Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№70

Ислоҳ нет

Ин нашри 70умини барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аст. Мисли барномаҳои пешина, муаллифони он аз як ҳамватани одӣ, то корманди мақомоту устоди донишгоҳу муҳоҷири кориву, хулоса намояндаи ба истилоҳ «касбу кори гуногун» аст. Барнома бо номае аз шаҳри бостонии Кулоб шуруъ мешавад ва муаллиф як устоди Донишгоҳи як замон овозадори Куоб аст. Бармеояд, ки вазъу ҳоли ин донишгоҳ аз бақия донишгоҳҳои Тоҷикистон тафовут надорад ва ин муассисаи олии таълимиву илмӣ ҳам дигар ба як макони пур аз фасод бадал шудааст. Сад афсус, ки ин режими номардумӣ дар тамоми арсаҳо ришвату пораро ба як кори маъмулӣ ва рузмарра табдил кардааст.

                                                Кулоб

   Салому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бароятон аз Донишгоҳи давлатии Кулоб нома мефиристем. Худову ростӣ, Донишгоҳи давлатии  Кулоб боргоҳи илм неву ба  макони дуздиву ғоратгарӣ ва ҳаромхурии баъзе афроди нобакор табдил шудааст. Тули 6 сол мешавад, ки дар ДДК ба ном А. Рудакӣ ба ҳайси омӯзгор фаъолият менамоям. Бовар кунед домулло дар инҷо аз ҷабру зулму ситам ва ғоратарии руирости баъзе устодон ва кормандони донишгоҳ дилам аз кору фаъолият мондааст. Дар 6 соли фаъолияти кориям 3 ректор дар донишгоҳ иваз шуд. Ду нафар аз онҳо корашон дуздиву ғоратгарӣ ва дар гирду атрофашон ҷамъ овардани шахсони мисли худашон ва зинокор, хабаркаш ва чоплус иборат буд.

Шуруъ мекунем аз давраи  ректории Мирализода Абдусалом. Соли 2020 ба вазифаи ректори ДДК таъин шуд ва ҳамроҳаш проректор Холиқзода Айнидинро ба кор овард. Соли таваллуди Холиқзода Айнидин 1988, пеш бо насаби Тошов Айнидин дар донишгоҳи миллӣ фаъолият мекард. Холиқзода Айнидин як шахси бениҳоят дузд, ҳаромхур ва зинокор аст. Вай духтарони ҷавонро ба баҳона ва ваъдаи ҷалб кардан ба кор ба онҳо дастдарозӣ менамуд. Аз ҷумла Бону аз факултети таърих, Сайёра аз факултети журналистика ва боз чанд духтари дигар,ки намехоҳам номҳои ҳамаро инҷо зикр намоям.

  Вақте  Холиқзода Айнидин ба кор омад як Тайота кемри дошт. Ҳамагӣ баъди 4 моҳи фаъолияташ як Лексуси сиёҳ рақами қайди давлатиаш 00.88, ки арзишаш 45 ҳазор доллар мебошад харид. Боз ду хонаи дигар  дар маркази шаҳри Душанбе харид. Бо тамоми деканони факултетҳо робитаҳои коррупсионӣ дошт. 

  Соли 2022 бо фармони президент боз  ректори нав Раҳмон Д.С  таъин шуд. Раҳмон Дилшод 15 декабри 1986 таваллуд шуда зодаи Кулоб аст. Бо таъин шудани ректори нав хурсанд шудам. Фикр кардам, ки донишгоҳ аз ин тудаи дуздон ва ғоратгарони  руирост тоза мешавад ва  Раҳмон Д. С  донишгоҳро  обод мекунад, чунки бачаи Кулоб ҳаст. Сад афсус, хато кардам. Аз ректори пешина гузаронд. Як шогирд дорад бо номи Исозода Парвиз, соли таваллудаш 1993 зодаи шаҳри Кулоб аст. Пеш дар донишгоҳи миллӣ кору фаъолият мекард. Парвиз Исозода як шахси бениҳоят маккор ва ҳаромхуртарин ба ҳисоб меравад. Кораш фақат аз деканони факултет пулҷамъкуниву кайфу сафо кардан. Парвиз кашелёки ректор Раҳмон Дилшод мебошад. Ректор пулчиниро тавассути Парвиз ба роҳ мемонад. Дар донишгохи миллӣ Парвиз замдекан оид ба  таълим дар ихтисосҳои  идораи давлатӣ ва ҳуқуқ буд. Аксарияти муаллимон ба вай нафрат доштанд. Барои онки тамоми хабарҳои дуруғро  дар давраи декан будани Раҳмон Дилшод бурда мерасонид. Як маротиба  Ректори Донишгоҳи миллӣ Қобилҷон Хушвахтзода Парвизро аз кор пеш кардагӣ будааст вале бо мусоидати Раҳмон Дилшод боз ба кор барқарор шудааст. Парвиз Исозода кораш аз сардорони  раёсат ва деканон пул ҷамъ  кардан ва кайфу сафо карда гаштан дар тарабхонаҳои Кулоб аст.   

