Номаҳои фиристодаи шумо тавассути мақомот ҳатман расидагӣ ва баррасӣ мешаванд. Мақомот тазоҳур мекунанд, ки намебинанд. Аммо ҳатман мебинанд ва месанҷанд. Чунки онҳо фаҳмиданд, ки ончики дар «Ислоҳ» чоп мешавад ифодаи ҳолату воқеияти рӯз аст. Инки «фабрикаи ҷавоб»-у Авангард аз нав фаъол шуданд ва ҳамарӯза садҳо навиштаи беасосу бемаънӣ бар зидди мо чоп мекунанд, як далели равшани он бошад, ки режим беш аз пеш дар гирудору набарди мафкуравӣ бо шикаст рубару мешавад, далели дигар навиштаҳои худи шумо аст ки аз натиҷа ва асароти номаҳои чопшуда ба мо маълумот мефиристед.
Номаҳои омада аз Кушониён ва Нуробод далели раднопазир ба ин гуфтаҳои мо аст:
Кушониён
Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол. Мо чанд вақт пеш дар бораи раиси ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён ба шумо нависта будем ва шумо ҳам нашр кардед.
Бо баракат ва шарофати барномаи Шумо ӯро аз кор гирифтанд. Муроди сиёҳ ном дошт. Ман фикр намекардам, ки барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и «Ислоҳ» ин тавр таъсир мегузарад. Фикр мекардам, ки онҳо навиштаҳои «Ислоҳ»-ро дар мадди назар намегиранд, аҳамият намедиҳанд. Вале дидам, ки ин барномаҳо бисёр фоида доштааст. Муроди сиёҳро аз вазифа гирифтанд. Ду сол пеш вай раиси ҷамоати Кушониён буд ва ба сабаби заминфурӯшии ғайриқонунӣ дастгир шуда буд. Як моҳ дар СИЗО шишт вале бо кумаки Раиси ноҳия Икромиддин Вализода писари Сироҷи Валӣ боз баромад ва боз раиси ҷамоат шуд. Дар бораи вай дар «Номаҳо…» тахминан ду моҳ пеш чоп шуда буд. Аз байн ду ҳафта нагузашта аз вазифа гирифтанаш. Вале боз дар военкомати ноҳия чи вазифае гирифт. Барои аз облава наҷот додани як ҷавон танҳо барои як призив (мавсим)5000 сомонӣ бо корманди кумитаи амният мегирифт. Вақте раиси ҷамоат буд, барои як справка аз сӣ то чил сомонӣ мегирифт. Бо ҳамроҳи танзим барои иҷозати як туйро гузаронидан то 500 сомонӣ мегирифт. Ва боз маҷбур мекард, ки ба ягон газета обуна шавед.
Мо, инҷо чандин нафар ҳастем ва ба ин қарор омадем, ки минбаъд барои шумо бештар менависем. Ба шумо барори кор мехоҳем. Аз сокинони ноҳия хоҳиш менамоем ҳатман нависанд ноадолатиҳое мебинанд ва натиҷаашро бо чашмони сарашон мебинанд.
Роғун
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!
Аз Роғун бароятон менависам. Дар тарафҳои мо мардумро дар деҳаҳо ҷамъ намуда маҷлис гузаронида дар бораи интихобот ва хизматҳои беназири пешво гап зада истодаанд. Фақат таърифу тавсифи пешво аст кору бор ва зиндагию давлату давлатдорӣ.
Аз аввали феврал, ҳоло, ки фармони барои облава набаромада, дар тамоми Роғун ва деҳаҳои атрофи он облаваро сар кардаанд
Як баччаи амакам бечора тавалудаш 1999, ҳоло ҳам бе зан. Ҳамин як моҳ пеш рафт аз Русия фотиҳааш карданд. Ҳадаҳо военкоматҳо ба сараш рафтанд. Боз бечора омад Русия.
