Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №137

Ислоҳ нет

Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳар суханрониву баромадҳояш мардумро аз хушксоливу дигар ҳодисаҳо тарсонида ҳушдор медиҳад,кибарои ду сол захира кунанд. Дар бораи инки ду сол масалан картошка,пиёз ё сабзӣ ва ё гушту руғанро ин мардум,ҳатто агар қоибилияти харидорӣ дошта бошанд, дар куҷо ва чи тавр захира кунанд, чизе намегуем.  Вале бубинед, ки худаш ва бачаҳову духтарҳову домодҳои бешумораш нони руи дастурхон ва кабудии ғизову коғази ташнобашонро азкуҷо таъмин мекунанд ва як бори бовар кунед,ки бо ин гадогушнаҳо тоҷик як қадам ба пеш навемравад:

                       Бохтар

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман солҳо дар вазорати молияи Тоҷикистон дар Раёсатҳои мухталифи он кор карда ва ҳоло бознишаста шудаам. Шоҳиди бисёр корҳое шудам, ки агар дар шуравӣ ин корҳо рух медод, худи ман ҳам ҳатман инвақт дар кунҷи зиндон будам. Инро бигуям, ки ман ҳоло дар Русия ҳастам ва ду соли пеш ба нафақа баромадам. Аз давраи вазирии Ҷаноби Лафизов дар вазорати молия кор кардаам. Аммо ягон вазирро дуздтар аз Сафаралӣ Наҷмиддинов надидам. Ҳозир бошад, махсусан дар даҳ соли ахир тамоми суми бюҷет барои расходи меҳмонони баландпоя ва расходи хариди озуқаворӣ ба ҳама гуна ҷашну маросимҳо фақат ба воситаи ширкатҳои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмонов, бачаву духтару домодҳои вай сурат мегирад. Ва ин ҳама миллионмиллион сомонии бюҷет таҳти контролу истифодаи Озодаву Рустам харҷ мешавад. Ин системаро Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмонова, ки он вақт муовини вазири молия буд, ташкил кард. Идея ва иҷрои он аз Ҷамолиддин аст. Чунки дар аввал асосан ширкатҳои Озода, яъне худи Ҷамолиддин ин харидҳоро анҷом медод. Дертар Рустам ҳам фаҳмиду ба он шарик шуд. Чунки дар инҷо миллионҳо, такрор шавад ҳам обу лой мешавад ва аз тарафи дигар аз ҳамин ҳисоб хариди хонаҳои худу наздионашонро ҳам анҷом медиҳанд. Як мисол меоварам. Наврузгоҳ ва Кохи Навруз маҷмаии давлатӣ нест. Аммо он пурра аз ҳисоби бюҷети давлатӣ сохта шуд ва онро ба Рустам доданд. Ҳозир ҳарчи меҳмоне меояд вазорат ва ё ҳар идораи масъул меҳмононро дар толорҳои кохи Навруз қабул мекунад ва ҳамонҷо семинарҳо баргузор мешавад. Кохи Навруз аз ҳисоби иҷора аз бюҷет барои пазироии меҳмонҳо пул мегирад ва тамоми хурока ва маҳсулоти барои меҳмонҳо ҳам ба ин кох мемонад.

Бовар кунед, ки инҳо дар дуздиву шайёдӣ дуздони касбиро ҳам гузарониданд ва ҳоло пеши инҳо Абдуллоҷонови наҳанги ҷумҳурӣ ба моҳича табдил ёфт. Ҳатто салфеткаву сачоқ ва кабудии (зелен)-и руи дастурхонашон, бахудо коғази ташноб-туалетнаяи бумагаи хонаашонро аз ҳамин ҳисоби хараҷоти меҳмонҳои расмӣ таъмин мекунанд. Дар ҳақиқат чашмгушнаи мурдаи гуранд. Боварии комил дорам аксари шаҳрвандон ин ҳамаро намедонанд.

