Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет» №170

Ислоҳ нет

Бо саршавии  мавсими «облава» дили падару модарҳо ба задан медарояд. Барои онки масъулин ва маъмурин нақшаи даъватро ба иҷро расонанд ҳатто даст ба корҳои ғайриқонунӣ мезананд. Дар номаи зер, ки як нафар аз Хуҷанди бостонӣ навиштааст, ин савол матраҳ шудааст, ки тибқи конститутсияи Тоҷикистон шаҳрванд, ки 18-сола шуд вай дигар худаш бояд бо мақомот саволу ҷавоб кунад ва падару модари вай дигар барои вай ва аъмоли вай ҷавобгар нестанд. Аммо мақомот барои онки ин ҷавонро ба сарбозӣ бибаранд падару модари онҳоро ғайриқонунӣ ҳато ба ҳабс мегиранд. Дақиқан ин ҳолат танҳо дар як минтақа ва ё Вилоят не балке дар аксари манотиқи кишвар сурат гирифта истодааст.

                          Хуҷанд

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Ташаккури зиёд, бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин, ки номаи бандаро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар шумораи 164 чоп намудед ва ин ша’а Аллоҳ ба наздикӣ ин ҳукумати фасодзадаро мо тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон аз байн мебарем. 

Ҳамватанони азиз, ҳамеша бовар дошта бошед, ки мо пирӯз ҳастем ва хоҳем буд. Зеро ҳукумати Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотӣ шикаст хӯрд, ки ин худ нишонаи возеҳи шикасти Эмомалӣ Шарифович аст.
 Санаи 28.08.2024 президенти номӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов фармон дар бораи сарбозшикорро имзо намуд. Ва бо ин фармон роҳ барои порагирӣ аз падару модаронро кушод.

Бояд дониста бошед, ки дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин навишта шудааст:

Ҳуқуқҳои инсон

1) маҷмӯи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои инсон мебошад, ки вазъи ҳуқуқии инсонро нисбат ба давлат, имконият ва талаботҳояшро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданӣ муайян мекунад.

2) ҳуқуқҳои инсон — ин қонунан таъмин намудани имконияти қонеъ гардонидани талабот ва манфиатҳои ҳаётии шаҳрвандон мебошад.


Бояд ҳар як шаҳрванд дониста бошад, ки вақте фарзанд ба синни 18 солагӣ мерасад, ӯ аллакай соҳибихтиёр мебошад. Агар ҷавон дар Русия ва ё дигар давлатҳо бошад, давлат, ҷамоат, ВКД ва дигарҳо ҳақ надорад ба хотири ҷавон падар ва ё модари онро танг ё ҳабси маҷбурӣ намоянд.
 Ман дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорам, аммо коргарони давлатӣ падару модари манро озор дода ҳабс кардаанд, ки бо фишор болои падару модарам маро ба Тоҷикистон оранд. Зулм карда истодаанд, пул талаб карда истодаанд. Вақте ба ман занг мезананд бо воситаи волидон, зуд биё, оё ту раҳм надорӣ ба падару модари пират, ё ин ки ту омадӣ ба комиссариати ҳарбӣ, баробари омадани ту, мо падар ё модаратро озод менамоем мегӯяд. Мо бояд дар ҳамин нуқта зиракии сиёси дошта бошем. Мо ҳар як ҷавон дар ҷавоб бигӯем, агар падарамро ҳабс мекунӣ кардан бигир, ман соҳибихтиёр ҳастам, намеравам бигӯед. Падар ва модари Шуморо нигоҳ намедоранд дар комиссариат, ҷамоат, ВКД ва дигар ҷойҳо. Хоҳеду нахоҳед падару модарро озод менамояд. Дар ин ҷо савол ба вуҷуд меояд, ки ЧАРО? Зеро, ки он кормандони давлатӣ зиддиқонунӣ амал карда истодаанд ва он падару модари Шумоёнро ҳеҷ кор карда наметавонад.
Дар ин ҷо бояд ҳар як падару модар бигӯяд, ки фарзандам соҳибихтиёр ва соҳиб ҳуқуқ аст, ман ҳақ надорам ба ӯ маҷбурӣ супориш диҳам. Агар вақте як фарзанди мо як ҷиноят содир менамояд, худи ҳамин коргарони давлатӣ мегӯянд, фарзанди Шумо зидди қонун рафтор кардааст, ки Шумо ҳаққи дахолатро надоред мегӯянд.
Ба ҳамин хотир, ҳама вақт дониста бошед ҳамватанони азиз, ки мо ҳуқуқи худро зери по накунем дар назди кормандони давлатӣ, милиса ва дигар сохторҳои қудратӣ. Агар гуфтанд масҷиду дигар ҷойҳоро маҳкам мекунем, агар шумо фарзандҳоятонро ба хизмат нафиристед, мо ҳама каса талаб намоем, ки ҳаққи маҳкам кардан надорӣ, ҳаққи пул талаб кардан надорӣ.
Эй ҳамватанони азиз! Дониста бошед, ки пирӯзӣ ҳамеша дар мубориза аст, ки мо набояд луқмаи кормандони порахур ва ё золиме бошем.
Онҳое, ки ба мо шаҳрвандон ҳамла намуданд, мо бояд ҳамла намоем, яъне зидди қонун рафтор мекунад, мо бояд бар зидди ӯ муборизаи беамон бубарем, то, ки аз зулми кардааш пушаймон шавад.
То ин ҷониб Эмомалӣ Шарифович садо баланд кард, акнун мо шаҳрвандони Тоҷикистон садои худро барорем, то ки ин аз зулми кардаи худ пушаймон шавад.
Мо бояд ҳамватанони азиз инқилоб намоем, то ки ин давлатдории Эмомалӣ Шарифовичро аз байн бурда ва як давлати фаромиллии бисозем, то ки мо ҳама ҳамватан дар ватан бошем.


