Солҳо пеш буд, ки Бустон-Чкаловски собиқ дар вилояти Суғдро Хатлон-2 ном ниҳода буданд. Чунки дар инҷо асосан русҳову немисҳо ва дигар халқоне, ки солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ оварда буданд, зиндагӣ мекарданд ва ин як шаҳраки саноатӣ буд, ки корхонаи тавлиди маъодин, аз ҷумла симоб дошт ва таъминоти ин шаҳрак аз марказ-Маскав буд. Баъди ҷанги дохилӣ сокинони ин шаҳрак тарки Тоҷикистон карданд ва арзонтарин хона дар Тоҷикистон дар онҷо буд ва хелеҳо аз қисмати марказу ҷануб инҷо кучиданд, чун бо андак пул соҳиби манзил мешуданд. Аммо мардуми маҳаллӣ бо онҳо ба сахтӣ одат мекарданд, чунки аз ҳар ҷиҳат тафовут доштанд. Барои ҳамин онҷоро бо тамасхур ва киноя Хатлон-2 ном дода буданд.
Ин ҳама солҳо гузашт. Вале бармеояд, ки ҳануз ҳам ин омадаҳо дар назди ин мардум бо ҳамон ном ёд мешаванд. Чаро? Дар номаи зер мутолиа хоҳед кард.
Бӯстон
Дуруд бинандагони шабакаи Ислоҳ, дуруд Муҳаммадиқболи Садриддин! Нома аз Бӯстон аст. Дар Бӯстон гуфти русҳо “охота” шурӯъ шуд ба ҳар афроди Худоҷуй. Ҳоло масҷидҳоро кушоданд. Баъди нашри номаи доди ҷонкоҳи мусулмонҳои Бӯстон, аммо онҷо пур аз амниятиҳои одамдузд шудааст.
Партовҳо то ба ҳол дар ҷойҳои пешинааш истодааст ва Бӯстон ҳамон Хатлон-2и пешина боқӣ монда аст.
Баъди нашри номаи кӯдакдуздони шаҳри Бустон дар шаҳр бо махсус дронҳо гуё, ки мардумро назорат доранд, бачаҳакои боло. Аммо мақсади онҳо воҳима кардан ва бо даҳҳо роҳу усулҳои палид мардумро аз хурд то пир тарс додан ва бо иҷбор пул кор кардан ва бузи мақомот кардан аст. Барои ин сагҳои дайдуи мақомот, одамро аз пеши хонааш дуздидан ҳеҷ мушкил нест. Одамро шантаж кардан, даюс ва мӯҳтоҷ кардан барояшон ҳеҷ кори душворе нест. Дар шаҳри Бӯстон хеле зулм болои мусалмонҳо рафта истодааст.
Ман як ошно шинос дар Обезянник дорам. Вай гуфт, ки барои ин кадрҳои нав омадаи ҷануб як тема будаст. Онҳо занҳои ҳиҷобдорро ба мошинҳояшон шинонда ба онҳо хеле чизҳо ваъда дода бузи мақомот мекунанд ва бо онҳо аъмоли зишт ҳам мекунанд.
Ва ин кадрҳои нав байни худ таҷовуз кардани занҳои насрониҳоро мақсад гузоштаанд. Яъне кадом нафар бештар занҳои мардуми Бустонро таҷовуз мекунад, яъне намояндаи кадом динро. Яъне мусалмонро ё насрониро барояшон мукофот медиҳанд, байни “коллективи” худ. Ман намедонам чи наҷас ба дунё меояд аз таҷовузи бодовардаҳои хатлонӣ. Ба фикрам ҳамон персонажҳои барномаи “Наша-Раша”.
Исфара
Салом аз ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара ба бародари мо Муҳаммадиқбол, аъзои тими “Ислоҳ” ва тамошобинони шабакаи “Ислоҳ”.
Имрӯз мехоҳам барои шумо аз он корҳое, ки дар ҳудуди ҷамоат бо роҳбари қаҳрамони барномаҳои шумо дар вақтҳои охир ба номи Сарвар Аҳмадов, раиси кунунии ҷамоат рафта истодааст, махсусан дар мавриди масъалаи оби нушокӣ бинависам.
