Мо, на як бору ду бор аз таъсири номаҳои нашршуда дар «Ислоҳ.нет» гуфтаем ва аксарияти хонандагон мо ҳам огоҳанд, ки мақомот ҳатман дар зери таъсири ин навиштаҳо даст ба амал мешаванд. Чун чораи дигар надоранд. Агар онҳо даст ба амал нашуданд, боз дигар мақомот дар пайи таҳқиқу ҷустуҷӯ хоҳанд шуд.
Номаи аввали ин нашри барнома ба таъсири номаҳои нашрнамудаи мо дар бораи ноҳияи Вахш аст. Муаллиф менависад, ки танҳо баъди чопи силсилаи номаҳо аз кору бори Қурбонлӣ Юсупов, раиси Вахш, ки бо номи Қурбони бех машҳур аст баъзе тағйиротҳо сурат гирифта истодаанд.
Вахш
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Вахш хабарҳои хуш дорам. Умедворам, ки сиҳату сарбаланд бошед. Мо аз Шумо миннатдорем, ки номаҳои моро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой додед. Ҳамон арзу шикояти мо нисбати беқонуниву беадолатӣ аз тарафи мақомоти ноҳияи Вахш, алалхусус шахсан Қурбони бех, ки дар чандин барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп шуданд, натиҷаи мусбат дода истодааст. Дар воқеъ дар ин ноҳияи бесоҳибу беқонун қариб моро аз хона бе хона карда буданд. Омада тез -тез огоҳ кардаву ҳатто угрожат карда мегуфтанд, ки «форатон на форатон бояд шумо хезен. Чунки хонаҳотон дар генплан ғалтидай, бо як лафзи тунд рафтори авбошӣ, таҳдид мекарданд, фақат ҳамчун огоҳӣ медоданду мерафтанд». Мо надонистем дигар ба куҷо шикоят кунем, дар ин давлати беқонуну бе ҳукумат.
Ба ҳама маълум аст, ки чи гап аст дар ин давлат. Аммо мо мардуми маркази ноҳияи Вахш зуд ба шумо муроҷиат кардем. Шумо ин дарду давои моро дарав бо мақола дар сайт ва бо навор дар Ютуб паҳн кардед. Ин кори шумо ба манфиати мардуми Вхш анҷом шуд.
Ҳоло инҳо аз ин корашон даст кашиданд, аз ҷумла худи Қурбони бех. Чапа кардани хонаҳоро манъ карданд. Гуфта буданд, ки ҳеҷ кас хона фурӯхта наметавонад, ин хонаҳо ҳамааш мехезад. Вале баъди баромадҳои мардум ва шикоятҳои онҳо дар «Ислоҳ» омада гуфта истодаанд, ки кадоме хона мепушад, сохтмон мекунад чи коре мекунад бикунад. Хонаҳоятон намехезад. Хулоса, ҳама чиз иҷозат ва қоидавӣ шуд, ин албатта, резултати кори «Ислоҳ» аст.
Хабари дигар ин аст ки замине ки Темур бо архитектура шурӣ -мурӣ карда буд ва мехостанд, ки бигиранд, вале аз боло Темурро гуфтаанд, ки «под вопрос», «заминат ҳозир подвопрос аст». Ҳозир ҳама корҳояш тишина шуд. Слишком кашаи бад шудагӣ буд ,шумиха хеста буд, аммо яку якбора тишина ва сукути мутлақ шуд. Вагарна ӯро гуфта буданд, ки «сад фоиз ба манфиати ту ҳал шудааст». Мақсад навиштаҳои Ислоҳ резултат доданд, резултати беҳтарин. Все равно доранд тарсу ҳаросу нигаронӣ. Қурбони бех-Қурбон Юсупов, раиси Вахш, императори Вахш ҳозир сахт нохушу ноором шудааст. Кадом сигнале аз боло шудагӣ аст. Шояд ба наздикиҳо мегирандаш.
Маскав
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Бародар мехоҳӣ, чоп кун намехоҳӣ чоп накун. Шояд ин гапҳои навиштагии ман барои шумо афсонаву қисса намояд. Аммо хоҳиш мекунам, ки ҳамин навиштаи мар обо диққат хонед, агар афсона намояд ҳам чоп кунед. Одамҳои зарурӣ мефаҳманд, ки ман кӣ ҳастам ва то куҷо гапҳои ман афсона ё ҳақиқат аст. Бигзор, барои шумо афсона намояд ҳам шумо чоп кунед.
