Семейкаnews №-2

Technik
By Technik 2

Семейкаnews №-2

  Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷаласаи Шурои амният чанде аз роҳбарони мақомоти қудратӣ дар вилояти Хатлонро аз кор барканор кард. Аммо вай дар таъйини кадр ва мақому мансабҳо, то куҷо мухтор ва соҳибихтиёр аст ва ё инки дигар ҳама чиз, аз ҷумла таъйину ҷобаҷоии кадрҳо дар дасти «семейка» аст.

  Ончуноне медонем, қаблан мақому мансабу вазифаҳоро Азизмои газетхонак, завҷаи Эмомалӣ Раҳмонов, Ҳасан Асадуллозода бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов (додари Аизмои газетхонак) ва  Нуриддин Раҳмонов (тракторист, ки мурдагии таггирон аст) акои Раҳмонов тақсим мекарданд. То имрӯз долларҳои дар контейнер зери кадом замин пинҳон кардаашро оилааш бо металлоискател ҷустуҷӯ доранду пайдо накардаанд.Маҳз ҳаминҳо дар овардану гирифтани мансабдорҳо «қуш» буданд, «доля» мегирифтанд, «посредникӣ» мекарданд. Аммо акнун мавқеи онҳоро Озода, Рустам, Таҳмина, Зоиру Исмоил ва дигар духтару бачаву домодҳои, бешумору беохири Раҳмонов танг карданд. Мансабҳоро инҳо тақсим мекунанд. Барои ҳамин ҳоло вазъу ҳоли мансабдорони ирӯза дар Тоҷикистон аз пешина фарқ дорад.

Мансабдор имрӯза намедонад, ки чи хел дар давлат кор кунад. Пеш аз таъин кардан дар мансаб, Президент ҳамроҳашон суҳбат мегузаронад: ҳалол кор кунед, ватандӯст бошед, хиёнат накунед ва дигар гапҳои номусбедоркунанда мезанад.

Баъд, баъди чанд муддат мебинӣ, одамҳое, ки дар боло номҳояшонро гирифтем худашон ё шогирдакҳояшон пеши он мансабдор-масалан вазир ё раиси вилоят ё раиси ноҳия, меоянду мегӯянд, ки Пешво гуфт, ки «доля» диҳад. Барои додани доля сум даркор ва барои сум дуздӣ кардан даркор. Дигар мансабдор намедонад чи кор кунад. Ҳалол кор кунад, намешавад, чун сум додан даркор, сум надорад, ҳайрон мемонад ба пешво чихел ва аз кадом роҳ пул пайдо карда диҳад.

 Боз худашон «роҳ» нишон медиҳанду ба «кумакатон» меоянд. Мегуян, ки қарз бигир. Боз именно аз бонкҳои худашон: Ориёнбонк, Бонки Рушди Тоҷикистон, Спитаменбонк, Бонки байналмилалии Тоҷикистон, Коммерсбонк, Тавҳидбонк, Душанбе-сити ва ғайра, ки ин бонкҳо ҳамагӣ аз домоду духтарҳои Раҳмонованд. Душанбе сити аз Рустаму Тавҳидбонк аз Ҳасан Асадуллозода аст. Яъне сумро аз худашон қарз мекунӣ боз ба худашон медиҳӣ. Айб ҳам шавад бе к.. м..нд. Агар надодӣ ва накардӣ шаш моҳ пас дидӣ, ки аз Коррупсия, Палатаи ҳисоб ё масалан Налог, Прокуратура, МВД ва ҳатто аз КДАМ омаданд:-кападуд.

  Яъне дуздиву ғорату ришваву фасодро худи Раҳмонов ташкил ва таҳрик медиҳад, густаришу ривоҷу равнақ мебахшад ва умумикишварӣ мекунад.

Боз нигоҳ мекунад, ки кадом «сағрача» ба по хест, яъне зиёдтар дуздиду карру фараш зиёд шуд, рост аз қафояш мешаванд. Дафъатан мегуяндаш, ки ягон «садик»-ро таъмиру тармим кунад. Агар аз уҳдааш баромад сразу мегӯянд, ки Ҷаноби Олӣ аз фаъолияти шумо 100% розӣ .Барои ҳамин гуфтанд, ки дар фалон ҷо як мактаб бисозад. Худи Ҷаноб омада ленташро қайчӣ мекунад ё парда аз лавҳааш мебардорад. Дигар ин «сағрача» хурсанд, ки то Президент шинохтаанду акнун «бизнес»-ҳояш пеш меравад. Мактабро месозад, Президент мекушояд, дар бари Президент рост меистад, фахр мекунад, дар телевизор чанд бор нишонаш медиҳанд. Рӯзи кушодашавӣ як чи таъриф мекунандаш. Тоҷири муваффақ, “шарики рушд” ва амсоли ин. Хулоса лапша дар гушҳо кашол мекунанд. Баъди як муддат, мебинӣ, ки «ягон кас» пешаш омадаву гуфта истодааст, ки фармон шуд, бинои шуъбаи КГБ ё ШКВД-ро бояд таъмир кунӣ. Инашро ҳам иҷро мекунад. Боз мегуянд, ки ярмарка барои коркунони МВД мешавад, ягон 20-40 гову буқа куштан даркор. Нархи гушт агар дар бозорҳо 70 сомонӣ бошад, дар ярмаркаи МВД ё КГБ як килло гушт 30- 35 сомонӣ. Боз дастур медиҳанд, ки буқаву говҳоро аз фермаҳои худи онҳо мехарӣ. Яъне аз фермаи Ятимов, Раҳим Рамазон ё Мармарии Рустами Эмомалӣ ва дигару дигар.

