Раҳмонов ва мақомоти вай номи тоҷикро дар тамоми дунё сиёҳ карданд. Мутаассифона ҳоло тоҷик дигар ҳаммаънои террорист шудааст. Аммо Раҳмонов ҳамоно болои мардум зулму таааддӣ мекунад ва ислому муслиминро барои худ душман гирифтааст. Ҳатто дар мактабҳо дар пайи шикору истинтоқи фарзандони мусалмонҳо баромадааст. Оқибати ин ҳам таарруз ва зургуӣ бо ислму муслимин чи хоҳад шуд, Худо медонад. Акнун ин мардуми мо …..
Истаравшан
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз маҳаллаи Гули Сурхи шаҳри Истаравшан бароятон менависам. Дар бораи вазъу ҳоли мактабҳои ноҳия гуфтаниам. Мактабҳои дигар ноҳияҳоро намедонам аммо мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия мо дигар як ҷойи бисёр хатарнок шудааст. Инҷо дигар аз милисахона фрқ надорад. Ман ин масъаларо ба шуъбаи маориф расонидам. Бо ин умед, ки дар шуъбаи маориф масъаларо дида чораҷуӣ мекунанд. Баъди нашри ин матлаб шояд маро меёбанду ҷазо медиҳанд. Аммо ногуфтан наметавонам .Виҷдонам азоб медиҳад ҳамчун як шаҳрванди озоди кишвар.
Тайи ду моҳи ахир мактабҳои мо ба ҷойи кору ҷойи фаъолияти милисаҳо табдил шудааст. Милисаҳо чанд вақт падару модарҳоро водор ва маҷбур карданд, ки аризаву баёнот нависанд, ки фарзандонашонро таълими қуръонӣ намедиҳад, сабақу дарси исломӣ намедиҳанд. Агар бачаҳо дастгир карда шаванд падару модарҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мо, муаллимҳо аз ҷойи баъзе падару модарҳо ҳатто ин гуна баёнот ҳам навиштем. Аммо боз дар ин чанд рӯзи ахир милисаҳо омада талабҳоро бо ҳар приём пурсуҷу ва кофтукоб мекунанд то бифаҳманд, ки онҳо таълими динӣ мегиранд ё не. Чанд нафар аз талабаҳои мактаби моро ба гап ғалтонида фаҳмидаанд, ки намоз мехонанд. Як рӯз омаданду гуфтанд, ки мо ҳама мусалмонем. Намоз мехонем,аммо бояд дар ҷойҳои қонун муқаррар намуда бихонем ва ҳамин тавр гапҳо зада савол доданд, ки киҳо намоз мехонад. Чанд нафар даст бардашт. Он талабаҳои бегуноҳро руихат намуда падару модарҳояшонро даъват карда ҷазо доданд,ки барои чи фарзандат намоз мехонад?.
Боз як масъалаи дигар. Имсол хатмкунандаҳои мактабҳоро барои супоридани тест водор карда истодаанд, ки 350 сомонӣ духтару писар супоранд. Насупорад номаи камол намегирад.
Ҳозир чанд вақти охир милисаҳо омада муаллимҳоро тафтиш карда истодаанд. Телефонҳояшонро гирифтанд. Ба баъзе аз онҳоро барои тамошову лайк ҷарима намуданд.
Журнали давомотро гирифта тафтиш карда чанде аз муаллимҳоро барои дуруст пур накардани журнал сахт ҷарима карданд.
Саволи ман ба вазири маориф ин аст ки ин чи мактаб аст ки милиса омада журналҳоро ҷустуҷу ва тафтиш мекунад. Ин чи мактаб аст ки дар он милисаҳо меоянду синфхонаҳоро бо лагад зада мекушоянд ва дар бораи намоз аз талабагони мактаб мепурсанд. Агар дар Тоҷикистон дии исломро манъ карда бошед чаро ошкоро намегуед,ки дини ислом дигар мамнуъ аст ва мо дигар мусулмон нестем.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман шунидам, ки айни ин кору вазъ дар дигар ноҳияҳо ҳам ҷараён дорад. Тавассути «Ислоҳ» хоҳиш мекунам, ки дар мавриди корҳои ношоистаи милисаҳо дар мактабҳо дигарҳо ҳам нависанд.
