Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №128

Ислоҳ нет

      Бархе аз «бачаҳакои боло» бар замми онки ба маҳзи маҳалли таваллудашон имтиёз ва рутбаи болотар доранд, боз худро хешу табори афроди баландмартаба гирифта ва бо ин тариқа мардуми оддиро бештар тарс медиҳанд. Масалан як корманди амният дар ноҳияи Ванҷ, ки аз номи генерале аҳолиро дар ҳолати тарсу ҳарос қарор дода бо ҳар баҳона аз онҳо пул меситонад. Ин амниятӣ кӣ асту чикорааст, дар матлаби аввали ин шумораи «Номаҳо аз ноҳияҳо» мутолиа хоҳед кард:             

                                                    Ванҷ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ташаккур, ки номаҳои маро чоп кардед. Аз Язғуломи Ванҷ менависам. Боз дар бораи ин беимони Исматуллозода Лутфулло, сардори шуъбачаи амнияти Язғулом. Оне, ки ба гуфтаи худаш хонаи домулло  Қаландари Садриддинзодаро дар Қурғонтеппа давлатӣ кардааст. Мо хеле маълумотҳо дар бораи ин лақайбача ҷамъ овардем. Ин маълумотҳоро аз як ошнояш ва аз як бародари донишҷӯ аз ҷамоати Чашмасори Ноҳияи Файзобод, ки дар ҳамсоягии деҳаи Сари Сафедхок зиндагӣ мекардааст ва ин оилаи лақайро хуб мешинохтааст, ба даст овардем. Ин Лутфуллои беимон, ки худро ҷияни генерал Амирбек Бекназаров гирифта фахр мекунад ва ҳамаро таҳдид ҳам мекунад, дар асл ҷияни генерал неву танҳо тағойи ин лақайбача яъне додари ВКД Саидбеки Бум апаи Амирбек Бекназаровро гирифта будааст ва  аз ҳамин хотир модари шаттоҳи Лутфулло ҳар вақте ки Амирбек Бекназаров ба деҳа меомадааст, бо ҳамроҳии марди сода ва аҳли оилааш пеши пойи ӯро ҷорӯб карда чойи сиёҳу кабуд ва қаҳва меовардааст. Худи Лутфулло вақте ки дар Душанбе донишҷӯ будааст,ҳамавақт меҳмон ва чойдамкунаки хонаи генерал будааст. Вақте генерал мехостааст, ки пойафзолашро пӯшад ин Лутфулло ангуштони худро лошка карда (чоплус) дар пойафзоли генерал мемондааст,то пойпушашро пушад. Боз ба рафиқонаш нақл кардааст, ки “як духтари генерала тов медодам, худам нахостам ӯро гирам ило генерал худаш доғ буд”.

   Дар Ютуб баҳси Лутфулло Исматуллозода бо Ҳусейн Ашуров будааст, ки 3-4 сол пеш ин беимон бо номи Идрис даромада ва худро соҳибкор муаррифӣ ва шукронаи биҳишти рӯйи замин ва чоплусиву лесакӣ карда истодааст. Агар дар Ютуб ҷустуҷӯ кунед меёбед. Чуноне дар давраи СССР падари Лутфулло марди содаи лақай аз ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчун келин шуда ба ноҳияи Файзобод омадааст, писари ӯ Лутфулло низ келин шуда ба хонаи хусураш рафтааст. Боз як писари тағойи дигари Лутфулло Исматуллозода бо номи Хоксорзода Алишери Раҷаби Куса низ соли таваллудаш 1992 дар КДАМ дар гурӯҳи “АЛФА “ кор мекардааст. Мо мардуми мусалмони ноҳияи Ванҷ аз кришаи Лутфулло Исматуллозода, Амирбек Бекназаров хоҳиш дорем, ки ин кадри худ беимони душмани Худову Расулро аз Язғуломи Ванҷ дафъ кунад.   Дар ӯ тамоман имон, раҳм, шафқат нест. Ӯ на хотири занро мебинаду на мӯйсафеду на моҳи шарифи рамазонро, гӯё, ки ӯро хар зоида бошад. Агар ин кор давом додан гирад мо худ ба ноҳияи Файзобод рафта бисёр маълумотҳо оид ба тайёрии пешвоз гирифтан аз Президент (беваи ВКД ҳатман бояд президентро низ бо чойи сиёҳу кабуд ва қаҳва пешвоз мегирифтаасту дар пешаш мерақсидааст) ҷамъ мекунем алалхусус дар бораи ин беимон. 
Бародар ҳозир ӯро акс гирифтан камтар хатарнок аст. Шумо ҳамин навиштаро нашр кунед. Аллакай дар пустини ӯ кайк даромадааст. Дар оянда ин шо Аллоҳ аксҳои худашро бо мошинҳояш мефиристам ва аз Сари Сафедхоки ноҳияи Файзобод ҳам ваъда кардаанд, ки аксҳо ва маълулотҳоро роҷеъ ба ин оилаи   касифи душмани дину миллат мефиристанд.
Ногуфта намонад, ки худи ин шахс ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил намудан аҳли масҷид, рузаву намоз будааст, то вақти ба тими зиддидинии СС. Ятимов ба кор даромаданаш. Ва якбор дар солҳои 2016-2017 ба муддати чанд моҳе ба муҳоҷирати меҳнатиям рафта будааст ва бародари ин шахс Исматуллозода Фарҳод Бозоралиевич 15-08-1987 (бо тахаллуси “вой сарм”) бе ягон маълумоти олӣ бо ёрии кришаҳояшон аз муҳоҷирати меҳнатӣ омада дар ВКД-и аввал шаҳри Норак баъдан дар ноҳияи Файзобод ба кор даромадааст, тамоман савод ва ақлу тамиз надоштааст. Боз бисёр ҳам бедини золим будааст. Дар умум аз ин оилаи Исматуллоев Бозоралӣ (марди сода) ва Азизмои газетхонак (ВКД) ду золими бедин баромадааст, ки яке дар ВКД ва дигаре дар КДАМ кор мекунанд.