Ва, ниҳоят, замоне мерасад, ки он мансабдор ё ҳатто соҳибкор шарики рушддигар тамом мешавад ва ру ба бомжи ва фирор аз кишвар меорад. Дигар наметавонад. Баъд боз маслиҳат медиҳанд, ки аз бонк қарз бигир. Схемаи худашон. Албатта, аз бонки худашон. Маҷбур мешавад, ки қарз кунад. Оқибат қарзро баргардонида наметавонад. Ҳама чизу чораашро, ки залог монда буд барои қарзи бонк мегиранду рост зиндонаш мекунанд. Мисоли равшанаш ҳамин Умед-88.

   Бархе бар ин боваранд, ки дар Тоҷикистон Президент гуфтанӣ шахсе ва мақоме тақрибан вуҷуд надорад. Вай як марионетка шудагӣ аст. Гапи худашро надорад. Ягон вазир ё ягон нафари дигарро худаш таъин намекунад.

Ягон касро аз кор гирифта наметавонад. Ягон касро агар гирад, зуд Азизмо, Рустам, Озода ва Ҳасану дигару дигараш меоянду корро «тенҷ» мекунанд.

Аммо дар ин авохир вазъи домодҳои расмии Раҳмонов хуб нест.Ҳам Зоир,ҳам Ҷамолиддин ва дар ин авохир баъзе ҳарфу ҳадис аз Ашраф ҳам ба мо расида истодааст,ҳолати нохуб доранд.Хелеҳо дар ҳасрати домодшавӣ шояд ин орзуяшонро ба гур баранд ва на ҳама мисли Зарифбек-шавҳари Таҳминаи Клеопатра ба орзуяшон мерасанд.Ва вақте ин навиштаро то охир мутолиа мекунед,аз ин ҳавас даст мекашед ва мефаҳмед,ки он пиндор,ки баландтарин мансаб ва равғанитарин мақом дар Тоҷикистон домоди Ҷаноб будан аст,он қадар дуруст нест. Бармеояд,ки домод будан ҳам кори саҳл нест,сабр,чашмпӯшӣ ва таҳаммул мехоҳад.Домоди Ҷаноб будан мушкилиҳо ҳам дорад,агарчи онҳо дар шумори шахсиятҳои «низомсоз» ва калидии Семейка қарор дошта бошанд ҳам. Ва, инак  барномаи «Семейканюс №2»:

    Зоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов, Пабло Эскобари тоҷикӣ

Зоир Соҳибов, писари Шариф, шавҳари Фируза, отаи Исмоили дастбахайр домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Бузургтарин қочоқчии маводди мухаддир, наркобарон Пабло Эскобари тоҷикӣ, ки аз ин ҳисоб садҳо миллион долларро дар ҳисобҳои хориҷӣ амбор кардааст. Аммо мо инҷо аз тиҷорати маводди мухаддири Зоир намегуем. Ба захмҳои дили вай  намак намепошем. Махсусан, ки дар як ду соли ахир ба даҳҳо миллион доллар героини ӯро дар Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон дастгир ва мусодира карда афроди бонуфузи ӯ мисли мудир Исоро боздошт карданд. Зоир дар пушти ин ҳама дастони дар ин авохир пурқудрат ва хеле ҳам дарозшудаи Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва қудои наву охирини Эмомалӣ Раҳмоновро мебинад. Сафар, писари Юсуф Раҳмон боҷаи кучаки Зоир аст. Фируза духтари бузург ва Фарзона духтари кучаки Раҳмонованд, ки яке аз Зоир асту дигари аз Сафар. Аммо байнашон хусумат ва душманӣ бисёр ҳам шадид аст.

Хуб, ҳоло аз ин бигзарем.

Як манбаъи наздик ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи Зоир дар додситонӣ лаҳза ба лаҳза ғафсу фарбеҳ шуда истодааст.

Ахиран аз болои Зоир аз номи чанд нафар шикоят расидааст, ки маблағи даъвоии онҳо ҳудуди 100 миллион сомонӣ ва ё болотар аз 9 миллион долларро ташкил медиҳад.

Сухан аз ҳодисаҳои ҳайратоваре меравад.

Соли 2017 Зоир аз Назари мулаққаб ба «абналичка» аз Тугараки Восеъ барои як вақти кутоҳ 3 миллион доллар қарз мегирад ва мегуяд, ки бозмегардонад. Аммо ин пулро на дар вақти ваъдагӣ ва на то ҳол барнагардондааст. Ба Назари абналичка паём медиҳад, ки «фромуш куна, агане ё ранги Раҷабалӣ Одинаев (Умед-88) ё Зайд Саид мешавад».

Нафари дуввум раиси пешини бозори Ҷал-Ҷам.

Як вақт ёдатон бошад, дар як ҷаласа Раҳмонов ба бонкирҳо дастур медиҳад, ки спискаи бизнесменҳои қарздорро барои вай оварда диҳанд.

Он вақт Муродалӣ Алимардон, раиси Агроинвестбонк буд. Вай Зоирро фарёд карда мегуяд, ки раиси бозори Ҷал-Ҷам дар бонки вай 6 миллион доллар пасандоз дорад. Бо вай забон ёбаду қарз гирад ва кредити бонкро супорад. Зоир дар пайи раиси бозори Ҷал-Ҷам мешавад. Раиси Ҷал-Ҷам як ду ҳафта бо ҳар баҳона фирор мекунад, аммо ахир ба даст меафтад ва ночор мешавад, ки 6 миллион доллар пасандози худро ба ҳисоби Зоир ворез кунад. Ворез кардан мекунаду дигар аз он пул ҳатто як сент ҳам пас гирифта наметавонад

Ин ҳам як навъи дигари бизнеси Зоир аст ки бо истифода аз ҳукумати падари арусаш бизнесменҳоро мешиканад. Зоир ин корро бо чандин каси дигар ҳам кардагӣ аст. Як бизнеси дигари Зоир ин аст ки меравад аз дилхоҳ бонк  кредит мегирад, ба 10-15 миллион. Вале он сумро намедиҳад.

