Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №244

Ислоҳ нет
Ин навбати нашри «Номаҳо аз ноҳияҳо» бо як номае аз Самарқанди бостони оғоз мешавад. Муаллифи он тамоми умри худро дар Душанбе сипарӣ карда вале ҳоло, ки бознишаста ва 80 сол син дорад тарки Душанбешаҳр кардаву Самарқанд омадааст. Ростӣ, ин матлаб хеле барвақттар ба дасти мо расида буд ва як шикояти калонеро ҳам замима карда ва хоҳиш дошданд, ки нашраш намоем. Аммо мо чунин имконият надорем. Тоифаи ҳоким ва дорудастаи вай дар мақомоти қудратӣ мисли селаи гургон, ки рамаро тохтутоз мекунанд, ҳарчизе ин пирамард заҳмат кашида ба даст овардааст, аз дасташ зада мегиранд ва ӯ ҳатто ба ООН ҳам шикоят мекунад. 
                          Самарқанд 
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман илтимос мекунам, ки ин нишондоди маро бигзор тамоми халқи тоҷике, ки дар дунё ҳаст фаҳманд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чи тавр ба қудрат омадагиҳо пули мардумро аз худ кардаанд. Ҷиноят содир кардагонро ба Додгоҳи байналмиллали кашидан лозим.

Дар соли 1996 аз 10 милион $ ИМА мулк ва маблағ доштам. Ин Ҳукумати хонаводасӯз ҳамаи молу мулкамро аз худ кард. Сини ман ба 80. Ман мехоҳам, ки дар назди қонунҳои Тоҷикистон ҷавоб диҳанд. Аз як саду панҷоҳто (150то) зиёд далел дорам! 

Бо Эҳтиром Салоҳиддинов Амриддин. Аз шаҳри Самарканд, кӯчаи Бадалова, проезд 5, хонаи 22. Бародар Муҳаммадиқбол! Тавсия доданд, ки ба Шумо бинависам. Ман пештар ба тамоми мақомоти Тоҷикистон, ба вазорати дохилӣ, амният, прокуратураи генералӣ, ба Дастгоҳи иҷроияи Президент навштам ва ҳеҷ касе масъалаи маро ҳал накард. Ҳатто ба Дабири кулли СММ Антониу Гуттереш ҳам нома навиштам ва аз ООН ба ман ҷавоб доданд, ки ба дафтари ҳуқуқи башари ин созмон муроҷиат намоям ва ҳоло акнун ин ҳамаро тай намудаму ба «Ислоҳ»и номдор  нома менависам. Хулоса, Прокурори генералии Тоҷикистон қарори рад баровард ва молу мулки маро ғасб карданд. Ман чунин мешуморам,ки инҳо чунон чиноят содир кардаанд, ки ягон давлати дунё накардааст:
 1.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,                                                                     2.  Прокурори Генералӣ ва ҷонишинҳояш, 

                     3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷ. Т дар шахси раиси он Нусратулло  Давлатзода   

                     4.  Муфаттиши Раёсати  тафтиши парвандаи  ҷиноятии махсусан  муҳимми Прокуратураи  генералӣ.  Каримов  Н.О.

Муфатиши Раёсати тафтиши парвандаи ҷиноятии махсусан муҳим, Каримов Н.О. 25 далелро пинҳон ва имзоро сохтакорӣ кард, ҷинояткор  Ҳакимов Ю. Ю. ва шоҳидро пинҳон кард. Дар қарори рад омадааст, ки Мирзоев Толиб дар Афғонистон кору зиндагӣ мекунад, бозпурсӣ кардан имкон надорад. Ин дурӯғ  ошкор  шуд, Мирзоев Толиб ба Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва ба Агентии зидди коррупсияи Тоҷикистон баёнот додааст. 