  Парвиз боз ду нафар пулчинаки худро дорад. Инҳо Усмонов Сорбон соли таваллудаш 1993 ва Бадалов И, ки корашон ба фақат пулҷамъкунӣ барои Парвиз аст. Тамоми деканҳо дар назди Парвиз муттаҳам ҳастанд, дағал ҳам шавад хоябардоран. Парвиз Исозода тамоми кормандоро ба вазифа таъин ва озод мекунад. Чи ҳуҷҷат ва ё аризае, ки Парвиз ба назди ректор медарорад нохонда ва надида имзо мекунад. Дигар аризаҳое, ки ворид мешавад  ректрор нигоҳ мекунад ва мебинад, ки ариза нодаркор бошад барои иҷро ба фалон раёсат ё декан мефиристад.

    Ҳоло дар бораи яке аз факултетҳои преистижнии донишгоҳ -факулети таърих ва ҳукуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ гап мезанам. Декани факултети таърих ва ҳуқуқ Ҳусайнзода Аминҷон соли таваллудаш 1986. Сахт баднафс, аз тамоми донишҷуён     тавасути замдеканаш Некруз пул мегирад. Ҳусайнзода Аминҷон аз соли 2017  то инҷониб декани факултет аст. Магар дигар ягон омузгор нест, ки декани факулет шавад. Ман як чизро фаҳмидам, ки дар донишгоҳи мо фақат шахсони дузд ба кор медароянд. Яъне барои ин давлату миллат фақат шахсони дузд лозим будааст.

  Муҳтарам вазири маориф ва илм!

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш  карда мешавад, ки якбор омада ректорони донишгоҳро санҷед.

  Муҳлати деканӣ тибқи низомнома 5 сол аст. Аммо дар мо ин меъёр риоят карда намешавад. Пояи маориф заиф шуда истодааст бо ин деканони фасодкор.

  Дар факулетти таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ декан Ҳусайнзода Аминҷон дар як сол аз дунишҷуён 3 маротиба пули ремонт ҷамъ мекунад, ки дуруғи маҳз аст. Барои кисаи худаш аст ин пулҳо.

  Ҳусайнзода  Аминҷон, ки дар сарбории таълимӣ дарс дорад ягон соати дарсиашро надода пули давлатро  мегирад. Аз вазифаи деканӣ суистифода намуда ба ягон дарсаш намедарояд, дарс намедиҳад. Вақте рейтингҳо  шуруъ шавад, ба сардорони гуруҳ супориш медиҳад, ки сари нафари студент 50 сомонӣ ҷамъ карда биёред, рейтингҳоятонро мемонам. Ҳол он ки худи Ҳусайнзода Аминҷон ба ягон дарс вориди аудитория шудагӣ нест. Охир ин чи рӯзи сиёҳу шум аст? Дарс намедарояду руирост донишҷуёнро ғорат мекунад. Ягон макомот на назорат мекунад на ҳеҷ чиз. Ку кормандони коррупсия,  садди роҳи ин амалҳои Ҳусейнзода Аминҷон шавед. Дар факултет қариб 600 донишҷӯ таҳсил мекнанд. Аммо бисёр вакт дар дарсҳо нестанд, моҳҳо нестанд, лек даври зачету имтихонҳо сар мешавад меяонд. Аз нафарони набуда декани факултет пул мегирад 1000,1500 то 2000 сомонӣ.