Шумо ҳам шунидед, ки чанде қабл гурӯҳи Аннаи наркобизнесро қапиданд. Дар аввал ин як қаҳрамонии мақомот аст, ки мавриди аҳсангуист. Чаро ин ҳама солу вақт мақомот фаъолиятҳои Аннаи наркобизнес ва гуруҳи вайро нодида монданд, савол аст. Анна яке аз «крупнякҳо»-и Зоир буд, ки наркотикро тонна-тонна мезад. Бародар Муҳаммадиқбол!

Шумо чанд бор дар барномаҳоятон гуфтед, ки борҳои Зоирро Юсуф Раҳмон қапиданист. Зоир дар аввал ба ин гуфтаҳои шумо бо хандаю истеҳзо бархурд мекард. Аммо баъди чанд навбат ба даст афтодани борҳояш дар кишврҳои масири Русия ва худи Русия талхаи Зоир кафида аст ва яад дар сад бовар кард,ки Юсуф Раҳмон будаст дар пушти ин ҳама.                               

   Прокурори генералӣ муқобили Зоир далел зиёд дорад.Фурсати мувофиқ поида истодааст: ё мезанад ё қурт мекунад.

Бояд одамҳои Зоир,катакатаҳояшро қапанд.Ҳозир ҳам як нақшаи калон дар даруни Прокуратураи генералӣ кашида шуда истодааст,бар асоси он бояд чанд нафар одамҳои Зоирро бо партияи бори калонро бигирнад ва дутарафа  зарба зананд.Албатта,маҳкам кардани Зоир аломати савол вале шохашро шикастан,камранг кардан,«в неигри» сохтан имкон дорад.Мумкин ранги Ҷамолиддин кунанд.Маълумотҳо дар бораи корҳои вай ба Раҳмонов бисёр расидагӣ ва Раҳмонов ҳоло ҳисобаш гум аст ки бо вай чи кор бикунад.Чанд руз пеш Сафари бачаи Юсуф Раҳмон дар як маъракаи дустонаш гуфтааст,ки «атаи ма ба қарибӣ вазифаи нав мегира».Бинобар хабарҳои расида Юсуф Раҳмон даводав дорад,ки раиси «Следственный комитет» монандаш ва дар ҷойи худаш ягон шогирди содиқашро монанд.

Куштори Раҷу муллои восеъӣ ҳам натиҷаи задухурдҳои пинҳонии Зоир ва Юсуф Раҳмон аст. Зоир гуфтааст, ки «ай я хел к…изане, ки шаву рӯз катимай Муҳаммадиқбол соз, ки маълумотра точно мерасона». 

Юсуф Раҳмон тавассути «одамҳо»-и худаш дар МВД амалиёти Аннаи наркобизнесро контрол кард. Аз хонаи Анна як қопча тилло ёфтанду сумҳои ганда калон. Ҳамааш гум шуд. Дар ягон ҳуҷҷати изъятие ва мусодирашудае нест, зикр нашудааст. Юсуф Раҳмон дар чанд моҳи ахир дар худи дохили Тоҷикистон борҳои Зоирро ба маблағи қариб 10 миллион доллар подставит кард.

 Ганда Зоир гизалаҳаи…

Дар охир инро низ бояд биафзоем,ки Солиев Масрур сардори Раёсати литсензия дар вазорати нақлиёти вилояти Хатлон буд. Солиев Масрур бо кличкаи Ҳоҷӣ Марс язнаи Зоир Соҳибов аст. Аминаи хоҳари Зоир аз шавҳари пешинааш Ҳоҷӣ Саймуддин шаш фарзанд дошт. Аммо Амина бо Ҳоҷӣ Марс низ дар алоқа буд. Ҳоҷӣ Саймуддин ин ҳолатро фаҳмида занашро талоқ дод,яъне хоҳари Зоирро.Амина аз Ҳоҷӣ Марс низ се фарзанд ба дунё овард.

Ду сол қабл агар ёдатон бошад дар пеши бозори Ҳоҷӣ Шариф дар Қурғонтеппа як разбор ва парон парон ба амал омад.Ин разбори пул буд ва Ҳоҷӣ Марс ҳамроҳи додараш бо тахаллуси Ҷек,ки сардори УУР-Раёсати кофткувои ҷиноии Бохтар буд бачаҳои Ботрободро барои додани доля даъват карда буданд ва маблағ ҳам 30 ҳазор сомонӣ буд. Бачаҳои Ботробод пистолетҳои Ҷекро мегиранд. Ҳоҷӣ Марс бо пистолеташ як домоди Шамсулло Соҳибовро бо номи Умед,ки ӯ ҳам корманди уголовнй розиск буд, тасодуфан мепаронад. Бачаҳои Ботробод пистолетро аз дасти Ҳоҷӣ Марс мегиранд ва зери мушту лагад қарораш медиҳанд. Шодмони раис,ҷияни генерал Фарҳод Камолзода,муовини аввали КДАМ ҳам дар ин ҳодиса ҳузур дошт.Онҳо ин ҳолатро дида Ҳоҷӣ Марсро ба ҳоли худ гузошта фирор мекунанд.  Марс ва Ҷек сахт латукуб ва дар бемористон бистарӣ мегарданд. Ин ҳодиса аз сафари президент ба Хатлон иттифоқ меафтад. Раҳмонов мепурсад чи гап шуд? Мегуянд домоди Зоир чунин карда аст. Чун ҳоҷӣ Марс собиқ зиндонӣ ва дар гурӯҳи Суҳроб Қосим буд дар ҳол худи Зоир фармон медиҳад,ки бибареду зиндонаш кунед. Пас аз чанде бо гиряву зории хоҳараш Зоир озодашон мекунанд вале қасамаш медиҳанд,ки дигар берун набояд барояд ва строго домашний аресташ мекунанд.