                                       Файзобод

    Салом ба шумо Муҳаммадиқболи Садриддин, бародари муборизи мо. Ман як сокини ноҳияи Файзободам. Дар бораи як қоришкамбаи носерӣ-раиси Тоҷикматлуботи Файзобод Ҳадисаи Фирдавсӣ гуфтаниям. 15- 20 сол  аст ки дар Тоҷикматлуботи ноҳия кор мекунад. Аз дастаи ин на замин дар Тоҷикматлубот монд на корхонаҳои ин идора. Ҳамаро фурухт. Дар аввал вай замини даромади бозори марказиро ба як соҳибкор ба маблағи даҳ ҳазор доллари амрикоӣ фурухт. Он соҳибкор дар ин замини даромади бозор як бинои ду ошёна сохта сипас ба як соҳибкори гуштфуруши ноҳия –Асомудин, ки дар ҳамон бинои у дукон дошт, ба маблағи 70 ҳазор доллари амрикоӣ фурухт. Ва вай ҳоло дар онҷо дукони гушт, мева ва ҷои телефонфурушӣ карда кор мекунад. Боз ба ин қонеъ нашуда замини гирду атрофи универмаги ноҳияро, ки замини як параи у раҳи пожарний буд ва онро тамоман ягон чиз сохтан мумкин набуд ба як ҳамсинфаш Сунатуллои Эмомалӣ-дар прокуратураи кадом ноҳияе кор мекунад ба маблағи понздаҳ ҳазор доллари амрикоӣ фурухта даҳ ҳазорашро барои худаш гирифта панҷ ҳазорро барои раиси ноҳияи пешини Файзобод Раҷабзода Миралӣ додааст, то ки ба у қарори заминро диҳад.

 Ин заминро ба номи додари Сунатулло гузаронида дар замини раҳи пажарнии   ноҳия мағозаи ду ошёна сохтанд. Боз аз тарафи дигари унвермаги ноҳия, ки 6-7 мағозаи Тоҷикматлубот ҷой гирифта буд ҳамроҳ бо раиси собиқи ноҳия Раҷабзода ҳамаи соҳибони мағозаҳоро маҷбуран хезонда мағозаҳоро чапа карда заминҳои он мағозаҳоро бо заминҳои холии пеши он мағозаҳо ба соҳибкорон Шамсиддини Абдураҳим ба маблағи чил ҳазор доллари амрикоӣ ва Зафари Абдураҳим ба маблағи бист ҳазор доллари амрикоӣ фурухта ин маблағро ҳам раиси Тоҷикмалубот Ҳадисаи Фирдавсӣ бо раиси собиқи ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ тақсим карданд. Боз ин раисаи баднафс- Ҳадисаи Фирдавсӣ ба ин сер накарда бинои райпоро ба як корманди ГАИи ноҳия ба номи Тоҷиддини ҳисорӣ, ки аз Ҳисор мебошад ба нуҳсадҳазор сомонӣ фурухта биноро ҳамчун бинои куҳнаи бекорхобида гузаронида 300 ҳазор сомониашро квитансия карда  ба давлат супорида дигарашро бо раиси Тоҷикматлубот тақсим кардаанд. Вале агар ин биноро агар аз руи қоида дар газетаҳо эълон карда ауксион -музояда барпо карда мефурухтанд, соҳибкорони ба якуниммиллион сомонӣ ҳам мехариданд. Чунки ин бино дар маркази ноҳия қарор дошт ва замини калон ҳам дорад. Домсозони ноҳия онро барои домсозиашон мегирифтанд.