   Декани факултет Аминҷон аз пеши худ фармони хориҷи фалшивий барои донишҷуёни набуда бароварда онро эълон ҳам мекунад. Ва баъд онҳоро бар ивази пул боз иҷозат медиҳад, ки донишҷу бошанд.

 Аминҷон як арус дорад -донишҷуи курси 3. Тамоми рӯз он духтарро ба утоқи кориаш дароврада «тоб» медиҳад.

Наход декани факултет ин амалҳоро дар ин даргоҳи илму дониш ошкоро кунад? Тамоми муаллимон ва донишҷуён медонанд, ки Фариза аруси декан аст.

 Дар факултети таърих як омӯзгори ҷавон бо номи Манчеҳр ҳаст. Омузгори честний, тозакор, мисли инҳо лаганбардор нест. Ин омузгорро Ҳусайнзода Аминҷон ҳамша корашро паст мезанад.

Моҳи июл буд. Тавассути Парвиз Соробон ва Аминҷон Манучеҳрро бо як масъала  гунаҳкор мекунанд, то ки ректор Манчеҳрро дигар хел кабул кунад ва дар ягон вазифа ба кор намонад. Оқибат ба максадашон расиданд. Ҳусайнзода Аминҷон ба Парвиз ва Сорбон пул медиҳад, ки Манчеҳрро «биё ягон хел кнем, ки дар назди ректор Раҳмон Дилшод бадном шавад. Манучеҳр ҷои мара грфтанияй». Оқибат Парвиз, Сорбон ва Аминҷон  ин муаллимро чи коре карда дар назди Раҳмон Дилшод сахт бадном мекунанд. Ректор Раҳмон Дилшод сухани ин се ифлосро бовар мекунад. Дар мавриди Парвиз, Аминҷон ва Сорбон бисёр маълумот дорам, ки дар навиштаҳои оянда хоҳам гуфт.

  Дар мавриди декани таърих ва ҳуқуқ ва деканони дигар факултетҳо бисёр маълумот ҳаст, ки ҳатман ба “Ислоҳ” менависам. Ман худам шоҳиди тағйроте ҳастам,ки пас аз нашри мақолаҳо ва наворҳои “Ислоҳ” чи шуд.   

                                       Ёвон
     Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу акаи Муҳаммадиқбол! Шукри Худо, ки дигарбора шуморо дар майдони мубориза ва фаъолу пурэнежӣ мебинем.
  Аз шумо хоҳиш мекунам дар барномаи «Номаҳо….» ҳамин номаи маро низ ҷой диҳед ва ба мардум расонед.
Ман як сокини ноҳияи Ёвон ҷамоати Ситорай Сурх мебошам. Дар бораи раиси маҳалла Азимов Абдуҷамил ҳар чизе гуфтед ҳамааш рост мебошад. Ин одам ягонҷо хондагӣ нест. Дар ҷамоат кор мекунад. Як удостворении бузӣ дорад. Бо ҳамон ҳамаро тарсонида гашта аст. Боз аз сари ҳар даъватшаванда қариб 2000 сомонӣ мегирад.

Азимов Абдуҷамил 3 писар дорад. Ягонтои онҳо хизмат кардагӣ нестанд. Ҳозир ҳама бачаҳои деҳа аз тарси облава дар муҳоҷират қарор доранд, аммо бачаҳои раис бошанд дар деҳа гаштаанд, як кас намепурсад, ки чи кор мекунӣ? Писари калонии Азимов Кароматулло соли тавалудаш 1991.
Писари дуввумаш Азимов Оятулло, соли тавалудаш 2002 ва писари сеюмаш Азимов Аббос соли таваллудаш 2007 аст.

Мегуяндаш, ки пулро чи кор мекунӣ? Мо пул надорем.

-Агар пул надорӣ, бачаатро бигӯ аз Русия биояд. Мегуяд, ки ман пулро мебарам ба комиссари ҳарбӣ месупорам ва як қисмашро ба раиси ҷамоат.

