Ончуноне хонандаҳои ҳамешагии мо огоҳанд, мо –ҳайати эҷодии «Ислоҳ» дар поёни соли гузашта эълон намуда будем, ки дар соли нав нашри барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро қатъ мекунем. Иллати асосӣ ин буд, ки кори таҳияву тадвин ва нашру пахши он заҳмати зиёд дошт ва чанде аз кормандони мо ба сабаби нарасидани маблағ ночор ба кори дигар гузаштанд. Аммо сели номаҳои изтиробангези мардум моро водор кард, ки заҳмати зиёдро бар души худ бигирем ва ба андозаи сари му ҳам бошад, мушкилоти мардумро матраҳ ва ба самъи ҳукуматдорони фориғбол ва бепарво бирасонем.
Дар ин нашри барнома ҳам шоҳид хоҳед шуд, ки мақомот дар манотиқ ҷойи онки ба мушкилоту душвориҳои мардум расидагӣ ва чораҷуӣ кунанд, баракс худашон бори души мардум мешаванд:
Исфара
Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол. Аз Исфара, аз Чоркуҳ навишта истодаам. Дар шуъбаи милисаи Чоркуҳ як нафаре ҳаст бо номи Халил. Ин одам аз Конибодом аст. Дар бахши УР-уголовний розиск-кофтукоби ҷиноӣ кор мекунад.
Бисёр мардумро ғам медиҳад, бо ҳар баҳонаҳои ночиз ва аз мардум суми беҳад калон мегирад.
Мо, чанд нафар ҳозир ба як хулоса омадем, ки дар бораи ин милисаи ҳаромхур дар барномаҳои баъдӣ пурра бинависем. Аммо, мебинем, ки агар ислоҳ шуд, наменавием, вале агар нашуд, ҳатман муфассал менависем. Баъзе аз корҳои ҷиноятии ӯро медонем, ки агар он дар «Ислоҳ» чоп шуд, ҳатман аз сафи милиса ихроҷаш мекунанд.
Инҷо ду масъалаи дигарро низ бояд бигуям:
Якум инки солҳои пеш Раҳмонов гуфта буд, ки коргарҳо, аз ҷумла коргарони Роғун рӯза нагиранд, хуранд рӯзаҳояшонрову кори Роғунро идома диҳанд. Шумо дар як баромадатон ин гуфтаҳои ӯро мазоҳу масхара ва танқид карда будед. Раҳмонов дид, ки шармандаву хандахариши мардум шуд Саидмукаррамро фармудааст,ки ин суханҳои вайро такрор кунад, то ки хатоии Раҳмоновро мардум фаромуш созанд. Имсол Саидмукаррам ва идораи вай гуфтаанд, ки коргарони Роғун метавонанд рӯзаашонро хуранд, чун дар зери замин кор мекунанд. Шарми ту барин муфтӣ бод. Фардо ба пеши Худо бо чи руй меравӣ ва чи ҷавоб медода бошӣ?
Ва чизи дигари мегуфтгиам ин буд, ки рӯзи интихобот рафтам. Касе, бовар кунед, нарафт. Рафт, шояд даҳ фоиз рафт. Аммо дидам, ки коғазҳоро худи коргарони комиссия хат зада ба урна рехта истодаанд.
Ин интихобот набуд, як масхарабозӣ буду халос.
Кушониён
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди азизу гиромӣ. Илтимос номаи маро дар наздиктарин барнома ҷой диҳед.
Ростӣ, ман намедонам чи хел нома менависанд, якумин бор аст ки менависам. Агар ягон хатогӣ бошад узри зиёд.
Ман аз ноҳияи Кушониён, ҷамоати Навбаҳор. Дар ноҳияи мо як раис ҳаст ба номи Лақаев Аъзам. Ин нафар ҳама заминҳоро фурӯхт. Ҳозир бошад писарашро раис мондааст ба номи Лақаев Манучеҳр. Бисёр мардумро зулм мекунанд. Падару писар чандин заминҳоро фурӯхтанд. Даже як заминро ба ду ё се нафар фурӯхтанд, аммо ҳеҷ кас ягон гап гуфта наметавонад.
