Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №279

Ислоҳ нет

Миллати тоҷик имрӯз бесоҳибтарин миллат дар минтақа шудааст. Дар ватан зери пои ҳукумати худкома зери фишору зулм мемонад, дар муҳоҷират бошад, аз дасти ҳам милисаи рус ва ҳам сафорати худ ғорат мешавад.

Номаҳое, ки ба дасти мо мерасанд, гувоҳи зиндаанд, ки миллати мо ҳамарӯза бо ду душман рӯбарӯ аст: душмани берунӣ, ки он муҳоҷират ва таҳқири бегонагон, ва душмани дарунӣ, ки он ҳукумати ғоратгару золим, ки хун ва нони халқи худро мехӯрад.

Ин шумораи 279-ум оинаи зиндагии талхи тоҷикон аст: муҳоҷир дар Маскав маҷбур аст барои як варақи оддӣ садҳо рубл диҳад, дар боздоштгоҳ дар Краснодар тоҷики «бесоҳиб» аз дасти худи ҳаммиллаташ фиреб мехӯрад, ва дар Рӯдакӣ як модарро бо фарзандонаш қотилон ба таври ваҳшиёна мекушанд. Ҳукумат бошад, ба ҷои посух гуфтан, ангушти айбро ба тарафи мухолифон мебарад.

Ин номаҳо садои ҳақиқати талханд: миллати мо то вақте нахезад, ин золимон ҳар рӯз хуни бегуноҳонро мерезанд ва ояндаи фарзандонамонро месӯзонанд. Пас, бархезед, эй ҳамватанон! Ҳаққи озодӣ ва зиндагии шоистаро касе ба мо тӯҳфа намекунад-онро бояд бо дасти худ гирифт!

Москва

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракоту, устоди азиз Муҳаммадиқболи Садриддин!

Умедворам шумо саломат ва хушҳол ҳастед.

Ман як муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия ба шумо менависам. Ба наздикӣ кори ман ба консулгарии Тоҷикистон дар Маскав рост омад ва бо чашми худ дидам, ки он ҷо чӣ қадар ҳаромхурӣ ва ноадолатӣ ҷараён дорад.

Ҳанӯз аз дар, маҷбур мекунанд, ки телефонро ба қафаси оҳанин монӣ. Дар долон ду нафар истода, мепурсанд, ки барои чӣ омадӣ. Агар бигӯӣ «барои возвращение на родину» (баргаштан ба ватан), туро ба таҳхона мефиристанд. Дар он ҷо барои ариза навиштан фавран 400 рубл талаб мекунанд. Боз барои гирифтани сурат (4 ба 3) 400 рубли дигар.

Сипас туро ба окошко мебаранд, ариза месупорӣ. Баъд ба хазина мефиристанд, ки боз 1700 рубл супорӣ. Пас аз он мегӯянд: «рав, 3 ё 4 соат интизор шав».

Дар бораи шиноснома бошад, нархи давлатӣ 120 доллар аст, ки ба русӣ 10 400 рубл мешавад. Аммо ин ҳаромхурони консулгарӣ мегӯянд: «220 доллар супор» , яъне 19 100 рубл. Ба ҳар як шиноснома 100 доллари иловагӣ болошуда мегузоранд. Муҳоҷири бечора агар бигӯяд: «ман ҳамагӣ 10 400 рубл дорам, ҳамин маблағи давлатиро қабул кунед», ба ӯ мегӯянд: «рав, талон гир ва ду ҳафта интизор шав». Ин маънои онро дорад, ки муҳоҷир ноилоҷ мешавад ва маҷбур аст ҳамон 19 100 рубл супорад, то вақти худро талаф накунад.

Ман шиносони узбек ва қирғиз дорам, онҳо ҳеҷ гоҳ бо чунин бадрафторӣ рӯ ба рӯ намешаванд. Дар сафоратҳои худи онҳо «возвращение на родину» ҳатто бепул дода мешавад. Аммо муҳоҷирони тоҷикро фиреб мекунанд ва ба азоб меандозанд.

