Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №192             

Ислоҳ нет

Маълум аст ки ҳар як ваҷаб замин дар кишвари азизи мо нархи гарон дорад. Чун сарзамини камзамин ҳастем. Аз инҷо аст ки  яке аз манбаъҳои асосии даромади мақомоти раҳбарӣ дар навоҳиву шаҳру вилоёт ин заминфурушӣ аст. Айни замон нархи аз ҳама гарони замин, чи он замин барои кишоварзӣ бошад ва чи он замин барои участкаи наздиҳавлигӣ ва ё барои сохтмони иншоот дар Душанбе-пойтахти кишвар аст. Чунки баъди омадани Рустам ба раёсати Душанбе ҳамаи нархҳо ду то се маротиба баланд рафтанд.

Аммо ин роҳбарон барои масалан сохтмони ҷое, ки ба маърифату илму дониш марбут бошад ва аз онҷо чизе аз даст оварда натавонанд, иҷозат намедиҳанд. Намунаи равшани он талошҳои як журналист дар Файзобод аст, ки солҳост барои як сотих замин наметавонад, ки иҷозатнома бигирад:

                                       Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Дар шаҳри Волгогради Русия ҳастам, муҳоҷири меҳнатӣ. Аз расонаҳои интернетӣ хабару мақолаҳо дар бораи ватанро мехонам. Чашмам ба як матлаби СССР расид, ки дар бораи ноҳияи мо Файзобод навишта буд. Ман акаи Ҳокими Сафарро мешиносам. Дар ҳақиқат он одам солҳои зиёде аст ки мехост як дукони фурӯши нашрияву маҷаллаҳо ташкил кунад. То ҷое шунида будам ваъдаи иҷозатро ҳам гирифта буд. Аммо дар сомонаи газетаи СССР хондам, ки ҳоло ҳам барои вай иҷозати як дукони хурд барои фуруши нашрияҳоро, ки ҳамагӣ як сотих ҳаст надодаанд ва акаи Ҳоким боз ба СССР муроҷиат карда ин матлабро зери ин сарлавҳа навиштаанд:

   «Файзобод: ваъдаҳо дар нӯли зоғ»?   Банда Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳастам. Аз соли 2020 то 2023 барои сохтани 1мағозаи китоб бо дӯкони рӯзномаву маҷалла ба собиқ раисони ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода ва Холзода Бобишо Назрулло бо ариза муроҷиат карда будам.

Мехоҳам дар шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти ноҳияи Файзобод мағозаи китоб ё дӯкони рӯзномаву маҷалла бисозам, аммо онҳо бо ҳар баҳона ба аризаи ман посухи манфӣ дода, ваъда медиҳанд, ки бо пайдо шудани қитъаи замин ҳатман дархости маро қонеъ месозанд.

Соли 2021 собиқ раис Миралӣ Раҷабзода ба рӯзномаи СССР гуфта буд, ки барои сохтани бинои китобхона ва дӯкони рӯзномаву маҷала ба Ҳокими Сафар 00,1 га замин ҷудо кардем, аммо ин дурӯғи маҳз аст, то кунун барои бунёди мағозаи китоб ё дӯкони маҷалаву рӯзнома замин ҷудо нашудааст.

Аз соли 2020 то ба имрӯз дар шаҳрак даҳҳо мағоза, дӯкони гӯшт, 8 дорухона бунёд карданд. Барои онҳо замин пайдо шуду барои сохтани мағозаи китобу газету журнал не!? Шояд мансабдороне, ки ба ноҳияи Файзобод меоянд, намедонанд, ки китобу рӯзнома ба мардум ғизои маънавӣ медиҳаду аз навигариҳои кишвар бохабар мекунад.

