Ин шабурӯзҳо дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои кишвар барномаҳо барои пропагандаи Паёми Раҳмонов ташкил карда мешаванд. Аммо, мардум медонад ва фаҳмида истодааст, ки ин ҳама таблиғу ташвиқ ягон моҳият ва мазмуне надоранд. Чунки Паёми имсолаи Раҳмонов ҳам айни паёмҳои солҳои пешинааш фақат ва фақат аз таъриф ва тавсифи бепояву дуруғини дастовардҳои набуда суҳбат мекунад. Навиштаи аввали ин нашри барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҳам ба ҳамин масъала бахшида шудааст.
Истаравшан
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Рӯзе, ки Раҳмонов Паём дод дар ҳамаи Тоҷикистон светро арзонӣ кард, аз ҷумла дар деҳаи Ниҷонии мо ҳам свет буд. Светро барои он дод, ки мардум баромади вайро тамошо кунанд. Пас, маълум мешавад, ки свет будааст ва ҳар гоҳ, ки ба худи Раҳмонов даркор шавад, свет медиҳад. Мо, ҳам суханронии Раҳмоновро тамошо кардем. Аммо ягон гапе, ки умедворкунанда бошад, сабаби беҳбудии зиндагии мардум шавад, нагуфт. Фақат худашу корҳояшро лоф заду тамом. Баракс як гапҳое гуфт, ки одам аз тани вай шарм медорад. Мегуяд дар ҳамин толор 1500 нафар нишастааст. Агар ҳар як нафар яктои детсад созад масъалаи таъмини кудакҳо бо муассисаҳои то мактабӣ дар кишвар ҳал мешавад. Одам дар ҳайрат меафтад, ки раиси давлат ингуна гапҳоро дар асоси чи мезанад? Охир сохтани боғчаи бачагона, мактаб, театру муассисаи дигар магар кори шаҳрванд аст ё давлат? Дар ин ҳолат ҳукумат ва давлат барои мардум чи даркор?
Дар Паёми имсолааш низ боз дар бораи кадом озмуну конкурс гап зада истодааст. Озмуну конкурсҳое, ки аслан ягон фоида надоранд ва миллионҳо сомониро барои баргузории ин озмунҳои бемаънӣ аз ҳисоби бюҷет ҷудо карда истодааст. Пули ҳамин озмунҳоро барои сохтани детсаду яслӣ сарф кунад, масъала ҳал мешавад ку?
Боз як гапи дигар гуфт. Гуфт, ки дар давраи шуравӣ дар Тоҷикисон шумораи донишҷу ва донишгоҳҳо ин қадар буд, ҳоло ин қадар шудааст. Яъне он вақт кам буду ҳоло ки ман раис шудам, зиёд кардам.
Дар солҳои шуравӣ светмуриро мо ёд надорем. Дигараш ин аст ки дар солҳои шуравӣ агар панҷоҳ ё шаст ҳазор донишҷу хатм мекард, бо ҷойи кор таъмин мешуданд. Ҳоло 200 ҳазор донишҷу хатм мекунад чи қадараш бо ҷойи кор таъмин мешавад? Дар ин бора ягон сухан накард. Бовар кунед, панҷ дар сади онҳо бо ҷойи кор таъмин карда намешавнад. Ин қадар донишгоҳу донишҷуи зиёде, ки фардо ягон мутахассис намебарорад, мутахассис намешаванд ва ҷойи кор намеёбанд ба кӣ даркор аст? Ин донишгоҳҳо бо пули худи ҳамин донишҷуҳо кор мекунанд. Ин ҳама фиребу найранг асту тамом ва ин донишҷуву донишгоҳҳо фақат барои супоридани андозу бо маош ва кор таъмин кардану аз кисаи мардум пул гирифтан асту халос, дигар ҳеҷ чизе нест.
