Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№105

Ислоҳ нет

 Агар шумо пайваста ин барномаи «Ислоҳ»-ро мутолиа кунед, аз тамоми ҳаводис ва иттифоқоти Тоҷикистон ба хубӣ огоҳ мешавед. Мефаҳмед ва медонед, ки дар манотиқи кишвар чиҳо мегузарад, мардум чи проблема доранд, мақомоти давлатӣ дар маҳаллу музофот  бо чи корҳое машғуланд. Махсусан, ки аз ин 10 миллион аҳолии кишвар беш се миллиони он дар хориҷа аст ва дар муҳоҷирати корӣ. Ҳоли зану модарони онҳо чи  гуна аст ва занҳое, ки шавҳарҳояшон дар муҳоҷират аст чи рӯзу рӯзгоре доранд? Номаи аввали ин нашри «Номаҳо….» аз тақдири сахту сангини ҳамин гуна занҳо суҳбат мекунад:                  

                                              Хатлон

     Бародар Муҳаммадиқбол! Ин номаҳо аз шербачаҳои хатлонӣ. Мо ва шахсан худи ман барномаҳои шуморо ҳамеша тамошо мекунам. Ва худам шоҳидам, ки хеле аз масъалаҳое, ки шумо дар борааш гап мезанед, иҷро карда истодаанд. Яъне кори шумо натиҷа  медиҳад. Ман мисоли конкретӣ меоварам.

   Дар шаҳри Ҳироти Афғонистон чанд вақт пеш заминларза ба амал омад.  Шумо дар як барномаатон гуфтед, ки дар ин фалокат чанд тан ҷон бохт, ки аз миллати тоҷиканд ва чаро раиси ҷумҳур кумак намекунад? Вақте худашро тоҷику падари тоҷикҳо гуфта лоф мезанад, чаро коре намекунад? Ана ҳамин суханҳо ва барномаҳои Шумо сабаб шуд, ки инҳо баъд каллаашон кор кард. Вагарна инҳо фақат дар фикри пора ва сумро дар банкҳо ҷамъоварӣ кардан буданду ,то ҳол ҳастанд, Худо шоҳид аст. Ба воситаи маълумоти Шумо яъне пас аз инки шумо гушзад кардед ин мардуми ҷабрдидаи Тоҷикро каме ҳам бошад инҳо чанд ҳазор маводҳои хурока ва сохтмонӣ ирсол намуданд. Маълумотҳо ба “Ислоҳ” натиҷа дода истодааст. Ман ҳамчун як корманди собиқи амният кадом корҳо натиҷа надода истодаанд, ба самъи шумо мерасонам. Ин порахурӣ ва зулм бисёртар дар маҳбасҳо, масоҷид ва дар рафти облава ҳаст. Маҷбурӣ аз хонаву куча ба хизмат бурда истодаанд. Таға бозӣ, ҳилагарӣ, дуруғгуӣ, бо роҳи туҳмат кашида гирифтани моли кас дар гумрук ва дар сарҳадҳо, доруҳои қалбакӣ, ки дозааш бисёр паст аст, кори маъмулии мақомот шудааст. Ҳамчунин маҳсулоти хурокворӣ, ки дар амборҳо тонна-тона срокаш гузаштагӣ этикеткаҳояшонро иваз карда муҳлаташонро боло ва аз нав чоп мекунанд ва мечаспонанд ва ба воситаи доставшикҳо, супервайзерҳо ба магазинҳо барои фурӯш месупоранд. Соҳибони ширкатҳои машғул ба маҳсулоти хурока ҳоҷии чанд каратаанд, ки ҳамаш ёру рафиқи ин авлоди Очкамаранд. Руятон сиёҳ ба ин ҳоҷӣ буданатон.

 Якеаш язнаи худам. Дар вақти коронавирус маълум гардид, ки буданаш. Лекин Худо ҳама бандаҳои гунаҳгорашро бубахшад, аз худам сар карда.

  Саргузашти бародари балҷувонӣ. Ӯ мегуяд вақте маро дар мактаби фарзандонам ба маҷлиси падару модарон даъват карданд ва ҳамаи падару модарон дар назди дарвозаи мактаб ҷамъ шуда буданд, ки аксараш занҳо буданд. Баъзе аз ин занҳо бо сатр буданд, ки милисаи ҳамон мактаб гуфт сатрҳоятонро бигиред, баъд дароед. Занҳо гуфтанд, ки аз Худо наметарсӣ, ин хел гап мезанӣ? Мегуяд метарсам вале роҳбарият ҳамихел  приказ кардааст. Мо бояд фармонро иҷро кунем. Баъд як зан гуфт, ки фармони Аллоҳро иҷро кун. Командират як бандааст. Командират кӣ аст? Баъд гуфт «хай худат надаро, ягон мардина омада иштирок кунад». Баъд он зан гуфт, ки «мардинаҳои мо ҳама дар Русияанд, мо мисли занҳои бевазанем, гуё шавҳар надорем, мардро намебинем солҳошқатӣ, бо ин шароити бекории имрӯза духтарҳомон руймол қатӣ мактаб даромада натавонанд, занҳо бо сатр кор карда натонан, хай монен бекорҳо ақалан озод бошанд. Дар қади куча меқапен, меген сатр накнен” Милиса: « ҳами руймол банден басай охир , пойтахта ранги Эрону Афғонистону Арабистон кадаен»

