Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№149

Ислоҳ нет

Масъалаи хариду фуруши замин дар Тоҷикистон ба як масъалаи доғ табдил шудааст. Дар оянда ин масъала боз доғтар мешавад ва эҳтимоли саддарсадии он вуҷуд дорад, ки барои замин мардум ба тазоҳурот бархезад.

 Заминфурушӣ барои он дар авҷ аст, ки ҳоло барои раисони навоҳӣ ва ҷамоату кумитаи замин манбаъи осони даромади муфт аст. Аз тарафи дигар баъзе ноҳияҳое ҳастанд, ки барои раисон хурагаҳ надоранд ва ё хурагаҳашон имкон намедиҳад, ки пули пораи додашон барои курсии зери пояшонро бипушонад. Яке фармон мебарояду онҳо холӣ аз курсӣ ба зер меоянд. Барои ҳамин новобаста аз ҳама гуна хавфу таҳдидҳо заминфуруши асосӣ дар Тоҷикистон раисони ноҳияҳо-намояндагони Президент ҳастанд. Чунки маҳз бо имзои онҳо  замин тақсим ва дода мешавад. Номаи аввали ин барнома аз ҳамин боб ҳикоят мекунад.

                                    Қубодиён

   Ассалому алллайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам, ки сиҳату саломат ҳастед. Ман як сокини ноҳияи Қубодиён, ҷамоати Утақара Назаров деҳаи Бошқалъа ҳастам.

 Умедворам, ки шинохтед маро. Узбекзабон ҳастам. Ному фамилияамро барои шумо навиштам. Ман як чанд маротиба дар бораи мушкилиҳои Қубодиён ва худам ба шумо навишта будам.

 Боз як мушкилии дигар бар сари 5 ҳамдеҳаамон омадааст. Инҳо тарсиданд барои навистан. Вале ҳолати корро ба ман ҳикоя кар. Ва ман ба шумо навишта истодаам.

Соли 2021 як ҳамдеҳаамон номаш Юлдошев Қурбон бо замначалники милисияи Қубодиён Исозода Дилшод гуфтанӣ шахс шинос мешавад. Ин замначалник боз Қурбонро бо раиси кумитаи замини ноҳия Эмомализода Турахон шинос мекунад. Турахон ба Қурбон мегуяд, ки агар замин даркор бошад гуй аз қишлоқатон замин гирифта медиҳам. Қурбон розӣ шуда ба рафиқаш Хушатов Мардон занг мезанаду мегуяд ман бо ду одами боқуввати ноҳия шинос шудам. Бачаҳои Санкт -Петербургро гуй агар замин даркор бошад гирифта медиҳам. Сонӣ Хушатов Мардон ба чанд шиносҳояш занг мезанаду мегуяд, ки як рафиқи ман дар Тоҷикистон аз деҳа замин гирифта медодааст. Ҳамин хел ин гап дар Санкт- Петербург байни ҳамдеҳаҳоямон паҳн мешавад. Баъди як чанд рӯз 4 нафар ба назди Хушатов Мардон меояду мегуяд мо ҳар чорамон тайёр ба замингирӣ. Мардон ба Юлдошев Қурбон занг мезанаду мегуяд 4 нафар ёфтам, худам ҳам мегирам, бо худам 5 нафар. Рав бо шиносҳоят гап зан, пулашро гуй мо равон мекунем, ба мо замин гирифта деҳ. Қурбон майлаш, ман пагоҳ саҳар район мераваму ба шумо аниқ карда мегуям гуфта телефонро мекушад. Пагоҳаш Қурбон ба назди раиси кумитаи замини Қубодиён Эмомализода Турахон мераваду мегуяд, ки ман 5 нафар пайдо кардам, сотихи замин чанд сомонӣ аст, гуед ман ба онҳо гуям. Эмомализода Турахон мегуяд ҳозир якҷоя назди раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин Талбак медароем ва ҳамонҷо маслиҳат мекунем. Чанд дақиқа пас назди раиси ноҳия медарояд Эмомализода Турахон бо Юлдошев Қурбон. Раис инҳоро қабул мекунад.  3 каса маслиҳат мекунанд. Раиси ноҳия ба Қурбон мегуяд, ки 6 сотихӣ ба 5 нафар ҳуҷҷат карда медиҳам 60 ҳазор доллар мешавад: «ҳозирашда 50 ҳазор доллар кати копияи паспортои ҳамон 5 нафарро гирифта биё мегуяд, кор буд шуд боз 10 ҳазор доллари дигара метиӣ мегуяд». Қурбон майлаш ман занг зада гуям раис розӣ шавад оварда медиҳам мегуяду аз кабинети раиси ноҳия баромада ба берун ба Хушатов Мардон занг зада гапҳои раисро мегуяд. Инҳо розӣ мешаванд. Мегуянд, ки мо «тичени як хафтада пулро тайёр карда равон мекунем, ту аз пушти ҳуҷҷатои замин шудан гир. Мо боз ҳақи худатро ҳам отделни мепартоем гуфта маслиҳат мекунанд. Баъди як ҳафта Хушатов Мардон ба Юлдошев Қурбон занг мезанаду мегуяд пулҳо тайёр рафта аз хонаҳоямон бо копияи паспортҳоямон   гир. Қурбон мераваду аз хонаҳои мана ин шахсҳо пулро бо копияи паспорт мегирад:

