Ин номае, ки аз Кулобшаҳр омадааст, баёнгари воқеияти талху сангини имрӯзаи кишвари азизамон аст. Дар воқеъ ин тудаи дар сари қудратбуда ба зиндагии мардум, ба онки ин мардум дар азоби алим қарор доранд, кору боре надорад. Ҳам бо дину оини мардум метозанд, ҳам ҳақу ҳуқуқи мардумро ғасбу аз они худ кардаанд ва ҳам шароити зиндагӣ ба онҳоро беш аз гузашта тираву тор карда истодаанд. Бубинед, ки ин бародар бо дарду алам ва аз сузи ҷигар чи менависад: «Фарзандони мо марзҳоро посбонӣ мекунанд, то инки душман ҳамла накунад, аммо душман барвақт аз дарун хамаро ғасб кардааст. Шарт нест, ки душман фашист ё Чингизхон бошад, шахсон ё гурӯҳи ҷинояткороне, ки миллатро ба нестӣ мебаранд душманони аввалин дараҷа мебошанд».
Беҳтар ин нома ва номаҳи дигари ин нашри барномаро худатон мутолиа кунед:
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ҷигари Кулоб, аз шаҳри бостонии Кулоб бароятон менависам. Ман муроҷиат ба мардуми тоҷик дорам.
Моҳи шарифи Рамазон ба ҳама мардуми мазлум муборак бошад! Моҳи мағфирати гуноҳҳо аст. Тавба кунед то инки гуноҳе карда бошед. Даст ба дуъо бардоред, то ки ин зулмро Аллоҳ аз сари мардум дур кунад ва моҳи иҷобати дуъост, дуъо кунед, ки зудтар сарзамин аз нобудшавӣ раҳо ёбад ва ба дастони мардуми поку ба номус биафтад.
Золимон бо шайтонҳои инсию ҷинсӣ ҳаммаслак шуда мехоҳанд, ки тавқи даюсию беимониро ба гардани ин миллат зананд, аз Аллоҳ дур ва аз ҷаннат маҳрум гардонанд ва дарвозаҳои ҷаҳаннамро шабу рӯз ба руи мардум боз доранд.
Золимон мардумро аз ҳуқуқ ва анъанаҳои асосии диниву демократӣ маҳрум карда истодаанд. Назди дарвозаҳои масҷидҳо пур аз кормандони амнияту миллисаҳо, ки табъи масҷидҳо ва намозгузонро хира карда мардумро дилгир кардаанд. Мардум аз таълими одобу ахлоқӣ динӣ маҳрум, кудакон ба масҷид омадан мамнуъ ва ғайраҳо. Инҳо номи баланде, ки дар таърих доштем нест карда истодаанд, ҳастии ҳамаро нобуд ва аз ояндаи дурахшон фарзандонамонро маҳрум мегардонанд.
Муҳаммадиқбол роҳро ҳамвор ва пас гардондани ватанро осон карда истодааст. Аммо баргаштан ва дидани осмони сафо вазифа ва меҳнати пурҷушу хуруши ҳар як нафари ин миллат аст, махсусан ҷавонмардони омодашуда берун аз кишвар. Он чизе, ки ё кореро, ки мо дар ин ҳаёт анҷом медиҳем, дар абадият садо медиҳад.
Фарзандони мо марзҳоро посбонӣ мекунанд, то инки душман ҳамла накунад, аммо душман барвақт аз дарун хамаро ғасб кардааст. Шарт нест, ки душман фашист ё Чингизхон бошад, шахсон ё гурӯҳи ҷинояткороне, ки миллатро ба нестӣ мебаранд душманони аввалин дараҷаи мо мебошанд.
Ба таърих агар нигарем дар вақти хилофати Ҳазрати Умар, Холид бин ал-Валид аввал қабилаҳои даруни арабро тоза карданд ва баъдан рафтанду бо ду империя ҷангиданду пирӯз гаштанд. Ин мардум ҳам бояд аввал давлатро аз гурӯҳҳои ҷинояткорон тоза карда баъд дар фикри марзҳояшон бошанд.
