Дар нашри навбатии «Номаҳо…» ҳам аз наздикони дузду қалтабони Раҳмонов хоҳед хонд. Бе онҳо, дигар намешавад. Чунки чун аҷириқ, алафи зиёнбори ҷонсахт дар тамоми кишвар паҳн шуда ва зиёну зарарашонро чун худи Эмомтапаки бачаи Майрами гурсухта ба мардум расонида истодаанд. Сухан аз домоди Нуриддин Раҳмонови тракторист, акаи мурдагии Эмомтапак меравад, ки фақат барои айшу ишрати зани дуввумаш 20 миллион сомонии Амонатбонки Қурғонтеппаро аз они худ кардааст.
Аммо як номаи ниҳоят ҷонгудоз дар фарҷоми ин навбати номаҳо ҷой дода шуд. Он номаро шарҳу тавзеҳ намедиҳем. Худатон хонеду қазоват кунед, ки бархеҳо чи гуна кинаву нафрати худро наметавонанд фуру нишонанд ва ба пасттарин корҳо қодир мешаванд:
Ҷалолиддини Балхӣ
Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Колхозободам. Барои «Номаҳо аз ноҳияҳо» як ҳикояти ҷолиберо менависам. Барои он ин ҳикоятро менависам, ки он аввалан воқеъӣ аст ва дуввуман мардум бубинанд, ки чи касоне дар роҳбарият нишастаанд ва ба чи корҳое машғуланд?
Хизмат (яке аз домодҳои Нуриддин Раҳмонов, трактористи бародари Эмомалӣ Раҳмонов) аз Чапаеви Колхозобод аст. Боҷаи Ислом Ҳурматов. Хизмат дар гузашта раиси «Амонатбонк»-и Қурғонтеппа буд. Кам монда буд, ки зиндонаш кунанд. Чунки 20 миллион сомонии ин бонк тавассути зани дуюмаш нобуд кард.
Зани дуюмаш ҳамроҳи янга (зани аввал) пулҳоро гирифта тиҷорат мекунам гуфта Дубай ва Туркия мерафтаанд. Янгаи дуввум аз ургутиҳои Қурғонтеппа мебошад.
Он вақтҳо Нуриддини тракторист, бародари Раҳмонов зинда буд. Ҳамагон медонем, ки Раҳмонов мисли занҳо характер ва феъл дорад. «Эҳҳее ин боз дуюм зан доштай,
бигирен маҳкамуш кнен» мегуяд. Ва Нуриддинро мегуяд «и домодут дуюм занушда 20 000 000 миллион сомонии Амонатбонка додай. Ира маҳкам кардан даркорай».
Аммо духтари акааш дар Данғара тарафи президент фарёд мекунад (зани якумуш зани хуб аст) яъне тарафи амакаш. Мегуяд, ки «чи кор дорен ду зан дора, се зан дора, худтон надорен? Худтон нахурдестен пулои давлата? Фикри гудакои мара намекунен, сразу турмаш кунен, ихели кунен, ухели кунен гуфта. Мо разбори ойлавии худмона худмон ҳал мекунем. Иқа агар чашмотон сих зада боша барои пулои бонк қарз када миёрем метиемтон, ҳами шумо сер шавен шуд. И шуви марам у бева кридит гирифта фребуш кардай бечорара. Бизнес мекунум гуфта пулора гирифта хурдай, айби шуви ма чиай»? гуфта пушти шавҳарашро гирифтааст.
Амонатбонки Қурғонтеппа дар пеши круговойи он шаҳр буд. Хизматро аз кор гирифтанд. Чанд вақт бекор буд. Баъд сардори Раёсати баргардонидани қарзҳои «Амонатбонк» таъинаш карданд. Одамеро, ки зиёда аз бист миллион сомонӣ аз Амонатбонк қарз гирифта барнагардонидааст, боз ӯро мегиранду сардори раёсати “баргардонидани қарзҳо” мемонанд. Вай дар маҷлисҳо коргаронашро хезонида «списка»-и қарздорҳоро мепурсад: «брен у қарздорора биёреншон, пулои кридитшона погащат кунан. Ира чи ко карден фалонира чико карден? Баъд охиронда фамилияву номи худша мегираю дар маҷлис прикол карда фамилияша ба овози ғавс гирфта баланд мега мисол фамилияш примерно Нарзуллоев Хизматулло маблағҳои Амонатбонки шаҳри Қурғонтеппаро кай бармегардонед?
