Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет»№196

Ислоҳ нет

Нашри номаҳои шумо дар ин барнома хобу хурро аз чашми мақомдорон, ки худро болову бартар ва дастнорас тасаввур мекунанду меҳисобанд, паронидааст. Аксарияти онҳо қабл аз онки ба кор бираванд, ҳатман «Ислоҳ»-ро мебинанду мехонанд, ки боз мабодое номи вай ҳам нарафта бошад. Вале бархе аз онҳое, ки номашон зикр шуд, дар фикри ёфтани муаллиф ва нависандаи он нома мешаванд, дар ҳоле,ки бояд пайи ислоҳ ва камбуд бишаванд.

   Аммо тақозо ва хоҳиши мо ин аст, ки бештар бинависед,то ночор ба рафъи камбуд бишаванд, на дар ҷустуҷӯйи муаллиф.

                      Ёвон

   Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Шукр, ки шумо ҳастед ва ба дарди дили мардум гуш медиҳед. Ин номаи ман аз деҳаи Фурқати ноҳияи Ёвон аст. Шумо чандин маротиба дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» оиди Қурбонов Бахтиёр ва Файзалӣ гуфта будед, ки ҳамааш дуруст аст. Қурбонов Бахтиёр баъд аз барномаҳои шумо ба мисли саги девона шудааст. Аҷибаш дар он аст ки Бахтиёр ба 3,-4 одам пул ҷудо кардааст, то ки одамоне ба «Ислоҳ» мактуб равон кардаандро ёбад. Ин ша Аллаҳ ин пуле ҷудо кардаӣ дарди сарат мешавад Бахтиёр Қурбонов. Ту мардуми мактуб равонкардаро накоб, мо дар барат ҳастем. Чи коре мекунӣ, чи зулме мекунӣ ҳамаашро мебинем ва медонему агар идома диҳи мо ҳам идома медиҳем!

Шоҳрухи бародари Қурбонов Бахтиёр додараш духтари ноболиғро таҷовуз кард, аммо ягон мақомот чора намебинанд ё ин ки «намедонанд». Ана факти тайёр. Бародари дигараш Наврӯз баъд аз куштани Далер бо трактор то ҳол дар озодӣ аст. Устод шумо дар ин бора алоҳида дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» гуфта гузаштед, аммо ягон мақомот чораашонро надид, то ҳол дар озодӣ гашта истодаанд. Қурбонов Бахтиёр падари Далерро гирифта маҷбуран ба Қурғонтеппа бурдааст, то шоҳидӣ диҳад, ки Далер худаш аз трактор ғалтидааст ва онро накуштаанд. Бародарони Бахтиёр мегуянд «мо таҷовуз мекунем, ҷиноят мекунем як барбара ва гапзанша зада мегардем, барои ки кришаамон СС. Ятимов аст».

 Қурбонов Бахтиёр чандин гектар заминро, ки барои мардум заминҷо буд, гирифта боғ кардааст. Ин заминҳо бояд ба мардум тақсим карда мешуд. Ҳамин боғ ҷои майнушии ӯ аст. Ҳоло Бахтиер дар нотариуси Ёвон кор мекунад, ин чи гап аст, амният ва мақомоти Ёвон шумо куҷоро нигоҳ мекунед? 3 ё 4 маротиба шудааст, ки менависанд, чораашонро намебинед. Ин ша Аллаҳ ғолибият наздик аст. Шумо бо ин ҷиноятатон дар назди халқ ҷавоб медиҳед. Ногуфта намонад Бахтиёр ту мард набудаӣ, ту як номард будаӣ. Дар вақти марги Далер ваъда додӣ, ки ба  фарзандони ятимаш хона мегирӣ ё хона месозӣ, аммо накардӣ. Мардум ёрдам кард аммо ту не. Вазъиятро мо наззорат дорем ҳар тағийроте шуд онро менависем.

