Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№98

Ислоҳ нет

    Гоҳо «гап»-ро онҳое мезананд, ки мутахассиси соҳа нестанд. Суҳбати онҳо, гапи онҳо тавре муассир воқеъ меуфтад, ки кас гумон намекард, ки аз чунин шахс чунин ҳарфҳое берун меояд. Дар номаи зер як мутахассиси арсаи барқ дар бораи мушкилоти барқ фикру андешаҳои ҷолиб баён кардааст. Аммо дар навиштаи ӯ нукоти ҷолиб роҷеъ ба паёми ахири Раҳмонов аст ки ин шабурӯзҳо депутатҳои Тоҷикистон аз Маҷлиси Олӣ гирифта то сатҳи ҷамоат ва боз ҳайати олиму адибу ва ғайра-агитбригадаҳо ташкил ва онро «шарҳу тафсир» карда истодаанд. Ин мутахассиси арсаи барқ аз он мегуяд, ки чаро дар ин Паём роҷеъ ба соҳаи пахтакорӣ ва конҳои ангишт чизе гуфта нашуд. Хонед,то бифаҳмед, ки инҷо чи гап аст?

                                         Душанбе

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Гуфтам як масаларо равшани андозам шумо гуфтед ки дар шаҳри Душанбе 275 сарнозир ҳаст. Ин рақам  иштибоҳ аст ё бо пуррагӣ  нависонда нашудааст. Сарнозир ин дар фурӯши барқ одаме аст ки дар як зеристгоҳи барқ сардор  мебошад ва якчанд назоратчӣ ҳаррӯза ҳисобот медиҳад ба сардори фурӯши барқи ноҳия. Корхонаҳоеро, ки хати барқашон аз худи зеристгоҳ мебошад ба ҳисоб мегирад. Дар Душанбе  хато накунам ҳамагӣ 30 то 35 зериисгоҳи барқӣ вуҷуд дорад. Аз ин бармеояд, ки аз  275 нафари гуфтагӣ 35 нафар сарнозир боқимондааш назоратӣ мебошад. Дар системаи фурӯши барқи тоҷик шаҳру ноҳияҳое, ки ба системаи Берлин гузаштаанд, сохти идоракунӣ  чунин мебошад. Сардори Фуруши барқи  ноҳия ё шаҳр Сарнозир ва назоратчӣ. Сардор ба киловати шаҳр ва ноҳия ҷавобгар мебошад сарнозир ба киловати зеристгоҳ ва назоратчи дар киловати истгоҳи трасформаторӣ.

Писар падарро ҳайрон кард. Як чизро боз мехостам бигуям. Рустами герчик калимаи «талафот»-ро аз калимаи «талабот» фарқ карда наметавонад. Чи тавр боз бо ташаббуси вай аз 35% ба 8 % оварда расондааст? Рақами 35% мувофиқ нест. Аз 35%-27%   =8%  мешавад. Боз депутатҳои тоҷик ин қадар ӯро таъриф мекунанд.

Худи Раҳмонов овардани сифру рақамҳоро нағз мебинад. Аммо воқеиятҳои ҳамин омору сифрҳоро ҳам аз халқ пинҳон медорад.

Дар ҳафт соли охир нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон 100% баланд шудааст. Аз соли 1991 то имрӯз бошад 1000%баланд шудааст.

 Эй каллағафси шикамдам ин рақамҳоро низ бигуед, изо накашед.

   Дар баромадаш дар бораи соҳаи кишоварзӣ сухан кард. Аммо як бор номи дар бораи маҳсулоти содиротии стратегии кишвар пахта чизе нагуфт. Барои он ки ин соҳаи асосии кишоварзии мамлакат соҳиби худашро ёфт. Дигар дар бораи ин соҳаи хоҷагии қишлоқ гап бизанӣ статяи 307 мезананд, зиндон мешавӣ. Паёмашро хондам. Дар ягонҷояш ҳарф гуфта нашудааст. Ҳатто калимаи пахта зикр нашудааст. Ва дар бораи як чизи дигар ҳам ба мисли пахта ҳисобот надод. Ин бошад ангиштсанг аст. Аҳмақи девона дар бораи саноат мегуӣ аммо чаро дар бораи конҳои ангишт гап намезанӣ, ки чи қадар коргар шуд ва чи қадар фурӯхта шуд ба хориҷа ва  ё ин ки кор дар ин конҳо чи хел рафта истодааст? То онҷое медонем ин соҳаи конҳои ангишт зери идораи оила қарор дорад ва содирот ва фурӯши он махсус ба оила таъаллуқ дорад , на ба давлату миллат.

 Бояд ҳисобот медод вале ҳисобот надод, медонед чаро ? . Чунки ҳам пахтакорӣ ва ҳам конҳои ангишт ва содироти онро аъзои оилааш комилан ғасб ва тасарруф кардааст. Аз гуфтани маълумот дар ин бора парҳез кард. Чунки ин ду соҳа ба пуррагӣ барои ин оила масраф мешавад ва инҷо пули кам не, миллиард-миллиард сомонӣ аст. Ҳамарӯза садҳо мошинҳои 20-25 тоннаи аз конҳои Айнӣ ва Панҷакент ба Самарқанд мераванду аз Масчоҳу Зидеҳу Канчоч ва конҳои водии Рашт, мисли Назараайлоқ ба Афғонистон. Ягонтои ин мошинҳо дар муҳосиботи давлатӣ на гумрук, на андоз ва на молия ва на омор сабт намешавнад. Мустақим ба суратҳисобҳои оффшорӣ мераванд. Арсаи пахтакорӣ, заводҳои пахта ва заминҳову кишоварзон дар Суғду Хатлону навоҳии тобеъи марказ ба пуррагӣ барои Ҳасан Асадуллозодаи додараруси Раҳмонов кор мекунанд. Барои ҳамин дар бораи ин соҳаҳо дар Паёмаш чизе нагуфт.

