Ин навбати «Номаҳо аз ноҳияҳо ба..» асосан ба «вокунишҳо»-и хонандаҳои «Ислоҳ» бахшида шудааст. Навиштаҳои «Ислоҳ»-ро хонда посух додаанд ва ё фикрҳояшонро дар тақвияти матолиби мо навишта ирсол кардаанд. Ин ҳолат баёнгари он аст ки навиштаҳои «Ислоҳ» беш аз пеш хонанда пайдо мекунад. Дар инҷо ошкоро намекунам, вале як матлаби моро дар моҳи гузашта ҳудуди ду миллион нафар мутолиа кардааст. Хуб, ҳоло аз вокуниши як нафар шуруъ мекунем, ки ба матлаби ахирии «Ислоҳ» дар бораи Бег Сабур фиристодааст.
Маскав
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Рости гап ман якум бор барои шумо менависам, агарчи пайваста навиштаҳои «Ислоҳ»ро мехонам. Маро навиштаи охирини шумо дар бораи Бег Сабур водор кард, ки бинависам. Бег Сабур инсони касиф ва нобакор аст. Бисёр корҳояшро медонам. Дар ҳақиқат вай ба қочоқи наркотик машғул буд ва ҳоло ҳам ин корро дар Русия мекунад. Ин дуруғ нест ва ҳақиқати маҳз аст.
Аммо як кори дигар ҳам мекард. Вай бузи мақомоти Тоҷикистон миёни тоҷикҳои Маскав ҳам буд. Дуруст, ки сумдор буд. Аммо ҳамеша дар он солҳо баччаҳо ба вай шубҳа мекарданд.
Ман як ҳодисаро нақл мекунам. Ин ҳикоятро марҳум Муҳаммадраҳими Сайдар, нависандаи тоҷик, ки баъдҳо дар Маскав хабарнигори «Озодӣ» буд нақл кардааст.
Дар кадом вақт, шояд дар рӯзҳои наврӯзии соли 2000 чанде аз зиёиёни тоҷик ҷамъ мешаванд дар Маскав. Мехоҳанд вазъи ҳуқуқиро дар Тоҷикистон дигаргун бикунанд. Онҳо ҳамин қадар хатоӣ мекунанд, ки ҷаласаашонро дар офиси Бег мегузаронанд. Бег ҳам иштирок мекунад. Вай ҳамаи нақшаҳои баччаҳоро ба мақомоти Тоҷикистон хабар мекашад ва коре мекунад, ки ин гурӯҳро аз ҳам дур созад. Хулоса, ҳама аъзои гурӯҳро аз роҳ мезанад. Бачаҳоро байни ҳам ҷанг меандозад.
Баъдтар маълум мешавад, ки аз амнияти Тоҷикистон дастур мегирифтааст. Як сабаби вазифагириаш ҳам ҳамин бузиаш будааст. Аз бачаҳои он гурӯҳ Искандари Хатлонӣ ҳам буд. Искандари Хатлониро ҳамон сол ба таври бисёр ҳам ваҳшатнок, бо табар зада куштанд. Вай барои радиои «Озодӣ» кор мекард. Як нафари дигар Боғшоҳи Лашкарбек буд ва нафари дигар як шоир, инсони зардранги ба русҳо монанд …ҳам буд. Боз чанд нафари дигар ҳам буданд, ки онҳоро намешинохтам.
Шавҳари ман ҳамон вақтҳо дар яке аз мағозаҳои Бег Сабур кор мекард. Ҳозир шунавидам, ки дар Кулоб аст ва хеле хафа, дилмонда, обиженний, тише вода, ниже трава, гашта истодааст, ки боз мабодо «чизои ҷамъовардамро накованд, аз паяш нашаванд». Бег Сабур вақте бессмертний буд, ки дар боло буд акнун дигар ҳолаш табоҳ.
Он писарашро, ки домоди ҷаноб шуда буд мешиносам. Бачаи орому мулоимтабиати хуб буд. Ҳаёти ӯро Бег Сабур барои нафси бади худаш сӯзонд.
