Рустам Раҳмоновро ба Қатар бурд?

Ислоҳ нет

Сарлавҳа ҳатмани ҳатман ҳайронатон кард, ки дар ин сафар Рустам ҳамроҳаш набуд, чи тавр Раҳмоновро ба Қатар бурдааст? Саросема нашавед.

 Аслан Қатар бо Тоҷикистон робита ва ҳамкории қобили мулоҳиза надорад. Танҳо чизе, ки ин ду кишварро ба ҳам барои муддате қаробат дод бунёди ҳамон масҷиде аст, ки сохтмонаш хеле тул кашид. Ин тул кашидан ба ҳеҷ ваҷҳ бо айби ҷониби Қатар нашуда буд. Дар асл «ин нафси бади» Раҳмонову оилааш буд, ки сохтмони ин масҷиди бузургтарин ба тул анҷомид. Маросими ифтитоҳи он дар соли гузашта иттифоқ афтод, агарчи санги асос ё таҳкурсии онро 14 сол пеш гузошта буданд. Ҳамин сохту сохтмони ин  масҷид,аз лоиҳа гирифат бо масолеҳи сохтмонӣ ва то кормандони он боиси баҳсу даъво ва ихтилофот миёни ин ду кишвар шуда буд ва ба маҳзи ҳамин «нафси бад»-и Раҳмонову оилааш борҳо дар бунёди он таваққуф ва танаффус сурат гирифта буд.

Эмомалӣ Раҳмонов гоҳо дар ин моҳҳои охир баъзан сафарҳо ва суханрониҳое анҷом дода аст, ки авоқибҳои вахиму зараровар ба давлат ва мардуми он анҷомидааст. Хоссатан дар нишасти соли гузаштааш дар Астанаи Қазоқистон, ки дар суҳбати бе конспекти омодашуда аз қабл бо Путин дар назди раисҷумҳурони дигари кишварҳои пасошуравӣ хело мушкилоти зиёде бар сари муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба бор овард, ки ниёз ба шарҳу тафсири онро надоред.

  Ин масҷидро амири собиқи Қатар Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба Тоҷикистон дар соли 2009 инъом кард. Яъне ин масҷид ҳадяи ин амири мултимиллиардери як кишвари арабӣ буд, ки расман пайравӣ аз равияи Салафия мекунад. Ин ҳам дар ҳоле аст ки дар Тоҷикистон ҳазорҳо тан бо иттиҳоми гароиш ва ҳаводорӣ ба Салафия боздошту зиндонӣ шудаанд ва ин ҷараёни динӣ дар шумори созмон ва ҳаракатҳои мамнуъа дохил шудааст. Вале, ҳамчуноне гуфтем ин масҷид ҳадяи амири Қатар барои мусалмонони Тоҷикистон буд. Вале бозиҳо ва бозӣ доданҳои тарафи тоҷикӣ, яъне Раҳмонов ва оилааш боиси ба дарозо кашидани таҳияи лоиҳаи ин масҷид шуд, ки қатариҳо ҳато чанд маротиба хостанд, ки аз сохтмони он мунсариф шаванд.

  Иллати тул кашидани сохтмони масҷид тамаъ, ҳирс, нафси бади Ҳасан Асадуллозода ва оилаи Раҳмонов буд. Онҳо мехостанд, ки давлати Қатар ҳамон 150 миллион долларро ба инҳо бидиҳад ва инҳо “на своем усмотрение” масҷид бисозанд. Дар аввал амири Қатар ҳамин маблағ,150 миллион долларро ваъда карда буд. Вале охир то 90 миллион поин овард.

