Дар бораи вазъу ҳолати корхонаи арзизи тоҷик-заводи алюминий- Талко на як бору ду бор навишта будем. Аммо ин бор яке аз коргарони пешини ин заводи бузурги саноатӣ,ки ҳатто дар саросари шуравии собиқ камназир буд,бо факту далелҳои мушаххас, ки худаш шоҳиди бевосита аст, навиштааст.
Заводи алюминийи тоҷик манбаъи даромади асосии бюҷети Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва солона ҳудуди 500.000 тонна истеҳсол дошт.
Баъди ба дасти Оилаи Раҳмонов гузаштан, мушаххастар, баъди ба дасти Ҳасан Асадуллозода ва Шералӣ Кабир (асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон) гузаштан ин корхона имрӯз дар ҳоли зору табоҳ қарор дорад ҳатто 60 ҳазор тонна тавлидот надорад. Ин корро Ҳасан махсус кард, то оҳанҳои ин заводро ба заводи арматурааш бикашонаду даромади калон бигирад. Дар ин завод дуздӣ руирост ва дар авҷи аъло аст:
Турсунзода
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Турсунзода мебошам. Солҳо дар заводи алюминий кор карда шоҳиди хеле аз корҳо аниқтараш ҷиноятҳои одамон шудам. Инҷо мехоҳам дар ин бора ҳикоят кунам.
Ба кор андохтани як ванна зиёда 300 ҳазор $ расход дорад. Вақте криолит ва глинозём тамом шуда буд ваннаҳо дар гирифта сухта аз кор монданд, мусурҳои аз давраҳои шуравӣ мондаро оварда коркард карданд. Заводе, ки дар тавозун ва обороташ садҳо миллион доллар мечархид ба ҳоли зор монд.
Техникаҳои корхона дар шароити нохуб монд. Коргарони куҳна, яъне бособиқа мегуянд, ин аҳволе, ки завод дорад, пеш ин хел набуд. Ҳоло қисмҳои эҳтиётиро то ба завод омада расидан 60% -ашро медузданд, 40 %-и дигарашро дар дохили завод дуздони дохилӣ медузанд. Коргарони охраннаҳо бошанд соляркаву масла ва дигар ашёро дари складҳоро шикаста медузанд.
Ин завод дар 3-4 смена охранна дорад. Ман соли 2011 ба кор даромадам ва дар 4ум корпус кор мекардам. Сардори корпус Соҳиб Шарипов бародари Саъдӣ Шарипови директори завод буд. Вақте завод аз боло то ба поён ба дасти ғоратгарон гирифтор шуда буд, 4 корпус яке аз беҳтарин корпусҳои завод ба ҳисоб мерафт. Наздики 80 ванна дошт. Соҳиб, старший мастери мо худ инсони бо фаҳм буд. То соли 2013 хуб фаъолият мекард. Баъди иваз кадани начальники шуъбаи электролизӣ дар ҷои началник Муминов Абдураҳмон омад. Ин Абдураҳмон Муминов бародари овозхон Ҳаётой Муминова аст. Як хоҳари Абдураҳмон Муминов ва Ҳаётой Муминова ҳамсари Шералӣ Кабир аст. Абдураҳмон худ миллаташ узбек аст. Бо тоҷикон хеле мушкил дорад. Баъд аз онки Саъдӣ Шарипов вакили Маҷлиси намояндагон шуд ин Абдураҳмон ба ҳама чап шуд. Тоҷикҳое, ки дар соҳаи электролизӣ масъулият доштанд бо ягонтои онҳо соз нагирифт. Ҳама ҳайрон, ки чаро ин бесавод ҳама ҷоро расво дорад, аммо ҳеҷ кас ба вай кор надорад, баъд фаҳмидем, ки язнааш Шералӣ Кабир, вазири саноат ва яке аз роҳбароҳои ин завод ва одами наздики Эмомалӣ Рҳмонов будааст.
Яъне дар вақти сардории Муминов Абдураҳмон завод сухт, чанд соат ваннаҳо бе кор монданд. Аз рӯйи қонуни электролизӣ 1ванна бояд 4 сол хуб кор кунад, баъд аз 4 сол сифати металл паст мешавад. Он вақтҳо аз набудани глинозём ва криолит ва дигар химикатхо аз Чорни гора мусорҳоро оварда ваннаҳоро нест карданд. Дар ин ваннаҳо метали пастсифат истеҳсол мешуд.
