Э.Раҳмонов бар зидди «Фароз» имзо кард

Ислоҳ нет

Ҳаводиси нангини ду моҳи ахир дар Душанбе, маркази давлати Тоҷикистон, ба вижа дуздӣ ва куштори Шӯҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк»  Эмомалӣ Раҳмоноро ночор кард, ки ба зидди «Фароз»-ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои бешумораш қарори хос имзо кунад. Чуноне медонед, Шамсулло Соҳибов, шавҳари расмии Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз ҳафт духтарони Эмомалӣ Раҳмонов мебошад, ки айни замон сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир аст.

Қабули ин қарор, ҳамчуноне, манобеъи мо дар даруни Оила гуфтанд, дар натиҷаи ҷангу ҷангҷолҳои бисёр ҳам шадид дар ҷаласаи хонаводагии худи Раҳмонов қабул шудааст. Аз як тараф Ҳасан Асадуллозодаву тарафдоронаш аз тарафи дигар Шамсуллову Рухшона ва тарафдоронаш дар худи Оила ба ҷони ҳам афтодаанд. Зеро бо ин пешниҳод Шамсуллову Рухшона аз миллионҳо даромади ҳангуфт ва як манбаъи даромади бедардимиён маҳрум карда мешаванд.

   Ба яқин, сахт муштоқ ва бетоқат шудед, то бифаҳмед, ки ин чи қароре аст, ки боиси ба ҳам задани оромиш ва иттиҳоди ин Оила шудааст. Нусхаи онро дар барномаи ахири «Минбари муҳоҷир» нишон дода будам ва ваъда ҳам кардам, ки як чизе муфассалтар дар ҳоли омода шудан аст. Ҳоло ин матлаб омода шуд. Аммо, инро бигӯям, ки аз ин гуна қарорҳо минбаъд мо зиёд хоҳем дид, ки Раҳмонов ночору ногузир мешавад, барои ҷилавгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ ва возеҳтар бигӯем, дуздиҳову ғоратҳои домодҳову духтарҳову бачаҳояш аз қарору дастуру амру супориш, яъне аз фишанги давлатӣ истифода кунад. Чунки инҳо, ин тӯдаи бо дасту по, бо чангу дандон ба дуздиву ғорати мардум ва миллатзада, яъне домодҳои расмиву ғайрирасмӣ, духтарҳои бешумор ва бачаҳову ҷураҳои онҳо, поҳои худро хеле фарохтар аз ончики курпаашон қад медиҳад гузошта, дигар ҳамагуна меъёру қоидаро зери по карда истодаанд. Барои он ин гуна дилпурона, бебокона ва беҳаёёнаву гургона тохтутоз карда истоаанд, ки пушташон бар худи Ҷаноби олӣ гарм аст ва бовар доранд, ки бадтар аз ин кунанд ҳам падарарус онҳоро, масалан, ҳамчунон Зайд Саид ва ё Раҷабалӣ Одинаев (Умед-88)-ро муҷозот нахоҳад кард.

   Эмомалӣ Раҳмонов, дигар чорае надошт, ки ин қарорро имзо кунад. Ҳам то андозае масъулияти куштори Шӯҳрат Исматуллоевро аз гардани худ дуртар месозад ва ҳам бо ин васила барои худ касби обрӯ мекунад, ки дар фикри амният ва осоиши мардум аст ва барои таъмини амният тайёр аст, ки манофеи худ ва оилаи худро ҳам қурбон кунад. Ҳоло ин қарорро пешкашатон мекунем:

  Нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

                29-июни соли 2023    №6 ш.Душанбе

« Котиби Шӯрои амният Маҳмудзода Насрулло, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Раҳмон Асадулло, Вазорати корҳои дохилӣ (Раҳимзода Рамазон), Прокуратураи генералӣ (Рамон Юсуф) Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (Саймумин Ятимов) якҷо бо вазорату идораҳои дахлдори дигар, раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ (Маҷидзода Аҳлиддин):

-такроран додани рақамҳои қайди давлатии истифодашудаи воситаҳои нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи онҳоро қатъиян манъ намоянд;

– бо роҳи музояда додани рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиётро барҳам диҳанд;

-нобуд кардани рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиётро тибқи таҷрибаи давлатҳои дигар бо роҳи реза кардани онҳо ва ба навор гирифтани ҷараёни мазкур амалӣ созанд;