                                           Исфара

Салому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман як мухлиси шумо аз Исфара, деҳаи Зумрадшоҳ. Мо ин номаро ҳамакаса навистем барои Ислоҳ, то инки номардҳо донанд худашонро бишиносанд. Ва ин қадар одамфурушӣ, бузӣ накунанд. Номи ин бузҳо чунин аст:-Олимов Қозӣ, Мамадхуҷаев Баҳодур, Мамадхуҷаев Азиз (инҳо ҳарду ако-укоҳоанд), ки бузи қишлоқанд. Мардум чи коре, ки кунад инхо мефурушанд, масалан фалонӣ ифтор кард, зуд мефурушанд. Шабуруз одамҳоро назорат мекунанд. Боз инҳо шатак доранд, Мирзоев Ислом. Мирзохучаева Мубаширахон дар хонаи худаш ҳозир бадгаштӣ мекунад. Хелбахел милисаҳо омада корашонро карда мераванд. Боз инҳо моҳи бе айб. Мо чи хел зиндагӣ кунем дар ин қишлоқ дигар намедонем.   Соли гузашта тамоми роҳҳои қишлоқро асфалтпуш кардем. Халқ пул чамъ кард. Аммо ин бузҳо як сум додагиашон нест. Боз ба номи ҳаминҳо дар газетаҳо чоп шуда баромад,ки благодаря ана ҳамин одамҳо роҳҳо асфалтпуш шуд. Ин Мубаширахон раиси ҷамоат буд, пора гирифта тюрма шуд. Аммо тавба накард ва боз ба ҳамин кор даст зад. Ҳозир духтараш ҳам фоҳиша шудагӣ. Илтимоси халқи Зумрадшоҳ ин аст ки ин номаро дар барномаатон ҷой диҳед.

    Ин Олимов Қозӣ ва Баҳодури хамсинфаш занҳои деҳаро ё бо зурӣ ё бо ягон баҳона ба номусашон таҷовуз мекунанд. Инҳо халқи Зумрадшоҳро сахт тарсонидагианд. Борҳо ба милисаҳо фурухтанд. Ҳардуяш ҳам одами пулдор.

                             Кулоб

Салом домулло Муҳаммадиқбол! Иди моҳи шарифи Рамазон муборак бошад.

 Инро мехоҳанд ё не, эътироф мекунанд ё не, барномаҳои шумо  ва махсусан барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо”ба Тоҷикистон ва мардуми он хеле беҳбудиҳо оварда истодааст. Даҳони ба рузаем ва ҳар бегоҳ дар ҳақи шумо ва устод Кабирӣ дуо мекунем. Иншоаллоҳ, аз баракати барномаҳои шумо буд, ки ин ду золим, ки болои мардум зулм мекарданд, Абдуҷаббор Зардиев ва раиси ҷамоат ба кайфари аъмолашон расида истодаанд. Заминҳояшонро аз дасташон зада гирифтанд. Ва писари золим ва набераашро маҳкам карданд. Дигариаш, ки ҳоҷӣ Нураш мегуфтанду бародари Шери бинӣ буд, низ ҳама заминҳояшро аз дасташ кашида гирифтанд. Худаш Русия фирор кард. Ин кор, албатта, ки хуб шуд. Чунки акнун дар ин заминҳо мардум пахта мекоранд, ҷойҳои корӣ ба мардум мешавад. Ин беҳбуд дар натиҷаи навиштаҳои “Ислоҳ” ба вуҷуд омад.