Соли 1995дар маҳаллаи қорӣ- Ҳошим бо роҳбарии Азизов Қорӣ- Ҳошим аз канали қирғизҳо об оварда шуд. Ҳудуди 2 км лулу ё турба. 100 % бо маблағ ва заҳматҳои мардуми маҳаллаи зикр шуда. Ман худ дар ёд дорам. Ҳатто муйсафедони ин маҳалла дар моҳи Рамазон баъд аз адои намози таровеҳ барои овардани турбаҳои об мерафтанд. Ва шукри Аллоҳ мушкилоти маҳалла ҳал гашт, мушкилоте, ки дар замони Шуравӣ ҳал нашуда буд. Ва об ҳам омад ва як обанбори калони сементӣ ҳам аз тарафи як хайрхоҳ ба номи Ғаффоров Абдуқаҳҳор сохта шуд. Аммо он муйсафедоне, ки заҳмати ин обро кашиданд, тақрибан ҳама ин дунёро тарк карданд ва имрӯз ин ба дасти дузди қонунӣ, ки раиси ҷамоат аст, афтодааст. Шояд ҳудуди 1000 кран ба хонаҳо дароварда шудааст. Аз ҳар кран ин дузди рақами аввал, аз обе, ки ҳеҷ масрафе надорад150 сомонӣ солона ва иҷоза барои ба хона даровардани кран то 3000 сомонӣ мегирад Аз канал ба таври саматёк ба ҳавз об меояд ва аз ҳавз саматёг ба ҳама самтҳо меравад. Он замон Обид Аҳмадов падари Сарвар раиси ҷамоат буд. Вақте мардуми маҳалла аз об шикоят мекарданд, мегуфт, ки оппозитсия имрӯз фардо меояд ва ҳамаро мекушад, чи об гуфта сарро гаранг мекунед? Биравед! Касе аз ташнагӣ намурдаст, худатон мушкилот- атонро ҳал кунед. Имрӯз давлат мушкилоти зиёд дорад.
Аммо мутассифона имрӯз ба дасти дузде афтодааст, ки ба ҳар роҳи фиреб аз мардум пул меситонад. Ин фақат барои маҳаллаи Қорӣ- Ҳошим буд. Аммо баъд аз омадани об соҳибони зиёд пайдо шуд. Ҳукумат 1 дирҳам сум пардохт накарда буд ,аммо имрӯз соҳиб шудааст. Куҷост инсоф? Бояд ин об ройгон бошад. Ин идораҳои бешумори дузди пасво куҷоро нигоҳ мекунад? Фақат туҳмати мардуми бегуноҳ. Шояд даҳҳо ҷинояти Сарвар ошкор шуд, аммо то ҳол дар вазифа аст. Чаро, ки пасвояш ҳам дузд аст. Агар ҳамин хел идома бидиҳад шояд мардуми ҷон ба лаб Сарварро рӯзе чи коре бикунанд. Охир дар ин ҳукумати 32 солаи пасво фақат дуздон рӯз мебаранд. Дар як ҳудуди ҷамоати Сурх 5 участковий чи кор мекунад? Бовар бикнед агар дар куча се зан ҳамроҳ куҷое бираванд аз пасашон ин участковийҳо мераванд. Дар замони Шуравӣ як участковий дар се ҷамоат буд. Имрӯз баракс. Се-чор участковий дар як ҷамоат. Эй, коркунони идораҳои давлатӣ! Даст аз зулму дуздӣ бардоред, то ҳол дер нашудаст. Баъди пахши барномаҳои шумо дар талош аст то пайдо кунад, ки бо Ислоҳ кӣ ҳамкорӣ дорад. Худи ман ҳар рӯз шоҳид ҳастам. Ман 4-5 сол мешавад, ки ҳамеша пайгири барномаҳои шумо ҳастам. Ҳоло боз овоза андохтаанд, ки касе тамошо мекунад ба мо маълум мешавад. Ман сад дар сад мегуям дурӯғ мегуянд ва ҳеҷ балоеро намефаҳманд. Онҳоеро бо иттиҳоми тамошои “Ислоҳ” боздошт мешавад 90% бо туҳмат ва барои пулкоркардан боздошт мегарданд. Аммо, мо мардум, бо шумоем, аз ҳам дур бошем ҳам.
Исфара-Сурх
Ассалому Алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин умед дорам хуб ва саломат ҳастед шумо ва Тими Ислоҳ. Ман аз Ҷамоъати Сурхи Исфара яке аз мухлисони шабакаи Ислоҳ мебошам . Ва имрӯз хостам аз чанд нафароне, ки бисёр хатар ба Миллат ва Мардум доранд дар ҳудуди Ҷамоъат навишта кунам намедонам чаро ба чунин кори зишт ва бад гирифтор шудаанд, яъне хабаркаши ё баистилоҳи имрӯза (Буз ) шояд фурсат доранд баъди шунидани номашон аз Минбари Ислоҳ “Ислоҳ” шаванд ва тавба бикунанд .