Деҳаи мо Чашмаи кулоҳ ном дорад. Ба шаҳри Роғун дохил мешавад. Як намуд ҳаромхурӣ инҷо рафта истодааст. Мардум аз дастаи аблавачико талхакаф. Аммо яктоаш наменависад. Ҳамаи баччаҳои нав зан гирифтагӣ, як хел ҷавонҳои безан, ки 25у 26 солаанд аз Русия меоянд, як ҳафта наистода, ки аз военкомату ҷамоат ба сарашон меоянд. Фарқ надорад, ки замистон аст, то облава вақт ҳаст ё не. Мавсими облава ду моҳ тирамоҳ, ду моҳ баҳор аст. Аммо инҳо зимистон ҳам меоянду тобистон ҳам. Корашон пулканӣ. Ҷавонҳои нав зан гирифтагӣ, бечораҳо пеши наварусонашон серӣ наистода по ба фирор мегузоранд. Як рӯзи сиёҳу бад дорем дар Роғун. Ин ҳолат то кай давом мекарда бошад?
Нуробод
Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол. Ман аз деҳаи Сари Қош, ҷамоати деҳоти Хумдони Нуробод мебошам. Ман дар бораи Баҳриддин Асоев раиси маҳаллаи деҳаи Сари Қош маълумот доданиам.
Бародар Муҳаммадиқбол, мо барномаҳои шабакаи «Ислоҳ»-ро бисёр тамошо мекунем ва дар ҳақи нависандаи он номаҳо аз Нуробод, ки дар асоси онҳо чанд барномаи махсус нашру пахш кардед ва дар ҳақи шумо муборизон дуо мекунем. Дар ҳақиқат дар он барномаҳо ҳам дар бораи ин нафар-Баҳриддин Асоев ва ҳам дар бораи бузҳои ноҳия маълумоти дақиқ ва рост гуфта шуда буданд.
Ҳозир, чанд вақт мешавад, ки Асоев Баҳриддин дар пеши баъзехо мегуфтааст, ки касе моро нависта ба «Ислоҳ» додааст мақомот хоҳем нахоҳем, дер ё зуд ӯро дастгир мекунанд. Боз гуфтааст, ки агар мақомот ӯро дастгир кунанд, шиканҷаи сахт медиҳанд, то ба дараҷае, ки мурдаи Ленинро ба кала мегирад.
Бубинед ин бешарафон Ленинро пешвои худ медонанд. Ин бузҳои маҳалла мегуянд, он касоне, ки моро ба «Ислоҳ» навистааст, даракашро ёбем аз деҳа пешаш мекунем ва дар рӯзҳои мусибаташ иштирок намекунем, токи ба дигарон дарси ибрат шавад. Бубинед, ин бешарафон боз номусашон омадааст, тавба.
Э.Баҳриддин бас кун, ки ҳоло феълан фурсат дорӣ. Аз раиси маҳаллагӣ барову бас кун, худатро аз мақомотҳо дур кун ва эҳтиёт бош, ки оҳи ин мардуми мазлум туро ба хорӣ мекашад.
Душанбе
Ассалому алайкум ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!
Ман Валиев Дилшод (ном иваз шудааст) сокини маҳаллаи Гулпарвар. Дар бораи раиси маҳаллаамон, ки ӯро Ширин ном аст боз баъзе маълумотҳо дарёфт кардам. Ин раиси касифи ҳаромхур қасам ба бузургии Аллоҳи меҳрубон худи ҳамин саҳар як ҳамсоя туй дошт, духтарашро гусел мекард омада онҷо нанишаста разветка карду рафт. Аз пасаш участковийи Гулпарвар бо ҳамрохи як милитсияи дигар омаданд ва ҳама ҷоро сурат гирифта соҳибтуйро, ки устои мошин мебошад 10 ҳазор сомониашро канданду рафтанд. Ин касифи ҳаромхур мардумро чунон ба дод оварда аст ки то бас гуфтан. Валлоҳӣ касам мардумро ба ҳар воситае набошад мефурӯшанд, ки ҳатто метарсанд номи ин бадбахтро гиранд. Ин ҳаромхур дар чор вазифа кор мекардааст. Проводники поезд дар хатсайри Душанбе- Тошканд, автошкола кушодагӣ, раиси маҳалла ва боз бузи чусту чолок. Ин хел бузи бе раҳмро надида будем. Нону намаки мардумро хурда боз мераваду мефурушад. То кай ин шиканҷаҳо идома меёбанд.
