Порахориву ришваситонӣ дар Тоҷикистон ба як кори маъмулии мақомот бадал шудааст. Ҷолиб инҷо аст, ки масъулин масалан, дар навоҳӣ аз пора гирифтан на танҳо намешарманд, балки тавҷеҳ ҳам мекунанд, ки «ин пулро фақат худи онҳо намегиранд, барои раис мегиранд, барои военком мегиранд, барои прокурор мегиранд, началник милиса ҳам қуш аст». Ва аз гуфтани ин ҳарфҳо заррае ибо намекунанд ва ошкоро мегуянду мегиранд. Муаллифи номаи аввали ин барнома роҷеъ ба ҳамин масъала навиштааст.
Ваҳдат
Салом бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ аз Шумо розӣ бошад, бо ин заҳматҳое, ки барои миллат ва мардум шабонарузӣ карда истодаед!
Номаи ман дар бораи яке аз корманди ҳукумати шаҳри Ваҳдат, инсони дузду ғоратгар ва таҷовузгар бо ном Давлатзода Вайсиддин аст, пештар дар вазифаи сардори ОКС-и ҳукумат кор мекард. Ин гурӯҳи дузду ғоратгар бо сардории раиси пештараи шаҳри Ваҳдат Раҷабмад Амирзода кору фаъолият мекард. Оид ба қабули иншоотҳо пули калоне гирифта аз шаҳрвандон барои хонаҳои носохта ба маблағи аз 3000(се ҳазор) доллар бештар ва аз домсозҳо аз фурӯши замин барои сохтани хонаҳои баландошёна сар карда то тамоми ҳуҷҷатгузорӣ маблағи хубе мегирифт ва ҳоло ҳам мегирад.
Айни ҳол бошад Давлатзода Вайсиддинро боз барои чунин «дуздиҳои хуб»-аш ба вазифаи сармеъмори Ваҳдат гузоштанд. Ин ватанфурӯш дар Ваҳдат куҷое як ҷойи холӣ ё детский площадка мебинад, ҳатман бо раис маслиҳат карда пешниҳод мекунад ва харидорро ҳам меёбад ва заминро мефурӯшад. Шаҳрро ҳамроҳ бо Раҳмоналӣ Амирзода ҷазирбоду расво намудабуданд.
Ҳоло бошад бо раиси нави шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим кори дуздию заминфурӯшию ғоратгариашро дучанд кардааст. Мутмаинам агар аз тарафи прокуратура ё коррупция аъмоли Давлатзода Вайсиддинро санҷида бароянд, дар номи хоҳару бародаронаш заминҳои обиро барои замини наздиҳавлигӣ ҳуҷҷатгузорӣ кардааст. Мардум бошад солҳо дар навбат меистанд вале соҳиби як порча заминам намешаванд.
Муовини пештараи Ваҳдат як шахсе бо насаби Ятимов буд, ки вай ҳам аз Ваҳдат мебошад. Чунин корро яъне заминҳои нави назди стадиони навро чандтояшро ба номи келину фарзандҳояш карда буд ва бо писараш кадом корхонаи бекорро фурӯхтанд. Амният ӯро дастгир намуд ва ӯро аз кор гирифтанаш. Умедворем, ки нисбати Давлатзода Вайсиддин мақомоти дахлдор тафтиш карда Ваҳдатро аз чунин гуна сармеъмор тоза мекунанд. Хоссатан аз прокурори нав таъин Ҳабибулло Воҳидзода ин хоҳишро дорем. Нишон диҳед ба мардум кор мекунед.
Тахминан 80%домҳои сохта ба итмомрасида ба талабот ҷавобгу нест ва ягон намуд комиссия ташкил карда нашудааст, ки ин домҳоро бисанҷад. Фақат пулро ба Давлатзода Вайсиддин медиҳӣ, тамом, кор ҳал аст. Даруни таҳкурсии дом арматур дорад надорад ба инҳо аҳамият надорад. Фикри ҳаминрӯзаи нафси бади худро мекунанду халос.
