Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №191

Ислоҳ нет

Вақте як нафар солиёни зиёд дар як мақом ва мансаби давлатӣ биистад вай ҳатман ба амалу корҳои ғайримаъмулӣ ва ғайримуқаррарӣ даст мезанад. Дар кишвраҳои олам барои як нафар фурсат ва муҳлати муайяни роҳбарӣ таъин кардаанд. Ва он шахси маъмур наметавонад аз он муҳлат бештар даъво кунад. Агар шумо мутаваҷҷеҳ бишавед мебинед, ки ҳамин гуна давлатҳо пешрафтаанд. Давлатҳое, ки роҳбаронашон иваз мешаванд. Аммо кишвраҳое, ки роҳбарони дарозумр доранд, нафар солиёни зиёд дар раъси қудрат аст он кишвраҳо ақибуфтодаанд. Ва на танҳо давлатҳо, ҳизбҳо ҳам ҳамингунаанд, ки як нафар набояд солиёни тулонӣ роҳбар бошад. Номаи аввали барнома ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст:                                           

                                     Душанбе

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман пайваста сайти шуморо мутоиа менамоям. Дар муқаддимаи «Номаҳо аз  ноҳияҳо»-и №187, ки дар бораи диктаторҳо гуфтаед, барои ман бисёр ҳам писанд омад. Рости гап, гапи дили манро задаед. Диктаторҳо, хоҳ дар шарқанду хоҳ дар ҷанубу хоҳ дар шимолу хоҳ дар ғарб ҳамин минволеанд, ки шумо тасвирашон кардаед, агарчи бисёр ҳам мухтасар гуфтаед. Ман чи гуфтаниам? Гуфтаниам, ки Путин яке аз дигар диктаторҳои замони муосир аст ки оромиву осоиши дунёро ба ҳам задааст. Вай бо Украина ҷанги ошкоро карда истодааст, даҳҳоҳазор нафар аз ду тараф кушта шуданд, аммо онро спетсоператсия унвон кардаву  гуё бо  ин таъбир вуҷуди ҷангро пинҳон доштанист. Агар ин як диктатори аблаҳ намебуд ва агар ин ингуна қудрат намедошт, ҳеҷ гоҳ ин корро намекард. Бубинед, ки ҷои онки иштибоҳашро эътироф кунад ва по қафо кашад, баракс, масалан ҳатто муҳоҷирҳоро водор карда истодааст, ки ҷанг раванд. Ин мардуме, ки дар ватани худашон ризқ пайдо накарда Русия рафтаанд, яъне мустаманду мазлуму заифанд, шарт гузошта истодааст, ки ҷанг биравед, вагарна берунатон мекунам. Муносибати Путин дар ин авохир бо муҳоҷирон тавре ҷараён гирифта истодааст, ки мегуӣ сабабгори ҳама бадбахтиҳо дар Русия онҳо шуда бошанд.

 Агар Путин як диктатор набуд ва агар Путин нафари дар назди халқ масъул буд, ҳеҷ гоҳ ин корҳои зишту аҳмақонаро намекард. Русия, як давлати бузург ва паҳноварро тавре кард, ки акнун ба сарбозу афсари Кореяи шимолӣ, як кишвари дигари мисли худи Путин диктатор муҳтоҷ шудааст. Раҳмонов низ мисли Путин як диктатори аблаҳ аст. Худаш хурду оилаашро оварду давлатро тохтутоз карда истодааст. Тамоми авлоди яъҷуҷ ва маъҷуҷашро дар гирдаш ҷамъ оварда ба вазифаҳои давлатӣ таъин карда халқи тоҷикро ғулому канизи худу оилааш кардааст.

Аммо ин ҳама камӣ карда истодааст, боз бачаашро ба ҷойи худаш оварданист.

Дар тамоми дунё диктаторҳоро ё мекушанд ё зиндон мешаванд. Барои онки онҳо бо роҳи осоишта, бо роҳи қонунӣ аз ҳукумат намераванд.

Диктаторҳо боиси бадбахтӣ, қафоравӣ, коррупсия, беқонунӣ ва садҳо мушкилии дигар дар давлату ҷамъият мешаванд. Мо, мардуми тоҷик бояд ҳарчи зудтар чора ва тадбири аз ин диктатор халос шуданро пайдо кунем. Вагарна на фақат худамон, бачаву набераҳоямон зери дасти ин оилаи касиф ба ғулому каниз мубаддал мешавад.

