Аз дасти ин номарди касиф-Эмомтапак ва «бачаҳакои боло»-и вай на мусулмону на насронӣ ҳама ба дод омадааст. Ин савол, ки мо чи миллатем, ки як як нафар як гурӯҳ моро беш аз сӣ сол аст ки таҳқиру тавҳин ва ғулому барда кардааст? Як нафар аз бародарони насронӣ низ оқибат аз ситами инҳо ба дод омадаву дарду доғи худро ба қалам додааст. Мегуяд, ки ман дар Бустон-Чкалови пешина зиндагӣ дорам аммо мисли онки инҷо дигар як рустои «бачаҳакои боло» шудааст:
Бустон
Ман, насрониам (христианин) аз вилояти Суғд, шаҳри Бустон, собиқ Чкаловск. Ассалому алейкум бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқбол. Номаи ман тулони нест аммо доди мардуми зери зулми мақомоти «бачаҳакои боло»– ро ҳаракат мекунам ақаллан 50% гуям. Ин нома қатрае аз уқёнуси қонуншиканиҳо мебошад ! Дар яке аз эфирҳо Мамнурзода, муовини раис баромада гуфт, ки зиндагӣ дар Бӯстон зур 100% аст. Руяш сиёҳ, об надорем, барқ надорем. Ҳоло зимистон аст. Вазифаҳо ҳамааш дар дасти золимтарин афроди «бачаҳакои боло» аст. Аз калисо пул мегиранд, пулҳои помошро соф ба номи хешу таборонаш кардагиянд. Нигоҳ мекунӣ шаҳрро, мегуӣ, ки Бустон неву Хатлон-2 бошад. Кулобиҳои беақл дангариҳо соҳиби вазифа шуда мардумро ғорат доранд. Ин чизҳое аст, ки аз пеши худ нагуфтам. Аз синфҳои нулевой ҳатто 120 сомонӣ барои бур, таъмир ва гури Майрам мегиранд. Барои форма, барои журнал ва китобҳо, мегуӣ, ки Эмомтапак акои Ким Чен Ын бошаду ва ӯ бародари Эмомтапаки Тухмиён. Коргарони паспортний стол соф бузу гову харанд. Корашон бо мардуми бумии Суғд дурушту дағал бархурд кардан ва порагирӣ аст. Бузҳои амният зиёд шудааст. Дар вақти маросими даъват дар баромади Хистевраз мошинҳоро «в наглую» пешашро гирифта манъ мекарданд ва дар Бустон ҳам мошини сагҳои амниятие, ки шишаҳояш сип сиёҳ ҳаст, ҳамин корҳоро мекунанд. Охир ҳиҷ кас ҳақ надорад мошинатро манъ кунад, дар пешаш тормоз кунад, мисли филми Форсаж. Ин аст давлати соҳибистиқлоли Ишкамбаи беимони Эмомтапаки Тухмиён. Милисаҳо ва ГАИҳо аз Данғараанд. Ба Мамнурзода гӯед, ки “руша сиё кард, зери туфанги ғамният буд” (амният, ки фақат ғам медиҳаду нияташ ҳам ғам додан аст). Ман ҳатто намедонистам, ки дар шаҳри мо раису вазири мардумӣ будааст ,руяш сиёҳ ин кали дуздро ва он суханҳои шумо, ки Эмомтапак на ба мусулмон раҳм дорад, на ба христианин, воқеан сад ба сад дуруст аст! Худованд руҳи Раҳмон Набиевро шод гардонад. Насрониҳои Суғд бо шумост! Худованд ба мусулмонҳои Тоҷикистон ҳам шуҷоъат ва ҷасорат бидиҳад, омин ! Тими Ислоҳ ба пеш !
Хистеварз
Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ташаккур, ки матлаби пешинаи моро дар бораи Хистеварз, Қистакузи собиқ ба нашр расонидед. Ҳоло дар бораи таъсири он навишта чизе намегуям. Камтари дигар мунтазир хоҳем буд. Аммо, ҳоло дар ҳукумати ноҳияи Ғафуров ва идораи ҷамоати мо хеле ҳам такудав доранд. Бигзор дар ташвишу изтироб бошанд.
Аммо ҳоло дар бораи раиси бозори марказии Хистеварз Самеъ Раҳмон менависам. Вай чигуна раис шуд ва чигуна бозорро аз они худ кард.
