Э.Раҳмонов дар пушти парда ё махуфтарин пирамарди71сола                                        

Ислоҳ нет

(бахши дуввум)

Хонанда ва бинандаи азизи “Ислоҳ”,дар бахши дуввуми ин матлаб низ аз корҳои пасипардагии Раҳмонов,бароятон хоҳем гуфт,яъне идомаи гуфтаҳое,ки дар бахши аввал хондед.

Ин бахш ҳам аз он ҳикоят мекунад, ки “Пешвои муаззами миллат” ва “Асосгузори сулҳу ваҳдат” он нафаре нест, ки дар шабакаҳои телевизонӣ ва расонаҳои Тоҷикистон аз саҳар то шаб дар борааш мегуянду таърифу тамҷидаш мекунанд. Вай як дузди пиёнаска аст, дузди пиёнискае, ки ҳатто  боиси марги Мустафо Давлатов,падарарӯси Рустами писараш шудааст.Ҳодиса ба ҳалокат расонидани Мустафо Давлатовро дар ин қисмат мутолиа хоҳед кард:

ЭШ.Раҳмонов Маҳмадназар Салиховро барои чӣ кушт?

   Дар таърихи 29 январи соли 2009 маҷлиси солонаи ҳукумат зери раёсати  Раҳмонов гузашт. Раҳмонов, ки аз қабл омода мешавад, раиси КДАМ Абдураҳимов Хайриддин, Прокурори Генералӣ Бобохонов. Бобоҷон, вазири дохилӣ Салихов.М ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Шерхон Салимзода ва чанд нафари дигарро хезонда супориш доду гуфт, ки шинед. Ҳама дар ҷойҳояшон нишастанд.

Баъди сонияҳои башумор Раҳмонов ба Салихов Маҳмадназар, вазири дохилӣ нигоҳ карда бо ғазабу қаҳр гуфт «Салихов ақибут вазнин шидай, гушт гирифтай, бе иҷозат мешинӣ, ку. Ту да ҷавоб,  зала холӣ ку» ва ӯро ба мисли Шариф псих аз зал пеш кард. Маҳмадназар Салихов гуфт «муҳтарам Президент Шумо як лаҳза пеш ба ҳама гуфтед, ки шинед, ман ҳам дар қатори дигарҳо нишастам. ё товба» гуфту сумкаашро гирифту аз зали маҷлис баромада рафт.

   Баъди ин Раҳмонов кафиду ба мисли хушдомани дуюм, ба мисли занҳое, ки шаб шавҳарашон ба хона намеояду ҳамхобагӣ намекунад ва чунин занҳо ошуфта шуда   зуқзуқ карда мегарданд, ба зуқидану сиёҳ кардани Салихов Маҳмадназар сар карду ба мақомот супоришҳои қатъӣ ва фаврӣ дод, ки аз қафои Салихов Маҳмадназар тафтишоти пурра гузаронеду ба ман ҳар рӯз ахборт пешниҳод намоед.