Мехостам ҳамин суханони дар дилам ҷамъшударо ба воситаи шумо ба мардум бирасонам, ки ба умеди ҳиҷ касе нашаванд. Худашон дастбакор шаванд.

                              Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон одамеам, ки ба шумо чандин нома фиристодам, аз маҳаллаи Стаханов- Заргари Бохтар. Ман мудири тими Ислоҳ дар Бохтар ҳастам. Ман савод надорам, мактаби миёнаро бо пуррагӣ  нахондаам. На маълумоти олӣ дорам ва на маълумоти миёнаи пурра. Агар навиштаҳоям хатто бошад, аз шумо, хонанда ва тамошобинони Ислоҳ узр мепурсам. Ман мехоҳам дар бораи Сарқонуни Тоҷикистон нависам. Чунки рузи 6-ноябр Рӯзи қабули Сарқонуни Тоҷикистон мебошад. Ин сарқонунро дар ин шабурӯзҳо дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳамон қадар таърифу тавзеҳ мекунанд, ки гуё Раҳмонови ғоратгар ҳомӣ ва итоатгари Сарқонуни Тоҷикистон бошад. Ин Сарқонун аз тарафи Раҳмонов ва авлоди дузду ғоратгараш таҷовуз шуда ва барои инҳо дахлнопазириро таъмин намудааст. Агар Раҳмоов итоатгари қонун бошад, буҷету дороиҳои Тоҷикистонро ба хориҷа наметавонад барорад ва дар бонкҳои Шветсария ва ҷазираҳои Верҷинё дар номаш суратҳисоб намекушояд, ба ҷойи онки худашу авлоди муру малахаш бой шавад, мардумро бой мекунаду давлатро бақувват. Раҳмонов ту ҳомии қонун бошӣ, барои чи ҳукуматат мардумро ғорат дорад? Аз ҷумла амният, суд, прокурор, ВКД тандурустӣ, маориф, ҳокимияти маҳалҳо ва ғайра. Агар ту итоатгари қонун бошӣ барои чӣ дар худоии Нуриддини акаат даҳ руз маърака кардӣ?. Аз ин бармеояд, ки қонун бароят арзиш надорад, қонун барои мардуми мазлум аст. Аз кадом қонун гап мезанӣ ба ин миллат? Ё ин ки хостаҳои нафси ту қонун аст? Мо кай ин нафси палиди туро сер мекунему ту аз қонун итоат ва ҳимоят мекунӣ. Барои чи моддаи 13-и Сарқонун барои ту мумкин ҳаст, барои мардум ҷиноят. Барои чи мардум ин моддаи 13 -ро истифода кунанд ба моддаи 307 банди а,б,в,д аз озодӣ маҳрум мекунед. Аммо дар рӯзи таваллуди Фаридуни бачаи Озода кони тиллои Айнӣ ва кони Алмази Помирро туҳфа мекунед. Вақте ки қонун ба ҳама баробар бошад, барои чӣ ҳамаи бойҳои маҳаллаамон аз кумакҳои пуливу хурока таъмин карда мешаванд, аммо камбағалҳои маҳаллаамон гурусна мурда рафта истодаанд. Аксарияти бойҳо аз андозҳо, аз барқу об озод ҳастанд, камбағалҳо не. Ҳамаи корҳои Раҳмонов ғайриқонунӣ мебошанд. Дар тамоми Тоҷикистон Раҳмонов аз қонун боло аст. Аввал хоҳишоти нафси Раҳмонов аст, баъд Сарқонуни Тоҷикистон

                          Кушониён

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ташаккур ба шумо, ки номаи моро дар бораи совхози Файзалӣ Саидов чоп намудед. Ҳоло дар бораи як воқеаи таърихӣ менависам. Дар бораи куштори Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов. Дар асл дар ҳамон шаб чи гузашт?