Ва боз дар бораи нафари дигар гуфтаниам. Ин нафар як ба ном мулло аст ки ҳама шайх мегӯяд ӯро. Имоми масҷид ҳам ҳаст. Аммо савод надорад. Вақте дар масҷид имоматӣ мекунад, оятҳову сураҳоро бисёр хато мехонад. Боз амри маъруф мекунад, ки гапҳояш ягон маъно надорад. Насиҳат мекунад, амри маъруф мекунад вале духтарону писаронаш гапашро намегиранд. Дар вақташ пайғамбарамон аввал аз хонаводаи худаш сар кард насиҳат карданро. Аммо ин мулло мардумро насиҳат мекунад вале духтарону писаронаш гапашро намегиранд. Ҳамаи домодҳояшро аз пушти духтаронаш задааст. Як духтари майдаҳакиаш аз шуяш ҷудо нашудааст, дигар ҳамааш аз шавҳараш ҷудо шудааст. Ҳатто бо ду акаву додараш дар масҷид ҷанг кард. Барои имоматӣ кардан онҳоро ба суд дод, тюрма карданд. Лекин ҳоло баромадагӣ. Бисёр одами бад аст. Ду қорибачаро ба суд дод. Гуфт инҳо салафӣ ҳастанд. Бурда 50 ҳазор сомониӣ ҷаримаашон карданд.
Панҷ
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Моҳи шарифи рамазон муборак бошад. Барномаҳои шуморо мудом тамошо мекунам. Инҷо дар бораи як нафар аз амниятиҳои ноҳияи Панҷ бароятон гуфтаниам, ки болои мардум ситам бисёр мекунад. Ин корманди амният Фирӯз ном дорад. Ин нафар махсусан дар ҷамоати Намуна қишлоқи Пограничний Якум участка мардумро ба дод овардааст. Баччаҳои ҷавонро рӯзи туяшон ё пагоҳи туй рафта дастгир карда гирифта ба военкомат бурда дело мекунад ва пулҳояшонро мегиранд. Ба онҳо як муҳлати кутоҳ медиҳанд, ки аз ватан хориҷ шаванд, вагарна дастгир ва ба аскарӣ фиристода мешаванд. Барои онки онҳоро боз бештар битарсонанд мегуянд, ки ба Помир ба хизмати ҳарбӣ роҳӣ мекунанд. Кори зиште, ки ин амнияти бадахлоқи фосид карда истодаасту ва ҳама дида истодаанд, мактаб рафта духтарони синфи 9-10-11-ро таги чашм карда бо онҳо шаҳватпарастӣ мекунад. Раиси маҳалла Сатторов Шароф бо кличкаи «повка» ӯро мисли писараш медонад. Шабҳояшро онҷо дар хонаи вай руз мекунад.
Бисёр ҳоли мардумро вазнин кардаанд.
Баччаҳои ҷавон Фирӯзи корманди амниятро дида мегурезанд, баҷо мешаванд. Аммо фардо ё пасфардо ба хонаҳояшон рафта онҳоро ба отдел ё амният мебаранд ва бо онҳо чизе хоҳанд, мекунанд.
Сад ҳайфи инсонҳо, ки дар назди чунин ҳайвонсиратон сар хам мекунанду таваллову зорӣ.
Айнӣ
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол.
Ин нома аз ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ ва аз тарафи наздикони ҳамон раиси пешинаи деҳа ва раиси ҷамоат номуҳтарам Сангинов Абдулаҳад, ки мо Абдулаш мегӯем ба шумо ирсол карда мешавад.
Ман яке аз хешовандони наздик ба ҳамин одам ҳастам. Бисёр чуқуртар намеравем, надонанд хубтар аст.
Дар ҳукумати ин Эмомтапаки бесавод касе ҳаромхур, касе кунбардор, касе косалес ва ҳатто қотил ҳам бошад, ӯ повишени меравад. Ин нобакори Абдулро он қадар навиштанд, аммо ҷои онки ӯро зиндон кунанд, дар ноҳия, дар идорае, ки кумакҳои хориҷӣ меояд ба кор гузоштанд. Ва ҳамоно бо роҳу усли фиребу ҳилла пули ҳангуфт кор карда истодааст.