Солҳои 1997 ё1998 буд. Ин бозорро чанд нафар ҳуҷҷат тайёр карда ба номи Ахмедов Аҳмат гузарониданд. Ахмедов Аҳмат маълумоташ олӣ буд ва соҳаи хариду фурушро хонда илми зиёд дошт, лекин шароити молу мулк надошт. Шариконаш молу мулк ва маблағи зиёд дошта наркобарон буданд. Шариконаш ҳамин Самеъ Раҳмон, Алибоймурод ва боз дигар шахсҳое дар пушти парда буданд. Вақте ин бозор пурра ҳуҷҷатгузорӣ мешавад, дар фикри нест кардани Аҳмат Ахмедовро мешаванд. Аҳмат як марди маишатӣ буд, аҳамият ҳам намедод ба шариконаш. Дар ҳамин бозор як мағоза дошт ва як дустдоштааш дар ҳамин мағоза савдо мекард. Дустдоштааш Шаҳра ном дошт. Ин Шаҳра бо чанд мард рафту омад кард. Ба хонааш мардҳои бегона мерафтанд. Шавҳари даюсаш кордор намешуд. Аммо ин зан як зани бадкори фоҳиша буд. Тамоми маҳаллаю ҷамоатамон мешиносад. То ҳол бо ҳамин зан Аҳмат дуст аст. Аҳмат кам- кам героин истеъмол мекард. Охирон вақтҳо вақте, ки заиф мешавад ба шариконаш як шахси зиёдатӣ мешавад. Яъне ин шарикҳо ҳамон Самеъ Раҳмон ва Алибоймуроданд ва ин ҳарду бо ментҳо дустӣ доштанд. Алибоймурод наркоабарон буд ва ба ментҳо бисёр «доля» дода мегашт ва ҳардуи ин бо Шаҳра маслиҳат карда ва мегуянд: «Шаҳра бо ту як маслиҳат мекунем, ин ё..ратро нест мекунем. Ба ту ин даркор нест, заиф шудааст. Агар инро нест кунем, мағоза ба ту мемонад ва ту ҳам халос мешавӣ». Шаҳра розӣ мешавад ба пешниҳоди инҳо ва бо Аҳмат нақшаи ҷанг мекашад. Як саҳари моҳи январ, соати 06:00 Аҳмат ба бозор меояд, ба мағозааш, ки Шаҳра дар ҳамон ҷо аст. Паҳлуи мағоза як қассобхона буд. Дар онҷо Шаҳра бо чанд нафар шахсҳои чекчини бозор, тақрибан чаҳор ё панҷ нафар Аҳматро меқапанд ва Шаҳра кордро мезанад ба синаи Аҳмат. Онҳо баромада «акаи Аҳмат худро бо корд зад,худкушӣ кард» гуфта овоза мекунанд ва Аҳматро ба мошин савор карда ба самти беморхона ҳаракат мекунанд. Аммо хеле ҳам ором, саросема нашуда, дар светофор баҳузур истода мераванд. Вақте мераванд, ки Аҳмат мурдааст. Ба духтурҳо мегӯяд, ки дар светофор истода будем, ҷонаш баромад.
Моҳи январ, ҳаво хунук дар танаш палтои ғафс, костюм, курта. Корд1 сантиметр гузаштааст аз палто. Касе, ки худкушӣ мекунад, магар аз болои палто мезанад худро? Аз руи гуфти пизишкони қонунӣ (медэкспертиза) шахс худро аз болои ин қадар либос бо корд зада наметавонад.
Ин воқеаро ҷияни Алибоймурод Азиз боз хубтар медонад. Аз вақти кордзанӣ то вақти маргаш ва дар роҳ то ба беморхона бурданаш шоҳид буд. Дар ин қазия милисаҳоҳамроҳ ҳастанд. Экспертизаро онҳо харида буданд. Ҳамаашон қарор мебароранду мегуянд худкушӣ кардааст.
Аҳматро ҳама медонад, ки ҳатто аз куштани як мурча метарсид, пас ӯ чигуна худро мекушад. Барои ҳамин мо аз пойгоҳи “Ислоҳ” хоҳиш мекунем, ки қазияи мазкурро расонаӣ карда парда аз болои ин ҷиноят бардорад ва асрори махуфи шахсҳоеро, ки ин куштори мудҳишро бо пули зиёд ва бо қудраташон хомуш карданд , ошкор созад.
Самеъ Раҳмон як одами бисёр муғамбир аст. Як нафарро нест кард ва шарики дигараш Алибоймуродро низ канор андохт. Ҳозир бошад бозор дар ихтиёри худаш ва ду фарзандаш аст. Бозорро ба номи фарзанди калониаш Эмин Раҳмонов гузоштааст .Ва иншооти чаҳорошёнаи навашро ба номи фарзанди дуюмаш Аминҷон гузоштааст.
Худи Самеъ Раҳмон бошад бо қиморбозӣ, заминфурӯши ва мардумфиребӣ машғул аст. Вай бузи амният аст ва ҳамкорӣ бо тамоми мақомот дорад. Агар шахсе, ки кораш ба амният ва ё ба дигар мақомот афтод, дарҳол Самеъ Раҳмон ба он кор худашро ҳамроҳ карда миёнаравак шуда пул кор мекунад. Ва,пуле, ки вай мегирад аз пуле, ки мақомот мегирад,зиёдтар аст.
Ногуфта намонад Самеъ Раҳмон айни ҳол раиси танзими ҷамоатамон аст. Дар ҷамоати мо тӯи хатна манъ буд. Фақат дар доираи аҳли оила мумкин буд. Аммо ин раиси танзим Самеъ Раҳмон тӯи хатнаро иҷозат дод, албатта, ба ин шарт, ки туй дар тарабхонаи худи вай баргузор шавад.