Зан : «акаи милеса, мо каму беш аз дини поки ислом хабар дорем, ки ин сатри аврат ин фарзи таъкидакӣ ҳаст, ин амр аз ҷониби Аллоҳай. На фақат дар намозҳо бояд сатр кунӣ дар назди ҳар марди но маҳрами бегона, бояд доим берун бо аврат бошӣ».

Бовар кунед як намуд ин зани боҳаё милисара таълим дод, ки мо дар ҳайрат мондем. Фаҳмонд, ки медонӣ сатри таъкидакӣ чияй? Ба тарафи милиса чунин савол дод. Ин зан гуфт, медонӣ, ту ҳам низ мисли занҳо авратӣ? Агар гирем вақте ки таввалуд мешавӣ, туро дарав бо ягон лата тамоми аъзоҳоятро мепечонанд. Баъде, ки калон ва бо ақл мешавӣ,худат либоспуш, ки шудӣ бояд ба Қуръони карим чизе, ки амр шудааст аз ҷониби Парвардигор амал кунӣ, яъне ба он ихтиёр дорӣ ва дар охир агар мурдӣ онҷо ту ихтиёр надорӣ. Бо як миқдор матои сафед сатри кафанат, ки карданд, баъд таги хокат мекунанд дар гур, яъне, ки бо аврат печида мепусиву меравӣ.

Ман вақте ин суханҳоро фаҳмидам кайф кардам. Он милиса гуфт, ки рости ман ҳам безор шидаам. Вагарна ҳамин сатр чи гандагӣ дорад ва баъд ба гуноҳи худаш иқрор шуд.

Бародар Муҳаммадиқбол, ин дуюм номаи ман ва бародарони ман буд. Ҳоло сафҳои муборизҳо рӯз ба рӯз зиёд гардида истодааст. Як чиро донед. Ҳар як оилаи ҷабрдида як таъриху як саргузашти худашро дорад. Ин номаҳоро мо намояндаҳои деҳаҳои ноҳияи Темурмалик (Совети собиқ) ба шумо менависем.

Мо хело вақт аст ки бо тамоми хешу таборҳо, рафиқҳо ва наздикҳо Русияро ватан кардаем. Нодориву ноилоҷӣ дар ватан ба диламон зад. Гарчанде аксариятамон соҳиби диплом ҳастем кор дар ватан зиндагиамонро басар накард. Ватанамонро дӯст медорем. Аз наздикон аз аҳволи ватан пурсон мешавем ва мепурсем,ки биёем ё не? Мегуянд, ки ҷои гармата хунк накун, мақсад, ки наёед. Ростӣ офтоби гарми ватанро ёд кардаем. Сардии инҷо диламонро гирифтааст. Худи урусҳо ҳар тобистон се моҳа ҳар тараф, ҷойҳои гармӣ дамгирӣ ва загаркуни мераванд, худашонро ухаживат мекунанд. Мо мардуми тоҷик чӣ? Кор ҳам кунем даруни стройка ҳама битону хунук. Дар теризаҳо салафан мекашему кор мекунем. Як бадбахтияш дар сохтмон ҳамин аст ки агар як тоҷик ё узбек ягон дасташро бурид ё бемор шуд, бояд ҳамон фирма ҳама ҷиҳат кумакаш кунад. Вале мутаассифона бисёр ҳолатҳое шуд, ки тоҷик аз баландӣ афтид, ҷобаҷо ҷон ба ҳақ супорид. Баъдан моро кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои пурсиш даъват карданду гуфтанд, ки ҳамин фирмае, ки шумо кор мекунед суматонро медиҳад? Гуфтем, бале вале бо задержка ва боз савол дод, ки ҳаму фирма барои марги ҳамон навҷавон ягон кумаки пулӣ ба оилаи у медиҳад? Гуфтем не. Мо ҳозир тоҷикҳо ва узбекҳо сум ҷамъоварӣ карда истодаем, худамон равон мекунем. Баъд ҳамон корманди ҳифзи ҳуқуқ оид ба муҳоҷирон  ба мо як масълаи муҳимро маълум кард. Гуфт, ки зирак бошед. Ин ширкатҳои сохтмонӣ як роҳи дуруғро ёфтаанд. Агар шахсе аз баландошёна афтид тез гирифта дар роҳи мошин мепартоянд. Гуё вайро мошин зада пачақ карда бошад, масъулияти бехатариро бо худ намегиранд. Ин гуна ҳодисаҳо чунон бисёранд, ки ҳисобаш гум аст. Як бародари наздик, коргари давлат ба шаҳри Москва командировка омад. Мо бо ӯ во хурдем ва аз шароити Тоҷикистон пурсон шудем. Гуфт, ки дар тамоми ҳудуди ватан ман ба чанд ноҳияҳо ва деҳаҳо сафари корӣ мекардам. Гуфт, ки дар деҳаҳо мардина кам дида мешавад, ҳама занҳоянд.  Дар сари кучаҳо, дар сари замин, подабону пахтачину обкаш, ҳама занҳоянд. Ҳатто як хел ҳавлиёҳо тамомн холиянд, молу говашонро фурухта дар муҳоҷиратанд, дарвозаҳояшон маҳкаманд, ё ягон кас рафта аз наздиконашон хонаро хабар мегиранд, тоза карда боз ҳавлиро махкам карда мераванд. Баъзе хонаҳора дузд задагӣ. Ягон теризаву дару чубу тахта намондааст. Мегуӣ, ки ҳамаи он оила мурдааст, талхакаф мешавӣ, агар он ҳавлии холӣ дароӣ.