Мошинҳои борбари Туркия ва Эрон дар назди завод чандин моҳҳо меистоданд, ҷангу ҷанҷоли турку эронӣ ҳарруз буд.
Қаравулони заводро вахтерҳо меномиданд. Инҳо ҳуҷҷат- удостовореннийи КДАМ доранд, яъне ба амният дахл доранд. Инҳо 4смена кор мекунанд. Яъне ҳам шабона ва ҳам рӯзона. Ин вахтерҳо ҳама чизро медузданд: аноту кокс, алюминий ва оҳанҳоро мошин -мошин мебароранд.
Солҳои 2011 то 2017 ҳар шаб тона -тона металҳои заводро медуздиданду ҳама аз он огоҳ буданд. Яъне завод дар пеши чашмамон ғорат мешуд ва ҳеҷ ниҳоде ба он аҳамият намедод. Чаро ? Чунки дар ин дуздӣ шарик буданд.
Ман ҳам бо як дӯстам, рости гап чандин бор анот баровардем. Ин анот барои чи лозим буд? Анот ба мисли ангишт месузад. Аз ангишт ҳам хуб месузад. Масалан як сатил ангиштро10 соат сузӣ як сатил анотро 30 соат месузонӣ.
Ман бо як дӯстам баъди кор меомадем завод ва ба ҳамин вахтерҳо 100 доллар медодем. Моро то соати панҷи саҳар даруни завод сар медод. Бо мошини Газели бор каш медаромадем. Мо чи мегирем, чи намегирем ба онҳо дахл надошт: «100 доллар те усуш кори худут» мегуфт ва мо 100 медодему ба маӣлағи 1000у аз он бештар медуздидем.
Мисли мо инсонҳои дузд хело бисёр буданд. Моро киҳо ба даруни завод сар медод? Яъне сардори смена. Ин гапҳои ман ба соли 2012 тааллуқ дорад. Ман дар сменаи Далер ном як охранник бачаи қадпаст соли таваллудаш 1984 он вақтҳо безан буд, кор мекардам.
Ин Далер аз Кулоб, дуюмаш Тоҷиддин, ки ин ҳам аз Кулоб аст ва ин ҳам қади кутоҳ дорад. Тоҷиддин сардори смена буд. 100 долларро мегирифт, хап буд. Мо бошем чунон мошинро бор мекардем, ки мошин базур мебаромад. 5 ё ки 6 тона бор мекардем.
Худи вахтерҳо беҳад сахт дуздӣ мекарданд. Сардори смена иҷозат медод. Инҳо то саҳар дуздӣ мекарданд. Охраннаҳо милисаҳоро писанд намекарданд. Уголовникҳо бисёр тоб мехурданд. Дар шабҳо дуздони одиро қапида пулҳояшонро мегирифтанд. Ҳамин Давлати уголовник чандин бачаҳоро бо анот қапида пулашонро гирифта сар медод. Як хелашро ҳимоя мекард. Давлати уголовник бачаи ҳоҷӣ Қурбон аз Аҳорун.
Вохурони машҳур буданд худ дуздӣ мекарданд, боз дуздони кучагиро ёрдам мекард. Яъне Шери кал аз Кулоб. Ба ман ҳам ёрдам кардагӣ. Номи ҳамон Шери калро мегирифтам ягон вохур ҳеҷ чиз намегуфт. Боз нафари дигар Шери зард буд. Вай ҳам ҳамчунин дастгирӣ мекард дар дуздӣ. Амонуллоҳ аз Шаҳринав, ин ҳам биёр ёрдам кардагӣ ба ман. Файзалии хароб, муйи баланд дошт. Мерседеси сиёҳ дошт. Мерседеси Файзалӣ дам намегирифт. Шаб то рӯз фақат аз завод борҳои дуздӣ мекашонд. Шери кал ҳам бо нексияаш « шаваш кати» мекашонд.
