Дар ин бора дар дигар барномаҳо ҳам гуфта будем. Дар Тоҷикистон, дар тамоми ноҳияҳо ҳатто деҳаҳо нафароне зиндагӣ ва кор мекунанд, ки онҳоро ҳамчун посредник-миёнарав мешиносанд. Ин посредникҳо байни мардум, мақомот ва ҳукуматиҳо «кор» мекуннад ва баъзе аз онҳо маслан худашон ё заминсоз ё раиси ҷамоат ё хоҷагии деҳқонӣ ва ё маслан соҳиби дукону мағозаанд. Аммо онҳо пулдор мебошанд. Зуд милиса, участковий ё прокурор ё раиси навро зиёфат медиҳанд. Ва бо ҳамин бо вай ҳам шинос мешаванд. Ва боз ба «буд» кардани кори корафтодаҳо машғул мешаванд. Баъзе аз инҳо ҳатто он қадар пулдор мешавнад ва «роҳи коррор меёбанд», ки масалан раиси ноҳия,намояндаи Президенти Тоҷикистон дар пеши вай оҷиз мемонад. Намунаи онро дар зер қироат хоҳед кард:
Тоҷикобод
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ин номаи маро кутоҳ ҳам бошад, дар барномаи Номаҳо ҷой бидиҳед. Ман аз ҷамоати Лангари шоҳи Тоҷикобод. Аз он сабаб, ки дар ватан кам меистам ҳатто фамилияашро намедонам. Аммо номи ин ҳаромхур Мирзобек аст. Ман намедонам, ки ӯ чи кора аст. Дар ҷамоат суд ҳам шавад ӯ суд мекунад, агар туй ҳам шавад, ӯ дар ҷои танзим омада штраф мекунад. Кори асосиаш солдатбизнес аст. Барои як мавсим сари сарбоз 7000 то 10000 сомонӣ мегирад ва кори дигараш заминфурушӣ аст. Беш аз 120 заминро бо нархи 12000сомонӣ фурухтааст. Вай аз касе наметарсад, на аз амният, на раиси ноҳия. Ҳатто ман шоҳид ҳастам, ки раиси ноҳияро гуфт: «метонӣ ту ҳам ку, наметони хап ист». Кадом хешаш телехи Рустами Эмомалӣ будааст. Шофери шахсӣ дорад бо номи Сафаралӣ. Саводи кофӣ надорад. Фақат истода як имзо карда 200 сомонӣ мегирад, кори асосиаш арақ хурдан ва ҳаромкорӣ кардан ва бузӣ кардани мардуми Тоҷикобод аст.
Ваҳдат
Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин.
Ман аз ҷамоати Карим Исмоил, деҳаи Лақайбегии шаҳри Ваҳдат. Мехоҳам чеҳра ва симои бузҳои ин деҳаро ошкор кунам. Аллоҳро шоҳид ва гувоҳ мегирам, ки ҳарчи менависам ҳақиқат аст.
Яке аз бузҳои ин деҳа Норов Даврон аст. Ин буз бузи отдел мебошад. Овозаҳо ҳаст дар деҳа, ки аз даврони хизмат буз буд. Як рӯз дар мактаб конференсия мешавад ва ин буз кудаконро сурат мегирад. Вақте милиса меояд ҳамон суратҳое, ки ин буз гирифта буд онҳоро нишон медиҳад. Ин буз боз героин ҳам бизнес мекардааст. Як дӯстам нақл кардааст, ки дар район дидамаш героинро дода истодааст, пулро мегирад. Ҳоло лақабаш Давронсаи буз мебошад.
Як ҳамдеҳаамон барои писараш арус мефаровард. Даврони буз ба танзим занг зада мегуяд, ки мошини бисёр рафт тарафи хонаи арус. Дар роҳ милитсия меқапад мошинҳоро ва падари шаҳро штраф мекунанд. Падари шаҳ 2ҳазор сомонии дигар барзиёд медиҳад ва мегуяд, ки бузро ба ман бигу. Милиса телефонашро мекушояду номерро нишон медиҳад, ки он номер номери Даврони буз аст. Баъди туй падари шаҳ хонаи Даврон рафтанӣ буд, ки хешу таборонаш намонда гуфтаанд, ки лозим нест, айб аст.