  Пас аз ин, боз бинои кафеи ноҳияро, ки иборат аз ду ошёнаи калон ва дар маркази ноҳия ҷой дошт, ба домсозони ноҳия ба маблағи дуюним- семиллион сомонӣ ҳам мехариданд хапу дам ба як соҳибкори ноҳия ба номи Эраҷи Музаффар ба маблағи ду миллион сомонӣ фурухта биноро ҳамчун бинои куҳнаю корношоям гузаронида ҳафтсад ҳазор сомониашро квитансия карда ба давлат супорида як миллион сомониашро бо раиси Тоҷикматлубот тақсим карданд. Ин биноро ҳам бе ягон эълон ва музояда фурухтанд. Ҳоло бошад бинои универмаги ноҳияро, ки се ошёна мебошад, мисли дигар биноҳо дар ҳолати беҳтарин қарор дорад ва метавонад, ҳазор соли дигар ба мардум хизмат кунад кормандони онро маҷбуран хезонда истода мехоҳанд ин биноро ҳам куҳнаю фарсуда гуфта нархашро арзон карда гираду ба ягон соҳибкори дигар бо нархи қиммат фурушад бе ягон музояда ва эълон дар газетаҳо. Аз дастаи ин раисаи аждаҳонафс ҳама кормандони унвермаги ноҳия ва кормандони бозор ба дод омадаанд. Чунки ин раиси баднафс сероишӣ надорад. Руз бо руз нафсаш бад шуда истодааст. Ба наздикӣ бозори ноҳияро навсозӣ карда онро ҳарому ҳалол сохта аз онҷо ҳам пули калон гирифта боз мағозаҳои аввали бозорро худаш гирифта ба ҷиянаш Сомон ва шиносҳояш дода аз онҳо ҳар моҳ доля мегирад ва дигар мағозаҳояшро ба маблағи сӣ- чил ҳазор сомонӣ «шапка» гирифта баъдан ба аренда додааст. Дар дигар мағозаҳояш бошад кормандони дуюм ошёнаи универмаги ноҳияро оварда дар онҷо шинонидааст. Ягон мақомот инро ҳеҷ кор карда наметавонад, чунки дар боло одамони калон дорад. Агар корҳои ғайриқонуние ин мекунад дигар кас кунад   дар кунҷи зиндон даҳ бист сол нишаста буд. Лекин инро ҳеҷ кас ҳеҷ чизе гуфта наметавонад. Аз кормандони боломақом амният, Прокуратураи генералӣ хоҳиш мекунем ба ноҳияи Файзобод омада ин носераморо тафтиш карда  нисбати  Ҳадисаи Фирдавсӣ ягон чораи қонунӣ бинанд. Чунки дар Файзобод ӯро ҳеҷ кас ҳеҷ коре карда наметавонад. Худаш мегуяд, ки прокурори ноҳия ҳамкурсам аст. Дар боло одамҳои калоне дорам,ки ба қарибӣ пул дода раисии ноҳияи Файзободро мегирам. Охир Идиев Ҳусейн раиси Тоҷикматлубот куҷоро нигоҳ мекунад? Ё бо ин хонум ҳамдаст аст ?

                                    Душанбе

Салом бародари мубориз! Тир ба нишон расидаву амниятиҳои Роғун сахт дар такопӯ афтодаанд! Мақсади ман ҳам ҳамин буд, вале аз рӯзи 14 ум ба ин тараф онҳо ягона фишанги одатии худ- Умедро ёфтаанду ӯ ба падару модари пирам, ки навакак аз умра баргаштаанд, фишор овардан доранд. Умедро инҷо фишка карда, таҳдид карда, душномҳои модар, зан ва ғ, додаанду ин кас, ки солҳост дар чанголи онҳо худро «муттаҳам» ҳисоб мекунад, дар ҳароси шадид афтода аст. Ӯро мефаҳмам, ки зиндон шуда аст, вале Сарқонун инсони адои ҷазо намударо инсони озодшуда аз бори ҷиноят эътироф мекунад! На ҳамчун ҷинояткори собиқ! Бародар, ҳатто мепурсамаш,ки кӣ ба ту фишор меорад, кадом мақомот ва онҳо чӣ мехоҳанд, ба ман намегӯяд.Ба волидонам гуфта, ки гӯё андози Роғун ӯро фаро хондаанду мақоларо нишон дода, гуфтаанд, ки «шармандагӣ»-и калон нашуда онро маҳв кунанд, дар ҳоле, ки ман бояд шарманда шавам, на мақомоти Роғун! Чӣ бояд кард то Умед ором бигираду зери фишор набошад, намедонам! Тамоми гуноҳи маро ба ӯ задаву шантаж доранд! Ман,нав фаҳмидам, ки тӯли моҳҳост (шояд пас аз он ки бӯ бурдаанд, ки ман чанде қабл ба шумо оид ба ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ дар Роғуну ҷиноёти Фронти Халқӣ нигоштаму чоп нашуд), додарам Наҷибуллоро, ки як бачаи тамоман ҷурабозу хушгузарон асту баъзан дискотека ҳам мерафта аст, (қаблан), зери «назорат» гирифтаанду омада аз мақомот (амният ба фикрам) аз мағозаи техникияш телевизору дигар техникаҳои маиширо бо нархи Корвон «қарз» гирифтаву  ҳатто хостанд ҳамон нархи худашро медодаанд, вагарна қарз ба қиёмат мемонда аст. Ман намехоҳам, ки ба Наҷибулло садамае занам. Ман нигоштам, ман масъулам, маро шарманда кардаанду натавонистанд, вале чаро Наҷибулло ё Умед бояд ҷавобгӯи амали ман бошанд?! На,бояд ин ҳама фишорро рӯи Умед махсусан баси бас кунанду ба мағозаи Наҷибулло «қарзталбӣ» наоянд! Ба фикрам ба Умед сахт таъкид кардаанд, ки агар сухане аз номи мо гуфтӣ, мурдӣ! Худат рав додаратро маҷбур кун,ки бо «террористону экстремистон» алоқаашро биканаду ҳоло ҳам сари маҳал асту делаатро дубора намебардорем! Кадом дело? Ҳамон делои замоне Наҳзатро таъсис додан? Онро писархолаам раисӣ мекарду борҳо устод Мущиддин Кабирӣ хонааш дар Қади-об шахсан зиёрат мерафту ҳарду дӯст буданд. Мо аъзои қаторияш будем. Ва чуноне гуфтам, аз соли 2010 то 2013 қабл аз мамнуъшавии ин Ҳизб, онро писархолаам Русия рафта, бо аризаи қонунӣ баста буд! Солҳои 2010-13 яъне ин ҳизб на «ТЭТ» буду на экстремистӣ!Лутфан, ӯро дастгирӣ кунанд, ки бас аст зери тарси 6 сола зиндагӣ кардану карданаш. Ташаккур!

