Ҳукумате, ки аз роҳи ҷангу хунрезӣ сари қудрат омадааст, ҳукумате, ки беш аз се даҳа зимоми онро қабза карда ва дар фикру нияти меросӣ кардани он аст тавассути интихобот ва ё дигар роҳҳои мардумӣ ва мутамаддин тағйир намекунад. Мардум дар чунин мамлакат ва давлатҳо ғайриихтиёру ноилоҷу ночор дар бадтарин ҳолат ба сар мебаранд. Дар номаи зер, ки як нафар аз собиқ боевикҳои Фронти халқӣ ирсол кардааст, роҳи халосӣ аз чунин ҳукумат пешниҳод карда шудааст:
Кулоб
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаи чаҳоруми ман аст. Алҳамдулиллоҳ ҳамаашро чоп намудед. Қабл аз навиштани ин нома як чизро мегуям. Ҳозир мо-собиқ аъзои Фронти халқӣ, ки сахт фиреб хурдаему пушаймонем дигар сари ин қарор омадем, ки пушти Раҳмонов ва оилаи касифи вайро нагирем. Баракс, бар зидди вай агар лозим шуд бармехезем. Ман барои мубориза бар зидди Эмомалӣ Шарифович якчанд роҳҳоро пешниҳод карданиям.
Чи гунае дида истодаед тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро хору залил, шиканҷа, маҳбас, таҳқир ва охирон ба қатл расонида истодааст. Ман бовар дорам Русия дар ин кор шарик ҳаст. Аз ҳукумати Русия талаб дорам тамоми муҳоҷирони тоҷикро ба пуррагӣ депорт намояд. Чунки мушкилоти мо рӯз то рӯз зиёд мешаваду кам намешавад.
Ман «Ислоҳ»-ро мебинам ва ҳақиқатро мешунавам ва ба тамоми дӯстонам ва ба дигар шаҳрвандони Тоҷикистон нишон медиҳам. Номаҳо аз ноҳияҳоро нишон медиҳам, мегӯяд рост аст ва дар зодгоҳам чунин вазъият ва ҳолат ҳаст.
Роҳҳои мубориза бар алайҳи ҳукумати диктатори Тоҷикистон аз ин қарор аст:
1. Мо бояд аввал тарсро аз худ дур намоем, зеро ки як грамм тарс, ба Шумо тарси бузургро меорад, ба мисли тонна аст. Ба хотир орем ҳар яки мо он рӯзҳое ки тарсидем муваффақ шудем ё он рӯзе, ки таваккал ба Аллоҳ гуфтему иҷро намудем, он рӯз муваффақ шудаем?
2. Ман «Ислоҳ»-ро дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия мехонам ва мебинам, акнун ҳама бояд натарсида «Ислоҳ»-ро бубинад ва агар ҳабс кардан хост ҳукумати Эмомалӣ Шарипович, мо бояд ҳамакаса, тамоми хешутабор, дӯстон равем митинг намоем, ки ҳақ надорӣ барои дидани мухолифони давлат ҳабс ё ҷарима намоӣ. Агар маҳбас карданӣ хост мо низ бояд талаб намоем, ки онҳое, ки тарафдори аз ҳукумати Эмомалӣ карданд ва карда истодаанд, дар барномаҳои «Минбари муҳоҷир» дар гузашта ва ҳозир иштирок кардаанд онҳо низ бояд ба маҳбас кашида шавад. Дар айни замон тақрибан аз ҳазор нафар гузаштааст. Ҳама шоҳидем,ки то муовинони ҳукуматҳо ва раисони ҷамоат, сардухтуру дигар мақомдорони ҳукуматҳои маҳаллӣ иштироки фаолона доштанд. Онҳо чаро зиндон намешаванду нашуданд, мо барои дидану лайк мондан зиндонӣ шавем ? Ин адолат нашуд!
3. Мо ҳамватанони азиз якҷоя бошем ва фурсат дигар ба ин ҳукумати Эмомалӣ Шарифович надиҳем, ки моро таҳқир, шиканҷа, ҳабс ва ғайра намояд. Ҳаққу ҳуқуқи худро талаб намоем ва ба ин золимон як зарра ҳам раҳм набояд кард.