Бузи дигари ин қишлоқ Идиев Маҳмадшо мебошад. Ин буз милиса-мент аст, рутбааш ба фикрам прапоршик. Дар «облава» кор мекунад ва бозорҳоро ҳам тафтиш мекунад. Ин буз сокинони деҳаро фиреб карда аз онҳо сум мегирад. Ҳатто баъзе аз шаҳрвандони содаро фиреб кардааст, ки депорташон да Русияро метавонад тоза кунад.
Як апааш ҳам милиса буд. Ба мардум зулми зиёд мекард. Оқибат касал шуд, сарашро тарошиданд, кал шуду дар ҷогаҳ хоб рафту оқибат бо дарди бе даво мурд. Модари Маҳмадшои буз ба бачааш гуфтааст, ки «бачам бас кн машеникита, апатам ҳамихелӣ коро кардагашт. Ина ҳолша бин чи шиду бо чи азобҳо мурд»?
Маҳмадшои буз ҳатто ҷияни худашро ҳам ба облава фурӯхт. Ҳангоме, ки ҷиянашро мефурушад, як рафиқам шунидасту ба ман гуфт,ки Маҳмадшо гуфтааст: «хонашондай биёен ай дари хонашон дуи дигарат ай дари хонаи ма биёен, яке грехт меқапенша».
Бачаи ин буз мактаб меояд. Дар стадион талабаҳоро ғам медиҳад. Тоир, муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ мегуяд, ки «бро ай майдон ть да и мактаб намехонӣ».Ин писар ба падараш занг мезанад ва мегуяд,ки «мара малим акорат дора».Падараш ба муаллим занг мезанад ва бо вай ҳақоратгуӣ мекунад.
Боз ин буз дар маҷлиси деҳа мегуяд кудакҳоятонро муаллимҳо як чи гуфтанд ё нагуфтанд, ки медавед ба сари онҳо меравед. Буз фаромуш кардааст, ки худаш ҳам медаваду мравад ба сари муаллимҳо. Баъди ин муаллими тарбияи ҷисмонӣ корро бас карду ба Русия рафт.
Як бузи дигар Олим-ин раиси маҳалла аст. Дар ҳар мавсими облава 400 – 500 сомонӣ аз мардум ҷамъ мекунад. Мегуяд амният бачаатро пурсида истодааст:
«Ира бояд пла бурда супорем». Дар як маҷлис мегуяд, ки мегуянд раисони маҳаллаҳо бузанд. Бовар кунед буз он қадар бисёр шудааст, ки бузӣ дигар ба раисони маҳаллаҳо ҳам намемонад.
Дар деҳа соли гузашта дар рамазон микрофон оварда нав часпонданд. Домулло шомро бо микрофон хонду рафт. Аммо дар намози таробеҳ омаду гуфт микрофонро биканед. Мардум ҳайрон шид, ки «о,нав часпондем, барои чи биканем?» Домулло гуфт: «о, ҳамсоята бзӣ кардӣ,хешу таборта бзӣ кардӣ, нахо хонаи худорам бзӣ кнӣ». Гуфт насби микрофон дар масҷидро хабар кашидаанд. Фармон шуд тез канед ва бо садои пастакак намозотона хонен брен даф шавен гуфтан,ки пешвора қаҳр мекунад.
Обигарм
Салому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Як воқеаро бароятон ҳикоят кунам, илоҷаш бошад, зудтар дар барномаи Номаҳо ҷой диҳед.
Сухан аз беморхонаи ноҳия меравад. Беморхонаи Обигарм, аз солҳои шуравӣ монда хеле шикаставу фарсуда шудааст. Аз чор ошёна иборат аст. Дар инҷо муддати 10 сол зиёд мешавад, ки бадбахтӣ болои бадбахтӣ аст. Чунки дар онҷо ҳама аз ҳамдигар худро калон мегирад. Ҳамааш мегуяд, ки калон манам. 5 ё 6 сол пештар яке аз духтурони инҷо духтари котибаи идораи ҷамоати Обигарм буд. Даҳмардаева Давлатой. Номи духтараш мутаассифона дар ёдам нест.
Табиби зур ва модари як фарзанд ва ҷавон буд. Ба таври ногаҳонӣ вафот кард. Гуфтанд, ки симоб додаанд. Давлатой бениҳоят хизмати халқро зиёд карда буд. Дар ғами духтари моҳпайкараш зуд пир ва бемор шуд. Ғами калонаш доданд бечораро.