Ноҳияи Айнӣ яке аз бойтарин ноҳияҳои ватани мо мебошад. Аз ҳисоби канданиҳои фоиданок ва захираҳои табиӣ хеле ҳам бой аст, мегуӣ, ки Қандаҳор Афғонистон бошад. Аммо Қандаҳор свет дорад дар мо свет нест. Не свет, не об, не роҳ, не адолат, не қонун. Мегуфта бошӣ ин авлоди Эмомтапаки гушнаро аз кадом оғиле сар дода бошанд, ки ранги хугҳои гушна тамоми ватани мора соҳиб шуданд, ва ҳама дороии ватанро фурӯхта истодаанд, то ки Рустами наркоман ва духтарҳои бодпояш майишат кунанд. Ва боз ин тоифаи кунлесакҳо, ки фақат таърифу тавсифи Эмомтапаки бесаводро мекунпнд, токи барояшон ягон устухон партоянд.
Башор Асад баъди ҳукумати хонаводагии беш аз 50 –сола сол ранги саг гурехт. Шуморо низ бо ин зулму золимиатон як рӯз ин мардум дар кунатон чуб мезананд, баъд он рӯз дер мешавад.
Шумо ҳам зулму ситамро болои мардум раво мебинед боз мардумро мекобед ва ба туҳмат ғамашон медиҳед. Чанд касро бурда ҷарима ва таҳдидашон кардед. Фикр кардед, ки дигар аз зулму ҳаромхурии шумо ҳеҷ кас намегуяд ё норозигӣ намекунад. Ҳама чи будани ҳукмати Эмомтапаки бесаводро медонад. Ранги хари гушна.
Дар деҳаи Рарз як ҷавон донишҷуи Донишгоҳи миллӣ буд. Як шаб бедарак шуд. То ҳол, як сол мешавад гум аст. Ку шумо агар ҳукумати ором доред, куҷо шуд ин ҷавон? Боз ба қарибӣ дар маҳаллаи мо як мошина алоб заданд. Куҷоянд ин милисаҳои Эмомтапак, ки бикован биёбанд. Тамоми мардумро, як хатогиашро ёфта зулму ситамро бор мекунед. Биёбед ин ҷинояткор ва ин хоинҳои миллатро, ки бар дурӯғ молу ҳақи ин миллатро мехуранд.
Инҷо дар бораи Сангинов Абдул гап мезанем. Ба наздикӣ бо роҳи фиребу найранг қаҳвахонаи ба номи «Шоми Рарз» кушоданд, дар як ҷое ки хар намеравад. Онҷоро ҷои арақу пивохурӣ карданд, то ки ҳеҷ кас намеравад. Дар ҷои дур аз деҳа сохтанд, ки ягон фоидае надорад. Агар дар маркази деҳа ягон туалете месохтанд, ки роҳгузарҳо истифода мекарданд аз ин қаҳвахона муфидтар буд. Ҳозир туалети умумӣ нест. Ҳаст аммо аз давраи советӣ мондагӣ аст, саг намедарояд. Ин Абдул хиҷолат намекашида бошад? Ин ку бе ғайрату беномус аст. Ин Сангинов Абдул қаҳвахонаи «Шоми Рарз»- ро ба номи як ҷавони сода гузаронд. Бо роҳи фиреб аз банк ба маблағи 3.5 милион сомонӣ, ки 350 ҳазор доллар мешавад гирифтанду дар номи ҳамин ҷавон кард. Мансур Юнусов ном дорад. Аммо агар максимум дар ин қаҳвахона харҷ шуда бошад 30 ё 35 ҳазор доллар масраф шудагӣ асту халос. Аммо 350 ҳазор доллар ҷудо карда гирифт. Вақти кушода шудани ин қаҳвахона раиси ноҳия омада лентаро бурид. Ин раис ҳам напурсид, ки куҷо шуд ин қадар пул? Инҳо ҳаммашон ранги пешвои бугинашон ҳама ҳаромхуранд. Дигар парвои касеро надоранд. Ҳозир ин ҷавон дар побег аст, гурез-гурез дорад. Маълум нест дар куҷо аст. Ба ин қаҳвахона хар намеравад, ки ба он маблағи кам сарф накардааст. Мардуми бечора дар Русия таги пои урус дар шаташап, пол мешуяд, чуркаю Ҷамшуд Равшан шудааст .Ин авлоди гушнаи Эмомтапаки бесаводи хар бо кунлесу чоплусонаш дар кайфу маишатанд.