Номаи дуввум:

Муҳоҷирон вақте барои гирифтани шиносномаи нав ё иваз кардани он муроҷиат мекунанд, боз бо садҳо монеа рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, агар муҳоҷир шиносномаи нав гирад ва ҳуҷҷатҳояшро ба Сахарово супорад, он ҷо мегӯянд, ки «ту шиносномаи нав дорӣ, бояд подтверждение бигирӣ». Аммо вақте муҳоҷир ба сафорат меравад, ба ҷойи ёрӣ, ӯро маҷбур мекунанд, ки барои як варақи тасдиқ 1800 рубл пардохт кунад.

Сафорат метавонад ҳамон лаҳза ҳам шиноснома диҳад ва ҳам подтверждение диҳад, аммо қасдан муҳоҷирро ду бор мефиристад, то ҳар дафъа аз ӯ пул бигиранд. Ин роҳест, ки онҳо барои кандани пули муҳоҷирон сохтаанд.

Ман худам шоҳид будам: вақте барои ариза ва сурат гирифтан ба подвал фаромадам, дидам ду нафар кор мекунанд ва танҳо пулҳои нақд қабул менамоянд. Вақте ариза супоридам, дар рӯи мизи як корманд нишонаҳои «+» бо қаламча гузошта шуда буд. Ҳисоб кардам: ҳамагӣ 39 дона «+» буд, ки дар муддати 3–4 соати кор пеш аз вақти хӯроки нисфирӯзӣ ҷамъ шуда буд.

Акнун худатон ҳисоб кунед, мардум: агар сафорат дар як рӯз танҳо 100 нафарро қабул кунад, ҳар кадом барои ариза 400 рубл медиҳад, яъне 40 ҳазор рубл мешавад. Агар ҳамзамон барои сурат низ 100 нафар супоранд, боз 40 ҳазор рубли дигар ҷамъ мешавад. Ба ин илова, барои ҳар як шиноснома тақрибан 100 доллари иловагӣ мегиранд. Агар 20 нафар барои шиноснома биёяд, ин мешавад ҳадди ақал 2000 доллар, яъне наздики 190 ҳазор рубл.

Дар маҷмӯъ, сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз муҳоҷирони бечора танҳо дар як рӯз аз 400 то 500 ҳазор рубл ҷамъ мекунад! Ин маблағе аст, ки як муҳоҷири тоҷик бояд як сол аз пайи заҳмат кор кунад, аммо сафорат онро дар як рӯз аз дасти муҳоҷирон мечинад.

Устод, дили ман барои аҳволи муҳоҷир месӯзад. Агар полисҳои рус муҳоҷирро азият диҳанд, боз мумкин аст гуфт: «бегона ҳастанд». Аммо вақте худи сафорати Тоҷикистон, ки бояд муҳофизи ҳуқуқи мо бошад, мардумро ғорат мекунад, ин дигар аз ҳадди инсонӣ гузаштааст.

Эй муҳоҷирони азиз! Ин ҳақиқатро бидонед ва чашм пӯшиданро бас кунед. Вақт аст, ки мо ба по хезем ва бигӯем:

«Тоҷикистон ба пеш!»

                              Тоҷикобод

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракоту!

Ман хеле хушҳолам, ки номаи қаблиамро нашр кардед. Ин бор низ мехоҳам аз дохили ватан чанд воқеаро ба Шумо расонам.

Соли 2021 як барномаи хориҷӣ барои таъмин кардани об ба деҳаҳои Полезак ва Ширинчашма омад. Тибқи ин лоиҳа, қасд доштанд, ки аз дараи шикоргоҳ бо қубури 150 мм обро то деҳаҳо биёранд. Барои ин кор аз ҳар хоҷагӣ 500 сомонӣ ҷамъ карданд. Халқ розӣ шуд ва қариб 100 ҳазор сомонӣ ҷамъ гардид. Ба гуфтаи мардум, барномаи хориҷӣ низ маблағ медод.

Аммо раисии деҳа, Осим, маблағро барои «кандани ҷӯй» низ аз мардум гирифт ва барои як метр 10 сомонӣ ҳисоб кард. Ҳамроҳи ӯ роҳбари лоиҳа бо номи Сироч аз Варзоб ва куратори ҷамоат Каром (аз мақомоти амният) ин маблағҳоро ба даст гирифта, байни худ тақсим карданд. На об ба деҳа омад ва на ҳисобу китоб. Мардум маҷбур шуданд дар ҷои хатарнок бо азоб шланг кашанд, вале ҳатто як қатра об ба деҳа наомад.

