Ҳеҷ бовар надоранд, ки рӯзе мешавад, ки тамоми сиру пиёзашон бармало мешавад ва русияҳу шармандаи ҳарду олам мегарданд. Манзурамро фаҳмидед. Аз ин қавми яъҷуҷу маъҷуҷ мегӯям, ки гумон мекунанд, ҳар номаъқулӣ ва ҳар ғалате мекунанд, касе кор намегирад.Барои мисол ба Раҳмонов сарнавишти Назарбоев, ба Озодаву Рухшона сарнавишту рузи сиёҳи Гулнораи духтари Ислом Каримов ва Дариғаи духтари Назарбоев сабақ нашуду намешавад.Ҳоло,нашри ин барномаро бо номае шуруъ мекунем,ки рафиқ набераи Эмомтапак фиристодааст.Ҳануз,ки дар қудратанд,аз корҳои пасипардаии онҳо мегуянд:
Данғара
Салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман ҳамин тавр худамро муаррифӣ мекунам:рафиқи набераи пешво. Дар Данғара таҳсил кардаам. Шоҳиди чанд ҳодиса ҳастам. Ман дар ҳақиқат рафиқи деринаи набераи президентам.
Он солҳо Маҳмадулло Сайдалиев раиси Данғара буд. Рӯзе, ки Маҳмадулло Сайдалиев аз вазифа барканор шуд, он рӯз чунин ҳодиса рух дода буд. Онҷо мардуми зиёд ҳузур доштанд.
Президент ба Данғара омад бо мошини одии Ваз-99. Дар кучаи Садбарг, ҳозира медгородок бемористони нав бунёд мекарданд. Президент дид, ки дар онҷо касе кор накарда истодааст, як экскаватор ҳасту халос .
Дарҳол ба Маҳмадулло Сайдалиев занг зада мегуяд ”кор дар балнитса чи хел”? МаҳмадуллоСайидалиев ҷавоб медиҳад “кор дар сатҳи олӣ Ҷаноби олӣ. Ман худам алҳол дар болои сари онҳо, кор рафта истодааст”. Президент мегуяд “ман дар ҳаминҷо, ягон кас нест, ягон кор ҳам пеш нарафта истодааст ин чигуна кор аст”? Маҳмадулло Сайдалиев, ки хонааш дар назди ҳамон беморхона буд, зуд давида -давида бо таҳпуш ва дар по сланси ба назди беморхона омад. Ман дар онҷо шоҳиди ин ҳодиса будам.
Ва ҳамон соат Маҳмадулло Сайдалиев аз вазифа барканор шуд ва мо пай бурдем, ки ронандаи ҳамин Ваз 99 президент будааст ва онро чандин касони дигар низ диданд.
Дар бораи Амриддин, раиси пешини кони тиллои Шугнов мегуям.
Ин ҳаромзод бисёр духтарбоз мебошад. Ман бо наздикони вай ҳамсуҳбат ҳастам, онҳо мегуфтанд вай ҳофиза, раққоса ва сабукпоҳоро зино намекунад, факат бокираҳоро- номуси духтарҳоро мегирад ва ҳама вақт бо духтарони аз 12 то 16 сола ин амалро мекунад. Ҳангоме,ки дусти ман замини пахта дошт, ман ба вай дар додани маблағ ва ҳисобу китоб ёрӣ медодам. Шахсан шоҳиди 13 -14 нафар аз ин духтарон шуда будам, ки онҳо худ мегуфтанд, моро ҳамон нодухтар кардааст. Аксари онҳо узбекдухтарҳо буданд. Аз Қавралӣ, Ҷартепа ва фермаҳои 1, 2 ва 3
Дар бораи Рустам ҳам чанд ҳодисаҳоро медонам. Инро бигуям, ки Шералӣ Мирзо дар мавриди бархе аз ин ҳодисаҳо сабту далел дорад. Шералӣ аз президент сар карда то фарзандону наберагону домодхояш чизҳое дорад бо далел. Ман номи духтар ва падарашро ҳам медонистам аммо аз ёдам баровардам аммо ходисаро пурра медонам,ки чи гузаштааст.