   Солҳои 97 то 2000 ҳоҷӣ Марс охранаи Содиқ Алиматов ва Шодӣ Командир  буд. Шодӣ домоди Суҳроб Қосимов ва тағои Ҳоҷӣ Марс аст. Он солҳо Зоирро ҳоҷӣ Марс нигоҳ мекардааст,ки кадом боевике ӯро напаронад.Яъне ҳимоятгараш будаасту писандаш намекардааст ва гоҳо гапҳои сахташ ҳам мегуфтааст: “ту домоди президенту ма тура нигоҳт мекунум ҷайрача”. Зоир аз он солҳо Ҳоҷӣ Марсро дарунӣ бад медидаасту кина доштааст ба ӯ ва хулоса боз бо амри тақдир хоҳарашро ба занӣ гирифт. Хулоса Зоир ба бачаҳои Ботробод гуфтааст хуб занед ӯро барои ман аслан муҳим нест. Чуоне мебинем Ҳоҷӣ Марс ҳам сарнавишти Ҷамолиддин Нуралиевро дорад.   

            Ҷамолиддин Нуралиев куҷо шуд?

 Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, собиқ муовини аввали раиси Бонки миллӣ, ки як замон аз любимчикҳои Раҳмонов буд ҳоло дар ҳолати назарбанд-домашний арест қарор дорад ва бинобар як қавли дигар овораву дарбадар дар хориҷаҳо зиндагӣ дорад.

 Як ду -рӯз пештар як шинос аз Русия омада буд. Гап дар бораи оилаи пешво рафт. Вай гуфт Президенти Русия мехоҳад, ки Озодаро Президент интихоб кунад Рустамро намехостааст. Путин гуфта бошад Озода босавод аст. Пас ман гуфтам ин қадар Озода босавод бошад, барои чи барои муҳоҷирҳо ягон пешниҳод намекунад.

Як чизи дигарро мехоҳам расонам.

 Як нафар аз наздикони як мақоми баланд (раиси Кумитаи назди ҳукумат) гуфт Ҷамолиддин Нуралиев бо Аврупо,  Олмон  ва бо хориҷиҳо кор карда истодааст. Гуфт ӯ ва махсусан хешовандонашро, ки дар мақомот ва мансабҳои давлатӣ кор мекарданд, сахт ғам дода истодаанд. Мардум ва мухолифин ягон чизеро подозрений накунанд гуфта онҳоро якто якто аз кор снимать карда истодаанд. Гуфт шавҳари Озодаро имкон дорад убират мекунанд. Ин нафаре, ки ин хабарро расонд, на фақат раиси Кумита аст, ҳамчунин аз хешони Раҳмонов ҳам мебошад. Онҳо кадомеаш аз ҳаҷ омада буд. Дар ҳамонҷо гуфтаанд, ки Ҷамолиддин дар хориҷа аст ва бо хориҷиҳо кор мекунад. Оҳиста-оҳиста «якнимаш» мекунад. Барои онки якбора кунем ин корро гуфтааст, мардум мефаҳманд.  

 Сайдулло шавҳари апаи Ҷамолиддин, яъне язнааш,ки корманди коррупсия буд. Рутбаи полковникӣ дошт. 5 моҳи пеш аз кор гирифтанд.

Ман як рӯз бо гушҳои худам шунидам, ки. Ҳамон полковники язнаи Ҷамолиддин  бо касе дар телефон гап зада истода буд. Гуфт: «ҳамин қадар меҳнат кардам, ноодамӣ карданд, меҳнатом бисёр буд гуфт. Бе гуноҳ гирифтанам». Вай як марди оддӣ ва характери сода дошт.

 Хоҳараш мегуяд, ки Ҷамолиддин ҳаминҷо аст. Вале хешовандони Озода бошанд дигар гапҳоро мегуянд. Ин язнааш бо хориҷиҳо кор мекард. Ҷамолиддин мусоидат карда буд. Се фарзанд дорад. 

 Бачаҳои Дубай гуфтанд, ки ӯро антипартийний карда буданд. Бо охрана мерафт. Дар Норак  Озода дар байни остров-ҷазираҳо барои худаш дача сохта буд. Ҷамолидин чандин муддат ҳамонҷо махкам будааст, нигоҳ мекарданд, ки набарояду наравад. Аммо тибқи маълумотҳои охири расида ба “Ислоҳ” Ҷамолиддин ҳафтаҳои охир хело бо як ҳолати бад ва ҳам дар суханронияш ва сару либосаш дида мешуд,ки аз ҳолати афсурдагии сахти ӯ шаҳодат медод. Яъне мисле,ки саломатияш аз нигоҳи равонӣ хуб нест ва ё худро чунин вонамуд мекунад,ки “бе зарар”аш нагардонанд. Инчунин ҳолати Ҳурматов Исломи домоди Нуриддинро шабеҳ ба Ҷамолиддин гуфтанд. Ин аз ҳолати бади домодҳо шаҳодат медиҳад.  