  Боз хонавайронӣ дар байни оилаҳо зиёд шудааст, ки ҳисобашро намеравӣ. Аз бешароитӣ деҳаҳо пур аз бевазан шудааст. Баъзеяшонро мепурсам, ки барои чи хонавайрон шудӣ? Мегуяд шавҳарам сум равон карда наметавонист, кудакҳо гушна. Хонаи падарам мерафтам, мехуронданд, мепушониданд. Ин шавҳарам бошад мегуфт, ки нопурсида хонаи отат рафтӣ? Ва ҳаминро баҳона карду талоқамро дод. Ин бевазан гуфт, ки ин як баҳона буд. Барои он ки дар Русия шавҳарам бо кадом зани урус соз гирифтагӣ буд. Ман сурати он беваро дида будам. Дар телефонаш як зани зебои сапсафеди бузбалаи қадбаланди фигурний. Хулоса, ки мо рӯзҳо ва солҳои дароз дар оғил, сари замин пахтачинӣ, паячинӣ, чобухкунӣ обкашӣ ва зимстон барои тайёрӣ дар хунукӣ тапаккунӣ, тарбияи фарзандҳо, ҷомашуӣ, нопазӣ, нигоҳубини молу гов. Табиист, ки фигураамон қоқи чуб,   доим буи оғил гирифтагӣ. Мардҳои мо меистанд он қадар занҳои зебо дар онҷо, буи духӣ карда мондагӣ. Баъд зан гуфт, ки мо баъзе бевазанҳо ба ҳамин бе шуиямон дар роҳи ҳақем, бераҳгарӣ намекунем. Амри маъруфҳоро гуш кардаем, аз ҳаромҳо худдорӣ мекунем.

 Вале як хел занҳо шавҳар доранд вале аз шаҳвати бисёр ба шавҳарҳояшон хиёнат карда истодаанд. Ин занҳоро медонед киҳо мерасанд? Пурисд ин бевазан ва гуфт, ки раисҳои маҳалаву ҷамоат, сумчинакҳо яъне нозирони барқу об,  милисаҳо, нимчамуллоҳои ғар, ин занҳои бевазанро мебинанду мегуянд,  ки биё бигирамат. Занҳои ҷавони бевашуда ба муйсафеду пирсолҳои раисҳо монданд дар ватан медонед инро? .Инҳо ҳар як хонаҳоро медонанд, ки дар кадом хона бевазан аст ё зани камтар зебо аст, ки шавҳарашон дар роҳи дуранд, дилҳояшонро ёфта зино мекунанд. Баъд овоза мекунанд, ки фалон зан тутоқай сараш бидеҳ, ё ҷалаб аст, фалонӣ расидаш. Кӣ моро ҷалаб кард, гуфт ин зан? Бе шароитӣ, ки мардҳояшон 5 сол дар ғарибӣ занҳо сарҳую бе саркалон монданд ва агар ҳамин мард худдорӣ кунад занонро фиреб надиҳанд, фоҳиша намешаванд.  Бовар кунед свет лимит аст. Дар шаб вақте светро мекушанд дар деҳаҳо нимишаб ин мардҳои ғари зинокор ба шикори занҳои бе шавҳаре,ки шавҳарҳо солҳост дар русияанд мебароянд.