Дар донишгоҳи ба номи Садриддин Айнӣ дар факултаи рӯзноманигорӣ духтаре аз Балҷувон таҳсил мекард, ки бенихоят зебо буд. Он духтар дар кадом барномаи телевизони Сафина баромад кардааст. Баъзе аз дустони Рустам ба вай дар бораи он духтар мегуянд. Рустам фармон медиҳад, ки ӯро ба наздаш биёранд. Навкарони Рустам он духтарро пайдо карда таклиф менамоянд, ки назди Рустам биравад. Духтар розӣ намешавад. Аз байн чанд моҳ мегузарад. Духтар аллакай дар телевизони Сафина ба кор медарояд ва ин охирон соли таҳсили вай буд. Ва ниҳоятан Рустам фармон медиҳад, ки гуед ман даъват дорам ва агар наояд, ба зур биёред. Мераванд ба суроғи духтар. Духтар бе зурӣ худ розӣ мешавад ва ба назди Рустам меояд. Рустам духтарии вайро мегирад. Ва ба духтар кафолат дар касбу кор ва маблағи калон медиҳад. Духтар аруси Рустам мешавад. Дар охири соли таҳсил вазъи духтар бад шудан мегирад ва гоҳо дар дохили аудитория ҳам ҳолаташ тағйир меёбад. Духтар мефаҳмад, ки дар қадаш бача пайдо шудааст. Аз ҳомилагии духтар ҳамкурсаш пай мебарад. Духтар назди Рустам омада изҳор мекунад, ки ҳомила шудаам. Рустам ба навкаронаш дастур медиҳад, ки инро бурда кушед ва гур намоед. Ин ҳама ҳодиса зери назари Шералӣ Мирзо рух медиҳад ва онҳоро таъқиб ва сабт мекунанд. Духтарро тарафи Варзоб бурда аввал он 2 навкар хуб зино мекунанд, баъдан кушта онро гур мекунанд.
Ман аз дигар ноҳияи Тоҷикистонам ва дар Данғара дар мактаби президентӣ таҳсил намудаам. Дар онҷо бо набераи Ҷаноб шинос шудам.
Бахшиш шахсияти худ ва набераи президентро ошкор намекунам. Феълан дар хориҷаам. Шабҳо кор мекунам. Ман бисёр ҳаводисро бо чашми худ дидаам ва дар фурсатҳои бекориям ҳатман ба “Ислоҳ” менависам
Ва инро ҳам нашр намоед, дар бораи Амриддин, хусурбачаи президент, ки вай вақти сайру гашт дар кучаҳои Данғара оинаи мошин паст карда ҳамавақт дар даст беломор дорад. Инро ҳама медонанд ва мебинанд. Даруни папироси беломор чи дорад, дигар ба ҳамагон маълум.
Тоҷикобод
Салом бародари мубориз ва ҳақиқатгуи мо Муҳаммадиқболи Садриддин!
Аз Тоҷикобод ҳикоят мекунам.
Дар санаи 13. 10. 2023 дар намози ҷумъа сархатиби маркази ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадалӣ Рустамзода аз тухмшапӣ ба пешвояшон хело суҳбат кард. Гуфт ин чи шармандагист, ки пешвои милатро ба тухм заданд. Хело дар бораи ин ҳодиса суҳбат кард.
Аксарияти мардум намедонистанд, агар ҳам шунида буданд, бовар намекарданд, ки ҷанобро ба тухм задаанд. Инаш -инашро мегуфту механдид. Хурсанд буданд, ки пешвои худхонда ҷазояшро гирифтааст ва хурсанд буданд, ки мухолфин зиндаанду мубориза мебаранд.
Сархатиб арз кард, ки ин худаш чи гап аст ки 60 -90 % мардуми тамошобини тухм аз водии Қаротегин, ноҳияи Рашту Тоҷикобод буда аст.«Ватанамон тенҷ -тенҷ шинед, онҳо (мухолифон) наҳзатиё ҳамашон дар дил кина доранд, ватанамонро ноором мекунанд».
Ин сархатиб аз тарс бошад, ё аз чоплусиаш дар ҳар намози ҷумъа дар ҳақи Раҳмонов даста ҷамъона дуо мекунад. Халқи мазлум аз тарс дастҳоро баланд намекунад ва бо худ мегуянд «худоё ин золими Раҳмонови душмани дини исломро аз сари қудрат дур бисоз ва шахсҳоеро ба сари давлатамон биёр,ки худо тарс ва пайрави аҳли сунат ва ҷамоъат бошанд, дар фикри ободиву озодии халқ бошанд на дар фикри оилаи худ.”
Сархатиб мегуяд фарзандҳоро насиҳат кунед, ки дар муҳоҷират тинҷ шинанд.