1.Хушатов Мардон

2.Баротов Элдор

3.Имомназаров Лутфулло

4.Абдуллоев Бурӣ

5.Имомназаров Соҳиб

50 ҳазор долларро гирифта рост назди Эмомализода Турахон меравад ва мегуяд, ки «мана ман пулро овардам» мегуяду ҳисоб карда ба Турахон медиҳад бо копияи паспортҳо. Эмомализода Турахон пулро мегираду ба вай мегуяд ту дар берун баромада исто, ман ҳозир ба раиси ноҳия дода мебиёям, гуфта назди раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин Талбак даромада меравад. Чанд дақиқа пас баромада ба Қурбон мегуяд, ки «тамом корот ҳалай, рав аз пушти зиндагит шудан гир, бачаҳора раис супориш дод, корот тичени 2  моҳ ҳал мешавад.» Қурбон ҳам хуб гуфта меравад. Ба Хушатов Мардон занг мезанаду мегуяд ман ҳама чизҳоро додам, раис гуфт баъди 2 мох корҳоятон хал мешавад. Аз мобайн вақти муқараркарда мегузарад. Қурбон меравад назди Эмомализода Турахон мегуяд, ки «ака чи шуд, кор аз вақти гуфтагитонам гузашт, аз ман одамҳои пулдодагӣ пурсидестай». Эмомализода Турахон мегуяд «боз як моҳи дигар сабр кнен, мекнем, ҳамачиш тайёрай, аз вилоят як иҷозатнома мондагияй», гуфта фиреб карда инро боз обратно пас мегардонад ба хонааш. Ҳамин хел як сол мегузарад. Имруз пагоҳ карда соли 2022 ро ба охир мерасонад аммо намешавад. Нафарони пулдода аз одамони хонаҳояшон ба Қурбон ҳамроҳ карда ба ҳукумат мефиристанд. Инҳо 5-6 кас шуда мераванд. Эмомализода Турахон мегуяд, ки раис ҳозир банд мебошад. Дар ноҳия Президент омада истодааст. «Ҳозир кори ягон касро   ҳал накарда истодаем, проверка сахт рафта истодааст, сабр кунед, президент омада равад коротона ё ҳал мекунем ё ин, ки пулатона гардонда метием» мегуяд. Инҳо ба гапҳои Эмомализода Турахон бовар карда пас мегарданд. Фиръавни замон- бачаи Майрами гурсухта ҳам омада меравад, лекин на кор ҳал мешава на пулро гардонда медиҳад.