Дар беморхонаи Обигарм як зан бо номи Фарида, ки фамилияашро фаромӯш кардам ба ҳайси сардухтури зойшгоҳ гинеколог кор мекунад. Мардум ба дод омадаанд аз дасти Фаридаи сардухтур. Як рӯзи сиёҳ аст. Дар онҷо саг ҳол дораду зояндаҳо не. Вақте таваллуд мекунанд бо оби хунук дастуру мешуянд.
Барои даҳонашонро тар кардан ҳам оби гарм намедиҳанд. Онҷо намемонад, ки зояндаҳо дар долон биҷумбанд. Ҳатто зояндаҳоро мезадаанд. Ҳар хел азоб медодаанд. Боз он Фарида мегуянд, як ҳафта зан будааст, як ҳафта мард мешудааст. Субҳоналлоҳ! 35 сола аст. Ҳоло ҳам шавҳар кардагӣ нест. Бо ағлаби гумноҳо Хунасо ҳаст мардонагӣ дораду худаш мисли зан ҳаст. Намедонем «таға»-и ин ҳаромзода кӣ аст, ки чи намуд хоҳад, муносибату рафтор мекунад. Ба бемороне, ки аз деҳаҳо меоянд аслан руи хуш намедиҳад. Дар баъзе аз он деҳаҳо ҳатто медпункт ҳам вуҷуд надорад. Ҳеҷ кас аз Фарида намепурсад, ки чаро ин хел рафтор мекунӣ. Мегуӣ, ки Фарида аз осмон омада бошад. Агар як кам даъво кунӣ, ки барои ҳамин бемор, ки дар ҳоли зоидан аст як пиёла чойи гарм бидиҳам дарав ба сарат Зоғро равон мекунад. Гап задӣ Зоғ мезанад. Фарқ намекунад, ки ту ҷавонӣ, пирӣ, кампирӣ. Хулоса ҳатто модари зояндаҳоро намегузорад, ки беморашонро бибинанд. Аммо вақти ҷавоб шуд пули маҳшарро аз шумо мекананд.
Ҳафтаи гузашта як зани соҳиби 4 фарзанд бояд панҷумшро таваллуд мекард. Ин зан соҳиби маълумот будааст. Аз деҳаи Ёли ҷамоати Сичароғ. Вай ба ман як нақли ваҳшатнок кард. Гуфт Фарида як медсестра дорад номаш Зоғ аст. Наузубиллоҳ зоғ нею одамхур. Занҳо аз дасти вай доду фарёд мекунанд.
Хулоса ду нафар: Зоғу Фарида як зани ҳомилаи ҷавонро, ки барои таваллуд омада будааст, мезананду мекушанд. Кудак низ дар даруни модар ҷон медиҳад ва онҳо ин ҳодисаро дар гардани як нафар момодояи дигар Золотой, ки андаке инсоф дорад, мезананд. Зани бечора рӯзи ҷаноза гуфтанд руҳояш ҳама кандагӣ харошидагӣ ва аз пушти сараш каме хун омадааст. Боз гуфтаанд, ки аз болои кресло афтид. Охир аз кресло афтад пушти сари одам намезанад ку. Ҳамин тавр маъулм нест, ки чаро ин ҳодиса сурат гирифтааст, аммо он занро зада мекушанд. То ҳол касе ин ҳодисаро тафтиш накард ва ҳамин тавр хапу хомуш шуд. Аз вазири тандурустӣ хоҳиш мекунем ба ин вазъият аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва дар ғайри он маълумотҳои бештар аз дигар паҳлуҳо ва ҷиноятҳои ин беморхона ва хоссатан зоишгоҳро ба “Ислоҳ” менависем. Раиси ҳукумат ва прокуратура ҳам ҳатаман ин қазияҳоро санҷанд!
Тавилдара
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Тавилдара бароятон менависам.
Бародар Муҳаммадиқбол ҳар вақте дар мавриди ҷиноёти ҳукумати ноҳияи Тавилдара барнома тақдим намудед, ба тафовут аз дигар ноҳияҳо зери ин навишта пур аз комментария мешавад, ки ҳамаи ин комментнависон милитсияҳои ноҳия ҳастанд.
Милитсияҳое, ки бо ном ҳомии ҳуқуқ вале дар асл дуздони номус, шараф ва ғоратгари тамоми осудагӣ ва зиндагии мардуми оддианду ҳомии Маҳмади Давлатзода ва Пешоби палид.