Вайсиддин Давлатзода дар гузашта мегуфт, ки агар кадом намуди қарор барои пеши раис даровардани бошем, раис яъне Раҳмоналӣ Амирзода мебинад,ки пул дорад дарунаш баъд имзо мекунад ва агар пул надорад қарори шумо моҳҳо меистаду аслан таваҷҷӯҳ намекунад.
Давлатзода Вайсиддин чунин амалро бо раиси ҷадид Исмоилзода Мирзо Иброҳим давом дода истодааст. Пулро нотарсида мегирад ва корро буд мекунад ва мегуяд, ки ман танҳо нестам: ҳам доляи бачаҳои коррупсияро медиҳам ҳам прокурорро. Ва худаш мегуяд, ки то ҳол дар Ваҳдат раиси нав интихоб ҳам шуд вале ҳамаи корро Раҳмоналӣ Амирзода пеш мебарад. Раҳмоналӣ Амирзода дид, ки инҷо ҷойи равғанӣ аст. Ин раиси ҳозира Исмоилзода Мирзо Иброҳим бо гапу кори раиси пешина Раҳмоналӣ Амирзода кор мекунад. Чи хеле мехоҳанд Ваҳдатро хурда тохту тоз мекунанд. Давлатзода Вайсиддин қариб ҳаррӯз дар тарабхонаи Бухоро дар назди пивзаводи Душанбе ва дискоклубҳо бо ҳамроҳии Карими ДЕУ ва дигар сабзибадастон машғул ба айшу ишрат ва ҳамавақт масту фаҳшо мегарданд. Аз баски Карими ДЕУ спецталон аз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дорад, барои ҳамин дар ҳолати мастӣ ҳам бошанд, мошини инҳоро ҳеҷ кас тафтиш намекунад. Карим мегуяд, ки ин спецталонро аз вазир Раҳимзода Рамазон ман бепул нагирифтаам. Ман чанд километр барои ин вазир то дачаю дигар ҷойҳои маишии онҳоро мумфарш кардам ба ман ин талони махсусро дод (зато буду пользоваться) мегуяд. Ва дар охир ба Давлатзода Вайсиддин гуфтаниям, ки ин раисҳо рӯзе мераванд вале ту барои ҷазиру расво намудан ва барои детский площадкаҳо дар назди мардуми Ваҳдат ва дар назди қонун барои қабули иншоотҳои ба талабот ҷавобгу набуда чӣ ҷавоб медиҳӣ? Ҳозирам фурсат ҳаст. Ҳаромхуриву заминфурӯшӣ ва кошелёки раисҳо шудану лесиданро бас кун. Пештар муйи сар буд, камтар ақл доштӣ. Ҳоло бошад аз ҳаромхурӣ, шаробхурию духтарбозият дар сарат му намондааст ва нур тамоман дар руят вуҷуд надорад
Саломат бошед бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Номаи маро нашр кунед, корафтодаҳо зиёданд, бо нашри ин нома онҳо ҳам ба ҷунбиш медароянду ҳолати Ваҳдат тағир мехурдагист. Мумкин аст Генпрокурори нав Ҳабибулло Воҳидзода аз Юсуф Раҳмон бо қонун рафоқатдортар аст.
Рудакӣ
Номае аз як ниҳоди махсӯс ба «Ислоҳ» расид,ки аз фасодкориҳо ва амалҳои шанеъи Раиси ноҳия генерал Ҳикматуллозода Абдуғаффор мудири бахши фарҳанги ноҳия Рустамҷон ёрдамчии раиси ноҳия ва раиси шуъбаи кадрҳо Исматуллоҷон Исомиддин. Ҷасур сардори ОКС ва …. дигар ашхосе марбут ба ин бандаи бадахлоқ ва… расидааст. Аллоҳ шоҳиду гувоҳ аст хело даст ба амалҳои шанеъу паст мезадаанд. «Ислоҳ» таҳқиқоти бештари худро дар ин замина анҷом медиҳад. Агар ҳар шахсе маълумотҳои дигаре доранд фиристанд, то ин қазияро хубтар ва мӯшикофонатар тақдиматон намоем. Ончи феълан расида воқеан фоҷеъа аст….