Э, халқи тоҷик, мо тоҷикободиҳо аз Раҳмонов безор шудаем, бас будагист. Раҳмонов водии Қаротегин, алалхусус ноҳияи Тоҷикободро хело ва хело шум мебинад. Инро ҳама медонанд ва фаҳмидааст.
Ислоҳ.тв-ро ҳама тамошо мекунанд. Вале шахс шахси дигаро метарсад гуяд, ки ман тамошо мекунам. Барои он ки бузҳои амниятӣ хело зиёданд. Амнияти ноҳияи Тоҷикобод ба мардум зулм мекунад, алалхусус ба муллоҳо. Ягон кас аз тарси амният садо баланд намекунад. Кадоме риш дорад, ба он шахс проблема мекунанд. 13.10.2023 намози ҷумъаро хонда тамом кардем. Масҷид як баромадгоҳ дорад. Дар пеши дарвоза амният аз ду тараф истода кадоме, ки риш дошт қапида сурат гирифтанд, ба гуфте огоҳӣ доданд, ки ришатонро тарошед.
Ман худ шоҳид будам, ки дар як деҳа амният ва военкомат омаданд барои сарбозгирӣ. Ҳамаи одамоне, ки писари синни аскарӣ доштанд, даъват карданд. Баъд аз зуҳр буд. Соатҳои 2 – 3 маҷлисро оғоз карданд. Вақти намози аср шуд. Ягон касро намонданд аз чойхона ба масҷид раваду асро хонанд. Чанд муйсафед рафтану намози асро хонданд. Намози шом шуд, касе ба масҷид меомад, амният фарёд мекарду чойхона медаровард. Вақти намози шом шуд, ҳеҷ касро намемонанд аз чойхона берун барояд. Як муаллим он руз намозхонӣ меояд, мебинад, ки ҳеҷ кас азон намедиҳад, чунки муаззин дар чойхона руст буд. Ин муаллим намедонад, ки дар чойхона чи гап рафта истодааст. Мераваду аз он медиҳад, тамом мекунад. Амният фарёдаш мекунад, ту киро пурсидӣ, азон гуфтӣ, ту муаззинӣ, ту террористӣ, моро намебинӣ, ё кур ҳастӣ. Муаллим мегуяд, не ман муаллим. Амният девона мешавад. Мегуяд ному фамилиятро бигу, ман ҷарастатро мебарорам. “Охир, ман чи гуноҳ кардам? Муаззин набуд, азон гуфтам, то намози шомро хонем» мегуяд. Амният дастур медиҳад ба муаллим: «зуд ба чойхона даро»
Муаллим хуб мегуяд ва меравад ба масҷид қомат мекунад. Имом нест, ки пеш дарояд намозро хонем. Имом аз тарс худашро он руз касал меандозад ва ба масҷид намеояд, ҳеҷ кас пеш намедарояд. Боз муаллим пеш даромада намозро мехонад. Шукри худо, амният муаллимро фаромуш мекунад. Муаллим аз амният ҷонаш халос шуд. Мардум аз амнияти Тоҷикобод хело сахт тарсон шудааст. Хело мардуми зиёд ба хондани намози шом омада буданд. Аз дурӣ нигоҳ мекарданд, ки амният дар пеши масҷид истода аст, намеомаданд намозхонӣ. Охир ин вазъият дар Исроил ҳаст? Шумо баъзеҳо Исроил Фаластин мегуед якбор Тоҷикобод биёед ва бубинед мо дар кадом ҳолат зиндагони дорем ? Ин шо Аллоҳ рӯзе мерасаду мо озодиро мебинем.
Дар охир хитоби ман ба мардуми ноҳияи Тоҷикобод! Хап наистед. 90% медонед, ки мақомоти Тоҷикобод зулм мекунанд. Сокит нашинед, нависед ба Ислоҳ.
(ҷавонони Тоҷикобод хело бо Ислоҳ иртиботи хуб доранд ва алҳамдулиллоҳ хуб бедор шуда истодаанд.Ислоҳ)
Душанбе
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Баъди нашри мактуби як соҳибкори пудратчӣ дар бораи роҳбари муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоихаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» Воҳидова Умеда Сафаровна (Воҳидзода Умеда Сафарӣ) як пудратчии дигар бо мо тамос гирифт ва гуфт тамоми асноди зикршуда дар мактуб воқеъият дорад ва чанд иттилоъи дигаре дар бораи ин хонум ироа кард. Ӯ ҳамчунин гуфт кадом нафари қудратманди ҳукумат пуштибони ӯст.