Боқӣ дар ҳифзи Аллоҳ бошед.

                                 Хатлон
Салому алайкум бародари имонӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаи маро метавонед “Эътирофи талхи як тан аз котиби Комиссияи интихоботӣ” ном гузоред.
Виҷдонам ҳамеша азобам медод. Азоби виҷдон бисёр сахт аст. Барои он азоби виҷдон мекашам, ки дар муддати 20 соле, ки ман котиби Комиссияи интихоботӣ дар яке аз участкаҳои интихоботӣ будам, ҳамеша факту рақамҳоро  бардурӯғ менавиштам. Аниқтараш маҷбуран протоколҳои интихоботиро мувофиқи супориши боло пур мекардем. Дар фикри онам, ки чӣ ҷавоб хоҳам гуфт.
  Ростӣ ҳангоми тамошо ва мутолиаи матлабҳои “Ислоҳ” дар дилам алов мерехт ва бо худ мегуфтам, Муҳаммадиқболи Садриддин аз сад яке аз ин сохтакориҳои интихоботҳои ҳукумати Эмомалӣ Шариповичро мегӯяд.
  Сабаби ин эътирофи гуноҳи кардаам ду воқеаи ҳаётӣ буд. Якумаш ин буд, ки вақти аз шаҳри  Кӯлоб ба сӯи Кӯрғонтеппа омаданам, дар таксии як нафар нафақахӯри собиқ ҷанговари “Фронти халқӣ” савор шудам. Ин марди собиқ фронтавик аз рӯзи ногузаро таксӣ меронд. Дар аснои роҳ аз ҳаёти ҳозирааш ва аз сахтиҳои рӯзгор бисёр нолон шуд. Аз корномаҳои худ ҳангоми дар “Фронти халқӣ” дар дастаи Бобои Сангак хизмат карданаш ҳикоятҳо кард. Ва бо таассуф ба болои зонуҳояш мезаду бо такрор мегуфт: “Ватанро гирифтему ба як нокас додем. Ватанро бо дасти худ гирифтему ва ба дасти худ ба як нокас додем. Ин одами гушна Ватана ҷазир кард.”  Ин ҷумларо ба такрор мегуфту сар меҷунбонд ва таассуфкунон ба ронҳои пой худ мезад. Мо бошем, бо ин ҷумла тасаллои дилаш додем. Хайр, дар он замонҳо Бобои Сангак намедонист, ки ин одам чӣ гуна аст?!
 Дигар воқеа ин буд, ки бародари калониям дар яке аз муассисаҳои хусусии ин оила кор мекунад. Тақрибан 30 сол собиқаи хизматии давлатӣ дорад. Бародарам чунин шикоят намуд, ки қариб 30-сол аст, ки ман дар ин давлат кор кардаам. Барои барқарор кардани ҳукумати қонунӣ бо кимкиҳое сар ба сар гардидам, ҷангидаам, даст ба гиребон шудаам. Аз ин ҷо то ба Афғонистон дар музокираҳои сулҳи тоҷикон иштирок кардам. Ҳатто бо Аҳмад Масъуд  ҳамсӯҳбат гардидам. Чи корҳое набуд, ки мо кардем. Чандин сол дар ҳукумати шаҳр (шаҳраш махфӣ монад) кор кардам. Натиҷаи ин ҳама заҳматҳо ва меҳнатҳоям чӣ шуд? 2000 ду ҳазор сомонӣ маош. Як кӯдаки 25 солаи ин оила соҳиби муассисаи хусусию мо бошем, бо 2 ҳазор сомонӣ коргари ӯ. ” Рафту ягон ҳодиса шавад, ба Худо ма дига аҳ ай пушти ин оила намехезм, ягонтаи инора ҳимоят намекнм.  Ҳозир агар Толибон  ҳуҷум мекунан ё ягон каси дигар меояд, оҳистаҳак худма яктарафа мегирм, ма кортон надорм мегум.  Бзанан нобуттон кунан, як бор фиреб хурдем басай. Касе чи коршон мекна кадан бгира. Ҳами ҳолай даҳ панҷашона да даҳаншон пеш кардиян, тамоми Тоҷикистон моли шахсӣ кадан, бо ягон каса гапзанӣ намемонанд. ” ..
