Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №104

Ислоҳ нет

Агар дар Душанбе, масалан бозори Ҷал-ҷамро канданд, бозори Султони Кабирро канданд, то ки барои Кушониё ва Сиёма-молл бозорҳои Рустаму Шамсулло Соҳибов клиент ҷамъ кунанду савдояшон пеш равад, ҳамин корро дар манотиқ ҳам анҷом дода истодаанд.

  Вале бисёр ҳам дағалона. Масалан аввал чанд бор бозорҳоро дар Шаҳритус оташ заданд ва ё дар ноҳияҳои дигар, ки соҳибонашон аз баҳраш барояд. Муҳибуллои номард бошаму зинда бошам бозори «Ином»-ро дар Шаҳритус чи тавр ғасб кард, хабар доред. Соҳиби он бозор, узбектаборҳоро бурданду тюрма карданд. Ва, ё Ҳасан Асадуллозодаи акаи Муҳибулло чи тавр бозори Панҷшанбеи Хуҷандро аз дасти соҳибаш гирифт, низ дар тамоми Тоҷикистон овоза шуда буд. Аммо инҳо на аз овоза ва на аз гапи мардум шарму ҳаё мекунанд. Бояд, ки гиранду баранду хуранду р…янд. Тамом. Ғаризаи ҳайвонии инсон дар онҳо мисли одамҳои ибтидоӣ ҳамоно боқӣ мондааст.

 Ҳоло дар ин матлаб ҳам мефаҳмед, ки Раҳматуллои Саъдулло, яке аз дигар бародарҳои Ҳасан Асадуллозода чи тавр мардумро маҷбур мекунад, ки пахтаҳояшонро ба коргоҳи вай биспоранд. Ва ин Раҳматулло ҳам айни язнааш Эмомалӣ Раҳмонов, шавҳари Азизмои газетхонак чандин маротиба ҳаҷ кардааст. Аммо ба моҳият ва мазмуни ҳаҷ як зарра ҳам сарфаҳм нарафтааст. Хулоса, фақат бояд ҳаминҳо дошта бошанд, ҳаминҳо гиранд, ҳаминҳо хуранд. Дигарҳо, вес Тоҷикистон бояд барои инҳо кор кунад:                 

                                        Ҷиликул   

Ассалому алайкум акаи Муҳамадиқбол !

Ман сокини шаҳраки Ғаравутии ноҳияи Дустӣ (Ҷиликул) ҳастам. Шаҳраки мо ҳоло   20- солагии истиқлолият ном дорад. Як вақтҳо ягон проект мекарданд барои ободии деҳа, шаҳрак ё ноҳия ном иваз мекарданд. Вале инҳо дар куҷое набошад ном иваз мекунанду ҳамаро хароб кард. Барои чи бошад, намедонам? Инҳоро ҳамаи ҳунарашон ҳамин бошад, ё касабае, ки дар донишгоҳ омухтанд ҳамин аст, ман намедонам.

Бале, ман инҳо гуфта ҳамон хешутабори президенти зуракии  беномуси касофатро дар назар дорам. Яъне Хизмати домоди акаи Эмомтапак ва акаҳои ӯ. Яктояш Файзалӣ. Боз як акаи дигараш шаҳракро ба харобазор табдил додааст. Дар шаҳраки мо то ҷанги шаҳрвандӣ ҳама муассисаҳо кор ва фаъолият мекарданд. Баъди ҷанг ҳам ҳамаи онҳо вуҷуд доштанд. Лекин вақте хешу табори ин касофати бе хешу табор (як акаи тракторчӣ дорам гуфта буд) яке пайдо шуданд ҳама нобуд шудан гирифт! Яъне чи корхонаҳо буд?

  1. ПМК-12
  2. ПМК-2,
  3.  КОМХОЗ,
  4.  ЛИМОНАДНИЙ СЕХ,
  5. ХЛОПЗАВОД,
  6.  2 ЗАПРАВКА ,
  7.  БАЗАИ МАҲСУЛОТӢ ,
  8. МЕБЕЛНИЙ МАГАЗИН,
  9.  ПЕКАРНИЯҲО ,
  10. ГАСТРОНОМ,
  11. КОРХОНАИ ДУЗАНДАГӢ ,
  12. УНИВЕРМАГИ САРИ РОҲ,
  13. ИДОРАҲОИ ШАҲРАК,
  14. ПТУ- 25,
  15. АВТОГАРАЖ,
  16. ГАРАЖИ ТРАКТОРҲО.

Ҳамаи инҳо кор мекарданд. Медонед чи қадар техника дар ин корхонаҳо кор мекард? Садҳо адад!! Ҳоло нест, чизе намондааст. Аз ин ҳама корхонаҳои номбурда фақат ПТУ-25 мондааст. Ҳамон ҳам техника надорад. Ҳамин қадар кор карданд, ки ПТУ-ро ЛИТСЕИ ТЕХНИКӢ  ном гузоштанду тамом. Хобгоҳи чорошёнааш кадом рӯз чапа мешавад, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Дигар корхонаҳоро то хишти охиронаш канда фурӯхтанд ин акаву додарҳо, шефирашро ҷудо, оҳанашро ҷудо тахтаашро ҷудо кашиданду фурухтанд ! Боз кателни ҳам доштем. Баъди ҷанг ҳама трубаҳову бочкаҳояш буд лекин кор намекард. Вай ба мактабу ПТУ ва боғчаҳои кудакона гармӣ медод. Вале афсус, ки ягон инсоне ёфт нашуд, ки кор фармояд. Аммо акаву додаракон пайдо шуданду ҳамаро фуру бурданд. Вақте ки Хизмат зани дуюм гирифт, авлод бохабар шуду ходи инҳоро махкам карданро сар кард. Файзалӣ чизҳои кандаву шикаставу ҷамъкардаашро дар як шаб бо мошинҳою  тракторҳо ба Чапаев кашид.