Дар мактубе, ки нашр кардем, гуфта мешуд Умеда Воҳидова аз пудратчиҳо барои ғолиб омадан дар тендерҳои сохтмони мактабҳо ришваҳои ҳангуфт мегирад. Барои мисол агар маблағи умумии сохтмони мактаб ба 2 000 000 доллари ИМА баробар бошад, Воҳидова Умеда пеш аз иштирок дар тендер 3 то 5% аз маблағи умумӣ (60 то 100 ҳазор) доллари ИМА, 10 % баъди оғози корҳои сохтмонӣ аз иҷроиши корҳои сохтмонӣ (200 000) доллари ИМА ришва меситонад. Ва ин ҳамаи ришваҳое нест, ки ӯву ёрдамчиҳояш аз пудратчӣ мегиранд. Маълумоти бештарро дар ин бора метавонед дар мақолаи қаблӣ таҳти унвони “$420 000 пора аз сохтмони як мактаб. Ё “бизнес”-и “Умедаи даҳфоиза” пайдо кунед.
Пудратчии дуввум гуфт Воҳидова Умеда бидуни ҳеҷ истиҳолае мегӯяд, ки пуштибононаш раҳбари Дастгоҳи Иҷроияи раисҷумҳур Озода Раҳмон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ҳастанд.
“Акси Озода Раҳмон ҳамроҳи падараш дар рӯи мизи кории Умеда гузошта шудааст. Мегӯяд, ки Озода апаам аст, дар ҳама кор маро пуштибонӣ мекунад”.
Ӯ ҳамчунин гуфт дар тӯйе, ки Воҳидова Умеда баргузор кард, худи Саймумин Ятимов ҳузур дошт ва дар як ҳуҷраи алоҳидаи тарабхона бо чанд баландмақоми дигар менишаст. Бо дастури СС. Ятимов Шабнами Сурайё ба тӯй оварда шуд ва чанд суруд ҳам онҷо хонд.
Ин манбаъ гуфт роҳбари Муассисаи давлатии Маркази татбики лоихаи «Сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо» Умеда Воҳидова духтари Воҳид Сафар, як комунисти собиқадор ва соҳибвазн мебошад. Ба гуфтаи ӯ Воҳид Сафар устоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буда, духтараш Умеда бо амри мустақими раисҷумҳур ба ин вазифа таъин карда шудааст.
Манбаъ молики амволи зиёди манқул ва ғайриманқул будани Умеда Воҳидоваро тасдиқ кард ва гуфт, ки хонаи асосии ӯ дар маркази шаҳри Данғара қарор дорад.
Дар аксҳое, ки ин манбаъ ирсол кард, дида мешавад, ки Умеда Воҳидова чанд мошин дорад ва воқеъан дӯстдори гирифтани тӯҳфаҳои гаронарзиш мебошад.
Ин пудратчӣ низ гуфт маблағи ҳангуфтеро барои сохтмони як мактаб ба Воҳидова Умеда ришва додааст ва зимни сохтмони мактаб он қадар аз ҷониби ӯ ғорат шудааст, ки баъди анҷоми сохтмон муфлис ва ҳатто аз Воҳидова Умеда боз қарздор боқӣ мондааст.
Садҳо деҳаи кишвар мактаб надорад. Кӯдакон дар вагон, хонаи сокинон, вайронаҳо ва ҳатто оғил дарс мехонанд. Дар буҷа барои сохтмони мактаб пул нест ва соҳибкоронро маҷбур ба сохтани онҳо мекунанд. Эмомалӣ Раҳмонов бо гардани каҷ ба Арабистони Саудӣ меравад, то шайхҳои араб барои мо мактаб созанд. Солона миллионҳо доллар аз волидон барои таъмири мактабҳо пул ҷамъ мекунанд.
Ва дар ҳамин ҳол, раҳбари як муассисаи хурди давлатӣ аз сохтмони як мактаб то 400 ҳазор доллар ришва меситонад. Як мактаб! Духтари яке аз устодони Эмомалӣ Раҳмонов. Акнун тасаввур кунед, ки духтарони худи ӯ, домоду ҷияну хусурбачаҳояш чӣ қадар пули мардумро медузданду ғорат мекунанд!
Нуробод
Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол!
Ман зодаи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод ҳастам. Дар дараи Ҳакимӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаи амният ва милиса бо роҳбарии раиси ҷамоат Табаров Муминшо мардумро азобу шиканҷа карда истодаанд. Барои он ки фарзандҳояшон дар муҳоҷирати корӣ ва аз Тоҷикистон берунанд. Мардумро фишор оварда истоданд, ки фарзандонашонро даъват кунанд, ки биёянду хидмати аскарӣ раванд. Мардуми ин деҳотро барои фарзандҳояшон таҳти азобу шиканҷа гирифтаанд.