Ва, як чизи дигари аҷоиб ҳам гуфт. Гуфт, пайғамбарро модар ба дунё овардааст. Гуё ягон кашфиёте карда бошад. Гуё касе намедониста бошад, ки модар ба дунё меоварад. Худатон фикр кунед, ки оё ин гап ягон маънӣ дорад? Киро падар ба дунё овардааст?
Вале, барои мисол агар Озода ё Тахмина ё Фируза ва Марями гурсухта шавҳар намекарданд, чизе меоварданд?
Ин як гапи тамоман аблаҳона аст. Агар ту мехоҳӣ, ки дар бораи нақшу мақому ҷойгоҳи зан чизе бигуӣ, аз он бигу, ки чаро ва чи тавр духтарони ту, масалан ҳамин Озода, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Рухшона, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир, Зарина, муовини раиси Ориёнбонк, Парвина, сардори Раёсат дар вазорати тандурустӣ ва раиси Сифат-фарма шуданд, масалан Тахмина, раиси Оҷонсии алоқаи ҳавоӣ шуд?
Яъне аз 7духтари ту 5- тои онҳо ба корҳои давлатӣ ва тиҷоратҳои миллиардӣ чи тавр даст ёфтанд? Агар ту раиси ҷумҳур намебудӣ, инҳо ба ҳамин мақому мартабаҳо мерасиданд. Вале ту аз он намегуӣ, ки дар баробари ин ҳама айшу нушу ишрату мансабу дову дастгаҳои духтарони ту ҳазорҳо ҳазор зани тоҷик дар муҳоҷирати корӣ бо бадтарин шароит, таҳқир, тазъиқ, азияту озору кулфату ғам гирифтор шудаанд? Аммо ту ин инҷо афсона мехонӣ. Ҳама медонад, ки пайғамбарро модар ба дунё овардааст.
Ман ба Раҳмонов гуфтаниам, ки ту як бор ба худат савол деҳ, ки чаро тамоми аъзои хонаводаи ту дар ҳукумат часпидааст? Мисли кана хуни халқро макида истодаанд. Албатта, мисли гапҳои худат мегуфтагӣ мегуям, ки ин канаҳоро ҳам модар, ба дунё овардааст. Аммо ин модар модари одӣ не, ин канамодар аст.
Фалон миқдор ба фалон озмун, фалон миқдор ба фалон озмун чапу рост пул ҷудо карда истодаӣ. Агар ки ин тавр пул доштӣ чаро ҳамон роҳҳо, ҳамон детсаду ясливу офиси ҲХДТеву дигару дигарашро ба мардум бор кардаӣ?
Роғунро мегуӣ, чаро намегуӣ, ки даромади саҳмияҳои мардум чи шуд? Соли 2018, вақти кушодани агрегати аввали Роғун ҳам гуфта будӣ, ки светмурӣ афсона шуд. Ҳоло боз майи 2027 мегуӣ. Майи 2027 ин яъне чанд моҳ пеш аз интихоботи президентӣ, ин яъне вақте ки аллакай лимити сол тамом мешавад. Ту светро ба афғону узбеку қирғиз мефурӯшиву мардуми худатро аз свету рушноӣ маҳрум мекунӣ ва боз конкурси «Илм- фуруғи маърифат» мегузаронӣ. Вақте синфхона сарду торик аст, вақте хонаҳо свет надорад, аз кадом фуруғи маърифат гап мезанӣ? Мардумро аблаҳу маркаб фикр кардаӣ? Як бор ба худат ин саволро ҳам бидеҳ, ки туи петеушники аблаҳ куҷоро хонда тамоми кардаӣ? Чи қадар саводу илм дорӣ? Заочний хондагиӣ!
Боинги аз пули саҳмияҳои Роғун харидаи Ҳасан дигар ба парки боингҳо мубаддал шуд. Аммо, ку баҳраи саҳмияҳои мардум?
Эраҷҷон Гулови писари Парвинаи духтарат ҳануз дар гаҳвора будааст, ки ба якунимиллион доллар дар Дубай хона хариданаш. Аз куҷо?