Ана ҳамин ду воқеаи ҳаётӣ, маро водор кард, ки сирру асрори ин ҳукумати диктатуриро баён кунам. Меравем сари мақсад. Нуқтаи асосӣ ҳамин аст, ки ҳамаи интихоботҳои гузаронидаи Эмомалӣ Раҳмон дурӯғ буданд, ҳамааш сохтаву бофта, шаффофият дар ягон интихобот набуд ва ҳама ҳуҷҷатҳоро мо ғайриқонунӣ пур мекардем.
  Сараввал мехоҳам оиди рафти интихоботҳо як чанд сухан гӯям. Интихоботҳои давраи ҳокимияти Эмомалӣ Шарипович ба монанди як тӯйи хатнасур бо оҳангу савту суруду сарояндаҳои идораи фарҳанг ва бо додани оши палав мегузоштанд. Тамоман эҳсос намегардад, ки ин ҷо маъракаи сиёсист. Хароҷоти ин маъракаҳои интихоботиро асосан тоҷирони калон, шахсони бонуфузи минтақа ба монанди Нусрати Бетурсик, Раҷаби Қош, соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва хоҷагидорон мегузаронданд. На танҳо масрафи молию пулӣ мекарданд, балки назорати иҷрои маъракаи интихоботиро дар пушти парда таҳти раисии худ мегирифтанд, то ин ки дар интихоботҳои ба истилоҳ шаффофу демократӣ Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизбаш ғолиб барояд.
  Акнун мегузарем ба ҷараёни интихобот.  Аз субҳи барвақт овоздиҳандаҳо бо орзуҳои зиёд меоянду раъйи худро ба намояндагони ҳизбҳою президентшавандаи писандидаи худ медодану оши палавро  зада, шикамҳоро сер карда мерафтанд. Шояд бисёриаш барои ҳамин палав ба овоздиҳӣ биёянд. Ба Худо дар ягон интихоботҳои гузашта овози ягон нафар ба инобат гирифта нашудааст. Хулоса, зери назорати сахти кормандони  амният, милитсия ва шахсони паси парда интихоботҳо дар вақти эълон шуда мегузаштанд. Кори асосӣ пас аз соати 22 00 сар мешуд. Ҳамин, ки соат 10 -и шаб шуд, муҳлати овоздиҳӣ ба анҷом мерасаду қуттиҳои овоздиҳиро кушода як  чанд варақаҳои интихоботиро ради интерес мехондем. Раиси интихоботӣ ва корманди амният, ки пешакӣ супоришро аз боло гирифта буданд, ба мо мегуфтанд: Бас аст, давай ҷамъ кунед, фоизро мебарорем. Варақаҳои интихоботиро ҷамъ карда, бе он ки бубинем дар он бюлетенҳо кӣ ба кӣ овоз додааст, онҳоро носанҷида бастабандӣ менамудем. Бастаи аз ҳама ғафсаш аз ҳизби ҳоким қоғазпек мешуд ва фоизи баландро ба ин ҳизб,  яъне ҲХДТ ва Эмомалӣ Шарипович нисбат медодем, чунки мо аз боло супориш мегирифтем. Аз рӯи назорати сатҳие, ки доштем рақобати асосиро бо ҳизби ҳоким дар интихоботҳо ҲНИТ мекард ва аксари овозҳоро ҳам ҲНИТ мегирифт. Аммо мо аз руи фоизи аз қабл омодашуда эълон мекардем.