Дар ҳамин ҳол, худи Осим баъди ин амалҳо аз кишвар ба Русия фирор кард. Маблағи мардум нопадид шуд, аммо ҳеҷ мақомоти расмӣ назорат накард.

Масъалаи дигар- ҳолати муассисаи тиббии ноҳияи мо. Дар зоишхонаи ноҳия духтуре бо номи Зуҳро кор мекунад, ки ҳамсари дуюми собиқ муовини раиси ноҳия Ҷаҳонгир мебошад. Ӯ борҳо дар вақти таваллуд бо беэҳтиётӣ ва ноухдабароӣ сабаби марги модарон ва маъюб шудани занҳо шудааст. Аммо ҳеҷ вақт касе посухгӯ набуд. Ҳар бор, ки мардум шикоят мекарданд, Ҷаҳонгир онро мепӯшонд.

Имрӯз мардум мехоҳанд, ки ҳадди ақал дар зоишхона духтурони босавод гузошта шаванд, то занон қурбони беаҳамиятӣ ва мастиву беадолатӣ нагарданд.

Инҳо танҳо чанд намуна аз садҳо мушкилоти мардум аст. Бовар кунед, ҳар рӯз дарди дигар ва ҳикояти талхе пайдо мешавад.

Мардум мегӯянд: рӯзе ки инқилоб шавад, ман низ дар сафҳои пеши он хоҳам буд, ин шо Аллоҳ.

Бо эҳтиром, як ҳамватан аз Тоҷикобод

                  Боздоштгоҳи Краснодар

Салом алайкум бародар Муҳаммадиқбол.

Ба шумо мо, чанд нафар муҳоҷир аз боздоштгоҳи муваққатӣ барои муҳоҷирон дар шаҳри Краснодар менависем. Дар ин ҷо зиёда аз 200 нафар муҳоҷирон аз кишварҳои гуногуни дунё нигоҳ дошта мешаванд.

Бо боварӣ мегӯем: дар байни ҳамаи миллатҳо ягона миллате, ки «бесоҳиб» аст, тоҷик мебошад. Консулгарӣ ё сафорати дигар миллатҳо гоҳ-гоҳ аз аҳволи шаҳрвандони худ хабар мегиранд, аммо аз тоҷик ҳеҷ кас ёд намекунад.

Бар болои ин бесоҳибӣ, боз чанд нафар тоҷикони беимон ҳам ҳастанд, ки барои нишон додани «хушхизматӣ»-и худ ба милисаҳо, аз ҳаммиллатҳои худ пул ҷамъ карда, ба онҳо медиҳанд.

Мисол меорем: озариҳо, арманҳо, арабҳо ва ҳатто сиёҳпӯстон телефонро озод истифода мебаранд. Танҳо тоҷикро маҷбур мекунанд, ки барои як занги телефонӣ 3000 рубл пардохт кунад, он ҳам на бевосита, балки тавассути як тоҷик-худозадае, ки пулро гирифта ба милисаҳо медиҳад. Ҳар тоҷикеро, ки нав меоранд, ҳамин «худозада» маҷбур мекунад 6000 рубл диҳад, то ба милиса супорад.

Ҳолати дигар: вақте сухан дар бораи билет меравад, ҳамин тоҷик аз дигарон пул ҷамъ мекунад, ки гӯё «мо худамон билет мехарем». Аммо бисёр вақт билет намехарад. Бечораро ба фурудгоҳ мебаранд, вале дар номаш билет нест. Мардум маҷбур мешаванд, ки дубора аз Тоҷикистон падару модарашон билет харанд.

Агар 3000 рубл надиҳӣ, телефонатро намедиҳанд. Агар 6000 рубл надиҳӣ, кай рафтанатро намегӯянд. Агар билет нахарӣ, як солу ним ҳам ҳаминҷо дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд.

Номи ҳамин бадгуҳар- Нусрат аз Панҷакент аст. Ӯ бо ҳаромхӯрӣ ва хабаркашӣ аллакай 7 моҳ мешавад, ки дар ин ҷо «нуқра» шудааст. Агар касе бо ӯ ҷанҷол кунад, фавран назди милисаҳо хабар мебарад. Одамеро, ки бо ӯ даргир шавад, сахт ҷазо медиҳанд.

