Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет» №168 

Ислоҳ нет

Бохтар-Қурғонтеппаи собиқ, яке аз шаҳрҳои калон ва соҳиби корхонаҳои саноатӣ имрӯз дар чи вазъияту ҳолат қарор дорад?

Нависандаи номаи зер, ки дар бораи ин шаҳр навиштааст хоҳиш кардааст, ки матлаби муфассали ӯро маҳз дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аммо ба таври ҷудо ва алоҳида ҷой диҳем. Ин муаллиф, ки ному насабаш пеши мо маҳфуз аст мегуяд, саъй кардааст, ки дар бораи мушкилоту муаммои ин шаҳр бинависад. 

Бохтар -маркази маъмурии калонтарин вилояти Тоҷикистон Хатлон аст. Пахтаи маҳиннахи водии Вахш, заводи кимиёвии Ёвон, корхонаи нуриҳои азотии Вахш, муҷтамаи агросаноатии ин вилоят ва силсиланеругоҳҳои барқи обии он номи онро маъруф ва машҳур карда буд.

  Ахиран дар расонаҳо аз ифтитоҳ ва корандозии 17 корхонаи нави саноатӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Қурғонтеппа –Бохтари имрӯза хабарҳо чоп шуданд. Вале, ончуноне маълум мешавад ин корхонаҳо аз корхонаи дузандагӣ ва семблок ва амсоли ин будаанд, ки онҳоро дар шароити имрузӣ намешавад коргоҳи саноатӣ ном бурд, чун 10-20 коргарро ҷалб мекунанду бас. Аммо дар ин шабурӯзҳо вазъият дар ин шаҳр чи гуна аст. Номаи зер дар ҳамин мавзуъ таҳия шудааст:

                              Бохтар-Қурғонтеппа

Ассалому алайкум бародар  Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз деҳаи Стаханов, ҷамоати Заргари шаҳри Бохтар мебошам. Ман мехоҳам дуздҳои деҳаи худамонро ба шумо шинос намоям: раиси маҳалла, участковийи маҳалла, директори маҳалла, учочикбинаки маҳалла ва тамоми бузҳои маҳалла, ки бо мақомоти дузду ғоратгари Раҳмонови хабис ҳамкорӣ доранд, дузд мебшанд.

Раиси маҳалла Кенҷаев Адҳам-ҳоҷӣ Адҳам. Ин шахс тамоми заминҳои деҳаро фурӯхта истодааст. Мардумро маҷбур мекунад, ки пул диҳанд, барои ободонии маҳалла. Аммо ягон ҷойро обод намекунад. Боғдорону заминдоронро маҷбур мекунанд, ки ба ӯ ҳар моҳ пул диҳанд. Агар ягон корат ба ин раис афтад, бепул ҳал намекунад. Ҳамаро дар деҳа озор медиҳад. КГБ ин хел мегуяд, он хел мегуяд гуфта пул меситонад. Тули даҳ соли фаъолияташ миллион сомонӣ аниқ кор карда аст.

     Агар корат дар амният афтад бо ҳамин шахс муомила мекунӣ, ё замин харидорӣ кунӣ бо ҳамин шахс муомила мекунӣ, чунки як коррупсионер аст. Аз мардуми Фарғона аст, мардумро ҷудо мекунад.

Мактаб дар тавозунаш як гектар замин дошт. Он заминҳоро чор сотихӣ карда бо директори мактаб Бобоев Садриддин Амонулоевич фурӯхт.