 -якҷо бо Вазорати адлия ҷавобгариро барои истифодаи рақамҳои давлатии қалбакӣ, истифодаи якчанд рақам дар як воситаи нақлиёт ва бо як рақам гаштани якчанд воситаҳои нақлиёт пурзӯр намоянд;

-ҳолатҳои идора намудани воситаҳои нақлиётро бе ҳуҷҷати зарурӣ ҳамаҷониба пешгирӣ кунанд;

-воридоти рақамҳои қайди давлатии қалбакиро аз хориҷи кишвар қатъиян пешгирӣ намоянд;

-барои пешгирии баровардани рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ минбаъд барориши онҳоро дар як ҷой роҳандозӣ кунанд;

-рақамҳои қайди давлатии махсус барои вазорату идораҳои алоҳидаро манъ намоянд;

-талони махсуси Вазорати корҳои дохиларо қатъиян манъ созанд;

-камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлати даҳ рӯз пурра бартараф намоянд:

Инчунин, якҷо бо Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва сохторҳои дахлдори дигар назорати истифодаи дурусти рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиётро ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Вазорату идораҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз натиҷаи иҷрои супоришҳои протоколи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд».

Ҳамчуноне, пай бурдед, ин қарор дар рӯзи 29-июн қабул шудааст, яъне 6 рӯз баъди рабуда шудани Шӯҳрат Исматуллоев. Ва, ҳоло бо гузашти беш аз ду ҳафта он то куҷо иҷроӣ шудаастро, мо аз ин дуриҳои дур намедонем. Вале инки сардори БДА-и ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанберо иваз кард ва вазорати дохила ҳам аз ташкили як гурӯҳ ба манзури ворид кардани тағйирот дар қонунгузории кишвар дар ин робита хабар дод, ба назар мерасад, як « ҷунбуҷулҳое» карда истодаанд.

 Зимнан, ҳамчуноне бархе аз расонаҳо навиштанд, дар ҳамон ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи 29-июн Раҳмонов ба шиддат аз фаъолияти БДА изҳори нигаронӣ кардааст. Аммо,х онанда ва бинандаи ҳушёри «Ислоҳ» мо ба ин «изҳори нигаронӣ»-и Раҳмонов коре надорем. Чунки медонем, ки аз ин корҳо вай солҳост, ки анҷом медиҳад. Вай, барои онки нишон диҳад, ки бо мардум ва дар фикри мардум аст, коркунони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумрук ,налогро на як бору ду бор «публично» танқиду таҳқир карда буд, ки пеши роҳи дуздиҳову қочоқро намегиранд, балки гуфта буд, огоҳ аст, ки худашон шарик ҳастанд. Ёдатон нарафта бошад ҳамон Шаҳбоз Раҷабови бойфренди Озода Раҳмонова, сардори Дастгоҳи худашро чи гуна ҳарфҳо зада буд. Дар воқеъ Раҳмонов дуруст гуфта буд, ки вай огоҳ аст ва медонад, ки ҳамаи онҳо дуздӣ мекунанд, чунки худи Раҳмонов барои дуздии онҳо шароит ва имконияти калон додааст, чунки худи Раҳмонов саркардаи ин дуздҳо аст, чунки худи Раҳмонов боз дар суҳбатҳои пӯшида мегуфтааст, ки аз ин гапҳои ман хафа нашавед, коратонро давом додан гиред, яъне дуздиву ғоратро, ман барои мардум бояд як чизе бигӯям.

Раҳмонов ГАИ-ҳоро аз кор гирифт, дастур дод, ки аттестатсия шаванд, қонунҳои сахт дар ин бора қабул карда шавад. Яъне, хост бигӯяд, ки бо айби ҳамин гаишникҳо Шӯҳрат Исматуллоев рабуда шуд ва то ҳоло ёфт намешавад. Аммо, ба як калом бигӯям, Раҳмонов инҷо боз мехоҳад, ки сари мардум шира молад, ба гушҳояшон макарон кашол кунад. Албатта, мо, ба ҳеҷ гоҳ ин гаиҳои аксаран порахуру дуздро тарафдорӣ намекунем. Ҳазорон ҷурму ҷиноят зери сари онҳост. Вале дар ин қазияи номерҳо ва чопи қалбакии онҳо онҳо «виноват» нестанд. Виноват  «Фароз» ва Шамсулло Соҳибованд.