Исмоили Пингвин сарпарасти спортсменҳои тоҷик дар бозиҳои байналмилалӣ мешавад. Ин ҳама пулҳо аз куҷо? Ин ҳама пулдорҳоро, ки дорӣ, чаро ба роҳҳо пул намедиҳанд, чаро ба детсадҳо пул намедиҳанд?
Бо пули як хонаи ба Эраҷҷон харида дар Дубай камаш 50 детсад мешавад сохт.
Бояд аз он ҳисобот медодӣ, ки даромади саронаи мардум дар муқоиса ба даромади сарони аъзои оилаат чи %-ро ташкил медиҳад. Дар сол аъзои оилаи ту чи қадар даромад мегираду мардуми оддӣ чи қадар?
Рости гап намехостам дар ин бора чизе бигуям. Аммо ин аблаҳро аблаҳиашро бояд бигуем.
Яке аз дигар гапҳои аблаҳонааш ин аст аз тоҷик будани худ ифтихор намоед мегуяд.
Хуб ки чӣ? Чаро бояд аз тоҷик буданамон ифтихор дошта бошем? Барои онки ҳама тоҷикҳоро мурғ кардаӣ, ҳамаро хар карда савор шудаӣ, барои онки ҳамаамонро муҳоҷиру дарбадару ғулому кардаӣ. Чи ҷойи ифтихор дорад тоҷики имрӯзаи даврони ҳукуматдории ту?
Агар узбак бошӣ набояд ифтихор кунӣ, агар рус бошӣ ифтихор набояд кунӣ, агар қирғиз бошӣ набояд ифтихор кунӣ?
Мардум дастадаста аз ин ватан гурехта истодааст. Аз ин ватан, ки Тоҷикистон ном дорад тоҷикҳо ба самти берун гурехта истодаанд. Ҳазорон ҳазор, балки миллионҳоямон омодааст, ки табаияти русиро биград, орзуҳои шаби хобаш шудааст. Ҳоло рафтан ба хидмат ба як карис-куриёӣ, ба як урус, ба як қазоқ, ба як амрикоиву турку немису дигару удигар ҳасрату муроди дили тоҷик аст. Тоҷик аз чи ифтихор кунад?
Свет надорад, муздуру батрак аст.
Аз куҷои тоҷикиятамон ифтихор кунем? Ту тоҷикҳоро дар ҳақиқат ба кун шинонидӣ, хору залилу пасту пойин кардӣ. Ту тоҷикро беқадру беқимат кардӣ.
Тоҷик аз он ифтихор кунад, ки ту дину оинашро ба мазоҳу масхара кашидӣ, таҳқираш кардӣ, масҷидашро дискоклуб кардӣ. Аз куҷои тоҷикияташ ифтихор кунад? Бари соли харбуза, барои соли каду. Барои ишкамбаи дамидаи туву Ҳасан? Барои паёмҳои дурӯғини ҳар охири солат? Дар ҳоле ту бояд гузориш диҳи , на паём ба ин мардум. Охир президенти паёмдеҳ дар паёмаш некуаҳволӣ, осонӣ, арзонӣ ва… меорад. На мисли ту ва ҳукуматдории асри пори ту!
Аз кисаи ин мардуми почакандаи муҳоҷири дарбадар канда мегириву фуруғи субҳи доноӣ мекунӣ.
Э, аблаҳ. Аз кадом гапи ту гап занам? То ту дар сари кор ҳастӣ, ин мардум рӯзи хуш намебинад!
Колхозобод
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Ин номаи маро, илтимос дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой кунед. Дар асл ин номаи ман раддия аст.
Бародар, шумо дар барномаи «Номаҳо…№170» аз бузҳои деҳаи 40-солагии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ном гирифтед. Намедонам,шояд дар нома ё ман хато навиштаам ё шумо ғалат хондед. Дар асл гапу ҳарф ин хел нест.
