҳқониро сар карда бошад. Он вақтҳое уро мешинохтам аз наздик, ки худашро “Ман мулло нестам, як шахси оддиям” мегуфт. Як мағоза дар назди хонааш дошт. Рост бошад ë дуруғ аммо мегуфтанд, ки ҳатто аз тарозуи килои бор мезад. Имкон дорад, ки деҳқониро аз нокомии мошенникиаш оғоз карда бошад. Давраҳои пеш фоида ва даромади ӯ аз ҳисоби маъракахо буд. Чунки мардуми Яғноби мо мавлуд мекарданд, туйҳои исломӣ баргузор мекарданд, ва ғайра ва қатори домуллову қориҳо ин шахсро ҳам фарëд мекарданд. Мо дар кудакӣ бо ҳамроҳии рафиқонамон барои гуш карданм оятҳои Қуръону ҳадисҳо, дар чунин маросиму маъракаҳо иштирок мекардем ва ӯро ман медидам, ки оят мехонд. Вақте чунин маъракаҳои диниро ин куҳнаҷунуб манъ кард, ин тоифа муфтхурҳои ба ном қорӣ аз манбаи даромади осон монданд. Ин сабаби дигари деҳқон шудани ӯ бошад.
Ӯро пешвояш аз чунин манбаи даромади осон мононд, аммо боз аз ӯ тарафдорӣ кард.
Дар замини Абдураҳмони Ҷомӣ -Победаи собиқ об самотëк нест. Агар бошад ҳам бо он об заминҳои калонро об додан мушкил аст. Самотëкҳо танхо дар деҳаи 40 солагӣ ва совхози Айнии ноҳия хастанд, ки ҳатто онҳо ҳам скваж кандагианд.
Боз як манбаъи дигари даромад дошт, бо дам андохтан дар об (ман, бовар кунед, аз ҳамон кудакиям ба дами вай ихлос надоштам) ва туморнависӣ. Ба одамони банамозу бенамоз тумор мекард. Ҳатто як шахс қарздори сахт буд, ба ӯ туморе нависта буд бо нархи хеле гарон. Гуфтааст: “ин тумора мегири, дигар ягон қарздорат ба таи дарвозаи ту қадамашро ҳам намегузорад”. Хулоса, худашро хеле муллои сахт мегирифт.
Бо гуфти худаш ин шахс кадом мадрасаеро хондааст. Як вақтҳо бо худаш баъди намоз ҳамсуҳбат шудам, мегуфт, ки ман як шахси одиям, мулло нестам. Рост гуфт ë дуруғ намедонам. Барои онки бисëр худашро таъриф мекард. Ва мардум мегуфтанд бисëр дуруғгуву ваъдахилоф аст. Дар мадраса устодоне доштааст, аз Малайзияву Индонезия ва онхо овози ӯро хело таъриф мекардаанд. Бале, овозаш тозаву баланд аст, ман инро инкор намекунам. Чунки дар ҳама мавлудҳои мешуда, салавотро бо тарзи насру шеър ҳамаро қариб худи ӯ мехонд ва мардум ӯро барои ин овоз хеле болонишинаш мекарданд. Аммо, афсус мардуми мо асли ин мори шайтониро дер фахмиданд, ки кӣ ҳаст ӯ. Хозир агар мардуми моро бипурсед, ки Муъмин -домулло кӣ аст? Мегуянд Муъмин-мошенник.
Қумсангир
Ассалому алейкум бародари қиёматӣ! Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ин дарди маро ҳам дар барномаатон дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед. Дар Қумсангир не свет, не об ва не связ дорем. Махсусан қишлоқи навбунаҳо. Қишлоқ номаш Хоки сурх мебоша.
8 сол пеш ин заминҳоро бо як ҷангу ҷангҷол тақсим карданд. Ҳукуматиҳо гуфтанд ба шумо 3 сол муҳлат, агар хона насозед заминҳоятонро давлатӣ мекунем. Бечораҳо навбунаҳо, ман ҳам аз он ҷумла ба қарзу қавола ғутидем. Баъзеаш успет кард, баъзеаш не. Боз баъди 3 сол дигараш омада таҳдид карданд, ки «кӣ ба шумо иҷозат дод, ки дар инҷо хона созед». Дар ҳоле, ки 8 сол пеш худашон аз ҳукумат омада заминро тақсим карданд. Қарори заминро дорем.
Боз омаданд баъзе хона ва таҳкурсиҳоро бо булдозер чапа карданд. Як қишлоқи калон шуд. Беш аз 250 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Аммо сертифкат намекунанд. Аз ҷонамон сер шудем.
Ман ҳозир дар муҳоҷират қарор дорам. Ман чанд сол мешавад шуморо тамошо мекунам. Лайк ва подписаться кардагиям. Кумаки худамро бо тариқи данат расондагиам. Аз шумо ва тамоми мардуми мубориз таманно дорем, ки рӯзе шавад ҳама дастаҷамъӣ ба ватан баргардем.