Ва ҳақи иҷозаташ 2500 сомонӣ мебошад. Ин тарабхона дар ҳамон чаҳорошёнаи Самеъ Раҳмон воқеъ аст. Вақте ки соҳибони маърака барои мисол ба 150 нафар меҳмон иҷозат мегиранд ва шартнома мебанданд ва хешовандони соҳиби маърака зиёд мешаванд- тақрибан ҳафт ё даҳ нафар.Аминҷон писари Самеъ Раҳмон аз онҳо боз пул талаб мекунад.300 ё 200сомонӣ.Агар соҳиби маърака маблағи талабкардаашро надиҳад,ба участкавой телефон мекунад. Хабар медиҳад,ки соҳиби туй меҳмони зиёд даъват кардааст ва участкавой штраф мекунад.
Тӯи хатнаро чи хеле гуфтем ба ғайр аз тарабхонаи худаш дар дигар тарабхонаҳо иҷозат намедиҳад. Гап дар инҷо аст ки дар ҷамоати мо якчанд тарабхона амал мекунад,вале Самеъ Раҳмон тӯи хатнаро монополия кардааст.Бо амният,милитсия,прокуратура ва дигар мақомот рафту омади зич дорад. Бо куратори амнияти ҷамоати Хистеварз, ки Шамс ном дорад бо ҳам бениҳоят рафиқи наздиканд.Бо Алишер Ятимов,прокурори Ғафуров ҳам робитаи хуб дорад,чунки хеле аз заминҳои ҷамоатро бо ҳамроҳии вай фурухтааст.
Гап –гап ҳаст, ки ба наздикӣ Раҳмонови касиф ба ҷамоати мо меояд. Барои ифтитоҳи ду мактаб.Сохтмони бинои яке аз ин мактабҳоро Самеъ Раҳмон бар уҳда дорад.Вайро инҷо сардори соҳибкорон кардаанд.Вай як шахси хеле зирак ва сахт хитрий аст.Вай ба соҳибкорҳо телефон карда мегуяд барои таъмири мактаб фалон қадар пул даркор.
Агар он соҳибкор саркашӣ кард,дарҳол ба амният занг мезанад ва номери соҳибкорро медиҳад.Амният болои он фишор меорад ва маблағро ситонида мегирад.Айни ҳол дар ин мактаб маблағи зиёд даркор аст.Аз сардухтури беморхонаи якум 100000 сомонӣ гирифта ба 88000сомонии он гул харидаву гулкорӣ карданд.Барои як мактаби майда ба ин қадар пули калон гулкорӣ кардан ба ки даркор.Фақат барои 15 дақиқа омадани Раҳмонови золим ин корро карданд.
Дар назди ин мактаб як иморати куҳна аз они як шахси камбизоат ҷой дошт,ки он шахс зиндагониашро ба як илоҷ мебурд.Ба вай амр карданд,ки девори хонаатро нав кун ва маҷбур кардан.Он шахс гуфт ман шароити нав карданро надорам.Ба вай гуфтанд,ки мо ёрӣ медиҳем ту корро сар кун.Вақте ин соҳибхона корро сар кард баро 40 ё 50метри девор чанд лингча семент гирифта доданду халос.Ва деворҳои дигари маҳалларо ҳам соҳибонашонро маҷбур карданд ва онҳо ранги зард карданд.Раҳмонов вақте ба ин маҳалла меойӣ ин деворҳоро аҳамият деҳ ҳамааш зард.Ба раиси ноҳия ва Қофлонбой савол деҳ,ки ин деворҳо барои чи зард? Инҷо корхона аст ё маҳаллаи ҷои зисти мардум? Савол деҳ,ки барои чи ҳамаи ин хонаҳо якранганд? Бо монанди беақлҳо даҳонатро калон кушода нарав. Ба дигар маҳаллаҳо дохил шав ва бубин,ки дар чи шароит қарор доранд. Дар ин маҳаллае,ки ту меойӣ чанд моҳ тайёрӣ мебинанд.Баъзеашон бомҳои хонаашонро бо дастури амният нав карданд.Ба ҳамин кучае,ки қадами нопокаш мерасаду ҳоло асфалт мешавад, аз ҳисоби халқ маблағ мечинанд-дар ба дар.Агар мардум надиҳанд маҷбур худашон ҳукуматиҳо мекунанд ё ягон соҳибкорро маҷбур мекунанд.Айни ҳол бошад бисёрии кучаҳои маҳаллаамон асфалтпуш шуда истодааст.Аммо аз ҳисоби халқ.3000 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карданд.
