Рӯзторӯз сатҳу мизони танаффур ва бадбинии мардум нисбат ба Раҳмонов ва режими оилавии вай афзуда истодааст. Ду ваъдаи додаи Раҳмонов, ки дар Паёмаш гуфт, инҷо мисол меоварам. Гуфт, ки маош ва стипендияву нафақа зиёд мешавад. Бубинед, ин ваъдаро ин дуруғгуи бузург, дуруғгуи № 1-и Тоҷикистон моҳи декабр медиҳад барои моҳи сентябр. Ин чи маъно дорад? Яъне баъди даҳ моҳ маошу нафақа фалон дар сад зиёд мешавад. То он вақт таваррум чи қадар мешавад ва нархҳо то куҷо боло мераванд, чизе намегуяд ва он вақт пурсида бишавад, ки хуб, ин афзоиши фулусии ту чи аҳамият дошту дорад, чизе ҷавоб дода наметавонад.
Ва ё мегуяд, ки моҳи майи соли 2027 светмурӣ ба таърих мепайвандад.
Вақти ифтитоҳти агрегати аввали Роғун дар соли 2018 ҳам чунин гуфта буд, ки дигар светмурӣ афсона шуд. Аммо ку?
Нукти аҷиб ин аст ки мегуяд «моҳи май». Масалан чаро намегуяд, ки моҳи ноябр? Чунки моҳи май дигар ба лимит ва бо реҷа интиқол додани свет лозим намешавад. Он вақт дигар ҷойи фурӯхтани неруи барқ мековад.
Масалан бояд мегуфт, ки имсол, соли дигар, яъне соли 2026 ва соли баъди он ҳам яъне январ, феврал ва марти соли 2027 ҳам бесвет хоҳед буд. Ин тавр нагуфту гапро тобонду печонд, ки моҳи майи соли 2027. Агар мегуфт моҳи январ ё моҳи фервали соли 2027 гапи дигар буд. Моҳи май, ки лимит бе ин ҳам бардошта мешавад.
Аз инҷо аст ки гуфтем рӯзторӯз ҳисси нафрати мардум нисбаташ афзуда истодааст ва ин ҳолат дар мисоли номаи аввали ин шумора равшан таҷассум шудааст.
Исфара
Ассалому алайкум бародар ва домуллои азиз Муҳаммадиқбол! Ман солҳост, ки дар Русия будам ва дар он кишвар кору зиндагӣ кардаам. Ба ростӣ, шаҳрвандии Русияро ҳам гирифтаам. Феълан дар Тоҷикистон ҳастам. Ватани мо як ҳолу рӯзе дорад. Дар шабонарӯз 3 ё 4 соат свет медиҳанду халос. Мактабу бемористонҳо хунук. Мардум ҳоли баде дорад.
Инҷо бо чанде аз шиносҳоям, ки дар баъзе аз мақомот кор мекунанд, ягон ду ҳафта бо ҳам будем. Руирост мегуянд, ки зиндагии мо аз болои мардум аст. Бо ин маоше, ки ҳукумат медиҳад мо кор карда наметавонем.
Ҳамаи онҳо шуморо ва барномаҳои шуморо нағз мешиносанд ва маълум аст ки мебинанд.
Яке аз онҳо, ки рафиқи баччагиам аст гуфт, чандин вақт моро гаранг карданд, ки одамҳоро барои бар зидди Муҳаммадиқбол дар «Минбари муҳоҷир» тайёр кунем ва дар ҳақиқат онҳо баромада гап заданд. Аммо Муҳаммадиқбол онҳоро дар гап банд мекард. Хайрият, ки «аз боло» дастур шуд, ки дар «Минбари муҳоҷир» иштирок кардан манъ шавад. Чанд вақт хеле хушҳол шудем. Чунки агар он одами тайёркардаи мо фош мегардид ва бештари вақт Муҳаммадиқбол ба онҳо саволҳои «коварний» ва «неожиданний» дода ифшо ва ошкор мекард, ман дар бало гирифтор мешудам, ки натавонистам дуруст омодааш кунам. Чунки маълум буд, ки он одамҳо супоришӣ медаромаданд.