Волгоград
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Худоро шукр, ки байни ману шумо ҳамдигарфаҳмӣ ба ваҷҳи аҳсан идома дорад. Ин бор низ аз сайти газетаи наздидарбории СССР як навиштаеро таҳти унвони «Риш ва қоидаи ришмонӣ», ки муаллифаш худро адиб Зариф Ғулом, муаррифӣ кардааст, ба қироати муштариёни «Ислоҳ» мегузорам. Агарчи як каме тулонӣ аст, вале месазад инро хонду ба фикру ақидаи ин адиб ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии он ошно шуд. Дар мавриди навиштааш, фикрҳоямро баъди онки матлабашро комилан пешкаши хонандаҳои «Ислоҳ» менамоям, баён месозам. Ва инак ин навишта, ки рӯзи 19.02.2025 чоп шудааст:
«Риш ва қоидаи ришмонӣ»
«Ба автобуси ҷамъиятӣ нишастам. Дар истгоҳи навбатӣ рӯ ба рӯям марди болобаланди тахминан 45 – 50 сола бо симои дилписанд, вале бо риши дарози то болои шикамаш расида, ки он ҳусни зеборо мекоҳонд, нишаст. Ҳамин сабаб шуду китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» – ро варақ задам. Дар саҳифаи 139 хондам: Риш мӯйҳои чакка ва манаҳи мардон будааст ва дар ин бора Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакии бузургвор оварда:
Риши худро ҳаме ҳизоб кунӣ,
Хештанро ҳама азоб кунӣ.
Аз ин таъқиди устоди сардафтари адабиёти классики форс – тоҷик маълум мегардад, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардум ба ин тарзи рафтор муқобил будаанд.
Мутолиаро давом додам. Поёнтар пажӯҳишгарон навиштаанд: риш кандан киноя аз ташвиш ва заҳмати бефоида кашидан омадааст. Баъдтар риш шона задан киноя аз омода шудан ба кори бефоида машғул шудан будааст, ки Мавлоно Ҷомӣ фармудааст:
Яке аз ҷамъ харфурӯшона,
Баҳри ин кор риш зад шона.
Омӯзишро идома дода, ин ҷумларо хондам: риш дар дасти дигаре доштан ихтиёри худро ба дасти дигаре супурдан, дар кору рафтор мустақил набуданро олимони нуктасанҷ ифшо карда будаанд ва Саъдии бузургвор нисбати ин гуна афрод 2 мисраъ шеър ҳам гуфтааст:
Ҳар ки дил пеши дилбаре дорад,
Риш дар дасти дигаре дорад.
Риш зебу зиннати кист?
Баъди мутолиаи ин ақидаҳо ба худ савол додам, ки ба кӣ умуман мондани риш равост? Якум ба онҳое, ки касалии пуст доранд. Дуюм ба онҳое, ки дар бари рухсораҳояшон ягон иллате вуҷуд дорад. Баъдан риш аз ҷиҳати паҳнӣ набояд аз нармаки гӯш гузарад ва аз ҷиҳати дарозӣ аз 2 сантиметр зиёд набошад. Чуноне, ки дар ҳамаи мамлакатҳои араб ин қоида ҷоиз мебошад.
Саволи дигар маро ба хислату кирдору рафтори миллатам мувоҷеҳ намуд. Онҳое риш мемонанд, ки беҳавсала, танбал буда, аз ҷиҳати фарҳанги зебопарастӣ фарсахҳо дуранд. Тарафи дигари масъала дар он аст, ки бо натарошидани риши дароз аввалҳо онҳо гӯё фахр мекарда бошанду баъдан маблағ сарфа менамоянд. Чунки барои риш гирифтан, онҳо маҷбуранд, ки ба назди сартарош рафта, ҳаққи хизмат супоранд ва ё собуну теғу чуткаи ришмолӣ хариданашон даркор аст.
Размери риш чанд аст?
Ҳама чизи дунё ҳадду ҳудуд ё худ размер дорад! Ба худ савол медиҳам, сабаби риши дароз мондани мардон дар чист? Якум, мардон бо ин васила мехоҳанд, ки дарозумрии худро ба намоиш гузошта, мардум онҳоро ҳурмату эҳтиром кунанд. Ҳол он ки сабаби асосии эҳтиром бояд донишу хиради инсон бшад. Баъдан ин гуна фардони бе фарҳанг мехоҳанд, ки бо ин амали ношоиста ба дили ҷавонон тарсу ваҳм ҷой диҳанд. Зеро аз навори синамо мебинанд, ки ҳамаи ифротгароён бо риши дарози бадвоҳимаи шонанадида ба сари мардуми бечора қатлу ғорат меоранд.