  Бародар ин мактуби ман ба шумо бисёр ҳам тулонӣ мешавад. Барои ҳамин ман мухтасар мекунам. Гап дар бораи он меравад, ки бо ташкили ғайриқонуни ҶДММ «Империя» Алиев Ҷомӣ,ки соҳиби амволи ҶДММ  «Салоҳ»  Салоҳиддинов Амриддин яъне ман шуд. Хулоса, бо шиносу тағабозӣ ба садҳо ҳазор доллар молу милки маро ғасбу тасарруф намуданд. Ман инҷо аз аризаҳои шикоятиам ба мақомоти гуногун чанд ҷумлаҳоро меоварам, агарчи то ба охир фаҳмонидан шояд натавонам вале бо ин ҷумлаҳо хонандаҳо мефаҳаманд, ки гап дар бораи чӣ меравад ва нусхаи аризаамро пурра ба шумо мефиристам. Вале ҳоло чанд иқтибос аз он:

   Кооперативи “Труд”  аз тарафи Салоҳиддинов Амриддин таҳти № 504 соли 1988, таҳти № 352 соли 1992  ШИТ  “Салоҳ”, Таҳти № 001- 1048 соли 2004  ҶДММ «Салоҳ-М  ва таҳти №  соли 2015  ҶДММ “Салоҳ- М” дар ш. Душанбе, ба қайд гирифта шудааст.    

ҶДММ “Салоҳ-М  дар асоси санади қабули комиссияи Ҳукумати 31.12.1998 сол. арзиши иншоот 57595000 рубл ва аз рӯи ҳисоботҳо 40825500 руб мол ва дигар дастгоҳу таҷҳизотҳо воқеъ дар кӯчаи Южная Обходная 222 дошт. …..

  Бо   мақсади ба даст овардани амволи ШИТ  “Салоҳ”  бо роҳи сохтакории  ҳуҷҷатҳо:     

1.   16.07.1998  ба  КФБТИ ш.Душанбе мактуб тайёр карда ба ҷои директор имзо гузошта, шиносномаи техникии корхонаро дар  кучаи Ю. Обходная  222 гум  шудааст гуфта  ирсол кардааст.    

2.     30.01.1999сол  санад дар бораи аз мувозинати ШИТ “Салоҳ” ба мувозинати ПО “Империя” ҳамчун муассис гузаронидани амволи истеҳсоли воқеъ дар кучаи Ю. Обходная 222 тартиб дода худро директор шуморида имзо гузоштааст. 

 3.    Бо ҳамин мазмун 30.01.1999 сол дар нозироти андози ноҳияи маркази мактуб аз номи директор Салоҳиддинов  А-ро бо имзои  сохтакорона  тайёр  ва  равон кардааст.

  4. 15.04.2000сол шартномаи  таъсиси  ҶДММ “ПО Империя” бо якҷояшавии К Х  “Сомон” бо сармояи 3400000 рубл,  директор Алиев Ҷомӣ, ШИТ “Салоҳ” бо сармояи 3400000 рубл,  директор Ҳакимов Ю. ва шаҳрванд Баротов Рустамро бо сармояи 480000 рубл, нишон додаанд, (ҳол онки ШИТ “Салоҳ”57595571 рубл арзиши корхона бе дастгоҳу таҷҳизот дошт.)

 5.    15.04.2000 с. Бо  истифодаи ҳуҷҷатҳои сохтакорона Оинномааи ҶДММ “ПО Империя”  дар  контораи нотариалии н. Октябр (И    Сомони)  кӯчаи  Айни 116 ба қайд гирифтааст.  

6. 2.02.2001 с. Алиев  Ҷ. Директори генерали ҶДММ  “ПО  Империя” мактуб ба  Ҳукумати  н. Марказӣ барои ба номи ширкати  навтаъсис гузаронидани  амволи  ШИТ  “Салоҳ-М” барои аз коммиссисия  ҳукумати гузаронидани анҷоми сохтмони анбори корхона дар к. Южная Обходная 222 ирсол мекунад…..

Бародари азиз ин ариза   наздики  400 варақ аст ки барои ҳама гуфтаҳоям далелҳо дорам. Ман дар ҳайратам, ки чаро аризаи шикоятии маро холисона ва беғаразона ва тибқи қонун намебинанд? Чаро далелҳои пешниҳоднамударо пинҳон карданд? Масалан чаро  Мирзоев Толибро пинҳон карда гуфтанд, ки ӯ дар  Афғонистон кору зиндагӣ дорад ва у  пурсида нашуд? Ин гуна далелҳо хеле зиёданд.