Ин буд қиссаи ин зани бечора, ки аз маълумоти корманди давлат ки мо шунавидем.

Бародар Муҳаммадиқбол ин баромадҳои шуморо- номаҳоро баъзеяшро пештар ҳамин оилаи яъҷуҷу маъҷуҷи тоҷикистонӣ ки ҳама молу буҷети давлатро то ҳол хурда истодаанд, тамошо мекунад. Сардори оилааш як ду бор тамошо кард, говкала маззааш гурехт.

  Як вақтҳо марҳум шаҳид Умаралӣ Қувватов нисбати ин режим баромадҳо мекард. Як маротиба инфаркт қапид ва чанд нафарро кушту шаҳид кард. Ман дар дарунашон будам медонам. Ин аз куштан, аз зиндон кардан монда шуд. Дигар успед накарда истодааст. Ҳамроҳ бо қумшапакҳояшу хокзанҳояш намедонад, ки киро чи хел боз дастгир кунад ва кушад. Чунки шукри худо, ки муборизон он қадар зиёд шудаанд, ки  ҳисобашон гум.

Ана ака,  ин натиҷаи ҳақ  аст ва ин шо Аллоҳ, ки ғалаба наздик аст.

Вақте масҷиди калон кушода шуд ин қадар намозгузор ҷамъ омад, ки ҷои холӣ набуд. Раҳмонов дар эзораш тар кард. СС.Ятимов дар ин хаёл буд, ки ҳамаро инҳо гумроҳ карданд. Ин шо Аллоҳ вақту соаташ қариб омадааст, ки «қаври и режима ай решаш и халқ меканад».   

  Як хоҳиши бародарона акаи Муҳаммадиқбол. Ба муборизон расонед, ки доим дар забонашон ҳамин сухан бошад: Нест ва дафъ бод ин авлод аз сарзамини Тоҷикистон. Нисбати ин говкала дигар фикр накунед. Аз ғами фарзандонаш ин ранҷу дард кашида дунёро тарк мекунад, ҳатто хурдагиаш соз намегузарад, оҳи дили модароне, ки фарзандҳои онҳоро ба қатл расонд ҳатман мегирад.

  30 сол аз Русия ҳаррӯзи Худо мурдаи муҳоҷиронро мебиёранд. Аз ин тараф паронда мекушанд, аз як тарафи дигар дар маҳбасҳо ба воситаи заҳру лату куб мекушад. Аз ҳар гушаи ҳукумати Раҳмонов касофатию касратӣ ҳувайдо аст. Ҳозир ин оила худ ба худ соз нест. Ҳатто домодҳояш милиардер шуда даъвои Президент шавӣ доранд. Инҳо кай сер мешуда бошанд?

  Медонед дар чи ақидаанд? Боз ин домодҳо дар бораи Рустами Эмомалӣ мегуфтаанд, ки ин ҳам як бесавод аст. Тамоми ин ҳама муддат тайёраш карданд,ҳ еҷ тағйир накард. На гап зада метавонад, не таҷриба гирифт, не мудириятро мефаҳмад.

 Ин ҳам як бесавод аст. Аз руи гапашон, ки говкалара дар назар доранд. Акнун худи ин домодҳо чи хел босавод бошанд!

   Илтимос ин номаи тӯлонии дарди дилҳои ҳазорҳо ҷавони ин мардумро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед, то ҳама хубтар донанду огоҳ гарданд. 

                                        Исфара(Ворух)

    Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!
Тоҷикистонро Раҳмонов мехурад Ворухро Раҳимов Муҳаммадхон. Агар дар бораи оилаи Раҳимов нависам аз 10 нома зиёд мешавад. Вале дар бораи Рахимов Муҳаммадхон бояд бигуям.  

 Ин иблиси дупо ҳамеша шуморо ғайбат мекунад ва шуморо дар ҳамаҷо ганда мекунад. Соли таваллудаш 19.03.1972.  52 сола  мешавад. Дар таги Маҳалла зиндагӣ мекунад.   Муаллим аст. Вале 5 сол аст директор. Як писар дорад, ки Русия намеравад ва аз пушти Муҳаммадхон майишат карда мегардад. Муҳаммадхон дар мактаби 78 -и таги Маҳалла директор аст ва дар ин мактаб дарсҳои ронандагӣ барои хонандаҳои синфҳои 10 ва 11дода мешавад. Раҳимов Муҳаммадхон ин бузи амният ва чоплуси мақомот дар Ворух аст. Ба талабагони мактаб бо ноутбуки худаш филми сохтагии «Бешарафон»-ро мемонаду мегуяд мана Муҳаммадиқбол кист? Ин ҳодисаҳо як бору дубор нест. Аз ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба халқ нақл мекунаду мегуяд ин кори ҲНИТ аст ва гурӯҳи террористанд. Як корҳое мекунад, ки талабагон ва маҳалагиҳояш шуморо бад бинад. Ягон гап аз Гуруҳи 24 барояд дарав ноутбукашро оварда филмҳоро мегузорад.