- Зиёев Зиёбой муйсафеди 75 сола ҳамеша дар Масҷид ҳаст дар сафи аввал аммо мутассифона мардуми Деҳаро хабаркаши мекунад ва бо Мақомот ҳамкори дорад .
- 2 ) Ҳасанов Ҳоҷӣ Толиби (Қассоб ) ин ҳам 70 сол дорад аммо мутассифона ба ин бемории гирифтор аст .
- Қозибоев Мирҳомид ( духтури дандон ) қариби 70 сол дорад хабаркаш ва лагандбардори бисёр обу тоб ёфта аст .
4)Ҳоҷи Маҳмуд бо лақаби Маҳмуд сағара ин ҳам 70 сол дорад , дар бораи Ҳоҷи Маҳмуд бо Сарвар чи корҳо кард муфассал навишта хоҳам кард .
5)Назаров Мирғиёс собиқ Муаллими мактаб 60 сол дорад имрӯз дар бинои Ҷамоъат барои худ як кабинет рост карда худро Раиси ХХДТ дар Ҷамоати Сурх номидаст .
6 ) Каримов Карим бо лақаби кали Карим ин ҳам 60 сол дорад бародари Кал Шариф дар як барнома гуфта будед дар бораи Кал Шариф .
Нафароне ,ки номашон зикр кардам аз худ бисёр инсонҳои зоҳирашон Мусалмон бо тақво метарошанд дар Масҷид дар сафи аввал ҳамеша бо мардум , аммо мутассифона ба ин бемории гирифторанд. Ҳамаи ин нафарон сарватманд шояд ба истилоҳи имрӯза Миллионнер ҳам бошад ,вале афсус , ки ба ин амалҳо даст мезананд .
Хитоб ба Муллоҳои пасвопарст дар Минбарҳо ба ҷои таърифу тавсифи пасвоятон бояд шумо мардумро аз ин корҳои суханчинӣ ва фитнаандозӣ боз доред. Масҷид ва Минбар ҷои Муборак ва пок аст бас кнед фурсат доред тавба бкнед Аллоҳ қабул мкнад .
Бародар Муҳаммадиқбол бовар мекунед агар ҳаминхел бравад имрӯз фардо ин ба ном Муллоҳо пасвояшонро наъузу Биллоҳ Алайҳисаллом мегуянд . Дар охир хоҳиш мекунам як чанд Аҳодисе аз Паямбар( САС ) дар бораи ин сифати бад тазаккур мекардед то фоидае ин Уммат ва Милат бигирад . Мо мардуми Сурх ҳамеша дуъогуи шумо ҳастем. Дар паноҳи Аллоҳ бошед
Хуҷанд
Ассалому алейкум бародарони тими Ислоҳ ва бародари муборизи роҳи ҳақ, Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман хуҷандӣ.
Мехоҳам дар ин номаи пур аз дарду ранҷи мардуми Хуҷанд ва Суғд аз корҳои пинҳониву ғайриқонунии кормандони мақомот, кормандони БДА-и шаҳри Хуҷанд ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тавассути Ютуб канали Шумо гап занам.
Мардуми бадбахту бечораи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд зери зулми Алихон Зувайдзода, Абдулло Навҷувонови Буратино ва Ш. Қурбонови Қурбоққа (дар яке аз ҷаласаҳояш фамилияи худашро ғалат талаффуз карда Қурбоқов гуфта будааст) мондаанд.
Мехоҳам шурӯъ кунам аз милисаҳои “вафодор”:
Баъди нашри чанд нома аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба назди ҷамоат чанд нафар “военний”-ҳоро бо силоҳ оварда монданд. Милисаҳо дар роҳи ду тарафаи “Атуш бозор ва бозори Баракат” меистанд, яъне дар тарафи чапи роҳ 2 нафар, дар тарафи рости роҳ 2 нафари дигар меистанд.
Пеш онҷо бачаҳои хистеварзӣ меистоданд. Аммо бо омадани Буратино, ҷои онҳоро бачаҳакои кулобӣ гирифтанд.