Дар шаҳри Роғун дар 2 ҷой, дар шаҳри Ваҳдат дар 4 мавзеъ дӯконҳои рӯзномаю маҷалаҳо ба мардум хизмат мерасонанд. Дар ноҳияи Файзобод бошад дӯкони маҷаллаву рӯзнома умуман нест…

                           Бохтар

 Ассалому алейкум, додарам Муҳаммадиқбол! Ман мефаҳмам, ки кори шумо хеле зиёд аст. Дар барномаи пешина на ҳама фикрҳоямро то ба охир гуфтам. Аз Файзаливу Сангак ва кушта шудани онҳо гуфтам. Аммо

  Дар бораи Фронти Халқӣ ва ҳодисаи солҳои 1992- 1997 ва то имруз, ҷанг, таҷовуз, ғасб, кушторҳои берахмона ва дастаҷамъона, истисмор, дуздӣ, оташзании хонаҳои мардуми Тоҷикистон ва оқибати он гуфтанд, аммо гуфтаниҳо хеле зиёд аст, ки бояд гуфта бишавад. Дар ҷанги бародаркушии Тоҷикистон, на мардуми Тоҷикистон гунаҳкоранд.  Давлатҳои ҳамсоя зиёд гунаҳкоранд. Бояд ин давлатҳо ҷуброни ин ҷанги бародаркушии солҳои 1992- ро  пардохт кунанд. Бо ин сабаб, ки яроқро онҳо таъмин кардаанд. Дар ин ҷанг аз ду тараф яъне мухолифин ва ҳукуматӣ, яъне Фронти халқи дар солҳои 1992 то имрӯз  ба куштору ғасбу дуздии моли давлат ва моли мардуми Тоҷикистон даст доранд. Номи ин шахсон ба ҳама маълум аст. Номи ин шахсон  дар таърихи миллату мардуми Тоҷикистон, албатта, на ба некӣ мемонад! Ва инро хоттиррасон бояд кард, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ин бадбинӣ, нофаҳмӣ ва нобоварӣ  байни мардуми Тоҷикистонро, ки аз соли 1992 то имруз давом дорад нуқта гузорад. Ҳамаи ин нофаҳмиҳо байни мардуми Тоҷикистон ба ҷанги бародаркушии солҳои 1992 оварда расонида буд.

Шахсони дузду ғоратгар, одамкушу бесаводу бе маданият ва тасодуфӣ дар вазифаҳои давлатӣ омаданд. Ин шахсони аблаҳ  бояд, сабукдуш аз вазифаҳои давлатӣ шаванд. Ин шахсони дузду одамкуш, дар вазифаҳои давлатӣ буданашон маънои ба шикаст рафтани давлати Тоҷикистонро дорад.

   Ҳозир дунë дар талаби шахсони босаводу ботаҷриба аст.

  На ба бе саводу дузд ва ғару коррупсионер. Мо инро мебинему мефаҳмем вале худро ба нодонӣ мезанем. Таҷриба нишон дод, ки ҳамаи ин корҳоро сарчашмааш аз ҳамон солхои 1992 мебошад ва то ба имрӯз расидааст. Мо бо чашмони  худ дидем, ки чи хел мардуми Тоҷикистон таҷовуз ва кушта шуданд. Молу мулкашон дуздида шуда хонахояшонро оташ заданд, ва киҳо ин корҳои  пастро кардаанд, ба ҳама маьлум аст.

   Бо як номи мухолифин мардуми Тоҷикистон кушта ва гуреза ба давлатҳои ҳамсоя шуданд. Чаро то имруз ин корҳои ғайриқонунӣ давом дорад. Магар касе аз ин корҳо манфиате дорад?

                                        Рудакӣ

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Рудакӣ бароятон нома мефиристам. Мехоҳам дар бораи як қаллоби гузаро истиқоматкунандаи деҳаи Шарафи ҷамоати деҳоти Зайнабобод, номи пешинаи деҳа Селхозтеника, Иличи ноҳияи Рудакӣ, ки Тошев Саид ном дорад, бинависам.

   Тошев Саид коргари ҳукумат оид ба кишоварзӣ аст. Падараш солҳои пеш мудири ферма ва сипас идораи кишоварзӣ буд, ки аз дунё гузашта шуд.