  Дарс намешавад дар мактаб. 2 ё 3 соат бачаҳо дарс мехонанд. Дар мактаби 78 дарс нест. Мактаб оилавӣ шудааст.

   Раҳимов ин мактаб аз они очаат нест. Бобои Раҳимов раис буд ва заминҳои Ворухро ба як буз ва гилеми қоқма фурӯхтааст. Бародар аз дуздиҳои Раҳимов гап занӣ охир надорад. Мактаб дар 8 гектар сабт шудааст. 3 гектар дарахтзор ва ҷои кишти маҳсулот. Ин 3 гектар ба худи оилаи Раҳимов меравад ва Раҳимов бо раисҳову одамони мансабдор худашро ҷафс карда истодааст ва шуморо дам ба дам ғайбат дорад. Замине доранд, ки  ҳисобашро одам намеравад. Барои як оилаи муаллим 3 қаср сохтан ғайриимкон аст. Ин то баногуш ба ҳаром ғутидааст.                                  

                                     Исфара(Чоркуҳ)

Ассалом алейкум бародар Мухаммадиқбол! Аз Чоркуҳ менависам. Номам махфӣ бимонад. Банда деҳқон. Дар саҳро кор мекунам. Тақрибан 8 сол пеш бояд заминҳоро ба деҳқонон таксим мекарданд. Ҳамин хел гапҳо ё ин ки пешниҳодҳо буд. Бар ҳар сари деҳқон 45 сотих замин барои кишту кор медод.  Деҳқон ба давлат ҳар сол налог ё чанд центнер аз ҳосилаш бояд медод! 

Деҳқони бечора 20 ё 25 сол дар ҳавои гарму тафсон кор мекунаду на ягон маош мегирад на ягон чизи дигар. Ман худам 10  сол боз деҳқон ҳастам.12 бех дарахти зардолу дорам. Ҳосил ҳаст, нест ман 1000 сомонӣ андоз месупорам. На танҳо ман, ҳамаи он деҳқонҳое, ки ба монанди ман дарахт доранд. 

 Аммо ин раиси хоҷагии деҳқонӣ  Олимов Неъмати алкаш чи коре карду ин хоҷагии деҳқониро ба хоҷагии тухмипарварӣ табдил дод. Ҳоло бошад Олимов Неъматро аз вазифааш сабукдуш карданд. Ба ҷои вай як зан бо номи Восила раиси хоҷагӣ аст. Ин зан боинсофтар аст аз Неьмати алкаш. 3 сол мешавад, ки заминҳои корами бо об таъминро ба одамони боло тақсим карда додааст, ки ҳақи ҳалоли деҳқонҳо буд. Онҳо аз ин замин зиндагӣ пеш мебурданд, ҳам ба давлат 4000 сомонӣ пул ва боз 50% ҳосили руидаро медоданд. Бар ивази 1гектар, ки мисол, гандум, картошка, помидор ва ғайраҳо.

Ҳоло бошад ин заминҳоро: 1гектар Шаропов Бадридин пешина раиси ҷамоат, 1.5 гектар додари Қамбари одамкуш, ки номаш Акрам аст ва 1гектар Фурқати рижи, 1.5 гектар шахсе бо номи Юсуф. Писари ин Юсуф дар 6-ой отдел кор мекунад, аз худ карда ва атрофи заминҳояшонро бо симхор ва заборҳо маҳкам карда гирифтанд. Ягон деҳқон даҳон боз карда наметавонад.

Шумо дар чандин нашри барномаи Номаҳо аз Абду кабут ҳарф задед. Ин лақабаш аст. Номи асосиаш Абдурраҳмон. Соли таваллудаш 1990 фамилиаш (агар Икромзода набошад) Ҳомидов аст. Падарашро нағз мешинохтам . Икром Ҳомидов 2 соли пеш дар Русия фавтида буд.

 Аслан Абдураҳмон тарбияи падарро нагирифтааст. Чунки баъд аз издивоҷ падари Лайсиддин Шаропов ба назди худаш хона рост карда мебарад. Ин бачаи хоҳар мешавад. Ягон маълумоти олӣ ва ягон вазифа надорад. Фақат ошпази тағояш аст ва бузи шохдораш. Ҳар рӯз мошинаашро дигар мекунад. Лайсиддин Шаропов ду бародар ва як хоҳар дорад, як бародараш наркоман. Дар ҳамом кочегар кор мекунад. Як бародараш дар Хабаровски Русия соҳибкор. Лекин бузи шох дор аст. Тамоми чоркуҳиҳоро ба ФСБ мефурӯшад.  