Пас бо кадом роҳ мо ба мардуми Тоҷик фаҳмонем, ки симои зебову дилписанди худро ба андоми ваҳмангез табдил надиҳанд? Якум, ба кормандони синамо зарур аст, ки ҷиҳати зебопарастии мардон барномаҳои дилписанд таҳия намоянд. Дуюм, занҳои Тоҷикро зарур аст, ки ба шавҳарҳо фаҳмонанд, ки симои зебои худро барвақт ба риш мондан одат накунонанд (дар масъалаи носкашӣ ҳам). Чунки фарзандони онҳо аз навҷавонӣ ба рафтори волидайн пайравӣ намуда, ба ришмонӣ даст мезананд. Сеюм, табибон ва дизайнерони муҳтарами моро низ лозим аст, ки бобати фоидаву зарари ришмонӣ бетараф набошанд. Чорум ва аз ҳама асосӣ он аст, ки имомхатибон дар мавриди маъвизахонӣ мардонро аз риояи қоидаҳои ришмонӣ огоҳ намоянд.
Дар сурати иҷрои ин шартҳо мо симои Тоҷиконаи худро ҳифзу ҳимоя намуда, хандахариши қавмҳои бегона намегардем. Мо Метавонем!» Зариф Ғулом,адиб
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман, чуноне аллакай шумо медонед, чандин сол аст ки дар Волгогради Русия ҳастам, бо оилаам. Дар инҷо фарзандонам ба дунё омаданд, мактаб мехонанд. Хуллас, ҳаминҷо зиндагӣ мекунам ва гоҳе барои аёдат меравам ба ватан. Ду соли пеш рафта будам, ки дар ватанамон масъалаи ришро мақомоти милиса, махсусан уголовникҳо ва участковийҳо сахт гирифта дар бозору кучаҳо одамони ришдорро қапида аз онҳо пул меканданд ва ё отдел бурда протокол мекарданд.
Ман ҳайрон мешудам, ки ин чи гапу кор аст? Ришу бурут магар кори хусусии ҳар нафар нест?
Дар ҳаминҷо, дар Волгоград баъзе русҳо риш доранд, баъзеашон надоранд, риши баъзеашон дароз, аз они баъзеяшон кутоҳ. Хуб, ба риши як кас шуморо чи кор аст? Аз тарафи дигар, ин сунати Расулуллоҳ аст. Ҳар марди мусалмон бояд сунати Расулро биписандад, аммо риш нагузорад хилофи суннат кардааст ва ин кори ӯ, вале агар риш гузорад ва суннатро татбиқ кунад касе набояд ба он дахолат кунад. Ин кори хусусӣ ва ҳарими шахсии ҳар шахс аст ки худаш ба он хуҷаин аст. Чаро масалан ман ба онки шумо шапка мепушед, тоқӣ мемонед, телпак мепушед ё дастору ҷома мебандеду мепушед ва шиму брюк кордор шавам. Кори ман чӣ аст,ки шумо чи мепушед?
Ман ба ин адиб, ки рости гап номашро аз ин пеш нашунавида будам, ҳайрон ҳастам. Наход, ки адиб, намедонам, нависандаӣ, шоирӣ, кори дигар надошта бошӣ. Баракс шумо бояд тарафдори озодии ҳар шахс ва озодии интихоби сарулибоси ҳар як шахс бошед!
Қубодиён
Салом, устод Муҳаммадиқбол! Ман мехоҳам аз Қубодиён гап занам. Бовар кунед, ки дигар дар Қубодиён аз дасти ин чоплусони моябардор зиндагӣ карда намешавад. Солҳо мешавад, ки ба дод омадаем. Акнун намедонем чи кор кунем. Сохтани роҳу пулҳо дар ҳар ноҳия, таъмири мактабу беморхонаҳо вазифаи давлат аст.