Як ҳамсоя дошт бо тахаллуси Сергей. Ин ҷавон ҷавони ҷасуру спортсмен буд, ки гапзаниаш намемонд. Ин ҷавонро подсавит карда суд кард, баъд пару болаш кушода шуд.
Ман намедонам шояд маро имрӯз ё фардо мақомотҳо вардоранд. Лек ман масъулият гирифтам то ки ҳамин номаро ба шумо фиристам ва шояд ҷасорати мардумро камтар боло барад.
Агар сари роҳи ин бадбахтҳоро нагирем, чунки ин бузи мода шудагӣ. Бузҳо байни ҳам «саринаваниярам» мекунанд. Тоба.
Ширин ҳар моҳ мардумро ба тайёрии ҳарбӣ ба ҷанг ба стадиони Автосентр ноҳияи Фирдавсӣ даъват мекунад. То комиссия аз ҷониби Дастгоҳи президент омада тафтиш мекунад, ки оё мардум тайёранд ба ҷанг ва ҳимояти пешво. Охир пас аз ин ҳама зулму ситаме шумо мекунед фикр мекунед ин мардуми зери зулм қарор гирифта аз шумо ҳимоят мекунанд?
Як адад трансформатор оварда шинонданд аз ҳисоби давлат. Аммо боз аз мардум 200 долларӣ ҷамъ карданд. Баъзе аз бузҳои дигар дар атрофаш ҳастанд, ки фақат ӯро таъриф мекунанд ва корҳояшро пеш мебарад. Яктои ин бузҳо Неъмати магазинчӣ, ки мардум уро Неъмат-машеник ном мебаранд. Дигараш Обид, ки камазист аст. Ин ҳаромхурҳо оби нушокии барои 80 хоҷагиро ба 300нафар фурӯхтанд, ки дигар обро зора кунӣ намеояд, мисли хоҷа боғ дорӣ шуд ин об.
Мардум ба Худо ҳама барномаҳои шуморо тамошо мекунанд вале ҷасорат надоранд, метарсанд. Руҳияи ин мардумро боло бурдан даркор, то ки бедор шаванд. Шумо барномаро нашр кунед, ман ташвиқ мекунам то ҳама бинад. Барномаҳои шумо ба мардум ҳатман таъсир мекунад.
Шумо маро яке аз сарбозони лашкари муборизон ба мисли худатон донед. Чунки ман дар роҳи мубориза ҳамавақт тайёрам ва барои ҳамкорӣ бо шумо ҳам тайёрам.
Эй, кош рӯзе шаваду Аллоҳ шуморо ва моро пирузӣ бидиҳад. Мисле, ки ба намози ҷумъа мерафтам. Ба сафи Наҳзат модарҳову хоҳарҳо медаромаданд. Дар масҷид мавъизаҳо озод буд, саволу ҷавобҳо мешуд.
Валлоҳӣ аз рузе, ки Наҳзатро бастанд, масҷидҳоро бастанду мо хомуш истодем, боз сатрҳоро гирифтанду хомуш истодем дигар чи коре кунанд, карда истодаанд. Ин чи зафиӣ ва номардӣ аз ҷониби мо буд, ки истодагарӣ накардем. Ҳозир ба масҷидҳо рафтан барои гуш карлани таърифҳои Раҳмонов меравӣ. Охир ҳамон таърифҳоро аз ТВҳо мешунаванд мардум дар соатҳои барқ доштанашон. Боз масҷид меоянд ба ҷое Худову Расул шунаванд, боз пешвои шайтонро мешунаванд.
Имом мунофиқ аст, аммо мо аз пасаш намоз мехонем. Аниқ медонӣ, ки имом хатибе аз пушташ намоз мехонем як мунофиқ аст, боз меравӣ чун дигар илоҷе надорем. Вой бар мо! Дар бораи лампочкаи каммасраф, дар бораи Эмомалии тоғут мавъиза мекунад. Дар бораи сулҳу салоҳу тинҷиву оромӣ ва шукри истиқлолу шукр аз Раҳмонов мегуяд.
Хаёл мекунӣ, ки масҷид гиря дорад.