Исмоил Негматов ин аз тарафи Батош ё ки аз Шунук дузди хуб аст.
Ин Лутфулло дузди машҳур, дузди Чорная гора. Ин аз қафои Чорная гора хело ободу соҳиби давлат шуд. Чорная гора аз тарафи роҳи Ширкент дуздӣ мекунад. Аз дасти ин Чорная гора ягон чи намонд. Ин Лутфулло Абдуллоев бо акаи калониаш, ки Иззат ном дорад, хушру кор карданд. Аз тарафҳои Чорная гора аз ин дида боз дуздони машҳур ҳам ҳаст. Инҳо бисёранд.
Хулосаи гап, чи гуфтанӣ ҳастам? Ман то соли 2017 дар ин завод кор кардам. 5 сол ҳам коригар будам дар 4 корпус ҳам дузд. Ин заводи машҳурро, ки наздики 20 ҳазор коргар дошт ба нестӣ оварданд. Якум худи калонҳо сар карданд дуздиро. Дар даруни завод заводи арматур сохтанд. Худашон хостанд, ки ин заводро ба металлолом мубаддал гардонанд боварам кунед. 40 фоиз ба орзуҳояшон расиданд.
Хайр, боз чи гуям? Сардори давлат чмо набошад чунин мешавад? Чмро ҳамин хел накунӣ уволаш дар гарданат. Агар ин пасво ақл медошт, ҳар хару хук ин заводи стратегии давлатро ин тавр хору залил намекарданд. Агар ин пасво ақл медошт ва ин заводро мисли пешина кор мефармуд солона ба худи пасво аз 100 миллион доллар бештар фоида меовард. Он гоҳ мо мегуфтем, ки ошаш шавад. Аммо ҳоло чӣ? Мегуем заҳри баданаш шавад.
Лаби як хел ваннаҳо шикоф мешавад ва баъд аз ванна маъдани хоми арзиз мерезад. Як хел вақтҳо то 1- 2 тон металл мерезад ва ба подвал корпус мебаранд. Ҳар корпус чунин ваннаҳои шикоф дорад. Таги корпус металҳои рехтагӣ бисёранд. Дуздҳои махфӣ мебиёянд шабҳо шикаста мебаранд. Мабодо фуромада монӣ дар ин ҳолат мезананд. Чандин касонро зада қариб кушта буданд. Яктои онҳо Зафар ном дорад. Ин ҳар шаб дар ҳамин завод боз ба савдои нушокиҳои спиртӣ машғул аст. Дар назди стоянкаи автобусҳо бо занаш арақу пивову пирашки мефурушад. Зафар як бачаи здоровий буд. Вай аз маҳаллаи Имоми Аъзам мебошад. То соати яки шаб савдо мекунад. Баъд дар соатҳои 2 ё 3 шаб таги корпус металл медуздаид.
Ин вохуро аз як инсон -Азизов гуфтанӣ як шахс сахт метарсад. Ин Азизов бо ду бача мегардад ва одамҳоеро, ки бинад дуздӣ мекунанд, напурсида мезанад. Ин ду бачаҳои Азизов хапу дам мегарданд. Ягон касро қапанд бераҳмона мезананд. Бисёр одамҳоро қапида зада аз кор пеш карданд, делои ҷиноятӣ кушоданд. Вақте ки Азизов қапид пули нармалнӣ дода халос мехурӣ ё ки аз кор пеш карда делоят мекунад. Бо пули кам гап намезанад. Чандин вохуроя қапида дело карда пеш кард.
Соли 2017 амнияти шаҳри Турсунзода 2 касро бо металлу анот қапида бо 3 тона бор. Ҳамаи ин бачаҳоро ман мешиносам. Амният бурда 300 доллариашонро гирифта дела карда ба учасковийи завод дод. Ин амниятӣ номаш Музаффар, аз Турсунзода мешавад, узбек бача. Ин участковии завод ҳам Музаффар ном дорад. Ин ҳам борро гирифт ва ҳам 200 доллар гирифт. Номерҳои мошини ин участковий 33 33 буд –БМВ.
Музаффари участковий худаш бо дуздҳо кор мекард. Он вақтҳо майор буд. Соли 2016 – 2017 бо мошинаш завод даромада баҳузур дуздӣ мекард, ҳамроҳ бо Шери кал ва бо Далери мундуқ.