Корашон взятка гирифтан, номери мошинҳои камбағалонро кандан ва шантажу духтардуздӣ кардан мебошад. Пеши парковка як чанд мардҳои сол хӯрда меистанд. Онҳо сари ҳар мошин 3 сомонӣ мегиранд. Агар дар як рӯз аз 1000 мошин 3 сомони гиранд,3000 ҳазор сомонӣ пул кор мекунанд. Яке аз онҳо ба ҳама мегӯяд, ман 60%- ро ба милиса медиҳам, 5%- ро ба бозор ва боқимонда 35% ба оилаам мебарам.
Мегузарем ба Бобоҷон Ғафуров ва то Хуҷанд ва микрорайонҳо.
Милисаҳои даруни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров назди чорроҳа зери светофор меистанд. Онҷо хеле ҷои сердаромад мебошад. Дар як рӯз зиёда аз 16 000 сомонӣ пул кор мекунанд. Хеле вазифаи зӯр, аммо бо сад зулму фишор.
Дар худи даруни шаҳри Хуҷанд милисаҳо пеши бозори Панҷшанбе подземкаи Эмин Ҷалилови “Ҷэк” меистанд. Онҳо ҷуз аз кандани номери мошинҳои деҳотиён ва мошини камбағалонро фишор овардан, чизеро дар ҳаёти говсаворонаашон ёд нагирифтаанд.
Албатта кори ҳамаи ин милисаҳо порагирӣ аз мошинҳо мебошад.
Вақте ки меояд пеши мошинат, аз онҳо ном, насаб, подразделение ва бригадаашро мепурсӣ, ақаллан худашро шинос накарда, номашро нагуфта ба дашном мегузарад. Ҳолатҳое мешавад, ки бо дубинкааш ё бо калиди мошинаш, мошини мардумро дониста мехарошанд.
Ҳамаи ин зулм албатта бо диктовкаи Алихони сардори амният, Навҷувонови сардори милиса ва Қурбонови қурбоққаи сапожник сурат мегирад, то ки мардумро дар ҳоли “вакуум” бештар нигоҳ бидоранд.
Дар тарафҳои шимоли Хуҷанд, онҷо ҳам шантажникҳои байни маҳаллӣ хеле зиёд аст.
Бовар кунед, ҳатто бачаҳои мактабхонро ҳам ҳамчун “информатор” бо ҳазор роҳи палиду шантаж истифода мебаранд.
Дар маркази шаҳр духтарҳоро шантаж карда ҳамчун буз истифода мебаранд. Мегӯянд:
“Фалон кора мекни, агар тда бфорат нармална зиндагӣ кадан, ами чиза мерай, мошини фалонида мепартой, мо проблемаҳота ҳал мекнем, агар ягон кас бфаҳма, ки мо тда и кора гуфтем бкни, дигар ай хобт бедор намешай” – Яъне ӯро нобуд мекунанд ва ӯ ба хоби абадӣ меравад ..
Агар хоста бошад, як шаб дар даруни мошин информатор- ашро маҳкам мекунад.
Бисёри ҳолатҳо рух дода буд ки ин милисаҳо духтарони сокинони Хуҷандро аз роҳи хона то мактаб дуздида таҷовуз карда буданд.
Як милисаи данғарагие аз Душанбе омада ҳамин гуна як духтараки хуҷандиро нодухтар карда буд, ин воқеаро то худи Буратино расонида буданд ва Абдулло Навҷувонови Буратино бо сад дуруғу номардӣ ин воқеаро пинҳон кард.
То ҳадди имкону тавон ман ин чизро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и шумо ошкоро кардам.
Бисёри мардуми калонсолро ҳам ҳамин тавр азобу шиканҷа мекунанд. Онҳо ҳамаи ин корҳое, ки ман дар нома навиштаам дар кӯча не, дар милисахона не, дар худи мошинҳои кории худашон анҷом медиҳанд.
Ман бо яке аз милисаҳои намозхони ҷанубӣ ҳамсӯҳбат шуда будам. Вай аз Суғд набуд. Муайян буд, ки аз Кӯлоб ё Душанбеву Данғара аст. Мақсади гап ин буд, ман аз ӯ пурсидам, ки чаро ин қадар аз тарафи ҳукумат ва мақомоти қудратӣ нисбати мо “лелнаботиё” ин қадар зулм рафта истодааст? Вай гашту гуфт, ки мо бояд планро иҷро кунем, чунки ҳар як амали мо тибқи фармон ба амал мерасад.