Инқилоби ҳар яки мо ростии кори мост,

Рӯшании фикри мову дидаи бедори мост,
Дасти поку қалби поку лафзи беозори мост,
Инқилоби ҳар яки мо нанги мову ори мост,
Ҳар яки мо гар ба кори хеш гардад комёб,
Пас ҳамин аст инқилоб! . Шеъри Абдуллоҳи Роҳнамо


  Санкт-Петербург

    Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хуб ҳастед. Ин ша’а Аллоҳ ин миллат ва ин мардум пирӯз мешавад.

Мехостам, ки дар бораи консулгарии Санкт-Петербург як видео мекардед. Инҳо дар ҷони мардум задаанд. Мегуянд, ки пул ҷамъ кунед, мурдаи тоҷикро ба ватан фиристем. Ё Аллоҳ, намурдему хайри маҷбуриро ҳам дидем. Ҳоло боз барои вилояти Курск моро маҷбур карда истодаанд, ки пул ҷамъ намоем. Он нафари пулҷамъкунанда ҳоҷӣ Мелик ном дорад. Одамҳои мефаҳмидагӣ ҳам кам нестанд. Мегуянд, ки «э, одамо чи мардума маҷбур мекнен, ки хайр кнен?» Консулгарира ай зангзанира заряди тилфонт халос мекна, тилфонта ҷавоб наметиянд. Ин одамҳо, ки дар группаанду гапи ҳақро мефаҳманд, мегуянд «ҳами коротона бас кнен, гадогитона, мардум хдшон коркнӣ омадагия, я тангае кор мекна бо шумо маҷбур мекнен, ки хайр кнен бо ба куҷора ба Русҳое аз ҷанги Курск гурехтанд, ана мантиқу , ана ақл».

Агар дар группа ягон гапи ҳақ бигуишон ҳамон пулҷамъкунҳо мегуянд «ҳоло бесто мо тра ай таги замин миёвем ихалӣ мекнем ухали мекнем, мо коркни давлатем», а так рушона сиёҳ мекнан. 2 -3 морбозро гирифтагиян да баршон, гапда созан барои ҳаму да группашон бачаҳои ҳақгура угрожатҳам мекунанд.

Ба бародарҳои мубориз бирасонед, ки имконият бошад онҳо ҳам ба мардум бигуянд, ки «як дирам ҳам натиян».  