                                        Норак

 Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародар Мухамадиқболи Садриддин ва ба мухлисони “Ислох”, номамро намегуям. Аммо ман як нафари нафақахурам. Аз Норак
Имон ба Худо, Садоқат ба ватан, Хидмат ба мардум. Додари ҷон Муҳаммадиқболи Садриддин, офарин ба ту, аҳсан ба ту. Ҳама гапҳоят рост ва ҳақро ҳамеша мегуӣ. Худо аз падари ту розӣ бошад бо ин фарзанди муборизаш. Худо ҷаннатулфирдавсро насиби падари ту гардонад. Омин 
Муроҷиат ба Рустами Эмомалӣ. Гуш кун Рустам. 32 сол боз падарат дар қудрат аст. 32 сол боз миллати тоҷик хокбарсар аст, дарбадар аст, гурусна аст, хорузалил аст, бечора аст, нонгадову талбанда аст, аз ватан беватанаст. Аз рузе, ки Эмомалии падарат сари қудрат омад миллати шарифи тоҷик мубаддал ба чурка ва ба Ҷамшуду Равшан шуд ва ҳоло боз тамғаи террористро гирифт. Гуш кун Рустам. Ҳоли миллати тоҷикро бубин, ки падарат ба чи руз оварда расонд. Аз соли 1992 аз ҳамон рузе, ки 16 иҷлосия дар моҳи ноябр баргузор шуду дар телевизор нишон доданду Фронти халқии Кулоб ва дигаре Ҳукумати муросои миллӣ сулҳ карданд ҳама мардум бовар карданд онрузро. Аммо чи шуд, сулҳ, неву  қатли ом сар шуд. Бо фармони сарфармондеҳи Фронти Халкии Кулоб Владимир Илич Сангак тоҷиккушӣ сар шуд. Эмомали падарат амр карда буд. Террорро сар кард геноцит сар шуд. Ҳама миллат шоҳиди ин ҳодиса аст. Падарат Тоҷикистонро ба мазористон табдил дод. Мардҳо кушта ва занҳо бева шуданд, садҳо ҳазор кудак  ятим монданд. Хонаҳову заводҳо дуздида шуданд, фабрикаҳо дуздида шуданд. Дар камазҳо бор карда ба тарафи Кулоб мерафт. Ҳама одамони пулдорро налог баста пулҳояшонро, дороияшонро мегирифтанд. Бисёриашонро ҳам пулҳояшонро мегирифтанд ҳам боз мепаронданд.

 Эмомалии падарат худаш ҳамин корҳоро мекард.Падарат дар Норак аз даруни домҳои сексия бо гурӯҳи чанднафара аз як квартира ҳама ашёҳои онро дар камазе бор мекард. Телевизори ранга, яхдони Помир, тумбучкаи дар болояш телевизормемондагӣ, чуби сандуқ, ҳама курпачаҳои майдаву калон, гилем дорожкаи добро пожаловат, ки дар он туфлиҳоятро тоза мекунӣ, чойнику пиёла қошуқу табак, печка, пардаи тиреза, сачоқ. Хулоса ҳамаи ин гуфтагиҳоямро дар камаз бор карда ба яғмо мебурданд. Ин ҳодисаро ҳама ҳамсояҳо аз глазок- чашмакбини дар медиданду шоҳид буданд.

Ман хоҳиш мекунам аз мардуми шаҳри Норак касонеро, ки ин ҳодисаро хубтар диданду медонанд, гуянду нависанд ба Ислоҳ,т о куҷо гапҳоям дуруғанд ё рост. Илтимос ба Ислоҳ нависед. Ман суроғаи ин дом ва квартираро намегуям. Ман мехоҳам, ки шумо норакиҳо аниқ ва тасдиқ ва мардумро ва Рустамро мутмаин кунед.

  Гуш кун Рустам! Аз рузе, ки падарат ба қудрат омад, ҳама мардҳои миллати тоҷик мардикору муҳоҷир шуданд. Аз дасти падари ту шоирону нависандагон аз зикр монданд, ҳама олимони руҳонӣ куштаву зиндонӣ шуданд. Чи хеле ки боевикҳои Фронти халқии Кулоб мегуфтанд дар ҳечаи ҷайра баҷо шудан. Бале, аз дасти падари ту ҳама олимони руҳонӣ дар ҳечаи ҷайра баҷо шуданд. Гуш кун Рустам! Ман мегуям, падаратро, ки кист? Як ҳаромзодаи валадиззоно, як дузди крисаи кусошник, як зинокори пасти беавлод, як гушначашми пурхури қутанӣ, як бесаводи тупои гови далбаёб, як бетарбияи бефаросат. Ин гапҳо нафақат гапҳои ман, ин гапҳоро ҳама милат мегуянд. Чунки миллати тоҷик дар лабораторияи инсонигарӣ ташхис карданд,тасдик карданд, дақиқ карданд,ки падарат Эмомалӣ чунин аст. Бачаи Майрами гурсухта.

 Гуш кун Рустам! Ту одами аҳли китоб нестӣ.Ту худат медонӣ барои туро президент кардан падарат чи қадар одам кушта истодааст. Ҳама одамони босаводро,олимонро, то ки ту харча ракиб надошта бошӣ. Ту ба шеъри устод Лоик Шералӣ таваҷҷуҳ кун:

Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?

Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам.

