Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №150

Ислоҳ нет

Ин шумораи №150-и «Номаҳо..»-аст. Амсоли номаҳои қаблӣ, пур аз дарду доғи мардум ва муаллифонаш ҳам худи шумоед. Аз баски шумораи 150 ҳам як шумораи нисбатан ғайриодӣ аст шояд зарурат бошад, ки як бор ба қафо баргардему бубинем ин ҳама муддат чи мардумоне бо мо буданду чи мардумоне камтар бо мо буданд. Манзур як мурури иҷмолӣ мекунем то бубинем, ки мардуми кадоме аз навоҳӣ мубориза ва пайкор алайҳи ин режими ғайримардумиро суст намекунанд вале боз ҳастанд навоҳие, ки ба назар мерасад тан ба тақдир додаанд.

Бархе аз навоҳӣ амсоли Спитамен, Истаравшан, Ашту Масчоҳ дар вилояти Суғд ва Вахшу Бохтару Сарбанду Шуроободу Рашт дар Хатлон ва навоҳии тобеи марказ дар роҳи мубориза бар зидди Раҳмонов ва режими вай кутаҳӣ нишон медиҳанд.

Бори дигар мегуям, ки ҳар чиқадар, ки мову шумо дар суҳбат ва робита бишавем, ин режими диктотурӣ ба ҳамон андоза калофа ва сардаргум мешавад ва даст ба иқдомоте ба мисли қонуни зидди сатру ҳиҷоб мебарораду худаш худашро дар ботлоқ ва манҷалоб тела медиҳад.

  Дидед, ки муқобала бо ҳиҷоб чи корашон кард. Маҷбур шуданд, ки нахуст по пас бикашанд. Аммо пас аз омӯзиши пурраи афкорри умумӣ боз корашро кард. Иллат истодагари накардани миллат ва мардум аст.

Дар ҳоле Рустами Эмомалӣ Афғонистон ва давлати онро манбаи хатар ва терроризм муаррифӣ мекунад масалан Қазоқистон Толибонро аз листи террористҳо берун карда ва шабу саҳар Русия ҳам ин корро хоҳад кард. Яъне чӣ? Яъне ин аст, ки Раҳмонов ва дору дасташ ин шо Аллоҳ дар остонаи фурупошӣ, суқут ва сарнагунианд.

Чунки инҳо беҳад аз худ рафта буданд, кайҳост, ки ҷойи пойи худро фаромуш карда буданд. Гуё мардум неву бо мурчаву бо ҳашарот тарафанд. Номуси миллатро дарида таги по карда истодаанд.

Дар ин 150 барнома мо чеҳраи касиф ва кареҳи инҳоро борҳо тарсим ва тасвир кардем.

Аз дуздиҳои оила ва ғорат кардани сармоягузорони хориҷӣ гуфтем. Аз он гуфтем, ки кишварро ба фисқу фасод ғутавар кардааст.

Дар оянда ҳам зиёд хоҳем гуфт. Вале шумо бояд моро дар каноратон дошта бошед ва бояд душодуши ҳам бошем. Бинвисед…

Шаҳринав

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мехостам дар бораи баригаҳои ба ном шогирдони домоди Раҳмонов якчанд маълумот роҳӣ мекунам то аввал мардум ва баъд Э.Раҳмонов бифаҳмад, ки чи хел миллатро аз синни мактабӣ наркоман карда истодаанд. Фақат ба хотири бизнес! 

 Дар ноҳияи Шаҳринав, ҷамоъати Боғистон як барига ҳаст бо номи Қосимов Улуғбек Хайруллоевич, ки ягон коркуни отдели ноҳия ғайрати бо вай гапзанӣ надоранд!  Вай фақат аз номи домоди Раҳмонов гап мезанад. Мегуяд, ки «ман участковийро фалон  кардагиам. Фас мегум любой гапзанша хап мекна барои, ки доляша гирифтагияй»!

  Дар отдели Шаҳринав началники ОБНОН Комил гуфтанӣ мент ҳаст -началник оид ба наркотикбо кличкаи Комилча мешиносандаш. Ҳамон борро оварда медиҳад ба Улуғбек Хайруллоевич . Вай ба талабаҳои мактаб мефурӯшад. Аз ин корро ҳатто директори мактаб хабардор аст, аммо вай низ доляи худашро мегирад! Як шогирди Улуғбек холабачаи ҳамин директори мактаб аст. Директори мактаб Сафаров Фарҳод 100% бо амният ва бузҳои Шаҳринав кор мекунад. Ба ҷое, ки талабаҳои мактабро тарбия кунад, ҳар рӯз ба сари кудакони мактаб милисаҳоро оварда падару модарҳоро фарёд карда метарсонанду пачкаи сумро мегиранду мераванд! Ягон кас ба ин Улуғбек сарбасар намешавад, барои онки метарсанд!

Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо №130» дар бораи Хушназари Регар гуфтед. Сад дар сад рост буд. Хушназар ҳам аз ҳамин Улуғбек омада борро мегираду меравад. Ӯ ҳам «одам»-и ҳамин Комилчаи началник по наркотик аст. Комилча ҳам аз Регар аст. Лекин худашро ошкор намекунад дар пеши Хушназар. Через дигар одам аз Улуғбек бор мегирад. Ман намедонам ин Комилча бо домоди ҷанобашон чи тавр алоқаманд шудааст! Ман 100% медонам, ки Комилча бо Аннаи регарӣ кору бор дошт! Ҳатто вақте Комилча як менти одӣ буду дар отдели Чептура кор мекард Анна бо пули худаш ба вай мансаб харида дод! Ман худам шоҳиди он будам, ки Анна гуфта буд, ки «ин кудакора ҳарҷода кор монем барои як рузи мабодо». Лекин ман намедонам чаро инҳо аз номи домоди Раҳмонов гап мезананд? Значить Анна бо домод якҷоя будааст. Акнун, ки вазъияти Анна безеб аст ин баригаҳо аз номи болотарашон гап зада истодаанд.

Ба Худо қасам не толко ҷамоати Боғистон, балки вес райони Шаҳринав ва як қисми Регар Улуғбекро мешиносанду аз кору борашон дарак доранд! Ягон мент овозашро намебарорад. Баригаҳои Улуғбек яктааш холабачаи директори мактаб, яктааш амакбачаи бивший мент ба номи Ҷӯрабек Гадоев аст, ки аз ментӣ барои сафедифурушиаш (героин) пешаш карда буданд. Ҳозир дар военкомат кор мекунад. Мегуяд ҳозир дар военкомат аз героину чарсфурушӣ дида суми бештар меёбам.

Яктои дигар баригааш бачаи тағои худи Улуғбек буд, ки ҳозир маҳкам аст. Ба наздикӣ қапиданаш. Худи Улуғбек низ як -се чор рӯз ё баҷо буд ё қапида буданаш, ки гум буд, аммо боз пайдо шуду дар ҳама ҷо воҳима карда гаштааст, ки «ман зани судяра фалон мекунум, ки ҷавобуш наметия. Болода 15000 доллар додагиюм попробуват куна судя ҷавоб натия»!

Баъди ғалтидани ҷиянаш наабарот ҳар рӯз мошинро наски борин иваз карда истодааст. Як рӯз Лексус як рӯз БМВ савор шуда гашта истодааст.

Бародар ҳамин мактуби маро, агар илоҷаш бошад срочна ва безочерад нашр кун, ки Раҳмонови касиф бохабар шавад аз милисаҳои разбойнику аз домодҳои наркобизнесашу баригаҳои домодҳояш, ки ба Худо қасам аз дасти инҳо талабаҳои синфҳои 10 ва 11 наркоман шудагианд: «ира вес мардуми Боғистон медона лекин метарсан даҳоншона кушоянд».

Ман намедонам чихел бачаҳоямро ба ин мактаб роҳӣ кунам. Директори мактаб ҳар рӯз кудакҳоро барои мӯи сару барои прогулҳояшон ҷарима карда сумро пачка- пачка ҷамъ мекунад,аммо барои наркоманиашон ягон гап намегуяд.

Агар ҳамин директор барояду гуяд, ки ин гапҳо дуруғ аст, бахудо қасам ман талабаҳои наркоманшударо бо ному фамилияашон навишта мефиристам.

 Отдели Шаҳринав ё аз Улуғбек доля мегиранд, ё Комилча роли калонро бозӣ карда истодааст, ё аз домод метарсанд.

Баригаҳои Улуғбекро вес мардуми совхоз бо чеҳра мешиносанд, лекин овоз намебароранд. Барои он, ки криша домод аст ва дигараш инки ҳамаи баригаҳояш як тағо ё амак ё амакбачаи мент доранд.

Фарҳоди директори мактабро як бор сур карда буданд барои додараш, ки кассаи совхозро дуздид. Қапиданаш хапу дам корро тинҷ кардану Фарҳодро аз директорӣ дафъ карданд. Аммо баъди якчанд вақт боз амният гирифту дар кор монд.  

Ин Улуғбек дар як ҳавлӣ бо ду зан зиндагӣ мекунад. Ягон менташ овозашонро намебароранд. Лекин фаҳманд, ки як мулло ду зан гирифтааст, дар ҷояш дело мекунанду дар телевизор нишон медиҳанд, барои муллоҳоро сиёҳ кардан дар чашми халқ!

Лекин Улуғбек дуто зан дорад, ки ҳардуяш ҳам дар як мактаб хондагианд, дар як деҳа калон шудагианд. Барои чи ягон бор қонуни ҷаноб гуфта наомаданд, ки дузана аформиташ кунанду маҳкамаш кунанд? Шайх Темур ва Зайд Саидро маҳкам карданд ку!