Дар баромадаш мегуяд, ки мо ду неругоҳи барқиро пурра таъмир кардем. Якеаш Сарбанд мебошад, ки 40- 50 соли дигар хизмат мекунад. Ин гапаш рост аст.  Системаи барқ бе ниҳоят хароҷоти кам дораду хизматрасонии тулонӣ. Шумо дидаед, ки ягон предмет муҳлати истифодабарияш ин қадар бисёр бошад. Мисол муҳлати истифодаи сими интиқоли қувваи барқ 45 сол вале як ҳисобкунаки барқӣ   29 сол муҳлат дорад. Аммо дар Тоҷикистон бошад ҳар сол иваз мекунанд. Мувофиқи қоидаи истифодаи қувваи барқ бояд дар 4 сол як маротиба аз лаборатория бигузарад. Дар ин ҳолат то анҷоми муҳлати истифодааш мешавад бе малол истифода бурд. Ҳозир асбобҳо дар системаи кори ин ҳисобкунакҳоро дар ҷояшон ҳисоб карда мешавад. Госстандарт бо ширкати Барқи тоҷик барои аз санҷиш гузаронидани ҳисобкунакҳои барқӣ шартнома дорад.

   Бародар дар Точикистон як идора ҳаст ба номи Тоҷикгаз, ки дар назди ж/д вокзали Душанбе –Идораи Роҳи оҳан ҷо гирифтааст. Ҳамин идора чи корро буд мекунад номаълум. Дар Душанбе идораи ҶСК “Душанбе газ” амал мекунад. Ҳозир дар Душанбе ин қадар сохтмони биноҳои баландошена рафта истодааст. Бояд расчёти истифодаи газро бигиранд. Чунки яке дар оянда дар худи Тоҷикистон ягон нуқтаи газ пайдо мешавад, ё ин ки аз ҷумҳурии ҳамсоя газ мегирем. Дар ин ҳолат дар оянда ин биноҳои навсохта чи хел оянда пайваст мешаванд, ин як масъала. Солҳои пеш, то солҳои 2007 -2008  ширкати Барқи тоҷик бо ҷумҳурии ҳамсояи  Узбекистон чунин мекарданд. Тоҷикистон дар фасли тобистон барқ медод ва Ӯзбекистон дар ивазаш газ ба Тоҷикистон медод. Он солҳо дар ноҳияи Сино  зиндагӣ мекардем, газ буд. Аммо ҳоло Раҳмонов Толибҳоро терорист мегуяду  аммо ба онҳо қувваи барқ мефурӯшад ва маблағи онро ба ҳисоби шахсиаш мегирад. Оё ширкати Барқи тоҷик ҳамон кори пешинаро бикунанд намешавад, яъне бартери барқ бо газ? Ҳама корро мешавад барои беҳбудии мардум ва сокинон кард, то осуда бошанд. Аммо агар кунанд оила осуда намешавад, пас миллат ва мардум фидои осудагии оила. Бояд Раҳмонов мегуфт:  “Оила ба пеш, оила ба пеш, на Тоҷикистон ба пеш” шиораш ҳам мисли ҳокимияташ дурӯғин аст.

                                         Рашт

 Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Пас аз нашри нома дар бораи Мулло Назриддин мардуми ҷамоати Тагобаи ноҳияи Рашт дар намозҳояшон дар ҳақат дуо мекунанд. Ман аз ҷамоати Тагобаи ноҳияи Рашт ҳастам ва мехоҳам ин номаро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» бихонед.

  Дар ҷамоати деҳоти Тагоба соли сеюм аст як бесаводе, ки мактаби миёнаро то синфи 8 хонда маълумоти олӣ надорад, дар вазифаи раиси ҷамоат кор мекунад.

Ин Муқими Раҳимҷон, раиси ноҳия як порахур аст. Пул мегираду фақат бесаводҳоро вазифа медиҳад.  

  Гиёев Алишер, як бесавод дар ҷамоат раис аст. Тамоми кор дар ҷамоати мо пулакӣ аст. Ҳатто як справка дар бораи ҷои истиқомат ва ҳайати оила 40 сомонӣ нарх дорад.

Алишери раиси ҷамоат мардумро маҷбур карда ҳар ду моҳ пули обуна мегирад. Дар ҷони халқ задааст. Ягон маърака ё туй, ё ягон садақа мекунӣ, рафта ба ин раис 300 сомонӣ медиҳӣ, баъд иҷозат гирифта мегузаронӣ. Ин раис ҳамроҳ бо ҳамон Мулло Назриддини буз ҳар мавсими даъват аз призивникҳо 1500 сомонӣ мегирад.