Манбаъи дигари дохилоилаии “Ислоҳ” гуфт: Шумо дар Ҷамолиддин Нуралиевро агенти хориҷиҳо бароварден ин проекти худи оила буд, ки чунин гуед. Аммо дар асл чунин буд. Путин дар яке аз сафарҳояш ба Душанбе ба Раҳмонов  гуфтааст, ки ҳаминро президент бимон. Баъди ҳамон инҳоро қаҳрашон карда будааст. Посух гирифтааст, ки не мо Рустамро мемонем. Не, ҳамин одамро бимон гуфтааст Путин. Ҳамин домодатро бимон гуфтааст, саводаш хуб аст, бо ман русӣ гап зад, русиаш ҳам хуб будааст, бачаи босавод аст фамилияи худат нест. Ҳамин гап онҳоро задеват кардааст. Бояд хуб бидонед,ки ҳар шахсе ба мақоми президентӣ дар назди Ҷаноб матраҳ шавад ӯ нест мешавад.

Он масъалаи ба шпионӣ муттаҳам кардани Ҷамолиддинро онҳо худашон бофтанд. Барои он ин овозаро дар халқ андохтанд, ки шумаш кунанд. Ин гап сохтаву бофтаи худи оила аст. Ва инки Ҷамолиддин гуфта бошад, ки ҳоло Рустам ҷавон асту бигзор омода шавад ва барои чанд муддат ман шавам ҳам дуруғи дигари оила аст. Ҷамолиддин ин гапро ҳеҷ гоҳ намезад. Вай дар  домашний арест қарор дошта ва поднаблюдений бурда меовардаандаш. Озода ҳоло бо вай зиндагӣ накарда истодааст. Зиндагиашон ҷудо аст.

Маълумоти дигари расида аз Ҷамолиддин Нуралиев ин аст, ки то ҳоло назорати пулҳои ширкати IRS ва ҷамъоварии онро то чанд рӯз пеш анҷом дода будааст.

Чанд моҳ пеш духтари Парвина ва Ашрафро ба писари Озода ва Ҷамолиддин доданд. Туйи хуб ҳам гузашт ва хабари ҳомила шудани келин ҳам расидааст.

Акнун бубинед,ки худаш Эмомалӣ  Азизмои духтари тағояш Асадуллоро гирифт. Инчунин Озода ва Парвина апаву хоҳар қудо шуданд. Чандин чунин никоҳҳо дар ин оила вуҷуд дорад. Аммо ин барои дигарон иҷозат нест тибқи қонун. Қонун барои мардуми оддӣ аст, на барои оилаи пешво.

Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷрояи ба чи кор машғул аст?

 Озода на фақат молики Спитаменбонк, Спитаменсуғурта ва чандин Спитаменҳои дигар аст. Вай молики IRS-ширкати пулчинак дар роҳи Душане- Хуҷанд ва Хуҷанд-Масчо ва инчунин як ширкат бузурги тиҷоратие бо номи “Таҷеро” аст. Директори генералӣ-мудири кулли “Таҷеро” Абдураҳмон  Эркиновичи ургутӣ мебошад. Абдуҳалим Алимовичи ургутӣ тағои Абдураҳмон директори ин фирма аст. 3иёев Қиёмиддин Низомиддинович бошад директор отдел продаж-мудири шуъбаи савдо мебошад.
Ман яке аз кормандони фирмаи номбурда ҳастам. Ин фирма ба фурӯши маводи ғизоӣ машғул аст. “Таҷеро” дар Тоҷикистон ҳам бо маҳсулоташ ва ҳам бо фурӯшаш дар ҷои аввал қарор дорад. 80 дар 100- и маводу маҳсулоти ғизоии мағоза ва бозорҳои кишвар  дар дасти ширкати номбурда аст. Даромади рӯзонаи ин ширкат, то онҷое ман маълумот дорам аз 10-15 миллион сомонӣ бештар аст. Аммо ширкат ҳам ба кормандони худ ва ҳам ба халқ ноадолатӣ зиёд мекунад. Яке аз ноадолатиҳои ҳамарӯзаи ин ширкат он аст, ки маҳсулоти муҳлати истифодаашон кам монда 5,7 рӯз  ё 2 ҳафта мондаро ба кормандони худ фармон медиҳад, ки то муҳлати истифодаашон тамом нашуда ба мағозаҳо бифурӯшанд.

 Агар корманде ин маҳсулотро фурӯхта натавонад ба ном ва гардани вай бор  карда маҷбурӣ медиҳаду мегуяд «ту медониву ҳамин бор».  Кормандони худро бо ҳамин тариқ қарздору хонахароб мекунад. Шуъбаи ревизорҳоро таъсис додааст, ки яке аз шуъбахои порахур мебошад.

  Худи ширкат мегуяд, ки ба мағозаҳо ва ба бозорҳо қарзу насия диҳед. Вале ҳафта нагузашта талаби маблағи бор мекунанд: «дар территорияи ту бо ҳаҷми ин қадар пул бор аст рафта ҷамъугириаш намо». Кормандон мегуянд, ки раис ҳоло ҳафтае нашудааст, ки мо борҳои худро ба мағоза додаем. Онҳо ҳоло ҳатто ба фурӯш намондаанд. Вале ба кормандон факту далелҳои бардуруғгро меоранду мегуянд, ки курс иваз шуда истодааст, пулҳои мо месузанд, шумо фикр кунед, ин пули шумо аст, шумо чи кор мекардед?

  Боз яке аз корҳояшон ин аст ки худ ба худ нархи борҳояшро боло мебаранд ва мо кормандон мегуем, ки доллар нахестааст, чаро нархро хезондед? Мегуянд, ки ин бор бо рубл меояд, курси рубл  хеста аст. Барои ҳамин агар курси рубл меғалтид мо кормандон хурсандӣ мекардем, ки ана нархҳо ҳам меғалтанду савдои мо имрӯз хуб мешавад. Вале вақте ба онҳо мегуфтем онҳо ба мо мегуфтанд, ки ин дафъа муомилоти мо бо доллар шудааст. Худ кормандони худро қарздор карда қарзро талаб мекунанд. Корманди бечораи барои ризқу рузӣ баромада дигар намедонад чи кор кунад. Кормандоне, ки дошта бошанд, оварда месупоранд, надоштааш рафта аз бонк қарз мегирад. Боз мавридҳое мешавад, ки кормандро мемонанд,то қарзашро тамом кардан кор кунад, аммо баъд аз тамом шудани қарз аз кор хориҷаш мекунанд.