                       Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Худро бисёр ҳам хушҳол мешуморам ва аз кори кардаам розиам.Чунки шумо он навиштаҳоеро, ки аз сайтҳои нашрияҳои чопи Душанбе мегираму ба шумо мефиристам ва шумо аз нав ба чоп медиҳед, хурсанд мешавам. Шояд бо ин роҳ нашрияҳои ба нашрияҳои дарбориву ҳукуматӣ табдилшуда ба иҷрои рисолати худ пардозанд, шерак шаванд ва маддоҳиву чоплусиро бас кунанд.

Ин навбат боз аз сайти «СССР» як навиштаро бароятон мефиристам. Ин навишта воқеияти Душанбеи азизро инъикос намудааст. Агарчи СССР аз раиси шаҳр ном набурдааст, вале гуфтааст, ки натавониста истодааст. Навишта зери ин унвон «Канӣ гармӣ?» дар 13 -уми   ноябри соли ҷорӣ чоп шудааст:

«Ҳамасола сар аз 1 ноябр хонаҳои сокинони пойтахт бояд бо гармии мутамарказ таъмин карда шаванд, яъне ҳамон гармие, ки тавассути батареяҳо хонаҳоро гарм мекунад. Дар баъзе микрорайонҳои ш.Душанбе 2 ҳафта шуд, ки гармӣ ҳаст, дар баъзе минтақаҳо, хосса микрорайонҳои гирду атрофи Сирки давлатӣ бошад, ҳанӯз ҳам гармӣ нест. Масъулон тавассути ВАО дар бораи оғози мавсими гармидиҳӣ пайваста эълон медиҳанд, вале мо то ба ҳол ба гармӣ дастрасӣ надорем…

Макнуна Пирова, хонандаи фаъоли газетаи СССР аз ш.Душанбе»

                         Москва

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

 
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам ба онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доранд муроҷиат карда гуфтаниам, агар  қадру қимати худро донистан бихоҳед, пас барои имтиҳон ба меҳмонхона ё хобгоҳ (хостел) биравед ва ба як шаб иҷора бигиред. Агар ба ту иҷора диҳад ту қадр дорӣ ва агар надиҳад ту қадр надорӣ бародар ва хоҳари азиз. Имрӯз ман ба якчанд меҳмонхона ва хостел муроҷиат кардам, аммо ҷой надорем гуфт ва вақте ба наздикиҳои метрои Павелецкий рафтам, дар ҷавоб чи гуфт медонед?
Ту гражданини Русия нестӣ, ту инро гирифтаӣ. Медонед ин чи маъно дорад? Шумоён барои мо мардуми рус ҳеҷ касед. Мо танҳо барои русзабонҳо ва онҳое, ки дар инҷо ҳамчу шаҳрванди Русия ба дунё омадаанд мо онҳоро қабул менамоем. Аммо агар падар ё модараш гирифта бошад шаҳрвандии Русияро, ба ӯ низ ба иҷора дода намешавад.
Ҳаминро дар шабакаи Ислоҳ мегуфтед бовар намекардам ва ҳамеша мегуфтам, Русия беҳтар аст ва имрӯз ман дар хунукӣ маҷбур шудам дар вокзал интизор шавам ва шуда истодаам. Ба худ нақша гузоштам дар ҳамин ҳафта ба ватан биравам ва ба инқилоб бароем. Зеро ки дигар ҳеҷ пешравиро низ надида истодаам дар Русия.
Агар бовар накунед марҳамат «ба гостиница или хостел звоните и скажите или входите и покажите свою паспорт…. Вам сразу скажут у нас места нету или вы получили паспорт. Кто это слова понимал спасибо им и включайте свои мозг» 