Дар ҷамоати мо 5 қишлоқ ҳаст. Дар ҳар мавсим 200 нафар даъватшаванда дорад. Дар ҳисоби камтарин дар ҳар мавсим аз мардум 260 ҳазор сомонӣ пул меруёнад: дар баҳор ҷудо ва дар тирамоҳ ҷудо. Бо коргарони амният ва ҳамон муллои бесаводи Назриддин як қисмашро  мехурад ва 80 ҳазор сомонӣ доляи раиси кури ноҳияро медиҳад. Ноҳияи мо барои кормандони амният Русия шудааст.

  Худи ин раиси бесавод мегуяд, ки «криша»-и ман Азизулло Соҳибов ва Шамсулло Соҳибов мебошанд. Шамсулло Соҳибовро, ки медонед-домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст:

 «Ман чи коре кунам, ягон кас фалонма хурда наметонад» мегуяд.

Худаш гуфтааст, ки ман ранги Ҷаноби олӣ кор мекунам.

  Гуфтааст «ман ҳар сол доляи раиси ноҳия  ва доляи кришама вовремия метим мара шанс метиян, ки кор кунам».

  Барои як документи хона то 20 ҳазор сомонӣ аз халқ талаб мекунад. Зиёмаҳмад Боймаҳмадович дар замини падараш хона бардошт. Ин камбағалро ғам дода то 8 ҳазор сомониашро нагирифт, бас накард.

Дар охир мехоҳам як чизро бигуям. Баъди нашри мақола дар бораи мулло Назриддин ин мулло хело ислоҳ шуд. Бародаронаш ҷамъ шуда бо вай разбор карда гуфтанд, ки моро шарманда кардӣ бо ин корҳои ҳаромат. Ҳоло хеле тағйир кардааст.

                                          Исфара

Ассалому алайкум, домулло Муҳаммадиқбол! Нома барои барномаи маъруфи “Номаҳо аз ноҳияҳо” аст. Хоҳиш, номаи маро нашр кунед! 
Ин номаро ман аз деҳаи Ворух менависам. Номаи ман на танҳо ба Ворух, балки ба тамомиТоҷикистон дахл дорад. Ин нома барои муттаҳид шудани мардуми Тоҷикистон аст. Бояд Тоҷикистон роҳбар ва раиси худро нав кунад. Ва ин золимонро бояд ҷазо диҳад.

Ҳодиса  ба мактаби 22-и деҳаи Ворух талабагони тавалдудашон 2004 дахл дорад. Роҳбари ин кудакон дар мактаб шахсе бо номи Довутхонов Ҷурабой аст. Дар ин мактаб ва ин синф  таҷовузҳои ҷинсӣ ва робитаҳои номашруъ зиёд мешавад. Суннатова Ситрора, ки мутаваллиди 2004 аст муаллим Ҷурабой таҷовуз кард. Ин ҳодисаро

 ворухиёни маҳаллаи Сари қурум ҳама медонанд. Муаллим Довутхонов Ҷурабой ин духтари ноболиғро дар соли 2016, ки ҳамагӣ 12 сол дошт дар ҳолати мастӣ таҷовуз карда буд.

  Чаро амният Довутхонов Ҷурабойи муаллимро раҳо кард? Ин мард тақрибан 72 сола аст. Ва ман ба ҳукумат гуфтаниям чаро амният ин коро пайгирӣ намекунад. Агар ин масъала ҳал нашавад худи ман ва оилаам бар алайҳи Раҳмонови диктатор мехезем ва аз тамоми одамон дар саросари Тоҷикистон даъват мекунам, ки ин матлабро ба гуши амният ва Раҳмонов расонед ва агар ҳал нашуд хезед ва бар зиди Раҳмонов пеш равед.Чаро дар мактабҳое, ки таҷовуз ба номуси духтарбачаҳои ноболиғ мешавад пайгирӣ ва тафтиш намешавад. Ман аз ҳама мардум даъват мекунам Ислоҳро дастгирӣ кунед ва бо ёрии Ислоҳ диктаторро аз по дар биёрем. Ин масъалаҳо метавонад дар оянда ҳукуматро аз по дар биёрад. Бояд диктатор нобуд шавад.

Ва, ҳоло боз ба масъалаи Ситора Суннатова барегардем. Суннатова Ситора, Гулафруз Атамова, Сабрина Ҳамроқулова, Дилангез Набиева, Барнохон ва ғайра умуман таваллуди 2004-ҳо мавриди таҷовузи ва ҳамалоти ҷинсӣ қарор гирифтанд, аммо касе аз ҳоли онҳо напурсид. Пас халқи Ворух коммент монед, то ҳамаи Тоҷикистон бохабар шавад. Мо ворухиён бояд ба ҳама корҳои ҳароми ин мақомот ва онҳое зери ҳимояти мақомот қарор доранд бубинему оромона шинем ?