Ман чи гуфтаниям?
Яке аз роҳҳои қочоқи маводди мухаддири Афғонистон ин аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон ва сипас ба Туркияву Русия ва шаҳри Грознийи Чеченистон аст. Гурӯҳҳои махсуси ҳукумати Русия инро фаҳмидагианд. Дар пушти ин қочоқчиҳо Путин ҳам истодааст. Кураторони ин борҳои қочоқии маводи мухаддир, ки озариҳоанд дар Туркия мешинанд. Дар ин корҳо Раҳмонов ҳам қӯш аст. Инҳо наркотикро бо роҳҳои обӣ ба Туркия ва Эрон ва аз онҷо ба Аврупо мегузаронанд. Қаламрави заминӣ ва обии чандин вилояти Русия дар тиҷорати наркотик истифода мешаванд.
Ман ҳатто як вазири Кремл, яъне Русияро медонам, ки як наркобарони калонеро дар ноҳия Панҷ кришават мекунад. Ин наркобарони калон бо афғонҳо робитаи зич дорад ва бо Зоири домоди Раҳмонов дар як гурӯҳанд.
Юсуф Раҳмон, ҳозир котиби Шурои амният ва пештар Прокурори генералии Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо, вазири пешини мудофиа, инчунин як корманди калон ё худи консули Тоҷикистон дар Туркманистон ҳамааш дар ин тиҷорат связ доранд.
Сергей Шойгу, генерали Русия, собиқ миноборон ва ҳоло дабири Шӯрои амнияти Русия, одами наздиктарини Путин ҳамаи ин масирро контрол мекунад.
Ин роҳи қочоқ ва ин гурӯҳро ФСБ-и Русия ва баъзе аз хадамоти ҷосусии кишварҳои аврупоӣ ва Амрико ошкор кард.
Барои ҳамин ин нафаронро аз вазифаҳо ҳам дар ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам дар Русия озод карданд. Ҳатто офиси инҳо дар Душанбе кушода шуда буд ва тавассути интернет ҳазорҳо кило маводи мухаддир мефурухтанд. Яке аз наркозбитчикҳои калони ин гурӯҳро моҳи июн дар Астанаи Қазоқистон қапидагианд. Маълум шуд, ки ин нафар яке аз посредникҳои асосӣ будааст. Ин одам аз одамони Юсуф Раҳмон, аз Хуҷанд аст шахси наздик ба Наврӯз Валиев. Вай бо мошинҳои военний борҳоро интиқол медодааст. Номаш Ҳандалаев Шобуддин, аслан кулобӣ вале дар Хуҷанд хонаву дар доштааст. Ҳозир дар СИЗОи амнияти Қазоқистон дар Астана аст.
Шумо бубинед, ки ҳамин нафарҳои номашон гирифта чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Русия аз вазифаҳо гирифта шуданд, аммо вазифаи нав гирифтанд.
Бародар, агар битавонӣ, як бор барои худат пурс, ки моҳи ноябри соли 2023 бо роҳбарии яке аз сардорони СУ-следственний управленияи ФСБ (по особо важним делом) дар Челябинский область ва Москва чаро Тоҷикистон рафтанд ва бо чанд нафар аз наркобизнесҳо, ки қапида буданд, саволу ҷавоб карданд? Ва, ҳоло он наркобизнесҳо куҷо шуданд?
Тоҷикбачаҳоеро, ки аз тюрмаҳои Русия ба ҷанги Украина ба хотри озод шуданашон мераванд, ҳукумати Русия-ФСБ приглашатон мекунад барои рафтан ба Сурия ва Афғонистон через ҷанги Русия ва Украина. Худашон роҳ мекушоянд, мегурезонандашон, как будто гурехтанду рафтанд тарафи Украина ва ҳамон тавр мераванд Европа аз онҷо ба Сурия ва Афғонистон.
Ин корҳо дар тюрмаи вилояти Курск тарҳрезӣ шуд. Бо ин роҳ Раҳмоновро маҷбур карда истодаанд барои ҷалби маҷбурии тоҷикҳои муҳоҷир ва зиндониҳои тоҷики Русия ба ҷанг дар Украина.