Ва баъд ман пурсидам, пас чаро шумо дар Душанбеву Кӯлобу Данғараи худ неву дар 800 километр дур аз зодгоҳи худ соҳиби ин қадар вазифа шудед? Ӯ гашт ва гуфт: -Охир, мо ҳар як вазифае, ки дорем, яъне аз генерал то младший сержант ва лейтенант “доля” яъне пул қатӣ боло “подниматся” мекунем ва албатта мо бояд барорем он пулҳое, ки мо ба генералҳо ва вазирҳои вазифафурӯш додаем. Чунки мо ҳам оила ва нафси худро дорем.
Баъд ба ӯ савол додам, ки барои чи шумо ҷанубиҳо 4 тоӣ зан мегиред? Магар бароятон 1то бас нест. Вай гашту гуфт, охир барои мо бачаҳакои боло нормааш «ҳамиқаай» ва плюс сохторҳои давлатӣ дар ихтиёри мо аст, кай мехоҳем, аз куҷо мехоҳем зан мегирем ва насли худро пеш мебарем.
-Мо бачаҳакои боло бошем ҳам мо ҳам шикам дорем. Масалан Абдулло Навҷувонов ва дугоникҳо дар ҳамаи манотиқи Тоҷикистон занҳо доранд.
Бародар Муҳаммадиқбол, Шумо дар «Минбари муҳоҷир» ин воқеаҳоро бисёр гап зада будед. Аммо ман ба суханҳоятон механдидам ва бовар надоштам. Вақте бо чашми сарам дидам, шунидам, билохира дарк кардам. Ман фаҳмидам, ки шумо аз худатон ин гапҳоро нагуфта будаед. Мехоҳам дар ин нома якчанд “омадаҳои” қорӣ -Ишкамбаро “кто по жизни” буданашро ифшо намоям. Абдулло Навҷавонов ту Буратинои бисёр ҷияндор астӣ! Алихон Зувайдзодаи аблаҳ! Ту 2 сол зери туфанг маҷбур кардӣ мардуми Суғдро, ки аз пешвои хутикҳо дар «Минбари муҳоҷир» “ҷонибдорӣ” кунанд.
Ва дар охир. Кадри наве, ки ним сол пеш ба Хуҷанд омад ва дар ин муддат зиёда аз 650 дело бо моддаи “Муҳаммадиқбол” дуруст карда мардумро пушти панҷара бурд, ном ва алқоби ӯро гӯям. Вай Қурбонов Ш мебошад. Лақабаш қурбоқа аст. Вай ҳатто насабашро талаффуз карда наметавонад. Фақат мелақад, бо сад дашному ҳақорат, ба монанди бачаи Марями гурсухта, ки вай ба ин қурбоққа чандин мукофотҳо барои саркӯби суғдиҳо дода’аст.
Ва махсус як паёме дорам ба Диловар Сафаров:
Бародар Диловар Сафаров, ин қадар даву тоз ва саъю кушишҳои ту ба хотири кист?
Ин ҳукумат дар фикри миллати ману ту нест, ё дар фикри имрӯзаву ояндааш ҳам нест. Барои ҳамин худатро ин қадар саргардон накун ва аз “Лелнаботи” буданат ин қадар аз “бачаҳакои боло” ва дигар … шарм надор ва талаффузи як калимаи форсии тоҷикиро ҳам ёд бигир. “Мекнем” дар забони мо набуд ва то ҳол нест. Умедворам каме тағйир мехурӣ ва калимаи “мекунем” -ро талаффуз карданашро тариқи барномаи акои Муҳаммадиқбол каме бошад ҳам ёд мегириву “Ислоҳ” мешавӣ. Гумон мекунам баъди ин нома фақат Диловар Ислоҳ мешаваду халос.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман намедонам Шумои ҷанубие, ки нафрат доред аз лаҳҷаи суғдиву самарқандиву бухороӣ, номаи маро чоп мекунед, ё не. Агарки чоп кардед, ба хотири насли навраси Хуҷанд чоп кардед. То дидор бародар, дар Душанбеву Хуҷанд
Илтимос, бидуни тағйир нашр кунед. Ман бе хатоӣ навиштам.
Конибодом
Дуруд бар ҳама кормандони пойгоҳи Ислоҳ ва хусусан ба шумо оқои Муҳаммад иқбол.
Шикояти мардуми Конибодомро дар хусуси доруҳои сифаташ пасти «Сифатфарма»-и Парвина, духтари Эмомалӣ Раҳмонов, ки ба дорухонаҳои Конибодом ва хусусан деҳаҳои Ҷаҳонзеб, Лоҳутӣ, Маҳрам ва Ниёзбек “поставка” карда мешавад, бинависам. Мо аз Русия ба шумо менависем.