  Директори мактаби №43 Махсумов Зариф Ҳошимович мебошад. Ин директор як бузи пеши деҳа аст. Китобҳои дарсиро қимат мефурӯшад. Оҳанҳои мактабро канда фурӯхт. Мегуяд кришаи ман ҳоҷӣ Раҳматулои савзибадаст ҳаст, лубойша задагӣ ҳастам. Дар мактаб тамоми муаллимаҳоро ….кард, зинокор аст, ҳама медонанд. Студенткаҳоро қабул карда ин корҳоро мекунад. Сезони облава сар шавад мегуяд мн миллиардер мешавам. Тамоми камбағалҳоро мефурӯшад ва пул мегирад. Болои ин буҷети мактабро медуздад. Ҳар сол 80 то 100 сомонӣ барои таъмири мактаб ҷамъ карда вале мактабро таъмир намекунад. Дар мактаб 1680 талаба ҳаст. Аз ду маҳаллаи дигар ҳам талабаҳо меоянд. Ҷойи нишаст тамоман дар синфхонаҳо нест. Мактаб торик аст. Ҳамаи расходи мактаб аз ҳисоби падару модарон мебошад. Ин директор мегуяд, ки «ма вазифара харидам, любой хел кайф карда мегардам». Маблағи умумии мактаб  панҷсад ҳазор сомонӣ буд. Онро бо молияи ноҳия гирифта 50/50 хурда гаштааст. Як мошини BMB дорад. Ҳозир дар осоишгоҳи Зумрад дар Исфара бо беваҳош кайф дорад. Бо ҳамин корҳои ҳаромаш як бачааш инвалид шуд. Боз дар як сол як писари бародараш ва хоҳараш аз дунё гузаштанд. Худо нишон дод, аммо дарс нашуд. Директори пеш аз ин Махсумов Зариф Ҳошимович муаллими забони русӣ буд- Бобоев Садриддин Амонуллоевич, ки бо тамоми авлодаш дар мактаб буданд ва ҳозир худаш нест. Бобоев С.А. бюҷети мактабро медуздид, обод накард, баракс ғорат кард. Гурехт Русия, шаҳри Воронеж рафт. Дар онҷо доставчики магазин буд. Бо ин ҳаромхуриаш бачаи нозанинаш бемории руҳӣ шуд. Тули чор сол шуд, ки бачаш девонаи ҳот ҳаст. Лучи модарзод дар кучаҳо мегардад. Ҳама мегуянд, ки сабабгораш падараш мебошад. Ин бачааш ҳамсинфи мо буд- Бобоев Беҳруз Садриддинович. Ҳамин Бобоев С.А дар табели маошҳо 20 нафар авлодаш буд. Маош мегирифтанд. Аммо худашон дар кор набудаанд. Ҳозир ҳам ин кор идома дорад. Падари Махсумов Зариф Ҳошимович Махсумов Ҳошим Юсуфҷонович буда, дар ҳукумати вилояти Хатлон завхоз шуда кор мекунад.

Ҳозир иҷрокунанда директори мактаб додарашро мондааст -Махсумов Насим Ҳошимович, ки як хунхор аст. Бачаи инро мошин зад мурд. Кудаки синфи якум буд, аммо барои ин касофат дарс нашуд.

Имомхатиби масҷиди ҷомеъи маҳалла Тошпулотов Нозим Аминҷонович. Ин шахс ҳамаи пулҳои хайриявиро фақат дар кисаи чапаш мезанад. Мегуяд, ки ман ба амният пул додам. Ҳой мардум шумо дигар дар ин масҷид хайр накунед. Ба Худо қасам масҷид ҷойи маҷлисгоҳи амният шудааст. Дар онҷо чоплусу бузҳо ҷамъ шуда ҳар руз маҷлис мекунанд. Ту фикр намекунӣ, ки дар дохили масҷид ҳастӣ. Ҳар руз ду -се амниятӣ дар таги дарвозаи масҷид меистад. Ин қорӣ Нозим дар шаҳри Зоҳидони Эрон хондагӣ аст. Барои ҳамин ӯро маҷбур бузи амният кардаанд. Як мерседеси ранги сиёҳ дорад. Фақат дар хизмати амният ва 6 –ой отдели ВКД мебошад. Ба гуфти худаш зани дуюм гирифт. Баъди чор моҳ маълум шуд, ки он зан шавҳар доштааст ва шавҳари он зан ҷавобашро надодааст  ва то ҳол ду сол мешавад бо ӯ зиндагӣ дорад. Мегуяд, ки «бе ма никоҳ намекунед». Ва агар бе ӯ никоҳ карда бошӣ ба ту хати ЗАГС намедиҳанд. Як бародари калониаш дар амнияти шаҳри Қӯрғонтеппа дар контрразветка мебошад. Барои ҳамин қорӣ, ки дар Эрон хондааст, акаашро ғам доданд, ки чаро дар онҷо хондааст. Ин қорӣ вақте   дар Эрон мехонд, ки муносибати Тоҷикистон бо Эрон соз буд. Вақте, ки муносибатҳои Эрону Тоҷикистон безеб шуд ӯро бо бародараш КГБ ғам дод. Ин соли 2016 буд. Ва ду бародари дигари қорӣ Нозим ҳам буз ҳастаанд, ки Наим ва Комил мебошанд. Мардумро маҷбур мекунад, ки пул диҳад:- «фарзандҳоятонро ба хизмат диҳед, ба сиёсат қуш нашавед, Муҳаммадиқболро тамошо накунед, муллоҳои афғонро тамошо накунед». Дар минбари рӯзҳои ҷумъа ба ҳама маълум аст, ки коғази амният навиштаро мехонад. Раҳмонови хабис инхелу онхел кард ва бо ҳамин минбари ҷумъа тамом мешавад. Ин қорӣ Нозим бузи амният мебошад. Ҳамаро мефурӯшад хонааш европейский ва аз ҳақи мазлумону беваҳои маҳала мебошад.