Раҳмонов ба онҳо ултиматум монда гуфт, ки бо як шарт: аввал бояд онҳо паспорти Русия гиранд то Европа давит накунад, ки чаро тоҷикҳо ёрдам мекунанд, ҳамчун наёмник? Ҳозир Европа ҳиҷчӣ гуфта наметавонад. Дуюмаш инки Раҳмонов аз ҳар як тоҷики рафтагӣ протсенти худашро гирифта истодааст. Ва шарти сеюм ин аст ки инҳо бояд зинда аз ҷанг барнагарданд, чунки инҳо ҷангдида шудаанд барои ҳамин ҳамаи онҳо бояд кушта шаванд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Гап хеле бисёр аст. Вале хоҳиш мекунам, ки ин навиштаро нашр кун, идомаашро боз менависам.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Дар бораи як нафар барои шумо маълумот медиҳам. Ин нафар Мансур Неъматов ё чи тавре,ки худро диҷей Алладин кличка мондааст, шавҳари Шабнами Собирӣ ва нафари бовариноки Исмоили Пингвин мебошад. Аммо Исмоили Пингвин дарак надорад, ки дар ин қадар соле, ки Мансур Неъматов бо уст, чи қадар изофанависиҳо ва Алик -маликҳо кардааст.
Мансур Неъматов нақшаи бо Исмоили Пингвин часпонданро аз хеле дер мекашид ва ниҳоят часпонда тавонист. Мансур Неъматов бисёр рубоҳи маккор аст. Вай барои ба мақсадҳояш расидан занаш як тараф истад, худаш таи любой кас хам мешавад. Мансур Неъматов мехост, ки ба ҳамсараш, яъне Шабнами Собирӣ нишон диҳад, ки ӯ ҳам мард аст ва метавонад бо нафарони номдор кор кунад. Мансур Неъматов худро ранги як лата ҳис мекард. Шофёри занаш, яъне Шабнами Собирӣ буд. Шабнамро аз туй ба туй, аз пеши як сумдор ба пеши дигараш мебурд. Маълум аст ки сумдорҳо бо Шабнам дарс тайёр намекарданд ва барои чи Шабнамҷон пешашон мерафт. Мансур Неъматов намедонист, ки чи кор кунад. Шабнам чандин бор дар пеши чандин касҳо ба Мансур гуфтааст, ки «ту ай пушти к..и ма мехрӣ мегардӣ».
Хуб, бармегардем ба Мансур. Чи тавре, ки гуфтем Мансур Неъматов нафари бовариноки Исмоили Пингвин шуд. Исмоили Пингвин намедонад, ки дар ҳар нақша ё корҳои ба ном хайре, ки аз номи Исмоили Пингвин Мансур анҷом медод, Мансур фоидаи худашро хушру мегирифт.
Вақте ки Исмоили Пингвин дар Хатлон, дар минтақаҳои Қурғонтеппа оби ошомиданӣ барои мардум гузаронд, ҳамаи назорати маблағ ва сарфи онро Мансур мекарду ба Пингвин отчёт медод.
Барои харидории хонаҳои истиқоматӣ ба нафарони эҳтиёҷманд аз тарафи Исмоили Пингвин маблағҳои калон ҷудо мешуд ва Мансур дарҳол онҳоро аз худ мекард. Мисол хонаро Мансур меёфт, рафта бо соҳиби хона нарх мекард, масалан бо соҳиби хона 45 ҳазор доллар нарх мекард аммо аз Исмоили Пингвин 60 ҳазор доллар мегирифт. Ҳамаи корҳояш айнан ҳамин хел. Чандин нафаронро Мансур Неъматов кор фармудаасту маошҳояшонро надодааст. Мансур Неъматов намемонад, ки ягон нафар бо ягон кор, масалан пешниҳодҳои тиҷоратӣ ва умуман бо ягон идея пеши Исмоили Пингвин дарояд. Аввал доляи худро мегирад баъд медарорад. Агар ягон нафар пеши Исмоили Пингвин ба пешниҳодҳо дарояд, Исмоил ба Мансур Неъматов мегуяд, ки «ку як гушуш кун, фикрта гу».
Мансур бо он нафар вохурда ҳатто ҳоло гуш накарда мегуяд, ки «ҳақи мара ҳамиқа метиӣ, ма раиса мегум, ки мешава, натии ягон чи намеша, раис, яъне Исмоил фақат гапи мара мегира»
Мансур ба номи Исмоили Пингвину ба коми худ зиёд молу мулку маблағ ҷамъ кардааст. Дар Русия ва Дубай хонаҳо харидааст.