Ин кормандони милиса ба ҳаде бешарафанд, ки баъзеашон ҳатто хоҳари Саидмуроди милисаи ҳамкорашонро ба яке аз милисаҳои аз Ҳисор омада «туғри» мекунад, ки ӯ аксҳои лухти модарзодиашонро ба он духтар, ҳатто дар хонаи духтар ба дӯстонашон ба фахр нишон медод.
Барои нафақа агар ҳуҷҷат пешниҳод намоӣ 2000 медиҳӣ то 200 сомонӣ нафақа бароӣ.
Дар ҳудуди ноҳия идорае ҳаст бо номи Парки Миллии Точикистон. Ин идора аз аввал то ҳозир як роҳбари арзандаеро надид. Хусусан ин 2 соли ахир, ки як ҷавони бесаводи бемасъулиятро гузоштанд бо номи Раҷаб Бердиев. Вай ин идораро ба як оғилхона табдил кардааст. Пули сузишвории идораро кормандони милиса мошинсаворӣ мекунанд.
Чарогоҳҳои ҳудуди ПМТ-ро ба даҳмардаҳо хусусан даҳмардаҳои ҳоҷӣ Хайрулло ки хусурбачаи пешоб будаст вогузор мекунад. Аз хисоби ҳамин Хайрулло шуда раиси ноҳияро дар чизеаш ҳисоб намекунад. Давоми ин ду сол як бор ҳам дар «петиминутка» иштирок намекунад. Ба ҳадде бевиҷдон аст ин одам, ки замистони гузашта бар асари сардӣ ва дарозо кашидани зимистон 90% кабкҳо аз гуруснагӣ мурданд, ба онҳо бояд дон медоданд, ки надоданд. Таги буттаҳо пур аз кабки мурда шуда буд.
Инро ҳама кормандони мақомот медонанд, аммо чорае намебинанд.
Кормандони ҷамоатҳо бошанд барои наврузӣ ва дигар ҷашнҳо мардум, соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳкониро дар ҷонашон задаанд, мисли талбандаанд.
Инҳоро набояд хизматчии давлатӣ гуфт, чун як рӯз ҳам дар ин давлат хидмат накардаанд. Инҳоро талбандаҳои ҳукуматӣ бояд гуфт.
Ҳоло дар мавзуи яке аз талбандагиҳои нангинашон мехоҳам бигуям хуб диқат кунед.
Дар соли 2022, ки ҷанг миёни тоҷику қирғиз аланга зад ба монанди дигар бародарони ҷонфидо яке аз бародарони ноҳияи Тавилдара ҳам, ки иштирок дошт, аз пояш захмӣ шуд, ки бо пои баста тирпаронӣ мекунад, дар майдони мардонагӣ , ки навораш дар Ютуб ҳаст. Баъд аз ҷанг пояшро буриданд ва ба ноҳия баргашт.
Гуё Раҳмонов фармон кардааст, ки ба ӯ хона ба тамоми таҷҳизоташ аз ҳисоби ҳукумати ноҳия созед ва Раҳмонов худаш калидашро ба ӯ медиҳад ва дар телевизор аз ин боз як ҳангома мекунанд. Ҳукумати ноҳия бошад шуруъ кард ба талбидан аз ҳисоби соҳибкорон, аз хочагиҳои деҳқонӣ.
Шарми ҳамин хел ҳукумат бод!.
Ман инро барои он намегуям, ки ин бародар барои мо зиёдатӣ шудааст. Инро барои он мегуям, ки чашматонро боз кунед. Бубинед ҳамаро мо худ карда истодаем. Ҳатто кормандони ҳукуматро низ хуронида истодаем. Як каме ҳам бошад ба худ биоед. Ин ноҳия ҷавонмардоне дорад, ки ба танҳоӣ ин бародарро соҳиби хонаву дар мекунад. Аммо намехоҳанд, ки ташаббускор Раҳмонов шавад, ба ин талбандагиашон монанд
Агар ёдатон бошад баҳори ҳамин сол гуё аз Афғонистон ин тараф гузаштааст ва ба куҳҳои Ванҷ баромадаанд. Шуруъ шуд мошинҳои низомиён мисли колоннаҳо. Чи аз пойтахт ва чи аз Рашт сафарбар шуданд ба ноҳияи Тавилдара ва дар охирин ҷамоат ҷой гирифтанд. Гуё артиши Точикистон барои як амалиёт омадааст. Шояд ҳафта ва шояд моҳ тул кашад ин амалиёташон. Бо худ хурока надоштанд. Худ хулоса бароред. Артишу сарбози бе хурока чигуна метавонад аз ватан ҳимоят кунад? Хурокаи инҳоро ба гардани ҷамоати Ваҳдат вогузор карданд. Раиси ҷамоат Давлатов Мизроб, ки худро бисёр коркушта нишон медиҳад. Ҳар рӯз як деҳа як гусфандро бо биринҷу пиёзу сабзиву картошкаву нону дигар хурокҳо бурда ба низомиҳо таъом мепухтанд як рӯз хидмати онҳоро мекарданд бад ҷавоб
Худатон қазоват кунед ин низому ин ҳукуматро то куҷо аз по афтодааст. Дар 30 соли истиқлолият наметавонад артишашро барои 10 рӯз таъом диҳад, ҳоло агар худое нохоста ҷанге шавед худатон акнун фикр кунед.