Улуғбек дар ҷамоати Боғистон як гектар зиёд заминро харидагӣ аст. Чанд дарвоза мондагӣ аст. Как будто аз чанд одам аст. Лекин дар асл ду ҳавлӣ аст, ки ҳарду занаш зиндагӣ мекунанд. Он замин барои 6 ё 8 оила ҳавлию хона мешуд, агар ба халқи камбағал тақсим мекарданд. Ҳозир Улуғбек худаш бисёр дар куча намегардад. 

Суди ҷиянашро интизор аст. Ба умед аст, ки сараш медиҳанд. Комилча ҳам гум аст, совхоз наомада истодааст Пеш аз ғалтидани Меҳрубони ҷияни Улуғбек ҳар рӯз меомад. Охирон бор бо БМВ-и последни модели 2023 ё 2024 омад. Вақте Меҳрубонро қапиданд,гум шуд, наметобад.

  Хайриддини холабачаи Фарҳоди директори мактаб ҳозир як худаш  кор карда истодааст. Мегуянд, ки амакбачаи Ҷӯрабек Гадоев худаш ҳам, ки бисёр мезадааст, растарат кардааст. Аз Улуғбек қарздор шудааст, ҳоло барои фурухтан бораш надода истодааст. Фақат барои задани худаш медодаст. То кай ин мардуми совхоз метарсанд. Мешинанд хап, аммо дар пеши чашмашон фарзандҳояшонро дар мактаб наркоман карда истодааст.

  Амният куҷоро нигоҳ мекунад? Амният фақат дар ришу сатр кор дораду тамом. Барои амният гуфта аз мактабҳо ва масҷидҳо фақат пул ҷамъ мекунанд.  

Муҳаммадиқбол, бародар, бе ягон нуқтаву вергули зиёдатӣ нашраш кун, ки сари роҳи ин Улуғбеки баригаро гиранд. Агар Рамазон Раҳимзода ба ҳамаи ин гапҳои ман бовар надошта бошад бигузор равад зиндонҳои Точикистон пурсад канӣ чандсад нафаро ба бори ҳамин барига шиштагианд.

 Фақат дар Тоҷикистон чандсад нафар вале агар Русия рафта пурсида тавонад чанд ҳазор гуфта метавонем.

  Боз як баригаи Комилчаи милисаи регарӣ,ки дар Шахринав кор мекунад,Ҷалолов Одил бо лақаби пласмасса аст.

Ин пласмасса дар паси арақзавод як замин барои хона гирифта онҷоро холоделник кардагӣ аст- барои меваю сабзаҷот хранит кардан. Аммо мутаассифона дар асл «уҷара притонхона кардагияй».

 Ин номарди Ҷалолов Одил дар Шаҳринав,ҷамоати Боғистон омада зиндагии чанд оиларо  вайрон кард! Занҳои шавҳардорро бисёр чаққа аст. То дараҷае шудагӣ аст ки як руз бева снимат кунӣ мерава- ба гуфти худаш к…ой! Медарояд як хона беваҳоро выбират кунӣ. Дар байни беваҳо ҳам очаи худаш ва ҳам холааш! Мепурсад, ки Шумо инҷо чикор мекунед? Очааш гашта мегӯяд,ки «бачам моям нафс дорем»! Аз изояш очаву холаашро ба мошин  бор карда ҷанҷол карда мебарад хонааш.

Ин пластмассаро холаҳояш аз давраи Союз медоданд, мегаштанд. Як холааш рақосса ҳам буд, номаш Гулбаҳор. Холаи дуюмаш Зулфия, лекин очааш зани нормалний буд! Худованд ҳамин тавре задаш ки баъди падараш мурдан очааш ҳам аз қафои холаҳояш рафт.

Барои ҳамин Ҷалолов Одил Бегиҷоновичро гуфтаниам,ки «эй ҳаромӣ, дидестӣ, ки худованд читари мезаната? Худо ба мушту шапалоқ намезаната! Худо ина итари шармандаи рӯсиёҳут мекуна! Эҳтиёт шав, ки пагоҳ занта миёвӣ ай ягон хонаи мамарозаҳо! Ту даюси пидр изо накашидӣ, зани Зубайди васхода зиндагиша вайрон кардӣ?»

Он притонхонаи Одилро ҳамаи милисаҳои Шаҳринав хабар доранд. Шабҳо мебиёянд, мошинҳояшон дар кӯча мондагӣ худашон медароянду соатҳо дар ҳамон дарун чи коре мекунанд Худо медонаду худашон! Намедонам бо милисаҳо якдигарашонро мемаканд, мелесанд, номаълум!

  Фақат мо мардуми совхоз ба ин пластмасса як хитоб дорем,ки «ба занакой шудор кор нагира,ки кадом шав медроем ҳам худша ҳам занша…». Ва чихеле ки худаш занакой шудорро чаққа аст як хоҳари шудори фасонак дорад, мо ҳам даромада ранги худаш мекунем! Как рас язнааш Русия рафтагӣ аст.

Баъд барои Фарҳоди директори мактаб гуфтанием,ки мардуми савхоз войдод доранд «ай дастаи тра, бас кун зулму бузита».