Ҳакимов Эмом, ки бо тахаллуси Эмомхуяк дар маҳала мешиносандаш бо тиҷорати наркотик машғул аст. Тамоми ҷавонони маҳалларо нашъаманд кард ва бо дору ҷавононро муттаҳам карда занҳои онҳоро …. мекунад, агар пули доруро надиҳанд. Амният метарсад, участкавой метарсад наздаш равад. Чунки доруро яъне наркотикро аз Азизуллои Соҳибов мустақим мегирад ва дар самбусахонааш озодона мардакбирин гу]ти худаш мефурушад. Амният дастгираш кард. Амниятро гуфт занатро фалон мекунам ва бо як занги телефон бо Азизи нашъаманд ҳама ҳал шуд. Дукони самбусапазиаш дар назди мазори маҳалла буда, хонаи як камбағал мебошад. Хонаро аз ӯ бо зурӣ гирифт. Соҳиби хона мурд. Занаш бо кудаконаш ба Русия  муҳоҷир шудаанд. Бениҳоят камбизоат будаанд. Ҳамин хонавода холаи журналист Талабшо Муқимов мебошад. Ҳатто синфҳои 10 ва 11 нашъаманд шудаанд. Ҳама мардҳо беномус шудаанд. Фақат амният ва милисаҳо ҷавононро намемонанд ба намоз бо риш раванд ва бо сатру ҳиҷоб ҳам масъала доранд. Аммо намераванд назди Эмомхуяки наркобизнес.

Як фарзандашро дар амният дохил кардааст, ки донишкадаи энергетикии Қӯрғонтеппаро хатм кардааст. Номи писараш Ҳакимов Икром Эмомович мебошад. Бачаи дуюмиаш Ҳакимов Ислом Эмомович ҳаст. Ба мисли падарашон бевабозу зинокор ҳастанд. Хонаи ду ошёна, камаз, мошини некси, опел караван доранд. Бародарҳои Эмомхуяк Ҳакимов Нозим ва Ҳакимов Зафар мебошанд. Инҳо ҳамаашон наркобизнес ҳастанд. Ҳамин худи Нозим як ҷавони маҳалларо бо дусад грамм подстава кард. Он ҷавон камбағали сағера буд. Ҳозир дар зиндони Хуҷанд  аст. Ҳафт сол додаанд. Номи он ҷавон Гирдаков Шариф ва ҳамсояи худи ҳамин Нозим мебошад. Ва наркобизнеси дигарро ҳоҷӣ Самбуса мегуянаш, хеши Эмомхуяк ва буз аст. Бо КГБ ҳамкорӣ дорад. Дар масҷиди панҷвақтаи Таги Чанор намоз мехонад, аз пушти намозгузорҳо назорат мекунад. Бо ин кори бадаш як писари нозанинаш бемории рак шуда мурд, то ҳол барояш дарс нашуд. Ин Ҳоҷӣ Самбуса бо писараш дар Гардиши Шаҳло дар дохили ҶДММ Баҳор савдо мекунад. Ва писари калониаш таксӣ кор мекунад. Опели вектраи сафеди оинаҳояш сиёҳшиша мебошад.

Корманди амнияти  Бохтар Шералӣ мебошад. Куратори муллоҳои ҷамоъати Заргар аст. Ин шахси бадбахти кудаки динагӣ омада тамоми мардуми маҳалларо озору азият медиҳад. Телефонҳои мардумро мегирад, бо худаш мебарад, мегуяд, ки яке Муҳаммадиқбол ё муллоҳои афғонро тамошо накарда бошӣ. Таваллудаш 2000 ё 2001 мебошад. Аз Ховалинг ҳаст ё аз Муъминобод. Бениҳоят бераҳм ҳаст. Одамҳои аз падараш ҳам калонро мегуяд «занта фалон кунам, очата фалон кунам, духтарата фалон мекунам».