Раҳмонов ту наёӣ ҳам, мо мардум ҳисобамонро меёбем. Омаданат шарт не. Ба гуфти мардуми нодон қадами подшоҳ расад обод мешавад.Аммо бало ҳам намешавад.Ту подшоҳ нестӣ, ту як золими бераҳм ҳастӣ.Чунки то омадани ту мардум чи қадар азобу машаққат мекашанд: пешво меояд,пешво меояд гуфта! Ту пирхар наё! Ба он коргарҳои ҳукумат гӯй,ки ҳамаи маҳаллаҳо,ҷамоатҳо, ноҳияҳоро обод кунанд.На инки фақат онҷое,ки ту меравӣ.Парчамро дар ҳама ҷо рост кардед. Барои чи лозим аст парчам? Ба мардум нону ош медиҳад? Дари ҷамоат ҳаррӯз пур аз камбизоат ,шароити хӯрокаю пушока надоранд, ба ҳамонҳо ёри диҳед .
Мактабро аввал ба гардани сардорҳои хоҷагӣ Бобосаркор ва Хуршед саркор монда буданд. Онҳо биноро сохтанд ва ба мондагии кор маблағашон камӣ кард. Аз баҳри ин мактаб баромаданд. Барои онки маҷбурӣ грузит карда буданд. Онро ду сол пеш сар карда буданд.
Вақте раиси ноҳия нав шуд хост тағйирот дароварад ба ҷамоати мо.Чунки ба сарвазир худашро нағз кунад, якҷо бо Қофлонбой.Ҳозир дар ин мактаб 240 нафар талаба метавонад бихонаду халос. Дар ҷамоати Ёва бошад як мактаби калон стадион бо тамоми шароит ҳаст. Аммо Раҳмоновро ба ҷамоати Ёва набурда ба ҷамоати Хистеварз меоранд, чунки зодгоҳи сарвазир аст. Қофлонбой як маддоҳи лаганбардори хушомадгӯй мебошад. Қофлонбой ҳафтае як бор бо намояндаҳояш хабаргирӣ меояд.Иншоотҳои навро дида барои ислоҳи камбудиҳояш дастур медиҳаду меравад.
Шаҳринав
Ассалому алайкум ба ҳама ҳамватанони муқими Тоҷикистон ва бурун аз он! Бародар Муҳаммадиқбол зинда бошӣ. Ин номаро аз Шаҳринав роҳӣ мекунам.
Маълум аст ки дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ободиву суботи ҷомеъа ва рушди деҳот аз роҳбарон вобаста мебошад. Вале имрӯз мо дар бораи як минтақа аниқтараш дар бораи роҳбари деҳа (раиси кумитаи маҳал) мегуем, ки бо истифода аз мансабаш ба ҳар гуна фасодкорӣ (коррупсионӣ) даста зада барои ободиву пешрафти деҳа неву балки барои манфиати шахсии худ кор мекунад. Мо дар зер чанде аз амалҳои ӯро бо далелҳои равшану возеҳ гуфта мегузарем, ки исботи суханони дар боло зикршуда мебошад. Раиси кумитаи маҳаллаи Хуҷаи Боло ҷамоати деҳоти Чуст ноҳияи Шаҳринав муддати 11-12 сол мешавад дар ин вазифа кор мекунад. Ва дар ин муддат бо истифода аз мансабаш як қатор амалҳои фасод (корупсирнӣ)-ро анҷом дод. Дар саргаҳи деҳа байни Элок ва деҳаи мазкур корхонаи истеҳсоли хишт мавҷуд аст. Обе, ки барои коркарди хишти пухта истифода бурда мешавад аз оби деҳаи Хуҷи боло меояд. Раиси кумитаи маҳал оби деҳаи Хуҷиро ба ивази як миқдор маблағ ба ин корхона мефурӯшад. Дар ҳоле, ки дар худи деҳа оби нӯшокӣ намерасад. Чандин маротиба халқ кӯшиш намуд, ки ин обро хушк намоянд ва барои манфиати худи шаҳрвандони деҳа истифода баранд, вале раиси маҳал бо ҳар баҳонае пеши хушк кардани ин обро мегирад. Деҳа қариб аз 300-350 хоҷагӣ иборат мебошад. Сарчашмаи ин об дар Чашмаи моҳиён-зиёратгоҳе, ки дар ин мавзеъ ҷойгир аст, воқеъ мебошад.
Дар аввал оби ин чашма калон буд. Аммо бар асари тағйири иқлиму камбориш омадани сол об сол то сол кам шуда истодааст. Ва норасоии об ва танқисии мардум ба чашм мерасад. Вале ин раис ба ҷои онки барои оянда аз дигар роҳҳои зиёд кардани об бо воситаи ( парма кардани замин, овардани оби нӯшокӣ бо воситаи қубур аз кӯҳҳое, ки дар болои деҳа мавҷуд аст) андеша кунад, баръакс онро ба деҳаҳои Элоки ва Чузи медиҳад. Инчунин боз аз обе, ки дар канори деҳа мавҷуд аст ва сарчашмааш аз боришот дар кӯҳсор аст, онро низ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар дигар деҳаҳо мебошад мефурӯшад ва ё бар ивази чизе медиҳад. Мисол: чанд сол пеш ин обро барои хоҷагии деҳқоние, ки дар деҳаи ҳамсоя мавҷуд аст, дод,албатта бар ивази як миқдор маблағ, ки аз он барои деҳа ва ё ободии он истифода нагардида, балки барои манфиати шахси худ истифода бурд.