Ҳамон вақтҳои пеш падарш дар айни оппозитсия як дари масҷидро ба шата мезанад. Ва баъд чанде нагузашта, дар ҳамон вақтҳо ба садама дучор мешавад. Ҳамон пое, ки дари масҷидро зада буд, дақиқан ана ҳамон пояшро аз зону боло мебуранд ва то дами марг як поя мегашт.

Тошев Саид бо нақшаи бародараш Тошев Амир, собик коргари суд, ки айни ҳол ҳамчун як корбар дар суди ноҳияи Рудакӣ фаъолият мекунад, заминҳое, ки дар адир, дар болои хонаи Тошев Амир ҷойгир аст, мардуми оддӣ, мардуми фақир, мардуми бе наво, ки 60% зиндагиашон аз ҳисоби гову мол, ки пода меравад ва бурда дар ҳамон адир нигоҳу бин мекарданд ва аз қафои зиндагии фақиронаи худ буданд.

  Ин коргарҳои суду ҳукумати харомхур Тошев Саид, Тошев Амир бо яке аз раисони Рудакӣ ва раиси ҷамоати деҳоти Зайнабобод, ки аз собиқ то ҳол заминфурӯши дараҷаи1 дар ноҳия ва чандборҳо дастгираш карданд, боз баромад ҳамон корашро давом дод ва то ҳол давом дода истодааст. Ба мардуми камбағале ки, гапзан надоранд,аз қафояшон ҳеҷ кас надоранд, ба додашон ҳеҷ кас намерасад, бовар кунед як заминро се бор мефурӯшад. Заминҳое, ки ба баъзе оилаҳои камбизоат замини президентӣ гуфта медоданд ошкоро Алихон мефурӯхт.

 Номаш Алихон, аз ноҳияи Рудакӣ, деҳаи Кишоварз, ки Ҷугиобод мегуяндаш. Яке аз писарҳои раиси ҷамоат дар Кумитаи замини Рудакӣ кор мекунад, як писари дигараш дар ШВКД -и Рудакӣ ба ҳайси уголовник фаъолият мекунанд. Ин ҳама фаъолияту кор аз ҳисоби заминҳои мардуми бечора аст.

 Бо як фиребу найранг ва як суми кам ба номи Тошев Амир карданд ва он заминҳои мардуми камбағалу фақирро аз они худ кардаву маҳкам карданд дар чашми мардум хок зада как будто боғ мекардаанд. Ва на боғ маълум аст на дигар. Чор дарахти 3 сума шинонданд ва ба ҳамин он заминҳои мардуми бечора, чарогоҳи мардум айлоқи Тошов Амир шуд. Ин корҳо як се ё чор сол шуда буд ва то ҳоло идома дорад. Чанде нагузашта мардуми бечора дар ҳақи ин нафарҳо бениҳоят дуоҳои безеб карданд. Баъди як чанд вақт писари Тошев Амир, ки Бедил ном дорад бо яке аз подставшикҳои вазнин ва наркобизнес аз  деҳаи Алибоӣ, пешина номаш Виҷдон (ин подставшики бе имони наркобизнеси калон Тошмурод номдорад, кличкааш Муха) Писари собиқ коргари суд Тошев Бедил соли тавалудаш 2000 бо яке аз духтарҳои деҳаи худ шинос шуда, ки он духтарро ҳамчун таҷрибадор тайёр карданд дар бизнеси наркотик  ва ҷавононро ҷалб карданд дар ин кор. Номи он духтар Марҷона бо лақаби Гена. Истиқоматкунандаи ноҳия Рудакӣ, ҷамоати Зайнабобод. деҳаи Шараф. Таваллудаш 1997. Дар группаи наркобизнеси калон Муха омада шарик мешавад ва баъд ба тарафи Русия рафта як чанд вақт корро дар он ҷо давом медиҳад. Дере нагузашта мақомоти рус Тошев Бедилро бо як ҳамсинфи худаш, ки номаш Ҷамолов Муборакшо, соли таваллудаш 2000 аст, бо наркотик боздошт мекунанд, 8 солӣ мегиранд. Дар бораи ин духтар ва группаашон баъд суҳбат мекунем.