Сабаби муроҷҷиати мани 80 сола, ки акнун дар Самарқанд ҳастам ҳамин аст ки ҳадди ақал  як бор   аз руи инсоф ба аризаҳои навиштаи ман назар кунанд. Моли мумин хуни мумин мегуянд. Инсоф нисфи тоат аст мегуянд.

Муҳтарам Прокурори генералии Тоҷикистон, ки нав таъин шудед, ин шикоятҳои маро аз шумо расман даъват мекунам, ки аз нав бубинед.Мумкин аст инсофи шумо аз прокурори генералии собиқ каме бештар бошад!

                                          Душанбе 

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатоҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Бародар ман як ҷавони 23 сола аз Душанбе мебошам. Худову ростӣ, дигар намедонам куҷо равам, ба куҷо арз кунам, ҷонам ба лабам омадааст. Ман дар бозор мешинам. Дар бозори Меҳргон. Парадес савдо мекунам. Вале аз дасти ин участковийи бозор , майори милиса тамоман наметавонам кор кунам. Бе ягон сабабу баҳона пул меканад. Мо худамон шароитамон дар хона сахт безеб аст. Дар хона ягон чизи соз намехарему намехурем вале ин мегардад аз қафоят. Ҳаминки халататро бадар кардӣ суратат мегирад ва бояд «ҷошда» 71 сомонӣ барои напушидани халат ҷарима бисупорӣ  «ин мегира у суд рои мекна 1200 сум ҷарима мекна, чанд борай амихели мекна. дига мо киҷо шикоят кнем намедонем. Дастгоҳда ҳамаҷода навистм ҳиҷка ҷавоб надод. И кор ба дигарора ҳичи набоша, и мада праблемаи калонай ака».

Ҳама мардуми бозор аз дасти ин участковий девона шудаанд. Меоя барои риш мебарад ҷарима мекунад, барои халат бошад, ҳарруз аз қафои мардуми бозор мепояд. Ин участковий аз Фархор будааст, тағадор будааст. Чанд ҷо шикоят кардем ягон чи иваз нашуд. Дар ҳамин бозор як беваро чандум зане гирифтааст, он бева ва дугонаҳояш ва хешу таборҳояш ягон нафараш на халат доранд, на налог ва чеки бозор месупоранд,на патент доранд.

Се бор мешавад, ки барои халат сурат мегираду суд мефиристад. Боз дар онҷо кадом шиносе дорад, ки у занг мезанаду мегуяд, «агар наёӣ делата суд рои мекнм».

Ин корҳоро фақат бо ман не, бо садҳо нафари дигар мекунад, садҳо одами бозорро ҳарруз праблема мекунад, садҳо одами праблемадор дорад ин бозор.

 Луқмаи ба азоб кор мекардаи моро ҳамин хел осон кашида мегирад. Ман уро зада натавонам, гапамро нагирад, намедонем чи кораш кунем. Як модари руи ҷогаҳ, касал дорам, ки фақат худам нигоҳубинаш мекунам. Хоҳиш мекунам моро наҷот диҳед аз ин ноадолатӣ.

                                            Ваҳдат

Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол. Мехоҳам кутоҳ дар бораи як мусибате дар шаҳри Ваҳдат ба шумо маълумот расонам.