  Баъди ин супориш тамоми мақомот ва шахсоне, ки ба Салихов Маҳмадназар қасд доштанд, якбора боҷуръат шуданд. Аз ҷумла раиси Дастгохи иҷроияи Президент Амиршо Миралиев (қунғузи сиёҳ) аз Данғара, сардори Раёсати милисаи Душанбе Саидов Фаттоҳ Ғоибович аз Данғара, сардори КДАМ-и Душанбе Ҷалов Абдулазиз (бо кличкаи Кучкар) аз Данғара Бузмаков Абдураҳмон, сардори УУР МВД аз Данғара, раиси Суди Олӣ Абдуллоев Нустатулло (бо лақаби қурбоқа) аз Кангурт, директори Агентии зидди коррупсия Шерхон Салимзода аз Кангурт, Прокурори Генералӣ Бобохонов Бобоҷон. аз Вахш, сардори интерполи МВД Шералӣ Сабзов (Шери биннии обиженний. Вақте вазири дохилӣ Салихов Маҳмадназар ба вилояти Хатлон рафта дар бинои УВД-Қурғонтеппа маҷлис доир кард, сардори УВД Шералӣ Сабзовро аз вазифа озод карда гуфта буд, ки «ту як роҳбари гуруҳи муташаккили ҷинои ҳастӣ. Кӣ туро дар ин вазифа мондааст? Ту як одамкуш, як дузд, як роҳзан ба мисли крышаҳот Ҳасану пасанӣ, ҳамаи шуморо ҷоятон зиндон аст. Ту дигар сардори Раёсати милиса не гуфта аз кор пеш карда  буд) ва Абдуҷаббор Азизов аз Данғара, мушовири давлатӣ оид ба масъалаи кадрҳо   (бо лақаби Мистер Бин) хулас, ҳамаи онҳо як гурӯҳи муташакил ташкил карда ба муқобили Салихов компромат ҷамъ карданду ба Раҳмонов гуфтанд, ки гуё Салихов Маҳмадназар переворот карда ҷойи Шуморо гирифтанӣ будааст ва барои ин кор 20 000 000  доллар аз хориҷа пул ҳам гирифтаст. Агар аз кор намегирифтед, ӯ ҷойи Шуморо ба зурӣ мегирифт. Боз гуфтанд, ки Салихов Маҳмадназар баъди он ки бо Нигина Амонқулова алоқаи наздик кардани Раҳмонов овоза шуд бо Азизмоҳи зани Президент мегаштааст ва ба ӯ изҳори муҳаббат мекардааст. Дар охир Раҳмонов фармони қатли Салиховро бароварда аввал ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдураҳимов Хайриддин Саидович ва ба командири баталиони 3502 Саъдӣ Холмуродов (Саъдӣ- камандир аз Сангтудаи Данғара) супориш дод. Аммо онҳо аз ин куштор руирост даст кашиданду гуфтанд, ки мо ин корро намекунем. Баъдан ба Абдураҳмон Бузмаков аз Данғара ва сардори КДАМ-иДушанбе Ҷалов Абдулазиз (бо лакаби Кучкар )аз Данғара ва ба сардори милисаи Душанбе Саидов Фаттоҳ (сабзибадаст)аз Данғара барои таъмини бехатарии амалиёти куштори Салихов Маҳмадназар дар якҷоягӣ супориши махфии худро дода ба Бузмаков супориш дода буд, ки «Салихова дар дахануш бпарон, коре куненки зинда намона ва съемкашам кневу мара оварда нишон диҳен» гуфта Раҳмонов конкретний супориш дода буд. 

  17 июни соли 2009 соатҳои18: 00 ба хонаи Салихов Маҳмадназар зиёда аз 30 нафар шахсони маскадори мусаллаҳ бо роҳбарии Бузмаков Абдураҳмон (киллери Раҳмонов) зада даромада Салиховро қапида маҷбурӣ ба дигар хона дароварданд ва ӯро Бузмаков Абдураҳмон паронд. Вақте Бузмаков туфангро ба тарафи Салихов рост мекунад, Салихов мегуяд, ки «Э, Абдураҳмон,э Абдураҳмон, ту чи кор карда истодаӣ, ту шогирди худам, ку». Аммо Бузмако тирро мустақим дар даҳон ва ҷабини Салихов холӣ мекунад

Ин ҳолатро писари Салихов Худоназари 12 сола, ки давида аз паси падараш он хона даромада буд худи ҳамон бегоҳ дар радиои «Озодӣ» гуфт, ки «ма дидум отама дар саруш пистолет монда паронданд». Баъдтар Худоназар ин гапашро бо сардабири газетаи Пайкон Ҷумьаи Толиб (аз Айнӣ) ҳам гуфта буд Аммо дере нагузашта Ҷумъаи Толибро Раҳмонов кушт. Ин маняк ҳеҷ гоҳ ягон нафарро намебахшад, ҳамаро мекушад. Ин президент ба мисли Фиръавн ва Намруд фақат одам мекушаду қасд мегирад.
Чи хеле мебинем, ҳаёт ва зиндагии Раҳмонов ҳамеша бо зулму ситамкорӣ ва куштану зиндонӣ кардани тоҷикони бегуноҳ ҷараён доштааст. Аммо ин Эмомтаппак, алтури пиёнискаи 71 сола ҳеҷ одам ва мусулмон нашуд.