Биёед аз аввал сар мекунем.
Дилшоди бачаи бобои Раҳмати савзак бо тахаллуси Дилшоди сияҳ ду зан дорад. Якумаш дар хонаи падараш дуюмаш дар деҳаи Иттифоқ дар заминҳои ҳашт сотиха зиндагӣ мекунад. Қисса кӯтоҳ Дилшоди сияҳ боз мегуям, ки аниқу дақиқ буз аст. Дилшод як марди камбағалро хонаи зани дуюмаш кор мебарад. Чанд рӯз кораш мефармояд, баъд корашро буд мекунад. Баъд баҳона меҷӯяд як фоҳишаро ба ин марди кор фармудагиаш «туғрӣ» мекунад. Ин марди бадбахт корашро мекунад ва аз байн ду- се ҳафта мегузараду он фоҳиша мегуяд, ки «ма ай ту ҳомила дорам». Дар ин мобайн Дилшоди сияҳ медарояду мегуяд, ки «ака 800 сомонӣ мети корт туғрияй». Ин мард сум мекобаду аз куҷое меёбаду медиҳад, тамом. Аз ин су чанд рӯз кор кард бефоида, рӯзи кориаш надод. Ба замми ин 800 сомонӣ зарар дид. Валлоҳӣ қасам чандин нафар гуфтанаш, ки «ака ба и Дилшод кор накунӣ, и заҳрша мечакона да ту». Лекин ин марди бесавод бовар накард. Ин Дилшод бисёр номард аст. Ба ягон проблемаи калон биғалтад дарав ба занҳояш қасам мехурад. Ин Дилшодро як дам мебинӣ ба ГАИҳо аст, як дам мебинӣ бо контролёрҳо аст, як дам мебинӣ бо разборчикҳо аст. Ранги пашаи болои наҷосат аст. Марди дуруғгуйи қасамхур. Мегуӣ домоди Раҳмонов бошад. Дилшод бузи се -чор деҳа аст. Чанд бор қасамхуриашро ба занаш дидем. Вале бо ҳамон хел аст. Мақсад марди мунофиқ аст.
Дар мавзуи Юсуф. Ин Юсуф аз солҳои пеш яъне 2007 2008 овозааш баромад, ки буз аст. Дар ҳақиқат як чашмаш тамоман намебинад. Чашми росташ кам кам мебинад. Вай панҷ вақт намозашро дар масҷид мехонад. Вай дар Варашилобод грузчик кор мекунад. Валлоҳ қасам ҳеҷ бовариам намеояд, ки ҳамин буз бошад. Охир раҳашро базур- базур меравад. Чанд бор бахубӣ пурсидемаш. Фақат як ишора суи боломекунад: «мега ай Аллоҳ бтарсе, ман ай охиратм метарсм» Фақат як гап дорад: «ай Аллоҳ бтарсе, тӯҳмат накне, некӣ мардум аз Юсуф мекебанд. Зиёда аз як сол шуд дар шаҳри Москва кор мекунад».
Раҳмонов Аллоҳ лаънатат кунад. Ин марди маъюб барои як тикка нон тарки ватан кардааст. Ту боши ба руғани хугу хар хурокро мезанӣ. Э. Худо бизанадат.
Дар масъалаи Мансур мо аз чанд кас пурсидем. Мансур бо Юсуф ҳамсинфанд. Мансури бачаи раҳмати бобои Раҳимҷони комбайнчӣ аст. Мансур аз солои пеш дар район кор мекард. Мансурро гуфтанд, ки буз аст. Ин мардак вазифаашро иҷро мекунад. Вале Дилшод чи? Дар ягон ҷо кор намекунад, аммо яксара мардумро фурухта истодааст. Юсуфро ҳеҷ кас доказат кардан натаонист. Лекин мардум аз Юсуф мекебанд, ҳарос доранд.