  Ин Фарҳоди пидр ҳатто мактаб тамом шуду ҳоло ҳам списка карда родителҳоро  ҳамроҳ бо участковый фарёд карда сум ҷамъ карда гуфти русҳо на последок гуфта! Ҳеҷ баҳонае наёфтанд, мардумро гуфтанд, ки фарзандҳои шумо дар охири таҳсил яъне мактабро тамом кардан дар куртаҳои якдигар на памят гуфта ҳар чизе навиштаанд. Падару модарҳо мегӯянд,ки охир куртаҳои фарзандонамонро мо худамон харидагием, боз даркор шуд мехарем, давлат ё маориф ку нахарида аст, барои чи мо штраф супорем?Директор гуфтааст, ки «иям як намуди исрофкорияй, метонистан, ки ҳамин куртаҳора соли оянд пушан».

  Хитоби мо шермардони совхоз ба ин Фарҳоди директори занталоқи  кафан гадои сад танга қарздори даюси беномус ин аст ки бас кун зулму бузиатро, ки рузаш мешавад,ки дар пеши ин халқи мазлум ҷавоб медиҳӣ. Агар ба пули мардум бой мешуд падарат бой мешуд! Як ними совхозро кидат кард, бой нашуд ку! Ту ба зулму  бузиву гадоӣ бой мешавӣ? Обрӯю боигариро Худо худаш медиҳад. Барои ҳамин зӯр назан,ки зӯри беҳуда миён бишканад гуфтаанд, бузургони мо! Баъд барои куртаҳои талаба ва толибаҳои мактаб мегуӣ, ки исроф аст, лекин олӣ сентябр нашуда кудакҳоро маҷбур доред, ки либоси мактабии нав аз мактаб харанд! Чаро инҷо намегуӣ, ки исроф мешавад, либосҳои имсолаатонро соли оянд пӯшида биёед?

Боқӣ дар паноҳи Худо бошед, бародари қадрдони мо Муҳаммадиқболи Садриддин!

                                          Ваҳдат

  Салом устод Муҳамадиқбол! Аз деҳаи Лақайбегии шаҳри Ваҳдат менависам. Устод, рости гап шумо бо барномаи «Номаҳо аз ноҳия»-атон ҷони ин ҳукумати золиму одамкушро дар нуки биниаш овезон кардаед. Ҳар боре барномаи «Номаҳо..» сар мешавад, бовар кунед, агар Эмомтапак мурда истода бошад ҳам мақомот ба суи Эмомтапак неву ба тамошои барномаи «Номаҳо..» медаванд. Барои он, ки ин барнома  тамоми лофу газофу дуруғҳо дар бораи ободиву шукуфоӣ ва пешрафту тинҷиву оромигуиҳои ин режиму чоплусонашро бармало мекунад.

Ин бор тасмим гирифтам, ки навиштаамро аз як шеъри инқилобие, ки худам эҷод кардам, шуруъ намоям:       

Шабу рӯз мегуям уф,         

Дод аз дасти Раҳмонуф.

 Хуни миллатро хурдаст,   

 Дини миллатро руфтаст. 

 Масҷидро маҳкам кардаст,                         

 Милатро туҳмат кардаст.

 Мегуяд он беадаб,               

 Сатри ту моли араб.     

 Иззат Амон зиндонаст,   

Чеҳраи у хандонаст.         

Биёед эй милатам,           

Мо ҳама якҷо шавем.

Зидди зулми Раҳмонов,

 Мушти тавоно шавем.

 Вақтҳои пеш барномаҳои шуморо бисёр тамошо мекардам. Ҳоло мисли пешина не. Мепурсед чаро? Барои он, ки наметавонам. Боз мепурсед, ки барои чи наметавонӣ? Барои он, ки  дигар тоқати шунидани ғаму дарди ин миллати мазлуми бечораро надорам.

 Ман ҳоло ин номаро аз даруни масҷиди марказии Ваҳдат навишта истодаам. Инҷо чанд нафар милисаҳои 6-ой отдели Ваҳдат ҳам нишастаанд ва аз даруни масҷид бароятон дуо карда истодаам.

  Дуоям аз даруни масҷид бароятон ин аст, ки парвардигоро, ман ба хонаи ту омадам, барои он, ки дар ҳақи ин золимон дуо кунам ва дуоям ин аст ки Аллоҳ ҷони фарзандони милисаҳои 6-ой отдели Ваҳдатро бигир. Худоё, кош чунин шавад, ки ҳар руз ба гушам хабари марги фарзандони милисаҳо расад. Он вақте, ки тобути фарзандонатонро дар руи дастатон мегиреду ба қабр мемонед, бовар дорам боз медавед, ба назди ҳамон муллоҳое, ки дар отдел мезадеду ришашонро метарошидеду таҳқирашон мекардед

Ва он вақт илтимосу зорӣ мекунед, ки дар сари қабри фарзандонатон ин домуллоҳо оят хонанд. Ё Аллоҳ дуоямро қабул кун.