                                                Дустӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо тарафдорони шабакаи шумо- «Ислоҳ.нет» ҳастем. Чунки ҳақиқат гуфта мешавад ва харомхурҳоро ошкор нишон медиҳад. Мо, як гурӯҳ ҷавонҳо аз Дустӣ ҳастем, Ҷиликули пешина. Дар деҳаи Мировой як мошшеник ҳаст, номаш Маҳмадраҷаб Абоилов. Бачаи акаи Ҳусейн. Мардум бо лақаби Ҳусейн-тентак мешиносанд. Падараш дар деҳа тракторист мебошад. Фарзандаш дар Русия кору фаъолият мекунад. Маҳмадраҷаб барои бачаҳои деҳаи Мировой праваи трактор рост мекунад. Аммо ҳамааш фалшивий баромадааст. Валлоҳӣ қасам дуруғ намегуям. Аз ҳар як кадомаш барои права 60 ҳазор рублӣ мегирад вале қалбакӣ рост карда медиҳад. Як нафараш ҳамроҳи худам буд. Дар дасти пулиси Русия хурд гирифта бурданд отдел ва 80 ҳазор ҷарима ва аз Русия барои 5 сол депорт карданд. Ҳозир Русия омад вале доғи судӣ дорад. Ҳуҷҷатҳояш рост нашуда истодааст. 

Устод, хоҳиш мекунем, ки ин номаро ҳатман қироат кунед, токи дигар муҳоҷирҳо ба доми ин мошшеник наафтанд.

                                          Конибодом 

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман мехоҳам аз дарду ранҷи мардуми қирғиз забони шаҳри Конибодом, аз деҳаи Санҷидзор, собиқ Ҷигдалик нависам. 

Дар деҳаи мо мардҳо ҳамаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд ва дар деҳа фақат пиронсолон мондаанд. Онҳо ин зимистонро бе обу, бебарқ гузаронида истодаанд. Эмомалӣ Раҳмонов оби Сирдарёро бо 3 труба ба Қирғизистон мефурӯшад, ки он трубаҳо бо канали махсус мегузарад. Ин трубаҳо дар таги пул – мост ҷогир аст, ки ҳама метавонанд бубинанд. Аммо ба шаҳрвандони Тоҷикистон умуман ҳеҷ чиз нест, на об, на барқ, на пенсияи арзанда барои зиндагии инсонвор ва на амният. 

Дар деҳаи мо ҳам ба монанди дигар минтақаҳо раиси ҷамоати баднафси облавачӣ кор мекунад. Кори ӯ фақат пул ҷамъкунӣ мебошад. Се – чор сол пеш дуздӣ ба авҷи баланд расида буд. Онҳо аз деҳаи ҳамсоя, Ҷаҳонзеб буданд. Онҳо улоқчи ё ҳамон бузкашони аспдор, ки ман маҳалли зисти онҳоро медонам, онҳо дар поён аз замини президентскийи деҳаи Ҷаҳонзеб ҷойгир ҳастанд, ки онҷоро Ҷинни-Қум, меноманд ва мо мехоҳем онҳоро санҷанд ё умуман аспҳояшонро ба давлат супоранд. Чунки мо намехоҳем зери ғорати онҳо монем. Сару садоҳое баромад, ки онҳо наводка медоданд ба говдуздону гусфанддуздон. Онҳоро, касоне,ки асп дорад дар ҷамоати Лоҳутӣ бояд санҷанд.

  Ҳоло трубаҳо ях бастаанд ва об ба манзилҳо намеояд ва танҳо обро мо аз ҳавзи хона ҳамон чоҳҳо мегирем. Дар Сирдарё моҳигирӣ манъ аст. Ин ҳақро фақат «бачаҳакои боло» доранд ва ҷиянҳои Эмин Ҷалилов. Онҳо соли навро бо фейерверкҳо – салютҳои қиргизӣ гузарониданд. Дар ҳоле, ки мардуми одӣ ҳақ надорад аз ин чизҳо истифода кунад. Илтимос чоп кунед, то ки он аспсаворони Ҷаҳонзебро генерал Абдулло Навҷавонов-сардори милисаи вилоят тафтиш кунад. Ин бачаҳакои боло бояд ин корашонро дар хонаи падарашон кунанд, на дар деҳаи мо.

Агар шумо дарди моро чоп накарда, ҷойҳои ба шумо фақат писанд шударо чоп кунед, аз ин нома ба манфиати мо ягон чизе намешавад, балки зулм аз кормандони милиса зиёд мешавад.

  Мо қирғизҳо бо бародарони суғдиамон оромона зиндаги доштем аммо Тошиеви крыса ва СС.-и шайтон ду мардуми бечораро байни бозиҳои худ қарор дод. Ман политик нестам, аммо як чизе, ки ман метавонам гуям, ин режим ба ғайр аз мардум фиребию мардумғораткунӣ, ҳеҷ коре карда наметавонад. Ва бо истифода аз фурсат мехоҳам як тактикаи ин режимро дар роҳи Конибодом -Хуҷанд ошкор намоям. Дар вақти коронавирус ГАИҳо ва милисаҳо бо газзаправкаҳои Қирғизистон, ки дар марз, дар роҳ қарор доранд ҳамкории танготанг ба роҳ монданд. Тоҷикистониҳоеро, ки аз он заправкаҳои қирғизӣ истифода мекарданд, ҳамон қирғизҳои газфурушак ба ГАИҳо Тоҷикистон ва милисаи Тоҷикистон номер ва тамғаи мошинро  наводка медоданд, ва онҳо бошанд дар роҳ онҳоро медоштанд ва штраф мекарданд ва ё  ба баҳонаи “карантин” ба 14 рӯз барои гуё  лечение ба бемористон равон мекарданд. Ин режим бо режими диктотурии Қирғизистон як аст, аммо азобро мардуми одӣ аз ҳарду тараф мекашад. Он ГАИҳо дар як рӯз хеле пули калон кор мекарданд ва кришаи инҳо шахсан худи генерал Абдулло Навҷувонов, сардори УВД-и вилояти Суғд мебошад!