                             Кулоб

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Номаро аз шаҳри бостонии Кулоб мефиристам. Аввали гапро аз раиси шаҳр оғоз мекунам. Бахтиёр Назар, вақте раиси шаҳри Кулоб таъйин шуд, мардум гуфтанд, ки Бахтиёр марди серу пур аст. Аз раисони пешина фарқ хоҳад кард ва ободӣ мекунад. Вай пеш аз ин раиси молияи шаҳр буд, аз онҷо раиси шаҳр шуд. Вале аз рӯзи раиси шаҳр шуданаш ба ҷуз сохтмони ҳайкали модари Раҳмонов ва ивази муҷассамаи шер бо уқоб дар назди мактаби рақами 6 ягон коре накард. Раиси пешинаи шаҳр, ки дар бари роҳи то пости Гулистон пули зиёд харҷ карда гулдонҳои зиёде монда буд, он гулдонҳоро Бахтиёр нобуд кард. Ва мебинем, ки имрӯзҳо заминҳои обии пахтаро, ки дар назди масҷиди ҳоҷӣ Мирзо аст онҳоро ба хитоиҳо додааст. Мардум дар он заминҳо пахта ва зироатҳои хубе кишт мекарданд ва ман,ки шабҳо дар шаҳр бо мошинам таксӣ мезадам Бахтиёрро соати 2- и шаб дар қалъа ва дарвозаи Кулоб дар назди Шоми Кӯлоб бо раисҳо дидам. Мошинаш Ландкрузери сафед буд, рақами давлатиаш 042 тҷ ва ҳозир бошад Ланд крузери сиёҳ дорад, бо ҳамин рақам. Чаро мо соҳиби ин мошинҳо намешавем. Калааш дам, сараш кал ягон навигарӣ накардааст. То ҳол раҳи даруни шаҳр, бозори Умед -88 ҳама ҷазиранд, кандагиву фарсуда, чорроҳаи пеши Баҳор ҳам фарсудааст.

Бахтиёр запчастбозори шаҳри Кӯлобро гирифт. Дар бозори Лола мардум ҷойҳои  шахсӣ -точкаҳо доштанд, онҳоро ба бозори кабуди Куйбеш кучониданд ва дар онҷо акнун ҳар моҳ аренда месупоранд. Замини бозори Лоларо ба як гуфте дом мекунад. Боз як зулми дигар болои мардуми Кулоб. Ҳар рӯз, ҳамин, ки рӯз мешавад дар назди мости Бадахшон литсензия меистад ва таксирҳоро ғорат мекунанд. Агар ислоҳ шуданд, ки хуб, вале агар ин тавр идома диҳанд, ҳам номҳояшон ва ҳам наворҳояшонро мефиристам.

  Ва ҳоло дар бораи Қунғуротзода ва шогирдонаш мегуям.