   Як ҷавони ришдорро дар худи ҳамин деҳа қапида дохили масҷиди ҷумъа дароварда, ( намози асри рузи 08.10.2023 сол)  валлоҳӣ лату кубаш кард. Он ҷавон духтури маҳалла буд, номаш доктор М.Ҳ. Дар пеши чашми намозхонҳо ӯро зад. Онҳо тарсида ягон чи нагуфтанд, лату кубаш карда ришҳояшро бо дасташ канда гирифт. Валлоҳӣ ҳамаи мардуми маҳалаи Стаханов диданд, шоҳид ҳастанд ва медонанд, ва телефонашро гирифтанд гуфтанд, ки ту салафи ё ваҳҳобӣ ҳастӣ. Дар вақти даъвати аскарӣ буд. Дар масҷид қуръапартоӣ буд. Се амният буд ва ду танзим ва ду корманди военкомат. Ин Шералии золим намонд, ки Азон диҳему намоз хонем. Бо садои паст Азону қомат гуфтем, намоз хондем. Бе дуо аз масҷид баромада рафтем. Шералии золим аз телефони ин бародар ягон чиз наёфт. Баъди думоҳ бо пул ва бо шоҳид телефонашро гирифт. Ин зинокори Шералӣ баъди даъвати аскарӣ тамом шудан боз дар маҳалла гуё повестка медиҳад. Инҳо се нафар мебошанд. Бо опели сафеди астраҷӣ мегарданд. Мисол даъвати тирамоҳии 2023 тамом шуд. Онҳо 06.01.2024 повестка доданро сар карданд. Даъвати баҳории ҳамин сол тамом шуда, аммо аз 04.06.2024 боз повестка доданро сар карданд. Тамоми хонаҳо бе пурсиш зада медароянд:- бачаи ба аскари дорӣ мегуянд. Занҳои бе шавҳарро бисёр дар маҳаллаҳоямон дастдарозӣ кардаанду карда истодаанд. Шавҳарҳои онҳо дар Русия ҳастанд. Медонанд кадом хона бачаи сини хизматӣ дорад. Аммо хона ба хона медароянд. Ҳадафашон ин аст,ки зани кӣ хушру ҳаст, духтари кӣ хушру ҳаст дастдарозӣ кунем. Ҳой мардҳои маҳалла ба номус шавед. Аз номусатон ҳимоят кунед. Аз Русия биёед. Бас аст муҳоҷират. Номуси шумо куҷо шуд? Ин маҳалла мардҳои баномус дошт. Вале афсус агар ин Шералии лаъинро аз ин вазифааш нагиранд ман бо тамоми факту навору суратҳо аз сардори КГБ-и ноҳия сар карда то хонаи ин Шералии бадбахти зинокор аз қисми 1 то 10 хусусан барои кормандони КГБ ноҳия дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» навишта мефиристам.

  Инқилобу чапа кардани Раҳмонови хабис наздик аст. Ин фактҳо дар он руз даркор мебошанд. Ин наворҳои дуздиву зинову пулгириҳои ин амниятиҳо бо ном Шералӣ дар дасти тими «Ислоҳ»и минтақа ҳаст. Ман ба шумо мефиристам шумо ба миллат нишон диҳед, ҳамин гуна одамҳои дузду ғоратгару ғар дар амният кор мекунанд. Фақат бо кепка мегардад. Дар сараш кепка аст. Кепкаашро дар руяш мепушонад, барои онки нашиносандаш.

Забиров Маҳмадюсуф назоратчии қувваи барқ- учочик-бинак дар деҳаи Стаханов. Ин ноинсофи золими ҳаромхур аз деҳаи Комсомоли ҷамоати Заргар буда, аз соли 2002 дар маҳалаи мо учочик бинак ҳаст. То ҳамин сол иваз нашудааст. Як ҳаромхур ҳаст, фақат пешпардохт гуфта изофа менависад. Барои худаш, пора мегирад ва мардум ин пулро медиҳанд. Дар ин маҳаллаи мо ду даҳсола кор кард, аммо нону намаки инҷоро хурду туф кард.