Хулосаи гап ҳамин, ки дар Тоҷикистон ҳолати хуб нест. Ҳамаҷо чунин дуздӣ. Сардори давлат дузду беинсоф бошад ҳамаҷо бадтар мешад. То ин режими ғайри қонунӣ дар болои сари мо вуҷуд дошта бошад, ҳоли Тоҷикистон бадтар мешавад. Метарсам рӯзе нашавад, ки ин бе шараф Тоҷикистонро фурӯхта худаш нест шавад, ҳоламон аз ин бадтар мешавад. Ин бешараф барои пул ҳама корро мекунад.
Эй, мардум бояд бедор шавему ватанамонро соҳиб шавем. Кори ин заводи бузурги саноатиро хубу хушру ба роҳ монем. Бовар кунед тамоми халқи Тоҷикистон ба роҳатӣ зиндагӣ мекунад. Ман аввал тамошо кардам хело ва тасмим гирифтам ҳама ончи дидам ва худам ҳам кардаам нависам, то пеши виҷдонам тоза бошам. Мард он аст,ки ҳақро гуяд ва мардона ба ҷинояти анҷомдодааш эътироф кунад.
Истаравшан
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ман аз Истаравшан, Уротеппаи пешина мебошам.
Хитоби ман барои миллати тоҷик! Эй мардуми тоҷик, огоҳ бошед, ки ин Раҳмонов ба мо хубӣ намебиёрад! Медонед барои чӣ? Чунки аз Аллоҳ наметарсад. Битарсед аз шахсе,ки ӯ аз Аллоҳ наметарсад.
Коре, ки коммунист дар ҳафтод сол натавонист яъне дини моро нест кардан, лекин ин Раҳмонов тавонист. Коммунистҳо фикр мекарданд, ки масҷидашонро маҳкам бикунем динашон тамом мешавад.
Лекин ин Намруди замон -Раҳмонов донист, ки риши мардумро метарошему занҳоро бе ҳиҷоб мекунем, номуси мардон аз байн меравад. Номус, ки аз байн рафт, дин ҳам меравад. Уламоро зиндони кунем ва онҳое аз дин огоҳии бештар доранд бо туҳматҳо зиндонӣ кунем дигар кор тамом мешавад.
Агар мо аз паи Раҳмонов равем ҳамаи мо дузахӣ мешавем, чунки Раҳмонов аз дини ислом хориҷ аст, яъне имон надораду Фарзандонаш валади зино мебошанд. Китоби Ибни Ҳаҷари Асқалониро бинӣ мегӯяд: 10 нафар дар назди Аллоҳ кофир аст лекин худаш гумон мекунад мумин аст.
Якум кушандаи бинои ҳақ, яъне ҳамин Раҳмонов,чунки дар ҳар куҷое,ки даъвате ба ислом асту таълими дин аст, онҷоро мебандад. Охир шумо намебинед, ки ҳиҷоби зан ва таълими дин фарзи ъайн аст, ки аз байн бурд. Оё мо дар ин ҳолат хап бикунем дайюсе бар дин намешавем?
Дар замони паёмбарамон саҳобагон ҷонҳояшонро аз пеш мемонданд, ки дар дин тир нарасад. Вале афсӯс имрӯз мардуми тоҷик, динро дар пеш гузоштанд, ки дар ҷонамон тир назанад.
Агар Аллоҳ ба мо ҳазор сол умр диҳад ҳам охири он марг аст. Бояд мо маргамонро оро диҳем. Яъне ранги зан дар хона ҷон надиҳему дар мубориза ҷон диҳем.
Суханро ба дарозо намекашам, барои инқилоб каме аз фикри худам гап мезанам.
Шумо мегуед танҳо бе куштор шавад. Барои бе куштор инқилоб кардан бояд мо аз хориҷа журналист оварем.
Дувум ин, ки дар як рӯз аз тамоми минтақаи Тоҷикистон бояд мардум хеста ба шаҳр бароянд, баъд мебинем,ки ҳукумат кадом тарафашро мегирад.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман сирҳои бисёрро медонам, ки дар пеш Тоҷикистонро кадом мушкил интизор аст.