  Ман худам шоҳиди бевоситаам дар қазияи сохтмони ин масҷид ва аз як қисм сирру асрори сохтмони он бохабарам. Тоҷикистон хоста тарҳ ё лоиҳаи ин масҷиди чандин миллиондоллариро худаш кашад ва дуздӣ аз пули масҷидро аз ҳамин лоиҳа шуруъ кунад. Яъне дар он лоиҳа аз қатариҳо ҳатто пул кор кунанд. Як араби муҳандис дар Дубай буд- Аднон Сафоринӣ, ки ширкати лоиҳакашӣ дошт. Аз ӯ талаб карданд лоиҳаро кашад ва ӯ гуфт ба хотири онки масҷид-саҷдагоҳи мусалмонҳо аст ройгон мекунам ва бе пул он лоиҳаро кашид, вале оила хост барои ин лоиҳа аз Қатар пул кор кунад. Барои бунёди танҳо ҳафт манораи ин масҷид 70 миллион доллар хостанд бигиранд, ки қатариҳо аз ин кор хело хашмгину нороҳат шуданд. Чаро ин қадар гарон ва чаро бояд ҳафт манора дошта бошад? Ҳафт манораро бояд дигар фаҳмед барои чӣ ? Рамзи ҳафт духтари (он тарафаш маълум) пешво. Хиёлашон и буд, ки арабҳо сахт серпуланд ва ҳарчи хоҳем барои сохтмони масҷид дареғ намедоранду медиҳанд. Вале ширкати Ал-диёри қатарӣ ин лоиҳаро комилан рад кард. Шахсан бо Аднон Сафоринӣ ва масъулони ширкати Ал-диёри Қатар ошноӣ дорам ва мешинохтам. Онҳо тарҳро комилан рад карданд ва гуфтанд мо худамон масҷидро месозем ва лоиаҳро ҳам худамон мекашем. Аз ин кор оила сахт хашмгин шуд. Чун тут ба муроди дилашон напухт ва пул кор кардан натавонистанд. Он вақт Муҳаммадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе буд. Раҳмонову Ҳасан шарт гузоштанд, ки агар хоста бошед масҷидро созед бояд нахуст микрорайонеро, ки дар шартнома ваъда карда будед  онро созед ва пас аз он ба сохтмони масҷид машғул шавед. Қатариҳо пас аз шунидани ин дилсард ва ноумед шуда аз сохтмон даст кашиданду рафтанд. Шарти қатариҳо ин буд пас ин ҳама кашмакаш. Ё масҷид месозем ва ё ҳеҷ. Боз андеша карданд, нангашон боло гирифт,”чун эълон кардаем, мо шарманда мешавем бояд сохтмони масҷидро ба ҳар шакле ҳаст анҷом диҳем” гуфта, боз шурӯъ ба гуфтушунид карданд ва ба хулосае омаданд, ки агар мехоҳед масҷид бунёд шавад тарафи Тоҷикистон ҳам пул мегузорад.

Қатариҳо ҳафт манораро ба чор иваз карданд, ки ин “тағйирот” боис шуд, ки боз чанд моҳ дар кор таваққуф   сурат бигирад. Баъдан оила ба хулосае омад, ки ба 30/70 омодаанд. Боз он 30%-ро ҳам ширкатҳои сохтмонии марбут ба оила месозанд, ки ин тарафи масъала дигар бароятон маълум бошад, ки бо чи ҳадаф ва ба чи хотир 30 аз 100 миллион долларро бояд ширкатҳои сохтмонии оила истифода кунад. Хело қиссаи тулонӣ аст сохтмони ин масҷиде ҳозир мебинеду воҳима доранд, ки калонтарин масҷид аст он. Ман асомии “миёнаравҳо” дар сохтмони ин масҷид байни Қатар ва Тоҷикистонро ҳам медонм ва медонам, ки онҳо ҳам кам “баҳра” набурдаанд вале бигзор дар ягон навбати баъд дар бораи онҳо гап мезаанам…

  Муҳим сохтмони ин масҷиди “Зирор” буд,ки пас аз 13 сол ниҳоятан ба итмом расид.