Зиндагии мардум дар ватан пеш намеравад, фарзандони мардум аз руи ночорӣ мардикорӣ мераванду муҳоҷир мешаванд, то кор кунанду волидонашонро гуруснаву ташна намонанд. Аммо ин лаънатиҳо бошанд халқи бечораро ба азоб гирифтор кардаанд. Падару модаронро ба кумитаи амният бурда маҳкам намуда, то фарзандат аз Русия наояду ба хизмат наравад озод намешавӣ, гуфта таҳдид карда истодаанд.
Ҳатто пирамардҳоро бурда маҳкам карда дохили кумитаи амниятро маҷбур мекунанд, пол ва ташнобҳояшро тоза кунанд. Онҳоро лату куб намуданд.
Чанд кас аз онҷо баромада баъд аз муддате ҷон ба ҳақ супорид. Ин амалашон чандин сол аст идома дорад.
Мардум бошад аз дасти ин лаънатиҳо гуреза шудааст. Халқи бечораро азоб дода истодаанд ва ин халқ намедонад чи кор кунад, ба куҷо арзу шикоят мекунанд арзу шикояташон беҷавоб аст ва раиси ҷамоати деҳаи Ҳакимӣ Табаров Муминшо мегуяд: «ман ин вазифаро бо арзиши 100 ҳазор сомонӣ харидаам ва инро бояд баргардонам».
3 сол аст ин гапро такрор менамояд. Деҳаи Ҳакимиро барои неругоҳи Роғун мекучонанд ба заминҳои ноҳияи Файзобод мебаранд. Раиси ҷамоат ҳамроҳи сардори кумитаи замин маслиҳат намуда ба хешу табори худашон замин дода ба мардуми камбағал, ки дар як хона 4 -5 оила зиндагӣ мекунад ва мувофиқи қонун ҳар кадоми онро бояд соҳиби замин намоянд, ба эътибор намегирад. Заминҳоро бошад бо ҳамроҳи кумитаи замин фурухта истодааст. Ва зинокориву айшу ишрат карда халқи бечораро дар азоб мондааст.
Аз вақте Табаров Муминшо раиси ҷамоат шудааст, дар ин ҷамоат не мактаб ва не ягон роҳ обод нашудааст. Бигзор ҳама донанд, ки ин раиси ҷамоат бисёр ҳам бесавод аст.
Табаров Муминшо агар ҳаромро бинад, дигар ба вай ҳеҷ чиз даркор нест. Аз дасти вай на як фарди мусалмон туй карда метавонаду на ягон хайре. Агар туй карданӣ шавӣ аввал ӯро рафта даъват карда меориву баъдан туй мекунӣ. Агар даъват накардӣ, як буз дорад, Сафаров Ҷумъабой, ки раиси танзим аст. Бисёр саги бо вафо аст, барои ин раиси гушначашм. Ҳардуи ин маслиҳат карда шаҳрвандони бечораи камбағалро дар прокурори ноҳия сиёҳ мекунанд, то ки ба онҳо аҳсан гуянду ифтихорнома диҳанд. Барои як ифтихорномаи дусомонаро гирифтан чи корҳое, ки намекунанд, то раиси ноҳия ин Табаров Муминшои лаънаткардаи Аллоҳро аҳсан гуяду аз вазифа хориҷаш накунад. Агар бовар кунед, барои дар вазифа мондан ҳар коре, ки гуянд, розӣ мешавад.
На камтар аз даҳ деҳаи ҷамоат бояд, ки ба ноҳияи Файзобод кучонида шавад, чунки зери оби ҳавзи Роғун мемонанд.
Давлат вазифадор ҳаст, ки ҳар як оилаи деҳаро ба замин таъмин кунад. Масалан дар хонаводаҳое, ки ду ё се бачаи зандор ё беваҳои аз шавҳар ҷудошуда доранд, ин гурсухтаҳо муваззафанд ба онҳо замин ҷудо карда диҳанд. Лекин гуё аз ҳисоби худаш ба мардум замин ҷудо мекунад, гапи Табаров Муминшо ин аст «ҳазор доллар метиед ман як бало карда ба шумо замин ҷудо карда метиям, пул надорӣ замин нест. Ман ин вазифаро харидаам, ман бояд, ки суми додагиямро кор кунам». Аммо барои хешу табори худаш замин фаровон аст. Кори вай фақат заминфурушиву порахуриву бевабозиву шаробнушӣ Аз чи бошад, ки ҳеҷ кас тафтишаш ҳам намекунад.