  Раиси ҷамоат ҳоҷӣ Расул аст. Ин мард одами хуб буд аммо баъди раис шуданаш тамоман дигар шуд. Ба зидди дин гап мезанад. Худашро боз мулло мегирад. Камтар дар бораи дин хондагӣ аст. Бародари ҳамин раиси ҷамоат дар деҳаи Меҳнатобод дар мактаб ба ҳайси директор кор мекунад. Номаш Сафармурод аст.
Абдурасул кист ?
Инҳо 4 писаранд.
1.) Раупов Абдуҳаннон, тоҷир аст. Тамоми орди магазинҳои Ёвонро таъмин ва тақсим мекунад. 4 магазин дорад. 3-то дар Душанбе ва якто дар ҳамин деҳа. Мағозаи дар деҳааш 50 сотих масоҳат дорад. Аз молиёт озод аст. Ягон чи намесупорад. Нархи маҳуслоташ аз тамоми магазинҳо 5 ё 10 сомонӣ гаронтар аст.

2. ) Раупов Абдуқаҳҳор дар Душанбе «дом» месохт. Пулҳои мардумро гирифт вале дигар намонданаш дом бисозад. Кришаи Абдуқаҳҳор Таҳминаи клеопатра, духтари Эмомтапак мебошад. Дар деҳа ҳамаи заминҳои подачарро гирифта маҳкам кардааст. 2 гектар боғ кардасту тамом. Боқии замин 30- 40 гектарро маҳкам кардаву алафашро мефурушад Айни замон Абдуқаҳҳор дар Алмаато қарор дорад. Як заводи орд кушодааст.

3.)  Раупов Абдурауф бошад айни замон началник милисаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷоми (Куйбеш )мебошад. Пеш дар ноҳияи Ёвон сардори милиса буд. Дар вақти карантини коронавирус бародараш Абдурасул касал шуда беморхона меравад. Духтурҳо бистариаш мекунанд, ки яке Абдурауф зангаш мезанаду мепурсад, ки дар куҷоӣ? Мегуяд дар беморхонаам, мазаам гурехт. Тухудатро бо дастони худат куштаниӣ чӣ гуфта меояд бо 4-5 милиса мебаранд. Духтурҳо мегуянд, ки касал аст, гуш накарда мебарад.

4.) Раупов Абдурасул ҳозир раиси омори ноҳияи Ёвон мебошад.
2 сол пеш дар вазифаи раиси ҷамоати Ситораи Сурх кор мекард. Тамоми заминҳои ҷамоатро фурухт. 20 гектар заминҳои обиро азони худ кардааст. Дар ин заминҳо юнучқа ва пахта мекорад. Ва ин 20 гектарро бачаи Абдуҷамил Оятулло нигоҳубин мекунад ва барои ҳамин аз хизмат озод аст.

  Абдурасул мегуяд, то вақте  ман ҳастам, хизмат мебурдагиро фалон мекунам. Вақте раиси ҷамоат буд, барои заминфурушиаш ба дасти коррупсия афтод. Ҳамон рӯз, бегоҳӣ дар хонаи ҳамин буз Абдуҷамил Азимов нишаста будаанд. Ҳамаи кормандони ҷамоат, чанд нафар аз ҳукумати ноҳия ҳамроҳ ба Абдурасул Раупов.
  Як чанд дақиқа пас дар телефони Раупов Абдурасул смс –паёмак меояд. Абдурасул онро мебинаду 2дақиқа баъдаш мехезад. Мегуянаш, ки бишин. Мегуяд, ки ман камтар кор дорам, боз пагоҳ мебинем.  
  Одамҳои ҳукумат мегуяндаш, ки куҷо меравӣ? Мегуяд, ки тарафи район меравам. Мегуянд, ки мо ҳам меравем. Дар як мошин раисҳо савор мешаванду мераванд. Козёлҳои ҷамоат ҳоло нишаста будаанд, ки 20 дақиқа пас ду мошин меояд пушти хонаи Азимов Абдуҷамил қарор мекунад ва фарёд мекунанд. Мебарояд. Мегуяндаш, ки шумо бояд ҳамроҳи мо равед. Ин козёл онҳоро намешиносад. Онҳо савор мекунанду мебарандаш ва мераванд аз район раиси ҷамоатро ҳам мегиранду мебарандашон Душанбе. Абдурасул, раиси ҷамоат ба Абдуҷамил мегуяд, ки ту ҳамаро ба кала бигир ҳоҷӣ Абдуқаҳҳор мебарорадамон. Ин аҳмақ  ҳам ҳамара ба кала мегирад.
Баъд ин раисро мебароранд вале Абдуҷамилро 15 сутка маҳкам мекунанд. Боз Абдуқаҳҳор мераваду дар гуши Таҳминаҷон чизе мехонад, ки инро ҳам мебарояд. Аммо ин беномус изо намекашад, ҳоло ҳам дар ҷамоат кор мекунад.