 Боз бо ҳуҷатҳои қалбакию дуруғакиашон Дом Култураи шаҳрак, боғчаҳои кудакона, идораҳои совхоз ва боз чанд хонаҳои давлатӣ, ки мумкин набуд ва нест шахсӣ кардан, инҳо шахсӣ карданд. Аз шаҳраки мо то заводи пахтаи хитоиҳо 8км масофа ҳаст. Ҳоҷӣ-Раҳматулло (додари Азизмои газетхонак) дар сари роҳ поида мешинад ва раисони хоҷагии деҳқониро, ки пахтаашонро ба ин завод бурданӣ шаванд, меқапад. Ҳоҷӣ Раҳматуллодар роҳ то 1,5км мондан ба заводи хитоиҳо хлопзаводашро мондагӣ аст. Ягон трактор аз гардиши заводи вай гузарад ӯ бо мошинаш меравад манъаш мекунад. Як хел вақтҳо шаташап карда мегардонад: «пахтара заводи ман баред» мегуяд. Дар заводи ин касиф ҳам пахта як сомонӣ якуним сомонӣ арзон аст. Боз пулро хеле дер медиҳад. Мегуяд, ки кай вақт, ки сум шид баъд медиҳам! Хитоиҳо дарав ва нақд медиҳанд!

Як масъалаи сахт дар Гаравути ин баҳси замин аст ки солҳост идома дорад. Аммо ҳеҷ не ки тақсим бишавад. Намедонӣ барои чӣ ва барои кӣ чанд раиси ҷамоатро иваз карданд, ҳамааш ваъда медиҳанду халос. Аз давраи Зиёдаи раиса, қарори заминҳо баромада буд, то ҳол чор раиси ҷамоат иваз шуд, яктоаш Бахтиёр, дигариаш Маҳмадӣ, боз Мақсад, ҳозир бошад Раҷаббек. Ҳамаашон мегуянд, ки ана ҳозир,як-ду руз пас дар 140 хоҷагӣ тақсим мекунем, ҳеҷ не тақсим кунанд.

Заминҳои мардумро барои чи тақсим накарда истода бошанд, ҳаминро фаҳмиданӣ будам. Баъди барномаи шумо маълум мешудагист, ки сир дар куҷост ? Дар байни мардум овоза аст ки раисони ҷамоатҳо ҳар кадоме аз мансаб истифода карда  заминҳоро фурухтаанд. Барои ҳамон ҳарсу тов дода гаштаанд. Ман ба бовари комил ба шумо навиштам, ки баъди ин нома ин ҳаромхурҳо ру ба ислоҳ шудан меоранд.

 Хайрият, ки Ислоҳ ҳаст. Ба шумо арзу шикоятамонро мекунем. Ин бешарафон бошанд, фақат дар фикри меъдаи ҳароми худашон ҳастанд.

                                    Ҷалолиддини балхӣ

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Номи ман …, сокини шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини балхӣ ҳастам. Айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорам. Муаллим кор мекардам. Аз баски маош камтар буд зану фарзандонамро гирифта маҷбур ба мулки бегона омада ғуломи рус шудам. Дар шаҳраки Гулистон дукони маҳсулоти хӯрокворӣ доштам.

Як шахсе ҳаст бо номи Дилшод Давлатзода. Падараш Қурбон, раис бозори Гулистон аст. Ҳамаи дӯконҳои моро оташ заданд. Ба ҳукумати Ҷалолиддини балхӣ муроҷиат кардем. Гуфтанд ҳеҷ гап не сӯхт бозорро соз мекунем, боз дар дӯконҳоятон савдо мекунед. Лекин моро гуфтанд, ки ба куҷое арзу шикоят доред, шикоят кунед. Ба мо фарқ надорад: «ин приказ ай боло омадагияй,мора гуфтан мо оташ задем».

 Ин Дилшод Давлатзода ҳамкурси Рустами Эмомалӣ аст. Дар қӯшунҳои сарҳадӣ, дар гумруки Панҷи поён фаъолият мекард.

Айни ҳол ӯро Исмат Абдуллозода (Исмати дулик) ҳамроҳи худаш дар фурудгоҳи Душанбе ба кор гирифтааст. Инҳо як гурӯҳи қочоқчиҳо ҳастанд, ки наркотик бизнес мекунанд.

 Додари Дилшод Давлатзода синфи 9 мехонанд. Ҳамсинфи худашро дӯст дошта буд. Аммо нодухтар кард. Аз дасти падару модари духтар ҳеҷ чиз наомад. Ӯро ба суди Ҷалолиддини балхӣ доданд. Судро хариданд. Додаршро гурезонд ба Англия бо маоши давлат. Дилшод ва падараш Қурбон бо мошинҳои гаронарзиши барориши 2023 мегарданд. Рақами давлатии ҳамаи мошинҳояшон  5555  аст.