  Шири сунъие, ки дар дасти ин ширкат буд –беллакт- дар аввали овардан бозор ин маҳсулотро хуб қабул накард ва муҳлатҳои онхо кам шудан мегирифт ва ба мо мегуфтанд,ки инро бояд фурушед, вагарна ба дасти шумо медиҳем. Шумо фикр кунед, шире, ки 2, 3 ё ҳафтае мондааст, кӣ мегирад? Кормандон бо ҳар дуруғ метавонистагиашон мефурухтанд, наметавонистагиашонро ба номашон карда бароварда медоданд. Ба онҳо фарқе надорад ту инро чи кор мекунӣ, мефурушӣ, мепартоӣ ин тарафаш ба души худи коргар буд ва мо дигар бори срокаш кам мондаро ба дуруғу фиреб мегузарондем. Аллоҳ бахшадамон. Чунки мо аз бонк то 40 -50 ҳазор сомонӣ қарздор мешудем, маҷбур будем. Вале фикр кунед дар Тоҷикистон на ҳама босавод аст, на ҳама мефаҳмад, ки пеш аз харидорӣ намудани маҳсулот бояд ба муҳлати истифодабариаш назар кардан лозим, мехарад ва бурда ба кудаки худ медиҳад. Баъд ба касалиҳои гуногун кудакони бе гуноҳ дучор мегарданд. Ҳамин Абдураҳмон Эркинович бо Озодаи қили асп қудо ҳам мебошад.

     Амриддин Нахшов, Зайнулло ва Фатҳулло (ҷиянҳои Зоири домоди Эмомалӣ Раҳмонов) чи гуна соҳиби кони тилло шуданд

   Амриддин Нахшови ҷияни Азизмои газетхонак ва писархолаи Рустаму Озода ва ҷияни Ҳасан Асадуллоев як инсони бениҳоят бесавод ва бетарбия мебошад. Вай аз овони кудакӣ қиморбоз ва бангӣ буд ва то ҳозир ин корашро давом медиҳад. Чанд вақт дар ноҳияи Данғара бо шираи камол сару кор мегирифт. Аммо вақте ин корро одамҳои Нуриддин (бародари Эмомалӣ Раҳмонов, ҳамон тракторист, ки чанд соли пеш мурд) сар карданд ӯ фақат менолиду мегуфт, ки ин «ҳароми тракторист кай мемурда бошад, ки ҷони мо халос шава» Чанд маротиба ҳам ба холааш Азизмо аз ҳевараш Нуриддин шикоят кардааст,ки хола бгир и ҳевартона соф сара вайрон кадаи намемонамон зиндагӣ кунем. Вой ба ҳоли ин миллат,ки инҳо аз худашон меноланд, акнун мо ба кӣ нолем аз ҳамаи шумо авлоди гурусначашм?

Амриддин рамаи гуспанду пода ва аспони тозии зиёд дорад. Рамаи гуспандонаш аз 8000 бештар аст. То тарафҳои Фархор қариб бисёрии талу тепа ва сою дараҳоро ҳамчун чарогоҳ ҳуҷҷат карда гирифтагӣ аст.

Он вақтҳо Нуриддин гуфта буд, чарогоҳҳоро истифода бар, замиҳоро истифода бар, аммо ба шираи камол кордор нашав. Баъди мурдани Нуриддин рафиқонашро ду рӯз Амриддин зиёфат дода буд ва гуфта буд, ки акнун афғонҳоро оварда тайёр кунед, ки имсол «хдмон ҷам мекнем».Аммо ширкати Фароз, ки аз они Шамсулло Соҳибови шавҳари Рухшонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов аст, боз инаш монеъа шуд. Ҳамагон аз қиссаи кордзании Амриддин Нахшов ва одамони ширкати Фароз дар Данғара барои шираи камол огоҳанд.

 Хуллас, Амриддин баъди мурдани Нуриддин 200 ҳазор доллар пешакӣ аз афғонҳо мегирад. Аммо афғонҳоро Фароз иҷозат намедиҳад. Барои ҳамин одамҳои Фарозро Амриддин ва рафиқонаш кордча заданд. Дар охир бо Фароз судитса карданд.

 Оқибат Рустам Амриддинро бо Шамсулло фарёд карда мегуяд, ки «дард дорен соз намегирен?» Амриддин мегуяд, ки «ма ай афғоно амиқа сум гирифтам, монан ҳамуқа сумда ҷам кнан, дигар майлаш ма кор намегирм. Охи и замино ҳуҷҷатӣ ай манан, неки Фарозам мара ранги акаи Нуриддин кардестай».

Оқибат Рустам маслиҳаташон медиҳад, ки «ма да ози и коро даркор нест. То президент шидани ма кунак назанен, ба якдигар ҷанҷол накнен. Баде,ки ма президент  шавм бо 40- 50 соли дигар бо ҳама чи ай сартон зиётӣ мекна».

Амриддин мегуяд: «ман сумро гирифтам. Уже афғоно расход кадан, виза кадан омадан, мара бовар када».  Рустам мегуяд:  «ҳиҷ гап не, ҷанҷол шиден, ку. Друға трам дело мекнан, ки афғоно бовар кнан. Унора меган ё маҳкамтон мекнем. Ту бгу ма ҳамара тенч мекнм, неки шумора депорт мекнан». Ҳамин хел як спектакл карда афғонҳоро депорт карданд. Амриддин ҳам дуруғ дело карданду бо корашро «тенҷ» карданд.