Эй Нусрат,ки зодаи Панҷакентӣ, агар падару модар ё хешу табор дошта бошӣ, бидон, ки мардуми Истаравшан қасам хӯрдаанд, ки дар Тоҷикистон ҳатман туро меёбанд. Он вақт милисаҳои Русия, ки имрӯз аз ту истифода мебаранд, дигар ҳеҷ кумакат карда наметавонанд.

Мо танҳо ҳаминро мехоҳем, ки мардум донанд: як чунин инсон, ки бо номи тоҷик дигар тоҷиконро ғорат мекунад, аз Панҷакент аст. Агар касе ӯро мешиносад, ба падару модараш расонад, ки чӣ гуна фарзанд тарбия кардаанд.

                                   Рӯдакӣ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракоту, умедворам, ки ин шо Аллоҳ, домуллои азиз, шумо сиҳату саломат ҳастед. Худованд умри дарози пурбаракатро насибат гардонад ва ҳарчи зудтар шуморо бо сари баланд ба Ватани азизамон баргардонад ва аз дасти ин қотилону золимон, дуздону роҳзанҳои ватан, занкушону кӯдаккушони ин ҳукумати худкомаро аз сари қудрат бигирад ва ин золимонро тани бараҳна карда, аз Ваҳдат то Садбарг пойлучу сарлуч кашида шармандавор баранд, то тамоми дунё бинад, ки ҳолати роҳбарони кишварҳое, ки ҳамеша мардуми худро ба ҳалокат меандозанд, чӣ гуна аст. Ҳамин тавр халқ ғазаби худро сабук мекунад.

Домуллои меҳрубон, гуфтаниям ин аст, ки рӯзи 5.09.25 дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Зайнабобод, деҳаи Дарёобод як зан бо 3 фарзандаш кушта шуданд.

Ҳамон шаб зан то нисфи шаб бо ҳамсояаш сӯҳбат дошт. Ногаҳон барқ хомӯш шуд. Зан гуфт: «свети мо мурд». Ҳамсояаш гуфт: «аз мо ҳам». Дар ҳамин вақт дари хонаашро заданд. Зан гуфт: «кадом кас ба хонаам омад». Баъд телефон хомӯш шуд ва тамом.

Ҳамон рӯз зан дар дегдон нон пухта буд ва дегдон ҳанӯз хокистари гарм дошт. Қотилон -ин хоинон, ин золимон, ин бепадарон, ин дарандагон, ин ваҳшиён-ба хона даромада, ин занро бо 3 кӯдакашро ба шакли ваҳшиёна куштанд. Радиои Озодӣ ҳам инро гуфт ва ҳама шунид.

Духтари калониаш, ки синфи 10-ум буд, гӯё барои он кушта шуд, ки мардумро бар зидди шумо барангезад, то мардум шуморо дигар чашми дидан надошта бошанд. Гуё ин духтар бо яке аз ҷавонони «Гурӯҳи 24» гап мезад. Вай намехост гап занад, вале таҳдид карданд, ки агар гап назанӣ, ҳамаатонро мекушем. Духтар тарсид ва гап зад. Онҳо гуфтанд: «бо ӯ гап назанӣ» ва кушта бурда, ба он дегдони гарм андохтанду мисли шашлик гардонданд.

Ҳоло бошад, як дугонаи наздики ҳамин духтарро бурда, аз вай баёнот гирифтанд, ки гӯё духтари кушташуда ба ӯ гуфтааст: «агар дар оилаи мо чизе шавад, бидон, ки моро хоинони ватан куштанд». Агар ин духтар чунин гуфта бошад, пас ҳақ гуфтааст. Аммо чаро ба падараш нагуфт? Инҳо чӣ гуна хонаи ин духтарро ёфтанд? Агар ба дугонаш чунин гуфта бошад, рост гуфтааст. Он хоинони ватани ҳақиқиро гуфтааст, ки онҳо мақомоти одамкӯши режими Раҳмонованд.

Аммо шумо афсонаҳо мекунед, ки гӯё хоинон аз Олмону Фаронса ва дигар ҷоҳо ташкил карданду ин оиларо куштанд. Магар ин оила ягон оилаи бой ё намоён буд? Савол ба шумо, хоинони мардумкуш: чаро ба онҳое, ки тамоми «история»-и бемории шуморо медонанд, дасти онҳо мерасад, аммо шуморо не? Аз нозири минтақа сар карда то вазиронатон, ки ҳама дузду хоинону хунхору одамдузду қаллоб ҳастед, чаро шуморо коре намекунанд? Ақаллан якеро чикоре мекарданд, ки ба ин мардум зулм мекунад, мисли раиси ҷамоат ё раиси маҳалла.