Ва (сарашро хам карда ) боз худаш бо овози пастакаки илтиҷоомез «Раисҷон иншооллоҳ вахти гули най бармегардонем» мегуяд ва бо ҳамаи коргаронаш дар маҷлис механдидаанд.
Хизматулло аз Чапаеви Колхозобод аст. Боҷаи Ҳурматулло Иззатулло (Ислом) Зарипович мебошад, ки вай аз Данғара аст. Ягона домоди намозхони Нуриддини тагтаррафта ҳамин аст боз , яъне камтар мусулмонтаракш.
Ҳамин буд он ҳикояи воқеӣ, ки хостам мардум ҳам бифаҳманд.
Дустӣ-Ҷиликул
Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз ноҳияи Дустӣ, собиқ Ҷилликул. Сокини деҳаи Миравой ҳастам. Дар деҳаи мо як пул ҳаст. Пули «Избири лой» мегуянд. 5-6сол мешавад, ки пул хароб шудааст. Ҳеҷ масъулеву ҳеҷ идорае дар фикри обод карданӣ он нест. Аз ин пул талабҳо мактаб ва мусафедҳо масҷд мераванд. Имкони ҳар лаҳза комилан вайрон шудани ин пул вуҷуд дорад. Ва метавонад боиси ягон нохушӣ ва фоҷиа шавад. Талаби мо ин аст ки ҳарчи зудтар аз пайи навсозии ин пул бишаванд.
Ҳоло мехоҳам, ки дар бораи як буз маълумот диҳам. Ин буз Назриддин Ҳайитов ном дорад. Вай аз деҳаи Миравой мебошад. Вай як мағоза ҳам дорад. Баъзе аз сокинон аз мағозаи вай қарздоранд. Назриддин ба масҷид рафта эълон кардааст, ки «кадоме қарздор ҳаст сумро дар муддати кутоҳ биёрад. Агар намеоваред, занҳоятонро оваред».
Ин сокинони деҳаи Миравой сахт беномус ҳастанд. Як хелаш боз мераванду аз мағозаи Назриддин харид мекунанд. Ҳайфи одаму одамгарӣ ва номуси мардонагӣ!
Панҷ
Салом алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Бори дигар нома мефиристам. Дар бораи Ҳаким қумандон ва мардуми Вахё мегуям. Писари ман ин гапро ба ман гуфт.
Ҳаким қумандон як завод дорад дар назди Ҳалқаёр. Мошинҳояш ба воситаи қишлоқи мо мегузарад. Писарам мегуяд як руз дар роҳ будам Ҳаким -қумандон бо мошинаш аз руйи 100 боло мерафт. Мардум нигоҳаш кард. Аз мошин фаромад ва мардумро ба зан ва модар ҳақорат дод. Барои ман як бори дигар беномусии мардуми Вахё маълум шуд.
Эй мардум вақте кудакат аз хурдӣ масҷид наравад, Қуръонро ёд нагирад, вай18 сола шуд дигар намехонад.
Эй, мардум фарзандонамон аз ислом чизе намедонад. Барои инро исбот кардан як мисол меорам. Равед мактаб бубинед, ки чи гап аст? Валлоҳӣ духтарони ману шумо бо фарзандони ману шумо фаҳшо мекунанд. Агар медонистанд ислом чист, ин корро намекарданд. Дар мактаб дигар муаллими бономус ва босавод намондааст. Мо як роҳ дорем. Ин фиръавни динситезу исломбезорро бояд аз қудрат берун кунем.
Ҳатто душманҳои ислом дар масҷидро набастанд. Аммо ин фиръавни замон –Раҳмонови алайҳилаъна дари масҷидҳоро баст. Акнун фикр кунеду ба хулоса оед, ки душмантар аз Раҳмонов ба динамон кист? Ман дигар тоқатам тоқ шудааст. Агар имон дошта бошед мефаҳмед.