Мо чанд бор ба ҳукумати ноҳияи Нуробод шикоят мекунем вале ҳеҷ кас шикояти моро ба назар намегирад.
Табаров Муминшо боз як шогирди шаҳбузи дигар дорад-Зоиров Саҳробек. Саҳробек гуё дар ҳақиқат дар саҳро ба воя расидааст. Рост ба хонаҳои шаҳрвандон даромада бо ҳамроҳии раиси гурсухтааш Табаров Муминшо мардумро таҳқир мекунад: «фарзандата гирифта биёр, агар набоша се ҳазор доллар гирифта биёр»
Охир фарзандони мардум дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар сол оё се ҳазор додлар кор мекарда бошанд ё не?
Боз инҳо омада нону намаки моро мехуранду оҳистакак съёмка карда рафта ба дигар мақомот медиҳанду «мо ҳақамонро гирифтем, боз навбати шумо» гуфта механданд, то онҳо ҳам оянду ҷарима кунанд.Ин Табаров Муминшо бо одамоне, ки маърака мекунанд гапзанон карда пулашонро мегираду боз райиси танзимашро равон мекунад, ки рафта навор карда биёр, то онҳоро ҷарима кунем.
Охир барои чи аз оилаҳои камбағалҳо ду фарзандӣ рафта хизмат мекунад вале аз оилаҳои раис ё хешу таборонашон ҳеҷ касро намебаранд. Бачаҳои мо бошад як умр дар муҳоҷират. Охир ин хизмати ватан фақат барои мо кам бағалон аст? Ҷамоати Ҳакимӣ аз 30 деҳа иборат аст.
Ҳамин сол барои ярмаркаи ташкилкардаи Раҳмонов барои Қазоқистон раиси ҷамоат 2000 сомонӣ сари ҳар як қишлоқ андоз бор кард.60.000 сомониро ташкил дод. Ҳатто зурӣ кард, ки «хоҳед -нахоҳед пулро дар муддати 2шабонаруз оварда медиҳед» ва мардум оварданду доданд. Ин Табаров Муминшо руирост мегуяд: «ман ин вазифаро пул дода харидам,дар куҷое, ки мехоҳед рафта арз кунед».
Роҳҳои ҷамоати Ҳакимӣ ончунон харобу валангор аст, ки маҷбурем ҳафтае пас мошинҳоямонро таъмир кунем. Дар ҷамоати Ҳакимӣ 2 тунел хитойҳо сохта истодаанд. Мошинҳои боркаши онҳо ба даруни маҳалла мегузарад, ки роҳҳо боз аз будааш ҳам харобтар шудааст.
Ин Табаров Муминшо боз як напарник дорад- Дустов Мустафо. Садқаи номи Мустафо шавад. Ҳоло боз сари ҳар деҳа чаҳор линчаӣ картошка ҷамъоварӣ карда истодаанд. Инҳо дар ҳақиқат дузду ҳаромхуранд, ки мардуми ҷамоати Ҳакимӣ аз дасташон ба дод омадаанд.
Душанбе
Зубайдзода Маҳмадсаид дар вазифаҳои гуногуни ҳукуматӣ кор кардааст.
Аммо аз замоне, ки дар дирекция сохтмони Президент кор мекард, ба Президент писанд омад. Аз ҳар проекти сохтумон ва лоиҳа суми калонро «рыба» мекард. Тавонист, яке аз кошелёкчаҳои оила шавад. Замоне, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе буд, Президент фақат мегуфт шаҳрро натавонистӣ обод кунӣ, риди ҳамаро. Ҳол он ки худи Президент намемонд, ки Убайдуллоев даст ба ободӣ занад. Мегуфт мон Душанбеи куҳна истад, дар даштҳои Олимтойи Данғара пойтахти навро месозем. Убайдуллоев ҳам ба ин афсонаи навбатии Эмомтапак бовар мекард.
Замоне Рустамро ҷои Убайдуллоев монданд расид, савол шуд, ки киро дар бари ин бача монем, ки раҳгум назанад? Яъне нафаре, ки тамоми доля, фоиз, ставка ва ҳама финансҳоро контрол кунад ва фиреб накунад. Азизмои газетхонак ба Эмомтапак пешниҳод кард, ки Маҳмадсаиди кала мон дар бараш. Ба Президент маъқул шид: «Хай чи бачаи бо таҷрибаҳай- яъне дузди хыдмонай».