Мисоли дигар. Соли ҷорӣ дар мактаби деҳа сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ба анҷом расид. Ин синфхонаҳои иловагӣ ҳамагӣ чор адад буд аммо сохтмони он 6 сол идома ёфт. Ҳар сол 2-3 маротиба аз ҷавонону ашхоси меҳнатие, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд, пул ҷамъ кард. Вале чор синфхонае, ки барои сохтанаш шояд 2 маротиба зиёд пул ҷамъ шудааст ҳам аз муҳоҷирону ҳам аз истиқоматкунандагони деҳа ва бо баҳонаи ин сохтмон оби деҳаро мефурӯшад ва пулро ба ҷои онки оварда барои рушди деҳот сарф намояд, ба ҷайби худаш мезанад. Хуллас ин 4 синфхона бо як азобу уқубат ва ҷанҷоли халқ бо раису роҳбарони муассисаи мазкур дар муддати 5 сол сохта шуд. Дар ҳоле, ки бо он пули ҷамъкардаи халқ ва соҳибкорон ва маблағи ҷудошудаи давлат кайҳо бояд ба истифода дода мешуд. Вале бо ин гуна ашхоси роҳбарикунандаи деҳа, ки ҳамаи кӯшишу талошҳояш 90% фисадаш барои худаш аст, солҳо тул мекашад.
Мисоли дигари амали ин шахсият ин аст, ҳамасола ҷавонони деҳаро ба комиссариати ҳарби хабаркашӣ мекунад ва кӯшиш мекунад, ҳар чи зиёд ҷавонони хоҳ бемор бошанду хоҳ камбағалро ба комиссариат супорад. Дар асл хизмати ҳарбӣ қарзи фарзандии ҳар яки мост ва сухан дар бораи он меравад, ки ин раис барои чи писари худаш, ки дар синну соли хизмат аст, намеравад? Ва борҳо баҳонаи хондан мекард ва муддати 1 сол зиёд шудааст, ки мактаби олиро дар Русия хатм кардаасту дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, аммо хизмат намеравад. Мисоли дигари амали ин шахс ин аст ки омӯзгори мактаб аст. Аммо дар давраи роҳбарӣ, писарашро туй кард, хонаи нав сохт, мошини сабукрав рақами қайди давлатиаш (0908 ) харид ва ҳоло шумораи зиёди чорвои хурд ҳам дорад.
Дар ҳоле ки даромадаш аз ҳисоби омӯзгориву ронандаи мошини “ЗИЛ” аст. Худ хулоса бароред, чи тавр як омӯзгоре, ки бо ҳисоби зиёдаш гӯем, 800 сомонӣ маош мегирад,ин қадар чизро соҳиб мешавад? Дар ҳоле, ки раиси кумитаи маҳал маош надорад ва ин як кори ҷамъиятӣ аст. Албатта, ҳамаи ин гуфтаҳо дарак аз амалҳои фасод (корупсионии) ӯ медиҳад. Дарди гуфтанӣ зиёд вале афсус, ки дасту пои баста дорем. Чун ҳама амалҳои ӯро шогирдаш кришават мекунад. Шогирдаш ба қавли мардум домоди яке аз шахсиятҳои болои мамлакат аст. Ва ба хотири шогирди ин раиси ришвахур халқи бечора тарси ба мақомоти давлати шикоят карданро доранд. Шогирдаш, ки ӯро ин раис дарс додааст, борҳо дифоъ аз ӯ мекунад. Мо дигар ҷое барои шикоят карданро надорем ҷуз “Ислоҳ” моро фаҳмед ,агар адолате ҳаст пас чора бубинед!
Ваҳдат
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин.
Ман аз шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Ҷуянгарон ҳастам. Мехостам дар бораи яке аз ҳаромхурҳои ин ҷамоат, раиси ҷамоати Чуянгарон Мирзоев Баҳриддин каме маълумот диҳам. Мирзоев Баҳриддин зиёда аз 5 сол мешавад, ки дар ин ҷамоат кор мекунад. Бисёр як нафари касиф, беимон, порахур ва зинокор аст. Ӯ дар муддати ин солҳо дар ҳудуди ин ҷамоат на замин монд, на чарогоҳ, ҳамаро фурӯхт. Чарогоҳи деҳаи Лиҷак, ки тақрибан 7-8гектарро ташкил медод, дар лаби дарёи Кофарниҳон ҷойгир буд, ҳамаро замини истироҳатгоҳ карда фурӯхт, мардуми бечора дигар намедонад чорвояшонро куҷо баранд. Аз миёни деҳаи Шарифободу Бӯстонсарои Лиҷак аз деҳаи Мағов як дарёча меояд.Азбаски ин дарёча обаш аз кӯҳҳои Мағом ҷорӣ мешавад, об рег меорад. Мардуми деҳаҳои гирду атроф барои сохтумонашон аз инҷо рег мебурданд. Ин Мирзоев Баҳридин инҷоро гирифта сехи сементблокрезӣ кардааст. Дигар мардумро намемонад аз инҷо барои сохтумонашон рег баранд. Регро бо мехлопата аз об берун мебарорад ва сари Камазе аз 200 то 300 сомонӣ мефурӯшад.