  Амири феълии Қатар Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои ифтитоҳи он дар таърихи 8 уми июни соли 2023 ба Душанбе барои чанд соат ташриф овард ва он ҳам рӯзи ҷумъа буд. Ифтитоҳаш карду дар Варзоб як зиёфате хурду рафт ба Тошканд барои имзои созишномаҳои миллиардӣ. Агар Амири Қатар оддитарин дилгармие ба Тоҷикистон медошт, ҳадди ақал як шаб меҳмон мебуд, аммо мақомоти қатарӣ барояш ҳама буду набуди оилаи носерами Раҳмоновро гуфта буданд ва вай шинохти дақиқу комил аз Раҳмонов дошт, ки як тоғути зидди ислому зидди худову зидди пайғамбараш аст.

 Чаро қиссаи сохтмони масҷидро зикр намудем? Барои он ки   бифаҳмед қатариҳо ҳеҷ рӯйи хуше бо Раҳмонов надоранд ва дар муносибот бо Тоҷикистон, ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ягон зарра моил нестанд. Вагарна се  чаҳор шайхи ин кишвари нафтхез ва дорои гази фаровон метавонад сохтмони Роғунро сармоягузорӣ кунад. Ҳам вуҷуди фасоди густарда ва ҳам инки Раҳмонов як раҳбари зиддисислом аст барои онҳо пушида нест. Барои ҳамин намехоҳанд дар кишвари мо ҳеҷ коре кунанд. Вагаран танҳо ба хотири Толибон, ки протежеи асосиаш Қатар аст онҳо хеле корҳо метавонанд дар Тоҷикистон кунанд.

Хуб, ҳоло чаро Раҳмонов ба Қатар рафт ва чаро гуфтем,ки Рустам Раҳмоновро ба Қатар бурд?

Тазаккур кардем, ки Қатар аз пуштибонҳои аслӣ ва асосии Толибон аст ки инак соли саввум аст Афғонистонро гирифтанд.  

  Бори дигар мегуям, ки Қатар танҳо бо сохтмони ҳамин  як адад масҷид чеҳраи воқеии Раҳмонов ва ҳукумати вайро шинохта аз ҳафт пушти вай безор шуда буд. Изофа бар ин чанд тарҳи тиҷоратие, ки қатариҳо дар Тоҷикистон хостанд анҷом диҳанд ба куллӣ ба бунбаст рафт ва қатариҳо роҳи чораро дар  фирор аз Тоҷикистон диданд ва аз ин ҳама  чанду чунҳо Раҳмонов комилан огоҳ буд. Худи ман шоҳиди кенсил шудани як тарҳи 700 млн доллара будам,ки маҳз бо “нафси бади оила” ки ба ман 5 фоиз ба ман 7 фоиз бояд бидиҳи комилан кенсел шуд ва аз ин ҳодиса худи Раҳмонов ва вазорати хориҷии кишвар ба хубӣ огоҳанд.

Пас, ба хотири чӣ Қатар рафт ва ингор,ки ҳадафи сафараш ҳам ҷалби сармояи қатариҳо  аст ва ҳайати бо худ бурдаи Раҳмонов ҳам гуё ба ҳамин ҳадаф аст. Дар таркиби ин ҳайат аз мақомоти қудратӣ ба ҷуз аз раиси МЧС касе дигар нест.

СС.Ятимов, Р.Раҳимзода, Шералӣ Мирзо ӯро ҳамроҳӣ накарданд. Чаро? Барои онки мақсад ва ҳадафи асосии сафар   бармало нагардад.