Мошини давлатиаш Рав- 4 сиёҳ, номери қайди давлатиияш 020301.Бисёрии вақт бо Дилшод ва ронандааш аст. Дилшод солҳои 2014 ва 2015 дар бахши кор нисбат ба ноболиғон буд ва ба мактабҳо меомад. Ва дар ҳамаи синфҳо мегашт. Духтарҳоро берун мекарданд ва бо мо гап мезад ва таҳдид мекард: «агар масҷид меравен фалона дар фалони очат мезанм» мегуфт ва гапҳои қабеҳ мезад. Вале мо уро гуш намекардем. Рузҳои ҷумъа дарс мехондем ва намози ҷумъа ҳам мерафтем. Дилшод шогирди Муллоҳайдар буд.Ба як гуфте 18 пораи Қуръонро медонист. Вале Худо задасту имон аз вуҷудаш баромадааст ва ҳозир дар шаҳри азизи Кулоб бо Қунғуротзода мегардад. Ҳозир намедонам Дилшод дар кадом вазифа аст. Вою афсус Кулоби ман, дар дасти ин гуна афроди гадо задааст. Аз дасти ин мунофиқҳои гадосифат таксӣ зада намешавад. Як рӯз саҳар буд, аз вокзал то чорроҳҳаи Равшан аз дасти тангемҳо пробка мешавад, ва ман аз раҳи 2 ва 3 таксӣ мезанам, дар назди валютчикҳо, аз пушти як- ду мошини қимат рафта истодаам, ки клиент манъ мекунад. Ман клиентро мегирам. Ногоҳ Қунғуротзода маро мебинад ва ба руям ҳай карда меояд ва фуки мошинашро дар фуки мошинам мемонад. Бо Дилшоди  ноболиғон омада шахматамро (ншонаи таксӣ дар болои мошин) гирифта «амира дар фалони очат мезанм» мегуяд ва Дилшодро фармон медиҳад, ки «ҳамаи ҳуҷҷатҳояшро гир» мегуяд. Ман гуфтам «Дилшод ҳақ надорӣ,ту бояд праваамро гирӣ ё чи протоколе мекунӣ ҳозир бикун». Аммо гуш накард ва кашёлоки ҳуҷҷатҳоямро гирифт ва ман як рузи дароз аз паи ҳуҷҷатҳоям шудам, дар ҳоле ҳамааш дуруст буд. Бо як зораву нола ҳуҷҷатамро аз дасти Қунғуротзода бо воситаи Дилшоди шогирдаш, баъд аз онки барояшон обедпулӣ додам бо маблағи 200 сомонӣ додам, гирифтам.

Ин Қунғуротзода як носерами дигар будааст. Валлоҳи қасам ҳафтаҳо худам обед намекунам. Пули ҳамон обедро якчинимчи харида хона мебарам, то зану фарзандонам гушна намонанд. Баъзе рузҳо аз гармии зиёд дар даруни таксӣ ҳалқам қоқ мешуд, дилам намешавад, ки дар чор сомонӣ об харам. Асабҳоям сахт монда шудааст. Зиндагӣ харобу хазонам карда истодааст. Аз Русия депорт шудам. Бисёр азоб дорам. Ҳамаи таксиҳо ҳамин аҳволи маро доранд. Зиндагиро бо ҳилла нашавад пеш барӣ. Дар бадам задааст ҳамааш.Боз ин милисаву гаиву литсензияву дигару дигараш нолаи даҳани кудакҳоятро кашида мегиранд….

                                                       Киев                                    

  Салом устод! Банда аз Душанбе,аз 46 микрорайон.Ман баъди хатми мактаби миёна ба Украина ба нияти кор сафар кардам. Шаҳри Киев омадам. Рузе бо як дустам ба масҷиди «Ар –Раҳма» рафтем ва дар онҷо ифтор кардему намози таровеҳ гузаронидем. Дар он масҷид Ҷонибек Муродро дидам ва ба наздаш рафтам ва гуфтам ман шуморо дар куҷое дидаам.Вай гуфт ман Ҷонибек Мурод ҳастам –сароянда.

 Ман гуфтам шумо бо ин қадар дороиву пулу мол,сароянда чи тавр намоз мегузоред. Гуфт ҳар сол ҳар моҳи шарифи рамазон ба инҷо меоям ва дар поёни масҷиди мазкур хона дорам. Гуфтам ака Аллоҳ ҷазои хайрат диҳад. Як-ду ҷумла дар бораи масҷиди «Ар-раҳма» бигуям. Ин калонтарин масҷид дар шаҳри Киев аст. Он дар як қисмати таърихии шаҳр,ки бо номи Татарка маъруф аст дар охири солҳои навад ва ибтидои солҳои 2000 бунёд ва соли 2002 ба истифода дода шудааст.Ин масҷид дар кучаи Лукяновская, 46, метро Контрактовая  воқеъ аст ва дар ин маҳалла бештари аҳолиро мусулмонҳо ташкил медиҳанд.