Калонҳои ҳамон пулҷамъкунакҳо кадом запс голоса дар группа мепартояд. Он бечора аз дуо додан аз даҳанаш кафки сафед меравад. Ин мардуми худамон ҳам баъзеаш ақл надорад. Ҳамон мулло намедонад, ки ин ҳаром хурҳои дузахӣ чи кор карда истоданд. Он бечора муллоро ҳам маҷбур мекунанд, ки дуо бидеҳ.

Ин рақамҳои ҳамон афроде пулҷамъ мекунанд:

+79811592737

+7 911 125-80-80

+7 911 123-80-80

Инаш шумораи Ҷовид,ки дар консулгарӣ кор мекунад: +7 921 888-65-65

Ин шумораи Баҳром корманди дигари консулгарӣ: +7 960 280-67-77

Худашонро сахт мусулмон мегиранд. Полний аз дини ислом гап мезананд. Аммо сахт шайтонгарӣ карда соки мардумро ҷафида истодаанд.

Бародар ман условия намонда истодаам, просто дилам ба мардуми муҳоҷир месузад. Ман худам муҳоҷирам. Ба шумо аксҳои кумакҳое барои фирориёни Курск бо номи консулгарӣ ҷамъоварда шуд ва аз номи диаспораи Тоҷикон супорида шуд мефиристам ва худатон хулосаатонро намоед. Охир мо инҷо андоз медиҳем, барои патент пул медиҳем, барои регистратсия пул медиҳем. Ҳар рӯз милиса меқапад ва ҳозир ҳар як роҳгузари Русия меқапад бо таҳқир аз мо пул мегирад. Боз барои чӣ пул диҳем? Охир мо чандвайной ғуломем ?

                                    Истаравшан

 
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин шикояти як бародар аз Истаравшан аст. Беҳад шикояти аламовар. Барои далели аниқ рафтем Истаравшан. Аз гуфтаашон солҳои шуравӣ Истаравшан беҳад зебову тоза буд. Нишон доданд, бовар кунед, раведу бо чашми худ бинед.

Дар қади роҳ бозор кардагианд. Болои асфалти роҳ чайла рост кардаанд. Шаҳр мисли шаҳри ҷугиҳо. Ранге, ки шаҳр соҳиб надорад. Мегуянд, ки ҳоким зодаи ҳамин ҷо. Охир ин читавр ҳокими занакмиҷоз? Мешинӣ таги кондиционер буйро бину ҳолу аҳволро! На роҳи созу на қоида дорад на як тартибот дорад. Ҳайфи Уротеппаи бостонӣ. Миллионҳо сомонӣ харҷ кардану қалъаи Муғтеппа сохтанд, ҳоло бошад нимаи қалъа валангор шудааст. Сабаб сифати сохтмон сифр. Одамоне, ки мутасаддии ин сохтмон буданд, соҳиби хонаю мошин шуданду чандин ҳазор сомониро аз худ карданд. Дар ҳоле, ки роҳҳо кушод шаванд, қади роҳ пеши светофор дом рост карда истодаанд. Ягон назорату сиёсат нест. Маркази шаҳр бозор, роҳ танг. Мусорка чангу хок. Ин ҳукумат одам надорад, назоратчӣ надорад, комиссия надорад. Даже пеши прокуратураро мусоросвалка кардагианд. Вақте аз Душанбе вориди шаҳр гаштем роҳи давраи Брежнев. 33 соли истиқлолият як километр асфалт нашудааст. Эмомалӣ Раҳмонов 33 сол боз дар ҳукумат. Ин ба гуфтан осон. Аммо аниқ, ки  боз 33 соли дигар беистӣ ободӣ намешавад. Чунки ваъдаҳои дуруғи ту ободиро барои халқу миллату ватан не, барои оилаи худат карда истодаӣ. Истеъфо валадизино
 

 Эй амниятиҳои чопул! Охир шумо ҳам фарзанди инсони мусулмон ҳастед. Чи ин қадар часпидед ба муллову масҷиду ришу сатр. Падару модарат, зану фарзандат мемурад, мебарӣ масҷид муллоро мегуӣ ҷаноза хона. Фарзандҳоятро барои ақди никоҳ пеши мулло мебаред. Наравед! Агар, ки бар зиди муллою масҷиду ришу сатр ҳастед. Бе ҷаноза баред гураш кунед. Беникоҳ зиндагӣ кардан бигиред. Ҳукумати Раҳмонов ҳамаат аблаҳед. Аз Раҳмонов   сар карда то охиронат. Вақти тамомшавӣ, давраҳои шумо ба охир расида истодааст, ин ша’а Аллоҳ. Ҳама чизу кору бор охир дорад.