Мансур Неъматов аз дур инсони хоксор метобад, дар асл аз у даюсу номард нест. Мансур Неъматов через Шабнами занаш Исмоили Пингвинро чандин бор дар назди Варқаи ҷодугар ҷодугариҳои конкретӣ кардагӣ аст, ки дар ин бора ва дар бораи дигар корҳои Мансур Неъматов дар шумораҳои оянда хоҳам гуфт.
Вахш
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол ва ҳайати эҷодии «Ислоҳ.ТВ».
Ман аз ноҳияи Вахш,аз колхози Масква, аз ҷойи Қурбони бех ҳастам. Номаи маро илтимос нашр кунед. Қурбони бех ҳамаи ашёву колои боқимонда аз колхозро ва ҳамчунин мактаби кӯҳнаи рақами 10ро бо авлоди худ аз худ карданд.
Ман шоҳидӣ медиҳам, ки акааш Раҷаб раиси колхоз бо мардум дағалона рафтор мекунад. Мардҳоро то зану фарзандонашонро ҳақорат мекунад. Аз гуфтаи раиси маҳаллаи навбунёд Махсуми Ҳусейн шунидам, ки Раҷаб Юсуфов гуфтааст, ки Қурбон боло меравад, ман ҷояшро мегирам, ана баъд ман ба авлодҳои гуруснаи ин хугпрезидент мебинед чиро метиям.
Курбон мегуфтааст, ки безорам кардагиянд аз доля диҳиро.
«Ҳамаи ҷоҳои даркорима гирифтам ба номи авлоду аҷдоди худам кардам, ягон кас дигар онҳоро гирифта наметавонад аз дасти мо ва дар умум моликияти маро, гуфтааст Қурбон». Боз гуфтааст, ки «ҳами хусурбачаҳои Призидента ами қабули қишлоқи Навбунёд намеоварданд зур мешуд. Хай мара фалон ҷома хурда наметавонаву ба ҳар ҳол от греха по далше» гуфтааст ва боз гуфтааст, ки «як бало када қуда шиданм даркорай бо ягон авлоди ҳамин гурусначашмо, ино сер намекунанд як ами масалара сахт дидан даркорай». Раҷаби акааш гуфтаст, ки «раиси ноҳияи шавум ягон авлодии зани президент биёя халқда пул метияму сангсор карда сур мекнанд, ин ҳоҷӣ хайрлошам, дигаршаам ина мебинем, гуфтааст ба раиси маҳалла ва хатиби масҷиди 5 вақтаи деҳаи Навбунёд.
Бародар Муҳаммадиқбол, инҷо тамом. Аммо боз менависам бародари азиз. Нав ёфтем роҳи ислоҳи золимонро. Ҳамеша мо дуогуи шумоем ва шумо ҳам дуогу бошед дар ҳақи мо.
Бори дигар салом устод Муҳаммадиқбол.Гуфтам, ки давом медиҳам. Ин номаро ҳам бо дирӯза якҷо карда чоп намоед.
Қурбони беху авлодаш гаражҳо ва заправкаҳои колхозро аз худ карданд. Дар маҳаллаи чорум ҳафт куча мавҷуд аст. Танҳо дар яке аз ин кучаҳо дар 250квадрат гаражи трактора гирифтаанд ва дар кучаи дуввуми складҳоро. Ҳайталии акаааш дар сеюм кӯча дар 1500квадрат гаражи грузовой мошинҳои саюзӣ меистоданд гирифтааст. Дар чорум куча стадион аст. Ҳозир шунавидам, ки қасд доранд онро ҳам хусусӣ кунанд. Дар сентарлний куча аз 100 70%-и ашро соҳиб шуданд.
Мегузарем ба кӯчаи 5ум. Инҷо фермаи гов буд бо 1300 гов ва 5 гектар беш территория. Боз дар ҳамин куча мактаби №10 ҷойгир буд, ки як гектарро ташкил медиҳад. Инҳоро ҳам гирифтанианд.
Ҳамаи сокинони колхозро қул-ғулом кардагианд. Як гапи ҳақиқатро мегӯӣ дарав соли 92-ро баёд меоранду тӯҳмат карда «и, хоини миллат, хоини давлат» гуфта аз болои шахс ариза менависанд. Ана он тарафаш баъд маълум. Ҳам пулат мебарояд ва ҳам зиндон мешавӣ.
Гуфтам ку дар деҳа(кӯча)-и 5-ум фермаи гов, ки 5 гектарро ташкил медиҳад, онро ҳам аз они худ карданианд.
