Пеш аз ин ҳам борҳо гуфтем ва бо мисолҳои мушаххас тасдиқу таъйид кардем, ки дар солҳои ахир Раҳмонов ва мақомоти вай, махсусан дар маҳалҳо тамоми масъулият ва уҳдадориҳои худро бо роҳи иҷбору шантажу тарсониани мардум бори аҳолӣ карда истодааст. Маълум аст ки ин ҳама корҳо бо «указка»-и мақомоти болоӣ ва шахсан худи Раҳмонов сурат мегирад. Чунки бо ин васила ва тарзи кор маблағҳои бюҷҷаи мамлкат дуздида мешавад.
Номаи аввали ин нашри барнома аз он мегуяд, ки баъди зилзилаи Рашт боз ҳам аз халқи бечора ба зурӣ пул гирифта истодаанд:
Рашт
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Албатта, шумо ҳам огоҳ ҳастед, ки дар баъзе аз деҳаҳои Рашт сел омад ва ин офати ба бор омада ба мардум зарари ҷониву молии зиёд расонд.
Дар телевизион дидем, ки ҳукумат корвони кумакҳояш ба ин деҳаҳоро ирсол кард. Мо ҳам, мардумони Рашт ба офатзадаҳо худамон, бо хоҳиши худамон, аз диламон бароварда, холисанлиллоҳ кумак кардем. Аммо ҳоло омаданду мо-сокинони ноҳияро маҷбур карда истодаанд, ки 7 000 сомонӣ сари ҳар хона барои офатзадаҳои заминларза ҷамъоварӣ намоем. Пешакӣ мардумро тарсонидаву таҳдид карда истодаанд, ки барои ҳаҷ рафтан пул дореду барои офатзадагони Рашти худатон не. Мо, албатта, пеш аз омадани инҳо, чуноне гуфтам ва миннат нашавад, ёрии худро расонида будем. Аммо инҳо, ки худро комиссияи ҳукуматӣ меноманд, маҷбур карда истодаанд. Рост гап на ҳама чунин имконият дорад. Ин тарафи масъаларо ҳам бояд ба инобат бигиранд.
Ваҳдат
Салом бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман барномаҳои шуморо пайгирӣ ва тамошо мекунам. То ҳоло аз шумо ягон хатоие надидам ва ба хулосае омадам, ки дарде, ки маро то ҳоло азоб медиҳад аз қалбам берун кунам ва нафаси озод кашам. Чунки ин дарди ҷонкоҳ синаамро шикофтааст ва маро ба чанд касалиҳое оварда расонидааст. Ин дарди ман дарди табобатшаванда аст. Лекин то ҳоло табобаташро ҷустуҷу кардам ва наёфтам. Каме бошад ҳам таскинкунандаи ин ҳама дардҳо барномаҳои шумоянд. Чунки шумо ҳақиқатро мегуед, на он масъулон ва мақомоти имрӯзаи кишвар ва садову симои он. Ин масъулоне, ки имрӯз вазифаҳое дар назди халқу миллати худ ба душ гирифтаанд, ба тарзи дуруст иҷро намекунанд, ноумедие дар дили мо ҷой шудааст ва ба онҳо дигар аслан боварие намондааст.
Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин ман як шаҳрванди шаҳр Ваҳдат. Имрӯз аз як шаҳрванди шаҳри худамон ба мақомдорону шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷиноятҳои вай ошкоро гуфтаниам, ки бояд тамоми мардуми Ваҳдат бидонанд. Ин шахс Олим ном дорад. Олими истанса мегуянд. Олим худаш кист ва чаро ӯро Олими истанса мегуянд? Чунки вай дар истанса магазини оптовий дорад. На танҳо магазин, балки тамоми истансаро ғасб карда гирифтааст. Пожарнийро, заводи ордро, ҷойҳои ордфурушӣ, яъне складҳоро гирифтааст ва ҳамааш ба ӯ тааллуқ доранд ва дар истанса якчанд магазинҳои оптовий ва дар бозори боло низ ҳамин хел якчанд магазинҳои оптовий ва якчанд фирмаҳо, ки ғайри қонунӣ ё нелегалний кор мекунанд, гирифтааст. Яке аз он склад (амбор)-ҳо склади хурокворӣ аст, ки ба тамоми магазинҳо бор тақсим мекунад, бештар борҳои просроченний.