4. Тамоми чоплусон ва хабаркашҳоро номнавис намуда ба «Ислоҳ» ирсол намоед, то ки дигар бародар ва хоҳари мо ба доми инҳо наафтанд.
5. Видеоро бубинед ва лайк гузоред, ҳама дар якҷоягӣ. Мо агар тарсидем, дониста бошед, ки мардҳои шуҷоъи моро як ба як ҳабс менамоянд.
6. Агар аз сиёсат дур шудӣ, сиёсат туро ҳамчу латтаи нодаркор истифодаат мебарад, ба ҳамин хотир, аз мо ҳаракат ба Инқилоб, аз Аллоҳ баракат ва озодӣ дар ватани худ.
7. Агар як бародар ё хоҳарамонро ҳукумати Шарифович хост маҳбас намояд, мо ҳама ёру дӯстон ба майдон бароем, агар аз майдон ё баъди он моро қапида СИЗО, ки рафтан, мо то охир равем талаб намоем, корпартоӣ намоем ва ҳукумат ҳамаи шаҳрвандонро маҳбас карда наметавонад ва нахоҳад кард.
8. Дар кадом минтақаи Тоҷикистон свет нест, талаб намоем ҳамаи сокинони ҳамон шаҳр, ноҳия, ҷамоатҳо ва нагузорем дигар ба дигар давлатҳо бифурӯшад ва маблағи онро ба счётҳи офшории худ интиқол медиҳад.
Инқилоб барои Озодӣ ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон фарз ва қарз аст. Мо бояд давлатро аз ҳукумати оилашумул наҷот диҳем.
9. Дигар мо маблағ барои асфалти роҳҳо надиҳем, ба корҳои марбути ҳукумат маблағгузорӣ накунем, мо дар ин ҷо савоб не, балки гуноҳ гирифта истодаем. Яъне мо обод мекунем ва ҳукуматдорҳо буҷаро медузданд. Ёрӣ кардан ба дузд, қотил ва золим худ ҷабр ва зулм мешавад. Мо хизмат менамоем вале дар ҷавоб бесветӣ, таҳқир, дузд ва террорист шуда истодаем. Агар роҳ соз накунад, ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол кунад, ингуна сиёсати аҳмақона ва президенти ноӯҳдабаро ва ингуна ҳукуматдори ба мо лозим нест.
Ман агар нахезам!
Ту агар нахезӣ!
Пас барои ману ту кӣ бархезад?
10. Имрӯз дида истодаед, ки мо ҳама шаҳрвандон дар гирди «Ислоҳ» ҷамъ шудаем. Дида истодаед дар ҷанги иттилоотӣ бурд карда истодаем ва Ҳақ ба рӯ баромад ва он суханҳои дуруғи ҳукумат шикасти бузург хӯрда истодааст. Сабаб дар он аст ки мо як порча, якдил ва як миллати бофаҳм ва бонангу номус шуда истодаем.
Дар хонадон агар падар алкаш бошад фарзандон саргардон мешаванд, зеро зарари падари ноӯҳдабаро ба аҳли оила мерасад. Ин падари алкаши пиёниска фарзандони худро террорист ном гузоштааст, ки ин Тоҷик аст.
Як рӯзи муайяне аз моҳи октябр ҳамаи Шумоёнро ба Инқилоб даъват менамоям, то ки инқилоби октябр шавад ва ин ҳукумати золим аз байн биравад. Бигузор он рӯзро ҳама бо ҳам таъин намоем ва ҳаққи ҳалоли худро аз ин ғоратгарон талаб намоем.
Агар ҳама баромадем, дониста бошед, ки Эмомалӣ ба гурехтан вақт намеёбад.
Ба Инқилоб хуш омадӣ! Ба Озодӣ хуш омадӣ! Ба давлати тоҷикон хуш омадӣ! Ба ватани худ хуш омадӣ!
Агар озодӣ хоҳед ҳама барои инқилоби Октябр бароед ҳамватанони азиз!