Мардуми ноҳияи Айнӣ чаро хомӯшед? Мо аз ягон ҳизбу гуруҳ нестем, фақат мехоҳем зулму ситамро кам кунанд.
Бадтарин роҳ дар ноҳияи Айнӣ дар Рарз аст. Дуланҳои Тахминаву озодаву Рустаму Ҳасан, ки аз инҷо ангишт мекашанд, ягон роҳи обод намондааст.
Мардуми кӯҳистони Мастчоҳ, ки шумо ҳам бо ин роҳ рафту о мекунед, хомуш набошед.
Мо мардуми Фалғар ҷонамон ба лаб расидаст. Наход дар асри 21свет надошта бошем, интернет тамоман дуруст кор намекунад. Аламовараш онаст ки конҳое, ки ангишт мегиранд бо свет таъмин аст.
Инҷо дар бораи як ҳаромхури дигар гап мезанам, ки дар кадоме аз номаҳо дар бораи ҷиноятҳояш гуфтагӣ буданд. Ин нафар бобои Ҳамроқул ном дорад. Ҳамроҳ бо язнааш, ки бригадир буд, додари Авезов, ки шофери авлод аст, ҳамон хеле буд давом дода истодааст. Боз гуфтааст, ки «ман зани габзана фалон ва гуфтааст, ки зани раиси вилоята, ки Қофлонбояш мегуянд ё Раҷаббой Аҳмадзода мегуянд, ҳокимам занша фалон кардагиям». Ин гапҳоро Бобои Ҳамроқул дар пеши чанд нафар гуфтааст. Ин одам чандин проектҳоро гирифту дуздиду хурд. Ягонтоаш ҳозир кор намекунад, ҳамааш аз кор мондаанд. Ана доказати конкретӣ дар минтақаи Шафъит, ки об надорад. Ин инсони харомхур даҳумин бор канал мебарорам гуфта пулро дар кисааш мезанад. Ҳозир ягонтаи ҳамин каналҳо кор намекунад. Раванду аз вилоят бошад ё аз пойтахт бошад тафтиш кунанд ё ҳамон ширкатҳои хориҷӣ, ки ба ин бовар карда пул медиҳанд. Оянду тафтиш кунанд, не об ҳаст, не шланг. Аммо аз ин ҳисоб хонаҳо дар Хуҷанду дар Душанбе мехаранд. Аммо пули оби ин мардумро куҷо кард, касе намепурсад. Боои Ҳамроқул зани ҳокимро ҳам фалон мекунам, мегуяд, биёяду тафтиш кунад, прокурору милисаву амният куҷоед? Бармеояд, ки шумо ҳам шарикед?
Боз ҳозир ин беинсоф як проекти дигар барои канал гирифтааст. Пешина барин бо роҳи фиреб ҳашари мардуми камбағал мехоҳад, траншеяашро канаду пули трактору техникаро ҳам дар кисааш кунад. То зану фарзандонаш кайф карда бо пули мардум гарданд. Боз гуфтааст, ки Раиси нави ноҳияи тозатаъин Рӯзибой Раҳмонро роҳаша пайдо кардам медонам чихел кор кунам.
Ман ба мардум гуфтаниам, ки ягон корашро ройгон ва тариқи ҳашар накунед. Чунки вай барои ҳар яки ин корҳо пул гирифтагӣ аст. Бигзор худаш мардикор андохта бисозад. Мардум хомуш наистед. Мо чанд бор ба радиои Озодӣ навистем барои роҳ ва дигару дигар, аммо наомаданд. Хоҳиш мекунем аз радиои Озодӣ, ки як навор гиранду ҳолати роҳи Фалғар, махсусан Рарзро нишон диҳанд. Яке Эмомтапак шарм карда соз мекунад. Ҳарчанд худам ҳам бовар надорам, ки ин Эмомтапак ба ҷуз аз Данғара ҷойи дигарро медида бошад? Акои Рӯзибой шумо аз ҳамин ноҳия ҳастед якбор омада санҷед ба ин вазъ зиндагонӣ кардан номумкин аст!
Панҷ
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Хоҳиш мекунам аз аввал то охир хонед ва дар вақти чоп ягон ҷояшро набуред. Ман зодаи ноҳияи Панҷ ҳастам. Рости гап намедонам то кай хап кунем аз дасти ин золимони харомхури порагирони «андоз» ё «милиса»–ву «болнитса».