Ва дар охир як чизро ба мардуми ноҳияи Тавилдара мехоҳам бигуям.
Бародар инро дар ҷои муносибтари номаи Тавилдара гузоред чун дертар ба ёдам омад.
Дар ҳамин интихоботи ахири раиси ҷумҳурӣ, ки чандин лухтак номзад буд чандин ғаюри ин ноҳия бо ручка Муҳиддин Кабирӣ навиштанду дигарҳоро хат заданд
Раҳмон ту бидон бо ин ҳама амнияти кардани интихоботҳои дуруғинат мардум чи касеро овоз медиҳанд ва ҳарос ҳам надоранд.
Бародарони тавилдарагӣ, аз ҳеҷ кас натарсед. Шуморо агар ҳамин Муҳаммадиқбол нафурушад касе намефаҳмад. Аммо то имрӯз нафаҳмидаму нашунидаам касе ба ӯ навишта бошад фурӯхта бошад. Эълон накунед. Ҳатто куртаи танатон нафаҳмад, коратонро кунед ва аз ҷиноятҳои мақомотро навишта фиристед он қадар кори мушкиле нест охир навиштан.
Хуб диққат кунеду ҳушёр бошед. Мехоҳанд мардуми Тавилдараро ба ду қисм ҷудо кунанд: сағирдаштӣ ва тавилдарагии асл. Чи гуна?
Бубинед, як роҳбар таъин мекунанд ба қавли бародарони сағирдаштӣ аз тоифаи жукҳо, ки ин роҳбари хоин омадан баробар раҳбарони идораҳоро аз тими худаш интихоб мекунад. Шоиста ба ин вазифа ҳаст ё нест фарқ намекунад, ки ин кор албатта сабаби бадбинии бародарони вахёчӣ мешавад.
Боз раҳбари дигар аз бародарони сағирдаштӣ, ки инаш ҳам ба мисли раҳбари пешин тимашро иваз мекунад, ки баръакс сабаби бадбинии бародарони сағирдаштӣ мешавад .
Маълум, ки ин ҳама барномарезӣ шуда аз маркази ҷумҳурӣ аст. Ҳадаф: “тафриқа андозу ҳукумат кун!”
Бародароне, ки ин мавзуъҳоро дарк мекунед, як қадам пештар бардоред, то мардумро порча- порча накунанд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Агар аҳамият дода бошед, дар пахши мустақими «Минбари муҳоҷир» бисёртар бародарони хуҷандӣ ва муллоҳоро «пешка» мекунанд.
Ман ба хулосае омадам, ки ин пирбузбалаи фосид ҳозир ҳам фикр мекунад, ки ё ин хуҷандиҳо ҳукуматро иваз мекунанд ё муллоҳо.
Барои ин шуда ин ду гуруҳро бисёртар дар пахши мустақим мебароранд.
Чун медонанд, ки мардумро аз чоплусӣ бадашон меояд ва ба худашон ин ду мулло ва хуҷандиро нисбаташон бадбинии мардум зиёд шавад то натавонанд 4 то ҳарфшунав дошта бошанд ва натавонанд коре кунанд.
Конибодом
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу ҷаноби оқои Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман яке аз бародарони фаъоли шумо аз Конибодом ҳастам ва шумо ҳамеша бо дарди мардуми мо шарик будед. Ин мартаба охирон шикояти ман мебошад ва охирон номаи ман ба Ислоҳ. Шумо ду номаи манро ба нашр расонидед. Ман ва мардум дар назди Шумо дар ду дунё миннатдорем.