Бобои ман мегуфтанд, ки замонаш мебиёяд, ки Чин яъне Хитой ба Осиёи Миёна ҳуҷум мекунад, ҷанги ҳаром мешавад, наррашро мекушанду модаашро истифода мебаранд. Акнун ман далели дурустиашро дар чӣ мебинам медонед? Ҳамон замине, ки ба Хитой фурӯхтанд, дар ҳамон замин военные база сохтагӣ аст Хитой. Вай бояд аввал бо Афғонистон ҷанг бикунаду пасон ба Осиёи марказӣ ҳуҷум бикунад.
Барои ҳурмати тоҷикон дар Русия мегӯям!
Мо агар ба оилаи худумон назар бикунем, як фарзанди хонаро лақаби безеб монему масхара намоем, ҳамон фарзанди мо дар назди тамоми ҳамсояҳо бе қадр мешаваду бо ҳамон лақаб масхара мекунанд. Яъне чи гуфтаниам? Агар мо дар ватани худумон обурӯ пайдо накунем дар дигар давлат бо обуруй намешавем.
Барои ҳукумат дорони мо одам ранги як чорво бе қадр аст.
Бародари меҳрубон ба шумо ҷасорати ҳазрати Умарро насиб гардонад. Ман имшаб эфиратонро тамошо кардум дар бораи чиниҳо.
Чин аз Осиёи Миёна долон талаб дорад, барои ба Афғонистон ҳуҷум кардан. Ман хиёл мекунум, ки ягон баҳона кофта истодаанд. Намруди замони мо инро ташкил кардагӣ аст, ки ҳамин баҳона шаваду Афғонистон аз ман набинад. Лекин ин барои худаш чоҳ канда истодааст. Ман сахт дар тарсам, ки 10 000 000 тоҷик дар дунё бе ватан мемонад. Ин Эмомалии говкала на сиёсатро медонад на душманашро мешиносад.
Душанбе
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин ва тамоми мардуми Тоҷикистон!
Ман хостам яке аз иллатҳои асосии бетарафӣ ва ғулому ғуломсифат шуданамонро бигӯям. То ки мо бедор ва сарбаланд бошем. Имрӯзҳо ҳар яки мо борҳо мавриди хушунат ва шиканҷаи коркунони давлатӣ қарор мегирем, аммо бетарафиро интихоб намудаем ва гӯё мо ҳеҷ вақт ингуна ҳолро надидаем ва нашунидаем. Ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаниам, ки хуб гӯш кунед ва ба қарор оед, ки хуб ё бад шудани миллат ва давлат аз ҳар яки мову шумо вобаста аст.
1.Эй падару модарони азиз, оё Шумо мехоҳед, ки фарзандони худро дар Русия аз даст диҳед?
Мехоҳед фарзанди шумо бемор бошад?
Оё дӯст доред, ки фарзандон доим дар муҳоҷират бошанд?
Оё мехоҳед, ки набераи шумо, фарзанди шуморо, дар айни пиронсолиаш тарк намояд ё ба хонаи пиронсолон бибарад?
Оё дӯст доред, ки фарзандони шумо доим дар азоб бошад?
Оё мехоҳед фарзандон ҳамеша чоплусӣ намояд?
Оё дӯст доред, ки фарзанди Шумо, аз роҳи хабаркаши зиндагӣ намояд?
Мехоҳед, ки фарзандони шумо доим ба дигар оилаҳо зулм намояд?
Оё мехоҳед, ки доим фарзандони шумо камбағал бошад?
Мехоҳед, ки наслҳои шумо доим ғулом ва ғуломсифат бошад?
Аз тамоми падарону модарон эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки бо диққат бубинед ва ба ҳар як саволҳо ҷавоб диҳед.
2.Эй сиёсатмадорон! Эй коркунони давлатӣ! Эй мансабдорон! Эй нафақахӯрон!
Оё мехоҳед, ки мо шаҳрвандони Тоҷикистон доим дар азоб бошем?
Мехоҳед, ки Тоҷикистон доим истеҳсолкунандаи ба ном террорист бошад?