Аз раиси ноҳия сар карда то як коргари муқаррарии ҷамоат болои мардум фишор оварда истодаанд, ки сари ҳар як зандор 50 ҳазор рубл бояд супорӣ. Гуфта истодаанд, ки барои корҳои ободии деҳа.
Майлаш, гапи шумо қабул. Вале шумо 500 сомонӣ,1000 сомонӣ бипурседу биталбед. Аммо, ончики шумо сари мардум бор карда истодаед, 50 000 рубли русӣ, ин 5000 сомонӣ мешавад. Ин маблағро мардум аз куҷо ёфта ба шумо диҳад?
Мо ҳама пули харҷи рӯзгорамонро аз Русия таъмин мекунем, аммо ҳозир ҳамаро аз онҷо сур карда истодаанд. Мо, дар Тоҷикистон магар рубли русӣ маош мегирем? Бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол як хел оилаҳо базуру баазоб рӯзашонро мегузаронанд.
Аввал як бор андеша кунед. Як намуд маблағе бигуед, ки мардум дода тавонанд. Ин маблағи мепурсидаи шумо ҳатто барои сумдорҳо гаронӣ мекунад. Он нафарони бесум, депортшудагӣ, ягон нафари дар Русия надоштагӣ тамоман иҷрошаванда нест.
«охи ҳозир маҷбур доранд ҳамаро, ки бхоҳӣ нахоҳӣ, бояд ин маблағро супорӣ. Надорӣ мега ай хдшон метан. Бад ту маҷбур қарз меканӣ. Барои ами, чи коре мекнӣ букун».
Охир ҳамин хел ҳам мешавад?
Ҳади ақал раиси ноҳия бо техника мардумро кумак кунаду мардум суми асфалтро диҳанд. Ҳамааш ба калаи мардум. Охир кани ҳамон ҷои кор дар Тоҷикистон, канӣ ҳамон маблағ? Бовар кунед чоплусҳои қишлоқ илоҷ намеёбанд занҳояшонро медиҳад ба ҳамин давлату ҳукумат. Охир виҷдони тоҷикӣ куҷо шуд, номуси шермардони тоҷик куҷо шуд?
Як маъракӣ кунӣ меоянд мехуранд, шикамҳояшонро сер мекунанду зуд ба участкавой, ба танзим занг мезананду хабар мекашанд, ки хонаи фалони биё маърака дорад. Милисаву танзим меоянд ҷарима мекунанду мераванд. Маъракаро ба тани соҳибаш заҳр мекунанд. Охир агар ҳамин бузҳо хабар накунанд участковий аз куҷо медонад, ки дар кадом хона чи маърака аст? Охир мардум орзуву ҳавас дорад, мехоҳанд ягон буз ё гусфанд бикушанд, барои маъракашон. «Иҷозат нест, манъ аст мегуянд».
Охир ин худаш чи гап? Кори ту ба киссаву ҷайби ман чӣ аст? Ман аз ҳисоби худам мехарам, аз шумо кумак напурсидам ку! Ман тамом, намехоҳам дар ин ноҳия дигар зиндагӣ кунам. Меравам Русия, ҳар вақте ватан оям як ё ду моҳ меистам, фишорам доим баланд мешавад аз ҳолату вазъияте инҷо мебинам. Бовар кунед маблағе, ки муҳоҷирон мефиритсанду эълон мекунанд, як маротиба ду маротиба кам аст , инҳо медузданд фиреб мекунанд. Муҳоҷирони гиромӣ пул натиед ба инҳо бигузоред ҳарчи мегуянду таҳдид мекунанд кардан гиранд.
Тибқи омори расида :
Барои сохмони ин роҳи Қубодиён, то имрӯз 13 млн рубл аз муҳоҷирон ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳоло ҷамъоварӣ тамом нашудааст ва бояд 40 млн рубл ҷамъоварӣ кунанд.
Боз бадбахтии дигараш инҷо аст,ки дирӯз як ҷаноза шуд иштирок доштем. Мулоимом дар рӯй ҷаноза,ки бояд амри маъруф кунад мардума гуфтаистодааст,ки саҳми худатонро дар роҳсози гузоред ва ин садақаи ҷория аст савобаш хело зиёд аст. Охир агар гап зани бузаку чоплусак зиёд аст. Падарам ночор 50 ҳазор рубл супорид. Ин аст вазъияти мо дар ноҳия.