Нуробод
Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол ва бародарони мубориз. Ман аз нохияи Нуробод мебошам.
Маълумот дар бораи азоб ва қатлу ғорат кардани мардуми Нуробод пешина Комсомолобод аз тарафи қувваҳои тарафдори Раҳмонов дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ноҳияи Нуробод пешина Комсомолобод ё Дарбанд аз тарафи одамони Файзалӣ Саид одамони бегуноҳ бисёр кушта шуданд.
Гурезаҳоеро, ки аз вилояти Хатлон ба ин ноҳия омада буданд, онҳоро ҳам меқапиданд, вофчик гуфта бераҳмона дар дасту пояш тир ва бо шатаву мушт дар сарашон мезаданд азобу азият дода баъд як тир дар сараш паронида мурдаро ба дарёи Хингоб мепартофтанд.
Мо бар зидди инҳо будем. Чандеашонро асир гирифтем ва аз онҳо пурсидем, ки мақсадатон чист? Дар ҷавоб мегуфтанд, ки моро бо силоҳи оташфишон таъмин карда ба ин минтақа равон карданд ва гуфтанд, ки ҳар кореро метавонед анҷом диҳед ва ҳар ғанимате, ки мегиред, аз они худатон аст. Як гурӯҳи дигараш бо танку БТР гурехтанд ва як танкаи дигараш аз ноилоҷӣ худашро ба дарё партофт. Фикр кард, ки аз дарё баромада метавонад. Аммо таги дарё монд, барои онки таги дарё қум аст, ғутид ва аз дарё баромада натавонист. Ин танкро чор сол пеш хитоиҳо, ки дар лаби дарё шебен кор мекарданд ёфтанд.
Шери Хар як командири ин гурӯҳ дар Лаби ҷар пост ташкил карда буд ва ба баччаҳояш супориш дода буд, ки мошинхо ва автобусҳоро, ки аз Ғарм ба Душанбе мерафтанд, ё ки аз тарафи Душанбе ба Ғарм меомаданд манъ карда баччаҳои ҷавонро фароварда паронанд. Ҷасадҳоро аз баландӣ ба дарёи Хингоб мепартофтанд. Лаби дарёи Хингоб пур аз мурда буд: хуроки сагу рубоҳу зоғҳо шуда буданду мо ин манзараҳоро бо чашмонамон медидем. Мардум метарсиданд, ки ба сари мурдаҳо раванд.
Шери Хар як автобусро дар пости Лаби ҷар манъ мекунад ва ба автобус ворид мешавад. Мебинад, ки як баччаи ғармӣ савор аст. Бо пистолет дар сараш як тир мезанад ва боз ханда карда мегуяд, ки ман фикр кардам пистолет зарижать кардагӣ набуд. Ин Шери Хар аз ҳад гузаронд, ва ин дафъа ба армияаш супориш медиҳад, ки равед хонаҳои мардумро оташ занед ва ҳар кореро метавонед анҷом диҳед. Аз ин кор раҳматии Зубайд -қумандон дарак меёбад. Вақте армияи Шери хар дар мошини Урал барои қатлу ғорат кардани мардуми Обилурд ба деҳаи Обилурд меоянд дар онҷо Зубайд онҳоро окружения мекунад ва тамоми яроқҳои онҳоро бо мошинашон мегирад ва ба онҳо мегуяд, ки шуморо даст намерасонем. Рафта ба Шери Хар гуед, ки инҷоро тарк кунад, равад набошад мо ӯро тенҷ намемонем.