Савол меояд, ки чи хел бори муҳлагузашта ё просроченний? Ман ба шумо мефаҳмонам,ки Олим борро аз куҷо мегирад? Борро аз соҳибони ширкат бо нархи арзон мегирад. Савол ба миён меояд, ки чи тавр аз ширкат бо нархи арзон мегирифтааст? Ҷавоб ин аст ки Олим борҳои ширкатҳоро, ки муҳлаташон ё срокашон кам мондааст ё тамом шудааст дар ними нарх мехарад ва ба склади худ меорад ва сроки нав мезанад ва бурда дар магазинҳо тақсим мекунад ва ҳамаи ширкатҳо ин тарзи кори ӯро хуб медонанд, аммо ягон гапаш намегуянд, чунки аз нархи онҳо арзон медиҳад. Агар ин корро ягон каси дигар кунад, бори фирмаро аз нархаш арзон бисупорад, сразу қапида ҷаримаи калонаш мекунанд. Лекин барои чи Олимро ҳеҷ чиз намегуянд? Чунки бори просроченний аст ва чем партофтан, бешубҳа, ин ба фирмаҳо вигодний аст. Кормандони Госстандарт ва санэпидемстансия ҳамааш в курсеанд вале пулу пораро мегиранду чашм мепушанд.
Чунки онҳо аз руи қонун ва талаботи он кор намекунанд. Шояд бошад шахсоне, ки аз руи қонун кор кунанд вале дар ин ҳукумати имрӯзии мо хело каманд. Аксарияти онҳо кисаатро нигоҳ мекунанду кор мекунанд. Вале агарки ту ҳақ ҳам бошӣ, киссаҳоят холӣ бошад, туро нигоҳ намекунанд, аҳамият намедиҳанд ва шахсе, ки гунаҳгор асту кисаш пур аст ӯро бологузару дастгирӣ мекунанд.
Шумо бигуед ҳақиқат куҷост? Кӣ қаллоб асту кӣ дузд? Ман дигар бо ин тарзи давлатдорие, ки имрӯз фаъолият дорад, розӣ нестам. Чунки бо либосҳои низомӣ дуздҳои аслиро мебинам. Қариб аксарияти онҳо дузду роҳзананд ва саводи кофӣ надоранд. Агар савод ҳам дошта бошанд дар соҳаҳое, ки хондаанд кор намекунанд. Дар ин ҳолат чи хел ин давлат пеш равад. Ба ҷойи «ба пеш»и дурӯғин, мо қафо рафта истодаем. Дар ин вазъият оқибат давлат аз байн меравад ва миллат нест мешавад. Чунки бесавод инро дарк карда наметавонад.
Ин яке аз сад ҷиноятҳои Олим. Чунин ҷиноятҳои ӯ аз ҳад зиёданд, ки ба гуфтан рост намеояд. Боз як ҷинояти дигари ӯро ошкор мекунам. Заводи як камбағалро маҷбуран гирифт, заводи равғанашро. Вайро чи хеле карду қарздор кард ва ба ба ҷои қарз заводашро гирифт. Вақте равған камчин буд як хел хор аст ки равған медиҳад. Он хорҳоро зада бурда равған тайёр мекард ва дар даруни равған омехта карда мефурӯхт ва мардум истеъмол мекарданд. Ин равғани хор мардумро ба чандин касалӣ оварда расонд, аммо сабабашро намеёфтанд.