Ҳамеша мехоҳед, ки шаҳрванди Тоҷикистон шиканҷа шавад?
Оё шумоён мехоҳед, ки давлати қашшоқ бошем?
Оё мехоҳед, ки Тоҷикистон фақат истеҳсол ва содиркунанди неруи арзони корӣ-муҳоҷири меҳнатии беҳуқуқ дар давлатҳои хориҷа бошад?
Ё хоҳони он ҳастед, ки шаҳрвандони Тоҷикистон доим сарафканда ва чурка бошад?
Оё мехоҳед, ки оянда низ як президент ояд ва ҳамаи мо доим дар таърифи ӯ бошему шаҳрвандонамон доим дар азоб?
Мақсади кор кардани ману шумо чист дар давлат? Чихел кунем, ки ба хотири пул ё ҷон тамоми шаҳрвандро ба зулм, шиканҷа, муҳоҷири дарбадар ва ба қатл гирифтор намоем?
Магар ҳамин аст давлатдорӣ?
Магар ҳамин аст сиёсатмадорӣ?
Магар ҳамин аст мансабдорӣ?
Акнун дар инҷо муҳим нест, ки ном дар таърих бимонад! Муҳим он аст ки номи нек бимонад. Дуруст аст эй мансабдорон?
Чаро дар тӯли ин 33 сол ба ҷои пеш рафтан, муваффақ шудан, тараққӣ кардан, ихтироъ кардан, истеҳсол кардан, давлати пешрафта сохтан, баръакс қафомонда шуда истодааст?
Ин ҳама аз ҳамоқати мост, ки мо ба ҷои давлатро обод кардан, танҳо ва танҳо як оиларо бой карда истодаем! Эй мансабдор, эй коркунони давлатӣ, эй чоплусон, эй сиёсатмадорон, эй шаҳрвандон, эй муҳоҷирон. Дар инҷо мо сиёсати хирадмандона гуфтему ҳосил аҳмақии ҳар яки мо беш нест.
3.Эй муҳоҷирон мехоҳед дар Русия ҳамин гуна зиндагӣ намоед?
Мехоҳед, ки доим дар қайди азияту озор бошед?
Мехоҳед доим шикоят карда дар Русия хору залил шуда зиндагӣ намоед?
Оё ин орзуву мақсади ҳар яки мову шумо буд, ки ман фақат кори сиёҳ мекунам ва беқадру манзалат мешавам?
Оё мо мехоҳем, ки зиндагии хуб дошта бошем, ё доим муҳоҷир бошем?
Мехоҳед, ки шикоят ва шукргузорӣ аз пешпо намоеду гардед?
Мехоҳед дар Тоҷикистон бошед?
Мехоҳед дар назди оила бошед?
Ё доим дар озору азият будан барои шумо истироҳат аст? Гуфти русҳо, ки кайф аст? Ман мегӯям, ки ҳайф аст чунин умр барои ҳар яки мову ту эй ҳамватан.
Дар ҳама ҷо ба мо шаҳрвандони Тоҷикистон мӯд шудааст шикоят кардан, қасам хурдан, дурӯғ гуфтан, зулм кардан, номардӣ кардан, чоплусӣ кардан, хабаркаш шудан ба як оила. Магар ҳамин аст виҷдону шарафу имондорӣ?
Турсунзода
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аз деҳаи Ширкенти ноҳияи Турсунзода ҳастам. Дар бораи директори мактаби №94 Шоева Бибиробия менависам. Боварамон кунед ҳамаро ба дод овардааст. Аз маоши омӯзгорони мактаб моҳе нест, ки 300 то 500 сомонӣ нагирад. Мегуяд, ки ман бо 12ҳазор сомонӣ ин вазифаро аз Лайло Раҷабова харидаам. Яъне барои директор шудан ҳамин сол 12ҳазор сомонӣ барои мудири шуъбаи маориф Лайло Раҷабова додам ва плюс «ҳамон масрафи кадагиямро бояд барорам». Аз қаравул ва фаррошҳо ҳам 150 ё 250сомонӣ ҳар моҳ мегирад ва барои ба кор қабул кардан 2000 сомонӣ мегирад. Агар камтар гирад, дарсро камтар медиҳад.