  Устод Лоиқ ин шеърро барои падари бепадари ту хонда буд, токи шояд калаи   кадугинаш ба кор дарояд. Аммо афсус.
Як мақоле ҳаст дар Норак, ки онро фақат мардуми куҳпораи Норак қишлоқҳои Лангар, Тутқавул, дукони Энергетик мегуянд бо лаҳҷаи худашон.

 Як нукта бас аст агар шуур аст,

 Варна чу чароғ пеши кур аст.

  Мисраъи дуюмашро каме дигар мегуянд. “Ё чи тра бугуй,ё чи дар сари хар тавлак бизанӣ”. Дурусташ ин аст.

 Як нукта бас аст агар шуур аст,

Ё чи тура бигуй, чи дар сари хар тавлак бизанӣ.

  Гуш кун Рустам! Чи Эмомалиро фаҳмонӣ,чи дар сари хар тавлак бизанӣ. Маъзарат мехоҳам аз мардуми тоҷик. Ман ин шеърро таҳрир накардам. Ман бо лаҳҷаамм Эмомалии калакадуро ҳамин хел мегуям: Ё чи тура бигуй, чи дар сари хар тавлак бизанӣ.

  Миллати тоҷик тамоми умедашро аз давлат кандааст. 32 сол боз миллат бо худаш аст ва чи рузи сиёҳ мегузаронад. Худо накарда ту Рустам президент шавӣ тамом! Дигар ин милати бечора 64 соли дигар хокбасару дарбадару беномунишон мешавад. Ва миллати тоҷик аз байн меравад.  

Биёед, эй милати азизам!

Ҳамаамон дастиҷамъона, ҷамъоҷамъ якуякбора даст ба суи аллоҳ бардорем, то ки аллоҳ дуъоямонро қабул гардонад.

 Ё аллоҳ Рустамро ҷавонимарг кун!

Ё аллоҳ Рустамро ба орзуяш нарасон! Ё аллоҳ Рустамро ҳалок гардон!

Ё аллоҳ Рустамро передозировка куну  бикуш!

Ё аллоҳ нақшаҳои шуме, ки Рустам дорад барбод бидеҳ. Омин! Омин! Омин!

   Аз аллоҳ умед дорем, рузе не рузе ба ҳадаф мерасем.

  Рустам гуш кун! Бо кадом ақлат ту президент мешавӣ? Хандаам мегирад. Ту наркомани кончиниӣ.

 Ҳама миллат аз ту норозӣ аст. Мардум аз руи хукро дидан хушашон меояд аммо руйи туро дидан нафраташон меояд. Аммо ба ҳар сурат як кори туро мешавад хуб баҳо дод. Писари амакатро аз кор рондӣ ва дигар вазифае надодӣ. Ин кори ту хуб аст. Чунки писарамакат беҳад одами пасти бефаросати дузд буд.

 Авлоду хешу таборони ту ҳамагӣ  пасти бефаросатанд. Як ҷавонмардии дигар ҳам кун. Ҳама хешу таборҳоятро аз вазифаҳо бирон. Шояд баъд дар назди чашми мардум қадр пайдо мекунӣ.

 Рустам ман ба ту мисол меорам. Дар руйи Бег Сабур бингар ва баҳо бидеҳ, афташро бубин. Ба кадом ҳолаш вазир аст?

Фаҳми як ҳайвонро надорад, лек вазир аст, чунки ин қудои падари бепадари ту аст.

Рустам гуш кун! Як хизмат кун. Боғи мактаби маҳалаи Энергетикро баргардон ва боз ба мактаб бидеҳ. Ҳамон боғе, ки Зайнидиновҳо алик -малик карда фурухта буданд, ки он боғро ду тақсим карданд. Дар як қисмаш Вайсиддин қасре сохтааст, ду ошёна, бо хонаҳои калон- калон ва дигар қисмашро ба Садридин фурухтанд. Руз ба рӯз талабагон зиёд шуда истодаанд, синфхонаҳо намерасанд. Рустам ҳади ақал ҳамин корро бикун. Қасри Вайсиддин сохтаро барои талабагони майда синфхона карда бидеҳ ва боқимондаашро ба мактаб боз замини боғ карда бидеҳ. Ин кор дар пеши ту хеҷ мушкиле нест, касе монеа шуда наметавонад.Д ар пеши ту ду карат ду аст. Агар ту ин корро кунӣ, ман ба ту дигар кордор намешавам.