Натиҷаи барномаи “Ислоҳ”ро дидем
 Баъди номаии № 53 директори мактаб девона шуд. Ҳар рӯз сумкаҳои талабаҳоро мековад, ки кӣ телефон оварда бошад, мегираду дарав проверка мекунад, ки «Ислоҳ» тамошо мекунад ё не?

Ҳама аз ин ҳукумат хаста шудааст. Занг мезанӣ хона, гап зада намешавад. Связ нест, кор намекунад телефонҳо. Ҳаррӯз азсоати7.00 то 18.00 светҳоро мекушанд.
 Ва дар охир ба тамоми ин чоплусҳо расониданиам, ки ҳамаи корҳоятон таҳти назорати тими «Ислоҳ» дар Ёвон аст. Хусусан ба Азимов Абдуҷамил гуфтаниам, ки агар як бечораро қапида хизмат бурдӣ, ё ки сум гирифтӣ Раҷабмоҳро ин миллат шу медиҳад. Ва Маъдӣ ин ба ту ҳам дахл дорад, фаҳмидӣ!

 Имруз занат мурд, бидон, ки пагоҳ ҳамин хел худат ҳам мемурӣ, дигар ҳеҷ фоидаат надорад. Ба ягон одам кордор нашав, ки кӣ чи кор мекунад.

  Ба Худо устод намефорадамон ба масиҷди ҷумъахонӣ биравем. Меравӣ фақат ахбори Эмомтапак ва тавсифу таърифи вай. Ман ба имоми масҷиди ҷумъахонӣ домулло Илҳомиддин гуфтаниям, ки туро садқаи ин ном ва ин минбари ҳазрати Расули акрам кунад. Эй бадбахт, бираву аввал хонданро ёдгир, баъд биёву ин минбар баро! Аз номи Худову пайғамбар номи Эмоматапакро бисёр мегирад. Ин имом барои ин вазифаро гирифтан чи қадар пул додаро дар номаи баъдӣ менависам. Уро чанд бор холӣ карданд, гирифтанд, боз мераваду пул медиҳаду вазифаро мегирад.

 Як бор, танҳо барои онки бубинам чи қадар маблағ ҷамъ мешавад, баъди намозро хондан сандуқи хайрияи масҷидро ҳисоб кардам аз 2000 сомонӣ ҳам гузашт. Ин пул куҷо меравад, намедонем. Ҳамон масҷиду ҳамон вазъияти пешина, чизе иваз нашудааст. Фақат мегуяд, ки ҷавонҳо хизмат равед. Ҳамин қадар гап медонад, дигар ягон чи гуфта наметавонад. Ва, баъд ҳамон варақеро, ки амниятиҳо меоранд, ҳамонро мегирад, аммо онро ҳам хонда наметавонад. Як рӯз дар вақти намоз гуфт, ки ҳочиҳоро зиёрат наравед, танзим аст. Яке рафтед боз нашинед, ки танзим штраф мекунад.

 Ростӣ, устод баъди намоз рафтем ҳоҷизиёрат, ки мошинаш онҷо буд. Пурсидем, ки ин мошини кӣ аст? Гуфтанд, аз хатиб аст. Рафтаасту дар бари боло нишастааст. Яке як одам даромаду гуфташ, ки домулло нав гуфтед, ки наравед зиёрат, ки танзим аст. Изо накашида мегуяд, ки танзим барои бачаҳои ҷавон аст.

                                         Фархор

    Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини Тоҷикистонам. Ҳоло дар Маскав ҳастам. Шикояти ман дар бораи онҳое аст ки аз Маскав ба Тоҷикистон бор равон мекунанд.