Чунки ҳанӯз аз соли 2010 ба ин тараф тавзеъу тақсими «госномер»-номерҳои давлатии мошинҳо дар Тоҷикистонро ҳукумати Тоҷикистон ба ихтиёри ширкати «Фароз»-яъне ширкати домоди худи Раҳмонов гузошт. Инки ширкати «Фароз» дар ауксиони баргузоркардаи БДА дар соли 2011 чи гуна ҳақи сохтану додани номерҳои давлатиро гирифт, дар ҳамон солҳо ба як мавзӯи пурбаҳсу доғи расонаҳо қарор гирифта буд. Барои онки зиёд дар ин бора нагӯем, аз як матлаби «Озодӣ» як абзатсеро меоварем ва ҳама чиз рушан мешавад:

«Дар тендери омода кардани рақами давлатии мошинҳо дар Оҷонсии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон, ширкате ғолиб омад, ки қимати аз ҳама баландро пешниҳод кард.

Дар ин тендер, ки бо супориши Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор шуд, се ширкати омодакунандаи рақами давлатии мошинҳо – «Фароз», «Парки технологӣ» ва «Дурнамо» иштирок карданд. Аввалӣ барои омода кардани ҳар ҷуфти рақам 51, дуввумӣ -38, саввумӣ – 33 сомонӣ пешниҳод кард. Дар охир ширкати «Фароз», ки аз ҳама қимати баланд пешниҳод кард, пирӯз омад.

Ин вазъ мӯҷиби норизоиятии шадиди Абӯбакр Азизхоҷаев, сарвари ширкати «Дурнамо» шуд, ки аз ҳама қимати арзонро пешниҳод кард: «Тендер ҳамон гуна, ки тасаввур мекардам, ҳамон тавр гузашт. Гӯё сифати онҳо хуб. Ман ба инҳо мегӯям, ки нархи инҳо 51 сомониву нархи ман 33 сомонӣ. Алюминро аз Полша инҳо меоранд, яъне қолаби омодаро аз он кишвар меоранду рақам мезананд. Аммо ман алюмини худиро истифода мекунам. Фақат ширкати мо ин корро карда метавонад, патент дорад. Раисҷумҳур ҳамеша даъват мекунанд, ки ашёи хоми худиро истеҳсол кунем. Аммо дар асл чӣ мегузарад?»

(Абубакр Азизхоҷаев, ки хост аз тариқи суд ва қонун ҳақиқатро барқарор кунад, оқибат судаш карданду муфилисаш намуданд ва ин ҷавонмарди баору бономус ду соли пеш ҷон ба ҳақ таслим кард. Ҳамаи ин азобу азиятҳое, ки ӯ кашида аз ҷабру зулми Шамсулло Соҳибов буд. Вай, ки барои нафсаш шуда Умарали Қувватро кушта буд, мегузошт, ки Абубакр ин бизнеси осонро аз дасти вай бигирад? Дар пушташ худи Ҷаноби олӣ истодааст)

Хуллас, аз ҳамон соли 2010 «Фароз» танҳо корхонае аст ки номери давлатӣ месозаду медиҳад. Яъне «Фароз» амалан функсияи ГАИ-и ҷумҳуриро гирифт ва ҳамчуноне худи Раҳмонову чоплусакони давру бараш зиёд дӯст доранд, ки ин тавр бигӯянд «шарикони рушд» ва «Фароз» шарики рушд шуд. Акнун «Фароз» ҳам ҳақи права ва ҳам техталон ва ҳам техосмотр ва ҳам инак номери давлатиро дар ихтиёр гирифт. Агар фаромӯш накарда бошед, дар аввалин ауксионе, ки «Фароз» барои баргузории фурӯши «номерҳои крутой» анҷом дод рақами давлатии 0010 ба 40 000 сомонӣ, ки он вақт баробар ба 9100 доллар буд, фурӯхта шуд. Шумо ҳам, мисли ман хуб медонед, ки аз ин пул як қиронаш, як дирамаш ба бюҷҷаи давлат намеравад ва нарафтааст ва ин шарики рушд, ки шарики расмии зиндагии Рухшонаи Эмомалӣ аст, тӯли ин ҳама солҳо, беш аз 13 сол, чанд маротиба ауксиони фурӯши номерҳои давлатии «куртой» доир кард ва ба чандин миллион доллар даромад гирифт?  