Шери Хар аз ин воқеа хабардор мешавад. Боз ба армияаш фармон медиҳад, ки мардуми Ғармро аз зан то мард ҳамашонро кушед, хонаҳояшонро оташ занед. Аз ин кор марҳум Зубайд қумандон хабардор мешавад. Зубайд ҳамроҳаш12 муҷоҳид дошт. Хуллас рафта дар пеши мазори Холибек дар танаи куҳ тайёр мешаванд ва якчанд муҷоҳиди дигар дар поёни деҳаи Тухчи ва ду муҷоҳиди дигар дар дараи Шуроб поёни дехаи Обилурд тайёр мешаванд. Армияи Шери хар, ки аксаран аз мардуми лақай буданд бо тамоми танку пушка ҳаракат мекунанд ба тарафи Ғарм. Дар таги мазори Холибек аввал як Камази пур аз салдатҳои лақайҳоро бо гранатомет мекафонанду дуввум мошини бензинавозро. Сеюм ду муҷоҳиди дигар дар дараи Шуроб як танкаро мекафонанд. Хуллас задухурд байни муҷоҳидин ва онҳо сар мешавад ва аз саҳар то шом ҷанг давом мекунад. Нафарҳои зиёд аз армияи Шери хар кушта мешаванд. Танкаҳо, пушкаву БТР-ҳо, чанд адад Урал ва Камаз кафонда мешавад. Чандин нафар аз армияи Шери хар ба даштҳову ҷангалҳо ва ба пости Лаби ҷар гурехта мераванд. Аз муҷоҳидин як нафар шаҳид мешавад ва Зубайд дар дасташ тир мерасад ва захмӣ мешавад. Дар ин ҷанг сарбозони лақай Шери Хар сахт шасташон мегардад… Ҳоло боварам кунед агар дар мо ҷанг ҳам набошад вале ҳолу рӯзгорамон аз он солҳо ҳеҷ фарқе намекунад. Танҳо бо роҳҳои дигар мардуми моро зулм доранд чи КДАМ ва чи ВКД ва Прокуратурааш. Ҳар ҷинояте хоҳанд мекунанд ва касе чизе наметавонад бигуяд.
Нуробод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Мо як гурӯҳ ҷавонони шаҳраки Дарбанд ҳамеша видеоҳои шуморо тамошо мекунем. То ҳоло чи видеое дар бораи ноҳияи мо кардед, ҳамааш дуруст ва ҳақиқат мебошад.
Алалхусус ҳамин ду видеои охиратон. Чунки Ибодро дар ҳама ноҳия мешиносанд, ки буз аст. Ва ин гапҳоеро, ки дар бораи вай ба шумо расониданд, ҳамааш ҳақиқат аст. Ман, рости гап, як муддат шуд, ки дар ғарибиам. Бо як дӯстам суҳбат доштам ба қарибӣ. Он нафар аз аҳволи як дӯсти дигарамон ба ман қисса кард, ки аз Русия омад бо риш буд. Чанд муддат гашт ва касе он касро медид, мегуфташ, ки ришатро гир, ки проблемаат мекунанд ва билохира ришашро гирифту пасон ба амният фарёдаш карданд ва гуфтанаш, ки «ту чаро дар сайти Инстаграмат амри маъруф мемонӣ ва ту салафӣ ҳастӣ». Ӯро таҳқир кардаву дашном мекунанд. Вай мегуяд, ки ман чи кори бад кардам? Магар ҷиноят аст ки ман барои шиносҳои худам як амри маъруфро поделитсия карда дар историяи инстаграм мемонам. Ва агар ман ин корро карда бошам ҳам аз Тоҷикистон берун карда будам. Хулоса онҳо ба вай таҳдид карда мегуянд, ки делоят мекунем, аз 2 то 5 сол мешинӣ ва ё 60 000 сомонӣ медиҳӣ ҷавобат медиҳем меравӣ. Вай аз онҷо мебарояду мегуяд, ки чи коре мекунед, бикунед, ман сум надорам. Ва, он бечора аз Русия барои туй кардан омада буд. Ва вақте ин ҳодисаро ба сараш печониданд, дигар маҷбур мешавад, ки туй накунад ва чи суме дошт ба он ҳаромхурҳо дода ҷонашро халос мекунад.