Писари акаи Шодӣ Қурбон беҳтарин қорӣ буд. Вай дар арабистон хонда буд. Ӯ ҳоло дар куҷо аст? Дар зиндон. Чаро?
Чун фиръавни замон намехоҳад шерони ислом дар озодӣ бошанд ва сухани ҳақро гуянд. Ҳоло ду -се мулло дорем дар қишлоқ. Якеаш келини акаашро зино мекунад. Дигараш як зани бегонаро. Акнун фикр кунед, ягон баномус ҳаст дар деҳа?
Тамоми умеди мо ба шумо муборизин ҳаст, ки дар Аврупоед. Валлоҳӣ ин ҳарфҳоро бо хуни дил навишта истодаам. Ҳар як бузе дар қишлоқ ҳастед, ояндаатонро фикр кунед. Ба муллоҳо гуфтаниям, ки бас кунед пешвопарастиро, Аллоҳро парастиш кунед.
Бубинед, ки дар Фаластин ҷанг аст, аммо шумо пешво мегуед. Дар Ютуб тамошо кардам, ки як духтарчаи фаластинӣ (ман дилам ба уммати пайғамбар месузад) гуфт,инҷо мо дар азоб, шумо дар кайфу сафо ҳастед, гуфт агар ман бимурам дар назди Аллоҳ аз шумо шикоят мекунам. Вой ба ҳоли мо. Эй муллоҳо то ин руз аз пешво гап задед, камтари дигар дар бораи асҳобу хидматҳои онҳо гап занед, камтар аз Умару Абубакару Усмону Алӣ гап занед, ки чи корномаҳоро дар роҳи ислом анҷом доданд.
Барои Шукуров Ҳамза гуфтаниам. Бубахш устоди азиз,ки камтар хатоӣ шуд, шумо беҳтарин муаллими физика ҳастед.
Эй, кормандони амният омада ин Самиев Сафарро дафъ кунед. Вай дар ҷамоат кор мекунад, ягон савод надорад.
Дар ҳақиқат Раҳмонов, ки бесавод аст бесаводҳоро бартарӣ медиҳад.
Файзобод
Салому алейкум устод! Номаи навиштаи мо садо дод. Хелеҳо ҳайрон шуданд, ки ин кӣ бошад ,ки ҳамачизро руирост ва росташро гуфтааст. Ташаккур ба шумо, миннатдорем.
Як масъалаи дигар ҳаст, ки устод, хоҳиш мекунем онро ҳам нашр кунед. Як одам ҳаст бо номи ҳоҷӣ Хол. Аз Қашқараҳа, ҳозир номашро иваз карданд ва Орифон ном дорад.
Одами бой ва обруманд аст. Дом бизнес мекунад дар шаҳр. Гапаш дар ҳама ҷо мегузарад.
Як милисаро бо номи Алишер ҳамин ҳоҷӣ Хол дар ҷойи мо оварда мондааст. Одамҳоро бисёр ғам медиҳад. Ин Алишер бангиҳоро кришват мекунад, худаш ҳам мезанад, мефуршад. Ҳоҷӣ Хол медонем, ки шумо кришават мекунед, шумо мондагиед. Дар чанд ҷо гуфтааст, ки маро ҳоҷӣ Хол дар инҷо мондааст. «Ма зани гапзана м…м». Боз дар кругҳои узкияшон мегуфтааст, ки «ма ҳоҷира истифода мебарим, мехурум ,мегардим ай шотиш, вахти соатиш шид, ма и ҳоҷира худум махкам мекуним».
Мо ба шумо ҳоҷӣ Хол гуфтанием, ки шумо дуст не барои худатон душман калон карда истодаед. Мо хоҳиш дорем, ки аз вақте ин нома ба нашр мебарояд то 10 руз мо нигоҳ мекунем дафъаш кардед хуб вале агар накардед историятонро дар Ислоҳ бихонед. Мо шуморо ҳамчун дуст хоҳиш мекунем. Мо душмани шумо нестем. Агар ин Алишерро аз ҳудуди Файзобод берун накунед, баъд худ донед.
Алишер замначалники шуъбачаи Мискинобод! Аксу тасвири мошинҳову аспҳо, суруки мол ва коттеҷу занҳоят, заминҳое, ки дорӣ, хулоса тарҷумаи ҳолатро менависем.