Дар ин матлаби саввум аз тағйиротҳо ва каме ҷиноятҳо хоҳам гуфт. Умедворам ин номаро ба нашр мерасонед ва банда ва мардум аз Шумо қонеъ ва розӣ мегардем. Ҳоло аз “Қаҳрамони шаҳри Конибодом” -Дилшоди дузд мегуям. Дилшод Холматов дар Федератсияи Русия калтак яъне ба лаҳҷаи бачаҳакои боло аз ҷабрдидагон шаттаро хурд. Чунки дар ватан ин гуна дуздон дар назди қонун ҷавоб намедиҳанд. Зани Дилшод бо лақаби “духтари Ҷаббор хурӯс” дар ҳамон деҳаи худаш- Ҷаҳонзеб маъруф аст. Баъд аз нашр шудани ҷиноятҳои шавҳараш Ӯ аз Дилшод ҷудо шуда ба як турки озарбойҷонӣ шу кард. Ва Дилшод Холматов ҳоло мисли гурбача намедонад чи кор кунад. Чунки тағаи Зарифи ӯ дасташ ба шумо намерасад.
Зани вай ҳар вақте ки ба деҳаҳои Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеб об ба канал меояд, бо як травматический полупистолет ва каланд ба мардум угрожат мекард. Грубо угрожат карда мегуфт: об, оби ман мегуфт, ягонтат расӣ хафа мешавӣ. Бо бачаҳои хурд, бо муйсафедон аз пушти об угрожаташон мекард. Вай ба монанди занҳои рус буд, бо ҷинс ва причёскаи кутоҳ. Вай як муйсафедро бо дастаи каланд зада гушашро хунӣ кард.
Падари занаш Ҷаббор хурус лақаб дошт. Одами хуб буд, аммо духтараш тамоми мардуми Конибодомро ба дод овард.
Агар Абду Фотеҳи Фотя ба мардум оби каналро медод ин бадбахтиҳо сурат намегирифт. Кори Фотя дар ҷамоъат фақат монанди занҳо лақидану замин фурухтан ва бузӣ кардан аст. Чунки мақомоти мо,ки «бачаҳакои боло»анд дар фоҳишахонаи Акмали Мерос фақат корашон кайфу ишрат аст!
Ҳоло бошад “духтари Ҷаббор хурус” аз Дилшод ҷудо шуданд. Агар мо ба бачаҳакои боло муроҷиат кунем моро худамонро ягон кор мекунанд.
Дар мавриди Дилшод Холматов маълумотҳои дигар ҳам расидаанд ба “Ислоҳ”,ки пас аз нашри навор модарашон ба беморхона заданд ва ҳамсарашон аз хона баромада рафтаааст. Дилшод дар назди ҳамдеҳагонаш чунин гуфтааст : “Шармандаи шармандаам карданд. Агар гуноҳ дошта бошам, Худо курам кунад лекин Ислоҳ ба кадом суханҳои ноҳақ бовар карданд ва як оилаи бутунро вайрон карданд. Се фарзандам дуъош гирад инҳоя”
Акнун мегузарем ба тағйиротҳо! Дар оғози моҳи ноябр соатҳои 21:00 вақте дар Конибодом барқро хомуш карданд, дар Ҷаҳонзеб як бачаи боло, ду занро дар роҳ бо мошинаш зада кушт. Албатта агар барқ мебуд, ин ҳодиса руй намедод.
Ҳоло бузҳои амният дар Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеб хеле бисёр шудаанд. Ҳатто кампиру муйсафедҳоро ба отдели калон бурда онҷо маълумот мегиранд: «бачаи фалонӣ, набераи фалонӣ кӣ аст, чӣ аст гуфта мепурсанду допрос мекунанд”.
Дар як ҷамоати Лоҳутии шаҳри Конибодом 3 адад “коммуникационная вышка”-и компанияҳои Тиселл, МегаФон ва ЗЕТ Мобайл амал мекунад. Дар назди чойхонаи Эркин Ҷалилов, ки ӯ дар онҷо рӯзҳои шанбеву якшанбе кайфу сафо мекунад. Ҳангоме барқ хомӯш мешавад ҳеҷ кадоме аз ин ширкатҳо кор намекунанд ва сим картаҳо аз кор мемонанд. Инҳо ҳамчун компания вазифадор ҳастанд, ки ақалан бо “движокҳои махсусии бензинӣ” хизматрасонии худро таъмин карда мардумро бо а лоқаҳои телефонӣ ва шабакаи интернет таъмин кунанд. Максимум суръати интернет 40 кбит/с мебошад. Ин аст давлати соҳибистиқлоли 32 сола! Ҳатто дар инҷо ҳам як коррупсия вуҷуд дорад! Бояд инҳо аз тарафи муттахассисон санҷида шаванд! Пулҳои бензини он движокҳоро инҳо ба киссаи худ мегиранд ва Конибодом ҳам боз ба давраи Аморати Қӯқанди асри 19 бар мегардад, бадбахтона! Аз дасти режими Раҳмонови диктатор!