Як духтари хеле вайрони бераҳа дора, ки касеро писанд намекунад. Ба сари муаллимони калонсол дод мезанад. Либоси ягонаи мактабӣ танҳо барои дигарон, аммо духтари директор яъне Шоева чи намуде пушад мумкин, кадом вақт биёяд мумкин.
Як муаллимаро аз ҷонаш сер мекунад ва муалимаи бечора ба директор мегуяд «муаллимаҷон духтаратон зиқ ва ноҳурматӣ мекунад». Директор қаҳраш мекунаду ба муаллима мегуяд: «даф шав дига кор набё аз кор озодӣ». Чанд рӯз пас хусури муаллима пеши Шоева Бибиробия меояд ва мегуяд чаро келини маро аз мактаб пеш кардӣ, чи ҳақ доштӣ? Келини маро саводаш хуб диплом дорад. Мегуяд, ки ман гапамро гуфтам даркор не келинат. Келинат хуб дарс намедиҳад мегуяд.
Охир айби келини ман ин аст ки аз духтари бетарбияи ту безор шуда ба ту шикоят кардааст, дигар айб надорад. Ҳамин қадар сол дигар кас директор буд, соз буд, ку? Ман аз руи шумо ба маориф шикоят мекунам..
«Э,э,э бирав ба дастгоҳи Президент шикоят кун, мебинам кадомиашро, мебахшеду қупал бошад ҳам г..ро хурда наметавонад ягон кас, бирав шикоят кун аз руи шумо еееебирав ба дасгохи Пириздент шикоят кун мебинам кадом ниҳодаш мебиёяд пеши манба, мебахшеду купол бошадам мегуядҳеҷ ҷоямро хурда наметонад ягонкас бирав шикоят кун. Ин гапҳоро ба ҳамон хусури он муаллима мегуяд. Он муйсафед аз шарм баромада меравад. Ва боз ин ҳолати шударо худаш бо забони худаш дар як маросим нақл мекунад, ки бо муйсафди падари он муаллима ҳамин тавр гап зада аст. Ин директор он қадар аз худ рафтагӣ аст ба духтарбачаҳои синфҳои ибтидоӣ гапҳои беодобона мезанад. Масалан мегуяд,ки «эй беадабҳо шуморо пага як бача мегирад ду рӯз зан мекунад ду фарзандотон кати ҷавоботона метия».
Охир мактаб ҷои ҳамин гап аст? Онҳо кудак. Ин гапро наход як директор гуяд? Ин директор тамоман ақлу фаросат надорад. Дипломро харидагӣ аст. Боз сари ҳар гапаш ба муаллимон мегуяд, касе аз духтари ман шикоят дорад, аризаашро навишта дафъ шавад, ё дили духтари маро ёфта дарс диҳад. Ҳамаро тарсонида гирифтааст. Ҳама муаллиму муаллимаҳо аз Шоева метарсанд. Чунки Шоева пулдор аст. Одами пулдорро тамоми гапаш мегузарад. Дар Тоҷикистон бепулҳо хап карда мегарданд. Ҳар рӯз бо ҳар баҳона аз талабаҳо пул мегирад. Як тараф муаллимаҳо ва як тараф талабаҳову падару модарони онҳоро ҷиннӣ кардааст. Боз дар тарафи дигар фаррошу қаравул ва дигар коргарони мактабро. Дар Тоҷикистон ҳақиқат нест. Бе пул суханат асар надорад. Ҳама ҳайрон, ки бо ин директори бадахлоқ и кор кунем. Дар як маърака будем, чанд касе буд мегуфт, ки аз руи ин бева шикоят кунем. Аммо ариза ба Дастгоҳ ва вазорати маориф норасида гум мешавад, хубаш ба Ислоҳ нависем, ин шо Аллоҳ, ки нома ба гуши одамҳои лозима мерасад.
Барои ҳамин ба шумо навиштем.
Қасам ба худо аз ҷонамон сер шудем, охир пулдор нестем гуфта мурем? Қасам ба Худо ягон гапи гуфтаамон бофта ва туҳмат нест ин гапҳо, аз 100 % 20%ро гуфтем, илтимос нашр кунед.