Мутаассифона дар ин сарзамин мард ками дар кам мондааст, ки баромада аз номус ҳифз намояд, ё инки аз як ваҷаби сарзамин ҳимоя намояд. Мо шоҳидем, ки дар ин задухурди марзӣ мард наёфтанд, ки бо ҳамсоя гап занад. Ин тарсончакҳо аз тарс фақат мардони ҷасуру гапзани ин миллатро куштанд ва имрӯз аз тарс ба шартҳои аҷнабиҳо бо хандаю табассум розишуда заминҳоро дода истодаанд.
Равшан аст ки онҳо аз сабаби набудани қудрат ва пас аз нест кардани мардони воқеӣ ба сари қудрат расиданд. Дере нагузашт, ки фасод бар сари ин миллат паҳн шуд. Ин гурӯҳи ҷинояткор дар айшу нӯш зиндагӣ мекунанд ва ба мақомот ва артиш фармон медиҳанд, ки барои орзуҳои онҳо бимиранд.
Ба қумондонҳои фронти халқии Кулоб (Саидшо Шамолов ва ғайра) гуфтаниям, ки Шумо пеш аз ҳама ба мардуми Кулоб хиёнат кардед. Шумо тоҷиккушу бегонапарастҳо, бо кадом руятон хеста боз видеообрашения мекунед. Шумо дар таърихи ин миллат ҳамчун хоин мемонед ва имрӯз хеста боз изо накашида бо забонатон хиёнат мекунед. Ҳайфи Шумо барин қумондонҳо, ки Шуморо бо зури бароварда пешоруи камера монданд. Эҳтиёт кунед, ки хостаҳои онҳоро минбаъд рад накунед, ки писари раққоса Шуморо болои бутилка мешинонад.
Айни ҳол ҳукумат дар вазъияти ноустувор ва тазалзули шадид аст. Дуздӣ болои дуздӣ. Тамоми самтҳои иҷтимоию иқтисодиро нобуд сохтанд. Чи корхонаҳои бузурге аз давраи Шуравӣ монда буд, саришта карда натавонистанд, дуздида нобуд сохтанд ва имрӯз барои кушодани нонвойхона ё гармхона худро пиар мекунанд.
Яке аз мисоли дуздиҳо: пеш 40%-и барқи Тоҷикистонро алюминзавод истеъмол мекард, ки дар он вақт 12-то ваннаи электролизӣ кор мекард. Солҳои охир чанд агрегати Роғуну Сангтуда кушода шуданд аммо аз 12-то ваннаи алюминзавод танҳо 2-то ванна кор карда истодааст. Аммо ҳозир ҳам 40% барқро Алюминзавод истеъмол мекардааст. Дар ҳоле, ки солона ҳамагӣ 60 ҳазор тонна алюминй тавлид мекунад. Аммо он вақтҳо 450 ҳазор тонна истеҳсол мекрад.
Ширкати Неру бошад ҳисобкунакҳои электронӣ пайваст карда бо ин роҳ медуздад. Нархи барқу об рӯз то рӯз боло рафта истодааст, ки ин як намуд табдилдиҳии истифодабарандагон ба ғуломӣ мебошад. Ин ғуломонро ба ҳар роҳ бояд биҷушанд. Мисол андозҳои баланд, нархҳоро бардоштан, ришва, обунаи маҷбурӣ ва корҳои «ободонӣ». Аммо дар иваз зулми бисёртар ва ҳеҷ ҳизматрасонии дуруст нест.