 Чанд моҳ пас Садриддинзода Бадриддин Талбакро аз вазифа мегиранд. Инҳо мебинад, ки раис аз вазифа рафт ҳамакаса ҷамъ шуда назди Эмомализода Турахон мераваду ҷанҷол мекунанд: «пулро те гардонда» мегуянд. Эмомализода Турахон мегуяд «ман пулро ба раис Садриддинзода Бадриддин Талбак додагӣ ҳастам равед аз ҳавай гиред ё ин ки гиҷое мехоҳед ариза кунед». Инҳо аз ҳукумат баромада рост ба прокуратураи ноҳия мераванд, ариза мекунанд. Котиби прокурор аризаро қабул мекунад ва ба инҳо мегуяд: «тамом аризатон қабул шуд, мо дида мебароему ба шумо ҷавобашро медиҳем». Баъди 2-3 руз хонагиҳои ин 5 касро бо ҳамроҳи Қурбо ба отдели ноҳия Иброҳимзода Камолиддин  замначалник фарёд карда ба дараҷае доду вой карда инҳоро таҳдид мекунад, ки инхо аз тарс баёнот медиҳад, ки мо ба ягон кас пул надодаем. Ва бо ҳамин ин темаро инҳо аз тарс маҳкам мекунад.

  То ҳол пулро надодааст. Дар охир як касро ёфта ба назди Эмомализода Турахон равон кардем. Вай гапҳои Эмомализода Турахонро ба мо запс карда равон кард ва ман ба шумо фиристодам. Охирон умеди мо аз Ислоҳ аст. Мо шояд натавонем, ки 50 ҳазор долларамонро бигирем. Лекин шумо чоп кунед, марду бидонад ва бинад, ки раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин Талбак ва Эмомализода Турахон дар асл чи гуна одаманд. Албатта, мо ин запси гуфтугуро ба Агентии коррупсия доданӣ ҳастем. Аммо бубинем, ки баъди нашр онҳо чи кор карданианд.

Мо узбекзабонон бо шумо ҳастем. 

                            Айнӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародари арҷманд ман барои аввалин бор ба шумо менависам. Аммо солҳост, ки сайти шуморо мутолиа мекунам. Рости гап барномаҳои Ютубиатонро гоҳ мебинам вале сайтро ҳамеша мехонам. Вақти барои тамошои Ютуб кам дорам.

Шумо дар бораи корхонаи тавлиди алюминиюми Тоҷикитон чандин мақолаҳои хуб ва пур аз факту рақамҳоро навишта чоп кардед. Ҳамаи навиштаҳои шумо дар бораи ин корхона дуруст аст. Ин корхонаро Раҳмонову Ҳасани додарарусаш ва Шералӣ Кабиров асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон ҳарому расво карданд.

 Ман солҳо дар вазроти саноати Тоҷикистон кор кардаам. Ҳоло ҳам дар яке аз муассисаҳои муштараки тавлиди тилло, ки бо Хитоиҳо аст ва ҳисоботашро ба вазорати саноат медиҳад, кор мекунам.

Чанде пеш дар газетаи Ҷумҳурият, ки моҳоро маҷбурӣ обуна мекунанд, чашмам ба як навиштае афтод, ки он таҳти унвони «ТАЛКО. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР» аз 2 майи соли ҷорӣ чоп шудааст. Ин навишта гувоҳи он аст, ки вазъу ҳоли ин корхонаи бузургтарини Тоҷикистон, флагмани саноат, ки 13 ҳазор коргар дар се баст дар он кор мекрад ва солона 450 ҳазор тоннаи арзизи хом тавлид мекард ва 45% асъори хориҷии кишварро таъмин мекард бисёр ҳам бад аст.

Бубинед, ки дар ин мақола чиҳо гуфта мешавад:

 «Дар давоми 12 моҳи соли 2023-юм, 77 адад электролизёр ба маблағи зиёда аз 105,0 миллион сомонӣ ба кор андохта шуда, барои роҳандозии 25 адад электролизёр мавод харида шудааст.
Маҳсулнокии миёнаи электролизёри алоҳида аз 975 кг то ба 1034 кг афзуда, ҳамчунин, сифати алюминийи истеҳсолшаванда беҳтар шудааст. Агар дар соли 2022, алюминийи навъи  АВ97 (97%Al) истеҳсол шуда бошад, пас, дар семоҳаи чоруми соли 2023 ба андозаи 100 фоиз алюминийи  баландсифати навъҳои А7, А5 ва  А0 истеҳсол шудааст, – иброз дошт Игор Сатторов, директори департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи гурӯҳи ширкатҳои ТАЛКО. 
Дар нақша аст, ки соли 2024 зиёда аз 96 электролизёр ба маблағи 146,2 миллион сомонӣ таҷдид ва мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Истеҳсоли алюминийи аввалия дар соли 2023-юм 66 649 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм, 4 606 тонна ё 107,4 дарсад зиёд мебошад. 
ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” дар соли 2023-юм уҳдадориҳои ҷории андозии худро пурра ба иҷро расондааст. Феълан Ширкат аз андоз қарздор нест. 
Гардиши савдои хориҷии он бошад, дар соли 2023-юм 244,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, аз ҷумла: воридот – 113,7 миллион доллар, содирот –130,6 миллион доллар.
Теъдоди умумии электролизёрҳои амалкунанда дар охири марти соли 2024-ум 211 ададро ташкил дод ва дар 3 моҳи аввали соли 2024 дар Ширкат 19 адад электролизёр ба кор андохта шуд. Соли 2024 тармим ва ба кор андохтани 96 электролизёр ба нақша гирифта шудааст.
Истеҳсоли алюминийи аввалия дар семоҳаи якуми соли 2024-ум 19 731, 75 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 4235,8 тонна ё 127,3 фоиз зиёд мебошад. 
ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» ба нақша гирифтааст, ки то анҷоми соли 2024 ҳаҷми истеҳсолро ба зиёда аз 25 фоиз афзояд. Тибқи нақшаи стратегии ТАЛКО барои соли 2024, бо назардошти корандозии электролизёрҳои нав, истеҳсоли алюминийи аввалияро то охири сол беш аз 84000 тонна, яъне, камаш 25 фоиз нисбат ба соли 2023 биафзояд. 
«Ширкат роҷеъ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи ба содирот нигарондашуда, ки дар бозорҳои дохилию минтақавӣ ва ҷаҳонӣ рақобатнок бошад, самаранок фаъолият бурда, ҳаҷми истеҳсоли онро тадриҷан зиёд мекунад».
  Як корхонаи бузургро Раҳмонов ва Ҳасан Асадуллозода ба хоки сиёҳ яксон карданд. Ҷинояти бисёр ҳам сахту сангин. Миллиардҳо долларро аз ҳисоби ин корхона ба ҷайбашон заданд. Ман тамоми умрам дар ин корхона кор кардам. Ҳама чизашро медонам. Ҳоло ба ин коргоҳи бузург дилам месузад.

Синании яҳуд раиси он буд. 450 ҳазор истеҳсол мекард. Ҳатто дар солҳои ҷанг истеҳсолаш ба ин ҳад наомада буд. Масалан то соли 2005 дар даврае, ки дар дасти Абдуқодир Эрматов  ва Аваз Назаров 420 ҳазор тонна истеҳсол мекард.

Раҳмонову Ҳасан ин корхонаро гирифтанду тамом карданд.

Аммо даҳҳо корхонаро бо номи Талко ва дар дохили завод сохта аз ҳисоби свети арзони он ба манфиати шахсиашон истифода карда истодаанд. Аммо бубинед, ки  дар шарҳи ин дуздии ошкорои пули барқ ва арзону ночиз дастрас кардани арзизи хом ин нашрия дар идомаи мақола чи менависад. Ҳамаи ин корхонаҳо, ки дар зер исмашон оварда мешавад аз они худи Раҳмонов ва Ҳасан аст:

 Ширкат ҳамкории васеъро бо корхонаҳои саноатии ватанӣ идома медиҳад. ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик”дар семоҳаи якуми соли 2024  бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶММ «Ноқили ТАЛКО», ҶСП «Ноқили Турсунзода», ҶММ «КМ ТТ ТАЧПРОФ», ҶММ «Алюпроф» ва истеъмолгарони дигари дохилиро бо 2 883,5 тонна алюминий ба маблағи  70,4 миллион сомонӣ таъмин намуд.
Дар навбати худ, маҳсулоти корхонаҳои мазкур, дар баробари интиқол ба бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар, қабл аз ҳама, ба Ӯзбекистон, Қирғизистон,Туркия ва Эрон  содирот мешавад.
Нархи миёнаи алюминий дар Биржаи филизоти Лондон дар семоҳаи якуми соли 2024-ум  2199  $ /тн-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196 $/тн кам мебошад.
Маблағи маҳсулоти молии ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» дар семоҳаи якуми соли 2024  ба 149,4 миллион сомонӣ расонда шуд, ки назар ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 32,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Маблағи фурӯши маҳсулот 143,3 миллион сомониро ташкил дод ва дар қиёс ба  семоҳаи якуми соли 2023-юм 28,6 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.
Гардиши савдои берунии Ширкат дар семоҳаи якуми соли 2024-ум  68,5 миллион доллари ИМА, аз ҷумла воридот 30,9 миллион, содирот 37,6 миллион долларро, ташкил дод.
 Дегҳо ё ҳамон электролизёрҳо дар ин мақола зикр шудааст дар Талко 3000 адад буд. Ҳамаи онҳоро корношоям карда як қисми онҳоро ҳатто барои оҳанпора ҳам супориданд.

Бовар кунед, ки аз кор уфтондани Талко яке аз сангинтарин ҷиноятҳои иқтисодии Раҳмонов аст. Талко муҳкамтарин ва раднашавандатарин далели ҷиноят ва хиёнати Раҳмонов ҳамчун роҳбари давлат аст, ки ба ин давлат кардааст!

Дуруст аст, ки Раҳмонов сартопо ҷиноят аст одамкуш, ғоратгар аст. Аммо зарару зиёне, ки аз вайрон ва нима нисфа кардани корхонаи алюминий ба давлат расонид аз садҳо миллиард доллар ҳам зиёд аст.

Ҷинояти Раҳмонов фақат сиёсӣ нест. Ҷинояти Раҳмонов заминфурушӣ, ҷинояти Раҳмонов роҳи пулакӣ, ҷинояти Раҳмонов тахриби амдии «ТоҷикАйр», ҷинояти Раҳмонов беваҷҳу беҳуда барҳам задани бонкҳо ва расонидани зарар ба халқ ва ғайраву ҳоказоҳои зиёд аст, ки онро бояд сахт ревизия ва аудит кард.

                                               Душанбе

     Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар шумораи пешинаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар бораи масҷиди Ҷарқишлоқ-Панҷруди Душанбе ва мулло Дилшод,ки навишта фиристода будам, ки чоп кардед. Сипоси фаровон ба шумо. Ва ҳоло боз як номаи дигар.