Ин Мирзоев Баҳриддин аз Худо бехабар аст. Бар зидди муқаддасоти динӣ муборизаи шадид ҳам мебарад. Дар моҳи Рамазони гузашта чанд масҷидро маҳкам карданд, ба хотире, ки шумо сарбоз намефиристед. Ба ман як бародар, ки шоҳиди ин ҳодиса будааст, нақл карда гуфт: Як рӯз Мирзоев Баҳриддин бо чанд корманди ҷамоат ба масҷиди маҳалаамон омада бо пойафзолҳояшон ба даруни масҷид даромада гуфтанд шумо ба мо сарбоз ёфта диҳед, ки масҷидатонро маҳкам мекунем.
Дар таровеҳ бисёрии масҷидҳои деҳаро баста буданд, намегузоштанд, ки бандаҳои Худо рафта ибодаташонро кунанд. Ҳатто ман худам як маротиба шоҳиди беимонияш гаштам. Рӯзе ба хотири харидани чизе ба мағоза рафтам. Дидам як мошини сиёҳи Тойёта карола омад ва дар назди як духтари сатрдор истод. Сарашро аз тирезаи мошин берун карда он духтаракро чунон дашном дод, ки мегуфт «даф шав ин сатратро гир, инҷо ба тура Арабистон нест». Ин духтарро сахт таҳдид кард. Бовар кунед, бисёр шахси беимон аст. Аз рӯи зинокориаш занаш бо ҳамроҳии фарзандонаш аз ӯ ҷудо шуданд. Бачаҳояш писандаш намекунанд, аз хонааш сураш кардаанд. Ҳоло як зани ҷавон гирифта дар кадом квартира зиндагӣ мекунад. Як мошини Лексус дорад. Мегӯянд арзиши мошинаш 500 ҳазор сомонӣ аст . Агар ин ҳаромхурӣ накунад, ин гуна мошини гаронарзишро аз куҷо мехарад. Мирзоев Баҳриддин ба фурӯхтани замин қаноат накард, ҳоло бошад дар бизнеси дигар гузаштааст. Дар даъвати баҳорӣ бисёрии ҷавононе, ки ба Русия рафтанӣ буданд, бо ҳамроҳи коркунони амният аз фурудгоҳ гардонда оварданд. Баъд аз чанд мудат, кадоме ба онҳо пули зиёд дод, уро боз худашон оварда ба Русия гусел карданд, касе, ки пул дода натавонист ӯро ба хизмат фиристоданд. Ҳоло ҳам бошад ин корашро давом дода истодааст. Мирзоев Баҳриддин саводи дуруст надорад. На маданияти суханронӣ дорад ва на маданияти рафтору кирдор. Дар вақтҳое, ки мо кор мекардем дар як ҳафта як бор маҷлис мекарданд. Ҳоло бошад, ин ҷаноби олӣ дар як ҳафта 4-5 маротиба маҷлис мекунад. Магар ин мардум кори дигар надоранд ин қадар маҷлис мегузаронӣ?. Бовар кунед бародар Муҳаммадиқбол ин Мирзоев Баҳриддин ҳатто пешвояшонро таҳқир мекунад, ва мегӯяд: «Агар Ҷаноби олӣ президенти Тоҷикистон бошад, раиси шаҳри Ваҳдат президенти шаҳр аст ва ман бошам президенти ҷамоати Чуянгаронам ва ҳар киро хоҳам аз вазифа мегирам ва ҳар киро хоҳам дар вазифа мемонам.” Магар ин ба президент таҳқир нест!? Ин президенти ҷамоати Чуянгарон ҳатто ба мактабҳо рафта дар дарсҳои омӯзгорон даромада бо хонандагон саволу ҷавоб мекунад. Ва ҳар касе бо ӯ маъқул нашавад ӯро таҳдид мекунад, ки туро аз кор дафъ мекунад.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман барномаҳои шуморо хеле вақт аст ки тамошо мекунам. Ҳоло нафақахурам. Рутбаи ҳарбии полковникӣ дорам. Солҳо дар Кумитаи мудофиаи гражданӣ кор кардаам. Ман чи гуфтаниям? Гуфтаниям, ки Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳукумати вай давоми ин ҳама сол мардумро фиреб карда истодаанд. Даҳҳо, бахудо садҳо миллион сомонии буҷҷаи давлатиро бо баҳонаҳои гуногун, кумак ба зарардидаҳои офати табиӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирӣ аз селу ярчу обхезӣ, харидории хаймаву расонидани ёриҳои имдодӣ ва ғайра, то матрасу кампалу дигару дигар списат кардаву дуздида истодаанд. Ин як масъала ва мавзуъи бисёр калон аст ки дар ягон вақти дигар мегуям. Аммо ҳоло дар бораи ҷасади пайдокардаи ҳамон бонкир аз Саразми Панҷекат гуфтаниям. Ман бори дигар мегуям, ки сӣ сол зиёд дар МЧС кор