  Шакалҳо намемонед кудакҳо масҷид раванд, амри маъруф, насиҳат гуш кунанд: хелеҳолутӣ, наркаман шудаанд мардаки тоҷик оянда чи мешан даюс бисёр шудай, духтаро лесби шудаанд гаштестем дидестем шунидостим. Ин ҳукумат Тоҷикистона ва автаритети тоҷикора дар замин заден!. Вазифа сум, макри дунё ҳамата вайрон кардак….

 Кулканди ғорат шуда 2 Курбони контрабанда

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! 

Бо умед аз даргоҳи ҳақ дарозумрии шумо ва дигар ҳақгуёнро талаб мекунам. Ин мактуби мухтасари худро бо дархости нашри ҳарчи зудтари он ирсол менамоям..

Ман собиқ корманди давлатиам ва феълан дар нафақаам. Маҷбур шудам, ки ба шумо муроҷиат намоям. Унвони барномаро метавонед Кулканди ғоратшуда бимонед. Дар ҳудуди ҷамоат аз дасти раиси навбатӣ Аббосиддин, ки собик бригадири колхози Мукаррамов аст ягон ваҷаб замини ҷамъиятии холӣ намонд.

Мо сокинони ҷамоат то имрӯз аз ҳадяву фурӯши бошишгоҳҳо, заминҳои захиравии ҷамоат ягон шикоят накардем. Аммо ин навбат ба “Қурбонхон контрабанда” ” Қурбони ҷинӣ”, ки бо ин тахаллусҳо ном баровардааст арз карданием. Зеро мақомот аз шикоятпазирӣ меларзанд. Қурбони ҷинӣ ё худ Қурбони контрабанда роҳи пиёдагард (тротуарро) баста танур шинонда нонвойхона таъсис додааст. Ин кор дар кучаи марказии ҷамоат сурат гирифтааст. Ҳама худро ба нодонӣ мезананд гуё ин қонунӣ бошад. Дар шаҳри Исфара низ як чанд бизнесҳои нон дорад. Ба ин қонеъ нашуда, акнун, ки сарҳади қирғиз бастааст Қурбонхон аз паси аз худкунии ҳавзҳои оби нушокӣ шуда, ҳавзе, ки аз он беш аз 1500 сокин истеъмол мекарданд ҳануз моҳи феврал гуронида дар паҳлуяш як ҳавзи хурдтарак кофта халқро фиреб карданӣ мешавад

 Сокинон аз ин кори вай норозӣ шуда ба участковой Алишер ва раиси ҷамоат Аббосиддин шикоят бурдем, аммо ягон чора дида нашуд. Мегуянд вай ҷинӣ аст, ҳуҷҷат дорад. Суоле ба миен меояд агар вай ҷинии ҳуҷҷатдор бошад чихел иҷозати фаъолияти соҳибкорӣ дорад? Шахси ноқисулақлро иҷозат ҳаст магар? Ва чи хел ба у сохтани мағоза аз ҳисоби ҳавзи оби нушоки ва оташнишонӣ иҷозат доданд?

Мақсади Қурбонхон бунёди мағоза аз ҳисоби ҳавзи оби нушокӣ ва зиддисухторӣ аст ва соҳиб шудан ба замини атрофи ҳавз, ки аз ҷамоат бо пора гирифтааст. Аббосиддин агар ҳавзи моро барқарор накунед аз фаъолиятҳои худат ва писари бузат ба тафсил дар Ислоҳ менависем. Рав пирхар дуои наберагон карда бригадир шуда гард бесавод! Аббосиддин истеъфо.