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хубу хуш бошед. Аз бархе аз расонаҳои интернетӣ огоҳӣ ёфтем,ки Раҳмонов мехоҳад, ки дар баҳори соли меомада курсиашро ба писараш диҳад. Бовар кунед бародар, ки мардум аз ному рангу руи инҳо беҳад безор шудааст. Ҳама мунтазири онем, ки оппозитсия ва махсусан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як коре мекунад, ки пеши роҳи ин Оилаи табаҳкорро мегирад. Мардум тамоман аз инҳо хаста шуда ҷонаш ба лабаш расидааст. Шумо мутмаин бошед, ки мардум бедор аст. Як ҷарақа даркор. Рустам президентиро наметавонад. Раҳмонов бошад переборшит кардагӣ аст. Русия намемонадаш. Инро ба қарибӣ сарнагунаш мекунанд. Путин инро дафъ мекунад. Ин ҳар су рафта истодааст, аз ҷумла сахт худро зери пойи Хитой партофтааст. Ёдатон бошад Путинро соли 2022 ҳарчи ҳарчи гуфта буд. Уро қаҳр кардагӣ. Ин ин шо Аллоҳ то бачааш намерасад. Наметавонад мондан, то бачааш намекашад. Ё условияҳои Пуинро қабул мекунаду дафъ мешаваду меравад ё ки перевароташ мекунанду дафъ мекунанду меравад. Варианти дигар надорад. Ҳоло нигоҳ кунед, ба қарибӣ сарнагунаш мекунанд. Ин ва командаашро, ки ҳамааш аз хонаводааш мебошад, Путин худаш дафъ мекунад. Раҳмоновро дар Русия бад дидгианд. Сиёсати Хитой ҳамин хел аст ки бояд бизнесаш пеш равад. Хитой ҳарҷо ки меравад бо гузоштани сармояҳои бузургу калон меравад. Муносибатҳояшро бо бизнес таъйин мекунад. Барои Хитой бизнесаш ва равнақи бизнесаш муҳим аст. Ба сиёсати дохилии давлатҳо тамоман кор намегирад.
Аммо Раҳмонов аз пушти Хитой парида истодааст. То ҷое шунидам ҳам барои базаи ҳарби Хитой заминҳои нав ва ҳам ба ин кишвар аз Бадахшон территорияи дигар ваъда кардааст. Гуё шарташ ин аст ки ин ҳама баъди интихоботи Рустам ба амал бароварда мешавад. Рӯзҳои охир заминҷунбиҳои сунъиро дар минтақаи Бадахшон дар расонаҳо хондед. Тибқи маълумотҳо зери куҳҳо канданиҳои фоиданокро истихроҷ дорад. Албатта ба шакли тратил мондану таркондан. Оқибаташ ба хайр бошад.
Мо бояд даст ба тағйирот занем. Ин кор мушкил нест. Бояд муборизаро роҳ андозем.
Исфара
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Банда мехоҳам ба барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» №128, ки аз шермардони Зумрадшоҳ расида буд, чанд иловаҳо намоям. Дар он номаи қаблӣ дар шумораи 128,ҳар ончи гуфта шудааст,100% дуруст гуфта шудааст ва ягон сухани ғалат истифода нашудааст. Чи тавре, ки ин бародари шермард қайд кардааст Олимов Қозӣ яке аз бузҳо ва номарди деҳаи мо ҳаст ва ин шахсият бо роҳи муфт маблағ ба даст меорад ва худро ҳамчун сарватмандтарин шахси деҳа меҳисобад. Ҳар як нозири минтақаӣ, раисаи ҷамоат, ҳар нафаре нав ба ҷамоат таъин мешавад, нахустин нафароне, ки шинос мешаванд Олимов Қозӣ ва Мамадхӯҷаев Баҳодур мебошанд. Пас аз мудати кӯтоҳ он нозири минтақавӣ аз ҳама сиру асрори деҳа огоҳ мегардад. Ҳангоми як сокини маҳалла поруи говашро ба кӯчаи зери дарвозаи худ мебарорад дар як дақиқа нозири минтақавӣ участковий огоҳ шуда мардуми бечораро ҷарима мекунад. Ставка нафси нозири минтақавӣ аз 500 сомонӣ сар мешавад. Ҳангоми сохтмон кардан дар зери дарвозаи худ масолеҳи сохтмониро ба мисол сангу шағал қум мегузорӣ зуд участковий огоҳӣ пайдо мекунад. Боз як маълумот расид, ки Олимов Қозӣ дар тӯли сол бо якчанд занҳои шавҳардори маҳалла дастдарозӣ мекардааст ва барои гуноҳҳояшро шустан дар моҳи март, ки ҳамасола дар маҳалла чорвоеро мекушанд яъне бо лаҳҷаи маҳаллӣ “худоӣ” ташкил мекардааст. Ҳамасола аҳолӣ худаш маблағ ҷамъ карда ин корро мекард.