Эй мардуми Қумсангир аз хоб бархезед, бедор шавед!
Спитамен
Салом бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз ноҳияи Спитаман Нови собиқ. Ман як савол дорам. Чаро инҳо заминҳои Тоҷикистонро баро 49 сол ба Русия аренда додаанд? Заминҳое, ки об дорад. Русҳое, ки дар деҳаи Куркат заминҳоро гирифтаанд мегуфтаанд, ки мо фақат бо Раҳмонов гап мезанем. Обро оварда медиҳад ё пулеро, ки мо додем гардонда медиҳад, мегуфтаанд.
Ду, се нафаре, ки дар Ютуб баромад намуда муроҷиат карданд пеш аз ба русҳо додан. Ягон ҷавоб надода буд. Аз дасти 32000 одам гирифта ба русҳо дод. Ман мактаби узбекӣ хондаам. Номи маро нагиред. Ягон хатоӣ бошад, бахшиш. Ман ҳоло дар муҳоҷиратам. Мутаассифона то ҳоло аз деҳа ва ноҳияамон ягон нома нашунидам, ки ягон инсоне фириста бошад. Ҳамин рӯз аз Ватан бачаам омад. Мегуяд, ки мардум уже оҳиста- оҳиста овоз бароварда гап зада истодаанд. Раҳмоновро чапа накунем намешавад гуфта истодаанд. Ман хеле хурсанд шудам. Аз тариқи барномаи шумо бисёр чизҳоро фаҳмидам. Ман, намехоҳам дар ватане, ки калоншудаам аз дигар давлатҳо одамо омада зулмашонро гузаронанд.
Бо барномаҳои шумо ҷавонҳо хеле чизҳоро фаҳмида истодаанд. Ба шумо ҳурматам зиёд шуда истодааст.
Мо, мардумони Тоҷикистон бесаводу беақл нестем. Аллоҳи меҳрубон ба мо ҳам ақлу идрок додааст. Дар навиштаи баъдӣ ман бо ҷузъиёташ, бо зикри номи он раисе, ки ин заминҳоро додааст, ба шумо менависам. Дилам барои ватанам ва мардумам месузад.
Исфара
Бародари азиз Муҳаммадиқбол ман аз Ворух, омӯзгор аз фанни физика дарс мегуфтам. Бо раиси ҷамоат Меҳринисо якчанд сол кор кардам. Ба ин хотир ишораи ман ба ин «қаҳрамон», ки ҳамагӣ дар як моҳ коркарданаш медал гирифтааст. Дар мактаби №62-и деҳа директор буд.
Аламовараш инки дар ҳар баромадаш аз ободиву тинҷии замони истиқлолият ҳарф мезанад. Кас дар ҳолати ногувор мемонад. Дар бораи кадом ободӣ, кадом тинҷӣ? «Меваҳо»-и истиқлолиятро ман менависаму Меҳриниссо ту хуб диққат деҳ ва халқро гуй шукрона кунанд.
Дар сӣ соли истиқлолият Ворух ба ягон ҳадаф нарасид. Чандин ҷавон кушта шуд, тамоми чарогоҳҳо ба қирғизҳо дода шуд. Мардум зиндагияшонро аз ҳисоби чорво пеш мебурданд. Баъди аз даст рафтан чарогоҳ ҳамаи ворухиҳо рӯй ба муҳоҷират оварданд. Дар сӣ соли истиқлолият сохтани бинои ШКД, бинои амният ва ба наздикӣ бинои навбунёди военкомат. Хиёл мекунед ин се ниҳод ва ин биноҳои навбунёд ба Ворух хушиву оромӣ овард?
Аз ҳамон рӯзе, ки ин биноҳо сохта шуданд, рӯзи мардуми Ворух сиёҳ шуд. Ҳазорҳо ҳазор сомониву доллари ворухиён ба яғмо меравад. Ҳамаашро медонӣ. Таҷовузҳои коргарони орган ва амниятро медонию хомушӣ. Чунки чалтоқиҳои туро инҳо дастгирӣ мекунанд. 100-ҳо нафар дар ҷанги бо қирғиз кушта шуданд. Пешвои самозванетси миллат якбор таъзия баён накард. Шукрона кунед, ҳар сол шаҳид мешавед, шаҳид медиҳед. Шукрона кунед, ки парчам доред, ҳоло ҳам пули сохтанашро пардохт накардаед.
Меҳриниссо аз кисаи халқ мумфарш кардани роҳҳо ва шинонидани симчубҳоро ободӣ ном набар! Баъди ба итмом расидани ин ободкориҳое, ки аз маблағи муҳоҷирон сурат гирифт чалтоқӣ кунӣ якчанд нафарон тоза шуд, нафарони дигар соҳиби маблағҳои зиёд шуданд. Омода бош, насиб бошад бо ту бо забони худат сӯҳбат хоҳем кард.