Ин давлат бе соҳиб аст. Мардҳои бечора дар мулки ғарибӣ хуни ҷигар резонида кор мекунанд аммо Дилшод Давлатзода бо занони шавҳарҳояшон дар ғарибӣ зинокорӣ мекунад. Дар даруни мошинаш духтарони ноболиғ.Рӯзи дароз ресторану клуб кайфу сафову майишат карда мегардад. Барои як даъват кардани духтар дар ресторан қариб 2000 сомонӣ стол мекушояд. Тамоми нӯшу неъмат фаровон.

Дар хонаи онҳо барқ 24 соат ҳаст, аммо мо мардум бе барқ зиндагӣ карда истодаем.

Дилшод Давлатзода якҷо бо директори фурудгоҳи Душанбе Исмат Абдуллозода ва хориҷиҳо наркотик мегузаронанд. Кришаи инҳо Рустами Эмомалӣ аст.

                                               Суғд

Ассалому алайкум домулло! Умедворам сиҳату саломат ҳастед.

Ман як корманди прокуратураи вилояти Суғд мебошам. Ман номамро намегуям.Тули чанд сол дар ҳамин мақомот кор ва фаъолият мекунам. Рӯзҳои охир беҳад ғамгинам. Ба Ватанам ва ба прокуратура дилам месузад. Мақомоти Прокуратура ба як муассисаи сохтмончиҳо табдил шудааст. Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд як одами пасттарин мебошад. Дар гирду атрофаш фақат соҳибкору сохтмончиҳоро ҷамъ кардааст.  

Як корманди баландпояи Прокуратураи вилоят Пардазода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи умумӣ мебошад. Ин корманд нест, ин як сохтмончӣ аст. Раисони шаҳру ноҳияҳоро тарсонида замин гирифта хонаҳои баландошёна мепушад. Дар прокуратура ин шахсро заминфуруш ном додаанд ва ё ин ки ягон темаи замин бошад, ҳамин ҳал мекунад мегуянд ва инро ҳама медонад. Агар дуруғ бошад, бигзор КГБ ва Коррупсия санҷад. Магар корманди прокуратура ҳамин тавр мешавад? Соҳибкор бошад? Ба ҷойи он ки аз болои заминфурӯшҳо назорат кунад, худ домҳои баландошёна месозад ва шахсан худаш савдо карда мефурӯшад. Ба соҳибкорҳо фишор оварда, аз онҳо чизҳои ба сохтмон лозимаро мегирад ва ба сохтмонаш истифода мебарад. Агар хонаашро фурӯшад баъд пули соҳибкорро медиҳад. Пардазода Муҳаммадалӣ худро дар ҳама ҷо ҳамчун одами Прокурори генералӣ ва прокурори вилоят муаррифӣ мекунад. Дар бораи зани дуюми прокурори вилоят дар ҳама ҷо хандида мегуяд, ки зани аввалаш зани дуюмашро қапид. Прокурор аз занаш метарсидааст гуён механдад. Миллаташ лақай. Дар  Хуҷанд ба воя расида бо лаҳҷаи ҷануб муошират мекунад.

  Президент дар як маҷлис сахт огоҳ карда буд, ки маҳз кормандони Прокуратура  дар заминфурушию замингирӣ ҳамроҳанд ва сахт огоҳ карда буданд. Акнун дар болои замингирию заминфурушӣ боз домсозӣ ҳам ҳамроҳ шуд. Ман аз таҷрибаи худам мегуям, ки ба ғайр аз Президент Прокуратураро ягон кас ба тартиб дароварда наметавонад. Барои чи ман инро мегуям? Барои онки пеш якчанд корманди прокуратураро худи Президент озод карда буд! Барои баромадан аз ваколатҳояшон.

Падари Пардазода сардори собиқи ГАИ-и шаҳри Хуҷанд буд. Пардаев Шамма Бозорович. Як одами ҷангҷолӣ буд, ҳозир дар нафақа мебошад. Худи Пардазода Муҳаммадалӣ Шамма, хонааш дар кучаи Мири Хуҷанд. Домҳои пушидааш, яктоаш дар пеши фирмаи телевизиони АНТ, яктоаш дар микроноҳияи 13. Ҳама медонанд «доми Пардаев» мегуянд сокинони Хуҷанд. Аз якум оилааш ҷудо шудааст. Оилаи дуюмаш духтари собиқ сардори ГАИ  дар вилояти Суғд ва Душанбе, полковник Гадоев аст.

Муҳаммадалӣ Пардазода, дар мақоми сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки прокуратураи вилояти Суғд ҳам кор кардааст. 

Баъд аз рафтани Ҳабибулло Воҳидов, собиқ Прокурори вилояти Суғд обруи прокуратураи вилоят чунон паст шудааст, ки ногуфтанӣ. Ҳатто худи Пардаев ҳам мегуяд, ин Прокурори вилоят расо  нафсаш бад аст, ранги аждаҳор. Дар Хуҷанд чандин домҳои баландошёна пушида фурӯхта истодааст.  Аз ин калтаи қадпасти Пардазода соҳибкорҳо ба дод омадаанд, кормандони ҳукумат безор шудаанд! Умедворам мактуби маро худи Президент ё Прокурори генералӣ бисанҷанд.

                                                Ҳоит

 Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аз Ҳоит ҳастам. Чанд сол шуд, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор дорам. Дар бораи ҳодисаҳо дар Ҳоит навиштаниам, аниқтараш дар бораи як нафар раиси ҷамоат.

  Додарбек Аббосов мактаби № 22 -ро хатм  кардааст. Падари ӯ муаллими  ҳарбӣ буд. Бо директори мактаб Мирзоев Ҳикматулло, ки Мансураш  мегӯянд  чап  буд. Директори  мактаб коре карду падари Додарбекро аз мактаб  пеш  кард. Додарбек баъди хатм муаллим шуду дертар директори мактаб, чун директори он вақта раиси ҷамоат таъин гардид.