Хуҷанд
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар урфият мегуянд, ки оби дари хона хира аст ва ё мақоли дигар ҳам ҳаст: худкушӣ, бегонапавар. Инки Тоҷикистон неруи кории арзон содир мекунад ва ин ки мо -муҳоҷирони кории тоҷик ном гирифтаем, дар тамоми дунё маълум аст.
Ман чи гуфтаниам? Хело вақт боз ба тарафи Хуҷанд нарафта будем Аммо чанд рӯзи пеш вақте дар роҳи Хуҷанд- Конибодом мерафтем, шоҳиди он шудем, ки роҳ аз нав соз шуда истодааст. Чанд бор бачаҳои Конибодом ҳам дар ин бора ба шумо навишта буданд. Лекин маро дигар чиз ба ҳайрат гузошт. Наход, ки худи ҷавонҳои тоҷик бекор истанду коргарҳоро аз ким -куҷо оварда кор фармоӣ?! Дар ин вазъияти ҳасосе, ки дар Русия муҳоҷирони мо дар азобу машаққат қарор доранд, чаро аз Африқо коргар меоваранд ва наход, ки мо мисли ҳамин мардуми Африқо белу каланд задан натавонем. Мо мардуми тоҷдор як Русияи бузургро обод карда истодаем. Ман африқоиҳоро паст заданӣ нестам. Бигузор ватани мо ҳам пешрафт кунаду тамоми миллат ба мо кор омада кунад, ҳатто мехоҳам русҳо ҳам биёянду кор кунанд.
Раҷаббой Аҳмадзодаи Қофлонбой мемурӣ мардуми худамонро ба ин кори роҳсозӣ ҷалб намоӣ. То мо ватани худамонро худамон ободу зебо кунем. Ин рафти корро дида дилам чунон бо ёди муҳоҷирон рафту ғамгин шуд ва хостам тавассути Минбари муҳоҷир ва ё Номаҳо аз ноҳияҳо ба самъи мақомот расонам, ки бегонапараст набошанд. Мо дар суроғи ҷойи кор аз хонаву дари худ ҷудо ҳастем, аммо шумо аз Африқо коргар оварданд ва боз мегуянд, ки онҳо ҳар кадоме чанд ҳазор долларӣ маош мегирифтаанд.
Боз як ҳодисаеро, ки дар бозори Сомон мушоҳида намудамро гуфтаниам. Аз назди ин бозор мегузаштам, ки як зан бо коркунони милиса саволу ҷавоб мекард. Зан мегуфт патент бо номи писарам аст. Милиса ба зан дуғу дағдаға карда мегуфт, ки бачаат куҷо? Зан дар ҷавоб гуфт ба Русия рафтагӣ ва афзуд, ки аз дасти баланд шудани нархи патену иҷора қарздор шуду маҷбур рафт. Аммо ин милисаи номард дод зада:- ин чи хел аст? Худаш дар Русия асту ба ҷои худ дигар кас кор мекунад. Аммо пурсиданиам, ки эй аҳмақ ба ту чӣ? Омада сумро гирифта рафта истодаӣ. Бачаҳоятро ҳаром хуронида истодаӣ.
Худамро базур доштаму аз пешаш рафтам. Бовар кунед мардум хело ҳолаташон вазнин аст. Боз мо чиро интизор шавем? Дилам сахт бо ин ҳол сухт.
Пенза
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Раҳмати калон бар шумо, ки бахши аввали навиштаам роҷеъ ба ширкати бархе аз ҷавонҳои тоҷик дар ҳодисаҳои террористӣ аз ҷумла дар ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскавро чоп намудед. Дар муқаддимаи навишта гуфта будам, ки солҳост сайти «Ислоҳ»-ро пайгирӣ ва мутолиа мекунам. Ва дар як муассисаи олии шаҳри Пенза дарс медиҳам.