ЭШ.Раҳмонов номард ва моняки №1 Тоҷикистон аст

   Солҳои 1992 то 2002 , тули даҳ сол собиқ командирони Фронти Халқӣ Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Лангарӣ Лангариев, Ёқуб Салимов, Суҳроб Қосимов Саъдӣ Холмуродов, Саидшо Шамолов, Қурбон Чолов, Ғаффор Мирзоевро истифода бурда ҳукуматшро мустаҳкам кард вале  ҳамаи онҳоро кушт, ба зиндон андохту ба гуфти худаш антипартиний ва беобру ва ба сулҳи тоҷикон хиенат карда заминҳои мамлакатро ба Хитой ва Қиргизистон фурухту мухолифони ҳукумат Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва муҳаммадшариф Ҳимматзодаро заҳр дода кушт, Мирзо Зиёевро (Чагаро) ҳам кушт, Маҳмадрузӣ Искандаров ва Зайд Саидов, аъзои пешини ҳукумати худро ба солҳои тулонӣ зиндон кард ва аъзои баландмақоми Ҳизби наҳзати исломиро тамоман бегуноҳ қисмашро зиндонӣ карду қисми дигарашро аз Тоҷикистон берун ронд. Роҳбари Гуруҳи 24 ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватовро дар шаҳри Истанбули Туркия дар пеши чашми ҳамсару кудаконаш номардона паронд, боқимондаи аъзои ин гуруҳро низ зиндон кард. Лидерҳои Бадахшон, аз ҷумла як нафари инвалид Имомназар Имомназаров ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқир ва садҳо помириро кушту зиндони кард. Ва ошкоро эълон намуд, ки ман супориш додам, ки безарар гардонед. Баъди ин қадар қатлу куштор боз ба наздикӣ ба вилояти Бадахшон рафта ҳолу аҳволи фарзандони кушташудаҳояшро дид.

  Мегуянд, ки асосан манякҳо-шахсоне, ки ҳамеша одам мекушанд, баъди куштан  лаҳзае нагузашта ба ҷои куштор ҳозир шуда дар ҷойи ходиса ба кушташуда нигоҳ мекунанду лаззат (кайф мекунанд) мебаранд. Манякҳо танҳо ба аҳли оилаи худ раҳм мекунанд. Дигар ба ягон нафар раҳм надоранд:- на ба кудак, на ба зан, на ба муйсафеду на ба кампир, ҳамаро мекушанд.

  Маняки №1 Рахмонов Эмомалӣ Шарипович аст. Аз ҳамон рӯзи аввали ба қудрат расидан тоҷиконро кушту зиндонӣ карду паронд. Аммо то ҳол аз хуни мардуми бегуноҳу бечора сер нашудаасту акнун эстафетаи қатлу кушторро ба писараш Рустами Эмомалӣ ва рафиқи писараш Шоҳрух Саидзода ва Бузмаков Абдураҳмон (Аламшозода) доданӣ аст. 
  Ҳамаи ин маълумотҳо аз ашхоси наздик ба оилаи Раҳмонов гирифта шудааст, ки ба ҳамаи онҳо сипос арз мекунем.

ЭШ.Раҳмонов чи гуна Мустафо Давлатов, раиси фабрикаи “Ширин” ва падараруси Рустамро ба куштан дод?

    Мустафо Давлатов соли 1959 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Совет таваллуд шудааст. Дар 19 солагӣ падари 47 солаи худро аз даст медиҳад.

Барои панҷ додар ва ду хоҳар худ ба мисли падар буду ба модари шавҳарро аз даст дода асою пуштибон.Додарону хоҳарони кучаки у аз меҳри зиёд уро акаҷон садо мекарданд. Мустафо Давлатов дар солҳои Союз дар университет мехонд. Баъд аз вафоти падар ба шуъбаи ғоибона гузашт ва барои таъмини оила ҳам кор мекарду ҳам мехонд.

Дар фабрикаи «Ширин» ба ҳайси коргари одӣ ба кор даромад ва технологияи фабрикаро ҳамчун мутахассиси беҳтарин аз худ кард. Дар солҳои шуравӣ аз зумраи шахсоне буд, ки онҳоро ҷавонмарду сахӣ, бомуомила ва соҳиби эҳтироми ҳама медонистанд.

Касоне,ки аз Кангурту Данғара ба хондан меомаданд,ҳатман ба хонаи Мустафо Давлатов ва ба хонаи Анвари текстил ва акаи Анвари текстил бо номи акаи Мир рахти иқомат меандохтанд. Онҳо ин мусофиронро ҷойи хоб ва ба баъзеи онҳо ҷойи кор ҳам медоданд.
  Мустафо Давлатов бисёр шахси бовиҷдон,меҳрубон ва беҳтарин инсон буду ҳамеша ба одамон некӣ мекард.

Бо амри тақдир соли 2009 зани президент Азизмоҳ Асадуллоева дар маъракае духтари Мустафоро дида маъқул мекунад ва чанде пас барои хостгорӣ меоянд. Ҳамин тавр духтари ӯро келин ба писараш Рустами Эмомалӣ доданд. Наворҳо аз ҷараёни ин туйи осмонкафро, ки дар бустонсарои давлатӣ дар Варзоб доир шуда буд, Додоҷони Атовулло журналисти мухолифи Раҳмонов дар шабакаи К+ як барномае таҳия карда буд, ки садҳо ҳазор бинанда дошт.