Хитобе дорам ба Тухтасун Оғлу! :
Тухтасун Оғлу ако Шумо нокас,
Ҷои Шумо кунҷи маҳбас!
Душанбе
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Қаблан ҳам бароятон навишта будам. Ин бор ҳам чанд маълумотро фиристоданиям. Хоҳед нашр кунед, нахоҳед, накунед.
Дар ҷаласаи Прокуратураи генералӣ ин тавр гуфтанд: “бояд то дараҷае мубориза барем бо хоинҳо, ки аз сарчашма то ояндаашон нест шавад. Он нафароне аз аъзоёни ҲНИТ,ки дар Тоҷикистон дафн карда шудаанд, бояд манзилҳояшон дигар карда шавад. Яъне бояд аз қабрҳо берун оварда ба ҷойҳои дигар, ки махфӣ бошанд, гуронидан даркор. Ин як намуд пешгирӣ аз он аст ки тарафдорони ҲНИТ дар оянда он қабрҳоро макони қадрдонӣ накунанд ва умуман ному нишони Нурӣ ва дигар ҳамаслаконашро аз таърих кур кардан лозим”.
Бо Муҳаммадикболи Садриддин бояд дар контакт шуд. Яъне бояд бо Муҳаммадиқболи Садриддин дар алоқа шуда ба ӯ маълумотҳои на он қадар зарурӣ ва дурустро дода, ба боварии ӯ даромадан даркор. Ҳамчунин бояд диду назари онҳоро аз самти маводи мухаддир дур намудан лозим. Чи тавре, ки мегуянд направить по ложному следу.
Бояд нишон дод, ки самтҳои дигар ҳастанд, ки онҳо даромадҳои калон доранд ва онхо дар дасти оила аст.
Нуктаи ассосиро дигар кардан даркор ва тамоми талошҳоро барои дастгир намудани Умари писари Муҳаммадиқболи Садриддин равона кардан даркор.
«ура сағераша қапен, любой информаторша мефуруша Иқбол. Я ду се руз қапен ика токш монен, отаи ҳаромишда занг мезана, дарав мега киян хоино, ки информацияш метан». Ин гапҳои гуфтагии Юсуф Раҳмон аст. Калима ба калима. Дар пеши сардорони Раёсатҳояш гуфтааст.
Хабари дигар ин аст ки Шоҳрух гуфтааст: «На счёти ма тема мекна Иқбол, ки ма алоқа кнмша. Ма да ….. задагийм».
Ҳози аз куҷое Юсуф Раҳмон хабараш расидааст, ки дар ҷои СС Ятимов Мансур Умаровро монданианд, сараш вайрон. Юсуф Раҳмон мехоҳад, ки одами худашро монад. Мехоҳанд қабрҳои мурдаҳои чандсоларо кананду баранд дар ҷойҳои номуайян гур кунанд, ки ҳеҷ кас надонад. Зиндониҳои ҲНИТ-ро бисёр ҳам азоб дода истодаанд. Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки агар нафаре дар ҳамкорӣ бо Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол дастгир шавад ба аҳли оилааш ҷавоб медиҳад.
То ҳол инҳо дар фикранд, ки Шоҳрух бо баъзе кормандони Прокуратураи Генералӣ бар зиди Юсуф Рахмон ба шумо маводҳо равон мекунанд. Ҳоло дар ин чанд рӯзи охир матив ва услубро мехоҳанд иваз кунанд ва ҳуҷум ба Муҳаммадиқболро камтар кунанду ба Муҳиддин Кабирӣ бештар битозанд. Дар ҷаласи ин ҳафта дар рӯзнома чунин буд. Мо бояд Кабириро безарар гардонем бо ҳар роҳу василае бароямон тамом нашавад. Муҳаммадиқбол аз дасташ ҳеҷ чиз намеояд ва дигар роҳбарияти ПМТро иваз кунем кор тамом мешавад.
Фархор
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин.