Ҳозир ин ҳаромхур се зан дорад. Занҳои сабукпои маҳалларо таҷовуз мекунаду пул намегирад ва квитансия нависонда медиҳад ба онҳо. Хабари се зан доштанашо аз дустони наздикаш шунидам. Ду занаш дар Комсомол ва зани дигараш дар Қизилюлдуз мебошанд. Аз ин шахс ман пурсидам, ки чаро муддати дароз шуд шумо дар ин маҳаллаи мо ҳастед? Дар ҷавоб гуфт, ки «тағаи ма қати ҷаноби олӣ ҳаст ҳеҷ кас мара ҷунбонда наметавонад». Аз соли 2016 то соли 2023 дар дасташ квитансия буд, бо копировка нависонда медод. Дар боло, рости квитансия ноҳияи Носири Хусрав буд ва дигар шаҳру ноҳияҳо, мисол ноҳияи А.Ҷомӣ, Фархор, Темурмалик, Ёвон, Колхозобод ва дигар ноҳияҳо. Дар  Бохтар квитансияи ноҳияи Шаҳритузро медоданд. Гуё буҷети он ноҳияро бой мекунанд. Ин ҳамааш дуруғ буд. Ҳамаи инҳо миллиард ҷамъ карданд, бо ҳамроҳии раисҳои барқи ноҳияҳои вилояти Хатлон. Ин ҳаромхур мегуяд, ки «ма ба ҷаноби олира пул медиҳам шумо фикр накунен ин пулҳоро барои худам мегирам,не ин пулҳо рост ба ҷаноба мераванд».  Дар хонаҳои мардум обед ва хоб мекунад. Ин мардҳои деҳаамон номус надоранд. Фикр намекунанд ин як фосиқ аст. Дар хонаҳояшон зану келину духтарҳояшон ҳастанд. Ин ҳамаро дониста инро дар хонаашон роҳ медиҳанд. Астағфируллоҳ. Дар ҳамин квитансияҳо боз кассовая аппарат дар дасташ ҳаст, пули ҳар моҳаро мегирад. Аммо 400 сомонӣ, 700 сомонӣ, 1000 сомонӣ бақия ҳаст. Он бақияҳои навишта шуда, пулҳои насупоридаи корхонаҳо, тарабхонаву меҳмонҳонаҳои оилаи Раҳмонови золим мебошад. Миллат ҳар моҳ қувваи барқи истифодашудаи оилаи дузду ғоратгари Раҳмоновро месупорад. Худи ҳамин шахс гуфт Забиров Маҳмадюсуф аз дасти ин ҳаромхур ҳама ба дод омадаанд. Пулҳои қувваи истифода шудаи барқро гирифта то ҳол дар компютери светавой нагузарондааст. Мо ҳамаи квитансияҳоро дорем. Ман ба светавой рафтам, гуё мо қувваи барқро пардохт накардаем.

  Ин Раҳмонов Равшан бузи калони шохдор ҳаст. Дар масҷид мардумро назорат мекунад

  Ҳоҷибалаев Ҳоҷӣ Алӣ заминфуруш. Ин шахс заминҳои даромадгоҳи маҳалларо фурухт. Аз тарафи шаҳри Қӯрғонтеппа биёӣ дар тарафи дасти чап мебошад. Заминҳоро чор сотихӣ карда фурӯхт. Ҳамроҳаш Холмурод ва Аҳлиддин. Аз маҳаллаи Ғайрати шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд, якҷоя будаанд. Гуё ин ҳоҷӣ Алиро коррупсия дастгир карда даҳ сол дод аммо ин ҳамааш дуруғ ҳаст. Ҳоҷӣ Алӣ дар шаҳри Душанбе гаштааст. Ин заминҳои Зайнуло Соҳибов будаанд. Барои ҳамин дар озодӣ гаштааст. Бачааш як золими зинокори наркоман аст: – Шодибек Ҳоҷибалаев. Дар деҳа ҳама медонанд.

Қодири Умаралӣ Бобо бо кличкаи Қодир-машеник, бузи маҳалла ва бузи таксиҳои Душанбе-Қӯрғонтеппа мебошад. Вақте, ки гуноҳ мекунаду дастгир мешавад бузи  ҳамон мақомот мешавад. Ду бача дорад. Яктоаш наркоман аст дигараш монанди худаш буз. Инро    ҳама медонанд. Бачааш Шарофиддини Қодир, таксӣ кор мекунад: – Душанбе-Қӯрғонтеппа. Кришаашон Сироҷиддинов Салоҳиддин будааст, ҳамкурси Зоир Соҳибов домоди Раҳмонови лаънаткардаи Аллоҳ ва шуи Фирузаи Эмомалӣ очаи Исмоили Пингвин. Во аҷабо. Сироҷиддинов Салоҳиддин холабачаи Қодир машеник будааст. Ҳозир ин Сироҷиддинов Салоҳиддин ҳеҷ кас аст. Дар автодроми Душанбе охрана аст. Зоир сад талоқаш кард, аммо инҳо куни хар шудаанд.