Хуллас, Мустафо Давлатов бо Раҳмонов қудо шуданд. Баъди қудошавӣ охирон бор дар охирҳои августи соли 2014 Раҳмонов Мустафо Давлатовро бо хоҳиши Азизмоҳ як бегоҳ ба меҳмонӣ даъват мекунад. Дар ин сол алакаи Рустам раиси кумитаи гумрук таъин шуда буд.

   Дар хонаи Раҳмонов як мизи калон бо анвои ғизову нуқлу наво таҳия мекунанд ва  Мустафо Давлатов дар ру ба руи Раҳмонов менишинад. Эдики пиёниска, ки бесаброна лаҳзашуморӣ мекарду ҳарду чашмаш ба шишаи арақ буд ва луоби даҳонашро ба зур фуру мебурд, сразу арақҳоро рехта ба Сафар Шералӣ (Алтури 10 %)ба Амиршо Миралиев (қунғузи сиёҳ) мерезаду ба як рюмка ба қудояш Мустафо Давлатов ҳам рехта дароз мекунанд.

Мустафо, ки намозхон буд мегуяд: «Ҷаноби Олӣ ман наменушам, камтар бемор ҳастам». Раҳмонов аз ин тарзи дасти дарозкардааш сахт ба ғазаб омада супсурх шуда ба Мустафо нигоҳ карда мегуяд: «худут муллоӣ чи?? Ё ҳаму фанатико воре арақ намехри ку?? Чи хеле мақоли халқӣ аст: «ҷавоби аҳмақ сукут».

Мустафо, ки шахси бомаърифат буду аз ислом ҳам бохабар хомуш истода сарашро хам мекунаду ягон гап назада дасташро дар пешаш монда, узр, бахшиш Ҷаноби Олӣ мегуяду тамом. Аммо арақро ҳатто дар дасташ намегирад.

Ба нишони нороҳатӣ аз ин кори Мустафо Раҳмонов бо сабутилникҳояш пайи ҳам арақро бисёртар менушиду сахт маст мешавад. Хомшурбои гушти гусфандро бо арақ мезананд. Раҳмонов ширкайф мешаваду ба Мустафо Давлатов, раиси фабрикаи «Ширин» нигоҳ карда мегуяд: «ку чи проблема дорӣ, чи гапай дар фабрикат, ку нақл ку, неке ростша бугу натарс, чи гапе ҳаст бугу» 

Мустафо дар аввал мегуяд ягон проблема нест, ҳама хуб аст. Аммо Раҳмонов вақте ки маст мешавад, дигар як гапро сад бор гуфтан мегирад,ранги пластинкаи рустшудагӣ такрор кардан мегирад: ку бугу чи проблема дорӣ, мо аку қуда шидем хешу табор шидем, ростша бугу ку гуфта Мустафоро намемонад, як қошуқ хомшурборо хурад. Ҳамин тавр маҷбур шуда Мустафо Давлатов ба Президент мегуяд:  «Ҷаноби Олӣ» мо хамин фабрикаро худтон медонед, ки аз нол сохтем. дар вақтои ҷанг намондем, ки раскулачит кунану оҳанпора карда буфрушан,ҳамаи абарудованиёша нав кардем. Мо ҳамаи сирёи маҳсулотора аз молҳои ватании тоза мекунему то тамомшавии маҳсулотмон мисол шакалад ё канфитомон 23 сомонӣ то 25 сомонӣ як килош меғалта. Неке як хел соҳибкоро канфиту шакалатора аз берун, аз хориҷа мисол аз Хитойю аз Россия миёран (бизнесменои ургутӣ, Таҳминаи клеопатра крышавать мекардагиҳо) дар мағозаҳояшон килояшро 18 сомонӣ мефурушан. Ма ҳайрон мешам, ки агар растаможка шаванд, транспортний расход кунан, андози давлата супоран, не можеть быть иқа нарх шавад, контрабанда медарорану савдои мора мезанан, дига маҳсулоти қиммати мора кӣ мехарад ??

  Ҳамин гапро Мустафо Давлатов мегуяд, ки Раҳмонов дар ин лаҳза хомшурбои гусфандиро бо арақ ба мисли хук мехурд қошуқро бо ситезу ҷаҳл ба косаи шурбо партофта ба тарафи Мустафо бо ғазаб мегуяд: «аку чи ба и гапи худут гуфтании ки аъзои ҳукумати ма дузданд, контрабандистанд, Президент кор намекна, вазири гумрук (Рустам бачаи ма ва домодат)  борора контрабанда медарора? вазири налог медузда, бюҷети давлата, Президент медузда ай бюҷет?»