 Шумо пайравони Эмомтапак-милисаҳои золим гуш кунед. Агар он дубинкаҳое, ки дар даст доред ва бо он мардуми шаҳри худатонро мезанед, ин дубинкаҳо агар забон медоштанд мегуфтанд бас аст, мо тоқати шунидани гиряву нолаи ин миллатро надорем.

  Баъди видеоро тамошо кардан аз паси ман нашаведу аз паси хизмат ба мардуми мазлум шавед. Ҳаминро донистам, ки вақте инсон дар дилаш меҳри ватандустӣ пайдо мешавад, дигар на аз ҳукумати Эмомтапак метарсаду на аз зиндонаш:

Ту мапиндор, ки дар фикри танам,

Нигарони саратони ватанам.

У, ки бемор шавад мо ҳама низ,

Ман, ки бемор шавам як баданам.

 Дидем, ки Раҳмонов ба Рим ҳам рафту  чанд табақ себ, шафтолуву мавиз, ҳатто ғулинг ва дигар майда чуйда бурд. Охир дигар давлатҳо мошин истеҳсол мекунанд, асбоби рузгор истеҳсол мекунанд онҳоро ба намоиш мегузоранд, ту бошӣ Аврупо ғулинг мебарӣ. Магар ҳамин ғулинг истеҳсоли ту асту халос, магар дар онҷоҳо нест ғулинг, ки ғулинг мебарӣ.

 Боз як чизи дигарро гуфтаниам. Ҳангоме генералҳоятро хезонда мегуӣ, ки 10 сол пеш чи рангу намуд доштен, ҳозир чӣ, чи хонаву дар доштен ҳозир чӣ, чи  моликият доштен ҳозир чӣ?

 Акнун савол ба худат ҷаноби Эмомтапак. 30 сол пеш дар Данғара чи рангу намуд доштӣ, ҳозир чӣ? Чи хонаву дар доштӣ, ҳозир чӣ? Чи моликият доштӣ ҳозир чӣ? Охир дар Данғара нони хурдан надоштӣ? Дар тамоми умри ҷавоният шикамсерӣ нон нахурда будӣ. Озодаи духтарат бо духтари калоният дар хар савор шуда ба саҳро барои ҷамъ кардани тапак мерафтанд. Он рузҳоро ба хотир биёру даст аз зулм болои ин миллати мазлум бардор.

  Кайҳо вақти он расидааст, ки милат бояд ҳақи худро талаб кунад. Эй мардум душманиро байни якдигар бас кунед. Нагуед, ки ту кулобӣ, ту данғарагӣ, ту ғармӣ. Чунки ҳамаи мо як душман дорем -он ҳам бошад Эмомтапак аст

 Ба мардум гуфтаниям, ки мо бояд аз ҳақи худ дифоъ кунем. Агар дар Бадахшон бадахшониро ин ҳукумат зулм мекунад, ваҳдатӣ аз ҳуқуқи бадахшонӣ ҳимоят кун, агар кулобиҳоро дар Кулоб зулм мекунанд, ғармӣ бархеву бигу, ки чаро бародарони кулобии моро зулм мекунед?

                                        Конибодом

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як зодаи шаҳри Конибодом ҳастам. Хоҳиш мекунам ин номаи маро нашр кунед. Соли 2023 тобистон ба Конибодом рафта будам. Нархи тамоми чизҳо гарон аст. Мардум дар мағозаҳо ва ошхонаҳо кор мекунанд, рӯзи корӣ 30-40 сомонӣ аст. ГАИ-ҳои Конибодом пора хур шудагӣ. Агар мошинро дар назди тарабхонаи Муроду Мақсад гузори номерро мекананд ва аз ронанда 50 сомонӣ мегиранду баъд   бармегардонанд. Номери як рафиқамро гирифтанд. Вай ба прокуратура рафта буд. Баъд началники ГАИ омад, ҷарима кард. Он ГАИишники номерро гирифтагӣ гуфт агар ту ба прокуратура намеомадӣ 50 сомонӣ гирифта номератро бармегардондам.

   Нархи ҳамаи чизо баланд. Мо аз ин сабаб маҷбур мешавем ба Русия биёем. Дар Ватани худ кор карда наметавонем. Маош кифоят намекунад. Милисаҳои Конибодом ҳам аз худ рафтагӣ. Бо чашмони худам дидам чи тавр занҳои узбекзабонро, ки дар бозори шаҳри Конибодом савдо мекунанд бо дашному ҳақорат пеш мекарданд ва ҳатто чизҳои онҳоро бо пой мезаданд. Чи тавр бераҳм ҳастанд. Охир занҳои мо ба Узбекистон раванд милисаҳои Узбакистон ин корро намекунанд, шумо меҳмон ҳастед гуфта моро қадр мекунанд. Ин чи ҳолу аҳвол аст?