Дар маҳаллаи Энергетик кучаи Давлат Сагалдак, Садриддин бо додаронаш мехостанд ва ҳаракат карданд майдончаи подахораваки Давлат Сагалдакро бо пурагӣ ҳамаашро бигиранд, то замини назди ҳавлигӣ кунанд. Дар он вақт ҷавоне бо номи Мирзои Дароз ин гапро шуниду девона шуд. Мирзо зуд аз қафои ин замин шуд. Хост ин заминро майдончаи варзишии футбол кунад ва инкорро кард. Мирзоро падараш булдозерист буд. Падарашро зораву илтимос карду бо булдозер ба майдон даромаданд ва ҳамвор карданд. Тепаҳоро чапа карданд, тарошиданду майдонро васеъ карданд. Дигар ҷавонони Давлат Сагалдак бо Мирзо ҳамроҳ шуданд ва аз ҳукумат хоҳиш ва ариза карданд, то ин подахобравакро расман майдони варзишии давлатӣ кунанд, то ки Садридин бо додаронаш нагиранд.
 Аҳсан ба ин ҷавон Мирзои Дароз. Ин ҷавон хизмати арзанда кард. Бояд номи ин майдончаи варзиширо ба номи ин ҷавон гузоранд.

 Рустам гуш кун! Ту ба чени ҳамин Мирзои Дароз шуда наметавонӣ. Агар ду Рустами худат барин майдаҳак майдаҳакро сарбасар кунӣ баъд ба чени як Мирзо мешавӣ.

  Рустам як хизмати рустамона ба маҳалаи Энергетик бикун. Боғи мактаби маҳаллаи Энергетикро баргардон. Ба хотири Аллоҳ ин корро бикун. Бикунӣ бикун вале агар нахоҳӣ ихтиёрат. Мо туро чизе карда наметавонем.

 То кай мо энергетикиҳо сабзии туро бифучем ба монанди Шоҳрух. Ва дар охир гуфтаниям ба Садридин Саидов, ки заминҳои алафҷои мардуми Хуҷавдолонро, ки бисту панч гектар ба зурӣ гирифта хоҷагии деҳқонӣ кардӣ, фермаи гов ташкил кардӣ, охир ин мардуми Хуҷавдолон куҷо раванд? Инҳо ҳама камбағали бечораанд. Инҷо каме ҳам бошад сабаби зиндагияшон буд, рузашонро базур -базур мегузаронанд. Садриддин огоҳ бош алафҷоҳои хуҷавдолониҳоро баргардон, токи имсол мардум алафҳояшонро дараванд. Бар намегардонӣ ҷиноятҳои додаронатро менависам. Ман мебинам, ки хуҷавдолониҳои камбағали бечора имсол алаф медараванд ё не? Ман қаламамро дар балгарка тез карда, туро поида мешинам. Манро як хунам файзободист. Санговро чапа кардем! Ту киӣ? Як генчулик, як Садриддини аз камбағалҳо заминдузд. 

                     Колхозобод

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Мо аз пушти шумо мефахрем,   наворҳои шуморо тамошо мекунем. Номи ман Фотима, сокини ноҳияи Ҷалолиддини балхӣ шаҳраки Гулистон ҳастам. Дар шаҳраки Гулистон як қумандони ҷавон ҳаст, ки номаш Давлатбеков Дилшод Қурбонназарович, ҷияни Исмат Абдуллозода (Исмати дулик) директори фурудгоҳи Душанбе.  

 Кришаи ин шахс Рустами Эмомалӣ аст. Инҳо як гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддирро мусодира мекунанд. Одамони бегуноҳу камбағалро аз фурудгоҳ қапида шатнаж када бо пули калон мехаранд, ки ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нараванд. Худи Дилшод як руз  дар фурудгоҳи Душанбе писари маро аз рейси Сомонэйр гардонд. Гуфт писарат ба хизмати ҳарбӣ меравад, нахоҳӣ 25 ҳазор сомонӣ медиҳи ва писаратро мегирӣ. Ман дар ҳол ба ӯ маблағипурсидаашро дода  писарамро гирифтам. Рафта ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардам, аммо моро пеш карданд, роҳ надоданд, бо мо дағалона муносибат карданд коргарони ҳукумати шаҳр…

Дар шаҳраки Гулистон бо мошинҳои гаронқимат мегардад. Арзиши мошинҳояш аз 30 ҳазор доллар боло аст. Духтарони ноболиғро нодухтар кард, ба суд доданд, судро харид. Аммо ин ҳукумат тамоман бесоҳиб аст. Мо мардум дар хонаҳои худ чароғ надорем. Хонаи Дилшод 24 соат чароғ дорад. Бачаҳои тоҷик дар ғарибӣ аммо Дилшод занҳои онҳоро, ки дар муҳоҷират ҳастанд зино мекунад. Рӯзи дароз кораш кайфу сафо ва маишат кардан аст. Чаро ҳукумати Тоҷикистон намегуяд бо ин маоши давлатӣ ин мошинҳо ва ин хонаҳои се ошёна аз куҷо пайдо шуд? Шаш автомобили қиматбаҳо дорад.