Вале, гуфт ин рафиқи даврони баччагиам, ба назар мерасад дубора боз моро барои омода намудани одамҳо бар зидди Муҳаммадиқбол дар барномаи «Минбари муҳоҷир» сафарбар карданианд. Чунки дида истодаанд, ки майдонро барои Муҳаммадиқбол холӣ гузоштаанд ва тоб наоварда истодаанд ва охираш тавассути мо боз одамҳоро ворид мекунонад. Гуфта истодаанд, ки «бояд баланс кунанд. Дуруғ ҳам бошад, тазоҳур кунанд, бояд нишон диҳанд, ки пушти Раҳмонов холӣ нест, касеву чизе дорад. Аммо мо медонем, ки комилан холӣ аст. Ва он касоне, ки дар пушташанд фақат мансабдоронанд, ки ҳоло ба қишри бою ғании ҷамъият бадал шудаанд. Аммо мардум ва аҳли илму адаб дар паҳлу ва дар канору пушти вай ҳаргиз нестанд».
Ин рафиқам афзуд, ки «бисёр хостанд афкори иҷтимоиро ин тавр шакл диҳем, ки ҲНИТ ҳизби террористӣ аст, Муҳаммадиқбол дуруғгу ва душмани ободиву пешравии мо мебошад». Охир мардум дида истодааст, ки дуруғгу кист ва ягон далеле, ки нишон диҳанд ҲНИТ кор ё амали террористӣ кардааст надоранд. Мардум хуб фаҳмид, ки ҳукумат аз ном ва мақоми давлат гап мезанад, вале ягон кори давлатро накарда истодааст.
Дар Исфара дар вақте Низомхон Ҷураев буд ҳам заводи кимиёвӣ ва ҳам спиртзавод кор мекард ва одамони зиёд ба кор ҷалб шуда буданд. Аммо баъд аз онки одамони Ҳасану Таҳмина ин корхонаҳоро гирифтанд онҳо аз кор монданд.
Чи қадар зану марди Исфараро бегуноҳ ба зиндон кашиданд. Барои онки як баччаи исфарагиро аз Русия оварда ба аскарӣ фиристанд, ҳатто модари ӯро дар подвали милиса шинониданд. Бадтар аз инҳо, вақти ҷанги қирғиз исфарагиҳоро гуфтанд, ки мо аз тани шумо ҷанг намекунем. Аммо ҳозир мардум аз он дар тарсу ҳаросанд, ки ба қирғизо сарбанди обу чарогоҳҳои бобоии онҳоро ҳукумат ба қирғизҳо додааст.
«Аммо барои худи ман»- гуфт ин рафиқам «омода кардану аз нав вориди барномаҳои Муҳаммадиқбол намудани одамон бисёр ҳам душвор аст».
То ҷое маълум мешавад ночор шуданд, ки вориди масофу майдони иттилоотӣ бишаванд. Аммо фоидашон надорад. Зеро зангӣ ба шустан сафед намешавад. Агар ферӣ-(маводи кимиёвӣ барои матбах ва шустани зарфҳо) резӣ ҳам фоида надорад.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин номаро аз Душанбе бароятон мефиристам.
Вақтҳои ахир ҳамчуноне дар ҳама низомҳои худкома ва режимҳои диктаторӣ роиҷ аст, режим ба буғӣ кардани одамони дар солҳои пешин наздики худаш руй овардааст.
Инро бародар Муҳаммадиқбол ман дар симои баъзе аз наздикони дар гузашта сумдорҳои калони Раҳмонов дида истодаам. Яке аз онҳо Анвари Текстил аст. Дар дасти Анвар як корхонаи бузурги давраи шуравӣ афтода буд-Комбинати нассоҷӣ-Текстилкомбинати Душанбе, ки маҳсулоти онро дар паҳнои шуравӣ ва хориҷ аз он низ содир мекарданд. Ҳудуди ин корхона ҳам шояд то 60-70 гектарро ташкил мекард.
Акнун аз ин ҳудуд як миқдори калонашро Азизмоҳ –зани Раҳмонов зада гирифту дом бардошта истодааст.