                                            Зафаробод

Салом бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Дар бораи як порахури дигар маълумот медиҳам. Номи ин шахс Исмоил аст. Исмоил пеш дар идораи ҷамоат кор мекрад. Як бузи калони шохдор аст, ки ҳамаро хабар мекашид. Махсусан бачаҳоро ба военкомат мефурухт. Ҳозир ин беномус дар ҷое, ки ёрдампулӣ медиҳанд, барои қувваи барқ, барои оилаҳои камбизоат. Ин беномус то 100-150 сомонӣ нагирад ягон корро буд намекунад. О, ҳамон ёрдампулӣ худаш 200 сомонӣ аст. Бояд 100 сомониашро ба ин гадоҳо дод, набошад коратро буд намекунанд. Пеш аз ин як зани дигар раиса буд, Меҳрӣ ном дошт. Ва тамоман аз худрафта буд. Как будто аз моли падараш медода бошад. Вай аз ин ҳам бадтар порахур буд. Ин амнияту прокуратура  куҷоро нигоҳ мекарда бошад. Идораи коррупсия дорем.

 Он занро кадоме подстава кард. Вале зиндон нашуд. Дастгираш карданд, аз ҳамон пулҳои дуздикардааш доду баромад. Он зан, Меҳрихон гуфтааст, ки «маро ҳамин Исмоил специально подставит кард, барои ҷои маро гирифтан. Ман инро ҳамин хел намемонам».

  Ин беномуси Исмоил зану фарзанд дораду боз бо як духтари ҷавонро никох карда дуюм зан кардааст. Ба гуфтааш он духтар дар пушти бозори ҷумъа транс мегуянд- дар маркази Зафаробод, дар онҷо истиқомат мекунад, номаш Фотима аст. Соф ранги худаш буз. Корҳояшонро дуруст мекунад, сумҳояшонро мегирад. Аммо як мардуми камбағал    равад дод зада сиёсат мекунад. Бо вай мегуфтааст, ки ман «инҷо ҳамин хел раис нашудам, ман доля дода инҷоро харидам. Ман бояд, ки суми додаамро барорам». Охир мо мардуми камбағалро гапҳоямонро ҳеҷ кас намегирад, даже гуш намекунад. Мо дигар илоҷамон намонд. Охир ба шумо муроҷиат карда истодаем. Ман дар як чиз ҳайрон мешавам. Вай чи хел нотарсида рушод аз мардум пул мегирад. Охир ин Зуфархон бо амнияту прокуратурааш куҷоро нигоҳ доранд. Соф порахурҳо дар ҳама ҷо ҷамъ шудааст. Охир мо мардуми камбағал додамонро ба кӣ гуем. Бигзор маро қапанд ҳам, ман ин номаро ба шумо менависам…

                                  Кулоб

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ҳазрат «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и рақами 129-ро тамошо кардем. Дар ноҳияи Хуҷанд буд, ки тифлакони бегуноҳро бо модарашон куштанд. Ин ҳамааш дасисаи Ятимови махуф аст, ки гуфти худатон аз қирғиз бинанд ва нисбати ин ҳукумати тоғут нахезанд. Дар чанд барнома мегуфтед, ки як афсар дар қушунҳои сарҳадӣ аз тарафи Ғарм буд. Ятимов уро ба фарзандӣ қабул карда буд. Сағира будааст. Бар зидди мардуми Ғарм тайёраш мекунад. Ба фикри шахсии ман ин одамкуш ҳамон одами Ятимов мебошад. Шуморо  95 % сарҳадбонон тарафдорӣ мекунанд. Бо  онҳо бо тамос бароед, худашон мегуянд, ки ҳамон  килери Ятимов  ҳоло дар  куҷо кор  мекунанд. Дар фурудгоҳи Кулоб як  муовини  директори  фурудгоҳ  ба ном Самандар  Қармишев  кор  мекунад. Бовар  кунед  «ихели гшнаша нав дидем» .

20 милион сомониро  хурдааст. Барои мардуми аэропорт маош нест.  Мақомоти қудратӣ, ки тафтиш  гузаронад, болои ин  ҳама  дуздиаш боз наркоман   мебошад. Шиша истеъмол мекунад. Охир ин чихел  давлатдорӣ  аст? Аз  сатру ҳиҷобу  риши  мардум сахт гирифтанд. Агар ҳамин хел, айне, ки зидди ҳиҷобу риш ба по хестаанд, дуздҳоро қапанд, ки ин қадар  бюҷети ҳукуматро  мехуранду  мегарданд касе  кор намегирад.     

   Дар се соли кориаш соҳиби хонаи сеошёна, мерседес, кайфу  сафояш бе   ҳисоб. Мардуми аэропортро фанд карда мегуяд, ки «ман одами Зоирам, бо Рустаму Озода ҳар рӯз алоқа дорам». Дар асл ягонтои онҳо намешиносандаш, ягон робита бо онҳо надорад. Падари Самандар Юсуф ном дорад. Як марди беимон, алтр  мебошад. Вай намояндаи яҳудҳо дар  Тоҷикистон   мебошад. Ба ҳамаи мақомоти Кулоб «доля» медиҳад, ягон мақомот намепурсадаш, ки ту саги куҷоӣ? Чи хеле дар боло зикр кардам, солҳои 92 буд. Дар вақти майдонҳои Озодиву Шаҳидон. Як бача буд Мади ном дошт. Амниятиҳо уро куштанд ва гушу бинияшро буриданд. Дар руяш мазут рехтанд. Дар  майдони Сурхи шаҳри Кулоб оварда гуфтанд, ки бинед  вовчикҳо  бо мардуми Кулоб чикор  карданд ?Баъд аз он ҷанги вовчику юрчик сар шуд. Ин хел дасисаҳо дорад Ятимови махуф.