Ба Худо қасам ватан шумоҳоро пазмон шудааст, Ҷавонмардони роҳи росту роҳи Ҳақ аз дур ҳам бошад дасту пешонии шуморо мебусам.
Аллоҳ тезтар ва зудтар шуморо ва ба тавассути шумо ватанро пирузӣ диҳад. Мо дар ватан дар интизори шумоем ва моро насиби гузоштани намози фатҳро чуноне дар барномаҳои минбар мегуед насиб намояд.Омин…
Ваҳдат
Салому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Ваҳдат ҳастам. Ин хабарро ба шумо мерасонам. Сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД Ваҳдат Иззатуллоев Акмалҷонро кормандони коррупсия дастгир намуданд. Аввал 30ҳазор сомонӣ мегираду ба касе медиҳад ва боз барои худаш 24ҳазор сомонӣ мегираду ба ҷабрдида бисёр зулм мекунад. Ба ин маблағи беҳад калон қонеъ нашуда боз як буқаи калони ӯро талаб мекунаду мегирад. Ҷабрдида рафта ба коррупсия муроҷиат мекунад. Кормандони коррупсия дар хояи буқа пора менависанд ва ба ин баднафс медиҳанд баъди гирифтани буқа рафта буқаро аз хонаи як қассоб ҳамчун вешдок мегиранд ва ӯро дастгир мекунанд. Ин Акмалро бори 2юм аст ки дастгир мекунанд. Бори аввал ӯро пул дода халос карданд. Падари ин Иззатуллоев Акмалҷон, Акобир Иззатуллозода Акобир прокурори пешинаи Ваҳдат мебошад ва чанд сол дар ноҳияи Мастчоҳ ҳам прокурор буд. Хуб дар ёд дорам чанд барнома дар мавриди падараш дар гузашта нашр намуда будед. Гуфта будед ӯ одами Азизмои газетхонак будааст ва ҳамаро задагӣ. Ҳоло намедонам дар куҷо кор мекунад. Акмал сардори шуъбаи тафтишоти милисаи Ваҳдат бисёр одами баднафс аст. Кори ягон касро бе гирифтани пора буд намекард. Дар ҷони халқи Ваҳдат задагӣ аст. Ба монанди падараш як золим мебошад. Падараш дар солҳои прокурор кор карданаш дар мошинаш автомат дошт, бо силоҳ мегашт. Мардумро зиёд шикаста хурдагиаст. Дар Ваҳдат заминҳои корами обии зиёдро аз они худ кардааст. Айни ҳол даводав доранд, ки кори Акмалро ҳал кунанд.
Бародар имкон бошад ин навиштаи маро зудтар расонаӣ кунед, ки ин золимону ҳаромхурҳо мувофиқи гуноҳаш ҷавоб диҳад дар назди қонун. Мо медонем, ки барои инҳо қонун вуҷуд надорад. Чунки Раҳмонов худаш золим аст ва дар муддати 33сол фақат ҳаромхуру золиму расво тарбият кардааст. Акнун мебинем Ҳабибулло Воҳидзода дар қазияи Акмал Иззатуллоев чи ҳукме талаб менамояд. Вақте як зан ва модари тифли ширхора дошта Рухшона Ҳакимоваро 8 сол ҳукм дод ин порахури гузароро чанд сол медиҳанд. Агар Азизмо дахолат кунад ба фикрам боз дубора дуздияшро давом медиҳад. Саломат бошед бародари гиромӣ барои нашри шикоятҳои мардуми бе дифоъ!
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман шоҳиди як ваҳшонияте ҳастам, ки натавонистам дар дохили худам нигоҳаш доштам ва ин бори аввал аст ки ба шумо нома менависам. Барои он маҳз ба шумо нома навиштам. Чунки медонам расонаҳои дохилӣ онро чоп намекунанд. Гап дар бораи чи меравад?
Духтур, одам мурда истодааст, сум надоред гуфта табобат намекунад.