Бародарон ва хоҳарони азиз ки бо забони русӣ сӯҳбат намудам ва интизор бошед, ки бо ҳамин гуна лаҳҷаи сухан ба Шумо ҷой намедиҳад.
Ана ин қадру қимати ману туст эй ҳамватан. Онҳое, ки тарафдорӣ аз Русия мекунед, шарм доред. Дар инҷо чем хор шудан, бароям беҳтар аст, дар ватан мубориза бубарам. Имрӯз ман аз хоби гарон бедор шудам, ки ман аҳмақ будаам, ки дар Русия худамро хор намудам.
Биёед эй ҳамватан ба ватан баргардем ва давлати худро обод намоем ва Эмомалиро ба маҳбас барем, то ки барои оянда дар Тоҷикистон дигар диктатура нашавад.
Ҳатто агар кӯдаки ширхора дошта бошед ҳам ба Шумо роҳ намедиҳад ба меҳмонхона ё хостел. Ана инро мегӯянд сиёсати духура.
Ман бо ҳамсарам ва як кӯдаки ширхора доштам, вақте ман пурсидан гирифтам барои чи мо шаҳрвандӣ дорем, аммо моро чаро моро шаҳрванд намеҳисобед? Савол гузоштам, ки бояд ба ин масъалаи нобаробарӣ нуқта гузорем. Баъд ба ман гуфт Шумо кӯдак доред ва мо қабул карда наметавонем кӯдакатонро. Шумо раҳм ба ин кӯдак ҳам намекунед гуфтам. Барои мо фармон шудааст гуфт дар охир.
Ана ҳамин тавр мо тоҷикҳо як зара қадру арзиш дар Русия надорем.
 

                            Вашингтон

Ассалому алекум бародар Муҳаммадиқбол. Барномаи 299-уми «Минбари муҳоҷир»-ро тамошо кардаму ин номаро навиштам. Бобоҳои мо аз Шуравӣ ба мо миллиардҳо доллар қарз намонданд, падарҳо ва мардҳои имрӯза ба набераю кудакҳои худ миллиардҳо доллар қарз мерос монда истодаанд ва болои он ҳама ҳазору як мушкилиро бор карда аз ин дунё меравем. Он насли нав туф мекунанд ба мо, бахшиш ба қабри насли ман баринҳо ва ман барин падарҳо. Бобоҳои мо моро ғуломи қарз, ғуломи асри 21, ғуломи зеҳнӣ монда нарафтанд аз ин дунё, аммо ҳамин корро мо карда истодаем ва дар ҳақиқат ҳама чмо-и тайёр ҳастем! Туф ба тарси мо, ки кудаку набераҳои худро ба феодалҳои асри 21, ба як авлоди ҳаромиҳо монда меравем. Ғуломи Чину табиати заҳролуд, конҳои фурӯхта, шаҳрҳои пур аз партову мушу канаву таракан монда меравем. Оби набудаву заминҳои шурзадаро монда меравем. Дар ҳақиқат боз як бори дигар туф мекунанд он насл, он кудаконе, ки имрӯз ё дирӯз таввалуд шуданд.

  Ман як дӯсти поляки профессор доштам. Ҳама вақт мегуфт, ки агар бисёр ба қафо нигаҳ бикунӣ ояндаи ту дар қафоят мемонад. Дар ҳақиқат Раҳмонов баъзеро бо фиребу ҳилла масти таърихи гузашта кард, дар натиҷа ояндаи моро дуздид ва акнун ояндаи насли наву кудакони имрӯзро дуздида истодааст. Қасам ягон майда раҳм надорам ба чоплусу порахуру порадиҳанда. Чоплус зеҳнӣ фиреб бикунад ва дигаронро масти он фиребҳо бикунад, порахур сутун ва пояи ин режим. Порахур ин ватанфурӯш, баҳри эгоизму пуриву сериву аҳли оилаи худ миллатро ба иллат меорад. Порадиҳанда ва порахур ҳарду як, ягон майда фарқ надоранд. Вайроншавии ҷомеъа, гузоштани оилаи худ болотару волотар ва бепарвоӣ. Яъне шиками оилаи ман сер ба дигарҳо тамоман пофиг. Ман кайф дорам дигарҳоро задагӣ, яъне шахсияти худро волотар ё олитар аз дигарҳо донистан, ки боз омада мерасем ба ҳамон эгоизм.