 Масалан ба Кулоб, Фархор, Душанбе, Хуҷанд, Ғарм, Қурғонтеппа, Шаҳритуз, Регар хуллас, ба тамоми Тоҷикистон. Пештар аз 35 то 55 рубл барои килограмми бор мегирифтанду мебурданд, ҳозир бошад 100 рубл ва аз ин ҳам зиёд мегиранд. Бурдани як холодилник 5000 рубл буд, ҳозир бошад 9000 шудааст. Масалан як диванро сари кило 35 буд, ҳоло 150 рубл кардаанд. Давоми 15 рӯз мерасониданд.

Мепурсем, ки киро чаро як баробар гарон шуд? Русҳо ғам медиҳанд, қазоқҳо ё узбекҳо нархҳоро бардоштанд? Гуфтанд, ки таможнийи Тоҷикистон нархҳоро боло кард. Ронандаҳо гуфтанд, ки сабабаш ин аст ки муҳоҷирҳо аз Русия холодилник, пушок, попуш, диван, дару тиреза, столу стул, тахта, ламинат равон мекунанд, арзонашон меафтад, зиндагиашонро пеш мебаранд.

Ин авлоди гушнаи валадуззинои куҳнаҷунуби ҳаромзодаи беимони ватанфуруши террористи экстремисти худозадаи Эмоматапак тухми бешараф таможниро фармон додааст, ки борҳое, ки аз Русия меоянд боҷи гумрукиашонро гарон кун, ки бизнеси мо суст шидааст. Ҳамаи чизро муҳоҷирҳо оварда истодаанд аз Русия. Савдои мо суст шуда истодааст оила шикоят аз касбашон доранд, тавба инҳо кай сер мешуда бошанд.

Мо свет надорем, об надорем, як қобча орд 360 сомонӣ шуд. Э. мардум то кай мисли мурғ хап мекунед?

  Бародарҳо мо бихезем аниқ ягон гап мешавад. Сабрамон лабрез шуда истодааст.

Хитоб ба Эмоматапак. Ту ваъда дода будӣ, ки роҳҳо мумфарш мешавад, светмурӣ афсона мешавад, арзонӣ мекунам, ку? Ягон ваъдаатро иҷро накардаӣ!

Э, душмани халқу миллат. Аллоҳ хору залилат кунад, ки халқи худро бечораву бенаво кардаӣ. Ту як бор бираву бибин, ки мардум чи мехуранд? Қирғиз дар ҳоли мо механдад, афғон дар ҳоли мо механдад, узбак механдад. Шарм намекунӣ!

Соф кампиру мусафедҳоро махкам карда истодаӣ. Свети хонаи хоҳари Ғаффор седойро кушта истодаӣ! Барқи модари Шарофиддин Гадоевро мекуши? Зурат ба ҳаминҳо мерасад? Боз лоф аз марди мезанӣ Замин кафаду ту дароӣ, ки «мардум дамошон ҳот шава, тъ бимурӣ ҳар як хонада як деги ош ё отала мекунан, хайр мекунан, ки мо аз як золими аср халос шудем». Аллоҳ ғариборонро нигаҳбон бошад.  
                                          Хуҷанд

 Салому алейкум бародар Муҳаммадикбол. Мо якчанд нафар ҷавонписарон аз  Хуҷанд мухлиси шумоем ва доим барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Дар байни мо якчанд нафар бачаҳо коргарони РВКД дар вилояти Суғд мебошанд. Мо мехоҳем, ки дар бораи генерал Навҷувонов Абдулло, сардори РВКД дар вилояти Суғд шикоят кунем. Дар РВКД вилояти Суғд хело ҳаромкориҳо шуда истодааст. Ин генерал кай сер мешавад, номаълум аст. Кори ин генерал фақат вазифафурушӣ мебошад. Сардори кадр дар РВКД вилояти Сугд Собирзода Содиқ аст ки ин ҳам як порахури калон аст. Одамхои бесумро ҳатто ба утоқи кориаш даромадан намемонад.