Мо мардуми Қирғиз аз бародарони суғдӣ сар карда аз забон то дину расму оин ёд гирифтем, аммо барои мо имрӯз бисёр аламовар аст ки бародарони суғдии мо аз дасти Раҳмонови Ҷамшут дар ҳолати ” посылать” ё посылатьшуда қарор доранд. 

                                       Ҳоит

  Салом ба кулли ҳамватанони азиз! Ман аз Ҳоит менависам. Номаи шикоятӣ аз дасти Аббосзода Додарбеки Давлатбеки Фиръавн аст. Ин номаи мо саропо аз аз дарду ранҷ ва ноумедӣ аст. Мо медонем, ки давлатамон дар пораю судхурӣ ғарқ шудааст ва ҷинояткор ҳар як ҷинояташро пас аз дигаре анҷом дода истодааст. Ин хиёнаткорони миллату давлат ҷояшон паси панҷара аст то  мардум аз зулмашон эмин бимонад. 

  Мутаассифона имрӯз роҳбарияти боло худ дузду ғоратгар аст ва  касе нест, ки ҷилави ингуна авбошҳоро гирад. Аммо боз ҳам умед мебандем.

Додарбек Аббосзода  раиси ҷамоат неву раиси ҷинояткорон аст. Намедонем аз кадомин ҷинояташ арза кунем. Фурухтани замин, облава-сарбозгириии зуракӣ, дашному таҳқири мардум ва садҳо ҷинояти дигар.

  Додарбек бо ҳамроҳи Яхчиев Асҳобу заминсоз Шомаҳмадов Раҳматулло Идибекович замини Ҳандуллои Файзулозодаро аз Ярхич ба маблаги 25 ҳазор сомонӣ гирифта ба Сотиволдиев Холназар фурухтаанд, Ҳандулло саҳми якумраи меросӣ дорад ва бояд ҳуқуқаш тибқи Кодекси замин ҳимоят карда шавад.  

 8 сотих замини Холов Муҳамадзикриё Асадулоевичро ба Хушвахтов Рустам Ҳасанович ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ  ва ба Ҳавлоев Миҳтоҷ ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ ва падараш Давлатбек бошад ба Миҳтоҷ рафиқи нашакаш ҳастанд фурӯхтааст.

 Дар сурате, ки замини Рустам 50 сотих ҳасту се писару ду келин дорад. Миҳтоҷ се писару ду келин ва 25 сотих замин дорад. Муҳаммадзикриё 4 писару се келин ва худашу зану духтараш дар 8 сотих замин бо мушкилот зиндаги доранд. Муҳаммадзикриё нисбат ба Рустам ва Миҳтоҷ дар корҳои ободонию созандагии деҳа ва ноҳия пешсаф аст. Аз ҷумла дар шағалпуш кардани роҳҳо ва кашидани симчубу чарогоҳҳои замонавӣ ва хайри пул ба ятимону бепарасторон бо маблағи худаш. Саволе ба миён намеояд, ки чаро заминро ба писарони соҳибаш, ки масъулятпазир аст нею ба дигарон ҳуҷҷат мекунанд. Маълум аст, ки ин кор аз пушти нафси бади Фиръавн -Додарбек,ки фурушаду ба кришаҳояш пора дода соати  умрашро дар курсии ҷиноятҳояш дарозтар кунад, сурат гирифтааст.   Замини Ҷумъаи Маҳмадро, ки дар бари мактаби 2-и Ҳоит қарор дошт ва боғзор буд, ба 7 нафар якҷо бо Раҳматуллои заминсоз фурухт. Ба Наимҷони Собир ба маблағи15 ҳазор сомонӣ, Абдуллои Муллоҷон15 ҳазор сомонӣ, Шуҳрати Авзал, ки эҳтиёҷ ба замин надорад 15 ҳазор сомонӣ, Сайвалии Порсо 15 ҳазор сомонӣ, Некрузи Қобил 15 ҳазор сомонӣ, Самандар Бегиҷон 15ҳазор сомонӣ, ҷамъ 90 ҳазор сомонӣ пул гирифтаанд. Соҳиби замин то дастгоҳи президент баромад, касе ба додаш нарасид. 

   Сардори шуъбаи милиса метавонад ин ҷинояти коррупсиониро садди роҳ шавад. Вале ҳақашро гирифту худашро ба курию карӣ зад. Ҳақашро Додарбек аз замини Бурҳонов Ҳадятуллои Қаҳрамон 8 сотих замин дод. Ҳадятулло бо Додарбеку Раҳматуло ҷанҷол кард, ки заминамро нагиред, Раҳматуллои буз ӯро ба суд дод, ки хона бунёд кардааст. Ҳадятулло ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод кард ба суд ва прокурор. Ҳуҷҷатҳояш қалбакӣ мебароянд.