Дар якчанд соли охир Олимов Қозӣ ҳамчун Исмоили дастбахайр ман худоиро мекунам мегӯяд. Аз даҳони якчанд сокинони деҳа шунавидам, ки «аз нону оши ин хиёнаткорро хӯрдан нони қоқу оби хунукро дар хонаи худам хурам беҳ» гуфтанд. Дар охир ҳаминро қайд кардани ҳастам, ки Олимов Қозӣ соҳиби се писар мебошад, ки ҳамааш ба сину сол даъват ба хизмат мувофиқ аст. Аммо ба хизмат намераванд. Аз ҷиҳати саломатӣ фарзандонаш ягон камбудие надоранд.
Бори дигар ташаккур, ки номаҳои навиштаи моро чоп мекунед ва ба он бародар, ки дар шумораи 128 аз деҳаи Зумрадшоҳ навишт низ раҳмат мегуям. Инро пешакӣ бигуяматон, ки баъди роҷеъ ба Мамадхӯҷаев Баҳодур, ки колхози деҳаро ягон чизашро намонда фурӯхт яъне гараж, колхоз, участкаҳои колхоз, тракторҳои колхоз, ҳатто замини корами колхозро фурӯхт маълумотҳое ҷолиб дастрас шуда истодааст ва онҳоро ҷамъ карда дар як нома ба шумо мефиристам.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Шумо боз як чизи дигареро фаромуш накунед. Кремл ҳозир худаш дар ҳолати фавқулодда ва изтирорӣ қарор дорад. Аммо касе ёрдамаш накарда истодааст. Ҳама «кинут» карда истодааст. Маскав контрол дар давлатҳои шуравии собиқро аз даст дода истодааст. Барои ҳифзи ҷойгоҳи пешинааш «любой кора мекунад, барои манфиаташ террор анҷом медиҳад», ҳатто агар бихоҳад дар даруни шаҳри худаш.
Вале аз як ҷиҳат мусалмонҳоро ба худаш ҷалб карад истодааст. Масалан Путин Қуръони каримро бусид, ки ягон роҳбари давлати насронӣ дар тули таърих ин корро накардааст. Русия ҳоло тамоми талошашро карда истодааст, ки бо Толибон ва ҳукумати онҳо дар Афғонистон муносибаташро хуб кунад. Ва бо ин васила сигнал ба мусалмонҳои ҳақиқӣ, яъне ба ҳизбҳое, ки террористӣ эълон шудаанд, масалан ҲНИТ дод, ки айни замон берун аз давлаташон ҳастанд. Медонед чи тавр сигнал дод? Толибҳо ҳам дар чёрний спискаи Кремл буд ва онҳоро аз феҳристи сиёҳ гирифт ва бо онҳо ҳамкориро шуруъ кард. Мансабдорони ҳукумати Путин борҳо назди Толибон рафтанд ва ҳоло ба дунболи Русия Қазоқистону Қирғизистону Узбакистон низ Толибонро аз феҳристи гуруҳҳои террористӣ бароварданд ва ҳамкориро дар сатҳи баландтарин шуруъ карданд. Узбакистон эълон кард, ки дар кандани канали Қуштеппа ба Афғонистон кумак мекунад ва низ гуфт дар як ду соли дигар гардиши мол бо Афғонистон то се миллиард доллар боло бурда мешавад. Аммо Тоҷикистон пешниҳоди Путин дар мавриди шомил шудан ба ЕврАзесро нагирифта истодааст. Раҳмонов мақсадаш Рустам аст. Мехоҳад ҳар чи зудтар ба курсӣ шинонад. Аммо В. В. Путин мехохад, ки авал ба ЕврАзес дарояд. Баъд аз як сол иҷозати ба курсӣ нишастанро ба Рустам диҳад. Аммо дар ин як сол тамоми харҷу масорифи Тоҷикистон, пулуи моли онро зери назорати худ мегирад. Баъд Рустам ба курсӣ менишинад аммо он вакт Рустам мисли як лата мешавад ва дуздиҳои оила ҳам кам мешавад. Ҳатто имкон дорад яке аз аъзо ва ё наздикони оиларо тюрма кунанд, мисли очишат кардани вазорати мудофиаи худаш. Калон аз инаш сахт нигарон аст. Ҳоло дар тупик ғалтидагӣ. Рулашро ба тарафи Хитой гардонд. Бале худатон ҳам шоҳид ҳастед ва аз бачаҳои УУР ҳам хабарҳо расида истодааст.