Нахуст ба ин масъала диққат диҳед, ки агар ин сафар як сафари муҳим буд дар рӯзи аввали он амири Қатар Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ӯро истиқбол мекард ва ба ҳузр мепазируфт, дар ҳоле, ки бо ӯ аслан мулоқот накард ва мулоқоташ бо вазири хориҷа, раисони Фонди қатарии “рушд” , Фонди давлатии сармоягузорӣ , раиси Анҷумани соҳибкорони қатарӣ “Файсал ҳолдинг”  ва як маъмури ҳамон ширкате,ки аслан рӯйи дидани ӯро надорад, яъне ширкати Ал-диёри Қатар (боз бо худи раисаш не бо мудири бахши сармоягузории он Аҳмад Муҳаммад Тайиб) мулоқт кард, ки чуноне дар оғоз гуфтам ҳеҷ суде ва нафъеро аз ин сафар интизор набошед ва ҳеҷ коре ҳам шуданӣ нест.  

Аммо тибқи маълумоти расида ба “Ислоҳ” Раҳмонов дар ин сафар ба хотири шартномаҳои иқтисодӣ не балки ба хотири оромона супурдани қудрат ба Рустам рафтааст ва гуфтушунудҳоеро бо пуштибонҳои Толибон, яъне давлати Қатар мехоҳад анҷом диҳад. Мумкин аст хонанда гуяд охир Қатар ба овардани Рустам ба қудрат чӣ коре метавонад анҷом диҳад ?

Бале, Қатар кишварест ҳам муносибати хуб бо Амрико ва ҳам ҳам Бритонё дорад ва муҳимтар аз ҳама давлати мавриди эътимоди Толибон ва пуштибони асосии Толибон аст ва дафтари сиёсии Толибон расман дар Қатар амал мекунад Раҳмонов мехоҳад дар ин сафар тавассути амири Қатар ба ин кишварҳо паёми худро расонад, то ин кор-таҳвили қудрат ба Рустам бе мавонеъ сурат гирад ва ҳеҷ хатаре барояш пеш наояд.

Чун, ки Русия дар муносибат бо Толибон агарчӣ ҳамеша мегуяд, ки ҳеҷ мушкиле надорад аммо дар асл мебинем, ки Ҷабҳаи муқовиматро даъват кард ва Толибонро даъват барои ташкили “давлати ҳамашумул” карда истодааст.

  Аммо посухи хело сахте аз Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи давлати Толибон гирифт, ки ин аз тирагии вазъ далолат мекунад. Раҳмонов агарчи муносибати тиҷоратии хубе бо Толибон дар заминаи энергетикӣ хоссатан барқ ва ангишт дорад, аммо боз ҳам мехоҳад мутмаин шавад, ки мабодо коре сурат нагираду нақшаи овардани Рустам амалӣ нашавад. Нақшае, ки дар ҳақиқат барои ояндаи миллат ва давлати Тоҷикистон бисёрҳам хатарнок аст. Ва инро Толибон ҳам медонанд ва чанд бор ишораҳо ҳам карда буданд, ки “ҳамашумул” талаб мекуниву худат “оилашумул” кардаӣ!

Инчунин дар масалаи тарҳҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ Раҳмонов Путинро гӯйё мутақоид карда бошад, ки бигузор ман бо Қатар тарҳҳои тиҷоратӣ имзо кунам ва Қатар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад ҳарчи бошад набошад мо мусалмонем ва метавонам арабҳоро уговорит кунам. Агар ягон хатаре аз тарафи Толибон моро таҳдид кардани бошад Қатар ба хотири манофеъи тиҷоратияш Толибонро аз фикрашон боз медорад. Раҳмонов ба Путин гуфтааст : Охир вазъияти Русия хело вазмин аст шумо дар ҷанг бо Украина қарор доред ва барои вазъи иқтисодии дохилии мо сармоягузорие кардан наметавонед, пас лутфан монеъи ин тарҳи кашидаи  мо нашавед. Гӯйё Путин гуфта бошад : “агар ба ин шакл бошад мушкил нест”. Аммо ҳамаи ин даву тозҳо маҳз ба хотири овардани Рустам ба қудрат аст.

Ҳоло фаҳмидед, ки чаро Рустам Раҳмоновро Қатар бурд?

Share This Article