 Дар микрорайони 92-и Душанбе дар маҳалаи Ҷарқишлоқ (Панҷруд )дар масҷид дуюм ҳафта аст, ки дар намози ҷумъа оқи падарҳои ” ғамният “ ва милисаҳо омада мардумро рӯз намедиҳанд, ки мардум соз намозҳояшонро хонанд!
 Дохили масҷид пур мешавад, мардум маҷбуранд, ки аз дарвоза берун намоз хонанд. Дар бари масҷид як плошадкаи дигар ҳаст, заминаш бетон кардагӣ, примерно ягон 30/30 метр ҷояш.
Онҷо ҳам пур мешавад. Пас, мардум дар куҷое, ки ҷой ёфт намозашро мехонад!
Имрӯз 31.05.24 як оқи падари амниятӣ омад. Ба сари мардум грубий доду-вой карда сур кард, ки «да иҷа намоз нахонен». Мардум мегуянд, ки дар куҷо намоз хонем ҷой набоша?
Мегуяд, ки «мада фарқ надора, да иҷа намоз намехонен». Маҷбур кард мардумро, ки ҳама дар ҳамон плошадка намоз хонанд. Баъд як тараф рафт, мардум ҳама, Аллоҳ шоҳид аст на зан монданд, на очаву хоҳар, ки бисёриаш мегуянд “касиҳо дар бади мардум задан, специально дар назари мардум худшона бад кардестан” .
Мардумро маҷбур кард, ки «да иҷа намехонен», мардум маҷбур ждат кардан, баъд дар вақти фарзро хондан, боло ба боло дар ҳамон плошадка чанд касе ҷо гирифт, хонд. Мондагӣ ҳама дар болои хоку чангу мусор хонданд. Аз он тараф гашт омад, ки як бача ҷойнамозашро партофта суннати пеш аз фарз хонда истодааст. Оқи падар дар болои сараш истод, ждат кард, баъд як петухи милисаи лейтенантро фарёд кард, ки ждат кунад, ки он бача баъди намоз ягон ҷо наравад. Баъд аз намози ҷумъа мо суннати намози фарзро хонда истода будем. Он бача намозашро хонда буд кард, ки гирифтанду бурданаш. Баъди намози ҷумъа, бовар кунед, ки ҳама ҳақорат карданашон.
Бо истифода аз фурсат бародари Муҳаммадиқбол як хабари дигар мефиристаматон.
Ин хабари аз автобазаи парки автобусҳо рақами 1 аст. То ҷое ман фаҳмидм директораш Фирдавс ном доштааст, ва аз бачаҳакои «круг»-и гунгакмоҳи наркомани Рустами Эмомалии бачаи Майрами гурсухта буда аст. Таваллудуш 1992. Савод абсолютно надорад, «ҳоло ақл ку усун беста».
Бо як ду одам гап задам, ки гуфти гапҳо проблемаро аз дарун медонанд. Гуфтан бавар кун дуздо-дузди дар авҷ аст. Мардуми шофёрро рӯз намедиҳанд. Бо карта кардагианд, аммо план дар ҳаво. Бегоҳ, вақти планро супоридан, планро буд намекунанд мардум. Мегуянд, ки «мода фарқ надора,аз кисаи худтон плана супорен».
Вақте аз мардум пули налични мегирӣ, дар линия меоянд ҷанга мекунанд, ки пули налични нагиред. Аммо бегоҳ боз ҳамон «проблемаи плана буд накардани шофиёрҳо». Ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол, мардумро рӯз намедиҳанд, ки кор кунанд, на планро ҷамъ кунанд, аммо фақат талаб карданро медонанду тамом. Мардум мегуянд, ки бо ҳамон маоши 1800-2000 сомонии медодагиашон, намедонем, ки зиндагиро пеш барем ё плани ин ҳаромиҳоро супорем. Масалан шофиёри нав меояд, ягон моҳ кор мекунад-намекунад, ки ин проблемаҳоро мебинад, ҳақорат карда мебарояду меравад.  Мардуме, ки чанд 10 сола кор кардагианд, ҳамара аз як лаб, то сур мекунанд, то маҷбурӣ ба пенсия роҳӣ мекунанд, ё ки бо статия пеш мекунанд. Баъд он бечораҳо пенсияи 150-200 сомона ба зӯр аформит мекунанду тамом.

Автобусҳоро мегуянд бояд Т/О дар пробеги 20 ҳазор кунӣ ва  бояд маслаашонро иваз кунанд.
Вале мегуянд, ки Аллоҳ шоҳид аст 50 ҳазор мегарданд автобусҳо, баъд маслаҳояшонро иваз мекунанд. Он масла уже мазут шудагӣ аст. Боз болоӣ дар вақти иваз кардани маслаи мотор, як маслае мерезанд, ки   последний сорт меистад. Аз ҳама пасттарин масла мерезанд, барои ҳамин шофиёрҳо безор шудагӣ, аз дастаи ремонти автобусҳоро.
Ягон автобус агар вайрон шава мебинанд, ки шофиёр нест, касал ё бо ягон проблема кор набуромадааст, мегуянд рав аз автобуси ҳамон запчасти даркориро бикану гир, вайро баъд ҳал мекунем. Ана баъд вақте, ки ӯ бечора кор мебарояд, проблемаи вай сар мешавад, то инаш намерасад, то дигараш. Махинатсия бо картаҳои мардум беҳад сахт мекунанд.
Шофиёрҳо ҳам карта доштанд. Мегуянд, ки бегоҳ дар картаи як хел шофиёрҳо то чанд миллион сомонӣ пул пайдо мешавад, худ аз худ. Дар системаашон ягон сбой мешавад ё ягон чизи дигар, «дига и паро-пара мебинӣ, то ун шафиёра миёван, ки девона мешаван»!
Ба гуфтаи ин бародарҳо, аз картаи мардум ба чи махинатсияҳое пулҳояшонро   медузданд. Вагарна ин қадар миллион сомонӣ дар картаи шофиёрҳо просто так пайдо намешавад!