Дар бораи Тошев Саид. Ҳамин моҳи августу сентябр соли ҷорӣ аз тарафи ҳукумати шаҳр бениҳоят кӯмаки калон барои деҳқонҳои маҳалӣ омад.

  Ин кӯмакҳо бояд тақсим карда мешуд:

Якум: 12 адад трактори миниву култватор.

Дуввум: 10 тонна нитроаммофосу селитра, ки нархи як қопча нитроаммофос 650 сомонӣ аст.

 Севвум: 200 кг пиёзи тухмӣ, ки як килограммаш 600 то 700 сомонӣ аст.

 Чаҳорум: 12 тонна гандуми тухмӣ, ва ғайра таҷҳизот.

Ин кӯмакҳоро Тошев Саид ҳамаашро обу лой кард ва як тракторчаи миниро ба додараш Тошев Расул дод. Баъд ин мардуми бечораву камбағал аз банк қарз карда доруву тухмӣ мехаранду заминҳояшонро мекоранд. Ана ин аст давлатдорӣ ва адолати иҷтимоии ҳукумати Раҳмонов. Боз раиси ноҳияи Рудакӣ генерал собиқ муовини прокурори генералӣ аст.

                                   Конибодом

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Бо будани шумо ифтихор мекунем ва худоро шукр, ки шумо ҳастед. Дар Конибодом як одам ҳаст. Вай одами Шоҳрух Саидзода мебошад. Номаш Юнусов Илҳом аз деҳаи Ниёзбеки Конибодом аст. Ин ҳаромхур ҳамаро подстава мекунад, ба милиса мефурӯшад. Сардори милисаи Конибодомро харидагӣ аст. Заминҳои деҳаи Ниёзбекро ҳамин одам фурӯхт, барои участкаи наздиҳавлигӣ. Ин одамро спонсори раиси шаҳр АбдусаломТухтасунзода мегуянд. Ин одам ҳамаро аз номи Шоҳрух тарсонида гирифтагӣ аст. Руирост мегуяд, ки кришаи вай Шоҳрух Саидзода аст. Ғайр аз Шоҳрух боз вай худро одами Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло сардори УВД-и вилоят  муаррифӣ мекунад. Як кори ҳароми дигари вай ин протсенчикӣ мебошад. Протсеншики калон аст.

Уро Илҳомако мегуянд. Ду сол пеш ба Ниёзбек як шаҳрванди қирғизро меоварад. Номаш Баҳодур Тошматов. Дар қишлоқ касе пулдор аст бо ҳамон шинос карда ба доверияаш медарорад. Илҳом протсент-фоизро баъди як сол ҷамъ карда   Баҳодури қирғизро мегурезонад. Маълум, ки ҳама корҳоро Илҳом ташкил кардагӣ.

 Ду сол пеш коргари Кумитаи замини Конибодомро прокуратура маҳкам мекунад. Ин прокурор, ки ошнои Илҳом аст номаш Мавлонназарзода Алишер мебошад.

  Илҳом Рустамро, ки ӯ коргари кумитаи замин буд дар асл худаш подстава кардагӣ буд. Боз пеши зани Рустам рафта «ман кори шуята ҳал мекунам 160 ҳазор сомон тиед манба  гуфта  аз ӯ мегирад ин пулро ва он занро фиреб дода мегардад»
Рустаму занаш як моҳ ждат мекунад, ҳамаҷо тишина. Пас аз 3 моҳ зани Рустам ба прокуратураи вилоят менависад, ки Илҳом манро фиреб дод.

Баъд Илҳом ба Русия мегурезад ба Санкт-Петрбург меравад. Илҳомро ба розиск медиҳанд. Аммо вай чи коре карда розискашро снимат мекунад ва аз он пас ба ҳамаҷо лоф мезанад, ки ман бо раиси шаҳр, прокурор ва Шоҳрух шинос ҳастам. Кришаи ман Шоҳрух Саидзода аст.  Бинед,ки чизеям нашуд гуфта мардумро тарсонида гаштааст. Ин Илҳом ду зан дорад. Якеаш аз Ниёзбек. Зани дуюмиаш масчоӣ-аз Масчои куҳӣ, Гулӣ ном дорад.