  Суд бошад ин муаллими бечораро 23ҳазор сомонӣ ҷарима мекунад. Вале  Абдухалилзода Садисмон аз Ҳадятулло барои ҳуҷҷатҳояш 12 ҳазор сомонӣ гирифта буд. Дар сурате, ки хонаи падари Ҳадятулло дар роҳи сел воқеъ аст.  Раҳматшоев Саймалик 8 писар ва 6 келин дорад. Панҷ писараш хизмати ватанро адо кардаанд. Дар хонааш 6 писару 4 келин ва худашу зану духтараш зиндагӣ мекунанд. Савол? Чаро ба писарони Сайдмалик нею балки ба Ҷовиди началники милиса медихад. Муҳтарам тафтишгар!  Фаромуш накун, ки ба шумо мегуянд ба чаҳор писари Сайдмалик замин додем, дуруғ мегуянд. Пеш аз соли 2014 раиси хоҷагии деҳқонии ба номи Каландар Эммуҳаммад, Маҳмадҷонов Раҳимҷон аз заминҳои дар саҳмаш буда ба маблағи 10 ҳазор доллар фурӯхта 9500 долларашро гирифтааст. 500 долларашро барои ҳуҷҷатгузорӣ накарданаш надоданд. Ва ба ду писари дигараш аз заминҳои як роҳзани дигар мисли худашон Баҳридин аз Беги сиёҳ, Яхчиев Асҳоб соли 2019 бо ваъдаи 30 сотих замин 32 ҳазор сомонӣ гирифта буд. Вале соли 2020 ба якеаш 12 сотих  ва соли 2021 ба дигараш 8 сотих доданд,

  Суоле ба миён меояд, ки чаро ба писарони Сайдмалик, ки бо фарзандонаш дар ҳама ободкориҳои деҳа саҳми арзандае доранд нею балки ба Ҷовид, ки ду сол мешавад  сад ҷиноят содир кардааст, доданд?.

  Дар моҳи рамазони гузашта Ҷовиди началник милиса Мирзоев Назруллои ҳоитиро туҳмат ва 5 ҳазор сомонӣ ҷарима мекунад. Мегуянд, ки пулро биёр, ҷонат халос. Вақте Назрулло ба мақомоти қудратӣ шикоят мекунад Ҷовидро дастгир мекунанд. Бо Асозода Давлатбек учасковийи Ясманд маслиҳат кардаанд, ки ту ба гардан гир, ман ҳама корҳоро ҳал мекунам, аммо ҳардуяшонро аз вазифа бо статя озод карданд ,вале кадом хеши Ҷовид дар дастгоҳ кор мекардааст. Баъди чаҳор рӯз боз ба курсии ҷинояташ бармегардад.     

  Замини  Давлатов Азимҷонро аз қишлоқи Беги сиёҳ Яхчиев Асҳоб гирифта ба ду шахси дигар мефурушад. Азимҷон ба мақомоти дахолатдор шикоят мекунад. Асҳоб барои тарс додани Азимҷон  мегуяд, ки дар хонаат пистолет дорӣ ва ҷояш   номерҳояшро ман медонам. Фарз кардем, ки агар дошта бошад чанд ва чи ҷиноят содир кардааст. Ту Асҳоби Қорун  пистолет надорӣ, вале аз шуъбаи милисаи Ҳоит сар карда то Fарму Нурободу Прокуратураи генералӣ делои  ту аст. Боз Асҳоб замини Маъруфи Акрамҷонро аз Ярхичи қалъа гирифта ба номи ҷиянаш ҳуҷҷат кардааст, дар сурате, ки Маъруф ҳуҷҷат дорад. Асҳоб замини Боронзода Сулаймони Пирназаро гирифта ба номи худаш кардааст. Асҳоб замини Амриддинро аз Ярхичи қалъа гирифта ба номи ҷиянаш кардааст. Асҳоб  замини  Абубакри Хушназарро гирифта ба  номи худаш кардааст. Абубакр ҳуҷҷат дорад дар дасташ. Додарбек замини Шоҳбойи Авраҳимро ба Зоиршои Нуралишо бо маблаги 9 ҳазор сомонӣ фурухтааст. Замини саҳмашро ба шуи аммааш, ки бузи раис аст, додааст. Замини Шоҳбой ҳуҷҷат дорад.

   Боз Додарбек ба номи худаш аз болои боғи Чилсолагии Ҳоит як гектар замин санад кардаву булдозери ДЭУро, ки барои роҳҳо ва проблемаҳои деҳа аст уро бурда корфармоӣ дорад. Ба  номи бузи дигараш Айёмддини Акрамҷон аз замини бараш, ки дар болои боғи Чилсолагӣ воқеъ аст як гектор ҳуҷҷат кардааст.