Дар масъалаи кони тилло Амриддин пеш бо наркабаронҳо аз ҷумла бо Эраҷи развилка ҳамкорӣ дошт. Вақте Эраҷ бо Умар Алиматов (Сим-сим)  аз руи суми наркотик ҷангҷол кард Амриддин ҳам бо Умар ҷангҷол кард. Дар он вақтҳо як ширкати хориҷӣ, ки одамҳои Алиматов буданд, литсензияи кони тиллоро гирифта буданд. Ба онҳо Амриддин зид баромада гуфт, ки ман ҳамин кони тиллоро аз дастатон бо зуриву бо судбозӣ бошад мегирам.

Оқибат гирифтанд. Ва Амриддин ба номи ширкати худаш ҶДММ- Нақш лицензия гирифт. Он вақтҳо вазири саноат Шавкат Бобоев ном дошт (баъдан ин вазир бо пораи калон ба даст афтод) ва бо супориши худи Озода Раҳмонова лицензияро ба Амриддин доданд.

Ногуфта намонад ин кони тилло ҳам дар Шугнов дар назди кони давлатии тило аст. Вақте Амриддин лицензия гирифт, дар Наврузгоҳ як зиёфати калон ташкил кард. Яъне дар кохи Навруз. Он вақто раиси кохи Навруз Зайнулло ва муовинаш Фатҳулло ҷиянҳои Зоир буданд. Ҳамон вақт кадом хитоиро оварда бо Амриддин шинос мекунанд ва мегуянд, ки барои кони тило лицензия дорад ва ба ҳамкорӣ даъват мекунанд. Ин хитоиро Зайнулло ва Фатҳулло барои шартнома бастан бо Амриддин 2 миллион додан даркор мегуянд.

Хитоӣ ба хотири 50 ба 50 кор кардан розӣ мешавад.

 Хитоӣ дар ин муддат дар 700 ҳазор доллар техника дароварда буд: дулан, чанд адад экскватор ва чанд намуди дигари техника. Вақте инҳо байншон ҷанҷол сар зад ин хитоӣ рафта аз Хитой тавассути МИД-и Хитой мактуб кард ба МИД-и Тоҷикистон ва Дастгоҳи президент,аммо ягон фоидаш накард,ҷияни Азизмои газетхонакаи кидат дар инҳо савобаи.

  Дар Шугнов ду кон аст: давлатӣ ва хусусӣ. Ин Зайнулло бо Фатҳулло дар кохи Навруз мудир ва ҷонишини мудир буданд. Инҷо онҳо арустайёркунаки Рустам буданд. Вақте ин хитоӣ меояд мехоҳад бо Амриддин дар кони тилло ҳамкорӣ кунад.1 миллион доллар пул медиҳад. Инҳо мебаранд ба Амриддин худо дуруғгӯ накунад 300 ё 400 000-ро медиҳанду боқимондаашро аз они худ мекунанд. Вақте Амриддин дарак меёбад, ки инҳо аз хитоӣ як миллион гирифтагианд, хитоиро пеш мекунанд ва шартнома ва ҳамкориро қатъ мекунад. Вай муфассал ҳодисар нақл мекунад ва фиреб хурданаш ва фиребдиҳандаҳоро ҳамаашонро менависад.

Дар ин миён байни Амриддин ва Зайнулло ҷанҷол мерафт. Вақте мактуб ба дастгоҳ меояд Озода ҳардуяшонро даъват мекунад, Зоир ҳам ҳаст. Ҳамакаса дар кабинети Озода 2соат гап мезананд. Баъд Озода мегуяд, ки «и кора отам фаҳма ҳамара ҷанҷол мекна, мегираву ба ягон каси дигар мета. Чанд бор гуфтантон, ки бесарусадо кор кне, нафаҳма мардм».

   Оқибат ба хулосае меоянд, ки Зайнуллоро раиси кони давлатии тило монанд, Фатҳуллоро ҳамроҳаш барад, «некӣ хитоира фарёд карда ягон хел даҳанша маҳкам кне, бген, ки ай кони тилои давлатӣ оста -оста дар муддати 5 сол сумта меброрем, бо чанд микдори зиёти тило метемт».

 Ҳамин хел ин ду дузди аҳмақ аз мудирии як ошхона раиси кони тилои вазорати молия шуданд.

 Рустами Эмомалӣ,раиси Душанбе,раиси Маҷлиси Миллӣ ва Президенти оянда?

  Ассалому алайкум устод! Агар ёдатон бошад, гуфта будем, ки Раҳмонов через Эрон бо Путин отношенияшро хуб кард. Рустамро ҳам барои ҳамин Эрон роҳӣ кард.

  Ин чиз маълум аст ки на ҳама дар ҳукумат ва дигар табақаҳои ҳокимият тарафдори Рустаманд. Дар долонхои ҳукумат сару садоҳо дар бораи саломатии Раҳмонов зиёданд. Дар круги Рустам ҳам сару садоҳо пайдо шудаанд. Шоҳрух талхакаф, ки агар Рустам нашавад, маро фалон мекунанд. Хуршеди Мирзоев, ки акнун мансаби баландтари давлатӣ гирифтааст «мега мада п…й Рустам меша, ки меша. Ҳамиқа ҷамыш кадагием, ки шид кор дар Тоҷикистон мекнем, нашид мерем хориҷа. Хуб, инҳо, ки соф картежнику, қиморбозу  бангиву дыздоҳан да круги Рустам, умуман малакаи кориву тасаввурот надоранд.

Он нафароне, ки ангуштшумор аз мутахасисони соҳаҳо дар ҳукумат ва дигар самтҳои мамлакат мондаанд, аз омадани Рустам ва шайкаи рафиқонаш хавотиранд.