Ҳоло, ки номерҳои «парастой» ҳам бепул нестанд. Ва дар тӯли ин ҳама солҳо чи қадар номерҳо фурӯхта шуду пули онки бешак чандин миллиард сомониро ташкил медиҳад, ба ҷайби кӣ даромад?

  Шумо фикр мекунед, ки «Коммерсбонк»-и Шамсуллову Рухшона ҳоло вес республикаро «покорят» мекунад, аз куҷо пул меёбаду рақобат мекунад? Танҳо аз чопи китоби «Тоҷикон» ҳамин Шамсулло Соҳибов, ки анҷом дод 7 миллион доллар даромади соф ба даст овард. Ҳоло, акнун нашриёти ширкати «Фароз» тамоми асноду ҳуҷҷатҳои вазорату идораҳои ҳукумати Тоҷикистонро (бланка)-чоп мекунад. Кӣ кафолат медиҳад, ки дар инҷо ҳам дастбурде ба ин аснод назанад ва аз ин аснод ба суди худ истифода накунад?

  Шумо фикр мекунед, ки он 11 номери ҷаълӣ ба гурӯҳи қотилони Шӯҳрат Исматуллоевро кормандони ГАИ сохтаву дода буданд? Албатта, ки на. Ин номерҳоро фақат ва фақат ширкати «Фароз» додаасту халос. Ва, Раҳмонов агар ҷавонмард бошад ва агар заррае инсоф дошта бошад, ба мардум бигӯяд, ки чи кори аҳмақие кардаасту мекунад, ки ба уҳдаи домоду духтарҳояш тамоми функсия ва рисолати вазорату кумита, умуман сохторҳои давлатиро ба баҳонаи онки «ғайридавлатӣ» гардонистааст дода истодааст.

Як бори дигар ба пунктҳои ин қарор чашм андозед:

«такроран додани рақамҳои қайди давлатӣ, бо роҳи музояда додани рақамҳои қайди давлатӣ, истифодаи рақамҳои давлатии қалбакӣ, истифодаи якчанд рақам дар як воситаи нақлиёт ва бо як рақам гаштани якчанд воситаҳои нақлиёт пурзӯр намоянд, рақамҳои қайди давлатии махсус барои вазорату идораҳои алоҳида»,-ро кӣ анҷом медод? Ҳоло дигар номерҳои крутой вуҷуд нахоҳад дошт, кадом ауксионе ҳам барои фурӯши номерҳои давлатӣ дигар баргузор намешавад. Аз ин гузашта минбаъд кадом ауксионе ҳам барои фурӯши номерҳои давлатӣ баргузор нахоҳад шуд.

Ва, ҳамин тавр «талони махсус»,ки бо имзои вазири дохилӣ ҳам дода мешуд, дигар вуҷуд нахоҳад дошт. Ин «талони махсус» барои наркобаронҳову наркокурйрҳо дода мешуд ва як манбаъи даромади калони вазири дохилӣ ба шумор мерафт.

 Чуноне мебинем ин ҳама тағйирот, баъди рабуда руйдоди нангини ба сари Шуҳрат Исматуллоев омада ба амал меояд. Шӯҳрат Исматуллоев, дар мошине савор карда шуд, ки дар пешаш номери давлатии  махсус барои КДАМ ва дар пушташ номери махсус барои ВКД-ро дошт.

  Барои дарёфти ин номерҳои махсус бояд кадом мадраке, санаде вуҷуд медошт ё хайр? Албатта вуҷуд медошт. Аммо, чи гуна ин 11 рақами «липий»-и мақомоти қудратӣ дастраси қотилони Шӯҳрат Исматуллоев гардид? Мутмаин бошед, ки инҷо нақшро фақат «пул» бозидагиаст. Ширкати «Фароз»,ки гуфтем пушташ ба куҳ такя кардааст, иммунитет дорад дар баробари қонун (Рухшана Эмомалӣ, духтари Эмомалӣ Раҳмонов занаш аст) пулро мегирад, агар лозим бошад ба ҷойи 11 адад номери мақомот,111 ва 1111 адад ҳам медиҳад. Хабарҳое, ки ба мо мерсад аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳо, ки онҷо раҳи мошин нест ва транспорт хару асп аст «Фароз» шуъбаҳои худро боз кардааст ва онҳо «вождений»-ҳо гузаронида шаҳрвандонро соҳиби «права» мекуннад. Ҳамааш қонунӣ. Чунки «Фароз» қонунӣ «права» медиҳад. Аммо ин ҳама «права»-ҳо бовар кунед, танҳо бар ивази пул аст. Яъне, агар фаҳмотар бигӯям инҷо ҳатто масъалаи саломату амнияти роҳҳову ҷони инсонҳоро ҳам қурбонии тиҷорати Шамсуллову «Фароз» кардааст.