                         Зафаробод

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Худо умри шуморо дароз кунад ва душманонатонро хору залил гардонад. Аз Зафаробод дар бораи лоиҳакаш-архитектор, ки Ислом ном дорад гуфтанӣ ҳастам.

Ҳозир дар Зафаробод замини наздиҳавлигӣ яъне участка тақсим карда истодаанд. Аз тарафи давлат ва бе пул. Аммо руяшонро сиёҳ мекунанд. Ана ҳамин Ислом, ки як узбекзабон мебошад, ман милатчигӣ кардани нестам, то 10 ҳазор сомонӣ нагирад имзо намекунад. Ин ҳам агар шумо бо ягон шиносаш ба вай бароед, боз даҳ ҳазор коратон буд мешавад.

Агар шинос надошта бошед то 12- 15 ҳазор надиҳед имзо намекунад. Мо намедонем доду дардамонро ба, кӣ ва куҷо гуем? касе ба додамон намерсад.

Охир ҳамин корманди ҳукумат чанд сомонӣ маош мегирад, ки дар таги пояш мерседеси оинаҳояш тонировка кардагӣ ва боз бо номерҳои крутойи 92-92. Дар шаҳри Хуҷанд дар баландошёнаҳо чанд квартира дорад. Охир ин ҳукумати Раҳмонов мақомоти ҳифзи ҳуқуқии вай куҷоро нигоҳ мекунанд?

Як коргари архитектура аз як бизнесмен бештар дороиву сарват дорад. Вай худаш дар 40 солагӣ зиндагӣ мекунад. Онҷо як ҳавлии калон доштааст. Мо куҷо равем? Ҳукумат меравем ба қабули раиси ноҳия қабуламон намекунад. Чор сол мешавад, ки дар муҳоҷирӣ гаштаам. Зану фарзандамро бо тилфон мебинам. Ман ҳам мехоҳам, ки дар пеши зану фарзандам бошам. Ҳукумати ин золимҳо то кай идома мекарда бошад?

Охир мо дар Русия сум наруфта истодаем. Дар инҷо низ рӯз то рӯз нархи патенту дигару дигарашро гарон карда истодаанд. Мо пули патент диҳем, пули ҷойи хоб диҳем, зану фарзандамонро нигоҳ кунем, чи кор кунем?

  Мо 4 нафар фарзандем дар оила: 1 духтару 3 писар. Вақте ман хизмат рафтам ба ман гуфтанд, ки ба шумон участка медиҳем. Хизматро тамом карда омадам ягон чи надоданд. Айни ҳол ду додарамро яку якборагӣ хизмат гирифта бурданд. Военкоматаш ҳам як порахури дигар. Аз рӯйи қонун бояд дар як вақт аз як оила ду нафарро набаранд. Аммо дар ин режими Раҳмонов барои азобу азияти халқи камбағалу одӣ ҳама чиз мумкин будааст. Додари калониам чашмаш нағз намебинад, вале бурданд. Прокуратура рафтем ҳеҷ кас ба додамон нарасид. Худи комиссар-военком мегуяд, ки 1.500 доллар биёр мегардонам. Охир мо аз куҷо гирем ин қадар сумро?

  Ислом дар 40 солагӣ як чанд магазини хозтовар ҳам дорад. Охир ин қадар магазину хонаву мошинҳои сиёҳшиша аз куҷо? Коррупсияву прокуратураву амният куҷоро нигох доранд. Ислом боз гоҳ-гоҳ  маст шуда дар байни ҷураҳояш «ман задагӣ ҳамаша» мегуфтааст. Ҷураҳояш мепурсидаанд, ки «Ислом ту магар наметарсӣ, иқа сума мегири аз халқ?» Ин беномус боз мегуфтааст,ки «гап байни худамону кришаи ман аз боло, ман задагӣ Зуфархонашаму амнияташаму прокурорашро ҳам». Ҳамара задагӣ будаст. Дар вилоят гапи ягон кас ба вай намегузаштаст. Чунки кришааш дар республика будаст.

Share This Article