    Раҳмонов, ки сахт маст буд, дигар хап намекард. Бечораи Мустафо фикр мекард, ки бо як шахси доно, бо як шахси оқилу бомаърифат қудо ва хеш шудааст,аммо ҳайҳот бо як пирхари пиёнискаи беақлу хар қудо шуда будааст.

 Баъди ин суханони Раҳмонов аҳволи Мустафо бад шуда ва дилашро қапида   бо овози пасти хиросӣ мегуфт: «Ҷаноби Олӣ шумо мара нодуруст фаҳмидед, ма ҳақиқата гуфтум» мегуфту Раҳмонови пиёниска бошад ба сари шахси бемор ба мисли занҳои бадфеъл доду  киноя мезад. Бо ҳамин меҳмондории Раҳмонов тамом шуду Мустафоро аз хонаи вай рост бо мошини додараш ба беморхонаи Қараболо ва аз онҷо ба Москва ва дар Москва Мустафо Давлатов дар таърихи 08. 09. 2014 сол дар сини 55 солагӣ ҷон дод. Ин аст меҳмондории Раҳмонови палиду касиф, ҳатто қудои худро аз беақлӣ ва аз ноодамӣ кушт.

 ЭШ.Раҳмонов ва “хари Манижа Давлатова”

 Соли 2005 клипе бо садои сарояндаи овозадор Манижа Давлатова паҳн шуда буд. Дар ин клип Манижа Давлатова дар як аспи сафед нишаста буд ва касе бо ниқоб инони ин аспро қапида мебурд. Одамон дар бораи ин шахси ниқобдор баҳс мекарданд. Ҳамчунин дар бораи аспи сафеди калони зери поҳои Манижа низ баҳсҳо дар авҷ буд, ки он аз они кӣ бошад?

Айнан дар он солҳо дар осоишгоҳи Муродалӣ Алимардонов дар тарафи Ҳисор бо иштироки Раҳмонов, Амиршо Миралиев (қунғузи сиёҳ) ака Раҳмонов Нуриддин (тракторист) Шералӣ Сафаров (собутилник ва ҷураи Раҳмонов) ва чанд нафари дигар ташкилии сахт карда дар телевизори калон-домашний кинотеатр клипҳои ҳофизаҳоро монда тамошо мекарданд.

Баъди клипи як ҳофиз ҳамин клипи Манижа Давлатова бо номи «Беҳтар аз ҷон» руи экран пайдо мешавад. Ин клипро Раҳмонов, ки сахт маст буд, тамошо карда   дар он ҷойе, ки Манижа дар аспи бузбалаи калон нишаста буд, стоп кадр мекунаду дар пауза мемонад ва тарафи Алимардонов бо ғазаб нигоҳ карда мегуяд: «ҳа Муродалӣ и аспи киай, худут и бевада аспта додай? ку иҷа биё?” Дигар ҳама нишастагон хомуш монда хап мешаванд. Бечора Алимардонов аз тарс дарақ дарақ  ларзида ба тарафи Раҳмонов бо овози ларзон мегуяд: “Ҷаноби Олӣ и хари ман нест,ааа и аспи ман нест. Мебахшед ин аспи Хол Машраб аст» мегуяд. Раҳмонов вақте Алимардонов «ин хари ман нест» мегуяд хандааш мегираду механдад. Дигар ҳама якҷоя дар ҳоли Алимардонов механдиданду ӯ бечора намедонист чи кор кунад ва ба Раҳмонов мегуяд, ки Ҷаноби Олӣ ош тайер шудаст, кашам? Инҳо, ки ҳама маст буданд, боз якбора механдану Раҳмонов мегуяд: «бра оша кати хари Манижа буху». Ҳамаи дар онҷо нишастаҳо боз дар ин гапи Раҳмонов ба Алимардонов ишора карда механданд.

   Алимардонов боша бечора аз ин ҳолат дар шок афтода ба мисли ходаи қабр ноҷунбон мешавад. Баъди муддате Раҳмонов бо Сафар Шералии алкаш мегуянд, ки «бра оша биёр аку» ва боз рюмкаҳои пур аз арақро бардошта барои хари Манижа менушем гуфта механдиданд.

 Баъди лаҳзае Раҳмонов ба касе занг зада дар бораи Хол Машраб раиси нохияи Рудаки пурсон шуда мегуяд, ки прикази Хол Машрабро барореду рӯзи душанбе ба столи ман биёред, имзо мекунам, аз кор озод кунед. Ҳарду рухсорааш ранги куни маймунсуп сурх шуда руйи Сафар Шералӣ ҳам аз арақи сурх шуда буд.   Раҳмонов ба Сафар Шералӣ нигоҳ карда мегуяд: «рувот ранги лаблабуи сурхак сурх шидай ку, Сафар Шералӣ тинҷиай?» ва боз ҳамакаса  механданд.