  Рабуда шудани Шӯҳрат Исматуллоев ва куштори ваҳшатноки вай нишон дод, ки Раҳмонов ҳатто амнияти давлати худро қурбонии бизнеси аъзои оилааш кардааст.

Хисорот ва хатари бизнеси оила ба амнияти давлат ошкор шуда истодааст. Оила ва тиҷоратҳои машруъу ғайримашруъи вай, ки бо истифода аз фишангу қудрати ҳукумат пеш мераванд, тахту ҷоҳи Раҳмоноро мутазалзил карда истодааст. Ба ҳадде ин хатар, яъне бизнеси аъзои Оилаи Раҳмонов бузургу шудаву таҳкиму тақвият ёфааст, ки мақомоти давлатӣ дар баробари он заъиф ва оҷиз мондаанд.

  Дуруст аст ки назорати дурустии рақамҳои давлатӣ- госномерҳо вазифаи БДА аст. Аммо ҳамчуноне гуфтем БДА дар чопу нашри онҳо масъул нест ва гузашта аз ин магар БДА метавонад дар кори «Фароз»-и домоди худи Ҷаноби олӣ шубҳа кунад ва ҳақ дорад, ки онро тафтиш намояд? 

Вале, бубинед, ки масалан барои як номери «крутой» магар «Фароз» кадом харҷи илвагӣ мекунад? Барои сохту чопи як номери одӣ ва «крутой» харҷу масраф фарқ дорад? Надорад. Ҳамон тунука, ҳамон ранг, ҳамон станок. Аммо фарқи маблағро бубинед? Ана аз ҳаминҷо аст ки бизнесҳои Оила беш аз беш хосият ва хислати аждаҳоӣ касб мекунад ва Раҳмонов ҳам халқро аблаҳу аҳмақ пиндошта ГАИ-ҳоро муқассир меҳисобаду аз кор мегираду гуноҳро бори гардани онҳо мекунад.

Ин қарори Раҳмонов танҳо як роҳи ҳал ва иҷро дорад: бозгашт ба шароит ва ҳолати то соли 2010 ва 2011. Яъне бояд, ки ҳуқуқи додани номер ва праваҳо ва техосмотрро аз дасти «Фароз» гирифта ба дасти ГАИ бисупорад. Ҳама чиз ҳал мешавад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ГАИ ҷуръат нахоҳад кард, ки номери қалбакӣ фурӯшад. Ва, ГАИ, ба унвони ниҳоди давлатӣ на ширкати хусусӣ ва на корхонаи тиҷоратӣ як нархи муайян мегузорад ва мефурӯшад ва ҳеҷ хатаре ҳам ба амнияти давлат пеш намеоварад.

 Мақомот бояд бикованду ошкор кунанд, ки он 11 номери давлатии қалбикиро ин гурӯҳи қотилони Шӯҳрат Исматуллоев аз кадом шуъбаҳои «Фароз» дастрас кардаанд. Дар ҳолати ошкор ва эълон кардани онҳо маълум мешавад, ки «Фароз» ҳам то чи андоза дар одамрабоӣ ва куштори муовини Ҳасан Асадуллозода саҳм доштааст. Иллати ҷангу ҷангҷоли Оила ва қабули қарори Раҳмонов ба пофишории Ҳасан ва тарафдоронаш дар Шурои Оила рабт мегирад, ки масъалаи «номер»-ҳоро бардоштанд. Бошад, ки ин бархурди манфиатҳо, задухурдҳои дохилӣ, ҳарчи зудтар сари Раҳмоновро ба бод диҳад!!!

Share This Article