  Фатҳиддин раиси колхози деҳаи Стаханов, Зафар бухгалтер ва Ҳақназар бригардираш. Падари Ҳақназар акаи Шарофиддин мебошад. Ин раис Фатҳиддин мегуяд, ки ин заминҳои шумо аз Ҳоҷӣ Амируллои Асадулло бародари Азизмои газетхонак ҳаст. Шумо бепул кор мекунед ва ҳақи гап заданро надоред. Фатҳиддин аз деҳаи Навкори Заргар аст. Мошини Лексуси последний марка дорад. Дар багажи мошинаш як адад автомати калашников АК-47 ва ду адад тапончаи хурд ва яшики тирҳо дорад. Ва ин Фатҳиддини дузд барои гурехтан аз ватан шаҳрвандии Русияро ҳам дорад. Вай дар шаҳри Москва  дар наздикии метро Оденсово сабти иқомат дорад. Вақте, ки Раҳмонови хабис мурд у барои гуноҳҳои содир кардааш мегурезад. Бародараш Идибек ном дорад, наркобизнес ҳаст. Дар гуруҳи Исмоили Пингвинг ҳаст ё дар Зоири отаи Пингвинг , муҳим дар круги ин хонавода аст. Аз гардиши Шаҳлои Қурғонтеппа то Виён маҳаллаи Достиев Абдулмаҷид заправка, склади орд, склади равған, хулас тамоми хурокворӣ дорад. Ҳамчунин доруворӣ. Стадионҳои минӣ ва ғайраҳо бо пули мо камбағалҳо сохтаасту имрӯзҳо соатакӣ ба иҷора медиҳад. Номери мошинаш 2222 аст. Ҳамаи заминҳоро пахта кишт кардааст.

  Сатторов Саймир бузи амният аст, ки офитсиалний кор мекунад.

  Тоҷиддини Фазлиддин бузи амният ва 6 –ой отдел аст.

  Шарипов Саймид Саидович бузи амният, ҳозир дар Автодроми Қӯрғонтеппа кор мекунад. Дилшоди Сайнеъмон Дилшоди Чоркуча таксӣ, Абдуқаҳори Абдуқаюм бо кличкаи Қоқои чоркучагӣ, Махсумов Насим-муаллим. Ҳозир иҷрокунандаи вазифаи директори мактаби 43 Стаханов бузи учаскавой ва амният, Маҳмадалиев Аҳмад бо кличкаи қорӣ Аҳмад бузи амният аст. Ин қорӣ Аҳмад бародари марҳум Фахриддин Маҳмадалиев як масъули Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мебошад.

 Ин шахс марҳум домулло Сафархуҷа мебошад. Ин шахсро дар амният укол карданд, баъди ду руз аз олам гузашт яъне куштанд ӯро, дақиқан мисли Қорӣ Ирфониддин.

  Учаскавой Суҳроб мебошад. Зулми ин бадбахт охир надорад. Фақат паспортҳои мардумро назорат мекунад. Паспорт надошта бошӣ пулатро мегирад ва ҷарима мекунад. Боз камтар пас меояд медонад иваз накардаи боз пул мегирад кораш ҳамин. Шаҳодатномаи кудакони навзодро мепурсад. Мардуми маҳалла безор аз Суҳроби учаскавой шудаанд. Ба ҳама чиз лезит мекунад: паспорт, метрискаи кудакҳо, ҳуҷҷати хонаҳо, симҳои свет, квитансияи налогҳо ва ғайраҳо. Дар ҷони ҳамаи мардуми маҳалла задагӣ ҳаст. Агар Суҳробро нагиранд ҳамаи ҷиноятҳои коррупсиониашро муфассал менависем бо кришаҳо ва ҷиноятҳои хело мудҳишаш ва дар қисмҳои дуюм, сеюм то даҳуми «Номаҳо аз ноҳияҳо» сериали хуб менависем. Агар тағйироте дидем даст аз навиштан мебардорем. Аммо нома нависҳоро накобед ва барои делло кардану натиҷа нишон додан ҳела накунед. Мо идома медиҳем агар бо зури хоҳед бо мардум кор кунед!

Share This Article