 Ҳамин тавр Раҳмонов, ки бисёр кинагиру қасдгир аст Хол Машрабро барои аспи худро ба клипи Манижа Давлатова додан чап мегирад. Хол Машрабро, ки дар хизмати худи Раҳмонов, Таҳминаи духтараш ва Азизмоҳи занаш қарор дошт, ҳамаи хуроквории хонаи ӯро таъмин мекард аз кор гирифт. Нисбаташ фишору таҳдид сар шуду ӯро ба инсулт оварда расониданд. Соли 2008 бо супориши шахсии Раҳмонов дар вақти сафар ба Москва ӯро дар аэропорт дастгир карданд ва дар ҳамонҷо фишори хунаш баланд шуда дилаш заду рост ба беморхонаи Қараболо оварданд. Муддати даҳ сол Хол Машраб бемор буд ва соли 2018 аз дунё гузашт.
Айни замон писари Хол Машраб, раиси бозори Корвон ними бозорашро ба Рустам дода то ҳол дар хизмати ин авлоди қотили гушна қарор дорад. Ба ҷойи он ки худро аз ин авлоди қотил дур гирад дар хизмати оилаи Раҳмонов боқӣ мондааст.
 
Амиршо Миралиев 800 млн$ чихел дуздид ва деҳқонҳоро қарздори абадӣ кард?

Солҳои 1996 то соли 2000Амиршо Миралиев (зодаи нохияи Данғара) бо лақаби қунғузи сиёҳ мушовири президент оид ба сиёсати кадрӣ (баъди ӯ Абдуҷаббор Азизов бо кличкаи мистер Бин аз ноҳияи Данғара, айни замон Асадулло Раҳмонов бо лақаби Сумбулоғо аз ноҳияи Данғара) яъне советник по кадрам буд.

 Ин шахс яке аз порахуртарин шахси наздики Раҳмонов ва яке аз дуздтарин мансабдор ба ҳисоб меравад, ки дар он вақтҳо фурӯши вазифаҳои давлатиро ба Раҳмонов маҳз ҳамин шахс ёд дода аввалин маблағи сад дусадҳазор доллар пораро ба Раҳмонов маҳз Амиршо Миралиев дода буд.

  Баъди таъин гаштанаш ба вазифаи раиси вилояти Хатлон соли 2000 то 2006 Амиршо Миралиев бо акаи Президент Нуридини тракторист ва бо Илҳом- командир аз Ботуробод бойфренди пешини Таҳмна бо Шералӣ Сабзов (бо лақаби Шери бинӣ) сардори УВД-и вилояти Хатлон бо раиси Суди Олии Тоҷикистон Абдуллоев Нусратулло (бо кличкаи қурбоққа) бо ҳам масъалаи азхуд кардани маблағҳои бениҳоят калонро, ки қариби як миллиард доллар буд, маслиҳат карда бо Илҳом -командир шартномаҳои фючерӣ карда маблағи 722 000 000 (ҳафтсаду бисту ду миллион доллари ба таври гранти бебозгашт воридшударо ) бо роҳҳои мошшеникӣ ва сохтакорӣ пурра аз худ карда 400 000 000 (чорсад миллион долларашро обналичить карда ба Президент Раҳмонов ва акаи трактористаш Нуриддин Раҳмонов дода боқимондаи ин маблағҳоро байни худ тақсим ва аз худ карда буданд.

Амиршо Миралиев баъди аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод ба вазифаи раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент таъин шудан бо маслиҳати пешакӣ бо Раҳмонов ба номи Президенти Тоҷикистон пешниҳод навист, ки маблағҳои барои деҳқонони пахтакор ба таври фючерӣ ҷудошуда аз эътибор соқит карда шаванд (яъне списат карда шавад ) Ва ҳамин тариқ ба таври взаиморасчет ин маблағҳоро пурра аз эътибор соқит карда ба киссаҳои худ заданд. Ягон нафари онҳо то ба ҳол барои ин ҷинояти сангини иқтисодӣ, дуздии моликияти давлат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудаанд. Аммо ҳазорҳо деҳқон то имрӯз аз ин оила ва бонкҳо қарздоранду хеле аз деҳқонҳо аз кишвар берун рафтанд.  (танҳо Илҳом –командир, ки миллаташ қалуғ аст ва бо Таҳмина Раҳмонова-клеопатра, духтари Президент солҳои 2000- 2003 ошиқ маъшуқ буду шабу рӯз бо вай дар Дубай, дар Турция якҷоя отдих мекард, бо ҷурми мошшеникӣ  ё кадом гуноҳе дар зиндон қарор дорад.