Ҳамин тавр ҳам шуд. Рустам омаду Зубайдзодаро муовини аввал монданд.
Ва сар шуд ба ном кору ба ком дуздӣ. Ончи ки Убайдуллоев нигоҳ дошт, инҳо заданд ба савдову фурухтанд. Чапа куниву сохтумонхову тағйирдиҳии шаҳрро сар карданд.
Боре Убайдуллоев ба Президент мегуяд, ки «о,гуфтед дар даштҳои Олимтой месозему кор дига ку? «Кори хыта кн, оли ревизият накардан ҷон гу».
Убайдуллоев гуфт «марҳамат, ма чизе кардам бо шумо кардам, бигзор ҳардумона кнан». Президент қаҳр карду дар мошин шишту рафт.
Рустам ҳафтаи аввал ҳар руз кор меомаду мерафт. Баъди ҳафта, дигар фақат кайфу мастӣ. Умуман кор намеомад. Мошинҳои рақамҳояшон 0001 холӣ меомадану даруни ЦК медаромадан, гуё Раис кор омад, аммо нест ҳеҷ кас. Он вақт ҳукумати Душанбе дар бинои ЦК қароргоҳ дошт.
Зубайдзода як шогирди худашро ёрдамчӣ гирифт, номаш Саидхон. Тамоми шаҳрро вай контрол мекард. Любой кор через Саидхон буд мешуд. Замони хезондани мардуми баъзе минтакаҳои Душанбе шуд ва дар ҷои хонаҳои онҳо боғҳо ва дигар иншооти ҳукуматӣ сохтан расид. Минтақаи 8-уми март ва ҳозира боғи Истиқлолият, ки дар қафои бинои Пединститут ҳаст, омад. Барои ин ду минтақа, барои дар ивази моликиятҳои шаҳрвандон, яъне хонаҳояшон зиёда аз 60 миллион доллар ҷудо шуд. Зубайдзода Маҳмасаид боз як шогирди дигарашро, ки Бобоев Манучеҳр аст, оварда дар Фонди манзили ҳукумати Душанбе монд. Дар замони Убайдуллоев як чанд домҳои хуб дар ҳудуди Душанбе сохта буданд ва дар баланси ҳукумати шаҳр буданд. Баъде, ки Убайдуллоев рафт, ин як луқмаи аҷоиб шуд барои инҳо .
Хонаи шаҳрвандро давлат 500.000 сомонӣ мисол нарх мекунаду агар шаҳрванд розӣ бошад, маблағро нақд бояд диҳаду баъд шаҳрванд хезад. Зубайдзода Маҳмадсаид ба Бобоев Манучеҳр мегуяд, ки «кунтича чи ҳынаре дори кн, сума эконом кн». Манучеҳр ҳар як шаҳрвандро даъват карда ба у хона пешниҳод мекард, албатта вобаста ба нархи давлат таъин карда. Шаҳрвандро розӣ мекунонд, шаҳрванд аз маблғ даст мекашиду хона мегирифт. Тасавур кунед, хонаҳои давлатиро ба шаҳрванд медоданду суми давлатие, ки барои шаҳрванд ҷудо шуда буд, мемонданд, меистод. Дар аввал кори хуб метобад, ки маблағҳо дар бюҷети давлат истоданду моликиятро бо моликият иваз карданд. Сум бошад боз дар ягон соҳаҳои иҷтимоӣ меравад. Нееее и хел нест. Хонаро ба шаҳрванду сумро аз бюҷети давлат ба ҳисобҳои махсус мегузаронданд. Ана ҳунару мана ҳунар. Албатта, ҳамааш бо имзои раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ сурат гирифтааст,ки ҷинояти ошкоро ва делои хело хуб барои прокурори генералӣ. Ҳамин тавр ҳамаи маблағҳоро пурра аз худ карданд. Илова бар ин Зубайдзода Маҳмасаиди кал ба зани якум, дуюм, арусҳояшон, хешовандонашон чандтоӣ хона аз сари ин корҳо бе пул, аз ҳақи квадратҳои мардуми одӣ гирифта доданд.
Саидхон шаҳрро ба дод овард, конкретно сумро ҷамъ кард. Гап то болоҳор рафт, ки Рустам раису сум ба кисаи Саидхони шогирди Зубайдзода рафта истодааст.