Ман аз дохили ноҳия менависам. Бас аст дигар тарсидан. Э, мардуми Панҷ хезед ва аз ҳуқуқи худатон ва аз номуси худатон дифоъ кунед. То кай хап мекунед. Бас будагист хомушӣ.
Ин сардори ШВКДи нав подполковник Шамсуллозода Баҳром Салом як девонаи ҳот аст. Бисёрии ҷавонҳоро шикаст. Як камтар риш дошта бошӣ 15 сутка маҳкам мекунад. Ин началник шабу рӯз бо велосипед мегардад. Кадоме афту башарааш маъқул нашавад мефармояд баредаш. Фахр мекардааст,ки ма одами Шоҳрух Саидам ва мара вазир ҳам ягон корм када наметонад.
Э, модарпурхато!
Туро корат чи ба мардум? Аз пушти ҷинояткорҳои воқеъи гард агар мехоҳӣ амният ва тартибот таъмин бошад дар ноҳия. Бовар кунед, ки аз дасти ин сардори ШВКДи нави одами Шоҳрух моторолшико, портерчиҳо рӯз надоранд.
Э, Рамазон Раҳимзода ту дигар одам наёфтӣ, ки як девонаро оварда началник милиса мондаӣ? Кадом рӯзе ин бадбахт сари туро ё сари худашро мехурад бо ин корхояш. Як бор дар сараш қопча кашида бурданд вилоят. Занашро ё духтарашро дод озодаш карданд, боз гашта омад. Мардум хело хурсанд шуданд, ки ҷонашон халос мешавад. Аммо афсус ин ҳаромӣ боз омад ба ноҳия.
Началник ГАИ –майори милиса аст, номаш Комрон. Ман ба вай гуфтаниам, ки ҳушёр шав, аз ҳаромхурӣ кадом рӯзе мекафӣ. Ранги Шрек шудаӣ. Бадбахт аз дасти туву коргаронат ягон кас рӯзи хуше надорад дар ноҳия. Ҳарруз мардумро протокол мекунанд, сум ҷамъ мекунанд. Аммо, маълум аст, ки ин суми протокол ба буҷҷаи давлат тамоман намеравад. Кабинети Комрон меравӣ пулро медиҳӣ ҳуҷҷатҳоятро мегирӣ. Агар шинос ё ягон таға дошта бошӣ, арзонтар мегирӣ, скидка мекунад Комрон. Агар худаш набошад як ҷиянашро дар кабинет мемонад. Вай ҳуҷҷатҳоро медиҳад, то пул «бегона» нашавад.
Одинаев Ҷамшед сержант, номерҳои мошинаш 5252 Мерседес, ГАИ кор мекунад. Ин бадбахт ба касе раҳм надорад. Камтар гап зада натавонӣ ин ҳаромӣ сраза ҳуҷҷатҳоятро гирифта ягон протокол мекунад. Чизеаш гуфта намешавад. Агар успет кунӣ 100сомонӣ медиҳиву ҳуҷҷатҳоятро мегирӣ ё тамом. Мегуяд пеши Комрон бирав- началники ГАИ. Ин ҳаромӣ боз ду баробар зиёд мегирад. Ночор дигар чанд суме Ҷамшед гуяд медиҳӣ. Бародари Ҷамшед дар Қумсангир началник ГАИ шуда кор мекунад. Дар онҷо ҳам хуни мардумро хурда истодаанд. Ман ягон коргари мақомот нестам. Аммо бо чанд нафараш рафту омад дорам. Шиносҳову бародарҳо ҳастанд дар мақомоти ноҳия. Як шаб ҳамроҳи 5-6 нафар дар як ҷо шиштем. Дар онҷо ҳам Ҷамшеди ГАИ буд. Задагӣ, бехуд буд. Баъд гап тоб хурду сари кор омад.
Ба Аллоҳ қасам бародар Муҳаммадиқбол! инҳо якдигариашонро чашми дидан надоранд. Инаш зан ё модари дигарашро ҳақорат мекунад, дигариаш аз инашро. Худам ба ду гушам шунидам. Ҷамшед мегуяд, ки пули нағз кор мекунем.