                                    Конибодом

Дуруд бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол! Ман аз Қарақчикуми Конибодом. Якумин бор ба шумо навишта истодаам. Агар давлат барои мардуми Қарақчиқум як насос оварда диҳад, ман худам мардак барин аз канали шумо “отписаться” карда , лайкҳои гузоштагиамро боз мегирам ва шуморо то охири умр “хоин ва душмани миллат” гуфта мегардам. Бо Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда мегардам. Ва номанависӣ, албатта, бас мешавад. Ба мо 2 ё 3 насос не, танҳо 1 насос барои деҳаи Ҷаҳонзеб собиқ (Қарақчиқум) лозим ҳаст. Мо мардум ба монанди ҳамон филме, ки нишон медиҳад, чи хел дуъо мекунанд барои борон ҳамин хел дод мезанем,то ки борон бораду дарахту буттаҳо меваю замину саҳроҳои мо хушк нашавад.

Ҳоло бошад мақомот (обсофкунакҳои) ҷамоати Лоҳутиро, ки шабакаи онҳо ( Лоҳутӣ ободонӣ) ном дорад, дар Лоҳутии худашон бо ёрии муҳоҷирон насосу скваж кофта истодаанд. Хуш бар ҳолашон, аммо барои мо ин хеле аламовар аст. Аламҳоямон дар гулуямон қоқ шуда моро дар ҳолати “бистарӣ” қарор додааст.

Мақсад, Раҳмонов ба мо танҳо як насос дар деҳаамон созад, мо мардум сари ҳар хона100 сомони неву 1000 сомонӣ медиҳем барояш, ё ба муҳтарам оғои Тухтасунзода Абдусалом ва муҳтарам оғои Раҷҷабой Аҳмадзода. Мо омодаем, ки ин пулро диҳем.

Мо лаганбардор нестем вале ин корро кунад, сар қавламон меистем.  

Ин обсоф кунакҳо шарм нокарда бо пули муҳоҷирҳо деҳаи Лоҳутиро гуё, ки обод карда истодаанд. Вой бар ҳолатон! Пас, давлат чӣ кор кунад

Шумо акнун зану духтарҳои худатонро ба «бачаҳакои боло» бароварда туҳфа кунед, ҳаминаш мондааст, эй мардуми Лоҳутӣ, куҷост номусатон?!

Мақсади номаам ин аст ки бояд давлат худаш дар деҳаҳои Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеб ягон ободиву навигарӣ барои мардум кунад, на муҳоҷирҳои дворнику садовники Равшану Ҷамшути зери зулми мақомоти Рус.

Онҳо падару модар, духтару писар, зан доранд. Онҳо кадоми шуморо нигоҳ кунанд?,  

Раҳмонов моро бо насос таъмин кун!!

                                   Санкт-Петербург

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳ ҳифзу ҳимоятат кунад. Хоҳиш мекунам номаи моро дар барномаат нашр кун. Дар консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар ватсап 2 группа-гурӯҳ  боз кардаанд.  

Ягон одам аз дунё мегузарад кормандони консулгарӣ дар Санкт-Петербург пул ҷамъ мекунанд барои ҷасадро ба ватан равон кардан. Мардуми ғарибро фиреб када истодаанд. Мо, муҳоҷирҳо инҷо барои кор ва пайдо кардани ризқу рӯзиамон омадаем. Барои зиндагиамонро пеш бурдан. Аллоҳ инҳоро лаънат кунад. Валлоҳ қасам мардумро маҷбур мекунанд, ки хайр кунед, ки майитро ба ватан роҳӣ кунем. Хайри маҷбуриашро ҳам дидем.Б оз дар группаашон қонун мондаанд, ки рӯзҳои идро табрик кардан манъ аст. Гапҳои бефоида нанависед. Яъне гапҳои бе фоидааш ягон чизе ба ислом ва дин марбут буда ин гапҳои бе фоида ҳаст.Ягон хел видео роҳӣ накунед, ягон одам мурд, сурати ӯро бе иҷозати мо дар гурӯҳ напартоед. Аввал барои мо фиристед суратро мо худамон мепартоем дар гурӯҳ. Суратро мепартоянду баъд талбандагиро сар мекунанд.

Масалан ду рӯз пеш дар ин гурӯҳ : Ана ҳамин бародаре  дар акс дида истодаед дар  Москва  дилуш задаст ва аз ай дунё гузаштай, ӯ аз  ай шахри Ваҳдат да группаи консулгарии Санкт-Петербург сураташро партофтан кати номери карта шон барои сум чам кадан ана ҳамин коркунои консулгарӣ дар ҳол удалит кадан сурати мурдаро кати номери картаи гузоштагишон. Медонед барои чӣ ин корро карданд? Барои он,ки охир ин ҳаромхурҳо аз ан мурдаи  Москва пул кор када наметавонанд. Агар мардуме хайр мекарданд он маблағ дар ҳамон картае ки барои ҳамин маит  ва наздикони ӯ мегузашт. Аммо ин барои кормандони консулгарии Санкт-Петербург фойда намерасид барои ҳаму удалит кардану нагузоштанд.