Ин Олим барои пул чи корҳое нест накарда бошад. Ин Олим чор зан дорад ва чанд бародар. Олимро кораш пул кор кардан аст бо чи роҳе набошад. Агар мардум ҳамааш аз продуктаҳои просроченний ва фалшивийи вай бимиранд ҳам парво надорад. Мегуяд: «гапзанша ма фалон кардагиюм. Ман худам узбекам. Мебинам, ки баъзе аз тоҷикҳо моро ненавидит мекунанд. Мақомдорони тоҷики мо бисёр беинсофанд. Точкаи слабийи онҳо пул аст. Инҳоро любояшро харида мешававад. Ман ҳозир тоҷик фалон карда истодаам».
Манзури ин гапҳои Олим ин аст ки зани чорумаш тоҷик аст.
Яке аз дигар ҷиноятҳои дигари вай ин аст ки ба ронандаи Дуланаш аз Ваҳдат ҳам як, ду сомонӣ дар туи духтаруш қарз медиҳад. Аммо чанд муддат нагузашта мераваду мегуяд, ки «туда муҳлат 3 рӯз агар наёрӣ хоната мегирум». Вай дар муддати 3 рӯз пул намеёбад. Хонаи калон дошт. Дар ҷои пулаш хонаашро мегирад, бистбаробар зиёд. Он мард чокак барин чокчок карда гаштааст. Аз тарс ягон ҷо арз карда наметвонад. Чунки гуфтаааст, ки ягонҷо арз кунӣ мешинонамат. Вай тарсида бехонаву дар гаштааст ва ҳоло
дар хона Олимро дуъои бад карда хоб аст.
Он бачае, ки магазинро сохта буд, худаш қарздор буд. Чунки магазин 400 квадрат, яъне калон аст. Вай хонаҳояшро барои ин магазин шуда фурӯхта боз қарздор шуда буд.
Он бача ҳам бехонаву дар ҳам қарздор шуда буд, чунки магазини калон сохт, ки ҳамроҳ бо додарҳояш кор кунанду Русия нараванд. Инҳо омаданд магазини вайро гирифтанд. Вай рафт Русия қарз канда истодааст. Он бача мегуяд ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кардам, ба Дастгоҳи Иҷроияи Президент низ ,аммо ҳамааш бефоида. Ин соҳиби магазинро медонам, ки аз Навободи ҷамоати Роҳатӣ аст.
Дигар ҷинояти Олим дар онҷо ин аст ки баъди магазинро гирифтан боз ду сотих аз замини ҳамсояашро маҷбуран гирифт. Вай ҳам ба ҳама мақомотҳо шикоят кард. Ягон кас ба арзаш нарасид.
Дигар ҷинояти калонтари Олим ин аст ки як магазини калонро аз соҳибаш ба тарзи зӯрӣ гирифт. Ба онҳо орд дод. Чанд Дулан ҳисоб кард, аммо пулаш кам омадаст. Дар ҷойи пулаш документҳои магазини ҳамон мардро бо зурӣ мегираду меораду муҳлаташ медиҳад, ки дар номи ман оформит мекунӣ. Он мард оформит намекунад. Худаш документҳоро бурда бо нотариус маслиҳат карда ба номи худаш оформит мекунад. Ҳозир як додараш бо ҳамроҳии зани додараш ва язнааш дар ҳамон магазин кор карда истодаанд. Бепул аз ҳамон одам магазинро зада гирифт. Магазин дар Аммонал дар чорроҳаи роҳи Теппаи самарқандӣ воқеъ аст. Он соҳиби магазинро як шатта зада аз дар берун мекунанд. Муйсафедро давлений мезанад, мемурад. Зани мусафед ҳам касали давлений шудааст.
Ин Олим ҷиноятҳое содир кардагӣ аст ки ба гуфтан рост намеояд. Гуё ин як президенти мамлакат бошад. Чи хеле мехоҳад, ҳамон хел кор мекунад. Агар мақомотҳои мо дуруст кор кунанд, як шаҳрванди оддӣ ин қадар ҷиноятҳоро содир намекунад. Фаҳмида мешавад, ки ҳамаашон фурӯхташудаанд.