 Ман як коркуни ҳифзи ҳуқуқ аз вилояти Хатлон, ки аз шаҳри Ваҳдат зан гирифта будам. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ 1993-1994 дар Вахдат кор мекардам. Аз ҳаминҷо зан гирифтам. Хулоса, дар бисёр шаҳру ноҳияҳои Точикистон кор кардам. Мисли шаҳри Ваҳдат ҳукумати бесоҳиб надидам. Ҳар вақте ба Хатлон равам ҳатман ҳангоми гузаштан хусуру хуштоманамро дар Ваҳдат хабар мегирам, баъд мегузарам. Ҳамин иди рамазон бо зану фарзандон хонаи хусурам рафтам. Хусурам бо ман соз гап назад, димоғаш сухтагӣ буд. Пурсидам сабаб чист, оилаам гуфт аз як хонае аз сохтмонҳои нав харида буданд, аммо ду сол боз саргардон наметавонанд, бигиранд. Сабабаш ҳамин. Ман, ки коркуни органам манро низ бадбинӣ мекунанд. Инҳоро фаҳмидан лозим, дар як ҳавлии танг чор келин зиндагӣ мекунанд. Хусурбачаи калониам ҳафт сол боз дар Санкт-Петербург омада наметавонад. Пули бо машаққат кор кардаашро ба ҳамин сохтмон равон кард, боз қарздор ҳам ҳаст. Хусуру хушдоманам аз фикри зиёд касалӣ шуданд. Ман зиёд фикр кардам, ки ба хусурам чи тавр кумак расонам. Рафтам маълумот ҷамъ кардам ва ҳар даре лозим буд куфтам. Фақат дарҳоро аз даромадгоҳи махфӣ. Худат фаҳмидӣ, аз мо каме метарсанд. Ман коркуни КДАМ ҳастам.

  Маълумот: Ширкати ( Кайҳон-сохтмон ) баъд бо номи  ( Зафар-сохтмон ) иваз шуд. Сардораш Ҳаитов Норсафар Ашурович буд, ки худро як сол пеш ба дор овехт. Писаронаш: Норсафарзода Зоир, Норсафарзода Зариф, Норсафарзода Зафар. Зоири писарашро дастгир карданд, ду писараш гурехт. Холмуродова Меҳрангез Муҳаммадшарифовна-ҳозира бухгалтер. Раҳматуллоев Шаҳобиддин Табаралиевич аз Карим Исмоил собик коргари БДА-и шаҳри Ваҳдат. Ин шахс паделники Зоир аст, аммо дар ширкат ҳамчун коркуни одӣ гузашта буд. Ҳамаи мошинҳоро ҳамин Шаҳоб мегуфт Зоир қабул мекард. Ҳоло дар озодӣ аст. Пора дода гаштаст.

 Норсафар пеш аз худкушӣ кардан Сафарова Шоира Боронбоевнаро ваколатдори офис таъин карда буд. Ширкат бошад дар номи писари калониаш Зариф аст. Ҳамаи инҳо дар озодианд.

  Зани дуюми Зоир Норсфарзода гражданини Россия аст дар Санкт-Петербург гаштааст. Қисми пулҳои Зоир дар дасти ҳамин аст, гирифта гурехт бо фармони Зоир. Зоир дар баъзе манотиқи Душанбе хона дорад. Дар сеюм базаи Душанбе ҳавлӣ доранд. Зоир ба суду прокурору милисаҳо, ки делоашро мебинанд пора дода гаштааст. Дар СИЗО бошад кормандони онҷоро хуронда истодааст. Сохтмони хона дар Ваҳдат дар гардиши Мелкомбинат як блок 14-ошёна тайёр аст. Як катлавани дигар кандагӣ аст.

 Ин Шоира ҳам як машеницаи дигар аст. Ин одаме, ки ман бовар карда наздаш рафтам, маслиҳат дод, ки агар раиси шаҳри Ваҳдат, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, се коргари кумитаи замин, ШКД-и Вахдат ақл дошта бошанд, роҳашро ёфта дар як сол ба мардум хона месозанд, албатта, бо ҳамроҳии Зоир. Ин запсҳо ва делоҳо дар архив мемонанд. Рузе мешавад, ки ҳамаи инҳо зиндон мешаванд.

 Дар таҷрибаи кориам бисёр дидам.

 Бародари домулло! Ҳамаи коркунони орган баромадҳои туро озод гуш мекунанд, аз телевизиони Сафина дида мардум туро зиёд тамошо мекунанд.

  Ин делоро ШКД-и шаҳри Ваҳдат гирифта як сол ҷабрдидаҳоро фиреб кард, ки хулосаи экспертиза барояд, шуморо фарёд мекунем. Ҷабрдидаҳо хостанд видео ба радиои Озодӣ кунанд аммо ҳукумати Ваҳдат ва ШКД-и он ба онҳо таҳдид карданд. Инчунин ҳукумати шаҳри Ваҳдат ваъда кард экспертиза ҳал шавад ба ҳамаатон хона месозад. Аммо суд беҷабрдидаҳо дар Душанбе гузашт. Зоирро даҳ (10) сол доданд. Ҷабрдидаҳо хабар надоранд. Ҳозир ҳам

экспертизаро интизоранд.