Домулло, ман дар ҳамин ноҳияи Нуробод ба дунё омадаам. оби нушокӣ надорад. Раванду дар даруни кучаҳо давр зананд, раиси ноҳия равад ва бубинад, ки занону кудакон бо сатилу баклашка чи хел дар ба дар об мекашанд ва бисёрии вақт аз Гардангаҳ об меорнад ва аз хонаи Ҷумъабой. Дар ҳамин умри кутоҳи ман ин раис панҷумин раис аст:
Саъдулоев.З, Сияҳмардов, Дустов.Ҳасан, Ҷобирзода.Додарҷон Аммо ягонтои онҳо як обро ба ноҳия оварда натавонистанд. Боз ҳамин раиси нав як, ду кор кард, ки бар падараш раҳмат. Кори аввалине, ки кард ин аст ки биноҳои давлатиро аз он ҳаромхурҳои пешина, раисҳое, ки муфту ройгон шахсӣ карда гирифта буданд, аз дасташон кашида гирифт ва давлатиашон кард. Мардум бениҳоят хурсанд шуданд. Аз дастаи баччаи Сияҳмардов, аз дасти Дустови Ҳасани сиёҳ.
Ба худо имрӯз мақомотҳо аҳволи мардумро дар ноҳияи Нуробод бениҳоят сахт кардагианд. Камтарак риш дошта бошӣ, қапида мебаранд. Мегуянд, ки ту ё хоинӣ, бо гуруҳҳои мухолиф ҳамкорӣ мекунӣ ё салафӣ ҳастӣ. 5 -10 ҳазор сомониатро барои риш мегиранд. Яке аз чунин ҳаромхурҳои золим ин Фаррухи 6-ой отдел аст. Ин аз қишлоқи Тегирмӣ мебошад.
Эй,Фаррух! Аз худо битарсу ба мардум ҷабру ситам накун. Ин шо Аллоҳ рӯзи башморат мондааст. Ман ваъда медиҳам, ки ту барои ҳамаи корҳоят ҷавоб медиҳӣ. Ҳама ончи дори аз ҳисоби мардуми мазлум аст, он ҳама аз ту нест!
Ҳой мардони Нуробод, хезед. Ин ватан ватани мову шумо ҳам ҳаст, бояд аз дасти ин ду-се кашталкашол раҳояш кунем.
Илтимос, бародар, ҳамин навиштаи маро куҷоеяш, ки ғалат бошад дуруст кун. Аммо чи хеле ҳаст чоп кун.
Ба мақомоти Нуробод расонед, ки ба ҷони мардум задаанд, косаи сабри мардум лабрез шуда аст.
Масъалаи ришро сахт қапидагианд. Ҳатто дар масҷид ҳам ғамамон медиҳанд. Фақат аз Эмомалӣ Раҳмонов таъриф мекунанд, аз дастовардҳои набудаи истиқлол гап мезананд. Ин имоми масҷиди калон, ки аз Хумдон аст, кораш фақат ҳамин гуна тавсифу таърифҳои бе асосу нолозим аст. Аз Худову расул тамоман гап намезанад. Кадом рӯзе ҳаст мемурӣ, дар назди парвардигор чи ҷавоб медода бошӣ?
Рашт
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Рашт менависаму маълумот медиҳам. Маълумоти ман аз солҳои ҷанги бародаркуш ва азобу шиканҷаи аскарони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов аст.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар пешина Ғарм ҳозира Рашт бисёрии мардуми минтақа фарзандону хешу ақрабояшон бе ному нишон гаштанд. Ғармро чандин бор ва бисёр ҳам сахт бомбаборон карданд. Тамоми МиГ-ҳо ва чархболҳои Раҳмонов болои ин минтақа меомаданду снаряду бомба меафканданд, то бомбаҳои хушаиву 50 килоӣ партофтанд.