   Масҷиди ҷомеъе, ки дар шаҳраки Гулистон амал мекард, маҳкам карданд.

                                       Истаравшан

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол!

 Ман аз шаҳри бостонии Уротеппа-Истаравшан, аз деҳаи Ниҷонӣ мешавам.Чанд сол шуд, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор дорам. Дар қишлоқи мо панҷ масҷиди панҷвақта амал мекард. Се масҷидро дигар чиз карданд. Яктоашро тамоман вайрон карданд. Дар барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо№58 ва 84» дар ин бора гуфта буданд.

 Дар шаҳри Истаравшан ҷойи тълим гирифтани Қуръон нест. Аҳолии Истаравшан аз 300 ҳазор зиёд аст. Ниҷони мо калон аст. Магар бачаҳои мо бояд атеист калон шаванд? Мо худамон дар мусофирӣ ва муҳоҷират қарор дорем. Дар мактаб духтарҳоро, агар дар сараш сатру румол банданд падару модарашро ҷиғ мезананду маҷбур мекунанд, ки дигар набанданд. Ин гуна рафтор бо ислом дуруст намегирад. Аммо хушомадгуҳову тамаллуқкорон баромада мегуянд, ки дар мо касе ба пушидани сатру ҳиҷоб кор надорад.

Синат аз 18 хурд бошаду ба масҷид дароӣ меқапанд ва падаратро ё зиндон мекунанд ё ҷаримаи калон.

  Пайғамбари гиромии мо ҳазрати Муҳаммади мустафо саллаллоҳу алайҳи вассалам фармудаанд, ки писарбачаро аз 7солагӣ ёд диҳед. Халқи Истаравшан  чашмонатонро кушоед. Мо пагоҳ ё фардо мемурем. Аз пушти мо хамин фарзандҳоямон дуо мекунанд. Инҳо, ки ҳеҷ чизро надонанд, нахонда бошанд,чи дуо мекунанд. 6 моҳ пеш рафтам масҷид. Даромадам тарсидам. Ҳамаҷо камера задагӣ. Баландгуяк нест. Аммо дар Маскаву Санкт-Петербург дар масҷидҳо бо микрофон мехонанд. Русия давлати христианӣ аст. Аммо давлати мо мусалмонӣ мебошад. Чунки болои мо як лаънаткардаи Аллоҳ нишастагӣ, ки худро мусалмон мегирад ва боз ҳоҷӣ ҳам ҳаст.

Ин ҳаромхури Раҳмоновро ман ҳатто бо Фиръавн қиёс намекунам. Рафтору кирдори Раҳмонов бадтар аз фиръавн аст.

  Халқи Истаравшан! Ба номи Худо Раҳмонов аз мо метарсад биёед хезем? То кай ждат мекунем зулми ин Худо лаънат кардаро. Биёед ҳамакас  9 сентябр митинг бароем. Ватан ва давлатамонро аз дасти ин ёғӣ ва тоғут наҷот диҳем. Падару модарҳоямон ждат карданд, мо ҳам ждат кунем? Барои бачаҳо мо аз мо ҳам вазнин мешавад.

  Чи қадар қориҳову муллоҳоро кушту зиндон кард. Бо чанд муллоҳоро запрет  кардааст. Дар Истаравшан бо чашмони баста ва пушида мегарданд. Ба митинг бароем ва бо роҳи Худованд ояндаи  худамонро созем. Барқ нест, кор нест. Ҳеҷ нафаре хат ва забони арабӣ намедонад. Аз домуллоҳ чизеро пурсида намешавад. Метарсанд, ки ҷавоб диҳанд. Ояндаи миллат чи мешавад?

  Биёед хезем.То кай ждат мекунем? Дар мусофирӣ мондаву хаста шудам. Гапи охирам ин аст Ҳайдаров Дилмурод барои худат дигар ҷо ёфтагӣ. Масҷидро ба наздикӣ мегирем. Боз халқ баромада 5 вақта намозашро дар масҷид мехонад. Садои азон баланд мешавад.

Бародар ман узбекам, агар хато нависта бошам ислоҳ кунед. Ислоҳ, ки ислоҳ мекунад.

Share This Article