Як рузи дигар ба масҷид рафта ифтор ва таробеҳ гузаронидем.Имоми масҷид шайх Ҳайдар ал Ҳоҷ буд.Вай бо овози бисёр ҳам фораму ширин таровеҳро мехонд.Қалби одам ором мегирад.

  Баъди намоз Шайхро гуфтам,ки ман мехоҳам аз шумо дарс гирам,розӣ шуд.Рузе бо шайх Ҳайдар нишаста будем.

 Гуфт як шогирди ман хурдсол аст ва тоҷикистонӣ.20 пораи Қуръонро азёд медонад.Дар тавҳиду ақида ва ҳадис ҳам илмаш зиёд аст.Маро гуфт,ки кудакҳоро нигоҳ кун,ки тоҷикатро мешиносӣ? Ман нигоҳ кардам,ки ҳамааш муйзардак буд. Нашинохтам.Шайх Ҳайдар гуфт фалонӣ хез ва он кудак омад.Гуфт ака ман тоҷикам маро канор гирифт ва ман аз пешонааш буса кардам.Вай бачаи 8 ё 9 сола буд.Гуфтам ту аз куҷои тоҷикистонӣ? Гуфт аз Душанбе, вале кучаамонро фаромуш кардам.Гуфт медонӣ ака, агар мо Тоҷикистон равем,моро мекушанд. Яъне,ки мо гуреза ҳастем.Падарам илми хубе дорад, падарамро ёбанд зиндон мекунанд.

  Устод Муҳаммадиқбол! Валлоҳӣ ашк аз чашмам рехт. Бинед, кудаке, ки соҳибилм аст ба сиёсати давлат коре нагирифтааст ҳукми хоинро дорад. Охир ин ҳукуматдорӣ аст ё тороҷу зулми мардуми Тоҷик ?

                                                                 Рашт

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Аллоҳ субҳонаҳу таъоло шуморо дар паноҳи худаш нигоҳ дорад ва коргарони тими Ислоҳро баракат диҳад. Ман аз Ғарм аз деҳаи Сари шухон дар бораи асосгузор ва пешвои халқи ранҷкашидаи деҳа Музаффаров Суҳроб менависам. Ин одам як сол пеш раиси деҳа буд ва ҳарчи мехост мекард, мисли ҳамин Раҳмонови бачаи Марями гурсухта. Ҳар коре, ки мехост, анҷом медод. Тааҷҷубовараш ин аст ки дар масҷид ва ё дар ҳар куҷо, ки як маърака мешуд, вай ҳеч касро гапзанӣ намемонд, худро аз ҳама калон мегирифт, гуё дар деҳа пешво аст. Баъд аз раиси гирифтан вай дар район дар ширкати Оғохон кор даромад. Ҳар чизе барои деҳа ҷудо мешуд онро ба худ мегирифт ва ба халқ намедод. Баъд додараш Музаффаров Ҷамшед раиси деҳа шуд. Ин ҳам бошад мисли ҳамин акааш як пора хур аст. Ҷамшед бисёртар ба занҳои шавҳардор рафту омад дорад. Дар деҳа чандин бор овозааш баромад. Бо ду зани шавҳардор дар ҳақиқат ин Ҷамшед беҷо гард аст. Бечораҳо мардҳо дар Русия барои зиндагӣ ва фарзандҳояшон кор мераванд аммо ин ҳаромҳо ба ин амалҳо машғуланд….

Имсол барои деҳа трактори калони мехлапатдор аз тарафи ҳамин кумитаи Оғохон доданд. Аммо ҳамин Ҷамшеди бародари Суҳроб онро гирифт. Чун ин ду нафар ака ва додар ҳастанд. Бояд ин трактор барои халқ кор кунад. Аммо агар касе барои кораш меравад 1 соаташро 500 сомонӣ мегуяд. 

Музаффаров Суҳроб дар боло таға дорад. Ҳар вақте дар масҷид медарояд, ки хонаи Аллоҳ аст ӯ  мисли ҳайвон дароз кашида меистод ва дар масҷид доим суханҳои бад ҳам мегуфт ва дар моҳи рамазон   бачаҳои 16 то 17 сола, таровеҳ меомаданд онҳоро намемонд, ки намоз хонанд ва онҳоро аз масҷид берун мекард. Вай боз лесак ҳам дорад, ки доим ҳамроҳаш аст. Ҳар гапе дигарон гуянд ба у мерасонад. Хулоса Суҳроб тағаш Музаффаров Муҳриддин, ки уро бо лақаби кал мешиносанд. Боз бачаи тағаш Музаффаров Парвиз дар ҷамоати Асқалон учасковий аст. Барои ҳамин Суҳроб худашро аз ҳама боло мегирад. Парвизро рузе дар ҷои кораш, ки дар беморхона ҷойгир аст бо як зане мебинанд. Ин зан фарзанд дорад ва шавҳар бовар кунед дазшат аст.