Бародар Муҳаммадиқбол, ман ба ин оила наздикам, лекин ҳаромхур нестам. Виҷдонам намонд, ки он чизҳоеро, ки мебинаму нагуям. Чунки фардо мо пеши Холиқи худ меравем, пурсида мешавем. Баъди ин каме аз ин ҷиноятҳоро гуфтанам дилам каме бошад ҳам таскин меёбад ва дар оянда боз аз ҷиноятҳои бузургашро менависам. Тасмимигиранда аввал мақомот аст. Мебинам чи тасмим мегиранд.
Худо нигаҳбонатон.
Мегуянд, ки кори давлатдорӣ кори хирадмандон аст, на кори деҳқон. Агарки шумо худро масъулу хирадманд меҳисобед вазифаҳои худро аз руи адолат анҷом диҳед ва ба боварии халқу миллат дароед. Ин давлатдорӣ ва вазифа абадӣ нест. Лекин баъди аз вазифа рафтанатон чи хел виҷдони шумо азобатон намедиҳад ва ба фарзандонатон, ки аз пули ҳаром овардеду хурданд ба воя расиданд боварӣ доред, ки онҳо шуморо ҳурмату иззат мекунанд? Аз луқмаи ҳаром фарзанди ҳаромзода мебарояд, асло асои падару модар шуда наметавонад. Инро дар ёдатон бигиред. Аз пайи ғорати мардум нагардед. Шумо имрӯз оинаи миллатед, мардум дар шумо руи худро мебинанд. Дарди мардум ин аст бародар.
Қубодиён
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол!
Имрӯз ман дар бораи як нафар аз Қубодиён мегуям. Ин шахс Ҷураев ҳоҷӣ Равшан, бародари командири Фронти халқӣ Шоҳзамон мебошад. Ҳоҷӣ Равшан дар раёсати молияи ноҳия ба ҳайси ревизор кор мекунад. Агар хато накунам беш аз 30 сол аст ки дар ин идора фаъолият дорад. Ин Равшан садқи номи ҳоҷигӣ шавад. Вақте язнааш-шавҳари апааш дар молияи ноҳия раис буд, ӯро ба кор қабул кард ва каме дертар ӯро дар вазифаи ревизорӣ гузаронд. Язнааш ҳоҷӣ Нурулло ном дорад, як инсони хуб, дастбахайр, ҳоло дар нафақа мебошад. Ин ҳоҷӣ 4 зан дорад. Номи зани аввалааш Ширин, баъд Хатича, зани сеюмаш аз деҳаи Чорбоғ, як зани татартабор ва зани чорумаш аз қишлоқи Авесто, собиқ колхози 50 –солагӣ, ки бухгалтер шуда кор мекунад. Аз ҳамаи занҳояш 16 фарзанд дорад. Боз дар ҳамаҷо бо фахр гап мекунад, ки 16 фарзанд дорад. Ҳамаи занҳояш ҳоҷӣ шудагианд. Ҳоҷӣ Равшан бисёр ҳаромхур аст. Вай дар чанд мактаби ноҳия чандин касро ҳамчун бухгалтер оформит карда корро чаланимкола худаш мебарад ва маошро худаш мегирад. Дар мактаби № 6-и ноҳия ва мактаби №7, ки директораш Ҳаитов Эркин мебошад (як алкаши тайёр) духтараш Абдураҳимова Зайнабро ҳамчун бухгалтер номнавис кардаасту пулашро худи ҳоҷӣ Равшан мегирад.
Фарзандонаш бо номи Муҳаммад, Алиакбар, Самандар мебошанд. Муҳаммад дар идораи ҳифзи муҳити зист муовини раис, Алиакбар бошад аввал дар кумитаи замин, айни замон дар идораи МБТИ кор мекунад. Аз дасти инҳо тамоми ноҳия ба дод омадааст, чунки дар ҳаромхурӣ аз падарашон мегузаранд.