Ман ҳам барномаҳои шумо тамошо мекунам. Хабарҳоро мешунавам. Ҳамааш сад дар сад рост аст. Ҳар номае аз дохили оила ба шумо расидагӣ дуруст аст. Ин имкон низ вуҷуд дорад, ки Путин тавассути Толибон барои оштӣ додани М.Кабирӣ бо Раҳмонов нақшаҳоеро ба иҷро дароварад. Толибон бо ҳамон ришу дастору ҳайбату ҳашмат ва ҷазаба (внешний вид) аз дур тарс рақибонашонро фаро мегирад ва Наҳзати шумо ҳам дар назари Калон чунин метобад. Тарси Калон ҳам аз шумо хело бисёр шудааст. Ё аломати пирӣ ё аломати аз шумо тарсидан аст.
В. В. Путин ҳам бо чунин одамҳо мехоҳад робита кунад. Агар Тоҷикистон то 31 декабри соли 2024 ба дохил шудани Тоҷикистон ба ЕврАзес созишнома иимзо накунад В. В. Путин ҳам рулро ба тарафи шумо наҳзатиҳову Толибҳо мегардонад.
В. В. Путин китоби Қуръонро буса кард. Кремл рулро ба тарафи шумо тоб дод. Ман бовар дорам, ки дар соли оянда Толибҳо бо шумо ба мулоқот мебароянд ва пешниҳоди ҳамкорӣ бо Кремлро ба шумо матраҳ мекунанд.
Ҳисор
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман зодаи дараи Алмосӣ, деҳаи Наврузи Юсуфов Ҷонибеки ноҳияи Ҳисор. Хоҳиш мекунам номам ифшо нашавад. Раиси маҳаллаамон Қодир Аминов бо лақаби командир аст. Барои он командир лақаб додаанд, ки корманди военкомат аст. Дар военкомати Ҳисор кораш фақат военний билетфурушӣ аст. Руирост сум мегирад. Мегуяд, ки «инамиқа сум тие военний блет мекунум. Агар дар Ҳисор қапидан ман ҷавоб мегум, агар дар Душанбе қапантона ҷавоб гуфта наметонум». Аз ҳар як призивник 2000 сомонӣ ҷамъ мекард. Имсол 4000 сомонӣ шуд. Ҳозир аз зиëда аз 10 одам сум гирфтагӣ аст. Барои военний билет кардан то 25 ҳазор сомонӣ гирифтагӣ аст.Ин даҳ одам танҳо аз қишлоқи худамон. Аммо то ҳол ба ҳеҷ кадоме билети ҳарбӣ сохта надодааст. Ҳамаро аҳмақ карда гаштааст. Мегуяд, ки «дар территорияи Ҳисор биқапаншона ман ҷавоб мегум».Ин раиси маҳаллаи деҳа Қодир Аминов кораш фақат сумҷамъкунӣ аст. Боз дар моҳи шарифи Рамазон зиёдтар ҷамъ мекунад: суми масҷид, суми чойхона, суми мактаб. «Лубой хел фреб мекуна сума ҷамъ мекуна».
Дар масҷид маҷлис мекунад, фақат аз номи амният гап мезанад. Бачаҳои қишлоқро бисëр подставит кардагӣ аст. Ба ҳар шакл подставит карда истодааст. Аҷоиботи кор ин аст ки худаш подставит мекунад, боз пеши ҷабрдида мераваду мегуяд, ки «ман одам дорум дар дарун, инамиқа сум метӣ ҷавобут метан».