Солҳои пеш Анвар Раҳмоновро грет карда мегашт. Ҳозир баракс. Болои Анвар сахт грузит карда истодаанд. Маҷбураш карданд, ки як меҳмонхонаи панҷситораии шикарний сохт, ки дар Тоҷикистон беназир аст.
Номи он меҳмонхона Kangurt Grand Hotel (Нишонӣ: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ (макон: Текстилкомбинат) аст. Ин меҳмонхонаро бо пули қарз сохт. Ҳамин Анвар вақте заминҳои зиёди Текстилро Азизмоҳ кашида гирифт, як бор дилзанак шуд ва дар беморхона бистарӣ гардид. Аз ин қарз гирифт, аз он қарз гирифту сохт, қарздори калон шуд.
Барои Раҳмонов фарқ надорад, ки ту пул дорӣ ё надорӣ, бояд бисозӣ. Аммо гап дар инҷост, ки ба онҷо касе намедарояд, чунки роҳи ба самти ин меҳмонхона кандагӣ ва ҳоло дар бозсозӣ аст, ҳади ақал барои бунёди ин роҳ чор сол вақт меравад. Раҳмонов гуфтааст, ки «ҳамира бсоз фоидаи худут». Аммо чуноне гуфтам ягон кас он меҳмонхона намеравад, раҳ маҳкам аст.
Шаҳритус
Ассалому алакум бародар Муҳаммадиқбол! Номаро аз дохилии ноҳияи Шаҳритус бароятон мефиристам.
Айни ҳол дар ноҳияи Шаҳритус аз тарафи Мансур Давлатов, писархондаи (бачахони) Азизмои газетхонак ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонд дар ноҳияи мо бозори марказии ноҳияи Шаҳритусро, ки Муҳибулло Саъдуллоев (Номард бошаму зинда бошам) додараруси Раҳмонов ба доми оташ кашида буд ва дар вақташ аз тарафи соҳибкорон сохта шуда буд аз дасти Ёқуби кулобӣ ва писарони Абдукарими Сиёҳи муъминободӣ, қалуғҳо бародарон Астанақулов Насими ланг ва Бобоҷон ин Мансур кашида гирифт. Вақте бозор сохта шуд баъди оташсузиаш ба мардум точкаҳои онро бо маблағҳои калон фурӯхта буданд.
Ҳозир бозорро Мансур Давлатов бо роҳи зурӣ аз дасти ҳаромхурон гирифт ва мардуми омада (приезжий) бо истилоҳи кучагӣ (қараунаҳо)боз ба мардум дубора ба мардум точкаҳоро фурӯхта истодааст, аммо ба мисли хонаи саг хурд- хурд карда бо маблағи калон фурӯхта истодааст. Аз дасти Мансур Давлатов мардуми Шаҳритус ба доду фиғон омада аст.
Ҳоҷӣ Садод ва ҳоҷӣ Додихудоро Ҳасану Ҳусейн 4 бародаронро, ки соҳибкорони муваффақ дар ноҳияи Шаҳритуз ҳастанд фарзандонашро, ки қории Қуръон буданд бо роҳи тӯҳмат зиндонӣ кардӣ. Тақрибан бо маблағи 200-ҳазор доллар аз бародарон қарздор буд. Беморхонаи шахсии Оишаро, ки дар кучаи марказии бо номи Носири Хусрав қарор дорад. Алъон дар ивази пул бачаҳои ин бародаронро озод кард, аммо ҳама медонад, ки ин ҳама корҳои сохтаи худаш буд. Тамоми дороиҳои Қобил Муродов, ки як соҳибкори муваффақ буд, обруманд ва ҷавонмарди ватандӯсти ин ноҳия аст, бо ҳар роҳу восита кашида гирифта истодаед. Мардумро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода таҳқиру таҳдид мекунӣ. Он ҷавоне, ки аз Дубай омада буд бо ҷипи Лексуси сафед дар пост- даромадгоҳи ноҳияи Шаҳритуз мошинашро задӣ пачақ кардӣ, вориди зиндонаш кардӣ, оё ин зулмҳоят бе ҷавоб хоҳад монд Мансур Давлатов?
Инро бидон Мансур Давлатов!
Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесузад,
Агар сӯзад шабе сӯзад, шаби дигар намесузад.