 Диоген ҳазорҳо сол пеш ба чароғ дар даст дар рӯзи рушан, дар ҳамон Юнон, дар шаҳри худ фарёд мекунад: «меҷуям, меҷуям, меҷуям…..».

  Шаҳрвандону гирду атрофаш хандакунон файласуфи мо девона шуд, дар рӯзи равшан меҷуяд бо чароғ касеро гуён механданд. Яке бо ғазаб мепурсад:  «ҳой девона киро меҷуӣ дар рӯзи равшан бо чароғ». Оҳиста нигаҳ кунон Диоген мегуяд: «одамро меҷуям».

  Мавлонои бузург ҳам гуфта буд, ки «Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр, К-аз деву дад малулам инсонам орзуст».

Ё агар файласуфону гузаштагони мусалмони худ нигаҳ бикунем, аз Гулистони Саъдиву ё Ибни Халдун, ки садсолаҳо пеш аз Адам Смит оиди андозу андозбандӣ ё чи тавр империяҳо вайрон мешавандро аз Макиавелли пештару бештар гуфта буд. Ин миллат, ин замин хаста шуд аз зулми ситамгарон! Оташи адолат, ҷустуҷуи адолат дарин сарзамин ҳатман Ватанро тоза мекунад. Нест бод зулм, нест бод тарс, нест бод ноадолатӣ!  Озодиву адолати баробаробари поянда бод!

Роҳро мардум созанд, мактабро мардум созанд, захираи дусоларо мардум бикунанд, пулу корро дар хориҷа худи мардум ёбанд, тоҷирҳо дидбонгоҳаш созанд, хонаву насосҳоро худи мардум таъмир бикунанд, трансформатору обу чароғу ноқилҳоро худи мардум бисозанд, мактабу беморхонаро аз пули мардум таъмиру навсозӣ бикунанд охир ин чи гуна давлат? Ин давлат аст ё як тоифа ва шайкаи муфтхуру хуни мардумхур?

                                  Тоҷикобод  

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ин нома аз ноҳияи Тоҷикобод ҳикоят мекунад. Аммо муаллифи он феълан дар муҳоҷирати корӣ, дар Қазоқистон қарор дорад. Бародарон аз ман хоҳиш намуданд, ки ин номаро бо шумо фиристам. Гап дар бораи чӣ меравад? Гап дар бораи он меравад, ки аз чанд вақт ба ин тараф мардуми моро маҷбур карда истодаанд, ки ба ин ва ё он корҳо, ки бояд ҳукумат ва ё ҳукумати ноҳия анҷом диҳад мардум пул ҷамъ карда он корҳоро анҷом диҳанд.

Бародар Муҳаммадиқбол дар аввал чанде аз суҳбат, балки суханҳову дастурҳои чанд чоплуси тоҷикободиро, ки дар Русия қарор доранд ва мардумро водор намуда истодаанд, махсусан муҳоҷиронро, ки барои пол-фарши мактаб пул бидиҳанд.

1)Раиси муҳоҷирати деҳа Хуршеди Убайд:

«Касое, ки барои ҳамин мактаб ана дар ҳамон сардорои группа саҳматона нагузарондед мақсад, касое, ки саҳмаша гузарониданӣ дар ҳамун сардорои гурӯҳатон мақсад ҳамун саҳматона бугзаронед. Мақсад, тезтарак ҳамин кора сар кунем, мақсад накашонемуш. Мақсад ҳамун сардорори гуруҳ, касое, ки насупоридан ҳамун як касу ду каса нигаҳ доран, ба хотири ҳамун як касу ду кас ҳамин хел кор мекаша. Ба ҳамин хотир ҳазор сум иқа пуле нест бародаро.»