  Ҳозир дар Тоҷикистон муд шудааст, ки ҳамаи судҳо паси дарҳои баста мегузарад. Ҳозир деларо боз РВКД-и Душанбе гирифтааст. Ин бадбахти Зоир як хонаро бар чор нафар фурухтааст. Пулҳоро пинҳон карда ба суду прокурору милисаҳо дода гаштааст.

  Ба як одами калон муроҷиат кардам. Се ҳафта пас фарёд карда гуфт: «ман бо дела шинос шудам, агар суд шафоф гузарад, раиси шаҳри Ваҳдат, муовини раис, се коргари кумитаи замин, шаш нафари ШКД-и  Ваҳдат суд мешаванд.

  Як блок сохта шудааст 14 – ошёна, дуюм блок катлаванаш кандагиаст, то ҳол иҷозатномаи сохтмон надорад. Ҳол он, ки дар хонаи худат як дарахтро бурӣ аз ҳамаи мақомот пушти даратро мегиранд.

  Дар як маърака як муллои хондагиро дидам, шиноси наздик буд. Ҳодисаро нақл кардам гуфт падараш то рузи киёмат ба хамин дор каши азоб медиханд. Писараш мунофиқ, ҳаромхур, ҳақи мардум хурдааст. Агар мардум набахшад, дар дузах як умр месузад. Аз ҳама роҳи ҳаллаш Зоирро фаҳмондан лозим, ки аз Худо тарсад, пули мардумро гардонад. Шумо ҳам ягон насиҳат кунед, шояд ягон кас ба Зоир Норсафарзода мерасонад.

 Статяи ин 247, қисми 4 машеники. Барои суду прокурору милисаҳо, ки қуш буданд, ҳатто дар зиндон ҳам кормандони зиндон, албатта то пулаш тамом шудан руруи даст мекунанд. Хулоса, домуллои азиз Муҳаммадиқбол вазъу ҳолат ҳамин тавр аст. Ман аз таҷрубае,ки дорам медонам «Ислоҳ» ончунон маълумотҳои дақиқе нашр мекунад,ки ҳатто прокуратураҳо аз рйи нишондод ва маълумотҳои нашр намудаи шумо амал мекунанд ва онҳое бо пул корҳояшонро қабл аз нашри номаҳо ҳал карда ҳам дигар роҳ надоранд. Чун ҳатман пас аз нашри мақола ва навор ночоранд делои бастаро дубора бубинанд. Умед дорам савоби хело аз ҷабрдидаҳоро мегиред!

                                                 Кулоб

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Чун ҳар як тоҷики бонангу бономус дили ман ҳам барои мардумам месузад. Мардуми мо дар ҳолу вазъи бадтарин қарор дорад. ЧункиҲукумат дар дасти як оила ва як авлод қарор дорад. Тамоми имконот ва зарфиятҳои иқтисодӣ, корхонаҳои калон, ба мисли конҳо, аз ҷумла конҳои истихроҷи тилло мис, ангишт ё дар дасти яке аз аъзои оила ва ё ба дасти шарикони ҳамин оилаанд ва ё бо ин оила муштарак кор мекунанд, яъне ҳатман бо иштироки яке аз аъзои хонавода.

Тамоми тиҷоратҳои бузург, маводди сухт, орду шакар, равған, алюминий ва пахта ҳатмани ҳатман дар дасти Раҳмонов ва ё яке аз аъзои оилаи вай аст. Бозорҳои бузурги Тоҷикистон дар Душанбе, дар Қурғонтеппа ва дар Хуҷанд аз они оилаи Раҳмонов аст. Тиҷорати сангҳои қиматбаҳои Бадахшонро ҳам таҳти контрол гирифтаанд. Танҳо роҳи миёни шимол ва маркази кишвар Душанбе-Хуҷанд пулакӣ шуда ва манфиатбари он яке аз духтар ва домодҳои Раҳмонов аст. Низоми молиявии Тоҷикистон, бонкҳои он аз ҷумла Ориёнбонк, Тавҳидбонк, Бонки байналмилалии Тоҷикистон, Коммерсбонк, Душанбе –сити, Спитаменбонк аз они домоду бачаҳои Раҳмонов аст.