Мехоҳам дар бораи беморхона гап занам.
Ин беморхонаро Узбекистон сохтагӣ аст, аз дигар сохтмонҳои Тоҷикистон хело беҳтар аст. Аммо як духтури соз надорад. Соли гузашта як духтари тамоман сиҳату солими нозанинро куштанд. Дарди ӯро ташхис накарданд. Апендисит-курруда гуфта ҷарроҳӣ карданд. Аммо касалии вай дигар будааст. Куҷоеашро буриданд, ки хун ист накард, мурд духтари ҷавон. Боз ҳамин як моҳи пеш духтари акаи Ҷамшеди шрамро (дар барномаҳои пешина гуфта будед, дар бораи Ҷамшеди шрам, ки зиндонаш карда буданд), ки нав озод шуд, пули калон дод. Чанд домаш додаанд, ки бояд бисозад. Боз гови ҷушоӣ кардаанд, хуллас духтари акаи ҳамин Ҷамшеди шрам ба фикрам синфи 9 ё 10 мехонд, бо сармохурдагӣ-беморхонааш мебаранд. Духтур проба карда наметавонад, уколро дар раги даст мезанад,
«духтарча чошда мемурад». Авлодҳои Ҷамшед тамоми он духтурҳоро футбол карданд. Духтурро суд карданд. Қариб 10 бор шуд ҷасади он духтарро аз қабр мекананд. Барои озмоиш ба Русия роҳӣ карданд. Барои онки ба духтурони инҷо бовар надоранд. Мо рӯзи шанбе ба ин беморхона омадем. Тамоми духтурон ба ниҳолшинонӣ рафтаанд. Наход духтур ба ниҳолшинонӣ равад? Охир, баъд ҳоли беморон чи мешавад?
Маро бисёр қаҳр кард. Гуфтам охир наход духтур ниҳолшинонӣ равад. Баъд яктоаш гуфт: «охи морам безор шидем, ай ҷонмон, мешава ай бозор чорта коргар баранд бшнонан ниҳол, лекин намекнан гуфт бародар, чикор кунем мо?» Ҳатман ниҳодҳои назорати ин вазъият ва ҳолатро назорат баред, ин давлат аст ва ё ягон калонаву зиндон? Прокуратура санҷед илтимос ба додамон расед , мо ҳам инсонем ва ҷонамон ба нуки биниямон расидааст ва аз ҷонамон сер шудаем дигар бо ин бе адолатӣ ва беқонуният.
Данғара
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман чанд сол аст ки барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Дар Данғара бисёриҳо тамошо мекунанд. Мухлисони зиёде доред.
Ман ба шумо як ҳикояи воқеиро аз саргузашти худам нақл мекунам. Чанд соли пеш ин ҳодиса руй дода буд. Шояд даҳ-дувоздаҳ сол шуда бошад. Ман чанд забони хориҷиро медонам. Дар хориҷа таҳсил кардаам.
Як нафар аз дӯстон, бидуни онки бо ман машварат кунад, ба як мақоми масъули КДАМ, ки ҳоло ҳам кор мекунад дар бораи ман гуфтааст. Як вақт (ҳамон солҳо) маро барои кор ба ин идора даъват карданд. Як сол ба унвони коромуз-стажер, мешавад гуфт, давраи омодагӣ, маро санҷиданд. Забондониву донишу малакаи маро баҳои аъло доданд. Чанд вақт тарзи истифодаи навъҳои силоҳҳоро ҳам омӯзониданд.
Баъд, нафаре, ки куратори ман буд (бигзор номаш пушида бимонад) ман буд гуфт, ки омодагиатро сахт бубин, рузҳои наздик дар назди жюрӣ имтиҳони сахт мегиранд. Ман дар Раёсати контрразведка давраи омодагиро мегузаронидам.
Ва, маро фарёд карданд. Чанд нафар баландмақомҳо шиштаанд. Аз ин тарафу он тараф саволҳо доданд. Саволҳоро такроран мепурсиданд.
Яке яке аз ҷонишинҳо савол дод, ки агар фармон шавад, ки ба дастони отаву очаат завлона зада меорӣ, меоварӣ? Чунин супориш шавад иҷро мекунӣ?