 Инҳо тағашон аз бачаҳакои боло аст ва чуноне гуфтам бачаи тағашон дар  ҷамоати Аскалон учасковий – Музаффаров Парвиз. Як ниваи зард дорад ва у доим дар ҷамоат ҳаст.Соли гузашта уро бо як зани шавхардор қапида буданд аммо    мардум ба у ҳеҷ чизе гуфта натавонист. Боз ҳар касе ягон маърака мекунад ба Парвиз 200 то 300 сомонӣ ва локии пур аз гушт барояш медиҳанд. 

Ҳой мардум! То кай хомӯш меистед, гап занед, ҳаққи худро талаб кунед! Хулоса Ҷамшед дар вақти даъвати солдат бо ҳамроҳи котиби ҷамоат Султонова Тахмина бачаҳоро ба кормандони амният месупоранд ва онҳоро облава мекунанд. Ҷамшед бо ҳамроҳи ин котиба отнашении сахт дорад ва кадом вақте ба район меравад котибаи Ҷамшед ӯро дар мошинаш мебарад. Ҷамшед аз як зан,ки шавҳар надорад ва бачаҳояш дар Русия кор мекунанд, барои хизмати ҳарбӣ сум гирифтааст. Ва инҳо як гурӯҳ ҳастанд, ки бачаҳои камбағалро маҷбур мекунанд ва ба амният месупоранд,то бачаҳои бойҳоро набаранд. Аз ин маълум мешавад,ки пора мегирад аз дигарҳо.

 Аз шумо хоҳиш мекунам,ки ин номаи манро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед ва боз ҳам дар «Номаҳо..»и оянда менависам. Аллоҳ мову шуморо пирӯз гардонад ва ҳарчи зудтар аз ин ҳукумати Раҳмонови лаънаткардаи Аллоҳ халосӣ ёбему дар Ватани худ озодона зиндагӣ кунем. Лоилоҳа ило анта субҳонака инни кунту миназ золимин.                                 

                              Небраска

 Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман дар иёлати Небраска беш аз 20 сол мешавад зиндагӣ мекунам. То ҳамин теракти дар Крокус ба амал омада касе бо мо кор надошт.Аслан инҷо миллату ақвоми мухталиф хеле зиёд зиндагонӣ мекунанд.Аз ҷумла тоҷиккҳо ҳам ҳастанд.Инҷо як дукони хурд дорам,ки зиндагии ману оила ва бачаҳоямро пеш мебарад.Таксӣ ҳам мезанам.Ман ҳамеша навиштаҳои Ислоҳро мехонам ва аз вазъияти Тоҷикистон,ватани азизам огоҳ мешавам.Як чизро гуфтаниам.

    Тоҷик шояд дар тули таърихи якчандҳазорсолааш то ин дараҷа ба пасти наомада буд. Ҳатто дар телевизонҳои Амрикоҳ барномаҳо оиди тоҷикон нишон дода  бо ҳаргуна ном моро садо карда истодаанд.Аз таҷовузгари ҷинсӣ то одамкуш ва аз он ҳам бадтар.Наход барои шиками як оилаи ҳароми Раҳмонов миллионҳо одам азоб бикашанд. Охир намешавад бо ин роҳ рафта, бояд иваз шуд. Ба ин пиракии Эмомтапак пофиг.Дар таърих номаш монд, ҳамчун миллаткуш.Ҳама генералу дигару дигарҳояш хомуш нишастаанд.То кай ин ҳолат давом мекарда бошад.

  Туркия виза ҷорӣ кард.Шахсан хурсандам, аз пропагандаи пантуркистон дур мешавем. Вале Эмомтапак пахтаю алюминашро тариқи Туркия мефурухт,аз ҷорӣ шудани визо зарар мебинад.

Оҳи халқи бечораи тоҷик гирифт.Чунки ҳамин номард ҳолу вазъи тоҷикро ба чунин руз расонд.