 Мегуянд, ки Илҳом -командир бо домодаш якҷоя бо писари Ҳикмати Ракашети кулобӣ собиқ корманди 6ум отдели Қурғонтеппа) духтарашро, ки шавҳар дошт бо ёрдамчии муовини вазири дохилӣ Навҷувонов соли 2019 дар вақти зино карданаш қапида ин корманди ВКД-ро, ки помирӣ буд,таги мушту лагат қарор дода кляки ӯро мешикананд. Барои ҳамин Илҳом -командирро бо домодаш ба ҳабс гирифтаанд. Аз даҳони халқ мегуянд, ки вақте Таҳмина Раҳмонова бо Илҳом муносибатҳои шаҳвонӣ дошт шавҳардор буд. Зани Зубайд Гулов буд. Барои ҳамин мақоли халқӣ ҳаст: «назан дари касеро,ки мезананд даратро».. Ё инки зино қарз аст ва  бармегардад ба ту ва хонаводаат…

   Аҷоибии кор ин аст ки баъзе шахсонро барои сад ё дусад доллар бо пора дастгир кардем гуфта кали Фаттоҳ директори собиқи Агентии зидди коррупсия як духтури бечора ва ё як муаллими бечораро, дар телевизионҳо нишон медоданд. Аммо ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмонов қариби як миллиард доллари бюҷетро руирост дуздида аз худ мекунанд, нисбати онҳо ягон чораҳои қонунӣ андешида намешавад. Ин танҳо як маврид аз ҷиноятҳои онҳо буд. Чунин ҷиноятҳои иқтисодиро садҳо-ҳазорҳо маротиба Раҳмонов Эмомалӣ содир намудааст. 
 Суруди “Ман масту ту девона” Парда Қосимро анти партив кард

Дар соли 2007 овозаи касали дил шудани Парда Қосим, рафиқи Раҳмонов ва «ҳофизи дарборӣ» ҳам мегуянду дар ҳама концертхои давлатӣ ҳатман баромад мекард паҳн шуд. Чанд муддат аз экранҳои телевизион ва консертҳои давлатӣ берун ва яку якбора нопадид шуд. Сабаби асосии ин ҳолат он буд, ки Раҳмонов дар як аз ташкилиҳо бо рафиқонаш дар Пуғузи Варзоб-бустонсарои ҳукуматӣ Пардаро ғам медиҳад. Дар ин ташкилӣ ҳам Асадулло Раҳмонови Сумбулоғо масъалаи «кадрҳои арус»ро дида буд. Раққосаҳои ансамбли Падида ҳам инҷо ҳузур доштанд. Парда Қосим ва дигар овозхонҳо ҳам даъват шуда буданд. Ҳама арақнушӣ мекарданд.

Дар ин маърака Раҳмонов Э.Ш бо Сафар Шералии рафиқаш аз Булёни поёни Данғара -бо лақаби Алтури 10% (барои он ин лақабро монда буданд, ки Сафар Шералӣ дар вазифаи муовини аввали вазорати молия кор мекард, маблағҳои бюҷет- казначействаро роҳбарӣ карда аз ҳар маблағе, ки ба вазоратҳо, аз ҷумла ба вазорати мудофиа, МЧС, хадамоти гумруку андоз масалан як миллион сомонӣ гузаронад, даҳ фоизи ин маблағҳоро аз худ мекард. Руирост мегуфт, ки ин ҳақи Ҷаноби Олӣ аст. Аз як хел вазоратҳо бист фоиз ҳам мегирифт. Аммо аксари вақт маст буд. Барои ҳамин Алтури 10% лақаб монда буданд) ва Алимардонов Муродалӣ, Амиршо Миралиев ва Ҳукуматов аз Дангара ва Ҳукумов Амон, раиси Роҳи оҳан аз Қурғонтеппа нишаста арақҳои 5000 доллара ва 10 000 доллараи қимматро нушида сахт маст шуда ба мисли хукҳо дар заминҳо ғел мезаданду мерақсиданд.

   Кунҳои раққосаҳоро ба мисли тавлак ё доира Раҳмонов Эмомалӣ бо дастонаш таптап мезаду ҳама механдиданд. Дар ин вақт Парда Қосим суруди «Ман масту ту девона,Моро кӣ барад хона»-ро хонда кала меҷунбонд.