Алишер бо шогирдонаш ва Аббосиддин корашон ба баҳонае мардуми оддиро протокол кардан асту халос. Агар шумо сохтмоне сар кардед ва сементу шағал (яъне сангпора) дар куча оварда фаровардед участковой зуд омада протокол мекунад. Ҳол он, ки даровардани шағал ва масолеҳи сохтмон яку якбора ба хона ғайриимкон аст. Аббосиддин бошад агентҳо дорад. Дар туйю маъракаҳо танзимро вайрон кардед мегуяду бо таҳдиди протокол маблағ меситонад ва наворгирӣ мекунад. Ҳатто туй ду моҳ пеш бошад ҳам бо наворҳо тахдид мекунад. Ин кораш фақат барои мардуми оддӣ. Тағадорҳо туй кунанд якчанд рӯз рафта пеши дарашон меистад худаш ва участковой дастҳо пеши бар дар хизматанд. 

Қурбонхон аз шавҳараш ҷудо шуда хонаи уро кашида мегирад ва угрожат мекунад. Шавҳараш аз тарс фирори Русия мешавад ва то ҳол барнагаштааст. Қурбонхон як буз ва хабаркаши мақомот шояд бошад ё ягон крыша дорад, ки ҳама аз вай метарсанд ва қудрати мақомот пеши як зан ба итмом мерасад вале дар комменту эфирҳо бо шумо мардони шуҷоъ каттагарӣ мекунанд! 

 Ягон ҷо намонда фурухтанд Охонов Қурбонхоҷа, Болтаев Солеҳхоҷа ва дигарон. 

1500 нафар сокин аз масофаи беш 1.5 км обро кашонда истодаем. Мавсими тирамоҳ ва зимистон об тамоман мушкил мешавад ва ҳавзи дигар маҳал тавони таъминро надорад.

Дар амони Худо бошед марди ҳақгуй.

Шумо ягон таклиф ба лайк накунед бародар Муҳаммадиқбол. Зеро дар намозҳои ҷумъа аз сар то охир шуморо «муаррифӣ» мекунанд. Шахсони бехабар ҳам бо хабар шуда истодаанд, сад дар сад муллоҳо, хатибони масҷидҳо, кумитаи дин, ВКД ва КДАМ  тоза хизмати шумоҳонба.

Ин миллат рӯзе мерасад, ки ба қадри шумо мерасад: дер ё зуд! 

Бо эҳтиром 

И.И.

                                 Кулоб

Ассалому алейкум устод  Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин лаънаткардаи Аллоҳ Эмомтапак кудакҳоро  барои таҷлили ҷашни Истиқлолият маҷбур маршировка бароварда истодааст. Тамоми талабаи мактабу донишҷӯёни донишгоҳҳоро маҷбур карда истодааст. Сарулибоси мактабии дар ҳичи кор намеомадаро ба зурӣ дар сари падару модари кудакҳо бор карда истодаанд. Директори мактаб, ки беваи вазири маориф аст нагло ва нотарсона гуфта истодааст, ки то чеки либоси мактабро наоваред кудаконатонро дар мактаб роҳ намедиҳам. Ин директор ба ҳадде ба худаш уверен гап мезанад, ки ягон майда тарс надорад. Ана аз ҳамин руз лимит дар шаҳр сар шуд. Аз саҳар то бегоҳ светҳоро мекушанд. Ба ғайр аз Ислоҳ ҳеҷ кас гапи халқи мазлумро гуш намекунад.

Шумо ва тамоми муборизони роҳи ҳақро Аллоҳ дар пушту паноҳаш нигоҳ дорад.

Ҷалолиддини балхӣ

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод ва бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин!

 Ман аз ноҳияи Ҷалолиддини балхӣ, ҷамоати деҳоти Навоӣ (Фрунзе) деҳаи Чилсолагӣ. Ман пеш аз ҳама саломи худро ба кули мухлисони «Ислоҳ» мерасонам. Бар аҳли деҳаамон як чиро гуфтаниам, ки бузҳои се- чор деҳаи ҳамсоя- Дилшод, бачаи бобои Савзак бо тахаллуси Дилшоди сияҳ, Мансури бачаи Раҳимҷони койбангчӣ, боз як-ду се нафари дигарашро нашинохтам. Лекин Дилшоди сияҳ аниқу дақиқ буз аст. Бисёр марди кунҷков аст. Чи маъракаи ғаму шодӣ бошад даромада худашро калони деҳа гумон мекунад, гап мезанад. Одаме, ки нашиносадаш хаёл мекунад, ки ягон бачаҳои боло бошад. Вай ду зан дорад. Ҳардуи занҳояш зиндагияшон ҳаром аст. Барои онки андак зураш ояд чандин бор бирав сезан талоқашон гуфта аст.