   Додарбек беҳад бачаи беодоб, ягон муаллиму талаба ва калонсолу ҷавонро  ҳурмат  намекард. Вақте ҳанӯз муаллим буд бар муқбили вай «дело» карда буданд.

    Як ҷавон номаш Маҳмадзоиршо беваеро зани дуввум гирифт.

Он духтар зани бачаи амаки ҳамон Додарбек буд. Он бачаро дар як маърака бо дастури Додарбек чанд нафар сахт латту куб мекунанд. Вай як ҳафта дар бемористони Ғарм дар ҳолати кома қарор дошт. Ҳамон вақт кори тафтишотро бар зидди ӯ шуруъ карда буданд. Як тағои Додарбек бо номи қорӣ Асҳоб бо Шукурҷон Зуҳуров равуо дошт, ӯро раҳо мекунад. Акнун ҳоло ҳамин одам раиси ҷамоати Ҳоит аст. Дар таърихи Ҳоит як чунин инсони паст раис нашуда буд. Ҳама ҷоро фурухт. Вай 90 ҳазор сомонӣ  дода  раис  шуд.

Як нафар Маҳмадзикриё 30 сол шуд як замин дар дасташ буд. Ҳамонро ба акаи Миҳтоҷ ва акаи Рустам 60 ҳазор  сомонӣ  гирифта фурухт. Одамҳои заминро гирифта таҳкурсӣ рехта вале наметавонанд хона бардоранд. Фарзандони онҳо чандин сол аст ки дар Русия дар мардикорианд, то хона бунёд кунанд.

 Як замини дигар дар маҳаллаи болои қишлок аз они акаи Қаҳрамон буд. Он мард вафот кард. Ними  ҳавлии ӯро  гирифта  ба  духтари  холааш  доду  ними  дигарашро ба сардори милисаи Ҳоит. Сардори милиса заминро ба акаи Давлатёр фурухт. Ин сардори милиса чандин бор замин гирифта ба дигарҳо фурухт. Ин сардори милиса ҳатто хайрияҳои барои мардуми камбағалро гирифта худаш хӯрд.

 Кудаки2 рӯза ба дараҷае маст шуд, ки хост раиси ноҳия шавад. 1млн сомонӣ аз  хешу таборҳояш қарз кард. Пули заминҳои  фурухтагиашро  бурда дод. Натавонст. Фикр  кард ғармиҳо мурдаанду ӯ раис мешавад. Аз вай дида 100 баробар бачаҳои босаводи Ҳоит дар Ғарм  кор мекунанд, дар нияти раисшавӣ нестанд. Аммо вай кудаки беақлро  фиребаш карданд, ки пулро биёр, раис мешавӣ. Бародараш як ҷавони тақрибан 25 ё 27 сола. Дар хизмат як офитсерро зад, ҳабсаш карданд. Баъди ду моҳ баромад. Дар Ҳоит  мегашту номаш дар зиндон буд. Чанд вақт  пештар буд, ки мудири маорифи Ғарм таъин шуд. Раиси ноҳияро тамоман  гуш намекунад. Ошкоро мегӯяд задагиям. Дар пеши мардум мегӯяд, ки ҷояшро мегирам. Дар Ғарм 130 мактаб аст. Акнун худатон фикр  кунед як ҷинояткор мудир шавад ҳоли маориф чи мешавад. Наход ҳукумат ин қадар лоф аз тинҷӣ, оромӣ, адолат мезананд, як одами босавод наёбанду ҳамин хел  ҳайвонсиратро мудир монанд. Мудири  пештара  Мирзоев  Ҳикматулло  буд. Ӯ ҳам аз Ҳоит буд.  Вай савод дошт, аммо дар  ҳақиқат аз хеле вақт пеш ӯ бузи  амният шуда буд. Раиси  пештараи ҷамоати Ҳоит пеш аз Додарбек як мард буд шестёркаи Мирзоев Ҳикматулло -яъне Мансур. 1 гектар замини хоҷагии деҳқониро участкаи назди ҳавлигӣ карда ба 3 бачааш дар як ҷо хона кард. Амният, милиса ва дигар  мақомоти  масъул  кур  шуданду  намебинанд.

Ҳозир дар ҷамоат  дар  ҷои  Додарбек  боз  як кудаки дигар омад. Хело  пеш.  Ёдатон бошад ин масъаларо дар барномаатон гуфта будед. Вақте ки Раҳими  ғармӣ ба камбизоатҳо 300 сомонӣ кумак мекард, коргарони ҷамоат роҳгузарҳоро аз куча қапида дароварда камбизоат муаррифӣ мекарданд ва ё ҳамсояи камбизоат фалонӣ мегуфтанд. Коргарони ҷамоат ба онҳо дар дохили утоқ пулро медоданду дар берун аз дасташон кашида мегирифтанду дар кисаҳои худ мезаданд.

 Шарипов Умедҷон яке аз ҳамон  ҳаромхурҳо буд, ки ҳамон  вақт пул мехурд. Лекин  нав  раиси ҷамоат шуд. Таваллудаш 94. Вай ба воситаи бачаи тағоияш, ки дар нотариуси 82юм кор мекунад ва ба Шоҳрух шинос аст ин вазифаро мегирад. Шоҳрух ба Рамазон Раҳимзодаи  вазири дохилӣ мегуяд ва вазир ба раиси ноҳия мегуяд. Додарбек Аббосов ҳозир мудири маориф шуд. Мо мардуми камбизоат намедонеам, ки додамонро ба  ки гуем. Мардум безор шудааст. Паёми мо -мардуми Ҳоитро ба ҳукуматдорон расонед.         