Ин ҳолатро чунин нақл ҳам кардаанд: Парда Қосим ҳангоми хондани ин суруд «Ман масту ту девона.. “ гуфта дасташро ишора ба тарафи Эмомалӣ Раҳмонови сархуш карда хонда будааст. Боз ин корро чанд бор такрор ба такрор карда, ки Эмомалии пиён девона шудааст аз ин кораш.

 Аввал Рахмонов, ки сахт маст буд, дар ҳавои садои Парда калаашро ҷунбонда гуё кайф мекард ва боз кунҳои раққосаҳои ансамбли Падидаро, ки аксарияти онҳо 16сола ва 17сола буданд, таблак мезаду баробари Парда Қосим ҳамовозӣ мекард. Аммо яку якбора каловида- каловида ба назди Парда рафту ба ӯ дарафтода як шапалоқ ба руяш зада микрофонро аз дасти Парда Қосим гирифта ба микрофон ба тарафи ӯ гуфт: « Киай дддддевона?? Киииайй Ммммастт ммммааарррра гуффтесттии?? Аааа занавесскааа, хууудддут номммут занавескааайюю» гуфта қариб аз пой меғалтид. Аммо Муроди охранааш ва як Муроди Азимов (Муроди Сиёҳ хам мегуянд ӯро аз Кулоб) ва бо Мансур Умаров, сардори ҳайати охранаи президент он вактхо буд Президентро қапида ба мисли кундаи пусидаи дарахт кашола карда ба тарафи ҷойи отдихаш бурданд. Дар вақти кашола карда бурдан   Раҳмонов Э.Ш аввал аз даҳонаш арақҳои хурдааш берун баромада ба мисли хукҳо партофтан гирифт ва руйяш ба мисли куни маймунҳо суп- сурх шуда буду дигар мадори роҳ гаштанро надошт. Дигар аз қафои Рахмонов ҳама медавиданду Амиршо Миралиев (қунғузи сиёҳ) Ҳукумов Амон (Амони калуш )ва дигарон ҷамъ шуда ба даруни бинои ҷойи истироҳати Президент дароварданду дигар бечора Парда Қосим шахси сабзина аз тарс ба мисли мурдаи даҳруза гоҳо кабуд мешуду гоҳо дилашро қапида дар як стули дача назди об нишаста базур нафас мегирифту охиран аз охрана ва кадом шофери дастгоҳи иҷроия илтимос кард, ки ӯро ба болницаи медгородок бубаранд. Ҳамин тавр ӯро гирифта ба як мошини РТ -и Волгаи сафед савор карда ба беморхонаи Медгородок бурданду хобонданд. Баъд рухсат шудан аз беморхона Парда Қосим дар хонааш табобат карда тарсида менишаст. Рахмонов бошад баъди се руз запой рафтан ба худ омада бо як сафари корӣ ба Русия рафта омаду ҳамин тавр бо гузашти чанд моҳ аз Асадулло Раҳмонов (сумбулоғо) раиси телевизион ва радио мепурсад, ки Парда Қосим дар телевизоро наметова куҷода боша? Асадулло Раҳмонов тарсида тарсида ба Рахмонов мегуяд, ки баъди он шаб ӯ ба беморхона афтид Ҷаноби Олӣ? Кадом шаб чи гап шид, ки??гуфта мепурсад Раҳмонов. (ба ёдаш нест, ки ӯро як шапалоқи обдор зада буд, чунки ба мисли хар сахт маст буду намедонисту намефаҳмид, ки чи кор карда истодаасту чи гуфта истодааст. Ҳамин тавр боз Парда Қосимро даъват карда мегуянд Ҷаноби Олӣ аз гуноҳат гузаштааст, биё аку, неке дига дар вақтои мастиш ихели сурудора нахон гуфтаанд.

  Парда Қосим, ки камкам шух аст гуфтааст, ки «ма ҳами Ҷаноби Олира қариб бист солай мебинумша, мешносумша, ягон вақкт ҳушёр надидагиюм, даже дар ҷанозаҳо ҳам и Ҷаноби Олӣ менуша баъд ҷаноза мерава» гуфта механдад ва мегуяд, ки ин шапалоқи падарона буд, ма хафа нестум ҳеҷ гоҳ.

Поёни бахши дуввум, мо албатта боз хоҳем гашт ба ин қиссаҳо ва ҳаёти пушти пардагии ЭШ.Раҳмонов дар ояндаи наздик. Аммо бо шакл ва услуби дигар ва дар ҳолати муносиби дигар. Бо “Ислоҳ” бошед,то аз ҳаёти пушти пардагии ин пирбузбалаи 71 солаи махуф огоҳ гардед!

Share This Article