Мегуяд, ки як чанд бор мошинҳои беправаро қапидам. Мегуяд дар ҷояш 5-6 ҳазор сомонӣ медиҳанд, чунки мегуям отдел мебарем онҷо ҷаримааш 17000 сомонӣ аст. Пуламро медиҳанд, ҷавобашон медиҳам, мегуяд Ҷамшед. Чандин бор
пиён зарулёмҳоро доштам, гуфтам 15 сутка маҳкам мекунам ва аз ҳуқуқи ронандагӣ барои панҷ сол маҳрум. Пули калонро медиҳанд, ҷавобашон медиҳам. Ҳато худам як нафарашонро, ки сахт маст буду 1000 доллар дод, рост бурда дар хонааш мондам: «ма нагирм бармш началник милиса ё началник гайи озодш мекна, ҳаму сума мегира, фарқш чи у озод куна ё ма. Уно бо дигар ҷода доран даромад, мо надорем фақат да роҳай ай мо. Ризқи гадо дар пояш бошад, ризқи мо дар роҳ аст мегуяд»
Хулоса, бисёр чизҳоро нақл кард, ки «сумшон боша тамом бхр бгард». Баъд ман як савол додам, ки ту наметарсӣ, ки бо пора ба даст меафтӣ, аз кор озодат мекунанд. Гуфт, ки ҳеҷ кас ба ман ва бародарам наздик шуда наметавонад .Гуфтам барои чи? Гуфт Рамазон Раҳимзодаро як бародараш «таға»-и ман аст. Онҳо аз мода гушнатаран, ма иҷа ҷам кардан мегирм, ягон праблема шава нифсша ба он гушнаҳои сархури боло медиҳам, то касе наздик нашавад, ман кор кардан мегирам тамом. Ошкоро гуфт: «Фаромӯш накун ,бачаи оча дар Тоҷикистон пул дошта боши ягон кас ягон корт када наметона, якташ не якташ сумта мегира сарт метан ,бо давом дода мегардӣ»
Дуюм Нуралии ГАИ. Ин як оқипадар гуем ҳам хато намешавад. Се бор аз вазифа озодаш карданд. Пурсиданием, ки киро бурда чи доди ё пул дода вазифаро гирифти аз нав?
Якум бора ба ҷинояте,ки туро қапиданд, набояд туро вазифа медоданд, бо як марди 29 сола. Бачаҳои амният скритий камера монда буданд дар вақти сабзизаниашон даромада қапиданашон. Яктоаш Нуралӣ, ду каси дигарашон баччаҳои уголовний розыск буданд. Ҳамаашонро қапиданд уголовникҳоро озод кардан аз вазифаҳояшон. Лек Нуралӣ пулро дод, кор тинҷ шуд. Он марди 29 -сола номаш Сафар аст,вай гей мебошад.Хулоса,ин нохалафон 3 каса ҳамон корашонро карданд. Боз ин Нуралии ҳаромӣ дар мақомот кор мекунад. Ду бори дигараш бо порагирӣ дастгир шуд. Аз тарафи вилоят омаданд, лек чиро пешниҳод кард ё чизи дигар, ки боз вазифашро гирифт ин ҳаромхур. Мардумро бисёр азият мекунад. Фақат пул мегуяд. Шабу рӯз дар роҳ аст. Радар дар дасташ фақат сум мекунад.
Инҷо аз ду ГАИи дигар ном намебарам. Вале ҳатман дар барномаҳои баъдӣ зикр мекунем.
Дар бораи беморхонаи Қараболои ноҳия ҳам гуфтаниҳо зиёд аст.
Номи сардухтури ин бемористон Маҳмадалӣ аст. Бисёр ҳам холабеғами порахур аст.
Агар ту сардухтурӣ чаро як бор аз ҳолу аҳволи роддом бохабар намешавӣ? Дар инҷо хуни мардумро хурда истодаанд. Аз врач сар карда то санитаркаву полшуяк:
«ба худо қасам хунта мехуранд. Каме инсоф кунед аз Худо тарсед. Як кудак таваллуд мешавад то 5 ҳазор сомониро масраф мекунӣ. Баро чи ин бесарусомониро танзим намекунанд? Ҳамин роддом-зоишгоҳ тамоман контрол надорад. Вақте ягон наздикат таваллуд кард «як списка метиянд бра биер мега ..10 перчатки, 1летр фери, 5 собун, хулоса, бисёр чиз менависанд, ки биёр. Баъди таваллуд чи чизе, ки оварда будӣ қариб ҳамаш бо абратна аптек мера пула мегиран врачои родом, бахудо қасам то санитаркаша дуздай дар роддом. Вақте укол карданӣ мерай духтури навбатдор бахудо спирту пахтатро медуздад, дар скорий.