Ин ҳоҷӣ Равшан бо даҳони пур дар любой ҷой лоф мезанад, ки «дар ноҳияи Қубодиён мо Эмомалӣ Раҳмонро президент интихоб кардагием, набошад як овоз намегирифт. Барои ҳамин вай должен аз оилаи мо то мурданша бояд мода хизмат кунад».
Як бародари ҳоҷӣ Равшан аз соли 1991 то 2012 агар хато накунам дар вазифаи мудири маорифи ноҳия кор кард. Ҳоло дар қайди ҳаёт нест. Як апаи дигариаш дар мактаби рақами 16 аз соли 2000 диектор мебошад. Бародараш Ҷураев Маҳмадраҳим чандин сол дар ҷамоати Носир Хусрав раис буд. Гуё вай инҷоро никоҳ карда гирифта бошад. Бачаи калонии Маҳмадраҳим раиси идораи Оби ноҳия аст. Ба гуфтаи Хочи Равшан хамачоро гирифтагианд ин Хочи боз бузи Прокуратура ҳам мебошад.
Ба ҳар мактаб бо санадҳои қалбакӣ меравад мегуяд: «ман омадам барои тафтиш, ҳамин қадар метиӣ, тамом, касе, ки розӣ шуд, шуд, агар нашуд бо ҳар баҳона ба Прокуратура мекашонад ӯро». Медонам мактаби 9 деҳаи Пакалара бухгалтерашро мегуяд, ки 12000 метӣ, набошам ҳозир хабар мекунам. Аз ин одам ин миқдор пулро гирифт. Боз як мисоли дигар. Аз марказ бухгалтер, агар хато накунам исму насабаш Мирзоев Равшанро ту дар 3 ҷо кор мекунӣ гуфта аз ӯ маблағ талаб мекунад. Ин одам ҷавоби рад медиҳад. Ба прокуратура нависта ин шахсро як сол кашо каш дароварда маблағи ҳангуфт ҷарима мекунонад. Агар ба гапаш накунӣ, хонаат сухт.
Касе гап занад, мегуяд,ки «ҷаноб мода должен кати авлодаш, прокуратура аз худам, куҷое равӣ, рав ман фалон кардагӣ, фалон мекунаму…. гапзана». Мо додамонро ба ки гуем? Наход як ревизор аз 30 сол зиёд дар як ҷо кор кунад. Гап занӣ ки ба раиси ноҳия медароям, мегуяд: «ман задагиям раиси ноҳияатро ва ҳама мақомоти ноҳияатро…».
Боре як рафиқам чунин нақле кард. Дар прокуратура бо прокурори ноҳия, ки рафиқ ва дӯстам аст, нишаста будем.
Як директори мактаб аз деҳаи Чирик, ки дар колхози Авеста мебошад омада ба прокурор арз кард, ки ҳоҷӣ Равшан омада аз ман маблағи калон талаб карда истодааст. Прокурор (бигзор номаш махфӣ монад) даррав фармон кард, ки ин ҳоҷиро ёбедё биёред. Ҳоҷӣ Равшани муттаҳамро оварданд. Ман ҳам шиштам дар утоқи корӣ. Инҳоро ру ба ру карданд. Муаллима ҳамаашро доказать карда дод, запс ҳам доштааст. Прокурор Равшанро пурсид, ки канӣ фармонат, бо кадом рақам ба қайд гирифтаӣ? Аммо Равшан ягон ҳуҷҷат пешниҳод карда натавонист. Гуфт,ки ман ба ҳамин роҳ мегузаштам, як хабар гирам гуфта даромадам. Яъне ин ҳоҷӣ Равшан ана ҳаминхел одами ҳаромхур мебошад.