Тамоми вазоратхонаҳои қудратӣ, Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулл дар дасти ҳаммаҳал ва хешу таборҳои Раҳмонов аст.

 Муносибати Раҳмонов махсусан бо дини ислом бисёр тоқатфарсо аст. Тамоми озодиҳои динӣ салб карда шудааст. Ҳиҷ гуна омузишу таълими динӣ иҷозат нест. Масоҷид таҳти контроли амният аст, то ҷое, ки мавъизаи имомхатибҳо аз тарафи Кумитаи дин навишта мешавад ва мавзуъи суҳбати имомхатибҳо фақат аз Пешвои муаззам, аз Раҳмонов аст.

Ягон мадраса ва мактаби динӣ вуҷуд надорад. То 18 сола ҳақи иштирок дар масҷид надорад. То ҳаждаҳсола ҳақи гирифтани таълими динӣ надорад. Ягон кудак ҳатто ҳақи гирифтани таълими динӣ дар назди волидон надорад.

Раҳмонов дар симои ислом ва исломиҳо бузургтарин душмани худро мебинад. Вай аз ислом ва муллову руҳонӣ мутанаффир аст.

Миллионҳо тоҷик дар Русия ва Қазоқистон ва аз соли 2015 дар саросари дунё дар ҷустуҷуи ризқу рузӣ парокандаанд.

Ҳукумат, парлумон, додгоҳ, додситонӣ амалан дар дасти худи Раҳмонов аст.

 Раҳмонов соли 1992 бо кудетои парлумонӣ ва бо кумаки артиши Русия ва Узбакистон қудратро гирифт ва мухолифини сиёсӣ аз ҷумла муллоҳову руҳоният ва ҳизби исломиро хоин ва душман эълон кард. Ин душмансозии муллову руҳоният то ҳоло идома дорад. Ҳазорон нафар бо иттиҳоми салафӣ, доишиву таҳрирӣ ихвонӣ дар зиндонҳоанд. Чандин муллову шахсиятҳои машҳури динӣ дар зиндон кушта шуданд. Дар Тоҷикистон ҷойи корӣ тақрибан вуҷуд надорад. Заминҳои кишт дар ҷануби Тоҷикистон умдатан дар дасти наздикони Раҳмонов аст. Аҳолии Тоҷикистон хонахез ба самти Русия ҳиҷрат карда истодааст. Теъдоди муҳоҷирони тоҷик аз 2 то 3 миллион аст. Соли 2022 5уним миллирад ва солҳои баъд аз он ки рақамҳо пинҳон дошта мешавнад беш аз ин муҳоҷирон ба ватан пул мефиристанд. Аммо Раҳмонов шикори шахсиятҳо ва нафроани мухолиф бо ин режимро дар тамоми дунё тавассути Интерпол таҳти пайгард қарор додааст. Масалан роҳбари Гуруҳи 24-ро дар Туркия дар соли 2015 кушт.

Руҳияи мардум сахт зидди ҳукумати Раҳмонов аст. Чунки Раҳмонов нафас кашидан намемонад. Тарси ҷанги шаҳрвандӣ ҳам дигар пеши роҳи инқилобу эътирозҳоро гирифта наметавонад. Чунки зулму истибдод болои мардум беҳад зиёд аст. Мардум имсол 7 моҳ азоби бесветӣ кашид..

 Раҳмонов ва режими вай мавриди танаффури ҷомеа қарор дорад. Руҳияи зиди Раҳмонов ва зидди оилаи вай беш аз пеш боло рафта истодааст.

Ангеза ва омили асосӣ, ки мардумро муқобили Раҳмонов басиҷ ва муттаҳид мекунад ҳамоно динӣ аст. Новобаста аз фишору тазъиқҳо мардум ба майдон мерезанд ва аз онҳое, ки қасди нагун карани Раҳмоновро доранд истиқбол мекунанд.