  Ҳамон Аббосов Додарбек, ки раиси ҷамоат буд як ҷавони 18 соларо бе ягон асос ба хотири ғарази оилавӣ  доштан  бурду зиндонӣ кард, бо ин баҳона, ки аз хизмат саркашӣ  кардааст. Дар асл он бача дар шаҳри Ваҳдат таҳсил мекард ва бемор ҳам буд .Санади духтур дошт. Аммо корашро дар ҳақи ҳамон кудак кард. Ин кудакро ба хотири онки бародараш гапи ҷамоатро нагирифта буд, ба ҳабс андохт. Шумо, агар ёдатон нарафта бошад, дар барномаи пешинаатон зикр карда будед, ки вақти тақсими кумакҳо аз куча бародари ҳамин нафар яъне ба Маҳмадов  Назарвалиро  мегузашт, ки ба вай ҳам ба ҳайси камбизоат пул дода буданд. Раис ба ӯ мегуяд пулро пас гардонида биёр. Аммо Назарвалӣ мегӯяд, не, намедиҳам, ин хайрия аст. Ба хотири ҳамин чанд пули ночиз, ин наврасро шикастанд. Ҳоло  одамкушҳо дар озодиянду инсонҳои хуб дар азобанд.

 Як чанд моҳ  пеш  буд хулоса  як  одам  бо  номи  Инъом 20 сол пеш як бачаи 27 соларо бурду кушт, номашро  намедонам. Ягон кас  медонистагист. Бурданду ҳабсаш карданд. Ҳозир боз баромада аст. Мегардад дар кучаҳо,  мардумробоз ҳам  ғам дода. Чандвақт пеш дар Сиполинг  маърака буд, рафт дар деги мардум туф  кард.

   Як вақт раиси ДЕУ буд. 10 сол раисӣ кард. Ду-се замин ҷудо кард барои ДЭУгуфта аммо ба бачаҳои худаш дод. Дар маркази Ҳоит. Ин замин дар поёни шуъбаи милиса воқеъ аст. Худаш 70 сола. Шайхи Раҳмонаш мегуянд. Сементблок гирифт гирди заминро. Дар ҷойи худаш бачаашро дар ДЭУ монд. Як моҳ нагузашта корро бас кард. Ҳоло боз як нафари дигарро мондаанд. Номаш Қисмат, соли таваллудаш 1993. Ин бачаро монд. Аммо дар он муассиса чизе намондааст. Ҳамаи чизи доштаашро Шайхи Раҳмон бурд. Акнун ин бача бояд саволу ҷавоби корхонаро диҳад.

Кони Назарайлоқро маҳкам карданд. Ҳозир аз дараи Камров ангиштсанг меоранд. Як тоннаи он 1200 сомонӣ шудааст. Хеле гарон аст.

                                  Душанбе

Ассалому алайкум бародар! Аз Душанбе ҳастам.  Дар ин бора ,ки Рустами герчики ноуҳдабароро чи тавр ба ном рафиқонаш чун кукла бозӣ медоронанд, гуфтаниам. 

Аз замоне, ки Рустам ба сиёсат омад бо худ шайкаи рафиқонашро  ҳам овард.  Аммо ягонтааш малака, тасаввурот, таҷриба надоранд ва умуман нафарони беҳунаранд. Наздиктаринҳои онҳо ба Рустам инҳоанд:

Шоҳрух, (Шоҳрух Саид, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД) ки дар борааш барномаҳо кардед.

 Соҳаи ломбардҳо, букмекерскиҳо, ҳар гуна бизнесҳои мошеникӣ, конкурсҳои дуруғини  интернетӣ дар ихтиёраш аст ва ҷафидану душидани бизнесменҳоро дар дохил ба вай супоридагӣ аст. Ман шахсан медонам, ки чандин бизнесменҳоро, ки ба тиҷорати гушти мурғ машғуланду сару кор доштанд, аз дасти вай безор шудаанд.

 Айни ҳол бошад, Шоҳрух ру ба тиҷорати сохтумон овардааст, мисли рекет ба воситаи шогирдонаш мардумро мачбури мехезонад ва замини ҳавлиҳои хезонидаву чапа кардаашро ба домсозҳо мефурӯшад. Пештар аз як домсоз барои   замини сохтмон 200.000 доллар пора мегирифт, ҳоло бошад аз 500.000доллар кам намегирад. Боз мегуфтааст, ки ин пулро ба раис медиҳад (ба Рустам) ва баъд раис ба қарор имзо мекардааст.