То онҷо, ки ман мушоҳида мекунам, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов нисбати созмонҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ истисмор ва саркубро истифода мебарад. Дар Тоҷикистон на ягон ташкилоти ғайридавлатии мустақил, на ҳизби сиёсии мустақил ва на ягон матбуоти мустақил амал мекунад. Эмомалӣ Рахмонов бо номи демократияи сохтаи худаш ҳар касе, ки мухолифи хукуматаш бошад, ҷазо медиҳад ва фарқ надорад, ки ӯ ходими дин аст, журналист ё шаҳрванди оддӣ. Як ҳодисаи oхирро метавонам ёдовар шавам, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзноманигори маъруф ва ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоеваро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Ин занро бо дуруғу фишор ба давраи тулонӣ ба зиндон равона кард. Ин гуна намунаҳо хело бисёранд, ва замоне, ки институтҳои байналмиллалӣ сабаби ингуна ҳабс карданҳоро мепурсанд Раҳмонов ва ҳукумати вай бо номи мубориза бо терроризм ҳуқуқвайронкуниҳои худро табраа мекунанд.
Мо, медонем, ки намояндагони ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо қарор доранд. Онҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷа бо доштани фикр ва ақидае шинохта шудаанд, ки он муътадил ва комилан зидди хушунат аст. Агар ҲНИТ мухолифи секулорҳо ва дигарандешон мебуд, ҳеҷ гоҳ дар дохили кишвар кондиди президентии худ дар соли 2013 хонум Ойниҳол Бобоназароваро пешниҳод намекард. Акнун метавонед худатон хулосаи худро бароред.
Раҳмонов дар мавриди алоқаи ҲНИТ бо ҳукумати Эрон тамоман дуруғ ва туҳмат зада буд. Агар ҲНИТ муносибати ончуноние ,ки фикр мекунанд медошт ҳатман аъзои Раёсати олии ин ҳизб пас аз фирорӣ ва ихроҷ шудан аз кишвар дар ин кишвар паноҳ мебурданд ва аз онҷо муборизаи худро идома медоданд. Ё Эрон ин ҳизбро ҳимоят мекарду пас аз иттиҳом шуданаш бо террористӣ аз ин ҳизб ҳимоят мекард. Дар ҳоле Эрон дар сулҳи тоҷикон кишвари миёнҷигар буд мисли Русия. Аслан садои Эронро дар ҳимояти ҲНИТ касе надида ва нашунида аст.
Ягона ҳизби сунние, ки Эрон ҳимоят мекунад он ҳам Ҳамос аст. Дар инҷо танҳо сиёсатро метавон дид, ки ин ҳимоят сиёсӣ асту нақшаҳои худашро метавонад дошта бошад. Ҳеҷ ҳизбу созмони сунние дар олам намеёбед, ки Эрон аз он ҳимояти воқеъӣ карда бошад ва дар ҳимояташ то охир содиқ бошад. ҲНИТ ҳизби суннии ҳанафимазҳаб буда ва ҳеҷ ҳамбастагие, ки мепиндоред, надорад. Аммо Эрон бо ҳукумати Тоҷикистон алоқаҳои зич ва дипломатӣ ва тиҷоратии хубе дорад, ки метавонед онро худатон мушоҳида намоед.
Вале инро мо мехоҳем ё не баъди ҳодисаи Крокус руҳияи зидитоҷикӣ дар Русия бисёр ҳам боло гирифт. Дар заминаи қавму нажод ихтилоф ва бадбинӣ бо тоҷикон зиёд гардид. Масалан ба монанди таҳқири муҳоҷирон бо номҳои гуногун. Масалан, маъмултарин нажодпарастӣ дар нисбати тоҷикон дар Русия ин ба гирифтани манзили иҷора марбут аст. Барои муҳоҷирони тоҷик иҷора дода намешавад. Зеро дар ҳама эъломияву рекламаҳо дар ин бора таъкид мешавад: “танҳо барои мардуми славян ва ё барои тоҷикҳо дода намешавад”.