Сифати ин доруҳо аз доруҳои Русия хеле фарқ мекунад. Бовар кунед доруҳои ” Парасетамол”-аш ба монанди сангу кулӯх сахт аст. Онро ҳатто бо оби гарм хурда намешавад.
Куҷо мондааст одамони пиронсол, ки онҳо на саломат доранду на дандон, ин доруҳои ба монанди сангро истифода бурдан наметавонанд.
Дар Ҷаҳонзеб дар назди бемористон як дорухона ҳаст. Он аз давлат нест, балки аз як бизнесмени гарданғавсси пулдор, ки доруҳои ӯ сифаташ паст аст ва барои мардум хатар дорад.
Талаби мо кутоҳ ва мухтасар аст. Доруҳои онҳоро санҷанд. Набошад номи он бизнесменро менависем, бо аксу видеоҳо.
Магар дар Тоҷикистон вазири тандурустӣ инҳоро намесанҷад?
Дар дорухонаи деҳаи Лоҳути ҳам вазъият хуб нест. Ба ҳамаи ин дорухонаҳо аз як фирмаи муайян доруҳои сифаташ пастро меоранд.
Мардум аз дасти ин доруҳо бемор шуданд. Эй вазири тандурустӣ, доруҳои қиргизиву узбекиро наёр. Он доруҳо ранги санг барин сахт аст, ақалан аз Русия биёр доруҳоро. Мо мардум ба доруҳои нархаш гарон одат кардагием.
Ва яке аз чизҳои гузаштагӣ дар ҷамоати Лоҳутӣ ин аст ки «бачаҳакои боло» онҳо омада номнавис карданд, одамҳои ба Украина рафтаро. Ба фикрам онҳоро зиндони Ёвон ё Кирпичний ждат дорад. Бояд суғдиҳо ба ватан зудтр баргардад, набошад адо.
Ва бо истифода аз фурсат, хитобам ба муҳоҷирҳои ҷамоати Лоҳутӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни Русия ҳастанд. Каме дар ёди ватанатон бошед. Эй бародарҳо, ба хотир биоред, ки дар куҷо хуни нофатон рехтааст.
Мақсади Раҳмонов ҳамин аст ки ҳамаи мо берун аз Тоҷикистон шавему ӯ Конибодомро ғорат кунад.
Як чизро ман мушоҳида кардам. Шумо мардуми Конибодомро ягон бор таъриф накардед. Ҳатто дар гузориши солонаатон нагуфтед, ки мардуми Конибодом фаъол буданд, онҳо ҳам шери нар буданд. Охир мо бо ҷонҳоямон рисковат карда ба шумо менависем, аммо шумо бо хунсардӣ аз ин тема мегузаред.
Кадом деҳаҳои Исфараю Айниро таъриф мекунед, аммо барои Конибодом як ҳарфи гарм гуфтан, шумо сахт дилу бағал камед.
“Ҳамон мор ҳам бо сухани гарму хуши хуб аз сурохаш мебарояд”!…
Хулоса, нома гарчанде кутоҳ бошад ҳам, Муҳаммадиқбол –ако, ҳамин хелзиндагӣ дорем, ба гуфти урусо, «так и живём».
Душанбе
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!
Баъди хондани мақолаи “Командаи падар бай бай, командаи Рустам хоҳӣ шавӣ сагвор бо бовафо бошӣ”, хостам, ки дар ин мавзуъ фикри худро нависам.
1)Раҳмонов як шахсе аст, ки гуфтораш зиди амалаш мебошад. Агарчи худро як шахси одил, донишманд, бо ақлу фарҳанг,бо илму маърифат ва роҳбари кордон вонамуд мекунад, лекин дар ҳақиқат он тавр нест. Мехоҳад шахсе бемисолу беназир бошад. Ҳамин тавр ҳам ҳаст, аммо аз ноҳия ва зовияи бадӣ ва манфӣ.
2)Ҳамон шахсонеро, ки аз вазифаҳо озод кард, боз ба фармони худи Раҳмонов ба вазифаҳои дигар таъин шуданд ва шабонарӯзӣ дар хизмати вай ва оилааш буданд ва дар вақти сафарҳои вай шабзиндадорӣ мекарданд, то ки Эмомтапак нороҳат нашавад. Ҳатто дар вақти гуфтору ва корҳояшон ба ҷои Бисмиллоҳ гуфтан Пешвои миллат ва Ҷаноби олӣ мегуфтанд ва дар хонаҳояшон сурати вайро овезон кардаанд.