   Нархҳои взифаҳо дар вилояти Суғд:

  сардори шуъбача аз 10.000 то 15.000 доллар;

  муовинони сардорони шуъбачаҳо аз 8000 то 10.000 доллар;

  муфаттишон то 10,000 доллар;

   шуъбаҳои кофтукови ҷиноӣ(УУР) аз 5000 то 6000 доллар;

   сардорони ГАИи шаҳру ноҳия аз 15.000 то 20.000 доллар;

   ГАИ-и одӣ  аз 5000 то 8000 доллар.

   То кай мардум хонаашонро, мошинҳояшонро фурухта, вазифахарӣ мекунанд?

   То кай аз бонкҳо қарз гирифта вазифахарӣ мекунанд?

    Бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол, ки ин генерал мардуми инҷоро ба дод овардааст. Як хел вазифаҳои сумдорро шогирдони ин генерали ҳаромхур ба мисли Шодизода Фурқат ё Дилшод бо лақаби (КУР) мефурушанд. Яъне ҳаминҳо «кадр»-ҳоро интихоб, пулҳояшонро гирифта ва ба назди Абдулло Навҷувонов медароваранд. Шодизода Фурқат муовини РВКД дар вилояти Суғд мебошад. Ин одам дар асл як наркобизнес, процентчӣ ва як ҷинояткор мебошад.

   Дилшод муовини сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аст. Ин ҳам як порахури калон мебошад. Ростӣ ин Дилшод (КУР) дар 4 сол 4 маротиба ба вазифаҳои баланд мегузарад ва кори ин Дилшодро ягон одам карда наметавонад. Барои он ки ин Дилшод шогирди генерал Навчувонов Абдулло мебошад.

   То кай ин корҳо идома меёбад? Чи хеле пирони қадим мегуфтанд: «об аз боло лой»  Ман дар ҳар калимаи гуфтаам ҷавоб медиҳам, марҳамат нависед куҷои ин маълумоти додаи ман дурӯғ ва туҳмат аст?

                                           Шаҳристон

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Шаҳристон менависам. Бовар кунед, ки «Ислоҳ» дар ноҳияи мо дар ҳақиқат инқилоб кард. Вале ҳоло ман дар бораи он намегуям. Дар бораи Лола Эралова каме маълумот додан мехоҳам. Лола Эралова, ки дар барномаи Шумо гап мезанад ва фақат дуруғ мегуяд.

Лола Эралова бо Зайниев Умед мегардад. Зайниев Умед ҳам аз ноҳияи Шахристон мебошад. Вай як бузи амният ва прокуратура аст. Зайниев Умед аз пушти Лола Эралова зани худашро бо чанд фарзандаш сар дод. Ин ҳодиса соли 2019 рух дода буд.

  Зайниев Умед дар Шаҳристон як магазин дорад. Писарчааш вақти аз мактаб баргаштан ҳаррӯз ба магазини падараш медарояд. Падараш бошад печениҳои дар таги каробкаҳо монда шикастагиро ба писараш дода уро аз магазинаш пеш мекард. Ин ҳамааш аз пушти Лола Эралова. Эралова Умедро хона вайрон кард. Лола Эралова зани шавҳардор аст,  аммо шавҳари даюс. Шавҳараш, қасоб, мол мекушаду гушт мефурушад.

Шавҳари Лола Эралова Саид Салимов аст. 2-писар ва 2-духтар дорад.

Писари калониаш Самандар, писари дуввумиаш Низом. Як духтараш Соҳиба ном дорад, ки аз шавҳараш ҷудо шудагӣ аст. (дар идора маълумотҳои зиёд аз Лола Эралова вуҷуд дорад,ки ба ин иктифо мекунем Ислоҳ)

Дар бораи Ҳоҷимуродов Ҷасур, муовини раиси ноҳияи Шаҳристон, ки дар барномаҳои шумо иштирок менамояд. 

Як хоҳар дорад Лола. Шавҳараш Баротов Фарҳод. Солҳои 2016-2017дар Русия бо пушти сар  аз 6-этаж меафтад ва маъюб мешаваду бар мегардад ба хонааш. Вақте ӯ бо ҳолати беморӣ бармегардад, занаш ин ҳолати ӯро дида аз вай  ҷудо мешавад ва аз хона баромада меравад. 4 писар дорад. Писари хурдиашроро бо худаш гирифта меравад. 3 писари дигараш бо падарашон Фарҳод мемонанд. 