кардаам. Онҷое, ки мурдаи Шуҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасани Ориёнбонкро ёфтанд қаблан 40 бор кофта будану гуфта буданд, ки нест! Баъдан дар Тоҷикистон нест ин гуна экспертиза, ки мурдаи лах- лах шударо идентифицировать кунад. Ин қадар дуруғ мегуянд, ки мижаашон хам намехурад, изо намекашанд. Ҳоло ҳам фикр мекунанд, ки мардум мардуми солҳои 1990. Дар он маҷрои дарё агар дар як ҳафтаи аввал ёфтӣ, меёбӣ, наёфтӣ тамом. Дар ду моҳ ҷасад дар оби равони пур аз харсанг зада-зада на даҳон мемонад, на дандон. Гушти инсон тикаву пора ва несту нобуд мешавад. Фақат устухон мемонаду халос. Аз тарафи дигар аз онҷое ки ҷасадро партофтанд то онҷое, ки ёфтанд, аз 150 километр фосила камтар нест. Ба назарам Фармон буд, ки ягон мурдаи монанд бошад ҳам ёфтед, хабар диҳед. Мурда зиёд ёфтанд, зану мардҳои калон. Мақсад ягон мурдаи подходящийро ёфта муовини Ҳасан гуфтанӣ будан. Мурдаро ёфтанд, сверхсрочно дар чанд соат экспертиза карданду мушаххас карданд, ки ҷасади он бонкир будааст. Э,руи очат сияҳ, ба ин дуруғ. Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ гуфт мурдаи Шуҳрат Исматуллоевро ёфтанду имрӯз (давоми ҳамагӣ як руз) уже экспертиза муайян кард. Агар худашро даронад, ки на камтар аз 5 рӯз лозим. Хуллас, ин як маймунбозӣ ва тамоман дуруғ буд. Вақте ҷаадро пайдо мекунанд, бояд ки аввал МЧС бубинад. Аммо ман чанд вақт баъд бо ҳамкоронам дар як ҷо тасодуфан вохурдам ва гап дар ораи ҳамин ҷасад рафт. Онҳо гуфтанд, ки маълум набуд, ки он ҷасад ҷасади кӣ буд. Чунки МЧСро дар ҷараён нагузошта буданд. Хулосаи гап он аст ки ба ин дуруғи Юсуф Раҳмон, ки он ҷасади Шуҳрат Исматуллоев аст, бовар накунед.
Ҷалолиддини Балхӣ
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди азиз. Ман аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, собиқ Колхозобод. Мехоҳам як хабарро расонаӣ кунед. Як бародар нав зан гирифт. Ин бародар аз деҳаи Айнии ҳамин ноҳяи мо аст. Ватан омаду зан гирифт. 1моҳ зиндагӣ кард. Баъдан боз ба муҳоҷират омад. Бо ҳам суҳбат кардему аз ватан ва навигариҳо пурсидам. Гуфт пеш аз омаданам аз деҳаи Айнӣ барои хизмат аз ҳар як сокини деҳа кормандони «облава» 400 сомонӣ гирифтанд. Ҳатто аз падару модари яккаписарҳо ҳам 200 ва аз онҳое, ки нав оила барпо карда буданд 400сомонӣ гирифтанд. Аммо аҷобат кор дар ин аст ки аз байни 8000 аҳолӣ танҳо як нафар ба хизмат бурда шуд.
Дӯстӣ -Ҷиликул
Салому алайкум бародар Муҳаммадикболи Садриддин!
Ман зодаи ноҳияи Дустӣ, Ҷилликули собиқ ҳастам. Шаби 20 октябр дар «Минбари муҳоҷир» муаллиме аз Ҷилликул суҳбат кард ва пас аз вай як нафар раиси ҷамоат баромад карду аммо номашро нагуфт. Шумо ӯро аз эфир берун кардед.
Ман ба шумо номашро мегуям. Номи вай Абдукаримов Баҳром. Инҳо 4 бародаранд. Хоҳар ҳам доранд. Падарашон Абдукарим, почағафс лақаб дорад. Бародари калониашон гузашта шудааст. Аллоҳ раҳматаш кунад, инсони хуб буд. Афсус, ки аммо инҳо мисли бародарашон нестанд. Акаи дуюмиаш 8-9 сол пеш дар неругоҳи Роғун кор мекард. Ҳоло намедонам куҷо аст. Аммо он солҳо солярка дуздида меовард. Чандин бор дидем, ки аз Роғун 200 то 500 литр солярка равон мекард. Сеюминашон ҳамин раиси ҷамоат аст. Барои чи худашро ошкор накард.намедонам, агарчи шумо пурсидед, ки чи мақом дорад, вале нагуфт. Саводи кофӣ надорад. Соли 2012 ба Бадахшон Раҳмонов юриш бурда буд
Дар Бадахшон генерал Абдулло Назаров, раиси КДАМ-и вилоятро куштанд. Ҳамин раиси ҷамоат ҳамроҳаш буд. Ин дар асл КГБ аст, то ҳозир онҷо кор мекунад.