Барои худашон дар куҷо форад замини боғу кишт мекунанд, аммо мардуми одӣ наметавонад ҳатто саҳмияҳои худро талаб кунад.
Боз гапгап дар байни худи авлодашон, ки Қурбони бех гуфтааст: «агар Ҷаноби Олӣ бмбраҳам мара ҳич кас ҳеҷ чиз карда наметонад, ман Азизмора аз тамоми шикофияш пул метқам, бо ай Германия масажний апаратш овардагимша, қатим зурай, як бало када болотар брам дигар ягон авлоди гушнш мара ҷунбонда наметавона». Боз гуфтааст, «ин гапои худи авлоди худаш ба мо гуфта мешавад».
Аллоҳи меҳрубон аз ту розӣ бошад додарҷони ман , бисер ҳақгуйи
Шаҳраки ноҳияи Вахши 30% гуфтиву ҳоло 70% истодааст. Ҳоло ҳамаашро менависам. Раиси колхоз Раҷаби акаашро бисёр гапи ғалатӣ гуфтааст, нисбати давлати худаш ва давлатдор .
Хлопунктро худат медонӣ, ки беҳад ғорат мекунанд, бинои ҷамоатро дар номи кӣ гузаронда буданд, баняи дар бараш бекоршуда, заправкаи колхоз дар рости баня ҳамаашро Раҷаби акааш управлят мекунад, чунки шахси карда гирифтагианд. Бинои яслии «Офтобак»-ро маҷлисгоҳ ва онро низ шахсӣ карданд , Раҷаби акааш дар як ҷо гуфта аст, ки «ҳамин Офтобакда 1 миллион пул расход кадем не за что барои як хуги рожа, дар к…ш фалоним, биё амиҷада маҷлиста гузрон гуфтааст ба додараш Қурбон».
Волгоград.
Ассалому алайкум,бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Ташаккур ба шумо,ки навиштаҳои маро чоп мекунед.
Аз деҳа занг мезананду мегӯянд, ки қариб ҳаррӯз дар ин гармои шадид светҳоро чор-панҷ соатӣ мекушанд. Мегӯянд, ки вазъият беҳад бад. Ман як навиштаро дар сомонаи нашрияи СССР дар ин бора хонда фикр мекардам, ки шояд фақат дар баъзе ҷойҳо светро мекушта бошанд. Аммо маълум мешавад, ки ин светмурии дар фасли тобистон дар тамоми Тоҷикистон будааст. Инҷо мехоҳам ҳамон навиштаи СССР-ро пешкаш намоям:
«Барқ дар тобистон чаро нест?
07.07.2025. Соат ба вақти Душанбе 16:49 дақиқа. Зулайхо Мизробова, сокини кӯчаи Қурбон Зардакови ш. Кӯлоб, шикоят кард, ки дар гармои 44 дараҷа гармӣ, на об доранд, на барқ ва на рӯзгори осоишта.
-Ман кампири 70-солаам! Чунин даҳшатро нав мебинам. Яхдонам имрӯз сӯхт, зеро барқ ҷастухез мекунад. Барқро ҳамарӯза аз соати 8 мекушанд то соати 18-19. Дар замистон мекуштанд, тоқат мекардем, тапаку ҳезум месухтем. Вале аз гармӣ худро чигуна эҳтиёт кунем? Барқ, ки нест, об ҳам нест. Аҳволи ҳамаамон бад аст. Бовар кунед, оби сатилҳоямон даст занӣ месӯзӣ! Ин чӣ бедодгарист? Охир ин ҷо шаҳр аст, шаҳри 2700 сола… Ба доди мо кӣ мерасад?»
Ин буд он навишати СССР.
Аммо бародар Муҳаммадиқбол бояд конкретно бигӯям, ки ин ҳукумат халқи тоҷикро тамоман чмо кардааст. Дар зимистон мегуфт, ки дар обанбор об кам шудааст. Ҳозир чи баҳона карда свети халқро ба худи халқ намедода бошад?
Сӯҳбати вазири энергетикаро,ки ҳама дидед:
Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон маҳдудияти барқро дар фасли тобистон тасдиқ намуда, сабаби онро таъсири гармиҳои ахир ба таҷҳизотҳои энергетикӣ гуфт. Айнан щамин суханро дар замистон ҳам гуфта буданд масулони Барқи Тоҷик.