2)Ҳоҷӣ Абдуқаҳҳор бригадир мебошад. Як вақтҳо раиси муҳоҷирони деҳа буд:

«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Халқи азизу гиромӣ! Хубу хуш ва ҳамакаса тинҷед, алҳамдуллилоҳ. Дар масъалаи ҳамин полои мактаб меге, ки кафел менем, мақсад, ки кафел болош як свойстваи утари лакборе чиз дора. Дар ҷои промишлени намешавад. Да хона мо ҳамин качестваи хубша гирифтем задем, ҳамин нархи хубша гирифта будем, ҳамун авраҳода задабудемшон,серавно нигаҳ менӣ, иқаҳакӣ иқаҳакӣ уже ҳамун болошн чизшун паридаст-сиршон. Бо полавойша пол гирифа будему стенавойша стенавой. Агарки керамагранит бигирӣ бизанӣ пола мешава. Мисол 2 сантиметраша, се сантиметраша. Уҷа промишлени ҷояй. Одами бисёр мерава меояд. Баъд хай вазъи хунукии мактаб кафел худуш хунук меоя, як об камкамак кафел бошад бизанӣ ов ях куна ё мардум дар ҳамун зимистон бдроян буброян ях мена уфтодану шикастани дсту пову ҳамин чиз бисё мешава. Барои ҳамун агар мисол бегранита, утарира у сумои шумо суми бисё даркор, ки брасад. Мақсад у сум намерасонад, беуқара. Ай ама ҳамун варианти беҳтару хубтараш барои ҳамон шароити ҷои зисти мо полавой полай. Мақсад, ки доска. Ҳамин сеюнимак доскара бигиран ё ки чора бигиран душ намешавад, ду нагиран, ки ду намешава. Ду барои пол намешавад. Тахтаи ду эканом кунӣ, бигирӣ пол гуӣ бузанум у намешава. Фақат ҳамун чанқае мешавад ҳамун чор ё ки ай ҳамун сеюним бигиран бизанан хай краскаш менем. Бо агар ба шарте имконият бошад камтар минаватай пинватай кунан, ё ки ай ҳамун реги сух  трақои ҳамуна пур кунан беҳад хубу беҳ мешавад. Хай аку иша бо худтон фигр куне бо фикри халқ чизе,ки болоӣ кунад».

Ин ҳоҷи Абдуқаҳҳор яке аз бузҳои Мустаон аст. Ваҳҳобов Мустаон Илёсович раиси деҳа мебошад. Ҳоло инҷо ба идомаи суханҳои Авқаҳҳор мутаваҷҷеҳ бишавед:

 «Ҳамин мардум агар ба шарте ҳамин чира бигиран ҳамаи фарзандои ҳамамон мехонан. Ҳамувора як доскаи намунавӣ кунан барои именно ҳамин кори мактабда. Тамоми мардуме, ки ҳиссагузорай номша бинависан, отделно касе, ки ҳисса нагузоштаст да як ҷо ба ҳарфи сурх бинависаншон, да як таблитса ташкил кунан, бинависан пускай. Касе ҳисса намегузорад да як таблитса кунан, бугзаронаншон ҳамита барои мисол допустим Саъдӣ супорид, ҳоҷӣ насупорид, Маҳмакабир насупорид, фалонӣ насупоридашон ва сурх ба ҳарфи сурх бинависан, калон -калон кунан монаншон да даруни мактаб. Ҳамун фарзанди ҳамун одаме, ки сум насупоридаст брава бина, ки падараш сум насупоридаст акаш сум насупоридаст  чи хел мешуда бошад ҳамин».