Бори дигар гуфтанием, ин Алишер, ки мардумро ин қадар азоб медиҳад, аз номи шумо гап мезанад. Ҳоҷӣ Хол, хулоса як барномаи махсус интизорат ҳаст, ки мешиниву бо зану фарзандонат тамошо мекунӣ ва субҳ дар чашми ҳамсояҳоят ҳам ба дигар ранг метобӣ. Аз давраи мактабиат то ҳолоро руи коғаз ва навор хоҳам овард.
Ман на аз худат метарсам, на аз дигар чоплусу хушомадгуҳоят. Маро ягон кор карда наметавонанд. Дили ман ба мардуми камбағал месузад. Просто ман ҳамин зулму золимиҳоро дидаму тоқат накардам. Ба шумо пешниҳод мекунам, ки ин дузди ҷайби мардумро аз инҷо берун кунед.
Ғарм
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!
Ман сокини шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт ҳастам. Ин номаи маро дар барнома ҳарчи зудтар ҷой диҳед. Ман ба корманди КДАМ-и ноҳия, дар бораи замначалники он Равшан ба шумо навиштаниям. Ин нафар аз қишлоқи Чормағзаки ноҳияи Ёвон ба минтақаи мо омадааст. Кораш фақат взяткагирӣ аст. Вай амнияти давлату ҳукумату мардумро не амнияти ҷайби худро дар мадди аввал гузоштааст. Одамҳои бегуноҳро мебарад ба шуъба ва ошкоро туҳмат зада угрожат мекунад. Мегуяд: «ҳукумат да дасмай чихели статияйе форам мезанмт: -салафияй,ихвонияй,гуруҳи 24 мезанмт,мерай мешинӣ».Вай бо раисони ҷамоатҳо кор мекунад. Куратори онҳо аст. Кадом ҷавоне аз муҳоҷирати корӣ аз Русия меояд: «файрод мена мебаранш, райисой ҷамоатшона мепурса, ай палажени, зиндагии ҳаму бача».
Ҳоло раисони ҷамоат бузи шохдори инҳо-амният шудаанд ва бо онҳо шариканд. Мепурсад, ки ту раиси ҷамоаташон ҳастӣ: « ай ин одам то чансума канда мешава» ва ба асоси наводка ва доноси раиси ҷамоат аз он муҳоҷири корӣ «агар шаройтош суст боша то 10.000сомонӣ, агар шаройитш хуб боша,то 20- 25,000 сомонӣ меканад».
Барои ин пулро гирифтан махсус «точкаҳо» доранд, якчандто ҷои взяткагирӣ дар даруни шаҳраки Ғарм-маркази ноҳия. Мефармояд, ки «бра сумота да банк алиш кн ба мегумт, ки бра да кичо бтишу ва агар мабодо якаса гуфтӣ, ай пуле, ки ман ай ту гирифтам авлодта нобут менм». Дақиқан чор точкаи пулгириашро аллакай ҳама медонад. Ҳамин сол, баҳор ин Равшан бо мошинаш як сарбози қисми ҳарбиро бо мошинаш зад, сарбоз мурд. Касе ӯро чизеаш нагуфт ва ҳоло ҳам дар ҳамон мақому вазифа кор карда истодааст.
90% ҷавонҳоеро, ки аз ноҳияи Рашт ба хизмати аскарӣ мебаранд инвалиданд. Бачаҳое, ки солиманд ҳамаашонро пул гирифта аз хизмат мегурезонад. Аз бачаҳое, ки сум-взятка мегирад, мегӯяд, ки ман дар власт бошам беташвиш, ҳеҷ кас ҳеҷ чизатон намегуяд, вақти ба Русия рафтанатон, дар аэропорт мефармоям, беташвиш мегузаронанд
Бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол! Мо ҳама мунтазири инқилобем.
Истаравшан
Салом, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман 35 сола, аз Тоҷикистон, аммо ҳоло дар мулки бегона ҳастам. 15сол мешавад, ки дур аз зодгоҳу ёру диёрам, чунки ин режими касофат ба мо руз намедиҳад, ки баргардему дар ватан кор кунем.