Инҳо ду нафаранд. Яктояш Қодир Аминов-камандир. Дуввумиаш Холов Шодмон. Ин ду нафар қишлоқро ба дод овардагианд. То келинчакҳои қишлоқро дастдарозӣ карда истодаанд. Ягон кас вой намегуяд. Намедонем чи хелӣ давлатдорию чи хелӣ ҳукуматдорӣ аст? То кай ин хел мерафта бошад? Сумро ҷамъ мекунанду фақат дар живой музикайи пости 27 мешинанд. Инҳо як группаанд, то занҳоро буз карданд. Қишлоқро дар ҳолати бад овардагианд. Хонаи ягон кас меҳмон биёяд, сразу бузҳояшонро роҳӣ мекунанд, ки «раве бине ку чи гапай». Дар онҷо масҷид меравӣ, аз ҳамдигариаш ҳазар мекунанд. Дур- дур мешинанд ва ба тарсу ларз намозро мехонанду зуд мехезанд. То мусафед, то кампир, то бачаҳои мактабро буз кардагианд. Чандин бор аминят меқапад, сум дода халос мехурад. Дар маҷлис мегуяд, ки «ман падари халқум, мара ҳурмат кне, яхели шумо х…ет кардаген. Агар Раҳмонуф падари миллат боша, ман падари халқум».
Намедонем гапҳои инро чи хел фаҳмем? Қасами мехурдагиаш зансеталоқ аст.
Вай барои худ боз бузҳо дорад, ки бузҳояш инҳоанд:
Қосимов Насрулло, Қосимов Азим, Каримов Ҷамол, Каримов Шамсиддин, Одинаев Ҳусейн мебошанд. Ҳар тағйироте дар бузҳо ва амалкардҳояшон шуд ҳатман маълумотҳои дақиқтарро мефиристем.
Бохтар
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Сипоси фаровон бар шумо, ки номаи маро дар барномаи «Номаҳо №168» ҷой додед ва як барномаро махсуси Бохтар намудед. Боз ҳам менависам ва ин номаи маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Номи ман маълум ҳаст ба шумо. Ман давоми номаҳоямро менависам.
Дар бораи директоре, ки пеш аз Махсумов Зариф буд, Бобоев Садриддин Амонуллоевич дузди калон ва бузи шохдори КГБ дар маҳалаи Стаханов, ҷамоъати Заргар ноҳияи Бохтар гуфтаниам.Ин Раҳмонови хабис мегуяд, ки фақат мактаб сохтаам. Аммо директори мактаби мо аз соли 2008 то соли 2018 Бобоев Садриддин Амонуллоевич буд, фақат мактаби моро ғорат кард. Мисол шаҳодатномаи имтиҳонотро бо маблағи шаш, ҳафт то даҳ ҳазор сомонӣ мефурухт. Ном бо ном медонам, ки ба киҳо фурухта аст. Соле, ки аз мактаб гурехт, то як миллион сомониро аз буҷети мактаб дуздида ба ш.Воронежи Русия рафт. То ин ки аз дуздиаш озод шавад. Дар онҷо чор сол истод.
Эй муаллими Садриддин! Мо пешвоятро ба партобгоҳи торих мефиристонем, барои ин дуздиву ғорати кардааш дар муддати 33-сол, ҷавоб медиҳад. Ба он тарафи дунё равад мо бар мегардонем. Бо ин шаклу намуди дуздиашон баъд ин мактабҳо чи гуна обод шаванд, аз ин мактаб чи хел донишманд барояд. Бо ин ҳаромхуриаш бачааш бемории руҳӣ шуд, номаш Бобоев Беҳруз Садриддинович мебошад. касофатии ин бадбахт ба бачааш зад. Бадбахти Садриддин фақат мардумро бесавод мегуяд ва муҳоҷиру гастрабайтер мегуяд. Охир чоҳкан зери чоҳ мегуянд. Худаш пули бюҷети мактабро гирифта гурехт ба Русия ва дар онҷо чор сол муҳоҷир шуд.
Ба ту мегуям ҳой Садриддини бадбахт! Чаро худат намегуӣ, ки сабабгори бесаводии мардум Раҳмонови террорист мебошад.