Аммо Мансур ва Дилшод аниқ буз ҳастанд. Ҳой мардуми Чилсолагӣ, Қаҳрамони боло ё поён, Чорум, Иттифоқ зоналнийи Чуқурак аз Дилшод эҳтиёт бошед: «нонта мехра да косатон туф мекунад мерава».
Дилшодро дар ягон маъракаатон хабар накунед, ки мефурушадатон.
Дар номаҳои №170 Шумо гуфта будед,ки Юсуф андак зураш ояд,дарав ба занаш қасам мехурад.На,ин тавр нест. Ин Дилшод ҳамин феълро дорад.
Ана акнун дар бораи мудирони мактаби № 45. Тахминан аз солҳои 1995 -2014 як мудири мактаб бо номи Хоҷаев буд, ростӣ номашро намедонам. Бисёр мудири хуб буд. Дар давраи мудириаш мактаб пешрав кард ва ин сабаб шуд, ки аз ин мактаб бисёр мутахассисони гуногун бароянд. Масалан муаллимони бо таҷриба, духтурҳои ботаҷриба, коргарони ҷамоат, коргарони орган аз зинаҳои паст то баланд дар ноҳия ва вилоят.
Аммо дар давраи мудири дуюм ин тавр нашуд. Ин зан Хосият ном дорад, як зани бехосият аст.
Бовар кунед бародар Муҳаммадиқбол! Як зани бадбахти баддаҳан, як зани дағалгуфтор. Бо кадом толибае чи хеле форадаш ҳамин хел гап мезанад. Ин Хосият 5-6 бача дорад. Калониаш Алишер, коргари ГАИ дар ноҳияи худамон кор мекунад. Чандин касро фурухтагӣ аст. Ҳар касеро дар бораи Алишер пурсӣ «меган илтимос монш, у я тварай».
Номи дуюмиашро намедонам. Як бачаи мутакаббири воҳима. Аз хубиаш занаш баромад рафт. Шавҳарашро бо кадом духтар мебинад, мебарояд, меравад.
Сеюмаш дар ҳамин мактаб муаллим буд.Кадом як ҷинояте содир мекунад,ки аз мактаб сураш мекунанд. Вале аз духтаронаш маълумот надорам. Дар давраи Хосияти бехосият, ки тахминан 7-8 соли мудирӣ кард, мутахассисони хуб набаромаданд. Духтарҳо фоҳиша, ҷавонон шабгарду бангиву дузд ва бетарбия шуданд. Кораш фақат аз хонандаҳо пул кандан аст. Як толиба дар як моҳ аз 100 сомонӣ зиёд мебурд мактаб.
Дар соли 2015 интихоботи парлумонӣ доир шуда буд, ки ҲНИТ ҳам иштирок мекард. Ба худо қасам соат нав 10-11шуда буд, ки дарав телефонашро гирифта боло занг зад: «ало, сардор ҷаноб 70% гирифт». Аҷаб мардуми чор -панҷ деҳа кай успет карданд, ки ҷанобш 70% овоз гирифт?.
Як пешвопарасти дигар ҳамин шавҳари Хосият бо номи ҳоҷӣ Маҳмадалӣ аст. Чандин сол пеш дар деҳаи худашон раис шуд, дар деҳаи Зоналний.
Бовар кун устод,ягон чанори чухтро намонд, кадомеашро рост медид, зуд чапааш мекард.
Як боғи тахминан 100 гектараро ранги причоскаи калаи Ленин кард. Аз пули ҳамин чинорҳо ҳаҷ рафт. Дар соли 2021 баъди аз раисӣ кораш фақат рехтан-арақ буд. Русия рафт ранги бомжҳои Русия шуд.
Баъди вай мудири мактаб аз ҳамин деҳа ба номи Света шуд. Ин Света тахминан 5-6 сол пеш дар ҷамоат ба ЗАГС сарукор дошт. Хело зани хуш муомила буд. Ин ҳам мудири мактаб шуд ва ранги ҳамонҳо талбанда шуд. Дар ҳақиқат круг ва ҷомеа инсона монанд мекардаст.