Ҳукумати хонаводагии Раҳмонов оё барои шумо тақдири ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва Башор Асад дарсатон нашуд? Ногуфта намонад, замоне хоҳад расид аз пусти мақъадҳоятон таблак хоҳем сохт, инро хуб дар ҳушу ёдатон дошта бошед.
Дар ҳукумати ноҳияи Шаҳритус фасод ба авҷи аъло расидааст. Заминфурӯшӣ аз тарафи Раиси ноҳия ва сармеъмори ноҳия Амонов Дилшод дар авҷ аст.
Ва дигар раису раисчаҳояш, Раиси барқи ноҳия Шаҳритузро иваз намуданд. Дар ҳамин рӯзҳои наздик барои нафароне, ки тағодор красный линия дода мешавад. Халқи одӣ як ё ним соат саҳару бегоҳ барқ медиҳанд тамом! Зиёдтар вақт ба мисли чароғаки соли навӣ гарон мекунанд, мекушанд. Ин огаҳӣ аз он медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба миллат ва мардум нишон медиҳад, шумо бароям арзиш қоил нестед ва арзиш ҳам надоред, чи хеле, ки хоҳам бо шумо рафтор мекунам. Яъне издеватсияатон мекунам, мезанаматон гирякуниатон намемонам, гап заданатон намемонам, гап мезадагиатонро тюрма мекунам. Чи хеле, ки дар Порк-боғи марказии ноҳия дар баромадаш гуфта буд ба «сиёсат кордор шудӣ дар назди қонун ҷавоб хоҳӣ дод»- яъне тюрмаат мекунам. Ногуфта намонад як обсофкунаки дигар дар ҳамон ҷаласа ӯро бо хушомаду тамаллуқ Раҳмоновро 500-умин мусалмони рӯи ҷаҳон муаррифӣ карда буд. Он нафар мулло Ҳисом собиқ имомхатиби масҷиди маркази ноҳияи Шаҳритус буд, аммо ҳозир дар побег аст. Чунки муттаҳам ба порахурӣ шуда буд. Гурехта ба шаҳри Екатеринбурги Русия рафт. Нафари чоплусу лаганбардор сазояш ҳамин аст.
Эмомалӣ Раҳмонов мардумро бо қувваи барқ огоҳ мекунад, ҳалаҳала дорад, ки ман 33 сол шуд раҳбари давлат ҳастам. Ман дар ин муддат аз дастам чизе наомад, раҳбари карда будам, нафароне, ки сухани ҳақро гуфтанд, зиндонӣ кардам, куштам, дигар кор аз дастам наомад. Маро аз кишвар хориҷ кунед, то ман пулҳои дуздиамро бо ҳамроҳи фарзандони ҳаромиам ва домодҳои бешуморам ва хусурбачаҳову ҷиянҳои яъҷуҷу маъҷумам бо самолёти 92-миллион доллара гурезам равам. Аммо миллати мо то ба ҳол дар хоби ғафлат мондаанд. Лекин Раҳмонов инро бидон, ки ҳар аввал охир дорад, рӯзе хоҳад расид барои ин хиёнатҳоят дона ба дона ҷавоб хоҳӣ дод бо ҳамроҳи оилаи фосиқу фоҷиру хабису нопокат. Мутмаин бош, мо меоем рӯзе дари хонаатро хоҳем зад.
Рашт
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як сокини ҷавони ноҳияи Рашт-Ғарм ҳастам. Мехоҳам аз як амали пасту ғайриқонунии ҳукумати Раҳмонов хабар диҳам, то мардум бидонанд, ки мардуми Рашт дар чи азоб қарор доранд. Гап дар бораи рейдҳои ҳамарӯза дар деҳаҳои ноҳияи Рашт меравад.