Оиди ифротӣ шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳаминро гуфтаним, ки ин тенденсия мутаассифона дида мешавад. Зеро, ки ҳама институтҳое, ки ҳуқуқи муҳоҷиронро дар Русия ҳимоят мекарданд барҳам дода шуданд. Шахсоне, ки муҳоҷиронро чи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва чи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳофизат мекарданд ҳоло ё дар маҳбаси Тоҷикистон қарор доранд ва ё ин оламро падруд гуфтанд. Ин ҳам бо ёрии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов иҷро шудааст.
Омили дигари радикал шудани муҳоҷирон бошад ин фоизи зиёди эммисарҳои ифротӣ дар масҷидҳои Русия аст ва онҳо бо истифода аз ҳаёти вазнини муҳоҷири меҳнатӣ онҳоро ба дом меафкананд, албатта, бо ваъдаи зиндагии шоиста ва беҳтар.
Наметавон инкор кард, ки ҳукумати Русия зидди муҳоҷирони тоҷик пас аз ҳодисаи охири Маскав сиёсати шадидеро ба кор мебарад. Масалан тафтишу бозҷуии тоҷикҳо зиёдтар шудааст. Ин ҳолат ҳам дастур аз боло аст ва ҳам методу тактикаи мақомоти қудратӣ, ки дар ҳар куҷои дунё аз онҳо истифода мекунанд. Аммо, ба назари ман инҷо масъала ва мушкил ба муҳоҷирони тоҷик марбут нест, масъала ва мушкил миёни Путин ва Раҳмонов рабт дорад. Барои ҳамин ин ҳама фишорҳо болои муҳоҷирони кории тоҷикро дар дур шудани муносибатҳо ва пеш омадани сардӣ дар сиёсатҳои ду кишвар мебинам. Тоҷикистон солҳост ваъда медиҳад, ки шомили Иттиҳоди иқтисодии Авру Осиё мешавад, аммо намешавад. Зеро, ки даромади oилаи Эмомалӣ Раҳмонов зери хатар мемонад. Як сабаби фишори Русия ҳамин саркашии Раҳмонов аз пазируфтани узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст.
Аммо дар охир, ба ҳайси як нафар тоҷик ва як нафар шахси огоҳ гуфтаниам, ки хуб аст ки Паймони Миллии Тоҷикистон дар Аврупо ташкил ва фаъолият мекунад. Агар ин ташкилоти сиёсӣ аз байн равад, ҳатман ҷои онро гурӯҳҳое хоҳанд гирифт, ки дигар ҳеҷ созише бо онҳо имкон надорад.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Сипос аз шумо, ки қисмати нахусти матлаби ман дар бораи радикализм ва радикализатсия ва сабабҳои пайдоишу ривоҷи он дар байни мардуми тоҷикро,ки бароятон фиристода будам,чоп кардед. Ман корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошам. Аммо ному насабамро навишта ва баён карда наметавонам.
Ҳоло дар идомаи он навишта мехоҳам инро биафзоям, ки чи гуна метавон бо илми «Психология-Равоншиносӣ» дар ин бора роҳи ҳалл пайдо кард. Раҳмонов ва дарбориёни вай даъво мекунанд, ки ҳукумати дунявии демократӣ доранд. Раҳмонов ва чоплусони вай даъво доранд, ки муборизони тоҷик давлати исломӣ мехоҳанд ва дунёро дар чавкоти қоида ва аҳкоми шариат мехоҳанд бисозанд. Мухолифини тоҷик ҳеҷ гоҳ сохту шакли ҷамъиятро ҷудо аз ва ё мухолиф ба хостаҳои ҷомеа даъво накардаанд. Ин ҳарфҳо ва ин иттиҳом болои мухолифин беасос аст. Барои роҳи ҳал аз теорияи
«Иерархияи Маслов» гуфтаниам. Ин «Иерархия» дар чанд қисм зикр шудааст:
Физиология
Бояд ҳар як инсон ҷои зист, ғизо, чароғу гармӣ дошта бошад. Агар ҳамаи талаботи физилогии худро доро бошад ҳеҷ гоҳ ягон идеологияи вайронро қабул нахоҳад кард. Мисоли оддӣ, чаро аз Малайзия ва Индонезия ба гуруҳҳои тундрав ҳамроҳ намешаванд. Барои он ки мардуми он ду кишвар соҳиби ҳама талаботи физиологӣ ҳастанд. Алалхусус дар Бруней, ки пас аз оиладор шудан ҳукумат ҷавононро хона медиҳад ва аз лиҳози иҷтимоӣ ёри мерасонад.