Ман аз Истаравшан. Номи қишлоқамон Табқоқ аст. Номи наваш Бодомзор. Мо узбекзабонем. (Ман саҳми худро дар мубориза иҷро гузошта истодаам.)
Қишлоқи мо дар назди сарҳади Узбакистон ҷойгир шудааст. Дар қишлоқи мо ранги Раҳмонов як раиси беинсоф буд. Вай ҳоло дар қайди ҳаёт нест. Шояд бигуед, ки дар бораи мурда гап задан хуб нест. Дуруст мегуед. Аммо, ин нафар, мурдааш ҳам барои ҳамдеҳагонам проблема шудааст. Вай тамоми иншооту заминҳои деҳаро фурухт. Номи вай Раззоқов Абдусаттор аст. Вай раиси қишлоқ буд. Ҳар коре мехост, ҳамонро мекард. Касе ба вай гап намезад.
Дар ҳудуди қишлоқи мо чор ферма амал мекард. Онҳоро ба одамони пулдор фурухт. Гуфт аз пули бадастомада барои қишлоқ роҳ месозем. Аммо ягон чиз насохт. 5 ё 6 сол дар қишлоқ раисӣ кард. Ҳар чизе амният супориш мекард, ҳамонро иҷро мекард. Ҷавонҳоро облава мекард. Соати 12-и шаб меомад хонаҳоро муҳосира мекард. Худаш агенти №1 буд. Вале дар байни мардум, боз бузҳо-агентҳои худро дошт. Вай ду соли пеш мурд. Аз одамҳо пули зиёд гирифт, ки участка медиҳам, аммо участка надод. Як писар дорад, ки Русия гурехту рафт. Қарзи мардумро надод. То ҳоло мардум интизоранд. 20 ё 30 кас. Намедонам чанд пулӣ, аммо пули калон гирифтагӣ аст.
Идораи ҷамоат аз ин кор бохабар ва шарик аст. Онҳо ҳам пул гирифтагианд. Аммо вақте он раис мурд, ҷамоат гуфтааст, ки мо чизеро намедонем. Ҳозир ҳам идораи ҷамоати мо бо мардуми мо хеле ҳам беинсофона муносибат мекунад.
Мардум ҷамоат мераванд барои ягон ҳуҷҷат, маълумотнома, справка. Идораи ҷамоат меравед раис мегуяд «раву ждат кун, ман ҳозир маҷлис меравам». Медонад, ки одамҳои қишлоқ пул намедиҳанд. Ва агар мабодо яке пул диҳанд ҳам 10сомонӣ медиҳанд, зиёд намедиҳанд. Ним соат- 40 дақиқа мегузарад, баъд мегуяд дароед ва савол медиҳад, ки «чаро омадед»?
Мегуед фалон коғаз даркор аст.
Мегуяд давлат ба мо маош кам медиҳад, «биёред партоед ягон чиз», нагло мегуяд. Масалан барои иҷозати туй рафтед, барои участка рафтед, ё ягон кори ҷузъӣ. Аз одамони қишлоқ дувайной-дубаробар пул мегирад.
Одамҳоро амдан қабул намекунад. Махсус қабулро кашол медиҳад. Боз мегуяд, ки шумо узбакҳо пулатон бисёр.
Як нафари дигар ҳаст, ки Нигина ном дорад. Зани калонсол аст. Дар гушҳояш ҳалқаҳои тилло кашол. Вай ҳам ҳамин хел гап мезанад. Агар ягон кас туй карду масалан 20 кило биринҷ дам кард, сраза занг мезанаду мепурсад, ки разрешений гирифтед, аз кӣ гирифтед, барои чанд кило гирифтед, ҳамсояҳо ва мардумро ҷеғ задед?
Дафъатан танзимро меоранду соҳиби туйро ҷарима мекунанд.
Ба қабули Нигина равед вай ҳам ҳамин хел муносибат мекунад. Масалан барои зоднома ба навзод равед, мегӯяд, ждат кунед, бист минут. Вай ҳам мегуяд, ки «ягон чи партоед. Ҳозир 200 сомонӣ шудагӣ. 50 сомонӣ ҳақи худамро партоед, баъди ду руз омада гирифт равед. Аммо вақте ягон шинос аз шаҳри Истаравшан даромад онҳоро беочерат қабул мекунад.