Баъзе бомбаҳо дар ботлоқзор мезаданду намекафидад дар баданашон УЗ ССР навишта буд. Баъд аз ҳамлаҳои ҳавоӣ боз бо танку БТР меомаданду мардумро қатлу ғорат мекарданд ва ҳар коре мехостанд, анҷом медоданд. Мардумро бераҳмона мекуштанд ва ҷасадҳоро дар дарёи Сурхоб мепартофтанд. Чандин муддат мардум аз дарёи Сурхоб моҳӣ намегирифтанд, чунки аз дасти ин одамкушҳо моҳиҳои дарёи Сурхоб аз гушти одам сер шуда буданд.
Маълум буд, ки ҳамаи ин бераҳмӣ бо супориши Эмомалӣ Раҳмонов ба амал бароварда мешуд.
Шукри Аллоҳ, ки муҷоҳидин пеши роҳи онҳоро гирифтанд.
Як вақт муҷоҳидин яке аз нафарони онҳоро ба асорат дароварданд. Аз вай пурсиданд, ки чаро шуморо ба Ғарм барои куштори мо фиристоданд, Мо, ки ҳаммилату ҳамазҳаб ва хешу таборем. Он заложник гуфт, ки моро мусаллаҳ карданд, ки равед ба тарафи Ғарм, онҷо барои худ зан мегиред, мошин мегиред. Рости гап дар ноҳияи мо қалинг вазнин аст, барои ҳамин инҷо омадам, гуфт он нафари ба асоратафтода.
Боз аз забони як муйсафед шунидам, ки гуфт мо дар маркази Ғарм будем. Ҷасади даҳҳо солдатро ба мактаби рақами яки Ғарм оварданд ва ин муйсафедонро гуфтанд, ки мурдаҳоро фароред. Ин муйсафедҳо мурдаҳоро фароварданд ва шаб шуд муйсафедон дар як синфхона то саҳар хоб карданд. Саҳар бошад боз муйсафедонро фарёд карда гуфтанд, ки мурдаҳои солдатҳоро дар мошин бор кунед. Ин муйсафедҳо диданд, ки мурдаҳобе либос ва гулуҳояшон буридагӣ, лабхояшон буридагӣ, олоти мардиашон буридагӣ. Аз байни ин муйсафедон якеаш гуфтааст, ки ин мурдаҳоро мо бегоҳӣ фаровардем, ин хел бе гушу бинӣ набуданд. Дафъатан як силоҳбадаст он муйсафедро се тир зад дар пеши чашми мо ва моро сахт лату куб карданд. Дар инҷо маълум мешавад, ки онҳо кормандони КГБ будаанд ва солдатҳоро худашон пас аз ҷанг аъзоҳои баданҳояшонро шаб бо корд бурида ин корро дар гардани муҷоҳидин мезадаанд, то хашму ғазаби мардумро оранд ва ба Ғарму ғармиҳо бадбин кунанд.
Моҳи сентябри соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Рашт аз тарафи амният як чанд сарбозу афсарро аввал бо гранатомёт ва баъд ба пулемёт ба ҳалокат расонданд ва ин гуноҳро дар гардани Алӣ бедакӣ бор карданд. Алӣ бошад худаш таслим шуда буд ва навораш дар интернет ҳам паҳн шуда буд. Қасам мехурад, ки ман солдатҳоро накуштам. Эмомалӣ Раҳмонов ин наворро надидӣ магар? Асирро парондан мумкин аст? Алӣ Бедакӣ худаш таслим шуд. Агар Бедакӣ қотил мебуд то мурдан зиди ту ва сарбозонат меҷангид, аммо шумо диктаторон худатон ҷуръат намекунед, сарбозоне, ки онҳо кудаканд, ба ҷанг мебаред. Алӣ Бедакӣ медонист, ки кудакҳо гуноҳе надоранд, шумо ҳарромҳо гунаҳгор будед. Алӣ Бедакӣ солдатҳоро накуштааст, шумо ӯро туҳмат карда куштед.