Садриддини буз дар ёдат ҳаст, ки соли 2005 дар синфи мо гуфта будӣ, ки Раҳмонов хабис дар маҷлис гуфт, ки «занҳои мо, хоҳарҳои мо ҳамуқа бесавод ҳастаанд, ки ҳатто як утукро дуруст истифода бурда наметавонанд ва либосҳоро месузонанд». Моро ҳеҷ вақт Раҳмонови хабис ақл нишон надиҳад. Як даҳмардаи дузд аз куҳ омадааст ба як миллат фарҳангу адаб мегуяд.
Ҳой Садриддин, ту худат медонӣ, ки ҳамин Раҳмонови хабис ҳамаро ба суйи бесаводӣ ҳавола кард, чунки одами бесаводро лубой кор мекунӣ, ту худат гуфта будӣ ин суханҳои худат ҳаст ва туҳматат ҳам надорем.
Падари ин Садриддин, Бобоев Амонулло буд. Он шахс бисёр золим, исломситез, масҷидбадбин, муллобадбин буд. Падараш рӯзи 14.10.2011 сол мурд. Фақат мусалмонҳоро дашном медод. Ман як бор гуфтам, ба падараш, ки барои чи шумо фақат ислому мусалмонро бад мебинед, чи хусумат доред. Гуфт, ки исломро меомузанд, дарси маро намеомузанд. Падараш муаллими математика, алгебра ва геометрия буд. Аллоҳ лаънаташ кунад, Қуръони маҷидро дашном дод, сураи Ёсинро ҳам дашном дод. Инро ҳамаи мардуми деҳа медонанд, ки чи гуна одам буд. Ин Садриддини бадбахт бошад, дар солҳои директориаш фақат дуздиду ғорат кард, мактаби моро ва то 20 нафар хешу табораш дар мактаб набуданд, онҳоро маоши хуб медод. Ҳозир ҳам дар табели мактаб ҳастанд. Бо тамоми авлодаш мактабро ғасб кардаанд. Дар вақте, ки ҷонишини директор буд, директори ҳамонвақта Орзиев Сафар аз деҳаи Гулзор ва худаш дарвозӣ буд ва дар кучаи Шабчароғи шаҳри Қӯрғонтеппа квартирант мезист. Бобоев Садриддин дар вақти директориаш буҷети мактабро бо ҳамроҳии молияи ноҳия медузданд. Он қадар бюҷети мактабро дуздид, ки бо он пул мешуд аз сифр як мактаби дигар сохт. Ҳозир дар мактаб 1600 нафар талаба мехонад. Ҷойи нишаст намерасад, талабаҳо дар ду баст мехонанд, саҳархон ва нисфи рӯзихон. Синфхонаҳо торику сард, қувваи барқ нест, мизу курсиҳои мактаб аз даври шуравӣ ҳастанд. Муҳосиб Партибоев Абубакр буд, ҳамаи дуздиву ғорати мактабро бо дараҷаи олӣ бурда расонида буданд. Дар мактаб то синфи 4-ум хурок медоданд. Дар даври директории Садриддин то синфи 3 омада расид.ва дар даври Махсумов Зариф то синфи 2. Ҳақи кудаконро Бобоев Садриддини гуруснаву нодида ба мисли пешвояш Раҳмонов дузду ғоратгар бо авлодаш тақсим карда, зада мегаштанд.
Солҳои пеш мактабҳои Бохтар аз тарафи давлати Украина кумак мегирифт.
Аз тарафи давлати Украина ба ин мактабҳо озуқаворӣ меомад, аз он ҷумла орд, руған, биринҷ, шакар, макарон, донагӣ нахуд, лубиё ва тамоми озуқаи мактабро барои кудакон таъмин мекард. Ҳамаи муаллимону муаллимаҳо дар ҳамин буфети мактаб хуроки нисфирузӣ мехурданд. Ва касоне, ки пул медоданд, таъомҳои болаззат ҳам омода буд, ҳам мефурухтанд, ҳам мехурданд, ҳам медуздиданд. Дар ҳамон соле, ки падараш Бобоев Амонулло мурд, дар ҳамон сол модари Садриддин ҳам мурд. Боз писари бародараш Бобоев Илёс ҳам мурд. Дар як сол се мурда аз як хона. То ҳол ин мусибат барои инҳо дарс нашуд, ки нашуд. Ҳатман маълумотҳои бештар менависем ва мардумро огоҳтар менамоем.