Шаби 23 ба 24-уми марти соли 1993 ин ҳодиса руй дода буд. Саҳар вакти намози бомдод дар хона будем. Хабар омад, ки Файзалӣ ва Сангак кушта шуданд. Хестему рост ба суи хонаи Файзалӣ Саидов раҳсипор шудем. Дар назди хонааш одамон ва шахсони бо либосҳои низомӣ ва яроку зиреҳпушҳо меистоданд. Озод аз байнашон гузашта рост назди дарвозаи Файзалӣ расидам. Мурдаи Сангак дар назди дарвозаи Файзалӣ хоб буд. Дар баданаш ҷои обод набуд. Шахсони бо либоси мулкӣ бо яроқ омада як тир ба бадани Сангак мепарониданду баъд ба хонаи Файзалӣ медаромаданд.

Ман ҳам ба хонаи Файзалӣ даромадам. Онҷо шиносҳоям ба ман рафти ҳодисаро ин тавр нақл карданд.

  Гуфтанд шаб дар дача будем- дачаи совхоз- ҷои муҳофизон ва худи Файзалӣ. Ногаҳон хабарро шунидем. То хонаи Файзалӣ Саидов 2-3 км роҳ буд. Зуд расидем. Мурдаи Сангак дар назди дарвозаи Файзалӣ хоб буд. Ҷасади нимҷони Файзалиро ба мошини скорийи военний бор мекарданд. Файзалӣ гап мезад, ки «номард, коратро кардӣ».

   Як одами дигар нақлро  давом дод. Ҷасади нимҷони Файзалиро худам бо дастам, доштам, ки дар болои насилка буд. То бемористони Қараболои шаҳри Қурғонтеппа бурдам. Расидан баробар дар беморхона, маълум шуд, ки ҷонаш аз танаш баромада буд. Вале ҳоло баданаш гарм буд. Боло, 2 этаж баровардем. Реаниматсия. Духтурон гуфтанд, ки ҷонаш баромадааст. Аз хонаи Файзалӣ Саидов то беморхона даҳ километр роҳ аст. Тақрибан ягон соат пас мурдаи Файзалиро гирифта ба хонааш овардем.

Мурдаи Сангак аз дарвоза берун назди ҷуйбори лаби роҳ дар як ҳолати бад қарор дошт.

Ҳатто рафта аз муҳофизони шаб онҷобуда пурсидам, ки шаб чи ҳодиса шуд.   Муҳофизи шаб онҷобуда нақл кард, ки соатҳои 8-9-и шаб Сангак бо як мошини тамғаи 06-и милитсия бо ду нафар омаданду Сангакро ба хона назди Файзалӣ иҷозат додему даромад. Ин ду нафар дар берун назди мошин монданд. Суҳбати Файзалӣ бо Сангак  аз ду то се соат давом кард. Ногоҳ ҳарду аз хона баромада бо овози баланд, дашном карда дар ҳавлӣ назди дарвоза меомаданд. Ногоҳ овози тапонча баланд  шуд. Файзалӣ ба замин афтод, Дар ин ҳолат, мо суи онҳо (Файзалӣ ва Сангак) давидем. Сангак дасташро суи мо карду истод, гуё хост чизе гуяд. Лекин сармуҳофиз Азим Саруқи Ургутӣ бо автомат ба суи Сангак тир холӣ кард. Сангак дар даруни ҳавлӣ назди дарвоза кушта шуд. Ба куча баромадем, ки ин ду нафар гурехтаанд, пои пиёда. Файзалиро болои кат гузоштем, то омадани мошини скорий! Баъди чанд дақиқа мошини скорий омад ва ҷасади нимҷони Файзалиро бурдем. Вале баъди чанд соате мурдаашро овардем, гуфт муҳофизи Файзалӣ Саидов. 

Пагоҳ шуд. Мардуми бисёре меомаданд. Лекин мурдаи Сангак дар назди дарвозаи Файзалӣ бо як ҳолати аз ҳазор ҷояш тирхурда мехобида буд. Ҳеҷ кас мурдаи Сангакро нигоҳ намекард. Рӯз нисф мешуд. Ногаҳон намояндаи армияи русҳо омада мурдаи Сангак Сафаровро гирифта бурд. Лекин сабабгори куштори Файзалӣ Саидов ва Сангак Сафаров ҳамон қудрат ё власт ва дигар нодаркор будани онҳо шуд.