Соли таваллуди Юсуф тахминан  86 ё 87. Лекин ягон бор отдел нарафтааст. Ҳамаи бачаҳои деҳаро бо сабабҳои гуногун бурданд. Аз оилаи Юсуф ягон касашро набурданд. Бисёр марди бо тақво аст. Панҷ вақт намозашро дар масҷиди деҳа мехонад. Чанд бор қасамаш додем ва ба хубӣ пурсидемаш. Фақат як ишора мекунад. Ангушти росташро боло мекунад: мақсад аз Аллоҳ.

Андак зураш ояд дарав сезан талоқ қасам мехурад. Валлоҳӣ қасам, агар камтар суст биёбад кори мору каждум мекунад. Коре карда аз ту пул меканад. Вай бисёр  номард аст. Масалан як марди камбағалро хонааш мебарад, чанд рӯз кораш мефармояд. Як рӯз як фоҳишаро «туғриш» мекунад бо маблағӣ 40 сомонӣ ва корҳои фаҳшо мекунадаш. Аз байн чанд рӯз мегузарад. Он фоҳиша ҳамон марди камбағалро мегуяд, ки «ма ай ту ҳомила. 800 сомонӣ миёрӣ кудака тоза мекунам». Бардуруғ бояд пул кор кунад. Қисса кӯтоҳ музди меҳнати марди камбағалро бо ҳамин дуруғ намедиҳад. Ба аҳли деҳаи Чилсолагӣ гуфтанӣ ҳастам, ки аз Дилшоди сияҳ дури ҷуед. Асоси бузҳои деҳа инҳоянд. 

 Якум Дилшоди сияҳ, дуюм Юсуф ва Мансур бачаи Раҳимҷони койбангчӣ. Лекин Юсуфро чандин касон ҳаракат кардан доказат карда натавонистанд. Лекин мардум аз Юсуф хавф доранд. Ин Юсуф як чашмаш парда дорад, тамоман намебинад. Чашми росташ кам- кам мебинад. Шахсан ман  Валлоҳ боварӣ надорам, ки ин Юсуф буз бошад. Охир мебинӣ раҳмат мебиёяд, аммо корҳош дигаранд. Сеюм Мансур. Ҳозир кӯр шудааст, бо айнак мегардад. Аллоҳ ҳидояташон кунад.

Ҳоло дар бораи Ҳайитӣ мегуям. Ҳайит баъди аз раиси маҳалла гирифтанаш ба бригадири наёмникҳо сар кард. Ҳақи занҳоро бисёр хурдагӣ аст. Бе ҳад майнуш ва занакбоз буд. Бовар кун папароза чени Ҳайит духтарёб набуд. Мисли такка бӯй мекунад. Ба гумонам дар як ё ду моҳ сарашро мешӯянд. Саг қадр дорад Ҳайит не.   Ҳайит як бачаи танҳо дораду халос. Бачааш чорто бача дорад. Бачааш доим дар Русия. Дар шаҳри Перм кор мекунад, Муслиҳиддин ном дорад. Бачаи хуб аст. Мегуӣ бачаи Ҳайит набошад.

Чанд ҷумла дар бораи латокҳои деҳа гуфтан мехоҳам Латокҳоро ҳамаашро акаи Раҳмоналӣ канда фурӯхт. Раҳмоналӣ ду зан дорад. Зани якумаш аз куҷо аст намедонам. Зани дуввумаш аз Файзобод. Аз дуюм зан як духтарча дорад. Бисёр марди баднафс аст. Бемории қанд дорад. Ин ҳам кур шудааст, на он қадар соз мебинад. Юсуф як сол зиёд мешавад дар шаҳри Москва кор карда истодааст. Аммо ҳоло ҳам бузҳои деҳа маос зада гаштаанд. Ман касеро туҳмат накардаам ва ончи ҳаст онро гуфтам.

                                        Мастчоҳ

   Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу Муҳаммадиқболи Садриддин!

 Устод номае дорам аз ноҳияи  Мастчоҳ. 