Шиносам аз Олмон гуфт, ки дар тамоми КПП-ҳо контроли тоҷик ва бағоҷи онҳо сахтар шудааст. Ҳамин ҳол дар Кореяи ҷанубӣ ҳам шуда истодааст. Тоҷикҳоро ҳатто агар қонунӣ рафта бошанд ҳам зада пеш карда истодаанд.

                                       Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.Умедворам хубу хуш бошед.Барои шумо як номаи  махфии КДАМ-и СС.Ятимов ба Дастгоҳи иҷроияи Президентро мефиристам. Ин нома, ҷолиб инҷост, ки ба русӣ навишта шудааст, дар ҳоле,ки забони коргузорӣ дар Тоҷикистон бояд бо забони давлатӣ сурат бигирад.

Ин нома кай навишта шудааст, маълум нест, вале мисле,ки як ё ду соли пеш. Аммо муҳтавои он ҳайратовар аст. Ҳоло бихонем ва сипас як кам тавзеҳ медиҳам:

«В Российской Федерации, после прихода В.В.Путина, частний сектор полностью стал контролироваться Государством, и это привело к значительному росту экономики и частного капитала. То есть, частный капитал не был исползовань против власти. Необходимо заимствовать данный опыт и в кратчайшие сроки навести контроль и порядок ва частном секторе Таджикистана. Необходимо изьять из некоторых назаконных владельцев, предприятие и заводы, и использовать их по назначению.

Необходимо отметить что,реализацию по изьятию собственности у нечестевых  так называемых собственников, должно, проводится в засекреченном сценарии. Поскольку очень легко, за определенную сумму можно приобрести информацию, причем некоторые нечестивые работники Прокуратуры и органов внутренних дел, сами доносят их до тех, против кого оно ведется. Серьезным образом нести строгий режим контроля на осужденными в тюрьмах в  течение этих трех лет. Категоричным образом запретить исползование мобильных телефонов. Обязательно менять руководителей исправительных учреждений каждые 6 месяцев. Усилить наказание за использование мобильных телефонов в исправительных учреждениях.

Бародар  Муҳаммадиқбол! Чанд номае монанд ба ин номаро ман пештар тариқи сканер ба шумо фиристода будам, ки аз махзани компютери ҳамон идора ба даст оварда будам.

Ҳоло чи гуфтаниям? Мақсади ин нома он аст ки бояд ҳама корхона ва муассисоти бахши хусусӣ,ки баъди харид ва ғайридавлатӣ карданашон фаъолият мекунанд ва ё аз фаъолият бозмондаанд, аз нав дар итоати давлат дароварда шаванд. Бо ин кор мақсад доранд, ки тоҷирону соҳибкоронро водор кунанд, ки корхонаи солҳо пеш хусусигардонидаи худро ё дубора бихаранд ва ё аз баҳраш бароянд.

Дар ин миён ҳастанд нафароне, ки корхонаҳои давлатиро дар доираи барномаи хусусисозӣ дар солҳои пеш расман харидорӣ карда ва аммо онҳоро ба мақсади дигар исттифода кардаанд, маслан замини онро ба шаҳрвандон фурухтаанд, ва баро пояи ин тавсия, ки қарор аст ба ин наздикиҳо ба иҷро дарояд, онҳо ё корхонаро дар ҳолати авваалааш бармегардонад ва ё ҳатман зиндон мешаванд. Хулосаи гап ин аст ки қарорҳои солҳои қабл содиркардаашро аз нав бозбинӣ карда бори дигар мардумро бо мушкил рубару мекунанд. Аммо нуктаи ҷолиби дигар дар ин нома ин аст ки аз муфаттишон ва кормандони прокуратура ба унвони «нечестивые работники Прокуратуры»..  ёдоварӣ карда ва таъкид карда мешавад, ки ин корҳо бояд бисёр пушида сурат бигирад, чун ин гуна кормандон соҳибони корхонаҳоро пешакӣ бохабар мекунанд.

Ин таъкиду ишора онро мефаҳмонад, ки миёни Прокурори генералӣ ва СС.Ятимов проблемаҳои кам вуҷуд надорад.

Аммо ин се сол, ки таъкид мешавад аз болои зиндонҳо сахт назорат бурда шавад ва раисони муассиҳои ислоҳӣ ҳар се моҳ табдил шаванд, кадом солҳоро дар назар гирифтааст, чизе гуфта намешавад. Вале маълум аст,  ки аз зиндонҳо ба унвони макони шубҳаовар эҳсоси бим мекунанд.

Share This Article