Хуршед Мирзоев, ки оиди ӯ низ дар барномаи Шоҳрух гуфтед, тамоми инвестицияи медаромадагиро контрол мекунад. Аз ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд ягон ободие ё саҳме дар Тоҷикистон кунанд ва гузоранд, доляи махсуси худашро мегуяду онро аз номи Рустам пешниҳод мекунад. Ба номи Рустам ба коми Хуршед. Доляҳоеро, ки мегирад, ҳатман дар суратҳисобҳои хориҷиаш мепартояд. Хуршед Мирзоев, муовини аввали Кумитаи сармоягузорӣ буд ба муовинони дигар ягон ход намедод. Бо хамроҳии акааш, ки уро дар яке аз ширкатҳои бузургтарин- Авесто групп, роҳбар мондаанд, як схемаи «отмывание денег»-ро ба роҳ мондаанд. Ин схемаро як корманди вазорати молия муайян кард. Вай ором-ором кофтан гирифт, равиши маблағҳоро ва муайян ҳам кард. Ӯ ба сардори раёсати худ расонд.  Сардораш ба ӯ гуфт, ки «и гапа ягон ҷои дигада ё каси дигада гуфтагии?» Ӯ не гуфт. Сардораш гуфт, ки хапу дам, ки очаи ҳардуямонро …. фаҳмидӣ?  Баъди чан ҳафта он коргар бо хоҳиши худ аз кор рафт. Вай айни ҳол дар Амрико аст. Ин гапро ҳамон сардораш дар як давра пиён мешаваду нақл мекунад.   

  Хуршед Мирзоев ба чандин сармоягузори хориҷӣ шартномаҳо бо имзои сохтаи Рустами Эмомалиӣ бастааст. Яъне Хуршед имзои Рустамро карда метавонад ва чанд ҷо гузоштагӣ аст.

 Хуршед Мирзоев хит кардааст, ки Шоҳрух ин корҳояшонро «хит кадагияй, тов додестай Хуршед». Шоҳрух ҳам дух накарда истодааст, ки ба Рустам бигуяд. Рустам ба Хуршед Мирзоев сахт ихлос дорад. Хуршед дар бизнесу корчалони бисёр зур аст. Ахиран фармони Раҳмонов дар бораи раиси Агентии иноватсия таъин шудани вай баромад. Инҷо ҳам як ҷойи дуздӣ аст.  

Нурик, шофёри Рустам аз номи Рустам аз ҳама сум мегирад. Бо ягон бизнесмен ё сумдор наздик мешавад, чизе бигуяд Нурик иҷро мекунад. Вақте ягон корашон афтад, Нурик полный задний мезанад. Ранги Олими қурутоб. Шабу рӯз як ҷо буданд,Туркияву Дубай мерафт бо Олим ва аз ҳисоби Олим. Вақте Олимро бардоштанд худашро полний қафо зад. Я курнамаки дукуна аст. Телефонфурушҳоро дар ҷонашон задааст. Меравад аз номи Рустам телефонҳои пеши пешро мегирад, мегуяд ба Раиса, ба Озодара, ба аруси Рустам .

Дар шаҳр ягон роҳбар ё роҳбарча аз Рустам наметарсанд. Об нест, отопление нест, свет дар пойтахт лимит. Як гап мегуӣ мегуянд: «ме….а, ма сум додам, вазифама гирифтам».

                                               Душанбе                 

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи СС.Ятимов чанд ҷумла гуфтаниям. Бинобар маълумотҳо СС. Ятимов аз амали террористӣ дар Эрон дарак дошту хомуширо ихтиер кард. 

Ба СС.Ятимрв контрразведка ва резидентҳои беруна бо мактубҳои махфӣ гузоришҳо дода буданд, ки тоҷик ё чанд тоҷик дар Эрон амалҳои террористӣ бояд гузаронанд. СС Ятимов бо чанд тан нафарони боваринокаш гуфт бояд Эронро хабардор ва ҳамкорӣ кунем. Як нафари кормандонаш мегуяд, не, набояд гуем. Чун боз аз мо мебинанд. Монем чизе шавад, шавад! СС. фикрҳоро гуш карду ба хулосае омад, ки намегуяд. Баракс вай хурсанд шуд, ки тоҷик ин корро мекунад. Илова бар ин СС медонист, ки бояд Рустами герчик ба Эрон раваду аз Раисӣ барои хеш пуштибонӣ дар назди Путин хоҳад. 

Рустамро СС. Ятимов сахт подставит кард. Раисӣ сахт хафа шуду бо Эмомалӣ Раҳмонов дар суҳбати телефонӣ сахт гила кард. Раҳмонов аз мақомоташ оиди даст доштани тоҷикҳо дар  амали террористӣ дар Эрон мепурсад. СС Ятимов дар бораи даст доштани ҲНИТмегуяд ва мегуяд, ки ҲНИТ бо ин кор отношенияи Эронро бо Тоҷикистон вайрон карданист. Нафарони даст дошта дар теракт, тарафдорони ҲНИТ буда бо дастури Кабирӣ амал кардаанд. 

  СС.Ятимов биср инсони маккор аст. Вақтҳои охир бо Юсуф Раҳмонов худашро тавонст, ки часпонад. Як домодаш дар Прокуратураи генерали сардори Раёсат аст. Тавассути ҳамон ба Юсуф Раҳмон худашро наздик кард. Вале Юсуф Раҳмон дар фикри «тамом» кардани кори Ятимов аст.

Як духтари СС. Ятимов Гулрухсор ном дораду шавҳари вай Илҳомиддин. Ин Гулрухсор дар сентри шаҳр 15 мағоза дорад. Ин мағозаҳо на налог, на пули коммуналний ва свет месупоранд. Ҳиҷ чи намесупоранд. Юсуф Раҳмон қасд дошт, ки онҳоро тафтиш кунад.

Як духтари СС Ануша аст, ки Анушкааш мегуянд. Вай солҳои пеш дар донишгоҳи славянии Душанбе мехонд. Бо як бача «бурний роман» дошт. Ҳатто мегуянд,ки дар туалетҳо бо вай ҳар кор мекрад. СС фаҳмид,он бачаро аз донишгоҳ ронд .Баъд Анушкаро шавҳар дод.