Агар ягон мусафед ё зани бачадор ҳам бошад, онҳо ҳам ждат мекунанд: «ждат кунед очеретда, нигоҳ кунед» мегуяд.
Боз як нафари дигар аст ки Бутақул ном дорад, ки вай ҳам ҳамин хел бепул гап намезанад. Мегуяд «ман пеши президентда одам дорам. Куҷое биравӣ бираву навис. Ман аз ягонтоат наметарсам».
20 сол дар ҳамин ҷамоат кор мекунад. Ранги Эмомалӣ Раҳмонов ягон ҷо рафтанӣ нест.
Фосилаи роҳи деҳаи то Истаравшан се километр аст. Онро мошин дар 25-30 дақиқа ба зӯр тай мекунад. Барои таъмири ин се километр роҳ аз муҳоҷирҳо панҷ сол мешавад панҷҳазоррублӣ ҷамъ карда истодаанд. Раиси нав ин пулҳоро гирифту барои қишлоқи худаш асфалт кард. Омаданду навор бардоштанд. Аммо дар ин навор гуфтанд, ки ҳокими шаҳри Истаравшан роҳ сохт. Аммо на самом деле пулро аз муҳоҷирҳо гирифтанд. Аз тарафи давлат ягон пул надоданд, роҳҳои худамонро худамон мумфарш кардем
Дар бораи мактаб ҳам чанд ҷумла гуфтанӣ ҳастам. Ба мактаб як муаллима омаду директор шуд. Нилуфар ном дорад.
Қишлоқи мо ду мактаб дорад. Яке аз ин ду мактабро муҳоҷирони кории деҳа аз сифр сар карда то бому бомпушаш нав кардем.
Аммо мактаби сеошёнаи калон дорем, ки №38 аст. Ин мактабро ҳам тамоми корҳои таъмирашро мардум ва муҳоҷирҳо мекунанд. Ҳозир аз сақфи бархе аз синфхонаҳои ин мактаб об мечакад. Ҳоло боз гуфта истодаанд, пул ҷамъ карда ин мактаби калонро навсозӣ кунем.
Ин Нилуфаре, ки гуфтем аз қишлоқи дигар аст. Вай ҳатто аз худо ҳам наметарсад. Ҳама чизҳои мактабро фурухт. Заминҳои мактабро гирифтаанд. Ин Нилуфар маълумоти олӣ ҳам надорад, аммо панҷ сол директор кор кард. Ҳозир хоҳарашро директор мондааст. Дар мактаб дигар уро намебинед. Агар даҳ муаллим бошад, чортоаш чоплусу буз шудагӣ аст.
Дар барномаҳои шумо бархе аз ин чоплусҳо баромад карда мегуянд, ки дар мактаб пул намегиранд. Дуруғ мегуянд. Пул ҳатман ва ҳамеша мегиранд.
Барои ҳезум, барои обуна, барои журнал, барои рузи таваллуд, барои буру дигару дигар.
Ин Нилуфар мактабро тамоман холӣ кард. Панҷ сол директорӣ карда тамоми чизҳои мактабро фурухт. Ҳоло акнун муҳоҷирҳоро маҷбур карда истодаанд, ки барои навсозии мактаб пул фиристанд. Мегуянд, ки маоши мо намерасад. Давлат маоши кам медиҳад. Илоҷ надорем. Бояд аз талабаҳо пул пурсем. Дар ҳақиқат маоши муаллиму муаллимаҳо хеле ночиз аст. Аммо онро бояд давлат баланд кунад, на инки аз ҳисоби падару модари талаба бошад.
Ҳоло, ки мавсими лимити барқ аст дар бораи барқ ва таъминоти он ҳам як, ду ҷумла гуфтаниям. Ҳар моҳ нозир меояду ҳисобкунакро мебинаду мегуяд, ки 100, 200 ё 300 сомонӣ кор кардааст. Тамоми столбаҳои ин деҳаро халқ худаш харид. Симу ноқилҳоро ҳам. Ба хонаҳояшон ҳам пул дода симҳоро худашон гузарониданд.Аммо нозир меояд, агар дар маҳкам бошад таҳдид мекунад, ки ҳозир участковийро даъват мекунам. Тез пули светро супоред, вагарна қатъ мекунем. Намепурсанд, ки шумо светро чи хел ба хонаатон гузаронидед? Сӣ сол аст ки ҳол ҳамин. Трансформатор, столба, симро худи мардум мехарад. Ин чи гуна ҳукумат аст? Мо, ки тамоми андозҳоро месупорем, пулҳои мо куҷо меравад?