Як ҳамсояи синфи 7доштам. Ӯро бо пои худаш, бо пои равон соати сеи шаб бурданд, соат 10 шуд. Мо ин тараф медавем, он су медавем, мегуем, бибину табобат кун, намебинанд. Ин баччаро чи уколе карданд, ки реаксия дод, мурд. Як кудаке буд, ки фақат номи Аллоҳ дар забонаш буд.
Ин кудак ду руз грипп-сармохурда буд. Соати сеи шаб мешавад, ки дар хона як дасташ шох-карахт мешавад. Падараш бо як нафар аз хешовандонаш бо мошин ӯро ба бемористони «Ёрии таъҷилӣ» мебаранд. Як сузандору мекунанду мегуянд, ки бемористони «Истиқлол» бубаредаш. Ӯро ба бемористони Истиқлол меоваранд. Вай дарунакӣ температура доштааст. Аммо дигар чашмашро накушод. Ман соати 4и шаб рафтам. Дар ошёнаи аввал носилка мондагианд. Пурсидам, ки магар инҷо ягон духтур нест? Ин кудак сапсафед шудааст, карахту шахшуда. Як беваи 60 сола буд, гуфт ман врач ҳастам.
Гуфтам чаро намебинед, кудак тамом карда истодааст, вазъи сиҳатиаш бисёр бад. Ин хонум гуфт, ки врачҳое, ки мебинанд хобанд. Як медбрат меояд, чашми кудакро мекушояд, ягон садо нест. Соат 8 шуд. Ин қадар ҷавонҳои таҷрибаомуз-практикантҳо меоянд, нигоҳ мекунанду мераванд.
Пас, рафтам кабинети врачҳо, ки ягон даҳ нафар истодагӣ ва байни ҳам «инаш ба инаш мегуяд «камбағалай намегирем». Дарро кушодаму гуфтам кудак синфи 7 асту 13 сола мебошад. Як шаҳбачаи тайёр аст. Лаънатӣ, барои сум шуда нигоҳ намекунӣ? Ту мурданӣ нестӣ? Ин гапҳоро ба врач гуфтам. Агар кудак мурад чи ҷавоб медиҳӣ? Аз нисфи шаб аст, ки кудакро овардагианд. То аппарати президент менависам. Мурданат беҳ аст. Ту хондӣ врач шудӣ, маошат, ки намерасад рав Русия сторйка кор кун, мисли дигар «дипломдорҳо».
Бародар, бовар мекунед, мо инҷо дар чи ҳолу рузем, ҳатто уборчиста сум мегуяд. Даҳани дар шиштагӣ. Баромадану даромадан сумакӣ. Хурокро ба бемор бурдан сумакӣ.
Дар даҳлез ягон сӣ нафар духтурҳо ҷавону пир гашта истодаанд. Эй гуфтам, мурданатон беҳ аст, мурдахурҳо. Як зан мегуяд, ки ҳамин апаро сиёмка кунед. Ба хиёлам ягон кас накард. Мардум гуфт, ки «хубшон кардӣ».
Сипас кудакро ҳамон враче,ки дашном кардам гирифт. Бурданд, томография карда 500 сомонӣ гирифтанд. Лекин кудак уже мурда буд. Гуфтанд, ки равед аз фалонҷо хун биёред. Овардем. Боз намедонам фарёд карданду боз аз амаки кудак чанд сум гирифтанд.
Дар охир гуфтанд, ки ин баччаро бояд дар бемористони «Ёрии таъҷилӣ-Скорий» укол намекарданд. Ин температураи дарунӣ дошт, мумкин набуд. Маро фарёд карда гуфт: боз нанависӣ, бисёр дашном додӣ, медонам аз сухтанат буд. Хайр кудакатон вазнин. Ман гуфтам аз соати 3 шаб барои чи дар Истиқлол врач нест? Мегуяд, ки дар беморхонаи калон дастгоҳи томографӣ кор намекунад. Ман ҳайрон шудам, ки наход дар як беморхонаи калон томография набошад?
Бародар, агар историяи ин духтурҳоро 10 рӯз нақл кунӣ, тамом намешавад. Тамоми духтуру мактаб ҳамин история, ҳамин ҳолу ранг.
Масалан дар мактаб партаи пеши синфхона ставка дорад-100 сомонӣ.