Ба тарафи кураторам (ҳоло вай дар дигар Идора раис аст) нигоҳ кардам, ки ноаён сарашро ба нишони тасдиқ ҷунбонд.
Гуфтам, барои давлат, барои ватан, барои Президент бошад, иҷро мекунам.
Боз нафари дигараш савол дод, ки супориш шавад, ки эшони Нуриддинҷонро аз минбари масҷид дар рӯзи ҷумъа, дар байни мардум, поин карда ба дасташ завлона зада кашон –кашон меоварӣ? Росташро гу!
Гуфтам, барои давлат, барои ватан, барои Президент бошад, иҷро мекунам.
Савол ин бор ин тавр шуд: Намоз мехонӣ?
Гуфтам, бале. Намозамро тарк накардаам.
Як нафарашонро ин ҷавоби ман сахт қаҳрашро оварду гуфт, ки «э, баре, и фанатикора ай гиҷо меёвен?»
Хуллас, ҷаласаи саволу ҷавоб тамом шуд.
Гуфтанд, ки бирав, дар утоқи корӣ мунтазир бишин.
Баъди ягон даҳ-понздаҳ дақиқа буд, ки куратор омад маро табрик кард ва гуфт, ки дар фалон ноҳия (яке аз ноҳияҳои дурдасти куҳистонӣ) ба ҳайси муовин меравӣ. Як сол ё ду сол кор мекунӣ, дигар инҷо меоӣ, марказ.
Бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол, аз дари он идора баромадаму гуфтам, дигар инҷоро пушти сарам бинад. Ва фардояш билет гирифтаму баромада аз Тоҷикистон рафтам ва ҳоло дар берун ҳастам ва дар як ширкат ба кори тарҷумонӣ машғуламу шаҳрвандии ин кишварро гирифтаам.
Ин буд қиссае, ки аз сари худи ман гузашт. Агар форад, нашр кунед, нафорад ихтиёратон.
Пекин
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чандин вақт фикр кардам, ки нависам ё нанависам. Чанд бор шиштаму навиштам вале аз фиристоданаш худдорӣ кардам. Ҳоло ҳарчи бодобод мефиристам.
Мақолаи шуморо дар бораи Рамазон Раҳимзода ва баччаҳояш («Моҷарои як бону ва писарони Рамазон Раҳимзодаи ВКД») хондам. Ман бачаи Рамазон Раҳимзода, яъне Далерро хуб мешиносам ва он бону-духтарро ҳам дар борааш шунидаам. Ончи дар он мақола овардаед ягон зарра хатогӣ надорад. Ҳамааш воқеият аст. Пеши худам азоби виҷдон гирифтам. Он духтарро, рости гап ман мешиносам. Ман ҳам дар Пекин хондаам ва аз ҳама моҷарои онҳо огоҳам. Вайро як нафар бо фиреб ба Далер шинос кард. Ҳатто кор то ҳолатҳои нозук ҳам рафт.
Далери писари Рамазон Раҳимзода ду сол дар Донишгоҳи Пекин хонда буду он духтар як сол. То онҷо, ки ман медонам дар паси ҳамаи ин корҳо генерал Қудратуллло Назарзода меистад, ки шумо дар бораи вай (Генерал майори чатоқи МВД) ҳам навишта будед. Ҳамин Назарзода ин ҳама корҳоро, аз ҷумла ҳамон духтарро барои шинос кардани он духтар ба Далер вобаста кардагӣ.
Чуноне ба ман ҳикоя карданд, ҳамон духтари шиноси Қудратулло Назарзода ва Далер, ки ба ин духтар ҳоло ҳам дар ҳар куҷо таҳдидаш мекунанд, тавассути интернет мебарояд ва фақат аз Далер гап мезанад. Тахминан 6 моҳ. Мегуяд, ки зани пешинаи Далер лесбиянка будааст, барои ҳамин аз вай ҷудо шуд.
Хулоса, Далер ва он духтарро бо ҳам шинос мекунад. Аввал аксҳои онҳоро ба ҳамдигарашон мерасонад.
Он духтар, ки дар нақши миёнрав буд бо Далер дар Пекин мехонд. Ин духтар ҳам мехонд дар онҷо аммо дар дигар донишгоҳ.