Рашт
Ассалому алейкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол!
Инак ин қисмати 5-и номаи шикоятии ман аст аз дохили деҳаи Кулоба, ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт. Сокинони деҳаи Кулоба баъди талошҳои бисёр нисбати дастрасӣ ба оби деҳа ба ягон натиҷа нарасиданд. Ҳоло бошад бачаи кури Нусрат оби 250 хоҷагиро бо таври зурӣ гирифта ба сокинони деҳаи Кадара бо маблағи зиёд фурухта аст. Вале нисбати 250 хоҷагӣ ягон мақомоти ҳокимият ин шикояти моро ба инобат намегирад.
Маълум мешавад, ки аз сардори Раёсат то уголовный розыск ва раиси ҷамоат ҳама ҳаромхур шудаасту нисбати 250 хоҷагӣ беаҳамиятӣ мекунанд.
Раиси ҷамоат Фаридун Зардаков бошад шармандавор аз вазифааш гирифта шуд ва корҳояш дар суди ноҳия мебошад. Алкаши худозадаро мақомот пеш аз гирифтани вазифааш бо гирифтани пора чанд рӯзе маҳкам карда буданд. 50 ё 70ҳазор доллар пора дода ҷони худро харид ва баъди ин пораи додааш чанд вақт гузашта буд, ки аз вазифа ин касифро гирифтанд. Ҳоло бошад намедонем бо кадом ру ба сокинони деҳаи Кулоба нигоҳ мекарда бошад. Ин ша Аллоҳ ҷазои худро ҳам дар ин дунё ҳам дар он дунё мегирад.
Раиси ҳозира бошад Дилшод аз деҳаи Навдонаки ноҳияи Рашт мебошад. Умедворем, ки кори Фаридуни касифро давом намедиҳад ва нисбати оби деҳаи Кулоба мутаваҷҷеҳ шуда корро ҳал мекунад. Набошад коре, ки ба сари Фаридуни касиф омад ин рӯзро интизор шавад.
Сокинони деҳаи Кулоба мехоҳанд ин кори оби деҳаро ба хуби қонунӣ ҳал кунанд. Лекин ягон мақомот намехоҳад фаҳмида мешавад, ки дар ин кор мақомот аз сардорашон сар карда то дигарҳояшон ҳақи ҳароми худашонро гирифтаанд.
Эй мақомдорони ҳаромхур аз худо наметарсед? Бо як маблағи ночиз оби 250 хоҷагиро ба як ҳаромӣ медиҳед.
Мо сокинони деҳа то вазири МВД, то Прокурори генералӣ, то президент мебароем, ин шо Аллоҳ. Лекин агар масъалаи об ҳали худашро наёфт, маҷбур мешавем, ки аз байн ду нафар раваду боқимонда оби деҳарро истифода барад, яъне умедворам манзури маро мақомдорон мефаҳманд.
Нисбати сокинони деҳаи Кадара ва Лангарак гуфтаниеи, ки касе аз ин писари кури Нусрат об мехарад, дониста монед, ки ин об асрҳои аср аз деҳаи Кулоба буд. Ин обро мо ба хубӣ ё ба гандагӣ по любому мегирем. Сари вақт хотиррасон мекунем, баъд рӯзе нашавад, ки бигуед нафаҳмидем.
Ин бачаи кури Нусрат худаш як оқи падар аст, ягон маблағ надорад. Ба як қавле Ҳувайдо бачаи Қурбони Лангарак спонсориаш мекардааст. Ҳувайдо худат ҳам ҳушатро дар сарат бигир ва аз ин роҳат баргард набошад. Ба сабаби ду каси шумо байни чанд деҳа ҷанҷол мешавад, ҷавобашро медиҳад.