Э,Маҳмадалии беинсоф. Каме назорат кун ё наметавонӣ кор кардан, бадбахт ҷойро холӣ кун.
Зарифи калро аз раиси ноҳия гирифтанд. Ӯро Худо задаст хобай. Баъди ин кал ба ноҳия як раиси ҷавони дигар аз мардуми Суғд Иброҳимиён Акмал Комилзодаро таъин кардаанд. Аз омадагиаш ноҳияро каме ба назорат гирифт. Аввал тафтиши Қараболо рафт, ки бисёри нафарҳо онҷо маош мегиранд, лек худашон кор намекунанд, аммо номҳояшон ҳаст барои маош.
ДЭУи ноҳия ҳам тамоман дуруст кор намекунад. Талби сиёҳ 10 сол шуд кор мекунад аммо ягон роҳро соз кардагӣ нест. Ин бадбахт факат барои сағираҳояш мошин мехарад. Ду занро мехуронаду мепушонад.
Э, ноинсоф! Роҳҳоро таъмир кунӣ чи мешавад? 80% маблағи корхонаро медуздӣ, ақалан 20% дигарашро дар роҳҳо сарф кун. Бадбахт1% расход намекунад. Ҳатто техникаҳои корхонаро аренда медиҳад ва ҳамон сумҳоро ҳам медуздад, ин аблаҳ. Як бачааш дар суди ноҳия кор мекунад, дигараш дар прокуратура. Дуздиҳои падарашонро маҳкам мекунанд. Бовар намекунед мақомдорон? Марҳамат биёед назорат кунед. Ягон роҳи мошин соз нест. Аз сар шавии ноҳия то охираш, ҳамаи роҳ вайрон аст. Ду бор президент омад. Фикр кардем ба мошин мебиёяд, роҳҳоро мебинад ва ҳамаи дуздонро меқапад. Лек афсус ин кор нашуд. Бо чархбол рост даруни граница омад. Бадбахтона ин роҳҳои ноҳия боз ҳамон хел валангор монданд. Ҳатто светафорҳои ноҳия кор намекунанд. То ин дараҷа ноҳия соҳиб надорад .
Дар охир якчиро гуфтаниам. Ҳамин мошинҳои милисаҳои ноҳия ягонтоаш ҳуҷҷат надорад, ҳатто тонировка ва темнит кардагӣ, беҳуҷҷат мегарданд.
Началник милиса куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Як бор ин кормандони худатро проверка кун. Чаро барои инҳо мумкин барои дигарҳо мумкин не? Руирост против движения ҳаракат мекунанд.
Дар пеши бинои прокуратура ду занро мондаанд, барои сум кор кардан. Ҳарруз номерҳои мардумро мегиред. Мардум мошинҳояшро дар куҷо монад.
Бародар рӯзҳои наздик дар бораи прокуратура ва идораи андоз менависем.
Андози ноҳия бисёр фасодзада ва корумпированни шудаст. Э, мардум касе дар бораи ин ниҳодҳо чизе медонад бинависед, натарсед, сукут накунед, то кай хап карда мегардед? Ҳазор раҳмат ба «Ислоҳ», ки дарди мардум ва мушкилоти мардумро мегуяд.
Раиси ноҳия Иброҳимиён Акмал Комилзода агар зураш ба сардори ШВКД подполковник Шамсуллозода Баҳром Салом нарасад ба соҳаҳои тандурустӣ, андоз, раисони ҷамоатҳо , ДЭУ ва дуздакони дигари ноҳия мерасидагист. Ноҳияи Панҷ тамоман бе тартибӣ ва бе назоратӣ дар тамоми соҳаҳо ҳукмфармост назоратро пурзур кунад. Ҳатман аз натиҷааш ба «Ислоҳ» менависем.