  Бо тапонча ба сари Файзалӣ Саидов Сангак Сафаров паронид. Чунки дар дигар ҷой Сангак Сафаров ваъда дода омада буд. Ҳамон руз Сангак аз амнияти ҷумҳурӣ рост ба хонаи Файзалӣ Саидов омад.

Мардуми Тоҷикистон ҳақиқатро бояд, донад.  

Оқохони 4 соли 1993 баъди шунидани хабари нақшаи ҳуҷуми Файзалӣ Саидов ба Помир ва помириҳо ба роҳбарони нави Тоҷикистон маблағи калон (50, 000000)миллион доллар медиҳад, ки ба чи роҳе набошад, ба Помир омадани Файзалӣ Саидовро нагузоред. Файзали Саидов дар марги падараш помириҳоро гунаҳгор медонист ва мегуфт ки баҳор шавад ба Помир поход мекунад. Сабаби рафтани Сангак ба хонаи Файзалӣ ин буд, ки ӯро аз ҳуҷум ба Помир нигоҳ дорад. Чунки калонҳо пул гирифта буданд.
 Давлати Тоҷикистон аз соли 1992 то имрӯз мухолифи ҳукуматро дар куҷое набошад, безарар гардонидан мехоҳад ё оварда зиндон мекунад.

Мардуми Тоҷикистон аз рафтори ҳукумати Тоҷикистон дар чорроҳаи зиндагӣ аст.  Мардуми Тоҷикистон медонанд, ки ҳукумат барои дар қудрат мондан, дар итоати Русия аст.  
Ҳамон шахсоне, ки дар солҳои 1992- 1993 дар ҷанги бародаркушӣ даст ба куштор, таҷовуз, дуздиву ғорат задаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Шахсоне, ки имрӯз даст ба куштору таҷовузу дуздиву коррупсия зада истодаанд, ҷавоб хоҳанд дод дар назди қонун. Ин шахсоне даст ба ҷиноят то имрӯз мезананд, ба кӣ боварӣ доранд, Х -ноъмалум. Чи хеле, ки ҳозир кору бори сохторҳои давлатӣ тарсонидани мардуми Тоҷикистон аст, ин охираш бад аст. Аз ҳамон солҳои 1992 сар шуда, то имрӯз кормандони давлати Тоҷикистон бо фармони давлатҳои ҳамсоя кор ва фаъолият мекунанд. Ин боиси ана ҳамин гуна давлатдорӣ шудааст. Худатон дида истодаед, имрӯз мардуми Тоҷикистон ба чи рӯзҳо расид ва давлати Тоҷикистон ба чи рӯз расидааст, ки мардуми худро бо кор ва барк таъмин карда наметавонад. Ҳамин гуна рафтан гирад сад(100) соли дигар ҳам ҳол ҳамин аст: «бекорӣ, бебарқӣ ояндаи давлати Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон шудааст».  

  Шаҳрванд мехоҳад дар ватани худ кору фаъолият кунад. Аммо давлат аз уҳдаи  он намебарояд. Ин як сол не, балки 20-30 сол мешавад. Боз як хел беномусҳо мегуянд, вазъ дар Тоҷикистон хуб аст. Ҳамон шахсоне, ки бо дасту дили рост дар  ҳукумати Тоҷикистон кор ва фаъолият мекунанд, ҳамонҳо аз ҳукумати ҳозираи Тоҷикистон розӣ нестанд. Чунки ояндаи давлати Точикистон ба самти як фоҷиа рафта истодааст, ки шоҳидаш мешавед. Мо дидем, шоҳиди ҷанги бародаркушӣ будем. Чи қадар заводу фабрикаҳои ободро ба нобудӣ расониданд. Бояд барои нобудии корхонаҳо аз роҳбари давлат сар карда то директори корхонаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Чаро як говдуздро аз 5-8 сол ба зиндон мекашанд, аммо ин шахсон садҳо корхонаҳои бузургро аз байн бурдаанд, ҳеҷ каси онҳоро ба ҷавобгарӣ намекашанд, чунки худашон ҳастанд. Дар асл бояд корхонаҳо аз фоидаи ба даст оварда, технологияи навро ҷорӣ намоянд. Лекин дар мо корхонаҳои тайёрро аз байн бурдаанд ва замини ҷои корхонаро ба заминҳои назди ҳавлигӣ фурухтанд, албатта роҳбари давлат бохабар ва шарик аст.
Дар ҷанги шаҳрвандӣ тамоми мардуми Тоҷикистон даст доранд. Лекин 32 сол шуд, мардуми як минтақаи Тоҷикистон аз он фоида мебинад боқии кишвар обод нашуд. Давлати Тоҷикистон вақтҳои охир хонаводагӣ шудааст. Оддӣ карда гуем хонаи шахсии як шахс шудааст ва дар хонаи шахсии як шахс чи хел озодона зиндагӣ кардан мумкин аст. Давлат ба хонаи шахсӣ табдил ëфта аст. Ин ҳолат дар ягон чи дуруст намегирад. Дар гумон аст ки оқибати ин гуна давлат ба хайр бошад.       