3) Агар аҳамият дода бошед аз замони ба сари қудрат омадан Раҳмонов як гурӯҳро мухолиф эълон карда ҷанг андохта ҳукумат мекунад. Баъдан чанд вақт гузарад бо дӯст эълон карда шахсони дар атрофаш бударо куштаву зиндон кард. Бо шахсоне, ки сулҳ карда буд, боз ҷанг эълон карду куштаву зиндон ва гуреза кард. 30 сол гузашт. Ва мехоҳад, ки боз як сенарияи нав ташкил кунад ва оҳиста писарашро ба ҷои худ бигузорад ва боз писараш корашро давом диҳаду мардумро гушнаву хок бар сару дар бадар бикунанд .
Дар идома мехоҳам роҷеъ боз ба як масъалаи дигар равшанӣ андозам. Як чанд руз пеш ба сайти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шудам ва хостам, бифаҳмам, ки ин донишгоҳ дар чи ҳолат бошад ва чи навигарӣ ва ихтироот дошта бошад. Чун ният дорем, ки додарам дар ин донишгоҳ дохил шавад. Вориди сомонаи Донишгоҳ шудам, гуфтам аз сохтори роҳбарияти донишгоҳ факултетҳои донишгоҳ ва ихтирооти донишҷӯ ҳо шиноси пайдо кунам, аммо бо як чанд чизҳои аҷоиб вохурдам.
Инҷо боз ба Раҳмонов муроҷиат мекунам.
Эй, девонаи аҳмақи сарчашмаи ҳамаи бесаводӣ, бемаърифатӣ ва бесавод шудани миллати Тоҷик ту ҳастӣ! Наход дар вақти таъин кардани кадрҳо ин қадар бе аҳамият бошед. Вақти таъин кардан аввал ҳамон соҳаро бин, ки ба кадом намуди мутахасис эҳтиёҷ дорад. Баъдан ҳамон хел шахсро ба он вазифа бигузор ва вазифадор кунед, ки дар 2 ё 3 соли оянда ҳамин камбудӣ бартараф шавад. Ман ягон хусумати шахсӣ надорам ба ректори Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон. Аммо ин шахс баъди хатми донишгоҳ як соат на дар соҳаи барқ, роҳ, сохтмон ва коммуникатсия кор кардагӣ нест, чи хел метавонад, ки Донишгоҳи Техникии Тоҷикистонро идора кунад ва мутахассисони бо ихтисос аз ин даргоҳ бароянд ва ин шахс ҳатто номзади илмиашро дар соҳаи иқтисод ҳимоя кардагӣ мебошад. Хулоса, аз инҷо бар меояд, ки гуфтаҳоят аз таҳти дил нест: «ради галочка болтать мекунӣ. Агар ҳамин хел рафтан бигирад Тоҷикистон сад сол паси дигар боз бе барқ мемонаду роҳҳое, ки сохтанд 2 сол паси дигар канда мешаванд. Дар оянда ягон кас интизори мутахасисони ин соҳа нашавед, амри маҳол аст».
Дар давом боз як чизи дигарро хостам бигуям. Дар бораи муовини ректор оиди равобити байналмилалӣ Ҷурахонзода Рауф Ҷурахон.
Ин шахс хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мебошад, бо ихтисоси “Кишоварз- Техник” хатм карда аст ва дар соҳаи маориф чи навигарӣ карда бошад ки Аълочии маориф мукофотонида шудааст ва ин шахс чи тавр тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ хатм кардани соҳаи кишоварзӣ ба соҳаи равобити байналмилалӣ ҷо ёфт.
Охир ин қадар мутахассиси соз бошад, мебоист дар он соҳаи худаш кор мекард, ки ҳазорҳо камбудӣ дорад ва ниёз ба мутахасис. Рафта кор кунед, бигузоред, ки дар ин мақом хатм кардаи факултети равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омада кор кунанд.