СС Ятимов ва ҳамаи духтарони вай дар назди Домпечат ҳар кадоме чанд хонагӣ доранд. Дар домҳои нав ва доми правителственний

 Ин қиссаро аз збони як нафар шунидам, ки бо онҳо раву дорад. Гуфт бачаҳои Илҳомиддин –шавҳари Гулрухсор омаданд. Гуфтанд,ки «холаамро ҳамин қадра задем,ки… дар тувалет бо як сағира  қапидем.Ӯ сағира қатӣ дар славянский якҷо мехонад.Дар тувалето нағмаҳо,бешармиҳо,корҳои маҳрамона мекардай»

  Бачаҳои Илҳомиддин-Рустамҷонино қапида мурданак он бачаро задан. Гулрухсор мегуфт,ки «охир мо ин хел набудем.Ин Анушка суни кӣ рафтай,и даже дадама гуш намекунад».

 Чанд бор қапида заданаш, чи қадар духтари бераҳагард буд.

Он бачаро аз славянски сур карданд вале он бача нопадиду гуму бедарак шуд. .

                                                    Бӯстон 

Ассалoму алейкум додарам Муҳаммадиқбол! Бори аввал барои ту аз Бӯстон менависам. Собиқ коргари орган ҳастам. Кадрҳои кулобиву помириву данғарагиро бисёр чизҳоро омузондам. Ҳамчун ” бывший специалист” ба як чиз хандаам меояд, ки ин режими маҳалгаро баъд аз чопи чанд нома аз Бӯстон, бозичаашонро яъне ҳамон ” Мамнурзода” –ро ,ки лақаби “Ганси кал” дорад, дигар барои бо шумо баҳс кардан сар намедиҳанд. Чунки мардум ҳама огоҳ гашт аз корҳои ин «бачаҳакои боло».

Шахсан шикояти ман дар Бӯстон аз кормандони ЖКХ, паспортний столу ГАИҳаст, ки онҳо ҳеҷ коре, ҳеҷ парвое надоранд. Сари ҳар куча, ҳар маҳалла партовҳо дар чени қади одам ҳаст.

Даҳ сол пеш ҳар як партовҳоро пиразанҳои рус ба хотири каме тоза мекард, аммо он занҳо ду сад ё се сад сол умр надиданд, ки Бӯстонро имрӯз ҳам тоза кунанд.

Ман худам суғдӣ ҳастам, ҳамон суғдие, ки гузаштагонам дар ин сарзамин зиёда аз 6000сол зиндагӣ карданд. Аммо имруз ин бачаҳако бо бачаҳои помирӣ шаҳри Бустонро ғасб кардаанд.

Сари ҳар куча ГАИ сари мошин 50сомонӣ мегирад. Агарки афғон ё эрониро бинанд сразу мепурсанд:- қочоқ дорӣ, агар суғдӣ бошад пул мепурсад.

Лично барои мани суғдӣ помириаш ҳам як асту кулобиаш ҳам як аст. Не более не менее.

Зулм дида истодаем аз ин равшанҳо ва ҷамшутҳо.

Ҳозир бошад бузҳои амният сари ҳар куча духтарони мардумро агар бихоҳанд медузданд, хоҳанд дигар кор мекунанд, яъне ба гуфти русҳо, на своё усмотрение. Облава пеши пеш мошинҳои тонировка месуронанду бачаҳои 18 -19 соларо медузданд.

Помириҳо соҳаи иқтисодиро ғасб кардаанд, пули налог, свет ва об. Корашон коррупсия, паспортний стол ҳамааш рафтори инсонӣ надорад.

Бачаҳакои вилояти Бохтар бошад: КГБ, ГАИ ва милисаро гирифтагианд. Корашон суистифода аз вазифа аст. Ва барои ҳар яки онҳо аз тарафи давлат хонаҳои махсуси 3 ва 4 хонагӣ дода мешавад. Мегуйӣ, ки инҳо хеши Қофлонако ва любовнику ҷаҳмандони Нигораи раиси шаҳр бошанд.

Ҳоло бошад бачаҳои ин омадаҳои ғайри суғдӣ пода- пода шуда ранги ҳиндуҳо мегуянд:“мошинтона бшум“. Ҳеҷ лозим нест мошин шустанатон аз оби чиркини ҷӯйи канализатсия.

Дар оянда  аз ҷинояткорони КГБ, ГАИ ва обезянники Бустон менависам, ки чихел онҳо мардумро не за что проблема мекунанд ва инчунин аз тағйироти ЖКХ ва паспортний стол , бо аксу ному аз кадом минтақаи омадаашон, бо хости Худо ба шумо хоҳам навишт!

                      Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол!

 Дар бораи Хадамоти Бахши Шиносномадиҳӣ ва Бахши шаҳрии он (ОВИР) гуфтаниям. Сардори он Халилзода Ҳусейн, ки як дуздии калон кардагӣ аст, ки мехохм дар борааш нақл намоям ва Шумо онро дар номаҳо нашр кунед.

Халилзода Ҳусейн аз соли 1997 дар Хадамот кор мекунад. Инҷо ҷои занҳо мебошад. Аввал аксарият занҳои рус кор мекарданд. Вале вай асло намехоҳад ин ҷои корро аз даст диҳад.