Барои ҳамин бо рақамҳои мобилии хитоӣ суҳбат мекард. Ин духтар аз он духтари миёнарав мепурсад, ки агар Далер ин тавр таърифӣ бошад, чаро худат бо вай робита намекунӣ, намегирӣ? Гуфтааст, ки «худам дилу гурда пайдо накардам, баъд тра гуфтам, ки бо вай шинос шав»
Ҳамин тавр шинос мешаванд. Ба гуфтаи он духтар Далер як бачаи занфеълаки тарсончак будааст. Духтарро ваъдаи қатъӣ кардааст, ки ба занӣ мегирам.
Духтар пурсидааст, ки ту уверенний? Далер ҷавоб додааст, бале на сто %
Навори видеоӣ карда мефиристад. Духтар ба модараш мефаҳмонад ва мегуяд,ки
«оча ҳамин хел одам мебиёяд».
Аммо Далер Тоҷикистон меояду бо ин духтар дигар тамоман гап намезанад. Баракс хонаводаи Далер ба ин духтар ранги душман муносибат мекунанд. Ва то ба имрӯз ҳам ин духтарро дар ҳар куҷо таҳти фишору озору таъқиб медиҳанд.
Он духтари миёнарав, ки буд як руз ба ин духтар занг зада хабар медиҳад, ки Далер зан гирифт.
Ин духтар тамоман парво намекунад. Чунки духтари хеле ҳам зебо аст. Бихоҳад, хостаашро ҳатман ёфта мегирад.
Аммо, аз онки фиребаш кардаву вақти тиллои ҷавониашро бо ваъдаҳои дуруғ гузаронидааст, сахт асабонӣ мебошад. Чунки зиндагии духтарро шикаст ва боз зери назораташ гирифта аст.
Ин духтар ба отдели милиса рафта аз онки бачаҳои Рамазон Раҳимзода намегузоранд, ки ором бошад, ҳамеша таъқибаш мекунанд, шикоят мекунад. Мегуяд,ки агар ман ягон гуноҳ дошта бошам маро гиред суд кунед, охир бас кунад аз қафои ман гаштану поидану фишор оварданҳояшро. Ба гуфтаи ин духтар, ҳатто бародару акаи Далер ҳам мисли худаш беғайрату беҷуръатанд. Рӯзе, ки отдел меравад онҳо дар даруни мошини сиёҳшиша нишаста баҷо мешавнад, назди ин духтар ба шуъбаи милиса намераванд
Духтар мегуяд, ки ман ҳамин ба духтариам, оҷизиам, бекасиам аз отдел баромадам, дар ҳоле, ки ин хелин корҳо дар шаъну шарафи хонаводаи мову ман нест.
Отдел даромада мегуяд, ки «гирен бачаҳота ҷамъ кунен, охир ман чи гуноҳ кардам. Ман гуноҳ дошта бошам баре мара суд кунен, лекин ман гуноҳ надошта бошам бас кунед аз қафои ман гаштана.
Ба гуфтаи ин духтар вақте Далер ва он духтари миёнарав дар зиндагиаш пайдо мешаванд, Қудратулло Назарзода барбабари онҳо мегаштааст. Ин духтар мегуяд,ки як бор шармандагии Қудратулло Назарзода дар назди ҳамаи онҳо баровардааст. Аммо Назарзода дусти ҷонии оилаи Далер будааст.
Дар ин миён падар ва як бародари ин духтар бандагӣ мекунанд.
Модараш мегуфтааст, ки марги онҳо муи сарашро сафед накардааст, қисмати талхи духтараш муяшро сафед кардааст. Сари ҷонамоз мешиштаасту фақат гиря мекардааст.
Мегуяд, ки ҳар боре модарамро дар ин ҳолат мебинам ҷону танам дард мегирад. Фақат оби чашмам резон аст.
Ин духтари бечора сахт дилшикаста шудааст, аммо инҳо ҳануз ҳам раҳояш намекунанд.
Ин аст он қисса, ки баъди мутолиаи матлаби шумо ночар шудам нависам ва ин аст вазири дохиливу бачаҳои вай, ки бояд ҳимоятгари инсон бошанд, аммо мебинем, ки душмани як духтари муштипар шудаанд.