Милисаҳои Рашт дар ба дари хонаҳои мардум дар ҳамаи қишлоқҳои ноҳияи Рашт мегарданд ва мардуми бечораро бо ҳар баҳона ҷарима мекунанд. Чи хеле ба ҳама маълум аст мардуми Рашт аз сабабе, ки барқ надоранд, дар берун, дар аловхона нон ва хурок мепазанд. Милится дар ба дари хона гашта мардумро ҷарима карда истодаанд, ки «аловхонаҳоту ба хонату наздиканд». Вале агар аловхонаҳоро дар ин зимистон чаппа ва аз нав пушӣ, дар куҷо хурок бояд пазӣ, нон пазӣ? Аз хонаи худат дуртараш кунӣ ё ба оғил ё ба хонаи ҳамсоя наздик мешавад. Ҳар коре кунӣ баҳона ёфта штраф мекунанд, ё разеткаҳои хонаро ё сими светро нигоҳ карда ё забори хонара. Хулоса, бо ҳар баҳона мардумро ҷарима мекунанд. Саволи мо ба ин калағафси Раҳмонов ин аст, ки ин милисаҳоят аз руй кадом қонун ин корро мекунанд. Мардуми камбағали ғармиро ба ҳар роҳу рӯ азоб медиҳанд. Милиса ба барқ ва ноқили барқ ё оғили мо чи кор дорад? Ин вазифаи дигар мақомот аст.
Бовар кунед дар мактабҳо муалим надорем, дар масҷидҳо имом надорем. Мактабҳо бе соҳиб монданд. Муаллимони маҳаллӣ кор дар матабҳоро бас карданд. Амняти Ғарм муаллимҳо, имомҳо, раисони қишлоқҳо, полшуякҳои мактабро, ҳамаро буз кардааст. Он бечораҳоро ба шуъбаи амният, ба маркази ноҳия даъват ва маҷбур мекунанд, ки «бо мо ҳамкорӣ кунен ё рӯзе даркор шиден фарёдатон мекунем ба зиди мардуми деҳаатон ҳар шоҳидие гуфтем бароятон медиҳед, ба ҳар чизе, ки мо гуфтем ҳамсояҳотона кадомеш дар кучаҳо сатру ҳиҷоб мекунанд мода хабар диҳед. Мо номнавис менем ва даъват карда баёнотшува мегирем. Ҳозир барои ҳиҷоб бастан 5000 сомонӣ, ставка муқаррар шудааст».
Ҳамин ки барои баёнотгирӣ фарёдат карданд, агар бегуноҳ бошӣ 5000 сомониатро мегиранд, агар гуноҳ карда бошӣ, таваккалат ба худо, чи суме аз даҳонашон барояд. Надорӣ, қарз мекунӣ. Бо дар охир агар зан бошад тарсаш медиҳанд, ки чи гапе инҷо гузашт, ба ҳеҷ кас намегуӣ. Таҳдид ва таҳқираш мекунанд. Агар мард бошад сезанталоқаш медиҳанд, ки дар пеши ҳеҷ кас ҳеҷ чиз намегуӣ, агар гуфтӣ занат 3 талоқ мешавад. Мардуми бечора аз отдели Ғарм меояд дар ҳолати шоканд. То чанд вақт аз хона берун намебароянд ё ба ҳеҷ кас гап намезананд. Чунки бовар надоранд, фикр мекунанд гап зананд бузӣ мекунанд.
Аз сабабе, ки мардуми маҳаллӣ дар мактабҳо корро бас карданд аз Донишгоҳи Сарипул он ба ном донишгоҳ аст, дар асл маркази фоҳишасозӣ мебошад, директорони мактабҳои деҳотро мефармоянд, ки аз донишгоҳ муаллима бигир. Дар ҳоле, ки онҳо ҳоло худашон саводи кофӣ надоранд, 1 ё 2 –юм курсанд. Баъзе аз онҳоро дар мактабҳо таксимашон карданд. Дар баъзе мактабҳо 2 ё 3 ё 4нафарӣ тақсим мекунанд. На он студентҳоро мемонанд, ки бихонанду босавод шаванд, на фарзандони мардумро таълим медиҳанд. Ба назар мерасад, ки «мақсадашон бе савод, тарсӯ ва дайюс кардан ва гумроҳ сохтани мардуми Ғарм аст».
Дар охири номаам аз мардуми Рашт хоҳиш мекунам, ки бо «Ислоҳ» ҳамкориро зиёд кунед ва ҳар амали бади мақомотро бинависед, то расонаӣ шавад. Аз бачаҳои Кадара, Шулонак, Навдонак, Кулоба, деҳаи Амирбег ва дигар деҳаҳо мехоҳам, ки бинависед.