Баъд аз он гуноҳро дар гардани баччаҳои домулло Зайналобиддини самсолиқӣ бор кардед, писаронашро парондед, домодашро парондед ва худи домуллоро зиндони кардед.
Баъд аз онҳо қатли солдатҳоро дар гардани Мулло Абдулло бор кардеду ӯро ҳам куштед.
Эй мардуми тоҷик, ин Раҳмонов, СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода дастонашон олудаи хуни тоҷик аст. Ёдатон бошад, ки Эмомалӣ Раҳмонов гуфта буд курсиро бо хун гирифтам, бо хун медиҳам.
Мо, мардум бояд он бузҳоро, ки имрӯзҳо ба мақомот хабаркашӣ мекунанд, руихаташонро тартиб диҳем. Ва, ҳамин ҳоло ҳам ҳарчи аз дастамон ояд, ба онҳо зарару зиёнамонро расонем, то онҳоеаш, ки дар вазифаҳо ҳастанд, аз вазифаҳо раванд.
Фарзандонатон вақти даъват ба хизмат бошад, монед раванд хизмат кунанд. Ба амният дар ҳар призив баҳорӣ ва тирамоҳӣ пора надиҳед ба пулу пора омухта накунед. Барои коре анҷом додан бояд дар қушунҳо ва қувваҳои мусаллаҳ мардбачаҳо лозим дорем.
Ҳисор
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам ҳамеша хуб бошед. Ман дар Русия дар Ютуб ба воситаи ВПН чанд барномаи шуморо тамошо кардам. Дар яке аз барномаҳоятон дар бораи Муродалӣ Алимардон ва вазири пешинаи савдо Ҳаким Ҳусейнович Солиев падари Зафар Солиев гап задед.
Ман ба шумо эрод дорам. Чаро шумо Солиев Зафарро таъриф мекунед. Солиев Зафар одами бисёрро ба қатл расондагӣ аст. Мисол меоварам.
Давлатов Рашид солҳои пеш худаш дар дастаи таъиноти махсуси вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекард. Ӯро барои як шапалоқ, ки як одамро зад аз кор ронда буданд. Дар Ҷуйбодом ҳамин Рашид он вақтҳо мошини иномарка дошту Маҳмадсаид Убайдуллоев, раис шаҳри Душанбе. Ва баччаи калонии Рашид ОМОН кор мекард. Давлатов Рашид баччаи калониашро хонадор кард. Келини Давлатов Рашид аз кучаи ҳамин Даҷол, яъне Солиев Зафар, рубаруи хонаи Солиев Зафар буд. Соҳиби ду фарзанд шуданд. Давлатов Рашид ё Рашиди каратеист бисёр камбағал аст. Келин, ки ҳамсояи Солиев Зафар буд дар хонаи камбағалона зиндагӣ карда натавонист. Ва келин ҷангу ҷанҷол карда аз хона баромада рафт.
Аз байн чанд вақт гузашт. Як фарзандашро кушта оварда дар назди хонаи Давлатов Рашид монд. Аввал набераашро куштанд, пагоҳи дигараш баччаашро куштанд.
Вақте баччаи Давлатов Рашидро куштанд аз ҳамкорҳои баччааш пурсид, ки баччаи маро кӣ кушт? Худораҳматӣ дар ОМОН кор мекард. Дар ОМОН гуфтанд, ки мо намедонем.