Дигар аз ин далели бештар чӣ мехоҳед ?

    Валлоҳӣ ана ҳамин хел мекунанд. Ин мардуми тоҷик бовар карда сум мепартоянд боз. Дар ҳоле, ки бурдани ҷасадҳои муҳоҷиронро ройгон аст тибқи қонун. Инҳо аксу санадҳоро барои он талаб карда мегиранд, ки аз ҳисоби давлат ҳам пулҳоро барои ин кор «списат» мекунанд, ҳам аз мардум пул мепурсанд ва ҳам аз соҳибони ҷасад. Соҳибони ҷасад ҳатман барои бурани ҷасад тавассути ҳавопаймо ба консулгарӣ муроҷиат мекунанд.

 Дар консулгарӣ меравӣ, корат меафтад, бепул коратро ҳал намекунанд. Як справкаи возврашение на родину бепул аст. Вале инҳо онро мефурӯшанд. Он справка 2400 рубл аст. Мегуӣ, ки дар карта партоям, мегуяд, ки не, мо наличка мегирем. Кассаашон мондагӣ аст, аммо ягон бор кор намекунад. Инҳо пулро дар ҷайби худашон мезананд.

Мо, бародар, хелеҳоро даъват ва ташвиқ кардем,тарафи худат шуданд, мақсад тарафи ҳақиқат ва тарафи халқ ва тарафи худотарсҳо. Бисёриҳояшон ба мо раҳмат гфтанд, ки баъди барномаҳои шуморо тамошо кардан ҳақиқатро фаҳмидаанд.

Дар ҳар намозам, дар ҳар шиштану хестанам аз Аллоҳи пок талаб мекунам, ки муборизонро пирӯз гардонад ва ҳамакаса бо сари баланд ба ватанамон баргардем.

 Акнун домулло бахшиш вале ин се навори видёе,ки аз кайф кунӣ ва дамгирии кормандони консулгарии Санкт-Петербург

 Фиристодам,ки  дар дискотекаи “Хоразм” отдих доранд бо пули ҷамкарда шуда аз мурдаҳо ва возврашение на родину фурӯшӣ гузоред онро , то муҳоҷирон бубинанд. Бачаҳои Санкт-Петербург  дигар лох нашавед!                                          

                   Истаравшан

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Истаравшан ҳастам. Дар бораи масъалаи зоишгоҳ-роддоми шаҳр мехоҳам шикоят намоям. Бовар кунед дар родоми Истаравшан аз дараш даромада намешавад. Ҳукуматиҳо 4 – 5 бизнесмени калонро қапида маҷбур карда истодаанд, ки 20 ҳазор долларӣ медиҳед, набошад маззатонро мегурезонем. Ҳозир бошад аз 4/1қисми роддом аз тармим баромад. Ҳамсари амаки ман дар онҷо кор мекунанд. Мегуяд шароите фароҳам намекунанд, ки табибу парастор, умуман корманди беморхона камтар бемалол кор кунад. Занҳои навзод метарсанд, ки ба гушу бини фарзандонамон таракану ҳашарот надарояд. Ҳама занҳо шикоят мекунанд, ки Таваллудхона аз ҷойҳои зарурӣ ва муҳим аст барои занҳо. Ҳамсари амакам бечора 900- 1000 сомонӣ маош мегирад. 10 шабонарӯз кор мекунад. Янгаам бечора ранги мардикор кор мекунад. Аз фаррошӣ касалӣ шуданд дар ин зишгоҳ.
Мавзуйи дигар марбут мешавад ба масҷидҳо. Дар масҷидҳойи ҷомеъ мо ҳар ҷумъа   имоми масҷид номаш Ҷаъфари гарданғафс аст, ҷойи онки аз тавҳиду Қуръону ҳадис гап занад, номи шумора гирифта гап мезанад. Хоин мегуяд, душмани халқ мегуяд. Ҳама соати 12:50 масҷид меравад, аммо ҳеч кас гуш кардан намехоҳад суханронии имом хатибро. Фақат ваҳҳобиву салафӣ гуфта гуши ҳамара мекафонад, охир шарм ҳам чизи хуб аст.  Бо номи салафӣ ва ваҳобӣ ними ҷавонони Истаравшанро зиндонӣ кардед. Бас будагист дигар охир .
 Халқи ғаюри Истаравшанро беҳад тарсонда гирифтаанд. Мо, халқи Истаравшан дуо мекунем, ки тезтар мардуми тоҷик аз дасти ин золимо халос шавад. Бовар кунед мо оилавӣ барномаҳои шуморо тамошо мекунему дуъогӯем.