Эй, мардум агар мехоҳед зулми ин милисаҳо кам шавад ҳатман ба барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» бинависед. Чи хел куратор аз шумо пора мегирад, чи хел қишлоқҳо ҳама сарҷамъ пул ҷамъ мекунанд. Пора медиҳед 2000 сомонӣ. Баҳор 2000, тирамоҳ 2000 ба военкомат сари ҳар бачаи аз 18 то 28 сола пора медиҳед, хоҳ аскарӣ меравад хоҳ намеравад, ин пулро медиҳед. Агар бихоҳед ин мушкилот аз саратон гум шавад, ҳамаи ин ҷиноятҳоро нависед ва номи ҷинояткорон ва маблағи ситонидаашонро ном ба ном ва ҳаҷами пули гирифтаашонро нависед. Бо хомӯш нишастан ва итоат кардани мақомдорони дузду ғоратгари Раҳмонов вазъи шумо хуб намешавад ва осуда ҳам нахоҳед зист. Осудагии мо ин заволи режими Раҳмонов аст.
Волгоград
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чанд вақте мешавад, ки барои шумо аз навиштаҳои нашрияҳои Тоҷикистон, ки сайтҳояшонро дар интернет медидам, ба шумо чизе нафиристодам. Рости гап чанд вақт серкортар шудам. Як рӯз чашмам ба як мақолае афтод, ки онро як нафар бо имзои мустаори Марго Маргаритто дар ҳаводорӣ аз матлаби чопнамудаи шумо «Раҳмонов куҷо мегурезад. Маскав ё Минск?https://isloh.net/rahmonov-kuҷo-megurezad-maskav-yo-minsk/ ,ки дар таърихи 21.01.2025 чоп шуда буд, навиштааст. Намедонам шумо ин навиштаро дидед ё не? Барои ҳамин лозим донистам, ки онро аз Фейсбук копӣ карда ба шумо фиристам. Беҳтар аст онро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед, то дигарон ҳам бифаҳманд. Ин мақола чунин аст:
«Мехоҳам фикри худамро дар бораи ин мақолаи ҷолиб ва хонданӣ пешкаши хонандагон намоям!!! Мақолаи пешниҳодшуда, ки аз тарафи Муҳаммадиқболи Садриддин навишта шудааст ва як таҳлили шадидан интиқодӣ ва эҳсосӣ нисбати режими президентии Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон мебошад.Он пур аз ифодаҳои ҷанҷолбарангез ва шадиди эҳсосотӣ буда,нигаронии шадид аз вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро инъикос мекунад.Ин ҷо мо кӯшиш мекунем,матлабро аз нигоҳи таҳлили сиёсӣ баррасӣ кунем:
1.Таҳлил аз мавқеи асосӣ ва тезисҳои мақола: Моҳияти режими худкома:
Мақола Раҳмонро ҳамчун диктатор тасвир мекунад,ки тамоми сохторҳои ҳукуматро барои манфиати шахсӣ ва оилаи худ истифода бурдааст.Ин нуктаро метавон ҳамчун як нигаронӣ нисбати тақвияти шахсиятпарастӣ ва худкомагӣ дар сохтори сиёсӣ арзёбӣ кард.
Фасоди сиёсӣ ва иҷтимоӣ:Ишора ба он шудааст,ки низом дар дасти як доираи маҳдуд қарор дорад,ки мансабҳо ба наздикон ва пайвандон дода шудаанд.Ин ҷанбаи асосии фасоди систематикӣ аст, ки метавонад боиси коҳиши боварии мардум ба ҳукумат гардад.
Вазъи мухолифин: Мақола ба таъқиб ва саркӯби мухолифин ишора мекунад, ки дар аксар низомҳои худкома мушоҳида мешавад.Ин ҷанбаи ҳуқуқи башарро низ ба миён меорад.