Дар Тоҷикистон метавон ин гуна системаро ҷорӣ кард. Барои ҷавонону наврасон дастрасӣ ба ин талаботро бояд фароҳам намуд. Аммо, мутаассифона тамоми сарват ва даромадҳои миллӣ дар дасти оилаи Раҳмонов аст ва ба мардум ва алалхусус ҷавонон ягон зарра шароит вуҷуд надорад.
Бехатарӣ
Бехатарӣ ва ё амният масъалаи хеле муҳим мебошад. Дар ин ҳолат инсон ягон ҳарос аз нотинҷӣ надорад ва касе болои вай зулм намекунад. Агарчи чоплусҳо талқин мекунанд, ки Тоҷикистон амн аст, аммо амн нест. Облава ва таъқиб барои тамошои сайтҳо, барои намоз хондан барои гирифтани таълими динӣ, барои риш ва сатру ҳиҷоб аз лиҳози равонӣ ноамниро бор овардааст.
Милисаро дар куча мебинӣ биму ҳарос мекунӣ, на инки эҳсос кунӣ, ки ҳомии ҳуқуқи ту аст. Ҳатман ягон баҳона карда ба ту дармеафтад: “ана саг омад, ҳози бо сум мега ягон притензия карда”.
Дар роҳ мошинро ронда истодаӣ яке аз паси кунда ё дарахт як милисаи дигар давида мебарояд ва радар дар даст албатта роҳи пулканиро меёбад. Раҳмонов гуфта буд, ки 30% ГАИҳо ихтисор мешаванд, аммо баракс зиёд шудаанд.
Ягон сухан аз ҳақ, дин, адолат ва ё ҳифзи ҳуқуқи худ гуфта намешавад ва агар гуфтӣ мебаранд то мурдан мезананд ва бо модда 307 5-8 сол равонаи зиндон мекунанд. Дар масоили сиёсӣ тамоман бояд сокит бошед. Тоҷикистон барои ҷавони тоҷик ягон зарра амният надорад.
Иҷтимоӣ
Дар масъала хеле муххим мебошад, ки мардум ба як гурух кабул карда шавад ва назар бадгарон дар як сатх дида шавад.
Яке аз ҷиддитарин мушкилот, ки мардумро ба самти радикализм тела медиҳад набуди адолати иҷтимоӣ ва рузбаруз фосилаи калон пайдо кардани табақаҳои мардум мебошад. Як ҷавони тоҷик танҳо барои он наметавонад бо дустдоштаи худ оила бунёд кунад, ки маблағ надорад вале як ҷавоне, ки падараш ё амакаш соҳиби вазифа ва амалдор чунин мушкил надорад ва падару модар духтари худро бароварда медиҳад.
Як ҷавони одиву аз оилаи камбағал дар баробари як ҷавони доро дар Тоҷикистон тамоман арзиш надорад. Ҳама арзишҳо ҳоло бо сум ва дороӣ чену баркаш мешавад. Эҳтирому ҳурмат ва иззату шарафи инсонӣ ҳам аз ҳамин зовия муайян мешавад.