Акнун вақт нишон медиҳад: «Раҳмоновро, устод ёрдам кадан даркор, ки ба ӯ дунё дилш кафа рава. Ҳар барномаи шуморо давида када мебаранша наздикош ва ҳар бор як бор -як бор аз ҷояш мепара, ки воҳ бо чи гап шид гуфта. Устод, мақсад ин аст ки фақат информационная война кардан даркор. Бераҳмона.Ҳозир Раҳмонов сахт ба Рустам ва командааш надежда дорад. Особенно ба Хуршеди Мирзоев ва Шоҳрух. Ба Рустам дар бораи шуримуриҳои Хуршед расонидагианд. Рустам кам- кам пай бурда истодааст, ки Хуршеди Мирзоев як қисм сумҳоро «рыба карда истодааст. Вале боз бовар накарда истодааст ва гумон мекунад, ки ин гапҳо «туҳматай адреси Хуршедда».

  Дар Тоҷикистон ягон ихтироот нест, инновация як тараф биистад. Онро таъсис доданду Хуршед  Мирзоевро раис монданд. Хуршеде, ки дар сармоягузорӣ муовини аввал буд, имзои Рустамро ҳа гуфта подделка карда сумро ҷамъ кард. «И дыздо дига намедонан чи хел сумора броран. Сохтори нав ташкил мекнан, ки гуе дар иноватция ва технологияҳои фантастикӣ, суми маҳшара вложения мекнан. И герчики Рустама Хуршеди Мирзоева ранги як чи истифода мебара. Рустам, ки умуман савод надора, да гушош гуе идеяҳои нав кати мепара, тамом, Рустам дарав давида пеши Президент мерава: дадаҷон мо насли ҷавон пешниҳодҳои замонавӣ дорем. И паати лаблабусар ай куҷо медона,ки и Хуршедборинҳо и отаву писара конкретно истифода мебаран».  

 Рустам бо ҷураҳояш бачаи Гул Шералӣ- Диловар, бачаҳои Исмати Дулик, бачаҳои Ҳасани Ориёнбонку Прокурори Генералӣ, боз чанд каси дигар кораш фақат бангу нашаву кристалу духтарбозӣ. Мало того, что духтарҳоро изнасиловат мекунанд, боз мекушандашон. Ин ҳаромзодаҳо аз ҳеҷ чиз умуман наметарсанд. Барои арус байнашон ҷангҳо мешавад. Чандин бор инаш ба онаш шапошап шуданд. Аҷоиб, ки ягонтаашро дело намекунанд. Руи рост бо яроқ мегарданд.

     Рустами Эмомалӣ асосан кристалл ва афюни пухташуда истеъмол мекунад. Барои вай   махсус аз Кулоб мефиристанд. Соли пеш мусобиқаи бузкашӣ мешавад дар Кулоб. Амнияти Данғара нафареро, ки барои Рустам афюн медод дастгир мекунад. 8 кило мефиристад. Вақте уро бачаҳои амнияти Данғара меқапанд, мегуяд ба Рустам мефиристад. Рост мебаранд пеши Рустам. Рустам раҳояш мекунад. Аммо як сол пас ӯро дастгир краданд ва 17 сол гирифт. Бо 80 кило бор дар Шуробод меқапанд. Як қутии вазелини он ки 4-5 гарм аст 100 доллар арзиш дорад. Онро одамони ҷиддӣ мезананд. Мағзат фаъол мешавад. Як нафар аз дустони наздики Рустам муштарии ҳамин Раҷуи мулло буд, ки шумо дар борааш навиштед. Вай шогирд ва рафиқи Шоҳрух аст. Аз Кулоб тамоми кайф барои Шоҳрухро ҳамин «достават мекард. Ҳозир ҳам ҳаст. Бо Шоҳурх аст.Снабженетс

   Бовар кунед,ки Душанбе воқеан (тамом) кардаст.Филтрҳо забитий шудаанд.Убайдуллоев буд мардум об мехурданд ва агар мабодо беоб мемонданд, занг мезадӣ водоканал зуд теревога мебардошт.

Ба раиси шаҳр шикоят мекунем мегуфтӣ, медавиданд. Ҳозир раиси шаҳр мегуӣ пофиг. Барои онки дар ҳар соҳа Рустам шогирдакҳояшро куратор мондагӣ, доляашро гирифтагӣ, ҷамъ мекунанду медиҳанд.Тамом.Назорат дигар нест.

Хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон Озодаи Раҳмон  Рустами Эмомалӣ!

 Дар н. Данғара ҷамоати Исмат Шариф  раиси ноҳия ҷиянатон заминҳои корами деҳаи Туябиюни таҳро гирифтаст. деҳа зийода аз 150 аҳоли дорад аҳоли замини корам тамоман надоранд. Заминҳои деҳаи қизилсоя гирифтай  деҳа зиёода аз 200 аҳоли дорад аҳоли гирди заминҳои корамашонро сетка кашида маҳкам кадабуданд.  Пеши раиси ноҳия мераванд мегуянд, ки мо гирди заминҳоямонро сетка кашида маҳкам кадаем раиси ноҳия ҷиянатон мегуяд ки сеткоҳоятонро канда барен тез ай иҷа. И мардум дар қишлоқ замини корам надоранд медонен ба фикрам замини чарогоҳ надоран киҷо браван?

Охир вақте раиси ноҳия ҷияни шумо инхел мегуяд мо ба куҷо равем шикоят кунем? Ягона роҳи мардуми Данғара мисли дигар ноҳияҳо ҳамин “Ислоҳ” аст. Марҳамат як омада бубинед рост мегуем ё дурӯғ ва туҳмат дорем!

Share This Article