Нақши хориҷа: Ҷойгоҳ ва мавқеи Раҳмон дар робита бо кишварҳои ҳамсоя ва абарқудратҳо мавриди баҳс қарор гирифтааст.Мақола тахмин мекунад, ки баъди гум кардани қудрат, Раҳмон эҳтимолан ба Русия ё Беларус паноҳ хоҳад бурд, ки ба вобастагии стратегии ӯ ба ин кишварҳо ишора мекунад.
2.Амалкардҳои дохилӣ ва оқибатҳои онҳо: Назорати сахт бар институтҳо:
Ишора шудааст, ки тамоми ниҳодҳои ҳукуматӣ зери назорати як доираи маҳдуд қарор доранд. Ин амр метавонад ба заъфи институтҳои демократӣ ва пароканда шудани равандҳои идоракунӣ оварда расонад. Муҳоҷират ва гурезиши нерӯҳои корӣ: Таъкид шудааст, ки бисёре аз ҷавонон ва мутахассисон аз кишвар фирор мекунанд, ки ин нишондиҳандаи заъфи имконоти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар дохили кишвар мебошад.
3. Мавқеи хориҷӣ ва стратегияҳои геополитикӣ: Муносибат бо Чин:
Чин ҳамчун шарики стратегии Тоҷикистон тасвир шудааст, аммо мақола ишора мекунад, ки ин ҳамкорӣ ба нафъи шахсии Раҳмон ва доираи наздикони ӯ аст, на манфиати умумимиллӣ.Равобит бо кишварҳои ҳамсоя. Ишора шудааст, ки давлатҳои ҳамсоя аз Раҳмон даст мекашанд, ки ин метавонад натиҷаи сиёсати дохилӣ ва минтақавии ӯ бошад.
4.Тавсияҳои сиёсатӣ ва ояндаи мухолифат: Мубориза бо режими худкома. Мақола пешниҳод мекунад,ки мубориза бо режими феълӣ бояд аз дохил сурат гирад. Аммо ин андешаҳо аксаран эҳсосӣ ва бидуни нақшаи возеҳи амалӣ ба назар мерасанд.Нақши ҳаракатҳои исломӣ: Муаллиф пешниҳод мекунад, ки танҳо нерӯҳои исломӣ қодир ба муқобила бо режими феълӣ ҳастанд,ки ин андеша метавонад боиси баҳсҳои зиёди иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардад.
5. Хулоса ва бардоштҳо: Хусусияти мақола: Ин мақола бештар як даъват ба мубориза ва интиқоди шадид аз вазъи кунунӣ аст, ки эҳсосот ва нигарониҳои шахсии муаллифро инъикос мекунад. Мушкилоти асосӣ: Ба назар мерасад, ки мавзӯъҳои марказӣ фасод,худкомагӣ,заъфи институтҳо, саркӯби мухолифин ва вазъи ногувори иҷтимоӣ мебошанд.Тавсияҳои амалӣ: Барои таҳияи роҳи ҳалли мушкилот зарур аст ки дар баробари интиқодҳо пешниҳодҳои созанда ва нақшаҳои мушаххас пешниҳод шаванд.
Ҷанбаҳои муҳим барои таҳқиқоти минбаъда: Роҳҳои рушди демократия дар Тоҷикистон.Равишҳои ҳалли низоъҳои сиёсӣ бо роҳи мусолиматомез.Таҳкими институтҳои давлатӣ барои таъмини адолати иҷтимоӣ. Мақола нишон медиҳад, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ аст. Ҳалли ин мушкилот нақшаҳои муфассал ва якдилии ҷомеаро талаб мекунад. Боқӣ қазоват аз хонандаи тезҳуш!!!»
Ин буд, он мақола бародар Муҳаммадиқбол!
Албатта ман ин матлабро дар Фейсбук хонда будам вале чун дидам боз як нафаре фиристод онро ҷой додем дар ин шумораи номаҳо. Вале агар фикри худи маро донистан хоҳед, Раҳмонов то охир, калаву пуст мезанад. Вақте ру ба гурез меоварад, ки ин шо Аллоҳ дигар дер шуда бошад ва ба чанги мо, мардуми инҷо муҳоҷиру дарбадар ва дар вақти инқилоб муътаризин ва размандагони ҷонбаркаф гирифтор афтодааст.
Ман ҳам бо шумо дар инҷо худоҳофизӣ мекунам!