«Оли у даркорайгуфтан аз боло, моненша».
Дар Душанбе хонаҳое, ки дар онҳо шахсони танҳо зиндагонӣ мекарданд, зиёд буданд. Мисол, зан ё мардҳои танҳо, ки фарзанд надоштанд ё фарзандонашон ба дигар давлатҳо рафта буданд. Ин гунаҳо, қариб, ки1000 нафар зиёд буд, дар Душанбе. Дар ҳар гушае буд. Русҳо буданд, ки танҳо буданд. Хуб вақте, ки онҳо мурданд, ҳукумат бояд хонаҳояшонро ба баланси шаҳр дароварда, баъдан метавонад ба соҳаи иҷтимоӣ,бюҷетӣ диҳанд. Ба духтурон, муаллимҳо ва монанди инҳо. Ҳамаи ин нафаронро Бобоев Манучеҳр, ки замоне ҳам дар ЖЭУ кор кардааст ва медонад, ки чи хел муайян карда мешавад, руйхат карда, аз як лаб корро сар мекунад. Кадомеаш, ки мурд дарав Бобоев Манучеҳр ба Зубайдзода мерасонд, ки раис 10-12 хона тайёр, дастгирӣ кун гиремашон. Шамол борин хонаҳора гирифта бо ваколатномаҳои фальшивый ба номи наздикону одамони бовариноки худ карда мефурухтанд. Тасаввур кунед агар 1000 хонаро бо нархи арзони 20000 долларӣ фурухта бошанд. Ҳол он ки зиёд фурухтаанд.Чандин нафарашро меросхуронашон омада даъво карданд, аммо бе фоида. Бобоев Манучеҳр то ҳозира даст ба ҳамин корҳо зада истодааст.
Ҳамин тавр Зубайдзода Маҳмасаид миссияашро тамом карду ӯро ба архитектураи ҷумҳурӣ сардор монданд ва оҳиста- оҳиста бо заҳр аз байн бурданаш, хизмат тамом ту дигар нодаркорӣ.
Шаҳритуз
Салому алейкум! Ман ба шумо аз номи як бародари деҳотиям нома менависам. Он бародари ман аз ноҳияи Шаҳритус, аз деҳаи А.Муродов мебошад. Ин бародарам бисёр аз зулми ин одам ранҷ дидааст. Он одам Қувватбег, бузи 6-ой отдел ва амният мебошад, ки хуни мардумро хурда истодааст. Дар ин деҳа мегардад ва ҳар чизеро дид, даррав бузӣ мекунад. Масалан барои замин сертификат надошта бошӣ, тамом, кумитаи замин ба сарат меояд. Дар ҳама ҷо мегуяд ман бо хусурбачаи Рустами Эмомалӣ саломалейкам. Гап мезанӣ як зангу тамом. Дар бораи бозорҳои Шаҳритус ба шумо хабар диҳам, ки кай оташ мегиранд?
Рузи ид буд. Як охранаи бозор рафиқам аст. Гуфт ин бозорҳоро Муҳиб дар медиҳад. Муҳиби хусурбачаи Раҳмонов. Муҳиби «номард бошаму зинда бошам».
Дар Шаҳритус ду дискотека доранд. Якеаш Встерча ва дуввумиаш Марҳабо ном дорад. Ин фоҳишахонаҳо аз соати 21:00 то 4:00кор мекунанд. Ин фоҳишахонаҳо аз они ҳоҷӣ Раҳматулло, зинокори қавми Лут ва хусурбачаи Раҳмонов ҳастанд. Бовар кунед, ин ҳоҷии фосиқ онҷо меравад ду се духтарҳои сини наберааш ӯро массаж мекунад,дар пеши чашми мардум гуем ҳам хато намекунем. Он духтарҳо ҳам танҳо пистонбанду трусӣ дар тан доранд.
Бозори марказиро махсус оташ зад, боз ҷояшро гирифту ба соҳибаш 40 ҳазор сомонӣ фурухт. Дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав ва чанд ноҳияи дигар чанд бозоре бошад аз они Муҳиб асту дар ин ноҳияҳо чанд дискотекае бошад аз они ҳоҷӣ Раҳматуллои сабзӣ ба даст. Хонаҳои моро гирифту дар ҷои онҳо меҳмонхона ва мағоза рост кард. Гуфт ба шумо аз дигар ҷо замин медиҳам. Аммо мо то ҳозира гаштем квартира ба квартира, иҷоранишин шудем.