Аз ман дида бо ҷасорату шуҷоъ касе будааст. Раҳмат ба падару модараш Устоди азиз,ки ин номаро қариб як моҳ мешавад навиштам интизор ва дар фикр будам. Росташ метарисидам вале касе аллакай бо шумо расондааст ва дар Барномаи “Минбари муҳоҷир№ 231 ё 232” буд, шумо гуфтед фаҳмидам ин одам барои гашта вазифаро гирифтан 120 000 сомонӣ доданӣ аст, чунки беҳад золим ҳаст. Аз шумо хоҳиш дорам ин паёми моро то гуши Эмомалӣ Раҳмонов ва мақомдорону мансабдоронаш бирасонед. Мо мардуми Фархор ҷамоъати деҳоти Ватан безор шудем аз ин дузду лошахури заминфуруш бо номи Илҳоми Давлатқувват. Ин одам раиси ҷамоъати деҳоти Ватан мебошад. Мегӯянд ин одам чанд намуд бизнес дорад. Мардуми деҳот аз ин одам безору ҷонбасил шудаанд. Мардуми одиро, ки бачаҳояшон дар муҳоҷират қарор дорад рафта ғам медиҳад ва аз онҳо маблағ меканад. Хато накунам дар Қаратоб ба замин фурӯшӣ машғул буд. Ба чи кори ҳарому фасоде машғул мешавад, ки пинҳонӣ ба навораш мегиранд. Баъд аз раиси ноҳияи Фархор тарсаш медиҳанд. Дағал ҳам шавад, гуфтааст,ки «ма г…дагиям будики ҳарроми раиси Фархора» ва баъди ин зуд ӯро аз вазифа мегиранд. Ба Худо қасам ҳамаи деҳаҳо аз хурсандӣ мепариданд, ки ин ҳаромро аз вазифа гирифтанд. Қариб, ки панҷ ё шаш моҳ баъд обратно гашта дар вазифа монданаш.
Илҳом Қуввата гирифтанд аз раисии ҷамоати Ватан ба ҷояш котиби ҷамоата бо номи Ҷурабека монданд. Ҳеларо бинед Котиб Ҷурабек бошад бачаашро монд ба ҷойи худаш ва боз пас аз панҷ моҳ бештар дубора ба вазифааш барқарор шуд.
Ин дашном кардану аз вазифа гирифтану боз гашта монданаш дурӯғ нест. Валлоҳӣ ин раиси ҷамоати деҳоти Ватан фасодкор аст. Вақте ки ӯро аз вазифа гирифтанд дар ҷамоат туй буд, аку ин Раҳмонов равад ё мурад хурсандии мардум чихел бошад намедонам. Хоҳиш мекунам, устоди азиз, доди мардуми Фархор, ҷамоати деҳоти Ватанро ба масъулини бе тафовуту бе нангу номус бирасон, ки ба мардум беҳад зулм дорад. Аз мардум барои хизмат нарафтан аз як призив 6000 7000 сомонӣ мегиранд. Бо мегуянд, ки агар аз қишлоқ берун биқапанд мо ҳеҷ чиз гуфта наметавонем. Валлоҳӣ ҳар вақте облава сар мешавад, мардумро ғам мегирад ва дар фикр меафтад, ки мабодо хонаи мо наояд.
Ман ҳайронам, ки ин Ҳукумати мо барои чи ин гуна ҳаромхурҳоро, ки руирост ба ришваву фасод даст мезананд ва раиси ноҳияро дашном медиҳанд, боз дар сари вазифа мемонад. Ин гуна одам, ки раиси ноҳияро гардан намедиҳад, баъд аз куҷо дар фикри ободиву оромии мардум бошад. Ин гуна корҳову ингуна ҳолатҳоро мебиниву дилат аз ин ҳукумат хунук нашавад, баъд аз кӣ шавад
Бародари азиз аз пушти ин Илҳоми Қувват чандин одамҳоро подстава карда қариб судашон кунанд. Ҳамаи ҷамоъатҳо мардумаш аз вай норозиянд. Ба мардум муомилаи дуруст надорад. Ҳаррӯз менушад, рӯзе нест,ки нанушад. Ошкоро мегуяд ман одами СС.Ятимов ҳастам ва зуртон намерасад ба ман ҳарчизе нависен манда ягон зарар намерасад. Лучше хап карда гарден, ҳо агар СС.Ятимова гирифтанд баъд зуртон мумкин раса мада. Ҳозираш ма дар Фархор гапзанша задагиям!