                                          Лаҳистон -Данғарагӣ

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бародари гиромӣ ва мубориз! Ман бинандаи ҳамешагии «Ислоҳ» ҳастам, номаҳоро мебинам ва хостам боз як номаи дигар ирсол кунам. Хусумати шахсӣ надорам ва дилам ба ин миллат месӯзад, ба ватанам месӯзад. Шумо шурӯъ накарда будед ба мубориза вале маро падарам соли 2016 унвони хоини милаттро дода буд. Ба чи хотир? Ба хотире,ки ман бояд ранги онҳо дар ҳукумронии ҳозираи пасво розӣ ва хидмат кунам Алҳамдулиллаҳ боз ҳам Алҳамдулиллаҳ, ба фазли Аллоҳ мо сафедро аз сиёҳ фарқ мекунем ва мешинохтам ва мешиносам, боз шинохта истодаам, ки пасво кӣ буд ва кӣ ҳаст.

Лекин ман ҳаргиз дар ин давлати тоғутӣ хидмат нахоҳам кард. То ҳоло падарам ба ман нафрат дорад ва норозӣ аст ва ман аз Аллоҳ умед дорам, худ доност, кӣ ҳақ ва кӣ ноҳақ аст. Аз дӯстонам шунидам. Рӯзи туйи Исмоили пингвин пасво дар Кохи Сомон даромада сухан кард ва аъзоро дид. Дар рӯзи туйи вай дар 400000$ амрикоӣ орову торо дода буданд чойхонаро ва пасво гуфтааст, ки « чи чойхонай мара ихели кадаен бгирен бади туй ба ҳолати авалаш бар бгардонен».

Барои 1 рӯз ин қадар харҷу масраф? Охир мешавад 40 бехонаву дарро соҳиби хона кунӣ. Моро дар ба дару хок бар сар карда ватанамонро ба табъи дилашон хурда истифода бурда истодаанд. Қасам ба азамати Аллоҳ намехоҳам нотинҷӣ шавад.

 «Ма медонм  чихел Рустамша ҷазо тиям, да киҷо дам мегира, чихе Пасвора у да киҷоҳо дам мегира, Исмоилшам, лекин мо қотил нестем ранги ин қотилҳо». Соли 2016 -2017 буд. Аз хешу таборони Азизмои газетхонак кадомеашро ба асфаласофилин равон карда буданд. Баъд  чиҳил ё 6 моҳагӣ маърака буд. Момамшон Қурған рафтанд. Бобиам пурсид, ки куҷо ва пешакӣ дар посух гуфт маърака? баъд хандае карду гуфт қонун мебароранду танзим мегуянд вале худашон ҷазиркунандаву вайронкунандаанд ва калаашро ҷумбонд.