                                Восеъ

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Боз як хабари дигар мефиристам. Ин одам дар ноҳияи Восеъ духтарҳоро таҷовуз карда мегардад. Халқи бечораро гапзанӣ намемонад. Дар Восеъ рэкетӣ мекунад. Чанд рузи пеш дар Восеъ авария карда буд. Кемри 2 дорад. Дар як мошини камбағалро зада буд, виноват ҳамин буд. Бори он бечора кард. ГАИҳо ё аз тарсашон, ки пушташ Юсуф Раҳмон аст яъне Генпрокурор. Камбағалаки бечора намедонад, ки дар куҷо шикоят кунад. Дар ҳамин вилояти Хатлон любой одам аз вай метарсад. ҳатто прокурорҳо. Пеши прокурори Кулоб медарояд, прокурор аз тарсаш пешаш мехезад, ки боз тагашро нарсад. Яъне Юсуф Раҳмонро. Ин одам дар ҳама ҷо мегуяд, ки тағам Юсуф Раҳмонай, «зарбаи ҳами шери нарай, ки лубой пракрор ай ма метарса». Мошинаш документ надорад, ҳатто тонировкааш иҷозатнома надорад, аммо як милиса дух намекунад, ки «манш кна ё дакментш пурса». Худаш хизмат нарафт, додарҳояшро ба хизмат намебаранд. Кормандони военкоматро мегуем намебарендашон. Мегуянд, ки «тағаша занг бзана, бга мара хизмат мебаран тағаш Восера меларзона». Як рӯзи дигар мошинашро дар пеши бозори Восеъ мемонад .Як ГАИ нав омада будааст. Мошини инро нашинохт. Гуфт нарушений дорад ва номери мошинашро канду гирифт. Яке аз бозор омад, дид, ки номери мошинаш нест. Таксистҳо гуфтандаш, ки «унаму гаи грфтайш».

  Фарёдаш карда мегуяд: «бра номера часпон». ГАИшник мегуяд, ки «уҷа мошинмони мункин нестай. Номерота наметм». Корманди ГАИро як ду шаппотӣ мезанад, курткаашро мекашад, медарад. Мегуяд, ки «ма ҷияни Юсуф Раҳмонм, зури пракрор ба ма намераса, хдт киӣ, як сагбача».

Ин ҷияни Юсуф Раҳмон ному фамилияаш Одинаев Кароматулло аст.

                               Душанбе

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин.Аз мазмуни нома хоҳед фаҳмид, ки ман кӣ ҳастам ва дар куҷо кор мекунам. Аммо, ба назари ман ин муҳим нест.

Аз чи бошад, ки муносибат байни Асадулло Раҳмон ва СС.Ятимов бад шудааст. Як манбаи наздик ба оила гуфт, ки Раҳмон шумораи кормандонро аз Фархор дар КДАМ кам карда, дар ҷои онҳо нафаронро аз Данғара таъин карда истодааст. СС ба Асадулло Раҳмон чанд руз пеш ҳушдор додааст, ки «сарта мехрӣ, одамш кати бози дорӣ чыркак» Умуман Раҳмон шумораи кормандони фархориро аз сохторҳои қудратӣ тоза дорад. Дуруст аст, ки Раҳмон аз ин гуруҳ ё шайка, ки дар замони Убайдуллоев реша давондаанд ва пурра то ҳол ба гуфтаи у ҳастанд, хавотир аст. 

 СС.Ятимов бисёр пухта ва дар отвлекающий маневрҳо мутахассис аст. СС.Ятимов, ки разведчик, Кгб-ешник  ва умуман тамоми нозукии кори сохтори махфиро медонад, пеш аз миш-мишҳо оиди кам кардани шумораи фархориҳо дар КДАМ хабардор шуда буд.

  Раҳмон бисёр дуст медорад, ки ягон кас сохтмонеро тамом кунад, ки бояд онро давлат мекард. СС.Ятимов ҳам инро медонад. Тамоми сумҳои СС дар дасти Маҳмуди ургутӣ аст. Вай депутат ва раиси Сарманзил ва боз чанд ба ном фондҳои хайриявӣ мебошад. Маҳмудӣ ургутӣ бисёр корчалон аст ва СС-ро фоидаҳои хуб медиҳад. Тамоми Алик- малик ва тарҳу ҷамъи маблағҳои КДАМ ва худи СС через фирмаҳои Маҳмуди ургутӣ мегузаранд. 