Чизи дигар ин аст ки баъзеҳо даҳ гектару сад гектар заминро гирифтаанд, касе кордор намешавад, аммо вақте дар ҳамон 6 сотихаи худ як ҳоҷатхона месозед даррав меоянду налог мепурсанд.
Як бор бипурсанд, ки як метр сим аз тарафи давлат омадааст ё не ва оё мо электрик-устои барқ дорем ё не?
Дар деҳа ҳозир танҳо имом камтар риш дорад, дигар ришдор нест. Домулло ва чанд тан мусафед риш доранду тамом, дигарҳоро намемонанд.
Дар масҷиди мо камера монда гуфтаанд, ки бачаҳо наоянд. Мардум намозҳои панҷвақтаро ба зӯр мехонанд. Вақте шуд, ки масҷидро маҳкам карданд, ҷумъа хондан мумкин не, азон паст. Ман 35 сола вале аз рафтан ба масҷид метарсам. Падарам гуфт, ки нарав, камера мондагӣ мебинанду мебаранду мепурсанд, ки ту аз куҷоӣ, барои чи масҷид омадӣ. Аз қишлоқи мо бачаҳо мадраса мехонданд. Мадрасаҳоро отменит карданд.Ҳозир касе намехонад, мадраса нест.
Беморхонаҳо масалан зоишгоҳ меравед мегуянд, ки аввал касса рафта пул супоред баъд оед. Дар Истаравшан ҳамаи беморхона пулакӣ аст. Ба киссаи духтур пул медиҳед баъд нигоҳ мекунад, пул дода истед нормални нигоҳ мекунанд, агар надиҳед не, нигоҳ намекунад. Аммо дар барномаи “Минбари муҳоҷир” дидам духтур шарм нокарда мегуяд табобат ҷарроҳи бе пул. Охир чаро дурӯғ мегуед охир мо кур нестем ҳамаро дида истодаем.
Агар пул надиҳӣ мегуяд шумо узбакҳо аз куҷо омадед?
Тоҷикистон
Ассалому алейкум бародари арҷманд, домулло Муҳаммадиқбол! Бародари азиз, дар ҳақи ман дуо кун! Ҳоли хубе надорам.
Ин рузҳо ҳам дар сари ман омад расид. Аллоҳ шоҳид аст. Дигарҳоро мефаҳмидаму мешунидам, ки дар зиндагӣ ҳамин хел гапҳо дар оилаҳояшон мегузарад, лекин ягон вақт дар зиндагии худам фикр намекардам, рузе ба сар сари ман ҳам меояд. Чун ҳамеша мегуфтам, тавба, нишон надиҳад ин рӯзҳоро. Ман чандин вақт дар банди фикру хиёл будам, ки бинависам ё нанависам. Чандин вақт дудила будам. Аммо ниҳоят ба ин натиҷа расидам, ки бинависам беҳтар аст.
Хулоса, ин рӯзҳоро ман ҳам ба чашмонам ва гушҳоям дидаму шунидам, ки зан, модари фарзандҳоят, нафаре, ки бояд оромишу осоиши туву хонадонатро таъмин ва ҳифз кунад: «шуи худша буга, ки ман дар милиса мерам мегум, ки ту қати Муҳаммадиқбол гап мезани, ба ваёра ҳар чиз менависӣ ва роӣ мекунӣ!!!!”
Субҳоналлоҳ, ин чи бадбахтӣ омада бошад ба сари ин занҳои тоҷик…..
Ростӣ гап бародар ман двайной гражданства дорам. Аз барои ҳамин ҷанги Русия падару модар маҷбур карданд, ки хез биё.