Замини Исмонов Абдуллоҷонро раиси танзим  Шарипов Умедҷон ба дастури Додарбек гирифта ба писари тағояш Шарипов Ҳикматулло санад кардааст. Вале Абдуллоҷон санад дорад. Додарбек барои ҳуҷҷат кардани замини Сайфуллои Муталлибҷонро 15 ҳазор сомонӣ медиҳӣ гуфту як шаб ба хонаи онҳо рафта пулро деҳ гуфтанд бо ҳамроҳи бузаш Айёмдин 10 ҳазор сомониашро Сайфулло дод. Аз Маннонов Саъдӣ барои ҳуҷҷати замин 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Аббосзода  Додарбеки Давлатбек  рузи 3- юми апрели соли ҷорӣ ба хонаи кампир зани раҳматӣ Ҷумъаи Азиз даромада бо ҳамрохи Сурхаков Исо военкомат набераашро облава карданд. Ин ҷавон аз ноҳияи Лахш буд, ба ҷамоат бурданд. Ин кампир аз 80 боло аст. Барои озод кардани наберааш фишораш баланд шуда ба идораи ҷамоат бо як азоб рафта дар ошёнаи дуюм дар назди утоқи Додарбек аз баландии фишор афтида беҳуш шуд. Дар ҳол ба ёрии таъҷилӣ хабар карданд. Саймуддини Саймуҳиддин шоҳиди ин ҳодиса навбатдор буд. Аз баландии фишор кампири бечора моҳи июн бо ҳамон аламу дард аз олам гузашт. Навори беҳушшавии кампир дар дасти наберааш Эраҷ ҳаст.

15  апрели соли ҷорӣ Додарбек рӯзи чумъа дар масҷид баромад карду баъд  дар мошинаш савор шуд хост мошинро ронад ,ки ронандааш Шодии Махаон ба у чи камбудиешро гуфт. Аммо ин мутакаббири Додарбек як шаппотӣ ронандаашро зад. Ҳама мардуми намозхон диданд.   

 Дар ҳар петиминуткааш ба коргарони ҷамоат таъкид мекунад, ки сахт кор кунанд: «медонед, ки ман чи қадар маблағ қарзидорам?!       

  Рузи16- уми май кирмаки пилларо тақсим мекарданд. Ба Ҳокимов Кароматуллои  Раҳматулло кирмак бурданд. Вай гуфт шароит надорам. Додарбекро занг заданд. Омада гуфт, ки чаро нагирифтӣ? Кароматулло гуфт шароит надорам. Падарам муаллим, худам семент мерезам. Додарбек гуфт п..й фалониоча мегирӣ. Ва ба директори мактаб Сайғуфронов Зикрулло занг зада гуфт муаллими Раҳматуллоро аз мактаб бадар кун ва ба раиси коргоҳи тавлиди сементблок Қаҳрамони Раҳмонро занг зада гуфт Кароматуллои коргаратро дигар роҳ надеҳ ва ин бадбахтони дигар ҳам супоришҳои Додарбекро қабул карданд. Додарбек гуфт акнун халос шудед, рафта кирмак нигоҳ кунед. «Равед тақсимшон кунед дар фалони очашон, ҳами кирмакҳоро касе не мега ба назди ман роиш кунед».   

Ин заррае аз зуриҳояш буд дар назди халқ. Аммо баъди паёми президент дар соли гузашта  Саймумин Ятимов ба Ҳоит омада ба мардум суҳбат карда буд.Баъди баромадан аз назди мардум дар даруни мошин ба яке аз шогирдони Ятимов Додарбек чоплусона гуфт ака ҳар шаб Ҷаноби олиро дар хобам мебинем…. Инро дуруғи худ ширинкунӣ мегуянд.

  Аббосзода Додарбек соли 2019 аз Исроилзода Сафарбек барои 8 сотих замин 8ҳазор сомонӣ гирифта буд. Соли 2021 аз замини Мирзозода Нурмуҳаммади Каримҷон, аз замини Ярхичи кала ба писари Сафарбек Бурхувалишои Сафарбек дод. Боз Додарбек соли 2021 аз ду писари Исроилзода  Сафарбек Мулобеки Сафарбек ва Нуралишои Сафарбек ба воситаи налогавики ҷамоат- Авазшо барои 16 сотих замин 20 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Боз  ин фиръавни раиси ҷинояткор Додарбеки Давладбек аз Каримҷони Раҳмуддин 32 ҳазор сомонӣ гирифтааст ва ба Каримҷон ваъдаи 8 сотих замин додааст. Нархаш40 ҳазор сомони аст. Боз 8 ҳазор сомонии дигаро мегирад. Каримҷон  барои духтараш, ки чаҳор фарзанди ятим дорад замин мехарад. Вале ин Додарбек на раҳму на имону на инсоф дорад. Вагарна, бояд аз замини хонаи худ ва падараш, ки зиёда аз ду гектар аст, бидиҳад.  

Аббосзода Додарбеки Давлатбек мехохад, ки дар Рашт райисполком шавад. Барои ҳама мардуми кишвар маълум аст ки бояд пули калон дод. Ин золим дасти гадоиро барои пул қарз кардан ба суи мардуми Ҳоит дароз кард ва пул гирифт.  Аз ин шахсон пул қарз гирифт.                                               Аз Балаев Давлатёр 20ҳазор доллар, Балаев Сорбон 100 ҳазор сомонӣ, Айёмиддини Акрамҷон 100 ҳазор сомонӣ гирифт ва пларамашро Додарбек фурухт 50 ҳазор сомонӣ, Амирҷонзода Абдурофии Азимҷон 20 ҳазор сомонӣ, Аброрзода Карими Собир 15 ҳазор сомонӣ, Низоми Исо 15 ҳазор сомонӣ, Бегиҷон  Исо15, ҳазор сомонӣ, Аҳкомиддини Хаймуддин 40ҳазор сомонӣ бо ваъдае, ки райиспалком шавам 140 ҳазор сомониат медиҳам, Саломи Тоир 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Эй шахсоне, ки худо шуморо салоҳ дидаву вазифа насиб кардааст, каме андеша кунед. Болои гарданатон сар асту дар баданатон дил. Ин ду неъматро қадр кунед ва бо имону виҷдон кор баред, нагузоред миллат аз дасти ин палидон ранҷ баранду шумо бетараф бошед. Зеро баъди аз даст додани курсӣ пушаймон хоҳед шуд, ки чаро ин гуна ҷабру зулмро садди роҳ нашудам. Аммо дар гумон аст ки ин пулҳоро ба соҳибонаш баргардонад.