Ҳоҷимуродова Лола пеш аз ин ҳодиса ҳам бо дигархо рустӣ мегашт ва ҳама бохабар буд. Вайро як мард бо номи Рустам фиреб карда гирифта ба Русия мебарад. (Московский область г.Дмитров. Дар заводи Дмитровский- молочный кор даромада, чанд вақт кор кард) Дар ҳаминҷо ҳам ҳаромкорӣ карда мегашт. Баъдтар аз он завод баромад рафт дигарҷо. Ҳозир номаълум, ки дар куҷо аст.

Маълумоти муҳим дар мавриди Ҳоҷимуродзода Ҷасури муовини Шаҳристон.

Кенчаев Дилшод корманди КДАМи н. Шаҳристон шавҳари ҷияни Ҷасур буд,ки тақрибан чор мох шуд аз Шаҳристон ба Душанбе интиқол ёфт.  Феълан Кенчаев Дилшод дар маҳсаби  Душанбе 1-советский кор карда истодааст.  

Кенчаев Дилшод ҷияни  Хоҷимуродзода Ҷасурро гирифтаги хаст аз Шахристон.  Номи зани Кенчаев Дилшод,

Ҳоҷимуротова Мастона соли таваллудаш 16.01.1999 аз Шахристон. Номи Падараш Фуркатилло

Номи Модараш Чумаева Мамлакат, малима дар мактаби 1-и н.Шахристон.

3-ака дорад :

1-Фаррух

2-Фарҳод

3-Зиннатилло

Ҳоҷимурдзода Ҷасур аз пушти ана ҳамин ҷиянаш ба мақоми муовини раиси ноҳияи Шаҳристон шудагӣ аст. 

Боймурод Муҳиддинов: Ӯ як шахси беномусу бе виҷдон аст Боймуродро солҳои дароз мешиносем ва аз бисёри амалҳо ва хислатҳояш метавонем бароятон маълумот диҳем. Масалан дар даврони донишҷӯияш дар Душанбе бо як зани калонсол зиндагонӣ мекард, ин зан чанд фарзанд дошт вақте барояш инро мегуфтем ҳамкурсҳо мегуфт ҳоло вақти истифода бурдан ҳаст ман истифода мебарам. Вақташ омад меравам аз пушти корам.  

Дар мавриди барномаи “Минбари муҳоҷир” мехоҳам бароятон инро расонам,ки дар он соатҳое ин барнома баргузор мегардад тақрибан ду соат камтару бештар барқ дар Шаҳристон ҳасту тамом. Пас аз он барқро хомӯш мекунанд. Ана Ҷасур ва Боймурод бо амниятиҳо муаллиму раисони ҷамоатҳоро занг зада маҷбур мекунанд ҳатман баромад кунанд зидди шумо. Барқ танҳо дар линияи болнитса хомӯш нест тамом. Агар дар ёдатон бошад дар як барномаи “Минбари муҳоҷир” як бачаи ришдор баромад карда буд ва ман ошпаз гуфта буд. Ана ҳамон соҳиби САУНА аст. Дар ошиёнаи дуввуми он САУНА рафта хурок мефармоянду идора мекунанд худашон хандида ва муаллимон гап мезананд. Қаҳрамони муовини ҷамоати Бунҷакат аз онҷо гап зад. Муаллими варзиш аз онҷо гап зад. Қушқоров муаллими мактаби 9 аз онҷо гап зад.  Қаҳрамон таъриф кард дар хонаи худам ҳастам таъриф кард. Охир Қаҳрамон раиси совхоз буд як совхоза дуздида фурӯхта тамом кард ҳеҷ чизаш намонд. Ин САУНА дар муқобили мактаби 18 аст. Ҳама амалҳои инҳо зери назорат аст ва мо мардуми Шаҳристон ҳамаро фаҳмидем дигар. Ҳоло барномаҳои шуморо ҳама Шаҳристониҳои дохилу хориҷ тамошо мекунанд. Муаллимҳо маҷбуранд бовар кунед моро !

Share This Article