Мисоли оддӣ Гулов Диловаре,ки қариб ҳарруз дар тарабхонаҳои Душанбе бо мардум занозанӣ мекунад ва ҳатто соли гузашта дар Ҳисор милисаро паронд ҳар куҷо равад мардум даст пши бар мегиранд ва ҳамчун инсони баландмақом кабул доранд. Аммо як ҷавони соҳиби илму маърифат хушахлоқ хуштарбияро қабул намекунанд. Инҳо ҳама боис мешавад, ки ҷавонон ба роҳҳои бад гароиш пайдо кунанд.
Худшиносӣ
Дар ҷомеаи мо,ки имруз ба сар мебарем шароит тавре сохта шудааст, ки мо фақат дар бораи эҳтиҷоти модии худ, худ ва оилаи худро чи тавр сер кардан андеша мекунем. Хоҳишу ҳавасу орзуҳои мо амалӣ намегарданд, мо дар фикри худшиносӣ ва миллату ватандорӣ нестем. Дар ҳоле, ки фитрати инсон, талаб мекунад, ки роҷеъ ба чизҳои дигар ҳам андеша кард. Мо на ҳақи интихоб дорем ва на мувофиқи арзишу ҳадафҳоямон зиндагонӣ мекунем. Табиист, ки ҳар шахс дар зиндагӣ кӯшиш мекунад, ки орзуҳои худро амалӣ созад ва мақомоти роҳбарикунанда бояд барои ин шароит фароҳам оранд. Ҷавонон кӯшиш хоҳанд кард, ки вақти бештареро ба омӯзиш ва навоварӣ сарф кунанд, то фазои беҳбуд барои рушд фароҳам оранд. Аммо дар Тоҷикистон насли ҷавон имкони беҳбудӣ ва рушдро надорад, зеро ҳамеша бо ниёзҳои худ барои зинда мондан банд ҳастанд. Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон ҳукумат як зарра кушиш намекунад, ки барои рушди ривоҷи зиндагии мардум имконият фароҳам оварад, зеро аз рушди зиндагии мардум метарсад. Ин ҳукумат хоҳони он аст ки мардум муваффақ нашаванд ва ҳамеша дар фикри пайдо кардани қути лоямут бошанд. Насли ҷавони Тоҷикистон бояд имкони худшиносиро дошта бошад вале ҳукумат ба таври сунъӣ масъалаҳои мухталиф эҷод мекунад. Аз ин рӯ, насли ҷавони мо асосан барои зинда мондани худ талош мекунад, яъне барои ишками худро сер кардан. Дар ин ҳолат, ки ҳамеша эҳтиёҷоту муҳтоҷиро ҳамроҳ дорад, зуд таҳти таъсири андешаҳои радикалӣ меафтад. Ба ваъдаҳои осмонӣ ва ғайривоқеъӣ бовар мекунад, чунки зиндагии вазнин ва ҳамеша нобоб дорад.
Маскав
Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман дар шаҳри Маскав ҳастам. Инҷо вазъи муҳоҷирони кории тоҷик рӯзторӯз ва беш аз пеш бадтар шуда истодааст. Мо бисёр умедвор будем, ки баъди дидору мулоқоти Раҳмонов бо Путин дар Маскав дар рӯзҳои Иди Ғалаба ягон беҳбуд ба амал меояд. Аммо ин вохурӣ ҳеҷ чизеро бар манфаати муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия иваз накард. Баракс, шароит барои муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар ин кишвар аз буда ҳам ҳам бадтар шуд.
Ҷои ташвишу нигаронӣ он аст ки Қазоқистон низ шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки барои нақзи қонунҳои Русия депорт шудаанд, роҳ надода истодааст, ки вориди ин кишвар шаванд.
Хабарҳое мерасанд, ки аз барнома ва тарҳҳои байни кишварҳои СНГ Тоҷикистонро хат зада истодаанд. Ҳатто дар нишастҳои кориашон даъват накарда истодаанд.
Суҳбатҳои Раҳмонов бо Путинро ҳам тамошо карда боз ҳам ноумедтар шудем. Раҳмонов ба Путин мегуяд, ки калонтарин базаи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон аст. Гуё Путин намедониста бошад, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбӣ дорад ва ё Раҳмонов гуфта истодааст мо тамоми ин ҳама муддат бо шумо будем ва ба шумо ҳастем. Ин суҳбатҳо ҳиҷ ба суҳбатҳои як раиси ҷумҳурӣ монанд набуд.