Вазир 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, «дар ҳақиқат, махсусан дар моҳи июл ва қисман дар моҳи июн дар баъзе мавридҳо маҳудудияти барқ ҷой дошт. Новобаста аз он, ки иқтидорҳои истеҳсолии энергияи барқ басанда буданд, азбаски ҳаво бисёр гарм буд, таъсири технологӣ ба кори таҷҳизотҳо, махсусан дар шабакаҳои барқӣ расонида буд.»
Далер Ҷумъа гуфтааст,ки маҳдудияти интиқоли барқ асосан дар вилояти Суғд ҷой дошт ва бо ба кор даромадани дастгоҳҳои нав, таъмини мардум бо барқ беҳтар хоҳад шуд. Диққат диҳед ҳоло не дар оянда беҳтар мешудааст.
Шумо ва тамоми муборизин саддарсад рост мегӯед, ки то аз ин ҳукумат халос нашавем мо мардуми тоҷик рӯзи дуруст намебинем. Мо бояд дар гирди шумо муттаҳид шавем ва ин ҳукумати золими Раҳмоновро чапа кунем,он гоҳ мо аз мушкили бесветӣ, муҳоҷират, гаронӣ, монополия ва дигар мушкилотамон халос мешавем. Роҳи дигар вуҷуд надорад.
Ваҳдат
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин. Умедворам хубу хуш бошед. Нома аз деҳаи Ҳоҷиқатағани ҷамоати Баҳори шаҳри Ваҳдат ирсол карда мешавад.
Фурқат лақабаш Путин наркобизнес аст. Наркотика заниматса мекунад. Бо милисаҳо ҳамкор аст. Ҳеҷ кораш намекунанд милисаҳо. Фурқат худаш чандин маротиба одамони худашро подстава кардагӣ аст.
Худаш дар Русия, дар шаҳри Иркутск аст, Тоҷикистон дер- дер меояд. Се бача дорад, ки ҳарсеяш бузанд. Калониаш Фирдавс ном дорад, милиса кор мекард. Як ҷурааш ҳам милиса буд. Падари ҷӯраашро қапиданд. Наркобизнеси Фирдавс ҷӯрашро ваъда мекунад, ки «кори падарта ҳал мекнум шиносом катӣ».Бо ин баҳона зиёда аз як 1000000 млн сомониашро гирифту кидаташ кард. Байни Фирдавс ва ҷӯрааш муноқиша шуд. Ҳардуяшро отдел бурданд. Фирдавс бо шиносҳояш ҷӯраашро ҷуқид ва ягон суми ӯро гардонда надод. Ҳозир бошад ҳоҷӣ шуд, дигар милисагӣ кор намекунад. Лекин бузи орангу тан аст. Наркотик бизнес мекунад. Ҳамроҳи падараш дар деҳа калони карда истодааст. Аз мардум суми калон ҷамъ карда роҳҳои деҳаро асфалт карданд, аммо сифати корашон 0 аст.Мардумро фиреб карданд.
Раисони маҳала вақте свет лимит мешавад дар ин деҳа намекушанд. Аз мардум сари хона ҳар моҳ 20 сомонӣ мегиранд, суми калон ҷамъ мешавад, ғайри суми свет,боз фиреб карда 50 сомонигӣ суми трансформатор мегиранд.
Як нафари дигар бо номи ҳоҷӣ Умар беҳад сумдор вале сахт мутакаббир буд.
Дар ҷанги ҳоҷӣ Ҳалим зиндонаш карда буданд, ҳозир баромад. Дар масҷиди поёни деҳа калонигариву худнамоӣ мекунад. Мардум розӣ нест аз вай. Мусафедҳо ё ягон касе агар месулфад ё атса мезанад «нагли мега, ки масчит наёед мишат мекне иҷа ҷои сулфидантонай».
Сафи бузҳо зиёде шудааст, ки ҳисбашон гум. Яке аз онҳо Толиби шикам буд. Дар девори хонааш Толиби буз навиштанд шербачаҳо. Бо зану келинаш аз шустана мурд. Номус надорад. Ҳозир худаш бо шуғли бузи ба пенсия баромадагӣ аст, боз бачааш Фазлиддин ҷояшро гирифтааст. Фазлиддин ҳамроҳи ҷӯраи бузаш Аюби бачаи Бобоек таксӣ мезананд. Ҳаромҳо ба зану духтарони мардум гап мепартоянд, барои зинову фаҳшо кардан. Илтимос, ҳамин номаро зудтар дар барномаатон ҷо кунед.