Ҳеҷ шаке нест, ки Аллоҳтаъоло қодир аст ва золимонро ба ҳалокат мерасонад. Савол – агар Аллох ҳамаи корҳоро анҷом диҳад, пас будани мову ту бандагони ӯ чи маъно дорад? Мардони ин кишвар бояд тамоми кори аз дасташон меомадаро кунанд, то ин золимонро нобуд созанд ва дар пеши чашмашон бубинад, ки авлодашон дар зинда буданашон чӣ гуна азоб мекашад. Агар ин золимон бо марги табиӣ раванд ва баъдан режим иваз шавад, пас туф ба ин мардони беғайрату беномус.
Вахш
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як сокини ноҳияи Вахш ҳастам ва ки будани худро пинҳон мекунам.
Дар ноҳияи Вахш чи мегузарад ва чи гузашта истодааст, шумо тамоман на медонед ва ё ки ба шумо ҳамаашро на гуфтаанд. Инҷо ончунон фасодкорӣ аз тарафи авлоди Раҳмонов дар авҷу ривоҷ аст ки кас дар тааҷҷуб мемонад. Инҷо фасоду фасокорӣ рушод аст ва ҳама мақомоти давлатӣ ҳаррӯзу ҳамарӯз медонанду мебинанд.
Якум дар даруни шуъбаи милиса чи мегузарад? Рӯзе нест,ки ҷиноят содир нашавад ва ҷиноят накунанд. Ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин. Сардори ШВКД Вахш полковник Истамзода Машраф Истамӣ бо воситаи одамонаш ё ки прямой бо ҷинояткунандагон маслиҳат ё ки ба гуфтаи русҳо договорро сар мекунад, оҳиста- оҳиста ва саросема ношуда. Ҳамон вақте ки договорҳо пухт ҷинояткорҳо руйрост пулро варақ мезанад ва хап мебароянду мераванд. Гуё, ки ҳеч гап нашуда бошад. Аммо ин гуна корҳои Сардори ШВКДи Вахш полковник Истамзода Машраф Истамӣ бовар кунед рӯз то рӯз бисёр шуда истодааст. Ин Истамзода Машраф дар ШВКД ҳамаро монополия кардааст.
Вақте мегуяндаш, ки сардор ин корҳо хуб нест, на ҳама ҷинояткорон бояд раҳо карда шаванд, чунки ҷинояткори вазнин ва махсусан вазнин бояд дело шавад аммо сардор Истамзода Машраф кори худашро мекунад ва фақат Баҳроми Шириновҳоро пеши руй меорад ва мегуяд охир агар мо делоашон кунем ва суд барем суд якхелашро чора намебинад ё ки бинад ҳам серёзно намебинад. Чунки фақт ҷинояткорон бисёриаш ба Баҳроми Ширинов сум дода мебароянд. Инро ҳама мақомоти ноҳия хушруҳакак медонад, барои ҳамин бошад, мо ҳам каме кор кунем, на балки фақат Баҳром Ширинов охир.
Бори дигар мегуяндаш, ки сардор биё ҷиноятҳои вазнинашро ба прокуратура барем, онҳо худашон дело карда ба суд роҳӣ мекунанд, боз ҳам баҳона карда полковник Истамзода Машраф Истамӣ мегуяд: «охир як бор калата барор ай треза нигоҳ кун Баҳром Ширинов дар суд қати судяҳо банг задестай ва қариб, ки бе прогулай кори Баҳром Ширинов дар бангзанӣ қати судяҳо». Ва мегуяд на ҳама вақт кушодани дело фоида дорад. Чунки суди ноҳияи Вахш қариб ки Баҳром Ширинов аст «барои ҳамин ма ҳам кам-кам бояд кор кунум охи, на фақат Баҳром Ширинов , ва бе фоида чи дар кор вақт гузарониданӣ, мо иҷада меҳнат мекунем, лекин пула домоди раиси ҷумҳур қати судяҳо кор карда кайф мекунанд ва ай ҳама абиднааш ияй, ки Баҳроми домоди ҷаноб банга дар даруни суд қати судяҳо мезана ва ягон кас ҳичиш намега ва гуфтан ҳам наметонад».