  Барои чи худаш 17миллион доллари давлатро хурда квитанцияҳоро қалбакӣ намуда пули давлатро хурд. Вақте ревизорҳои ВКД ва Агентии зидди коррупсия меомаданд ба онҳо маблағи калон дода гусел мекард. Аммо оқибат ҳаромхурияш рӯ зад. Вале бе ҷавобгарӣ монд. Вай ба коргарҳояш гуфт, ки хонаҳоятонро мефурӯшед ва ин проблемаро яктарафа мекунем. Баъд, ман ки сардори калон шудам шуморо ҳамроҳам мебарам. Аммо кормандоне

ба монанди Умар Парвина ба ӯ маблағи гуфтаашро надод  аз кор пеш кард. Умуман мо аз вай ба дод омадаем. Вай фақат аз номи Озода Раҳмонова гап мезанад. Мегуяд, ки зури ягонтоат ба ман намерасад. Маро Ҳусейн не Худойбердӣ гуед. До такой степени худашро абарқудрат мегирад, ки гуё вай ҳамачизро зери контрол дошта бошад. Бе фармони сардори кадри ВКД фармони дохилӣ содир карда бо ҳар хел туҳматҳо як гурӯҳ коргаронро аз кор пеш кард. Масалан Туҳфа, Зебӣ, Парвина, Шаҳноза, Сарвар, Манзура Қутбия ва Заринаро. Баҳона мекунад ва вазифа мефурӯшад.

Як қайсингулаш ҳамроҳамон дар ОВИР кор мекунад.

  Аввал рядовой буд. Баъд вазифа дод ба вай. Ҳози хурда гашта аст. То кай ҳамаи ин корҳо давом мекунад. Кадом зани покдомане, ки ӯ ба наздаш даъват мекунад, ба гуфтаҳои вай розӣ намешавад, ташкил мекунаду подстава мекунад. Баъд пули калон талаб мекунад. Боз кашилекодам дорад, ки через ҳамон сумро мегирад. Боз мегуяд ба ман раҳмат гуед, ки «ма шумора шанс додам». Вақте маст шавад безебтарин зани ОВИР Наргис (як зани безеб ҳаст, ки ӯро аз ОВИРи шаҳр ҳамроҳаш овард) мегуяд ҳамонро биёред бо бутилка мешавад. Онҷо душ ва шароит барои ҳаромкориашро ташкил кардааст. Дар инҷо ҳам  касе маъқул шавад предлогат мекунад. 

Дар ОВИР маҷлис ё семинар доир шавад, кофе брекро аз ҳисоби мо пул ҷамъ карда мегузаронад. Мегуяд, касе намедиҳад кор намекунад. Мо маҷбур пул медиҳем. Сари ҳар паспорт аз мо пул мегирад. Ҳама намуди паспорт сум. Агар нархи паспорт, маслан паспорти кудак 260 ё 270 сомонӣ бошад вай мегуяд, ки ба хазина 450 сомонӣ бисупор. Аз паспорти срочний бошад двайно пул месупорем. Ҳар моҳ барои супоридани доля мо пушти дараш очеред меистем. Ҳамаро ин ҳаромхур доля бастагӣ аст. Аввалҳо инҷо занҳо зиёд буданд, аммо ин ҳаромхур ҳама сардорони паспортний столро мард мондааст. Чунки мо хизмат мекунем. Дар туйи духтараш мағзу чағзе харид карда бурдем, ки одами одӣ як сол халқро туй медод. Вале «и ра гапи гуфтагиша накни да балош мемонӣ. Касе хизмат мекна да маҷлисо намехезонаш, агар гуфтагиша кунӣ, дига номта намегира набоша ай паст задана шармандат мекна пеши ҳамада».

 Ба медонистагии ман танҳо дар маркази шаҳр 25 хона дорад. Барои духтарҳояш аввал хона мехарад, баъд шавҳар медиҳад.  Мегуяд, ки зури ягон кас ба ман намерасад, ман зурам. Ҳусейн Халилзода барои вазири ВКД яке аз кошелокҳои асосӣ аст. 

  Вай даже до такой степени бовараш мекунад, ки нахонда фармонро имзо мекунад. Кадом коргаре, ки доляашро кам барад, ё хизмат накунад мераваду ба вазир ганда мекунаду озод кард.

  Як вақт кабинеташро таъмир кард, девонаамон кард: «и дарои қимат, столу стулои қимат, катагиша мебинӣ! Шаво хонаш намерава, ҳаромиёша дар кабинетш мекна. Любой зани маъқул шидагиша мега авал як бор мара розӣ мекнӣ, бад кор мекнӣ, ё парол мегирӣ барои кор.» Барои чи пули хурдагиаш бе ҷавоб монд, барои чи 30 сол аст дар як корхона аст ва ҳеҷҷо намегузарад? Барои пули тайёр! Ҳама моҳона, идона, 23 феврал, ден рождениҳояш, туйҳояш. О, мурдем аз хизмат кардан. Илтимос чораашро бинед, нашр кунед. Ин гапҳои коргарони ОВИР аст!

Дар акси дуюм аз тарафи дасти чап шиштагӣ номаш Мирзоев Ҷомӣ Ҷумахонович, сардори бахши шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагон -кашелёки генерал Халилзода мебошад! Мирзоев Ҷомӣ ба халқи Афғонистон шаҳрвандии Тоҷикистон мекунад. Нархш 5000 доллари ИМА! Ин генерал куҷое наравад, Мирзоев Ҷомиро ҳамроҳаш мебарад. Мирзоев Ҷомӣ, сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагон халқи  Афғонистонро азоб медиҳад. Ҳатто аз гурезагони Афғонистон пули калон мегирад!

Share This Article