Ман бо зану фарзандонам дар Русия будем. Аллоҳ фарзандони маро нигоҳ бидорад. Ҳамин қадар гуфтаниям, ки онҳо мактабхон ҳастанд. Мо аз Русия, вақте мобилизатсия эълон шуд срочно хестему баргаштему омадем ба ватан. Таксӣ гирифта будам, барои кор. Бо он омадаем.
Шароити зиндагиам он қадар соз нест. Аммо алҳамдулиллоҳ гушнаву ташна нестем.
Дилу ният кардем, ки обратно равем ,ки мошин вайрон шуд. Қарз кардаму дурусташ кардам, ки боз якҷои дигараш проблема кард.
Аммо ин оилаам ҳар рӯзи худо саросема аст ки зудтар соз кун, ки биравем. Якшанбеи гузашта як бародар дошт, ки ӯро оиладор карданд. Азбаски сармо хурдаву сулфа доштам дар хона хобидам, рафта натавонистам. Вай ҳамаашро медонист. Аммо худашро қариб як ҳафта пеш хонаашон барои ёрдам роҳӣ карда будам.
Тӯй ҳам гузашт, ҳама соз. Як ду руз пас званит кардам, ки «ҳама коротон буд шид, хез биё!
Баъд доду войро сар кард, ки ту наёмадӣ ба туй ва дигару-дигар ва ҳамин тавр гапо гурехт. Имрӯз званит мекунам, ки хез хона биё, боз ҳамон гапҳои кӯҳна, ту наёмадӣ, ту ихелу ту беномусу карочи дар ҷону имонум зад! Гуфтам то соати 9- бегоҳ омадӣ- омадӣ, агар не ҷавобатро додам.
Як вақт буд, ки омад. Соат қариб 8-и бегаҳ! Гапу хабар ҳамон гапҳо. «Ман зиндагӣ намекунум,ту ихелу ту ухел, ман зиндагӣ намекунум, ман мерам хонамон».
Дар хона гапҳо баланд рафтанд, додувой бисёри бад шуд: «ҳами гапа қапидай, ки ман зиндагӣ намекунум. Дар як сумка иқа либосоша ҷамъ кард, ки ман хонамон мерам дигар зиндагӣ намекунум».
Баъд ман ба падараш занг зада ҳодисаро гуфтам. Гуфтам,
чун зиндагӣ намекунад: « хай хез биё, як бора маслиҳат кунем, бигир ҳама чизу чораша бар, и чи маймун бозияй, ки то мекунум то намекунум, ду сумкара мегирифтай мерафтай».
Падараш гуфт роҳӣ кун биёяд, пагоҳ биё маслиҳат мекунем. Гуфтам,бошад.
Аммо ин зан ҳамон ду сумкаро қапидааст, ки «ма мебарум». Ман гуфтум дасти холи меравӣ. Пагоҳ чи маслиҳате бо падарат шуд, баъд меоӣ ва ҳамаашро мебарӣ. Аммо вай боз гапҳои ноҷо зад: «ту беномусу ту дигару дигар». Асабам тоб наовард: « ай як гушуш қапидум, гуфтум даҳанта нигоҳ кун. Мегарда тарафи ма мега ман ҳозир милиса званит мекунум ту беномус қати Муҳаммадиқбол гап мезанӣ, ту ихели, ту ухели, ман тура мешинонум».
Хест хонаашон рафт. Падараш зангам заду гуфт, ки ту задӣ, сару даҳани духтарамро сиёҳ кардӣ, ана акнун мебинӣ, ман туро чикор мекунам. Дар пеши қонун ҷавоб мегӯӣ. Ман кори кардагиамро дар ҳақи ту мекунам.
Субҳоналлоҳ, ана ҳамин тавр одамҳо хеле бад шудаанд. Дар ҳақи ман дуо кунед, домулло. Дуои шумо ғарибон дар назди Аллоҳ қимати баланд дорад.
Ман,тамоми некиву бадиро аз Аллоҳ мебинам. Вале бубинед, ки баъзе аз мардум то чи ҳад аз имону инсоф дур шудаанд.
Барои он номи ноҳияамонро нанавиштам, ки шарм кардам, то нагуянд мардуми фалон ноҳия то ин андоза аз одамият хориҷ шудаанд. Барои ҳамин Тоҷикистон навиштам.