Мустаони раиси деҳа нафари барои мардум золим аммо барои мансабдорон лагнабардору хушомадгу мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар тамоми манотики Тоҷикистон вақте ягон меҳмон масалан: президент ё ягон мақомдори баланд меҳмон мешавад, албатта, ки меҳмондории он меҳмонҳои номуҳтарам бар зиммаи соҳибкорон аст «Маҷбуран,албатта». Инчунин дар райони мо ҳам мутаассифона, ҳамин тавр аст.
Назди масҷиди ҷомеъаи деҳаамон мағозаи «Суҳроб» аст. Ин раиси номуҳтарам (Мустаон) ба магазин медарояду мегуяд: «ай боло супориш шидай районда, меҳмон меомадай 500 сомонӣ ҷам кардан даркор». Даруни магазин як шахси каме ҳам ҷасур, ки номашро нагирем беҳтар аст, тарафи магазинчи мегарда мегуяд, ки «О,шумо то кая ин хел бо тарс зиндагӣ мекунед?Камтар садоятонро баланд кунед, то кая шикамои меҳмонои района сер мекунед?» Баъди ин гапро гуфтан раиси деҳа девона шуд, гуё, ки токаш зада бошад. Як намуд ин бечораро ҳақорату дашном кард, ки забони кас намегардад. Гуфт: «ҳами гапта агар ягон милиса ё амният шунавад аз Тоҷикистон гумат мекунанд». Онҷо мардуми деҳа зиёд буд ва аз фурсат истифода бурда каме «фаҳмондадиҳӣ» карду гуфт: «ҳарчи мегуянд, бояд хуб гуем. Солҳои 92 ҳам ҳамин хел гарданғафсӣ кардем, ана чи шуд? Аз дастамон чӣ омад? Ҳеҷ чиз! Ҳозир ҳукумати соли 1992 нест. Ягон гап мегуӣ меаранду турмат мекунанд».

  Ҳама мардуми деҳа талхакаф шуд. Ана ҳамин хел мардумро аз ҳукумат метарсонад. Боз ба дили худ муҷоҳиди пешқадами шайх буд дар вақташ. Садқаи муҷоҳидӣ шавӣ.

Боз аз як ҳаромхурии дигари Ваҳҳобов Мустаон Илёсович :
Каме дуртар аз деҳа як куҳи чарогоҳ дорем бо номи «Қуруғ». Ҳама мардуми деҳа аз онҷо алаф барои чорвоҳояшонро ҷамъоварӣ мекунанд. Қариб, ки ҳар сол аз ҳисоби ҳар як хоҷагӣ барои таъмири роҳи онҷо пул ҷамъ карда мешавад. Як рӯз як шоҳиди зинда, ки худаш хонабахона пул ҷамъ мекард, гуфт ин пуле, ки ҷамъ мешавад, бахудо қасам 40 фоизаш дар таъмири роҳ сарф мешавад, мондагиаш дар дасти ҳамин раис (Ваҳҳобов Мустаон Илёсович ) мемонад.
Чи хеле, ки дар боло гуфтем бисёр шахси донову зирак аст. Масалан барои ягон кори деҳа маҷлис мегузаронад мегуяд барои фалон корро кардан пул бояд ҷамъ кард. Мардуми деҳа ҳама бошад «аҳсан, аҳсан» мегуянд ,раисамон дар фикри пешравии деҳа аст. Лекин сад афсус, ки мардум намедонанд, ин пули ҷамъ кардаашон ҳато нимаш ҳам сарф намешавад.
Боз як мисоли равшан: пеш аз сентябри ҳамин сол (2024) барои таъмири мактаби рақами 13- деҳа аз муҳоҷирон аз 1000 рубл боло ҷамъоварӣ шуд. Охир, э, раиси номуҳтарам чи хеле ки дар вақти директориат қопчаҳои орду равғану кумури мактабро ба хонаат мебурдӣ, ҳамон хел худат таъмир кун! Ё бигзор аз буҷаи давлат таъмир шавад! То кая хуни мардумро мехуред?
 Дар охири номаам аз шумо бародари гиромӣ як бори дигар хоҳиш, ки ба мардуми ғафлатзадаи Тоҷикобод камтар хитоб кунед, то бедор шавнад, тарсро аз дилашон дур кунанд ва нависанд аз мушкилиҳояшон.

Share This Article