Аммо Илҳом сахт арақ мезанад ва боз лоф мезадааст, ки пули як арақхурии маро Конибодом як моҳ мехурад….

 Ҳозир аҷаб давру замонаҳо шудагӣ аст, ки корди ҳамин гунашахсон болои равған аст. Конибодом дар сангинтарин ҳолат қарор дорад.
 

                            Панҷакент

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман як корманди мақомоти шаҳри Панҷакент мебошам. Дар бораи шаҳри Панҷакент аз Раҳмони рашнагӣ сар карда то прокуратура чизе, ки шумо нашр кардед, ҳамаашро мо хондем ва тамошо ҳам кардем. 100 % он чизҳое, ки гуфта гузаштед рост мебошанд. Охирон мавзуъе, ки дар бораи прокуратураи шахри Панҷакент гуфтед, ҳамааш рост буд. Мо барномаҳои шуморо дида дар шаҳри Панҷакент ба хулосае омадем, ки мо ҳамчун коркуни мақомоти шаҳри Панҷакент номае навишта бошем. Номаи мо дар бораи началник милисаи шаҳри Панҷакент мебошад. Яъне сардори идорае, ки дар он ман фаъолият карда истодаам.

Сардори милисаи шахри Панчакент Ахмедов Шуҳрат аст, ки вай ҳам як хоини давлат мебошад. Вай дар амал зидди қонун рафтор мекунад, на ин ки қонунро муҳофизат мекунад. Дӯсти наздики Рамазон Раҳимзода мебошад. Бе тарсу бе ҳарос вазифаҳоро хариду фурӯш мекунад, мисле, ки дар бозор семечкафурушӣ мекарда бошад. Мисол нархи як вазифаи нозири минтақавӣ (участковий) 5000 доллар, уголовный розыск 10.000 доллар.

 Ба ҳузур, бидуни ибо тамоми корҳое, ки аз қонун берун аст сарукор дорад: наркотик, таҷовуз, дуздӣ ва ҳатто одамкушӣ. Дар ҳамаи ҳамин корҳо Ахмедов Шухрат ҳамроҳ мебошад. Аз ҷинояткорон договор карда пула мегирад. Дар ин кор ба вай ҳамон Азимзода Сарвар, ки ҳоло муовини Прокурори генералии Тоҷикистон аст ҳамдаст аст. Бо вай тамоми ҷиноятҳои вазнинро бар ивази маблағи калон руйпуш мекарданд, ҳоло ҳам ин корашонро давом дода истодаанд.

 Аз рӯзе, ки ин ҳаромхур дар шаҳри Панҷакент ҳамчун роҳбари милиса таъин шуд   ҷинояткорӣ авҷ гирифт.

3 моҳ пеш як корманди уголовный розыск бо номи Қамар дар деҳаи Колхозчиён як одами камбағалро бо мошин зада кушт. Ҳозир дар ҳамон ҷои худаш кор карда гаштааст, чунки вай дӯсти наздики Ахмедов Шуҳрат мебошад.

Яке дигар уголовный розыск бо номи Шоҳиҷаҳон хоҳараш бо як бачаи артист бо номи Суҳроб ишқбозӣ мекард. Ин корманди милиса баҷои онки хоҳари худашро нигоҳ дорад, ин бачаро бо отдел бурда дар пеши чашми сардори милиса Ахмедов Шуҳрат зада ҷоғашро мешиканонад. Ҳеҷ даъвои ин ҷабрдидаро ба инобат нагирифтанд. Чунки тағои ин дар дастгоҳи МВД дар Душанбе кор мекунад, ки номаш Довар мебошад. Ва модари Шоҳичаҳон раиси ЗАГС- шаҳри Панҷакент,  номаш Зарина Фатҳуллозода аст. Дар ҳоле, ки ин кормандон барои мардум бояд намуна шаванд, баръакс фарзанди онҳо муҳтоҷи тарбия аст. Раиси ЗАГС, вақте писараш ҷиноят мекунад, ин чи гуна давлату давлатдорӣ мешавад, ки ҷиноятро худашон содир мекунанд, аммо дар пеши қонун дигар кас ҷавоб медиҳад.