Ба хулосае омадам, ки роҳбарияти ин донишгоҳ бе масъулият мебошад. Як камбудии дигарро мехостам бигуям. Вақте хостам дар бораи факултет маълумот бигирам, ногаҳ ба як чизе во хурдам, ки хело шармовар ва аламовар ҳам мебошад. Як мақолаи русӣ аст:“Сапожник без сапог”. Яъне ин донишгоҳ ҳатто кафедра дорад “технология иттилоъотӣ ва коммуникатсия “ .Мутахассисҳои барномасоз тайёр мекунад. Инҷо сахт беэҳтиромӣ нисбати забон ва номи Тоҷикистон карданд
Аксҳо дар бораи ин факултети “Нақлиёт ва Инфрасохтор”-ро равон мекунад, хонед маълум мешавад. Агар инҷо як ва ду калима хато мешуд, мегуфтам «хай хатои техники шудай». Наход ,ки пурра хато шавад? Роҳбарият куҷоро нигоҳ мекунад? Пас, маълум мешавад дар вазифаҳо шахсоне ҳастанд, ки бе масъулият мебошанд
Ба Худо қасам ман ин роҳбарҳоро аз наздик надидам ва ягон хусумати шахсӣ надорам. Танҳо камбудиро дидамуу хостам, ки ислоҳ бикунамаш. Вале мутмаинн мегуям, ки ин роҳбар арзандаи ин мақом нест. Наход, ки номи Тоҷикистонро токистон нависанду ман хап кунам.
Нуробод
Салом бародар!
Нома аз ноҳияи Нуробод. Дар бораи бемористони ноҳия гуфтаниам. Дар ин беморхона ҳама духтур ҳамшираи шафқат порагиру порахуранд. Аз даромаданат ба инҷо пушаймон мешавӣ. Инҷо ҳама шуъбаву бахшҳои табобат мавҷуд аст
Якум шӯъбаи ҷарроҳӣ. Духтури ҷарроҳ Хоҷаев Киромиддин аст. Пеши ин духтур даромадӣ, дарди худатро мегуӣ, вай як варақ дорухат менависаду медиҳад. Барои ин духтур анализ, рентген, ё узи гуфтанӣ гап нест. Бовар кун, ин барои саломатии одамҳо зарари калон дорад. Хулоса 50 ё 40 сомониатро мегирад. Бораи ҷарроҳии апендисид 3000 ҳазор сомонӣ мегирад. Ин пул ба ҷуз аз ҳақи палата.
Дуюм дар бораи духтури травматолог ё шикастабанд. Номи ин духтур Дембегиев Фаридун. Ин аз духтури ҷарроҳ ҳаромхуртар аст. Кораш табобат неву пулҷамъоварӣ аст. Дембегиев Фаридун дар военкомат кор мекунад. Вақте бачаҳоро облава карда меқапанд, ин духтур ягонтоашро нигоҳ намекунад. Печатро мезанад. Вай касал аст, сиҳат аст фарқ надорад. Аз бародарҳо хоҳиш мекунам, ки сокит набошед. Чашмпушӣ накунед.
Сеюм духтури кӯдакон Иброҳим Косимов аст. Ин ҳам ҳамин хел кораш фақат ришват фасод. Як кӯдаки майдаро мебинад як варақ пушту рӯ менависаду медиҳад ва 20 ё 30 сомонӣ мегирад. Ба ин духтур муроҷиат карданем, ки ту якбор анализҳои ҳамон кӯдаконро бигир, бин чи дард доранд? Ҳозир асри чанд аст? Камтар фикр кунед.
Боз як масъалаи дигари ноҳияи Нурободро гуфтаниям.
Дар кӯчаҳои 6 ва 7 микрорайон роҳҳоро асфалтпуш карда истодаанд. Чанд сол шуд. Чи тавр асфалт мекунанд, ки дар як моҳ алаф дар дарунаш месабзад. Ин роҳҳо ба ягон стандарт мутобиқ нестанд. Раиси ин ноҳия ту куҷоро нигоҳ дорӣ. На латокҳои обгузар хобондаӣ на ҳиҷчӣ. Ҳамааш шикаста рафтаанд. Ин раис фақат дар фикри кайфу сафои худ аст. Тамоми мақомот ба ин кор шариканд. Ҳар рӯз ба ин роҳ меравед ва ҳама ҳолатро хуб мебинед.
Як бор фикр кунед, ки рӯзе мерасад ва ин ҳама пурсиш дорад!
Мактабу маорифи ноҳия аз бемористон ҳоли бадтар дорад. Ҳар рӯз пул, ҳар рӯз ҳезум, ҳар рӯз тапак,ҳар рӯз ангиштбарӣ аз хонаҳо. Як китоби дарсиро панҷ бор мефурӯшанд. Дар бораи дарсу саводи талабаҳо ягончи гуфта намешавад. Оянда ин кудакон чи мешуда бошанд?! Дузд ё ғоратгар мешаванд. Ин ҳама дарди сари ин миллат мешавад.
Давлатдорӣ карда натавонистед. Бовар кунед, ки ҳамаро ба боди фано додед. Ҳайфи ин миллат!