Дар ноҳияи Вахш ягон мақомоти давлатӣ ба мақомоти дигари давлатӣ кор надорад: «комира чизе фора амухели мекунад ҳама ба худша таға криша дорад», ин будгапҳои сардори ШВКДи Вахш полковник Истамзода Машраф Истамӣ.
Дуввум ҷиноятҳои вазнинашро Сардори ШВКДи Вахш полковник Истамзода Машраф Истамӣ чи хел ҳал мекунад?
Масалан дар баъзе ҷоҳои дурдасти ноҳия мошин одамро мезанад. Одамҳо омада мехоҳанд ариза кунанд. Дар ҳол ҷинояткорон бо воситаи таға -криша, баромада бо худи сардор ва сардор ба ҷабрдида мегуяд, ки «мо делаш мекунем, ту бра ай пай касалитон шав ва ҳамай личенияш дар сари ами шофир мемонем дигашда корт набошад».
Қисса кутоҳ, дили ҷабрдидаро пур карда роҳӣ мекунанд ва ҷинояткорро мегуяд: «ту бра қати ягон кас қаҳруш пас шида бошад бугу, ки хай ин насибтда бдай аку бахшиши зиёд зораву тавалло кун, дил биёв ва ман ҳам ҳамчун сардор ҳамин гапҳоро мегумшон қати ту ай паси ту ва ту боши дела намешай». Ва ҳатто праваашро ҳам Лишат намекунанд. Мақсад пули хубша меканад мегирад ва кор бо ҳамин тамом.
Масъалаи дигар ҷиноятҳояш. Масалан ягон кас гову моли мардуми деҳаро медуздад ва дузд бошад як хел вақт саривақт дар қап мехурад аз тарафи мардум на милисаҳо. Гову моли мардумро мегардонанд, албатта, на ҳама вақт валекин дузд бошад боз ҳам «таға бозӣ» мекунад ва дар озодӣ мегардад ва идома медиҳад дар дигар минтақаҳои Вахш.
Яъне кору бори пулкор кардан дар даруни ШВКД Вахш хеле ва хеле зиёд аст.
Баҳром Ширинов кист?
Ширинов Баҳром яке аз домодҳои тағои роднойи Ҷаноб аст. Ва ин Баҳром қариб ҳама корро дар Вахш ҳал мекунад, бо пул, албатта. Ногуфта намонад, ки бинои шуъбаи милиса ва суд барбабар аст ва хонаи Баҳром Ширинов бошад ру ба руй суд воқеъ аст.
Дар ҳақиқат тамоми мақомоти қудратии ноҳия ва вилояти Хатлон ҳамааш медонанд, ки Ширинов Баҳром кист. Ва Баҳром ҳарруз қариб дар суди ноҳия ҳамроҳи судя ҳо аст. Ва руирост бо судяҳо бангро дар идораи Суди ноҳия мезананд. Баҳром бангро задагӣ мегардад, кататса дар сари рул. Дар мошини Баҳром фақат ва фақат бангу чарс ҳатто героин ҳам аст. Ҳеҷ кас дар ноҳия Баҳромро манъ намекунад, чунки домоди ҷаноб аст ва Тоҷикистон аз они инҳо аст.
Аммо Баҳром Ширинов дар мужики мужик аст агарчи кораш фақат ҷинояту халоскунии ҷинояткорҳо мебошад вале дар муқоиса бо милиса ва прокурор бо раҳму шафқат аст. Дасти хайри сахо ҳам дорад.
Як вақт як кудаки Баҳромро мошин зад, мурд, Азизмои газетхонак ба хонаи Баҳром Ширинов омада ҳамроҳашон дар азояшон иштирок карда буд.
Рудакӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз деҳаи Шараф, ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рудакӣ менависам ва бидуни ба дарозо кашонидани сухан асли матлабро ироа мекунам. Яке аз раисони маҳалла ва бузи амнияту танзиму военкомат Қосимов Ориф Ҳошимович мебошад. Ин Ориф валлоҳӣ бародари роднойи худашро фурухтагӣ аст. Соли гузашта ба яке аз наздиконаш таъриф карда гуфтааст «сезони аблава, марти соли гузашта танҳо аз ду деҳа 73 ҳазор сомонӣ кор кардам. Ин сезони тирамоҳӣ он қадар хуб нашуд».
Гуфтааст, баччаҳо бисёриашон аз кишвар берун рафта будаанд.
Қосимов Ориф ду зан дорад. Якеаш дар радиостанция мебошад. Ориф фикр намекунад, ки мардум ҳамаи корро назорат мекунанд. Дар деҳаи худуш як муаллимаро ошкоро ба танзим фурӯхт ва ӯро ба маблағи 23 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Боз худаш байндаро шуд ва бо ҳамроҳии танзим чанд ҳазор гирифта акти муаллимаро бекор карданд. Ин Ориф ҳатто занҳо ва келинҳои хонаашро буз ва шестерка кардааст.
Давлати мо то дараҷае бесоҳиб аст ки хатто дар Мозамбик ин хел мақомотдорӣ нест. Мардум сари як сузан омадагианд. Ориф Қосимов аз як ҳамдеҳааш барои адои хизмат нарафтан хуб сум гирифтааст, ки аксу сумгирӣ ва навори онро ҳам дар даст дорем.
Як ҷиянаш Султонзода Бехруз шестеркаи отдел ва амният аст ва аз ин ҳисоби фурушфуруши одамҳо сум мегирад аз мақомот. Ҳатто занаш ҳам дастархонҳои мардумро съемка карда ба шавҳараш равон мекардааст. Мутаассифона барои ин корҳо мақомот заинтересованниянд, чунки онҳо ҳам омада сум кор мекунанд. Аммо агар онҳо салла биёр гуянд ин шестеркаву бузҳо калларо аз тана ҷудо карда мебаранд. Мақомот меоянду ҳам мехуранду ҳам дегу косаро ба навор гирифта ҷарима мекунанд.
Мақомоти мо ба фоидаи халқ кор намекунанд. Вақте раиси маҳалла ба ин тарз бо мардум муносибат кунад, дигарҳояш чи кор кунанд?
Мардум дигар бесавод нест, ҳамаро медонанду мефаҳманд. Мақомоти болоӣ ҳушёр бошед. Бо мардум ин ҳама ситаму найрангро бас кунед.
Ориф Қосимов пеш раиси як партовгоҳи як посёлка буд, аммо ҳозир қонунан раиси маҳалла шудааст. Пеш Муҳаммадҷон бо кличкаи Хоҷа ва хатиби масҷид буд, хело инсони хуб буд. Ҳам дар амният медидемаш ва ҳам дар отделҳо медидемаш. Ба ҳар ҳоле хубтар буд. Вале агар Ориф Қосимов ислоҳ нашавад, бо киҳо доду гирифт дорад ва бо кадом коргарони мақомот ҳамкорӣ мекунад бо факт ва далелҳо ба «Ислоҳ» пешниҳод мекунем!.
Кӯшониён
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аввало дар ин моҳи шарифи Рамазон дуъо мекунам, ки Аллоҳи меҳрубон шумо ва хонаводаи шуморо дар паноҳи исматаш нигоҳ бидорад. Ман барномаи махсуси шуморо дар бораи Кушониён тамошо кардам.
Дар бораи Мурод гуфтед, беҳтарин корро кардед. Аммо ҳозира раиси ҷамоати нав таъин шуда Лутфулоев Неъматуло мебошад. Ин кас пеш аз раиси ҷамоат таъин шуд зани худашро шахсан худаш бо як раис дар …. қапид. Баъд ҳамон шахс дар ивази хомуширо ихтиёр кардан, яъне овоза накарданаш, ин касифро раиси ҷамоат таъин кард.