 Дар ягон давлат биноҳо, хонаҳо ва сохтмону муҷаҳҳазсозии иншооти амниятиро нафар ё ширкати шахсӣ намекунад. Чунки ин чизҳо бо риояи тамоми талаботи махфият ва эҳтиёт сохта мешавад. Дар Тоҷикистон бошад Маҳмуд ургутӣ ҳамаро сохта, установка карда ба давлат месупорад. Аҷоиб. Чанд руз пеш боз СС ба Раҳмон иншооти сохташударо, ки гуё аз ҳисоби соҳибкори ватандуст, аз ҳисоби худ кардааст, супорида боз зиёда аз 16 бинои истиқоматии 16 ошёнаро ба уҳда гирифт. Зур, аҷоиб. Аз куҷо маблағ? Ба Раҳмон фарқ надорад, фақат корро буд кунанд, тамом. Ин ҷои пинҳон нест, ки ба Маҳмуди ургутӣ воля дода шудааст, ки метавонад героинро озод интиқол диҳад ва дар ободии кишвар саҳмгузор бошад. Фарқ аз интиқоли героини авлод дар он аст, ки авлод ягон танга барои ободӣ сарф намекунад, фақат ҷамъ мекунанду ба счетҳои бонкии хориҷа мунтақил мекунанд. Маҳмуди ургутӣ ва мисоли у бошанд, ҳатман дар ободии кишвар саҳмгузоранд. Ин яке аз шартҳост. 

 Чи тавре, ки пештар гуфта будем, ҳар як вазири сохтори қудратӣ ду-се то чунин соҳибкорӣ ободкор доранд, ки онҳоро ҳеҷ кас кордор нест. МВД, КДАМ,  Прокуратураи Генералӣ, Агентии мубориза бо маводи нашъаовар,  Агентии коррупсия.

Ва, ахиран дар долонҳои ҳукумат миш-мишҳое ҳаст, ки Раҳмон аз қафои чанд нафар аз нафарони пештараи намоён назорат гузаштааст. Убайдуллоев, Алимардонов, Шукурҷон Зуҳуров…

Нуктаи дигар ин аст, ки пештар аз Фархор барои хизмат солдат намебурданд. Ҳозирҳо сахт қапиданд ва ҳатмист. Ин ҳам гувоҳ аз чап гирифтани Раҳмон фархориҳоро мебошад. Бояд сари Убайдуллоевро хурад. Аммо кам -кам хавотир аст. СС.Ятимов, Мансур Умаров, Музаффар Ашуриён ва боз дигар нафароне, ки гуфти русхо до последнего должны Убайдуллоеву за своё нынешнее высокое положение, ки яке тарафи Убайдуллоевро нагиранду ягон госпереворот нашавад. Раҳмонов ранги саги хафгир оҳиста-оҳиста нападение карданӣ аст.

                        Нуробод

Асалому алекум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.

Мебинам аз ҳама ноҳияҳо менависанд вале аз ноҳияи мо Нуробод гӯйё ҳама хуб аст чизе наменависанд. То дараҷае мардумро тарсондагиянд,ки дигар падар аз фарзандаш метарсад ва бародар аз бародараш,акнун аз ҳамсоя ва хешу табор аз якдигар шак кардану ҳарос доштан ҷой худаш.

Дар ин номаи кутоҳи худ аз як коррупсионери хело хавфнок,ки хонаи мардумро сухтааст маълумот медиҳам.

Табарзода Манзар Валӣ собиқ раиси кумитаи замини ноҳияи Нуробод аз соли 2019 то соли 2022 зиёда аз 200 сокинони мардуми ноҳияи Нуробдро  бо ваъдаи ҳуҷҷат кардани  замини хоҷагии деҳқонӣ  аз онҳо  аз 5000 то 25000 сомони гирифта то баҳол на ҳуҷҷат карду на пулҳои мардумро бар гардонид. Пули мардумро бо баҳонаи сохтани ҳуҷҷат ва иҷозат гирифтан гирифту гурехта ба Амрико рафт, айниҳол дар Амрико мебошад. Аксари сокиноне аз дасти ӯ фиребхурдаанд  аз Ҷамоати Ҳакимӣ, Ҷамоати Мучихарф Ҷамоати Изатулло Ҳалим, Ҷамоати Хундон мебошанд. Аз худам 10.000 сомонӣ гирифту гуфт як моҳда ҳучҷатҳят омода мешаванд вале аз моҳи ноябри соли 2020 то ҳоло ҳам таёр нашудаст. Мақсад аз пулҳои мардумро гирифтанаш ин будааст,ки ман ин пулҳоро ба Озода Раҳмон медиҳам ва раиси Ноҳияи Нуробод мешавам ва пас аз он ҳукҷҷатҳои мардумро дуруст мекунам. Аммо раис нашуду сокинони ноҳияро сахт зарар дода аз кишвар фирор карда дар Амрико паноҳанда супорида аст ва гӯйё аз дасти режими Раҳмонов фирор карда бошад.

Share This Article