Чуноне гуфта шуд Давлатов Рашид худ дар гузашта дар дастаи таъиноти махсуси ВКД кор мекард. Дар посух Рашид ба ОМОНҳо мегуяд, ки чи тавр шумо намедонед, ки писари ман дар бари шумо буд? Савол ба миён меояд, ки чаро келини Давлатов Рашид тюрма нашишт?
Барои он ки келини Давлатов Рашид ҳамсояи Солиев Зафар аст.
Солиев Зафар ё Зафари Даҷол келини Давлатов Рашидро, ки ҳамсояашон мешуд, халос кард. Ҳамон рӯз ҳам набераашро куштанд, ҳам бачаашро, ки дар ОМОН буд. Дар ҳоле, ки субҳи он рӯз дар амалиёт буд. Чи хел куштанд, ки ҳамроҳонаш намедонистаанд. Беҳад сир аст. Рашид хеле одами хуб аст.
Ман дар як чиз ҳайронам, ки чаро бозори ҳамин одамро нагирифтанд?. Муродалӣ Алмардонро лублуч карданд аммо аз они инҳоро даст накарданд. Ин саволи оддӣ. Духтари президент бозори ҳаминро бояд мегирифт. Бубинед, Султони Кабирро килет карданд, бозори «Осиё»-ро килет карданд. Аммо бозори инҳоро нарасиданд. Бозори Балх аз ҳамин Солиев Зафар аст.
Ман мегуям, ки бачаи Рашидро Солиев худаш куштагӣ аст.
Суҳайлӣ баччаи имомхатиби Ҷуйбодомро ҳам ҳаминҳо куштанд. Қорӣ имоми масҷиди совхоз буд ва бачаи вай Суҳайлӣ ном дошт.
Хоҳари Солиев Зафар пеши ҳамин меомад. Се- чор мусафед қоримомро маҷбур мекунанд, ки «биё хонаи министр брем, хай хубу ганда ягон фалокат накунанд бачаҳои ёш». Мегирнад қоримомро хонаи министр мебаранд Хиёл кардааст, ки қоримоми масҷиди совхоз хонаи ман талбиданӣ омадааст. Мебарорад пешаш панҷсад доллар мемонад, ки имом мегуяд, ки мо хонаи ту ба сари пул наомадаем ба сари духтарат омадем. Дар хонаи министр ҳама розӣ мешаванд, ғайр аз ҳамин Зафар. Писари калониаш Алишер розӣ мешавад, ки «хоҳари мо ҳамин хели гуҳ хурдай, э хай бтему брава». Оқибати кор ҷасади Суҳайли писари қоримомро дар пеши даҳум базаи Ленинский, ҷои мошинсозкунӣ кушташуда пайдо карданд. Зафарро ин гапи қоримом, ки мегуяд хоҳаратро надодӣ «хай ҷамъуш кун ҳаррузай хонаи мо меравад» ,алам кардааст. Аммо касе аз мақомот пушти кофтукоби ин қазия нашуд.
Баъд дар бораи Раҷабалӣ Давлатов. Ҳайкали уро оварда дар пеши ферма мондаанд. У говҳоро қаровулӣ мекунад? Ҳайкалаш пеш дар назди Идораи совхоз буд, тарафи Роҳи Оҳан Онҷоро ҳам фурухтанд.
Боз як мисоли дигар меорам. Эшони Тоҷиро мешиносед- раиси ҷамоат. Бовар кунӣ накунӣ идораи ҷамотро фурухт соли 2004 ё 2005, бинои калон буд. Интихобот дар даруни мактаб гузшт. Як меҳмон меояд меҳмонро рост мегирад мактаб меояд. Зали мактаб. Ҳозир идораи ҷамоати мо дар як параи болнитса аст. Се-чор ҳуҷраашро гирифта идораи ҷамоат карданд. Ҳамин қадар одам фиреб кард, ҳамин қадар заминҳоро фурухт. Аммо чаро ин Давлатбек нашишт? Чунки кришааш ҳамин Солиев Зафар аст.