Аз ҳамин хел пулҳои ҳаром ҳамаи занҳои худро ҳоҷӣ кардагиаст. Ин фарзандону бародараш бошанд аз ҳоҷӣ Равшан сад бор бештар мошшениканд. Писараш Алиакбар хоҷагиҳои деҳқониро 5 сол шудааст, пулҳояшонро гирифтаву аммо то ҳол сертификати заминҳояшонро надодааст. Дар дари идораи замин рӯзе нест, ки 10-15 одам Алиакбарро накобанд. Ба инҳо гапи кӣ мегузашта бошад, намедонем.
То ҳатто ин Алиакбари хона сӯхта аз шаҳрвандон ҳам ман ба шумо хонаҳои истиқоматиатонро сертификат карда медиҳам гуфта бо роҳи фиреб пули онҳоро гирифта давонда сарсону саргардон карда гаштааст. Ба Ҷураев Маҳмадраҳим бародари ин Ҳоҷии мошшеник тамоман гап нест. Ягон одами ноҳия нест, ки инҳо фиреб накарда бошанд.
Истаравшан
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Истаравшан ҳастам. Солҳо дар Идораи барқ кор кардаам. Хеле чизҳоро медонам. Ман мақолаи шумо дар бораи барқдуздии Раҳмонову Ҳасанро хондам. Бародарон бовар кунед, ки ончи дар ин мақола омадааст, саддарсад воқеияти имрӯзи мо аст.
Ман як чизро гуфтаниам. Раҳмонов тавре кор кард, ки дар дуздии барқ ноҳияҳо ҳам шарик шуданд. Ҳозир барои ҳар ноҳия лимит дода мешавад. Ҳар вақт аз Душанбе комиссия меояд доляи худро ба баҳонаи ин лимит гирифта меравад. Аз тарафи дигар дар ноҳияҳо раисҳо забон як карда барқро мувофиқи дили худ мефурӯшанд ба корхонаҳо ва хулоса пулдорҳо. Ба аҳолӣ кам медиҳанд, аммо ба ширкату корхонаву фирмаҳои шахсӣ ва пулдор бештар медиҳанд.
Дар ҳақиқат дуздони асосӣ аъзои хонаводаи худи Раҳмонов ва ширкату корхонаҳои онҳо аст. То телеху то пизишки хонаводагиашон аз пардохти пули барқ озоданд. Шумо як раҳ ба барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки худатон чоп мекунед ва хеле ҳам барномаи машҳуру маъруф шудааст, назар андозед, хоҳед дид, ки чи касоне дар музофоту манотиқ ва қишлоқҳо сузондаву тобонда свет месузанд, лимиту режим надоранд, аммо халқ, аҳолии бечора тамоми рӯзу шаб бесвет аст. Ҳатто одамҳоеро медонам, ки барои худашон трансформатори алоҳида шинонидаанд ва аз красная линия барои худашон неруи барқро пайваст кардаанд. Ман ҳам дар ин фикри шумо розиам, ки Раҳмонов ба касе ва куҷое нишон доданист, ки ончики дар тавони давлат аст барои сарфаву эҳтиёти барқ ба харҷ дода истодааст. Қудрат ва зури ҳукуматро ҳам сафарбар ва ҷалбу басиҷ кардааст. Милиса, амният, прокурор, Хадамоти назорати давлатӣ-Госэнергонадзор, световой кам буд, акнун ниҳоди адоҳидаи Агентӣ сохт.
Конҳои ангишти Айнӣ свет дорад барои онки конҳо аз Ҳасан ё аз Шамсулло аст. Дар инҷо свет ҳаст, инҷо лимит нест. Ин масъала ва муаммо печидаву пушида нест. Аммо мепечонаду мепушонад. Ман сад дарсад бовар дорам, ки бо таъсиси ниҳоди алоҳида акнун дуздиро дар соҳаи барқ ниҳодина мекунад, ончуноне, ки бо тасиси ниҳоди алоҳида Агентии мубориза бо коррупсия коррупсияро тақрибан расмӣ кард, барқдуздӣ аз ин пас ниҳодина ва роиҷтар мешавад.