  Яке дигар аз ҳамин тоифа ашхос дар он отдели шахри Панҷакент ҳамроҳ бо мо кор мекунад Далер Фатҳуллоев аст. Далер Фатҳуллоев яке аз хешу таборҳои ҳамин Довар Фатҳуллозода мебошад. Ин бисёр ҳам беадаб ва бадахлоқ аст ки аз қонун наметарсад. Дар вақти корӣ дар ҷои худ нест, касбаш арақнушиву ҷалаббозӣ бо духтарҳо. Ҳатто толибаи мактабхонро таҷовуз ҳам кардагӣ. Аммо ба инҳо ягон кас кордор нест.

  Ахмедов Шуҳрат! Ту ин ҷинояткорҳор нигоҳ кун. Кору касбат фақат пул гирифта ҷинояткоронро ҷавоб додан. Кали худозада бояд ту қонунро ҳифз кунӣ на инки рафторҳои зиддиқонуниро!

Саволи ман ба шумо ин аст ки мақсади дар ҳамин вазифа буданатон дар чист?  Муроот ва муҳофизати қонун ё баракс?

 Бори дигар мегуям, ки аз рӯзе, ки Ахмедов Шуҳрат сардори милисаи Панҷакент шуд якҷо бо Азимзода Сарвар, ки прокурор шаҳр буд, мардум нафаси озод накашиданд. Якоташ рафт-Сарвар Азимзода рафт Душанбе, муовини Прокурори генералӣ шуд, инашро ҳам аз пушти вай фиристдан даркор. Шояд гапи моро мефаҳмида бошанд. Ин хел инсонҳо на танҳо дар Панҷакент, дар ягон ҷо даркор нестанд, аммо бадбахтӣ дар инҷо аст ки боз ҳамин гуна инсонҳо сари вазифа мешинанд.   

  Ман ҳамчун як корманди мақомотии шаҳри Панҷакент ин номаро ба шумо навистам, ки номи давлати Тоҷикистонро ҳамин хел ҳаромхурҳо паст мекунанд. Хоҳиш аз шумо, ки номаро нашр кунед, ки одамҳои дар вазифаҳои боло буда хонанд, гуш, кунанд, ки чи кор карда истодааст. Одамҳои вазифа додагиашон муроҷиат карданду гуфтанд, ки бе фоида аст. Оҳи худамонро танхо ба шумо гуфта метавонему халос.

  Мо санҷида дидем, ки ҳамаи хабарҳое, ки ба шумо мерасад, ҳақиқат мебошад. Аз ҷумла охирон номае, ки дар бораи шаҳри Панҷакент дар барномаатон гуфта  будед дар бораи Азимзода Сарвар 100 дар 100 рост аст. Мо ориентири ғайритабиии вайро медонмстем, аммо мутмаин набудем, ки хабараш то шумо мерасад.

Аз дур бошад ҳам корҳои шумо ҳатман таъсири худро мегузоранд. Ман аз дохили ин ниҳод ҳама ончи мегузарад ба «Ислоҳ» мерасонам. Ман хуб фаҳмидам, ки шикоятҳо номаҳое ба шумо мерасанд ва нашр мекунед ҳатман натиҷа доранд. Чун мо дар инҷо нишаста ончи дар «Ислоҳ» нашр мешавад фармон ба санҷидан мекунанд. Мардум медонанд шикоят ба мақомот бе фоида аст. Дар асл ҳам чунин ҳаст. Ба «Ислоҳ» нависед натарсед Панҷакентиҳо!

Share This Article