     Ин Додарбек ҳамроҳи Аббосзода Ҷовидони Амир, Ҷамшеди Шоинро бераҳмона лат карда буданд. Аббосзода Қобили Ҳоким ба пора халосашон кард. Додарбеки Давлатбек ,Атохуҷаи Барот, Аббосзода Далери Амир, Борунов Зоиршои Пирназарро бе сабаб, дар рузи равшан чунон задан, ки бояд зиндонӣ мешуданд. Мутаассифона боз ҳам бо хиёнати мақомот, яъне онҳо ба амали коррупсионӣ даст задаву озодашон карданд, пора гирифтанд. Вале бидонед, ки аз чашми зарабини халқ дур намемонед ва ба гушаи фаромуши нахоҳед рафт.

 Амният, прокурор суд ва дигарон. Ин доғи судии Додарбек куҷо шуд, ки ин бе тарбияи роҳзан роҳбари мардум шуд. Ман собиқ муаллим ин ҷавонро аз хурдияш мешиносам. Ин бояд дар мактаби душвортарбия таълим мегирифт. Вале сад афсус, ки бо пора девонаҳо ба сари қудрат меоянд.  

  Абдухалилов Саисмон аз Ҳаитов Нусрат Давлатович 14 ҳазор сомонӣ гирифтааст, бояд аз Ярхич заминаш диҳад вале се  сол шуд, ки фиребаш карда истодааст. Саисмон аз Давлатов Баҳром 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст, бояд аз замини болнитса барои дорухона заминаш медод. Додарбек аз замини беморхонаи Ҳоит аз бари роҳи калони деҳа ба Мирзоев Саъдӣ, Ривоҷиддини сайёҳ фурухт ва ба Шарипов Умедҷон фурухт. Вале як араби саховатпеша бо кушишу заҳмати Ҷалоли Саёҳ дар Ҳоит барои  бунёди беморхона тасмим гирифт, вале араб ҷои беморхонаро дар ҷои заминҳои фурухташудаи  Додарбек маъқул кард,  Додарбек бошад дигар тарафро пешниҳод кард. Агар чанде, ки ҷои пешниҳоди Додарбек хубтар буд, аммо араб рад кард. Боз ҳам ноомади кори Додарбек. Моҳи июни соли гузашта сардухтури беморхонаи Ҳоит Аббосзода Шаҳбози  Муқим аз додани пораю беадолатии давлат аризаашро доду аз кор даст кашида, ба муҳоҷирати корӣ рафт. Айни ҳол дар дом правительствои шаҳри Москва ба ҷои табиби ҷарроҳи Ватан дар хизмати миллат бошад, уборшик шуда кор карда истодааст.   

 Ин маълум аст ки барои вазифа талош сар мешавад. Давлатов Баҳриддин ба Додарбек пора ваъда доду курсии Шаҳбозро талаб кард. Додарбек, раиси ҷамоати Ҳоит Баҳриддинро ба сардухтурии ноҳияи Рашт пешниҳод кард. Вай пешниҳодро қабул карда ваъдаи фармон дод. Вале Насриддини Сайҷону Балаев Акбар ин кори Додарбекро фаҳмида пешдастӣ кардаанд. Рузи панҷшанбе рафта ду гу́сфанди калон хариданду ба хонаи раиси Рашт рафта доданду Башоратро, ки табиби занона аст, пешниҳод карданд. 17500 сомонӣ пора доданд. Раиси ноҳияи Рашт Башоратро таъини вазифа кард. Суол ин аст ки чаро Насриддину Акбар ин корро карданд. Акбар ҳисобчии беморхона асту дузд. Насриддин бошад шавҳари сеюми Башорат, барои ин корро кард, ки дигар номаш дар ведомости маош рафтан мегираду худаш таксӣ задан мегирад, касе дигар ӯро халал намерасонад, ки чаро кор наомадӣ ё дер кардӣ? Ва, дар охир гуфтаниям, ки ин ҳама факту далел агар боз ҳам бовар надошта бошед пас вой ба ҳолатон ва давлату давлатдориятон.

Ps: Ин нома аз Ҳоит  оғози соли 2023 ба “Ислоҳ” расида буд аммо бо чанд далел нашраш накарда будем вале имрӯз онро нашр кардем. Нашр накардани мо далел дошт ва имрӯз ночаконда ва норезонда онро нашр кардем. Бахшиш барои таъхир дар нашр чун чанд далелашро санҷидем вақте дидем он дуруст аст онро нашр кардем. Чунин номаҳо дар мо хело зиёданд чун хело номҳо дар онҳо ҳаст бояд санҷему пас аз он нашр кунем.

Share This Article