Ин суҳбатҳо шабеҳ ба талабаи вазифаи хонагиро иҷро накарда дар назди муаллим ва ё як гумонбар ба гуноҳе дар назди муфаттиш буд. Раҳмонов мекебиду мекалавид, устувор ва муҳкам набуд. Дузди ба даст уфтода ва муши ба об ғалтидаро мемонд.
Раҳмонов бо ин ҳама терроризму экстремизм гуфтанҳояш тоҷикҳоро дар сартосари дунё бадном кард. Путин хуб медонад, ки дарди Раҳмонов аз терроризму экстремизмнавозӣ чизи дигар аст. Русия ҳолати Тоҷикистонро дорад бад мекунад.
То онҷо ки шунидам Хадамоти федеролии амнияти Русия
ФСБ бачаҳои тоҷикро таҳти фишор қарор дода истодааст, ки ҳаммилатони худро бифрушанд. Ҳатто маҷбур карда истодааст, ки тавассути бархе аз ҷавонҳои тоҷик ҷавонҳои дигарро водор созад ба ҳисобҳои гуруҳҳое мисли ДОИШ пул фиристанд ва баъд раванду хабар кашанд.
Дар ҳақиқат ин шумораи бузурги шаҳрвандони тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд як фишанги тавонои фишор болои Тоҷикистон аст.
Ҳам Путин ва ҳам Раҳмонов медонанд, ки бар фарзе 100 ё 200 000 аз лашкари семиллионаи тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон баргардад ҳамагуна ноамнӣ ва исёну ошубҳо баргузор мешавад, ки метавонад ҳукумати Раҳмоновро сарнагун кунад. Путин медонад, ки мардуми тоҷик Раҳмоновро базур тоқат карда истодааст. Як ҷарақа кофист, ки Тоҷикистон дигарбора ба оташи ҷанг кашида шавад.
Дар ҳар ҳолат вазъияти робитаву алоқа миёни Тоҷикистон ва Русия дар вақтҳои ахир ва махсусан баъди ҳамлаи террористӣ дар Крокус бисёр бад шудааст.
Мо дар Русия сайт сомонаҳои тоҷикиро дунбол мекунем. Барои исботи онки алоқаҳо байни Тоҷикистон ва Русия бад шудааст, на фақат вазъияти муҳоҷирон шоҳидӣ медиҳад. Барои мисол аз сайти газетаи СССР хондам, ки хабарнигори онҳоро ҳам дар Маскав хуб напазируфтаанд. Ин нашрия навиштааст,ки
«Рӯзи 3-юми май бо даъвати ходимони Маркази матбуоти Президенти Россия дар шаҳри Москва ба дафтари он ҳозир шудем. Дар қатори ягона мухбири тоҷдорони рӯзномаи мардумии “СССР” зиёда аз 1000 мухбири ВАО-и дихилӣ ва хориҷӣ барои иштирок дар паради 79-умин солгарди Ғалабаи мардуми Шӯравӣ аз болои фашизми гитлерӣ барои гирифтани иҷозатнома (корти хабарнигорӣ) муроҷиат кард.
Дохили иморати Маркази матбуоти Президент шуда, шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ба қабулгоҳ нишон додам. Ходими Марказ шиносномаи тоҷикиро дидан баробар, аз ҷо 1 қад парида, аввал ба ҳамкораш, баъд ба ман нигоҳи аҷоибе кард, ки гӯё аз чизи хеле ва хеле ваҳшатноке тарсида бошад. Мумкин ба даст шаҳодатномаи тоҷикистониро гирифта, гӯё худро гунаҳкор карда бошад…
Баъдан маълум шуд, ки аз “боло”, яъне роҳбарияти хадамоти бехатарии Кремл дастур шудааст, ки ҳар гуна ҳуҷҷати аз Тоҷикистон омадаро зери назорати махсус гирифта, ҳушёрии дараҷаи аввалро эълон кардаанд, лекин дар миёни 1000 хабарнигор, мухбири “СССР” ягона ва чанд сол аст, ки дар Москва рӯзноманигорӣ дорад.