Ба худо қасам заминҳои ҷамоати Меҳнатободро гирифта яъне саҳми мардумро гирифта13 сол мешавад, ки мардумро лаҷом зада гаштааст. Ба ягон колхозчӣ суми чобуқ ё ки пахтаро намедиҳад. Боз дар пеши баъзе одамҳо мегӯяд, ки ман кулобиям ва мегуяд, ки «ин мардуми собиқ Янгитурмуш ҳозира Зарнисор, инҳо вахёчиянд, инҳоро занҳояшонро фалон кардан дар кор». Бачааш ҳам ҳамин гапро чанд маротиба такрор мекунад.
Бародарони мубориз тамоми умеду орзуи мо-миллати тоҷик шумо ҳастед.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як нафар аз рӯзноманигорони тоҷик ҳастам, ки дар нишасти матбуотии Ҳабибулло Воҳидзода Прокурори нави генералии Тоҷикистон ширкат кардам. Ин нишасти хабарӣ ин байти Хоҷа Ҳофизро ба ёдам овард:
Ин чи шурест,ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Сари қудрат бо ваколатҳои бемаҳдуд булбулаки ҷаноби Воҳидзода мехонад, ки ҳатто ба иззати нафси рӯзноманигор мерасад. Ҳангоме, ки рӯзноманигор ба ӯ суол мекунад, ҷавобҳои хираву тира ва пур аз агару шояду бояд медиҳад, ки маълум аст зери коса нимкосаҳо ҳастанд. Ва бо нигоҳи тунд таъкид мекунад, ки Шумо ҳамчун рӯзноманигор ва шаҳрванд бояд қонунро донед ва огоҳ бошед оиди нақшаҳо нисбати таҳдидҳо, сири давлатӣ дорад ва мо набояд ифшо намоем.
Мо ҳама қонунро медонем ва огоҳ ҳастем. Донистан ва ё надонистани қонун ягон касро аз ҷазо озод намекунад. Оё Шумо медонед, ё гуё намедонед, ё медонеду бо забондарозӣ мекунед?
Шумо, ки додситон ҳастед, қонунро бозичаи дасти худ накунед. Ҷиноятҳоро бо роҳи сохта руйпуш менамоед, ё ҳарчики табъи Шумо ва ҳаммаслакони Шумо мехоҳад он шавад? Ҳамчун додситон оё Шумо медонед, ки руйпуш кардани ҷиноят, беамалӣ ва бетарафӣ ва поймол кардани қонун ин худ ҷиноят аст.
Ба рӯзноманигор бо чашмони алаю бо нигоҳи каҷ ҳамла накунед. Ин кор шояд ба шахсоне, ки ба Шумо ставка кардаанд хуш биёяд ва балҳои Шумо боло равад.
Он рӯзноманигороне, ки бо туҳмат ва поймол кардани ҳуқуқи конститусиониашон зиндонӣ шуданд, ин ҷинояти бузур аст.
Ин ҷиноятҳо ҳамааш дар таърих сабт шудаанд.Шумо фикри дуздию гурехтанро накунед, чунки бо ҷурми ин ҷиноятҳое, ки дар он паи пои ҳамаи Шумо ҳаст, асоси истирдоди Шумо мегардад ва Шуморо кашон- кашон пас оварда пушти панҷара то абад хоҳанд гузошт. Рӯзи шикасти режими фасодшуда наздик аст ва шумо бидонед, ки он рӯзи хушҳолкунанда барои ин мардум аст. Ҳоло ҳам фурсат ҳаст то инки адолатро барпо намоед ва ҳама рӯзноманигорон ва зиёиёни бо туҳмат зиндонӣ шудаанд озод намоед. Озодии сухан пояи асосии Демократия, аммо Шумо онро ҳамчун таҳдид бар зидди алайҳи ин режими фосид мебинед.