Эй мардум! Вой ба ҳоли шумо, ки ин ҳукумат ҳамеша шуморо ба ҳалокат меандозад ва ҳукуматдории худро пеш мебарад. Ворух тамом шуд, Афғонистонро сар карданд, Помир тамом шуд, гармиро сар карданд, Ленинобод тамом шуд, Кӯлобро сар карданд. Эй мардум, чашмонатонро кушоед!

Он ҷанги шаҳрвандие, ки гузаштааст, ҳамеша ба ёди мо меоранд, то моро тарсонанд. Он ҳама самолётҳои узбекӣ ва тиру танкҳои Русия ҳамагӣ беш аз 300 ҳазор нафарро куштанд, аммо баъди ҷанги шаҳрвандӣ ҳар сол худи ҳаминҳо моро мекушанд. Боз фармон медиҳанд, ки дар Русия ҳам мекушанд, то ҷавонони мо кам шаванд.

Агар дар панҷ сол шумораи кушташудагонро ҳисоб кунем, аз Русия то Тоҷикистон, боз ҳам аз ҷанги шаҳрвандӣ зиёд шудааст. Ман дар ҳамин Тоҷикистон ҳастам. Агар мо нахезему ин хунхоронро аз сари ватан дур накунем, рӯз то рӯз аҳволамон бадтар мешавад. Агар мо хезему онҳо моро ҳам кушанд, пас мо мақоми баланд хоҳем гирифт. Аммо ояндаи фарзандону миллати мо осуда ва тинҷ мешавад, ин шо аллоҳ.

Аз шумо хоҳиш мекунам, домулло Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳамин золимону қотилон, бузҳои кӯчагӣ, роҳбарони мактабу донишгоҳ ва мансабдорони ҳукуматиро дар китобат сабт кунед. То вақте зинда мондем, баъди афтодани ҳукумат фарзандони онҳо бидонанд, ки падару модарашон чӣ гуна буданд, ҳамеша онҳоро дашному таъна кунанд. Ҳамаи ин номбаршударо бояд рӯзе дар майдони Шаҳритуз мисли ҳайвонот дар зоопарк гузошта, ҳар шанбе ва якшанбе мардум аз тамоми минтақаҳо ройгон оянду онҳоро тамошо кунанд. Ҳар кӣ ин золимонро шиносад, бигзор бо ҳар роҳе, ҳатто қатл ҳам бошад, қасос гирад.

Домулло Муҳаммадиқбол, ҳаминро ҳам менависам, то номаам такмил шавад. Эй мақомот, шумо ваҳшиён ҷиноят мекунед, вале бе шарм «Гурӯҳи 24» ва Муҳаммадиқболро гунаҳгор мекунед. Шумо худатон мекушеду дигаронро айбдор мекунед. Шумо падарони худро ҳам дар ҷанги шаҳрвандӣ куштед. КГБ равонатонро вайрон кардааст, ки гӯё падарони шуморо хоинони хориҷӣ куштаанд.

Аксариятатон босавод ҳастед. Бубинед: Сангакро, Файзалиро, Ак.Осимиро, Қадриддин Аслоновро, Назарзодаро, КГБ кушт. Фаррухи Дарёободиро ҳам, ки имрӯз дар ҳамсоягии он куштор аст, худатон куштед. Магар касе дигар инҳоро кушт?

Чашмонатонро боз кунед. Имрӯз шуморо афтондаанд: на зан доред, на фарзанд, на мардонагӣ. Ба бозор мебаранд ва ҳатто чи балоҳоеро бар саратон меоранд , чунки падарони шумо бар зидди «пешво» хестанд. Шояд имрӯз баъзе модарону хоҳарони шумо зинда бошанд, ки онҳоро ҳам маҷбур карданд, ки хонаводаи бегуноҳро ба қатл расонанд.

Фардо дар назди Худо чӣ ҷавоб медиҳед? Шумо мардумро мекушед, то номаҳо аз ноҳияҳо кам шавад ва раисони наздик ба «ҷаноб» боз дар қудрат бимонанд.