Муколамаи СССР бо Кремл
-Бо дуруд!-гуфта ба ходими Марказ муроҷиат кардам.
-…-аз ваҳми баланд бошад, ки саломро фаромӯш кард.
-Муҳтарам ҷаноби Марказ! Мебинам, ки ҳатто аз дидани 1 шиносномаи Тоҷикистон шуморо сахт чизе тарсонд, ин аз барои чӣ бошад?
Ходимро аз ному насабаш на дар пеши синаву на рӯйи мизаш нишоне набуд, ба ман бо рӯйи аз тарс каме сурхшуда, нигоҳ кард.
-Ҳи, ҳи, ҳи… Ннее, маан ҳамту нигоҳ кардаам, -гуфта, шиносномаро ба 1 нафари боз ҳам бе ному нишони дигар дароз кард. Ин ҷаноб, аз рӯи номи падару номи ман иҷозатнома (корт)-и барои иштирок дар 79-умин солгарди Ғалабаи мардуми Шӯравӣ аз болои фашизмро аз сандуқча ёфта, ба ман дароз кард. Фаҳмид, ки ҳамкораш хатои азиме карда, ки ислоҳаш маҳол аст, мулоимии худро нишон доданӣ шуд, ки он тарси ҳамкорашро рӯпуш кунад, лекин “Ӯ” натавонист.
-Ооо. Ҳи, ҳи, ҳи. Чӣ хеел номи зеебои аҷоииб, рӯзномаи “СССР”!? Ин “СССР”-аш дар куҷо бошад? –гуфт бо хандаи заҳрнок.
-Дар Тоҷикистон. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол. Медонед, ки чунин кишвар бо Россияи дӯст арзи ҳастӣ дорад?!-бо сари баланду садои баланд гуфта, худро шинос кардам.
-Хееле хууб, хееле олиҷанооб. Аввалин бор унвони чунин рӯзномаро мебинам.
-Барои чӣ? Ин рӯзнома наздики 18 сол то ин ҷониб дар Осиёи Миёна хеле фаъол аст ва мухбираш низ дар Вазорати корҳои хориҷии Россия аз қайди расмӣ гузашта, солҳост, ки дар қаламрави Россия ва ба хусус дар бузургшаҳри Москва, дар Кремл, хабарнигорӣ дорад. Афсӯс, мебинам, ки Шумо ба дигарон кам аҳамият медиҳед, ҳатто ба назар ҳам намегиред, бисёр замон эҳтиром низ намекунед, ки камбудии хеле гарони шумост гардидааст.
Ба ҳамин аҳвол, чанд корманди Марказ фаҳмиданд, ки пеши мухбири “СССР” ноэҳтиромӣ, гуноҳи азим карданд, ноилоҷ сари хам “бубахшед” гуфта, маро гусел карданд.
Хулоса, барои намойиши ин маъракаи муҳими “9-май-Рӯзи Ғалаба” мухбири “СССР” аввалин бор иҷозати расмӣ гирифта, барои иштирок омодагӣ дорад. Репортажи моро интизор бошед. Мо метавонем!»
Шамсиддини Муқим,
Москва, Майдони Сурх,
“СССР
Ин навишта ҳам далели мувассақи он аст ки на фақат дар гузаргоҳҳову марзҳо, дар шуъбаҳои милисаву дигар идораҳои Русия тафтишу бозҷуии тоҷикҳоро сахт кардаанд. Ҳатто ба хабарнигори тоҷик бо шакку шубҳа менигаранд. Ва хабарнигори ин нашрия ҳам навиштааст, ки тафтиши асноди ӯ бо дастури Хадамоти амнияти Президенти Русия сурат гирифтааст.