Ҳоло ҳар ҷое, ки имкони аз онҷо дуздии зиёд ҳаст, ҳатман як идораи дигра ташкил карда ва ба дасти одамони худаш медиҳад. Як вазифаи одии контролерӣ бар ивази чандин ҳазор сомонӣ. Ҳамин нафареро, ки раиси Агентии навтаъсиси назорати давлатӣ бар энергетика таъин крад аз одамҳои Рустам аст.
Нобаробарии табақотӣ маҳз дар барқ ошкор ва эҳсос мешавад. Дар як маҳалла фалонӣ дорад, ҳатто фалони трансформатори алоҳида дорад, фалонӣ дар красная линия пайваст карда шудааст. Фалон деҳа неруи барқи доимӣ дорад, чунки онҷо раиси фалон идора зиндагӣ мекунад. Ҳамаи ин ҳолатҳоро халқ мебинад, мақомот мебинад, аммо идома дорад.
Раҳмонов роҳи чораро дар ҳамин корҳои зоҳирфиребӣ мебинад. Раҳмонов ин корҳоро ба сарпарастону сармоягузорон карда истодааст, ки барои Роғунро пул диҳанд.
Пуле, ки аз барқ ҷамъоварӣ мешавад, пули кам нест. Мутмаинам мардум беш аз 90% масрафи барқро ба таври комил медиҳад. Ин қонун ба мухотабонаш намерасад, чун мухотаб чун нигаронидашудаҳо иммунитет доранд ва ба ҷазо кашида намешаванд, иммунитети онҳо хешу табори Раҳмонов будан аст. Аммо магарам боз чанд мудир мағозаву гуштфурӯшу яхмоспаз ва амсоли инҳро боздошт кунанд ва ҷарима шаванду сол гиранду резултат нишон диҳад ин ниҳод.
Он ҳама нуқтаҳои сохташуда барои заряди батареяҳои мошинҳои барқӣ пули барқро месупоранд? Инҳо, ки асосан аз Рустаманд. Манзурам таксиҳои Душанбе аст. Онҳо намесупоранд. Манзурам таксистҳо нест, манзурам ҳамон точкаҳои зарядмонӣ аст ки агар 1000 киловат зананд, шояд 10квташро супоранду халос. Аммо ҳануз мардум ба умқ ва жарфои масъала нарафтааст. Инки барқ дуздида мешавад, дуруғ нест. Дуздида мешавад. Аммо дузд мардум нест. Дузди худи ҳаминҳоанд, ки қонун бароварда истодаанд. Бовар кунед, ки ба дузди дуздон, раиси барқдуздони Тоҷикистон Ҳасани ишкамба, додараруси худи Э.Ш.Раҳмонов аст. Ҳасан Асадуллозодаи ба ҳама маълум. Ҳасан шояд чоряк шояд 15 ва шояд 10 дарсади барқи Тоҷикистонро фуру мебарад. Имтиёзҳои Раҳмонов ба Талко ин худ як дуздии қонунӣ аст. Барқро ҳатто аз нархи барои нассоҳо ва аҳолӣ чандин баробар кам медиҳад. Ба болокории ин Талко беш аз ниммиллиард сомонӣ аз барқ қарздор аст. Оё Раҳмонов мемонад, ки ягон корхонаи дигар ба ин мабалағи бузург аз барқ қарздор бишаваду боз фаъолият кунад? Тамоман намемонад ва барвақт ӯро ба зиндон меандозад. Ахиранд дар Данғара дар мавриди барқ дуздон, насосҳое дар барномаҳоятон шумо дар мавриди потерия гуфта будед гуфт. Мебинем, хусурбачаҳои барқдуздашро чигунае шумо гуфтед зиндонӣ мекунад?
.