 Раҳмонов сивусесол аст ки дар қудрат аст. Вай писарашро нафари дуввум ва духтарашро роҳбари иҷроии ҳукумат таъин кардааст. Як духтараш сафири Тоҷикистон дар Британия аст. Домодҳояш ҳамагӣ дар мақомоти давлатинд. Масалан як домодаш сафир дар Иморати муттаҳидаи Араб аст. Духтараш сафир дар Британияи кабир.

Дар баробари ҳамаи ин нархи свет баланд, нархи маводди сухт баланд, нархи билети самолет баланд. Мардуми тоҷик амалан ҷойи кораш дар Русия аст. Аз онҷо истода хонаводаашро таъмин мекунад. Аммо ҳукумат барои онҳо, ки дар Русия ҳастанд ягон кумак он тараф истад, сабукӣ он тараф истад, душворӣ меоаврад. Онҳоро маҷбур мекунад, ки барои ин ё он сохтмон пул фиристанд.

 Мо дар Русия ба ҳоли худамон гирифтор. Барои напардохтан ё дертар пардохтан ё нодуруст гузаштани пешеход пеш мекунанд, бо ҳамин гуна баҳонаҳои ночиз. Аммо Раҳмонов дамаш ба дарун задагӣ, хап гаштаст.

Беш аз1000 касро русҳо ба ҷанги Украина бурданд. Даҳҳо нафари онҳо кушта шудааст. Раҳмонов дам.

Баракс Раҳмонов русҳоро кумак мекунад, моро террорист эълон мекунад, экстрадитсия мекунад, розиск эълон мекунад,коре мекунад, ки зиндагӣ барои мо мардуми бечораву овораи тоҷик мушкил шавад.Танзим мегуяду пул меканад облава мегуяду пул меканад.

 Дар ҳақиқат Раҳмонов ҳамаи моро задагӣ аст. Барои Раҳмонов по..й, ки мо мемурем мезиҳем. Ҳамин руз корашро кунад, боз пагоҳ як қонуни дигар мебарораду ҳамаро обратно ба ҳолати солҳои пеш мегардонад ва шумо маҷбуред, ки дар ҷойҳои обӣ, ки хона карда будед, ғайриқонунӣ гуфта хонаатонро чапа мекунад.

Ин чи ҳукумате аст, ки мо дорем?

Акнун барои барқ бурда мешинонад. Барои лайк шинонд, барои хонадни Ҳафтяку Чоркитобу Қуръон бурд шинонд, барои ришу ҳиҷоб бурд шинонд, салафиву наҳзативу таҳририву доишиву ихвониву шиаву ансоруллоҳӣ гуфт бурд шинонд. Мо аз гушаҳои дунё дурдасти дунё пул харҷ карда-даҳҳо ҳазор доллар барои як нафар, гирифта оварда зиндон карда истодаст.

 Бубинед, ки дар шаҳр чи кор карда истодаанд?

Маршрутка буд, тангем шуд, автобус буд, Акиа овард, таксиҳоро бардошт  ва ҳоло акнун ба баҳонаи номери сабз ҳама таксиҳоро берун карда истодаст. Ҳатто ҳамин пули таксӣ ба назараш метобад. Бозорҳоро шикастанду гирифтанд. На Путовский монд, на Зеленний монд, на Султони Кабир монд, ҳамаро гирифтанд. Фермаҳоро шикастанду гирифтанд, тиҷоратҳоро гирифтанд.

Пурсиданиам, ки тоҷик гуфтани халқ, тоҷик гуфтани миллат куҷо шуд?  Тоҷик ҳамин аст? Мурду монд? Оё ё ягон шердилу шерҷигару бонангу номусе мондааст?

Ё ба гуфти Давлат Сафар онҳо дигар тоҷикҳоро саворӣ масалан уштур, улоғ, хинг ё арусу бева карда мегарданд?

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман гуфтаниам, ки барои ин мардум дар ҳақиқат як лидер ва роҳбаре ва як қуввае даркор аст ки онҳоро ба пеш бибарад. То худи мардум Раҳмоновро чаппа накунанд, касе мардум ва миллати моро кумак намекунад ва вазъиятамон аз ин дида бадтар мешавад.

Share This Article