 Дар як маърака  Нуриддини тракторист бо дӯстону рафиқонаш нишаста буд. Баъд як рафиқаш сараш сафед, нашинохтамаш, пачкай 100$ риро канд ва ба духтарҳое оварда буданд, ба онҳо барои айшу ишраташон тақсим кард ва ними пачкаро ба Нуриддини  тракторист дароз кард. Ранги ҷугиро пули калон медиҳӣ ҳамин хел қап зад  ва «да ҷеваки пешаш андохт». Мо бо дӯстам мазоқ када гуфтем «и акай Президент боша ихе кна ма ай баҳри боигарӣ гузаштм. Э, нодида куҷо шуд кантейнери плт, то ҳозира бачаҳот кофтестан, на Норак монд на Данғара ҳамай ҷора кофтестен нодидоҳо» Ин ша Аллоҳ мо додараш Пасворо меқапем «плой бровардагиша ба байтулмоли давлат меспорем мемонем ҳақи ятимову ҳақи и шаҳрвандоҳай, ба у ба умеди самалёти 92миллион$ наша, ба у баҳмеди да дачай Хатлони Данғара болой қуҳдай наша, баҷо мешай ё ки даҷооой лави баҳри Себистон ё мерай дачай Дарвоз, ҳар киҷое да истироҳатгоҳ ё дача дорен, ма огаҳм, ма медонм».  

Дар Бохтар Исмоил зани як мардро дастдарози кард ва шавҳарашро ба зиндон кашид. Ин ҳодисаро ҳама хабар дорад. Ҳамаи корҳоятон аз дарнуи худатон мебарояд: «Ё ки Рустамда дар зодрузш гули розай чандсад килограмма сохтаву оро дода шуда подарка кадан, муҳофизой Роял клуб ақорат када вардошта бдан, ай портет фровардант аруси тда гл миёран. Охи кадом кори шмора ма бгум? Ранги Клеопатра дар доми Версачи бари меҳмонхонай Тоҷикистон як доми барҳавой Калонда худуш тоқа зиндагӣ мекна, мардм то ҳозира дар хоноҳой деволош шикофи мечакидаги умр басар мебаранд».

Дар Ютуб ҳаст як наворе, ки зан тоҷикиро ба зур медонад, гиря дорад, мегуяд ёрдам кунед, аз деворҳои хонаам мору келаск мебарояд: «шумо ай анамхели хона бромадагиен, ай ёдтон бромад? Азизмои газетхонак аз ёдт бромад таппак дар болой сарт ай заминой Паркамчи ҷамъ мекадӣ, аловӣ миёвардӣ? Иёра мо ҳамаша медонем. Чашмотон парда гирифтай, акнун кӯр шудед». Ба фазли Аллоҳ ин чашмҳоро боз мекунем мо ва он рӯз наздик аст. «Эмомтапак у дздиёе,ки мекадӣ да Данғара ёдут ҳаст? Бобим қапида бдакт шапалоқош аёдт рафтай хутик?» Мардум ноогаҳ аст, аммо таърих баёнгари ин суханҳост.  «Ту я подчинённы мо будӣ и мемонӣ. Скоро бо, у Сомонии лутит. Ай 65 солой 2013 2014 чи хе дхтарора мерафт выбор мекад. Ахранаҳош мерафтан миёварданш барой истифода барӣ. Ба ҳар як тори муйи ин хоҳарой мо ҷавоб меген. Чихе як модара духтарша дастдарозӣ кад Сомони лути. У зан арзу шикоят накад. Даҳанша бастен, тарсш доден.  2008 буд рафиқой труси Рустам қати ҷияной як номдори Данғара ҷанг шидан. Ҷураҳой Рустам ба корчазанӣ даст задан, ай тарсара омадан ҳатто пул пешниҳод кардан, гуфтан гап ба болора нарава. Мо одиҳам зиндагӣ кнем ранги шмо нодида нестем. Даже ма хдм прсидм ай ҳаму хешм дачаша Пасво попросит кадай, гуфтай бгирш ҳаму дача ай т э беномуси гадои гшна, ту сер набди носерам мембри, инамиқа обу рӯ дорен» . Ин суханҳо шояд дағал бошад бародар вале  қалбу виҷдон ҳар замон азоб медиҳад, чунки ҳамааш рост аст. Ман чандин давлатҳоро сафар кардам, дидам дар ягонҷо Тоҷик сарбаланд нест, аз пушти ин касиф. Тоҷик гуфта фахр мекунам вале дигар миллатҳо дар Аврупо бо ҷӯгиҳои Руминия муқоиса мекунанд, дар СНГ бошад ба ҳайси Чурка.  

  Умедворам бародар сиҳату саломат Ватанамонро ба худамон бар мегардонем ва соҳиб мешавем. Ин ша Аллоҳ

Share This Article