Ин кушташудагон ҳатто агар 100 сол ҳам умр мекарданд, як рӯз мемурданд. Онҳо бо сари баланд ба биҳишт мераванду мақоми баланд мегиранд. Аммо шумо, ки хешу табори худро мекушед, чӣ ҳоли рӯзе хоҳед дошт?

Шумо «ротаи зудамали касобҳои одамкуш» дар зери назорати ҳамин оила ҳастед. Рӯзе мерасад, ки сирро худаш Худо ошкор мекунад.

Фаррухи Дарёободиро чӣ тавр куштед? Ӯ ҳамсояи Вазири МВД буд. Соли 2012 дар Помир, барои вазифааш, ки аслан аз Каротегин буд, ба ӯ бовар накардед. Гулмурод кушту ба дарёи Панҷ партофтеду ҷояшро гирифт. Давроне дошт, вале дер напоид. Баъд ӯро худатон хиёнаткор баровардед.

Вале ҳама медонанд: равонаш карданд, ки ҷавонон бо роҳи «квота» барои ҷанг ба Сурия раванд. Пули калонро «ҷанобатон» гирифт. Барои сирро набароранд, Гулмурод рафт ва онҳоро безарар гардонд.

Худатон хулоса бароред. Агар вазифа барои шумо мисли «саги авҷарка» истифода шудан бошад, пас медонед, ки чӣ арзиш доред.

Ман дар ин ҷо аз шумо болотар мақом доштам, дидам ва фаҳмидам, ки инҳо чӣ мехоҳанд: мардуми бегуноҳро барои манфиатҳои худ истифода мебаранд. Ба дигар мақомот гузаштам ва аз он ҷо ба нафақа баромадам. Акнун танҳо назорат мекунам. Дилам ба шумо қотилон месӯзад.

Медонам, ки моро меоранд ва дар телевизион нишон медиҳанд, ки «тамошо кунед, мо чӣ кори хубе кардем ва хоинони миллат девона шуданд».

Боқӣ дар амони Худо. Илтимос, инҳоро ҷобаҷо кунед ва чоп намоед, то ба гӯши кари инҳо расад ва шояд андаке ислоҳ шаванд.

Боз салом алайкум, ҳазратҷон.

Баъди тамошо кардани барномаи «Минбари муҳоҷир»№365 мақомоти Раҳмонов 100 градус тоб хурданд, гуфтанд, ки мо бояд ҳақиқатро бигӯем ва рӯшан кунем. Як ҳамсояашон, ки аз хешу таборонаш аз Абдураҳмони Ҷомӣ омада буд, бо он зан робита дошт. Байнашон ҷанҷол шуд бо духтараш, ки дар синфи 10 мехонд. Инҳо шабона омада куштанд. Ҳоло ҳамон ду нафарро дастгир карданд, вале боз аниқ нест, ки бо тӯҳмат онҳоро ба додгоҳ мекашанд ё не. Ин касе, ки аз Абдураҳмони Ҷомӣ омада буд, худаш туремчик буд. Лекин ҳазратчон, ман фикр мекунам, ки ҳамин номи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фақат як «парол» истифода шуд, то мардумро гумроҳ кунанд.

Ин бечораи камбағал, ҳаққатан туремчик буд. Бечораи камбағал барои дидорбинӣ назди апааш омада буд. Апааш ҳамсояи ҳамин кушташудаҳо будааст. Вақте ки сир баромад ва шумо онро дар барнома ошкор кардед,ки инҳо мехоҳанд ин туҳматро ба мухолифон кунанд инҳо «план Б»-ро истифода бурданд ва он туремчикро қапиданд. Гуфтанд: ту куштори инҳоро кардаӣ ва болои ӯ бор карданд.

Апааш бо ин сагҳо мунокиша мекард. Онҳо бошанд ҳатто барои ин муноқиша, бачаи синфи 10-ро дар ин ҷиноят айбдор карданд. Ҳамин тавр онҳоро бурда, барои ҳарду «дело»-и ҷиноятӣ кушоданд.

Ҳоло бошад, аниқ нест: мумкин то пагоҳ боз бо тактикаи дигар пеш гиранд. Ҳамеша вақте дар дохил дар мақомот мо ҳастем ҳатман нақшаҳояшонро ба шумо мерасонем. Мо корамонро идома медиҳем ва ҳар нақшае доранд ба Ислоҳ мефиристем.

Share This Article