                                   Айнӣ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман намехоҳам номи ман дарҷ шавад. Ман истиқоматкунандаи ноҳияи Айнӣ, ҷамоати Анзоб мебошам. Шумо дар бораи Раҳимзода Рузибой-муовини раиси ноҳия гап зада будед. Албатта,ҳамааш рост аст. Вай мадрасаи исломиро хатм намуд.  Вай худашро дар қишлоқи Анзоб домуллову қорӣ мегирифт. Ӯ дар вазифаҳои гуногуни ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ кор кард. Ӯ айни ҳол дар Айнӣ муовин аст. Як порахури подставшик аст, ҳамаро мефурӯшад. Рамаи молаш аз 1000 кам нест. Шумо дар бораи кормандони милиса ҳам гуфта будед. Як ҳамқишлоқи мо, Рустамзода Салмон ном дорад. Падараш, ки як бузи қишлоқ буд, ҳамроҳи Прокурори вилояти Суғд Гиёев Ҷасурбек ба садама дучор шуда буд. Рустамзода Салмон, рақами мошинаш 5050PC02, тамғаи мошинаш Астра G рангаш сиёҳ, рутбааш лейтинант аст. Шояд ҳозир лейтенанти калон шуда бошад. Уголовний розиск аст. 12 сол шуд Академияи Хуҷандро хатм кардааст. Модарашро бо розигии хешу табораш баъд аз марги падараш ба шавҳар доданд. Ӯ  очаашро бад дида пеш кард. Албатта, ки худованди бузург ҷазояшро медиҳад. Ба гапи амакаш Бобохон даромада пеш кард аз хонааш. Модараш дар Русия муҳоҷир. Ин он қадар ноодам ва подставшик аст ки ҳатто ҳамқишлоқиҳои худашро шумо ба “Ислоҳ” лайк мондед, класс мондед,тамошо кардед гуфта ғам медиҳад. Дар Анзоб интернет тақрибан, ки нест. Базӯр связ мешавад. Аммо вай туҳмат карда 10.000 то 20.000сомонии одамонро мегираду мо дело намекунем, делоятро қатъ мекунем гуфта метарсонад.

Ин домоди Далер гуфтанӣ одам аст, ки бародараш Гиёев Завқибек мебошад. Ҳозир бошад Шарифзода Завқибек ном дорад, муовини прокурори Зафаробод аст. Аз пушти ҳамон мефахрад. Ҳамаи ҳамқишлоқиҳои худро подставит карда пулҳои мардум, ки аз бо ҳазоруяк азоб аз муҳоҷират мебиёранд, мегираду ман корро буд мекунам гуфта фиреб медиҳад. Дар қишлоқ, ки кор нест, аз куҷо дар давоми 2 сол соҳиби мошин шуд. Вай дар Чкаловск – Бустони имрӯза хона дорад, зиндагӣ мекард дар онҷо. Бинобар гуфти амакаш Бобохон ӯ як буз аст. Мо мардуми қишлоқи Анзоб пурсиданием, ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов ва  вазири корҳои дохила куҷоро нигоҳ мекунанд? Мардуми Анзоб хезед, акнун чашмҳоятонро кушоед, ба “Ислоҳ” нависед. Мардуми ноҳияи Айнӣ, деҳаи Анзоб гап занед. Ҳоло вақташ расидааст.

Мо дар деҳа свет надорем. Саҳар мекушанд, бегоҳ медиҳанд. Мардум тапаку ангишт месузанд. Фароз дар пеши биниамон кон дорад. Аммо ангишти худамонро б ахудамон бо нархи гарон мефурӯшад. Мардум дар азоб аст. Наметавонад тую маъракаву худоӣ кунад. Дар мо чи давраи асри сангу чи 21. Интернет аслан кор намекунад. Ман мехоҳам, ки вазири дохила нисбати Рустамзода Салмон, лейтенанти калон, корманди уголовний розиски Айнӣ чора андешад, вагарна дуои халқ мегирад ва рӯзе мерасад, ки ранги падараш ҳаром мемурад. Ҳозир хуни мардумро макида шуд. Ҳоло мехоҳад, ки ба Чкаловск ё ки Ғафуров перевод гирад. Ман ҳамаи барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Дар Русия ҳастам такрибан 6 -7 сол мешавад хона нарафтаам. Минбаъд барои шумо маълумотҳоро мерасонам. Мо, анзобиҳо безор шудаем. Ҳар вақт ки мардум хезиш кард, мо ҳатман ҳамроҳ хоҳем шуд, омодаем.

Share This Article