Мо ҳамеша назорат мебарем то инки бинем, ки барои Шумо волоияти қонун боло меистад, ё инки манфиатҳои шахсиатон.
Домани майҳан ба дасти нокасон уфтодааст,
Обруи мо ба дасти ину он уфтодааст.
Косалесони аҷониб раги ғайратро бурид,
Гардани ғайрат ба дасти золимон уфтодааст.
Вахш
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар ин ноҳияи мо на ҳама медонад, ки тамоми корхонаву идораҳоро ҳам ба пуррагӣ фурӯхтанд. Ҳатто бинои калони автовокзалро ҳам фурӯхтанд. На автовокзал дорем ва милисаву на ГАИ. Ва ҳар касе чи хеле форадаш мошинашро меронаду дар ҳар куҷо, ки хост истода пассажир мегирад.
Ҳама ГАИҳо руирост пул мегиранд, аз мошинҳои шахсӣ, аз таксиҳо. Ошкоро ва руи рост без пределӣ дар ноҳия рафта истодааст. Ҳатто худи сардори ШВКДи Вахш полковник Истамзода Машраф Истамӣ аз соҳибони бозорҳо пул мегирад, ба баҳонаи порядкаи бозор. Масалан ҳамин сешанбе- бозори Вахш дар сари роҳи Вахшу Қурғонтеппа Бохтар аст. Агар соҳиби бозор пулро рост ба худи полковник Истамзода Машраф Истамӣ надиҳад ГАИҳо омада роҳро назорат порядок намекунанд ва дар он ҳолат дар роҳ мошинҳо тамбаву пробка мешаванд ва бозор слишком бардак мешавад ва мошинҳо одамҳоро ба ҳақораткунӣ сар мекунанд. Ҳатто коргарони бозор мегуянд: «охи калони мо пула пешакӣ ба ҳами хари калон полковник Истамзода Машраф Истамӣ додагияй айби мо чи»? Садори милитсияи ноҳия ҳаромхуру корношоям бошад айби бозор чи?
Сардори ШВКД Вахш полковник Машраф Истамзода Истамӣ бошад кормандонашро барои буд кардани план дигар минтақа барои гузаронидани рейд ё ки барои протокол роҳӣ кардааст ва парвои бозору мошину порядкаву ободӣ надорад. Чунки инҳо худашон, масалан ҳамин началник милиса Машаф Истамзода руирост мегуяд: «ман барои вазифара гирифтан пул додагиям калонмонда ва пул додан дар кор пастаяна, чунки ҳамай и бардака дар ин ноҳия ман ҳал карда наметонам ва ҳамара мардум худашон медонанд, ки кору бор дар Тоҷикистон пул қатӣ аст, ҳич кас худша ба нодони назанад».
Ба ғайр аз сешанбебозор боз чоршанбебозор ҳаст дар Вахш ва боз бозори Тошработ ҳам ҳаст, ки дар ин бозорҳо айни ҳамин корҳо идома дорад.
Дар худи маркази ноҳия бошад тамоман ранги Ҳиндустон аст. Чунон бардак аст ва пробка аст. Ва аҷобаи кор дар он аст ки ҳамаи ин бардакиву бебандуборӣ дар тай фуки прокуратура аст. Бинои прокуратура дар маркази Вахш воқеъ аст ва прокуратура чизе гуфта наметавонад. Барои онки руирост ҳамаашон ҳаром мехуранд. Масалан бинои автовокзал ва заминҳои он, ки дар чандин гектар паҳн шуда буд заминҳои онро фурӯхтанду дар ҷойи он хона сохтанд ва нонбою устохона карданд. Ҳатто якбор на началники милитсия ё ки прокурор гап назад ва намезанад, чунки инҳо ҳам дар «доля» шариканд.
Ана ҳамин аст ҳоли мардуми ноҳияи Вахш ва касе дар фикри осудагӣ ва ободии ноҳияи мо нест.