Охир кадом мусибатамонро гап занем. Намедонем, кай мо аз ин зулм наҷот меёбем. Охир ин чи давлату давлатдорӣ ва ҳимоят аз аҳолӣ ва шаҳрванду сокини пойтахти як кишвар аст. Вой ба ҳоли қишлоқҷойҳо ва ноҳияҳои дурдаст,ки ҳоли онҳо бидуни шак хеле вазбин аст ва ҳар рӯз мемиранд.
Нуробод
Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман як модар аз ноҳияи Нуробод мебошам. Ман барномаҳои шуморо бисёр тамошо мекунам ва дар ҳақи шумо муборизон ва муҷоҳидин дуои хайр мекунам. Парвардигоро, ҳар куҷое бошед дар зери раҳмати Аллоҳи меҳрубон бошед ва он рӯзе, ки шумо ба ватан бармегардед, он рӯз, рӯзи озодии миллати мазлум бошад. Омин!
Ман пеши Худо зори дорам, ки дар Тоҷикистон ҳамаи амалҳои диниро озод бубинам ва ҳамаи занҳои мусалмони тоҷикро дар сатру ҳиҷоб бубинам, хондану таълими Қуръонро озод бубинам. Омин.
Мухаммадиқбол ман туро мисли баччаҳоям дӯст медорам. Аз барои Аллоҳ, ки мисли фарзанди худам дӯстат медорам ва дар ҳақат дуо мекунам. Кош фарзандони ман ҳам ба мисли ту олим мешуданд ва дар роҳи ҳақ зидди тоғутҳо мубориза мебурданд.
Ман ин номаро ба Русия равон кардам, то ки ба дасти шумо расад ва нашр намоед.
Ман аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов инчунин рӯзҳоро боварӣ надоштам, ки аз сари зани мусалмон ҳиҷобро мегирад, риш монданро ҷиноят мегуяд ва барои сатру ҳиҷоб кардани занҳо ва риш мондани мардҳо ва барои дар мағозаҳо фурӯхтани сатру ҳиҷоб қонун баровардааст, ҷарима супоранд.
Ман аз тамоми модарону падарони мусалмони тоҷик хоҳиш мекунам, ки фарзандонатонро барои наврузӣ ва барои пешвози Эмомалӣ ба маршировка намонед рафтан.
Ҳама дар як гап бошед. Мақомотҳо ҳеҷ кор карда наметавонанд.
Мешунавам, ки агар духтароне дар маршировка иштирок накунанд, мақомот аз волидони онҳо бо роҳи тарс додан пул мегиранд, гуё ту зидди маъракаи сиёсӣ баромадӣ, фарзандатро намондӣ иштирок кунад, ту наҳзатӣ ҳастӣ. Бо ин роҳҳо тарс медиҳанду пул мегиранд. Ёки духтаратро баъд аз хатми синфи 9 ба мактаб намони рафтан дар ҳол мақомот ба сарат меоянду ҷаримаат мекунанд, ё ки бо роҳи тарс додан (2000)-ду ҳазор сомонӣ мегиранд.
Инро бояд бигуям, ки мо модарон бетараф нестем. Мо ҳам аз Худо метарсем, азоби қиёмат душвор аст. Бовар кунед, дилам аз ин ҳукумати фасодзада мондагӣ аст. Ояндаи фарзандону набераҳоямон чи мешуда бошад?
Ё Худоё ба зудӣ ин чунин золимоне, ки зидди дин кор мекунанд, сарнагунашон гардон, омин!
Эй, мардум аз гуруснагӣ ва ташнагӣ натарсед. Як лаҳзае аст ки ин авлоди Раҳмонов сарнагун мешавад. Ин шо Аллоҳ ҳақиқату адолат пайдо мешавад. Ин шо Аллоҳ ҳамаи мардуми шарифи тоҷик зиди як авлод мехезанд.
Ба Худо қасам аз ин ҳукумат наметарсам. Фақат тарси Аллоҳ дар дилам ҷой шудааст. Болои ин ҳукумати тоғут ҳақ ҳуқуқҳои худамонро даъво дорем. Худоё нигаҳбони ҳамаатон бошад, муборизони роҳи Худо. Омин.