  Биёед аз Самандаров Нуралӣ оғоз мекунем. Ӯдар ноҳияи Мастчоҳ облава аст. Солҳои пеш дар 6-ум отдел кор мекард. Вай як корманди военкоматро подстава кард. Он корманди военкомат зодаи Бадахшон буд ва зиндон шуд ва чанде нагузашта худашро ҳам аз 6-ум отдел пеш карданд ва ӯ ҳоло бошад дар облава кор мекунад. Рости гап ӯ хеле ҳаромхур ва беимон аст. Бародароне, ки дар муҳоҷират ҳастанд, падару модари онҳоро маҷбур мекунад, ки писаратро ёфта биёр. Агар набиёранд, падаронро бурда то даҳ шабонарӯз маҳкам мекунад ва мегӯяд, ки ҳазор доллар деҳ, мо туро раҳо мекунем. Воқеъан ӯ хеле беимон аст. Як ҳамкори вай насабаш Қориев. Номашро намедонам. Вай ҳам мисли ҳамин ҳаромхур ва беимон аст. Ногуфта намонад онҳо танҳо бо доллар гап мезадан. Агар бо сомонӣ гап занӣ туро гуш ҳам намекунанд.

  Солҳои охир дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамин қадар буз зиёд шудааст, ки агар аз Русия биёӣ дар пеши хонаат аллакай он ду ҳаромхур тайёранд. Ҳатто туро ба хонаат даромадан намемонанд. Рост туро бор карда ба военокамат мебаранд. Мутаассифона кормандони ҷамоат, муаллимон ва ҳатто пули светчинакҳоро ҳам буз карданд. Мардуми Мастчоҳ ин хел буз ва беномус набуданд. Ҳоло бошад аз ҳамсояат метарсӣ, ки мабодо буз набошад.

  Як ҳаромхури дигар раиси ҷамоат Доробов аст. Вай як бадахлоқ мебошад. Ҳар рӯз як зан мегирад ва чанде нагузашта аз вай ҷудо мешавад. Намедонам барои чи бошад?

Ва боз муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Атобуллоев Мулосоқӣ ба мардум зулми зиёде мекунад. Ӯ ҳам дар аввал ба мисли Раҳмонов колхозник буд. Падари ӯ  раиси хоҷагии деҳқонии бо номи Сорбон аст ,ки зиёда аз 300 гектар замин дар ихтиёраш дошт. Мардумро кор мефармуд ва охири сол онҳоро як пули ночиз медод ва ё қарздор мекард. Хулосаи гап ҳамин, ки бародар Муҳаммадиқбол Мулосоқӣ, аввал чуноне, ки гуфтем колхозчӣ буд. Баъд ПТУ-и шаҳри Хуҷанд рафта хонд ва устои мошин шуд ва кор ҳам мекард. Баъд падараш ӯро намедонам ба кадом донишгоҳи Хуҷанд ғоибона дохил кард. Вай донишгоҳро ғоибона хатм кард ва падари ӯ ки раиси хочаги деҳқонӣ буд пули зиёд дошт. Воқеъан ҳам падараш хеле сарватманд буд. Сипас намедонам бо кадом роҳ пул дода ӯро дар ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дохил кард ва баъди чанд сол ӯ муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ шуд. Падари ӯ дар соли 2020  дар вабои корона мурд. Вайро салафанпеч карда гӯрониданд. Ҳоло бошад ӯ ҳам раиси хочаги деҳқонӣ аст ва ҳам муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ. Заминҳои мардуми зиёдро гирифтааст. Мутаассифона мардум ҳоло ҳам ба ӯ бо пули ночизе кор мекунанд. Якчанд нафар заминҳояшро гирифт вале он замон ӯ муовини раиси ноҳия набуд. Чанде аз мардум тавонистанд, ҳоло бошад ҳеҷ кас наметавонад. Дар ҳаминҷо суханамро тамом мекунам бародар Муҳаммадиқбол. Гуфтанӣ бисёр аст. Вале фикр мекунам барои одами мефаҳмидагӣ ҳамин қадар кифоя аст. Ҳатман маълумотҳои дигарро менависам ва умедворам дигарон ҳам аз Мачоҳи мо менависанд.

Share This Article