Умед дорем роҳбарият бо як хуллоса омада оби деҳаи Кулобаро ба мо бармегардонанд.
Ашт
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Уумедворам сиҳату саломат ҳастед. Ман як сокини деҳаи Ашти ноҳияи Ашт мебошам. Номаи аввалини маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» таҳти рақами 177 нашр кардед. Ва тамоми халқ ин барномаро тамошо кард. Ман низ пурсон шудам, писанди ҳамаи бинандагон шудааст.
Хитоб ба ҳамдеҳаҳо мекунам. Дидед, ки бо як мактубе, ки навиштам ва «Ислоҳ» чоп кард, аз зулми раиси ҷамоат халос шудед. Шумо ҳам нависед ба «Ислоҳ». Чунки «Ислоҳ.ТВ» худ ислоҳкунанда мебошад.
Раиси ҷамоатро аз вазифа холӣ карданд. Вай шармандавор ба Русия гурехт. Аммо барои мо ин қонеъкунанда намебошад. Ин собиқ раиси ҷамоат Шавкат Ёрматов. Бо ин гуноҳаш бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад, зеро пули бюҷетро дуздидааст.
Акнун хитоб ба раиси ноҳия Шуҳрат Мамадҷонов. Ман дар номаи аввал гуфтам, ки ин Шавкат Ёрматови касифро ба курсии судӣ шинонидан даркор.
Тавсияи ман ба ту Шуҳрат Мамадҷонов ин аст ки Шавкат Ёрматовро аз Русия баргардон. Худат нағз медонӣ дар куҷо буданашро. Зеро бо тавсияи худат Шавкат Ёроматов ба Русия рафт. Ту ҳар куҷое пинҳон шавӣ, меёбем. Бояд ту ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавӣ! Маълумоти ту дар дастам ҳаст: дар куҷо буданат, ба чи кор машгғул буданат. Аҷабо! Ин чи хел давлатдорӣ, ки мансабдори давлатӣ, раиси ноҳия ҷиноят мекунад? Аммо вақте ҷинояташ ошкор мешавад, гурехта ба хориҷа меравад? Ку кормандони уголовний розиск? Ҳастанд, аммо дар гурехтану гурезонидани вай даст доранд, шариканд, пул гирифтагӣ. Ҳозир ин нафар дар шаҳри Магнитогорский мебошад.
Шуҳрат Мамадҷонов аз ту хоҳиш ин аст ки имомхатиб- Собиров Умарро низ иваз кун. Ҳатто дар ҷанозаҳо бо даҳони буи арақ иштирок мекунанд.
Шуҳрат Мамадҷонов обруи худат ва обруи масҷидро ҳам нарезон. Охир имомхатиб бояд намунаи рафтору кирдору амал бошад, на арақхуру бе имону фосиқ.
Як воқеаи шудагиро нақл менамоям. Як ҷавон занашро 3 талоқ дода ва барои ҳали масъала пеши Собиров Умар омадааст. Акнун фатвои ин аблаҳро шунавед. Гуфтааст, ки 3000 сомонӣ деҳ ман ин гуноҳро худам ба гарданам мегирам.
Мо шоҳидем, ки ин касиф як чанд бор сеталоқаҳоро аз нав никоҳ кардааст. Акнун Шуҳрат ту ин иштибоҳатро ислоҳ кун, нодида нагир, худатро ба кариву гунгӣ назан. Ҳозир дар бораи ту чизе нанавиштам. Агар ин гуфтаҳо иҷро нашаванд мисли ҳаммаслаконат шарманда мешавӣ. Ман даркор шавад, то размери галстукатро мегуям. Ҷура мардак барин дар бораи ту ҳам маълумоти бисёре дорам. Мардакча барин ба ту гап зада истодаам, ки агар ин гуфтаҳо иҷро шавад дар бораи ту ҳеҷ чиз наменависам. Дар сурати ғайр менависам. Боқӣ то номаи оянда дар «Ислоҳ»!