Ҳамон вақте ки ошуб шуд, ин омад ба Ҷиликул ва дигар аз қафои муллоҳову қориҳо шуд. Қабл аз ин як ҳамсинфи ҳамин раиси ҷамоат буд. Аҳлиддин ном дошт. Вай тамоми заминҳоро фурӯхт. Ҳатто ҷойҳоеро, ки мардум регу қум меканданд, яъне ҳамон теппаву талу куҳҳоро Аҳлиддин шахсӣ карду ба номи худаш гузаронд.
Аммо Баҳром барои ишғоли курсии вай ӯро сиёҳ кард. Ва дар ниҳоят ӯро коррупсия қапид. Баъди онки Аҳлиддинро коррупсия дастгир кард. Баҳром курсии ӯ, яъне вазифаи раиси ҷамоатро гирифт.
Вақте Баҳром аз Помир омад дар даруни қишлоқ хапудам «шикор» мекард. Ҳатто аз қишлоқи худашон чанд касро фурухту зиндон кард. Чанд каси онҳоро боз худаш миёндаро шуда бар ивази пулҳои калон халос кард.
Як нафар қорӣ буд Муҳаммад Набӣ ном дошт. Пеш шогирдҳои бисëр дошт. Баҳром рафта даруни шогирдҳои ӯ даромада хоҳиш кард, ки «қорӣ маро дарс бидеҳ». Ин қори ҳамсояашон аст. Шабона қорибачаҳо гандумобдиҳӣ мерафтанд. Замин доштанд ва ин касиф ҳамроҳашон меравад. Як рӯз ҳамроҳи қорибачаҳо меоянд. Баҳром мегуяд, ки шумо биистед, ман ҳоло меоям.
Ин касиф дуздӣ медарояд ва аз хонаи Азим ном шахс як апарати дорушапакро медуздад ва бурда дар хонаи қорӣмемонад. Мегуяд «ҳамича беста мегирам».
Хулоса, як рӯз ин апратро як қории дигар намедонад, ки онро дуздидаанд, гирифта дорушапӣ меравад. Соҳибаш мебинад ва мепурсад, ки аз куҷо гирифтӣ? Мегуяд, ки аз оғили қорӣ гирифтам. Соҳибаш мегуяд, ки ин аз они ман аст, хонаро дузд зада буд ва ин апарат он вақт гум шуд.
Баъд устоди қорӣ Муҳаммаднабиро Азим, соҳиби апарат ҷеғ зада мегуяд, ки эшони қорӣ апаратро дар дасти шогирдат дидам. Қорӣ меояд шогирдонашро ҷамъ мекунад ва мепусад, ки ин апаратро кӣ ва аз куҷо овард. Баъд, шогирдоне, ки он дар он шаби ҳодиса иштирок доштанд воқеаро ҳикоят мекунанд.
Мегуянд, ки Баҳром даромада аз хонаи Азим гирифта овард ва гуфт «ҳамиҷа бестад,ман мебарам». Қорӣ дигар ӯро аз сафи шогирдонаш ҷудо кард ва қорибачаҳо ҳам дигар майда-майда аз дарс пароканда шуданд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки:
Ҳар ҷо, ки расад пойи аспи қатаған,
На зинда ватан ёбаду на мурда кафан.
Хоҳиш мекунам, бародарҳои қатаған хафа нашваед. Ин хел зотҳо, ки бо ислом мушкил доранд, дар амнияти кишвар хеле зиёданд.
Инро ҳам бояд зикр намоям, ки як хоҳари Баҳром «шпили вилияй», яъне «даст ба хайрай». Падараш то мурданпиворо мезад. Пиён мурд. То набераҳояшро пиво медод, ки 5,7 сола буданд. Ба ҳадде пиворо мехуронд, ки кудакҳо мехестанд, пиён, ё мекалавиданд ва ё меғалтиданд. Ва вай ба ҳолашон механдид. Валлоҳӣ Баҳром савод надорад. Як корат афтад руирост мегуяд, ки ҳамин қадар сум медиҳӣ. Аммо ин корро ошкоро анҷом медиҳад. Вале ҳайратовар ин аст ки уро коррупсия намебинад. Барои онки вай КГБ аст.
Аксари роҳаброни Ҷилликул ҳатто тоҷикиро дуруст ҳарф зада наметавонанд. Бовар кунед, ки Азимробоз мегӯяндаш, ки дигарбора баро дар «Минбари муҳоҷир» ва гап зан. Оморро пурсед, намедонад.
Ин шо Аллоҳ пирӯзӣ наздик аст. Бовар кунед, шумо барномаро шуруъ мекунед, «мегуй дар қафошон қалафури индиски шакида бошан, бад дар саҳна ҳуйшон карда бошан ин чоплусоро. Ҳаму ду муаллимро ҳами Баҳром бровардагияй».